Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Фазоили Талҳа‎ (Р)

Дар китобҳои ҳадис ва сират фазоили ҳазрати ‎Талҳа‎ (р) муфассалан зикр шудааст. Мо дар ин ҷо ба чанд намунаи мустанад иктифо мекунем:

Дар “Сунан”-и Тирмизӣомадааст:

حدثنا ابو سعید الاشج، حدثنا یونس بن بکیر، عن محمد بن أسحاق عن یحیی بن عباد بن عبدالله بن الزبیر عن ابیه عن جده عبدالله بن الزبیر، عن الزبیر قال: ((کان علی رسول الله صلى الله عليه وسلم یوم احد درعان، فنهض الی الصخره فلم یستطع فأقعد تحته طلحه فصعد النبی صلى الله عليه وسلم حتی استوی علی الصخره، قال:فسمعت النبی یقول ((أوجب طلحه))

Рӯзи Уҳуд Паёмбар (с) ду зиреҳи ‎ҷангӣ ба тан дошт. Хост аз صخره ای боло шавад , аммо натавонист. ( Талҳа‎ Вақте ‎ мутваҷҷеҳ ‎шуд) рӯи замин нишаст( то Паёмбар (с) бар пушти ӯ по бигзорад) пас паёмбар (с) болои он صخره рафт. Шунидам, ки Паёмбар (с) фармуд:

Талҳа‎ (биҳишт ‎ро бар худ) воҷиб кард. [1]

. قال ابو عیسی حدثنا قتیبه، حدثنا صالح بن موسی عن الصلت بن دینار، عن ابی نضره قال:قال جابر بن عبدالله((سمعت رسول الله صلى الله عليه وسلم یقول: منْ سرّه أن ینظر الی شهید یمشی علی وجه الارض، فلینظر الی طلحه بن عبیدالله)).

Ҳазрати ‎Ҷобир бини Абдуллоҳ ‎(р) мегӯяд: Шунидам аз Расулуллоҳ ‎(с) , ки фармуд: Ҳар‎ кас мехоҳад ‎аз мушоҳидаи ‎шаҳиде, ки бар рӯи замин роҳ меравад, хушҳол ‎ шавад, пас ба Талҳа‎ писари Убайдуллоҳ нигоҳ ‎ ‎ кунад.[2]

.قال ابو عیسی حدثنا عبد القوس بن محمد العطار البصری حدثنا عمرو بن عاصم، عن اسحاق بن یحیی بن طلحه، عن عمه موسی بن طلحه قال: ((دخلت علی معاویه رضي الله عنه فقال: ألا ابشرک؟ سمعت رسول الله صلى الله عليه وسلم یقول((طلحه ممن قضی نحبه)).

Мӯсо фарзанди Талҳа‎ гуфт : Рӯзе назди Муъовия (р) рафтам , гуфт: Оё ба ту муждае надиҳам ‎ ‎? Шунидаам аз Расули акрам (с) ки фармуд: Талҳа‎ аз ҷумлаи ононест, ки паймон ба сар бурдаанд.[3]

قال ابو عیسی حدثنا ابوبکر کریب حدثنا یونس بن بکیر ، عن طلحه بن یحیی عن موسی و عیسی ابنی طلحه، عن ابیها طلحه: ((أن أصحاب رسول الله صلى الله عليه وسلم قالوا لاعرابی جاهل سله عن من قضی نحبه ، من هو؟ و کانوا لا تجترئون علی مسألته، یوقرونه و یهابونه، فسأله الاعرابی فأعرض عنه، ثم مسأله فأعرض عنه، ثم انی اطلعت من باب المسجد و علی ثیاب خضر فلما رآنی النبی صلى الله عليه وسلم قال: ((این السائل عمن قضی نحبه؟ قال الاعرابی: أنا یا رسول الله صلى الله عليه وسلم ! فقال رسول الله صلى الله عليه وسلم : هذا ممن قضی نحبه))

Рӯзе ёрони Расулуллоҳ ‎(с) ба бодиянишини бесаводе гуфтанд, ки аз Расули акрам (с) дар бораи “قضی نحبه” суол кун чи касоне ҳаст‎анд? Асҳоб ‎ худ аз пурсидан шарм доштанд, зеро ҳам‎вора адаби ҳузури Паёмбарро риъоят мекарданд. Бодиянишин аз Паёмбар (с) суол кард, Паёмбар (с) аз ҷавоб додан худдорӣ намуд. Ин корро то се бор такрор кард. Дар ин лаҳза ман аз дари масҷид ворид шудам, дар ҳоле‎, ки либоси сабзранг ба тан доштам. Паёмбар (с) ба маҳзи ‎ин ки маро дид, фармуд: Суолкунанда куҷост? Марди бодиянишин ҷавоб дод: Ё Расулаллоҳ‎ ‎(с) ! Ман ҳаст‎ам. Расули акрам (с) фармуд: Ин мард аз “قضی نحبه”[4] “паймон ба сар бурдагон” мебошад.[5]


[1] Тирмизӣ 412/5 боби маноқиби Талҳа, ҳадиси 3759. Равоҳу Њоким фи мустадрак, 374/3. Равоҳул- имом Аҳмад фил-Муснад, 165/1. Ибни Саъд фи Табақотиҳил- кубро, 218/3.

[2] Ибни Моҷа фи Сунаниҳи, бобу фазоили саҳоба, ҳадис 125. Тирмизӣ 412/5, ҳадиси 3760.

[3] Тирмизӣ 413/5 , бобу маноқиби Талҳа ва Китобут-тафсир, саҳ.136.

[4] Манби собиқ, Китобул маноқиб, саҳ.413 ва Китобут-тафсир саҳю136.

[5] Ишора баояи 23-юми сураи Аҳзоб, ки мефармояд: Дар миёни мўъминон мардоне ҳастанд, ки бо Худо рост будаанд дар паймон, и бо Ў бастаанд. Бархе паймони худ ба сар бурдаанд ( ва шарбати шаҳодати сар кашидаанд) ва бархе низ дар интизоранд ( то ки тавфиқ рафиқ мегардад ва ҷонро ба ҷонофарин таслим хоҳанд кард.) онҳо ҳеҷ гуна тағйир ва табдиле дар аҳдупаймони худ надодаанд. (ва камтарин инҳироф ва тазалзуле дар кори худ накрдаанд.)

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *