Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Оиша (р)-ро ба зани гирифтани Расули Акрам (с)

Замоне, ки Паёмбар (с) Оишаро ба никоҳ даровард, Оиша (р) ҳамагӣ 6 ё 7 сол дошт ва дар синни нӯҳсолагияш бо ӯ хонадорӣ кард ва ҳангоми аз дунё рафтани Расулуллоҳ (с) Оиша (р) ҳаждаҳсола буд.

(Ин ҳадисро Имом Муслим ривоят кардааст)

Худи Оиша(р) гуфтааст:

Расули Худо (с) маро дар шашсолагиам ба занӣ гирифта, бо ман дар нуҳ солагиам хонадорӣ кардааст.

Боз Оиша (р) гуфтааст:

Пас аз ин, ки Расули Худо маро ба никоҳ даровард ва ҳиҷрат карда, ба шаҳри Мадина омадем, ман як моҳ ба бемории табларза гирифтор шудам, ки дар асари он мӯйҳоям рехтанд. Пас аз сиҳат ёфтанам, мӯйҳоям то поёнтари гӯшҳоям расида буд, ки рӯзе Умми Руммонмодарам ба наздам омад, дар ҳоле, ки ман ҳамроҳи дугонаҳоям будам ва бар арҷуҳае[1] саворӣ мекардем. Модарам маро садо карду ман ба наздаш рафтам ва намедонистам, ки ба ман чӣ кор дорад. Ӯ маро шитобон ба ҷониби хона бурд. Дар паси дари хона бозистодем. Аз сабаби тез-тез роҳ рафтанам дилам ба таппиш омада буд. Чун каме таваққуф кардему таппиши дилам ором шуд ва нафасамро рост кардам, модарам маро ба хона даровард. Бубинам гурӯҳе аз занони аҳли Мадина нишастаанд. Пас, занҳо ба моён хитоб карда ба ин мазмун дуъо гуфтанд:

– Хайру баракат ва беҳтарин ризқу фоидаҳои зиндагӣ шуморо бод!

Модарам, пас аз ин маро дар ихтиёри он занон супурд ва онҳо сарамро шуста маро оро доданд.

Ман интизор будам, ки чӣ мешуда бошад. Ногаҳон ҳангоми чошт Расулуллоҳ (с) омад ва ман ҳамроҳашон раҳсипор шудам.

(Ин ҳадисро Бухориву Муслим ривоят кардаанд).

ФОИДАҲОЕ, КИ АЗ ИН ҲАДИС БА ДАСТ МЕОЯНД

Аз ин ҳадис маълум мешавад, ки падар ҳуқуқ дорад духтари хурдашро бе иҷозати вай ба шавҳар бидиҳад, зеро вай дар чунин синну сол фаҳми дурусти чунин кореро надорад. Мутобиқи ҳамин ҳадис мусулмонон иҷмоъ (иттифоқ) кардаанд, ки падар ҳуқуқ дорад духтари бокираашро5 тазвиҷ бикунонад.

Шофеъӣ (раҳимаҳуллоҳ) ва уламои мазҳабаш гуфтаанд:

Мустаҳаб аст, ки падар ва бобо духтар ва набераи худро, ки бокира ва ноболиғ аст ба шавҳар надиҳанд, то он ки ба балоғат бирасад ва пас аз балоғат, агар вайро шавҳар доданӣ шуданд, иҷозату розигии духтарро бигиранд, то духтари бечора дар асорати шавҳар бо дили нохоҳам наафтад. Ин қавли онҳо бо ҳадиси Оиша мухолиф нест, зеро мақсади онҳо ин аст, ки бояд

Бокира — душиза, духтаре, ки шавҳар накардааст.

духтарро пеш аз булуғ ба шавҳар надиҳанд ба шарте ягон хубие, ки ба сабаби таъхир фавт мегардад, вуҷуд надошта бошад. Ба мисли ҳадиси Оиша (р) (ки агар Оишаро дар ҳамон синну сол ба расули Худо намедоданд он хубиҳое, ки аз ин издивоҷи муборак ҳосил гашт, аз даст мерафт). Пас, дар чунин сурате, ки дар ҳадиси Оиша аст, барои падар мустаҳаб аст, то духтари бокираи хурдсолашро ба чунин шавҳаре бидиҳад, зеро падар маъмур аст он чизҳоеро, ки барои фарзандаш шаръан хуб аст анҷом бидиҳад ва он чиро, ки хайри фарзандаш дар он аст аз даст надиҳад (ва кадом хайре ва хубие барои Абубакр (р) аз ин болотар буд, ки духтарашро ба бузургтарини аҳли башар ба шавҳар диҳад).

Аммо, вақти ба хонаи шавҳар бурдани духтари хурдсол ва ҳамхоба шудани шавҳар бо вай, агар шавҳару соҳиби духтар дар чизе иттифоқ бикунанд, ки ба духтар зараре нарасад мутобиқи розигии дуҷониба амал карда шавад. Имом Молик ва Шофеъи ва Абуҳанифа

(раҳимаҳумуллоҳ) гуфтаанд:

Замоне духтарро хонаи шавҳар бурда ба ҳамхобагии шавҳар бо вай иҷозат дода шавад, ки аз рӯйи қаду баст маълум гардад, ки духтар қувваи таҳаммули ин корро дорад ва ин дар ҳама духтарон як хела набуда, гуногун аст.

Довудӣ гуфтааст:

Оиша(р) дар ин синну сол як ҷавондухтари тануманду зебое гашта буд.

Дар бештаре аз ривоятҳо умри Оиша шашсола гуфта шудааст ва дар ривояте ҳафтсола. Ҷамъ миёни ин ду ривоят чунин аст, ки Оиша шашсолаву чанд моҳа буд, пас дар ривояте шашро овард ва дар ривояте солеро, ки ба он қадам монда буд, яъне ҳафтсолагӣ.

Дар ин сухани Оиша (р), ки:

  • Бубинам гурӯҳе аз занони аҳли Мадина нишастаанд. Пас занҳо хитобан ба моён гуфтанд:
  • Хайру баракат ва беҳтарин ризқу фоидаҳои зиндагӣ насиби шумо бод!

Далолат бар он аст, ки домоду арӯсро дуои нек кардаанд.

Дар ин сухани Оиша, ки:

«Онҳо сарамро шуста маро оро доданд» далолат бар ин аст, ки шустушӯ додани арӯс ва зебу зиннат додани вай барои шавҳараш мустаҳаб аст. Ҳамчунин ҷамъ омадани занон ба ин хотир мустаҳаб аст, зеро, ки ба ин сабаб никоҳ эълону овоза мешавад ва занҳо дили арӯсро гарм карда, ӯро одоб меомӯзанд ва тариқаҳои муомила бо шавҳарро ба вай таълим медиҳанд.

Дар ин сухани Оиша, ки:

«Ман интизор будам, ки чӣ мешуда бошад. Ногаҳон ҳангоми чошт Расулуллоҳ (с) омад ва ман ҳамроҳаш рафтам».

Далолат бар ин аст, ки рӯзона ба хонаи шавҳар бурдани арӯс ва ҳамхобагии мард бо занаш равост. Ин амалҳо ҳам дар шаб ва ҳам дар рӯз дуруст ҳастанд.

(Ин ҳадисро Имом Аҳмад ҳам ривоят намудааст).

ИЗДИВОҶИ ҲУМОЮНУ БОБАРАКАТ

Оиша(р) гуфтааст:

«Расули Худо (с) маро дар моҳи шаввол[2] ба никоҳ даровард ва дар моҳи шаввол бо ман ҳамбистар шуд, пас кадомин ҳамсари Паёмбар (с) аз ман дида фазилати бештарро соҳиб гаштааст»? Имом Насоӣ гуфтааст:

«Аз ин ҳадис фаҳмидамешавад, ки зан гирифтан ва шавҳар додани духтар ва ҳамбистарии аввалин дар моҳи шаввол мустаҳаб аст».

Оиша(р) бо ин сухани худаш мехоҳад он ақидаи замони ҷоҳилиятро рад кунад, ки аҳли ҷоҳилият дар моҳи шаввол зан гирифтан, ба шавҳар додан ва ҳамбистариро макруҳ меҳисобиданд ва бад ҳисоб мекарданд, ҳамон гунае, ки баъзе мардуми авоми низ ин эътиқоди нодурустро доранд ва ин як ақидаи бе асл ва ботилу нодуруст аст[3]. Ин ақида аз замони ҷоҳилият монда аст. Мардуми он замон нисбати ин моҳ бадбинӣ ва ирим доштанд, зеро номи ин моҳ, ки шаввол аст дарак аз бадӣ ва шумӣ медиҳад, ки ба маънои марг ва камбудӣ ва хушкию бадбахтиро дорад.

(Шарҳи«Саҳеҳ»-и Муслими Имом Нававӣ с.213,ҷ.9.)

Абуубайда ибни Мусанно (р) гуфтааст:

«Расули Худо (с) Оишаро ду сол пештар аз ҳиҷрат ба никоҳ даровард. Арабҳо он вақт ҳамбистар шуданро бо занҳояшон дар моҳи шаввол нохуб мешумориданд». Абунуайм гуфтааст:

«Он мардум барои он ҳамбистариро дар шаввол бад мешуморанд, ки як замоне дар ин моҳ бемории «Тоун»[4]ба вуҷуд омадааст».

Аз Зуҳрӣ ривоят мекунанд, ки гуфтааст:

Расули Худо (с) ба ғайр аз Оиша (р) дигар зани бокирае нагирифта буданд.

ИЗДИВОҶЕ, КИ БА ФАРМОНИ ХУДО АНҶОМ ЁФТ

Ба занӣ гирифтани Паёмбар (с) Оишаро дар ин синну сол ба фармони Худованд (ҷ) буд. Расули Худо (с) ба Оиша(р) гуфт:

  • Се шаб туро дар хоб дидам. Фариштае дар порчае аз абрешим сурататро печонида ба наздам меовард, ва мегуфт:

–Ин ҳамсари туст. Чун порчаро мекушодам ва ба рӯят назар меафкандам медидам, ки ту будӣ.

Пас мегуфтам:

  • Агар ин аз ҷониби Худо бошад, албатта, Худо инро ба иҷро хоҳад даровард.

(Бо ривояти Бухориву Муслим).

Аз Оиша (р) ривоят кардаанд, ки Ҷабраил (ъ) сурати ӯро дар порчае аз абрешими сабз ба назди расули Худо (с) оварда, гуфтааст:

«Ин дар дунёву охират ҳамсари туст».

(Ин ҳадисро Имом Тирмизӣ ривоят карда, Албонӣ саҳеҳ шумурдааст).

Аз Аммор Ибни Ёсир (р) ривоят аст, ки гуфтааст:

«Оиша дар дунёву охират ҳамсари Паёмбар (с) аст».

(Ҳадисро Имом Бухорӣ ривоят кардааст).

Дар ривояти Уқайлӣ омадааст, ки Расули акрам дар бемории пеш аз вафоташ ба Оиша гуфтанд:

-Барои ман мисвокчӯбе биёр ва онро бо дандонҳоят фишор бидеҳ, ки онро бихоям, то оби даҳонам бо оби даҳони ту омехта гардад, зеро ин бароям ҳангоми марг сабукӣ хоҳад овард.

Имом Абуҳанифа аз Ҳайсам аз Икрима аз ибни Аббос (р) ривоят кардааст, ки ба Оиша гуфт:

  • Савганд ёд мекунам, ки ман аз Расулуллоҳ (с) шунида будам, ки мегуфт:

«Ҷои Оиша дар биҳишт аст».

Ибни Аббос суханашро идома дода гуфтааст:

  • Расули Худо дар назди Худо мукаррамтар аз ин аст, ки ахгаре (оташпора) аз ахгарҳои дӯзахро ба ҳамсари вай бидиҳад. Имом Абуҳанифа аз Авни Шаъбӣ ва ӯ аз Оиша (р) ривоят кардааст, ки гуфт:

-Ҳафт хислате, ки дар ман ҳаст дар ҳеҷ яке аз ҳамсарони дигари Расулуллоҳ нест:

  1. Маро бокира ба занӣ гирифт ва дигар ҳеҷ яке аз ҳамсаронашро бокира нагирифта буд;
  2. Ҷабраил (ъ) фуруд омад ва сурати маро барои Паёмбар (с) фуруд овард ва сурати ҳеҷ яке аз занони дигарашро фуруд наовард;
  3. Ҷабраилро ба ман нишон дод, ҳол он ки ба ҳеҷ яке аз занонаш нишон надода буд;
  4. Ман дӯстоштатарин ҳамсараш будам;
  5. Падарам дӯсдоштатарин ёри Паёмбар буд;
  6. Барои исботи покии ман оятҳои зиёде аз Қуръон (дар сураи Нур) нозил шуд ҳоло он ки қариб буд гурӯҳе аз мардум ба сабаби маро тӯҳмат кардан дар ҳалокат (маънавӣ) гирифтор шаванд;
  7. Расули Худо дар шаби навбати ман, дар хонаи ман ва дар бағали ман аз дунё риҳлат кард.

Ин ҷо дар воқеаи издивоҷи Паёмбар бо Оиша ҳикматҳои бузурге нуҳуфтааст аз ҷумла:

  1. Ин мукофоте барои Абубакр (р) падари Оиша (р) буд, ки дар роҳи хидмат ба Ислом пешқадам буд ва молу ҷонро дар роҳи Худо сарф мекард ва аз Паёмбар (с) дифоъ менамуд;
  2. Оиша (р) дар хонадони Пайғамбар (с) тарбия ёфта, донотарин шахс ба аҳволу одоб ва хабарҳои вобаста ба расулуллоҳ гашт. Пас аз сари Расулуллоҳ(с) наздик ба панҷоҳ сол зиндагӣ карда, илмҳои Паёмбари худоро мунташир намуда, суннати вайро дар офоқ паҳн сохт. Пас, дар тақдири Худо издивоҷи Паёмбарро бо Оиша чунин ҳикмате будааст, ки ин ҷавондухтари хурдсол, пас аз вафоти он ҳазрат (с), дар таълиму тарбияи уммат, ҷонишини он ҳазрат дар нашри Суннат бигардад.
  3. Ривоят кардааст Имом Абуҳанифа (р) аз Ҳаммод аз Иброҳими Нахаъӣ аз Оиша (р), ки Расулуллоҳ (с) фармуд:

-Марг барои ман осон хоҳад гашт, зеро ман дидам туро, ки дар биҳишт ҳамсари ман ҳастӣ. Ин ривоятро Табаронӣ ҳам дар «Мӯъҷаму-л-кабир» овардааст.

-Дар ривояти Ҳоким омадааст, ки Расулуллоҳ (с) ба Оиша (р) гуфтанд:

«Оё розӣ нестӣ, ки ту дар охират ҳамсари ман бошӣ?».

Ҳамсарони он ҳазрат (с) ба фармони Худо вазифадор будаанд, ки худашон исломро аз он ҳазрат хуб омӯхта, ба дигарон биомӯзонанд.

Худованд мегӯяд:

Сухани Худо:

«Он чиро, ки дар хонаҳоятон аз оёти Худо ва ҳикмат тиловат мешавад, ёд кунед. Ҳаройна, Худо борикбину огоҳ аст”.

(Сураи Аҳзоб, ояи 34)


[1] Арҷуҳа-алвончак (ҳой)

[2] Моҳе, ки баъди рамазон аст.

[3] Аз ин ҷо маълум мешавад, ки он ақидаи мардуми диёри мо, ки дар миёни ду ид никоҳ нохуб аст дурўғу беасос будааст. Бояд донист, ки никоҳ дар миёни ду ид хубтар буда, ҳукми мустаҳабро доштааст чуноне, ки пештар гуфта шуд.

[4] Тоун-як навъ вабост.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *