Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

АМР КАРДАНИ РАСУЛИ ХУДО (С) ОИШАРО БА РИФҚУ НАРМӢ

Оиша мегӯяд:

  • Гурӯҳе аз Яҳудон аз расули Худо иҷозати даромадан гирифта, дар вақти даромадан ба ҷои салом гуфтанд:
  • Ассому алайкум, яъне марг ба шумо.

Оиша (р) ба онҳо гуфт:

  • Балки марг ва лаънат бар худи шумо.

Расулуллоҳ (с) гуфтанд:

  • Эй Оиша! Аллоҳ дар тамоми корҳо нармию хушрафториро дӯст медорад.

Оиша(р) гуфт:

Оё нашунидӣ, ки онҳо чӣ гуфтанд? Расули акрам (с) гуфтанд:

  • Охир ман дар ҷавобашон ва алайкум гуфтам, яъне ва бар шумо низ.

(Ин ҳадис бо ривояти Бухориву Муслим аст).

Аз ин ҳадис фаҳмида мешавад, ки Оиша (р) зани донову зирак буда, хабосати яҳудиён ва макру фиребу найрангҳои ононро зуд мефаҳмидааст. Худо аз Оиша (р) розӣ бод. Вай ниҳоят донову ҳаким буд.

САВДА ДУХТАРИ ЗАМЪА-ЯКЕ АЗ ҲАМСАРОНИ ОН ҲАЗРАТ НАВБАТАШРО БА ОИША (Р) БАХШИД, ТО РАСУЛУЛЛОҲ (С)-РО ХУШҲОЛ СОЗАД

Аз Оиша (р) ривоят аст, ки гуфт:

— Чун Савда духтари Замъа бузургсол гашт ва хавф бурд, ки мабодо расулуллоҳ (с) аз вай ҷудо шавад гуфт:

14 Маълум мешавад, ки пас аз суннати бомдодро хондан гап задан раво буда, ин ақида, ки сухан гуфтан баъди суннати бомдод савобашро кам мекунад хато аст.

— Эй расули Худо (с) рӯзи навбатамро барои Оиша қарор бидеҳ. Расулуллоҳ (с) инро аз вай пазируфт. Пас аз ин Оиша ду рӯз навбат дошт ва боқии ҳамсарон якрӯзӣ

(Ин ҳадисро Абудовуд ривоят кардааст ва Албонӣ онро саҳеҳ гуфтааст)

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *