Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Абулъос Ибни Рабеъ

Абулъос ибни Рабеъи Абшамӣ (мансуб ва Абдушшамси) Қурайшӣ, ҷавони зебо ва навраста ва бошукӯҳ, ки нозу неъмати сояи худ бар вай густурда, ва ҳасабу ва асолати ридои худ бар вай паҳн карда буд. Ӯ намуна аз қаҳрамонии арабият бо ҳама хусусиятҳои аз обои ва сарбаландии он буд ва осори аз наҷобат ва ашрофият, мардонагӣ ва вафо дар симояш медурахшид ва алоиматҳо аз сарфарозӣ ба мероси обоӣ ва аҷдодӣ дар вай намоён буд.

Вай алоқа ва муҳаббати фаровон ба тиҷорат дошт ва ин шуғлро аз Қурайш ба мерос бурда буд. Қурайш, ки дар ду фасл (Реҳлаташ – шитои вассайф) – замистону тобистон корвони худро ба мақсади тиҷорат ба сӯи Яман ва Шом мефиристод. Аз ин рӯ корвони вай ҳамеша дар рафту омади миёни Макка ва Шом буд. Корвони вай иборат аз сад шутур ва дусад нафар буд, ва мардум амволи худро бо мақсади тиҷорат, илова бар амволе, ки худ дошт, ба хотири кордонӣ ва сидқ ва амонатдориаш ба вай месупуранд.

Хадиҷа духтари Хувайлид ҳамсари ҳазрати Муҳаммад (с.) ӯро ба мисли фарзандаш дӯст медошт ва қадр ва манзалаташ бартар медошт ва дар қалби худ муҳаббаташро ҷо дода буд, ва муҳаббати Муҳаммад ибни Абдуллоҳҳ нисбат ба Абулъос ибни Рабеъ камтар аз муҳаббати Хадиҷа набуд.

Солҳо ба суръат сипарӣ шуд ва рӯзҳо гузашт, ва Зайнаб бузургтарин духтари Муҳаммади ҷавон шуд ва қадафрошта гардид ва чун гулғунча аз миёни баргҳои гул бишкуфт. Фарзандони сарон ва бузургони номии Макка ба ин гулғунча чашм кушоданд, то ӯро ба гулистони зиндагии хеш бираранд. Чаро чашмҳо ба сӯи вай кушода нагардад, оё Зайнаб аз духтарони Асил ва ашрофзодагони ин муҳит нест? Оё каси дигаре ҳам ба андозаи падару модари вай асолати бартар дорад? Ва оё беҳтар аз Зайнаб духтари боодоб ва ботамкин метавон ёфт? Аммо маҳол аст, ки соири ашрофзодагон битавонанд ба ин гули навраста даст ёбанд, чун писари холааш Абулъос ибни Рабеъ дар миёни вай ва онҳо ҳоил воқеъ шудааст.

Аз издивоҷ ва ҳамсарии Зайнаб духтари Муҳаммад ба Абулъос чанд соли маҳдуд сипарӣ нашуда буд, ки сарзамини Макка бо нури нубувват рӯшанӣ ёфт ва шамъи ҳидоят дар гӯшаву канори он фурӯзон гашт, ва Худованд Паёмбари гиромиаш ҳазрати Муҳаммад (с.)-ро ба вазифааи рисолат фиристод, то дини Исломро дар миёни мардум нашр кунад, ва ба вай дастур дод, ки нахуст бояд даъватро аз наздикони худ шурӯъ намояд. Бинобарин, аввалин касе, ки аз занон ба вай имон овард ҳамсар ва ёри зиндагиаш Хадиҷа ва духтаронаш Зайнаб ва Руқай ва Умми Кулсум ва Фотима буд, бо вуҷуди он, ки Фотима дар он вақт духтари хурдсол буд.

Магар он, ки домодаш Абулъос написандид, ки дини бобову аҷдодашро тарк гӯяд, ва аз он ибо варзид, ки чун ҳамсараш Зайнаб мусалмон шавад, бо вуҷуди он, ки вай Зайнабро аз таҳти дил дӯст медошт ва ба вай муҳаббати фаровон дошт.

Вақте кашМаккаш миёни ҳазрати Паёмбар (с.) ва Қӯрайш боло гирифт, қурайшиён миёни ҳам гуфтанд: Медонед, ки шумо ба Муҳаммад чи хуш хидмате намудаед… Шумо бо никоҳ гирифтани духтаронаш ба фарзандонатон бори вайро сабук сохтед ва ғаму андуҳи вай зудудед. Агар шумо духтаронашро ба худаш вогузоред, ба корҳои духтарони худ машғул мешавад ва барои ин ҳарфҳое, ки бо мову шумо дорад, фурсат нахоҳад ёфт…

Гуфтанд: Назари хубе аст ва комилан баҷост. Ва он гоҳ назди Абулъос рафта ва ба ӯ гуфтанд: Эй Абулъос, аз ин ҳамсари худ ҷудо шав ва ӯро ба падараш бифирист ва мо беҳтарини зани Қурайшро, ки бихоҳӣ, ба ақди ту медарорем.

Абулъос гуфт: На, ҳаргиз, чунон нахоҳам кард. Ман ӯро ба тамоми занони дунё баробар намекунам. Аммо ду духтари дигараш Руқай ва Умми Кулсумро талоқ дода ва ба хонаи падараш фиристоданд. Ҳазрати Расули Худо аз талоқ додан ва баргардонидани он ду ба хонаи падарашон сахт хушҳол ва масрур шуд, ва орзуи он намуд, ки кош Абулъос чунин намояд, магар он ки вай чораи он надошт, ки вайро ба анҷоми чунин коре маҷбур созад ва аз сӯи дигар дар он вақт издивоҷи зани мӯъмина бо марди мушрик ҳаром нашуда буд.

Вақте Ҳазрати Расули Худо (с.) ба Мадина ҳиҷрат намуд ва кораш дар он ҷо боло гирифт, ва Қурайш ба ҷанги Бадр рафт, Абулъос низ маҷбур шуд, ки онҳоро дар ин ҷанг ҳамроҳӣ кунад. Ҳарчанд, ки вайро ба қитол ва ҷанг бо Мусалмонон рағбати чандон набуд ва на орзуи он дошт, ки дар ин ҷанг садама ва зарба бар мусалмонон ворид гардад. Аммо мақом ва манзалаташ дар миёни мардум сабаби он гардид, то ба ишон ҳамгом гардад ва иҷборан аз паи онҳо биравад. Ҷанги Бадр низ ба пирӯзии мусалмонон ва шикасту расвоии мушрикон ва сардорони Қурайш анҷомид. Дар ин ҷанг қомати тоғутҳо бишикаст ва ҷабин истикбор ба хоки зиллат соида шуд. Иддае кушта ва таифае захмин ва ҷамъе асир гаштанд ва бархе ҳам ҷони худ гирифта ва роҳи гурез дар пеш гирифтанд.

Дар миёни ҷамъи асирон Абулъос ҳамсари Зайнаб духтари Муҳаммад (с.) низ шомил буд.

Ҳазрати Расулуллоҳ (с.) бар асирон лозим гардонид, ки бо пардохти фидя худро озод созанд ва андозаи фидя аз чаҳорсад дирҳам то чаҳор ҳазор дирҳам муқарра гардид, ки бо дарназардошти бизоъати ҳар касс онро лозим мегардониданд.

Намояндагони қурайш миёни Макка ва Мадина рафту омад доштанд ва дар хусуси асирон ҳар кадом фидяе бо худ гирифта ба Мадина меомаданд, то бо пардохти он асири худро раҳо созанд.

Зайнаб низ намояндаи худро ҳамроҳ бо фидя ба Мадина фиристод то шавҳараш Абулъосро аз асорат озод кунад лизо тавқи зеваре, ки модараш дар шаби зифофаш ба вай тӯҳфа намуда буд, ба дасти фиристодаи худ ирсол дошт. Вақте Ҳазрати Расулуллоҳ (с.) ин тавқи зевар дид, сахт нороҳат шуд ва осори ҳузну андӯҳи шадиде дар симои муборакаш намудор гардид ва дилаш ба ёди духтари маҳбубаш Зайнаб сӯхт. Баъд рӯ ба асҳоби худ намуд ва гуфт: Зайнаб ин тавқи зеварро бо мақсади раҳоии Абулъос фиристодааст, агар лозим бубинед, ки ӯро озод созед ва ин гарданбандро дубора ба вай бифиристед, беҳтар хоҳад шуд. Гуфтанд: Эй Расули Худо (с.) чунин мекунем то хотири муборак хушнуд гардад.

Магар он, ки ҳазрати Расули Худо (с.) бар Абулъос шарт гузошт, ки ба муҷарради расидан ба Макка Зайнабро бидуни даранг ба Мадина бифиристад.

Вақте Абулъос ба Макка расид, бидуни даранг ба вафои аҳди хештан пардохт ва ҳамсараш Зайнабро амр кард, ки бору банди сафари худро муҳайё созад ва ба ӯ хабар дод, ки фиристодагони падараш дар хориҷ аз Макка интизории ӯро доранд. Ҳамон буд, ки тӯша ва маркаби вай баробар намуд ва бародари худ Амр ибни Рабеъро вазифа дод, ки ӯро то беруни Макка ҳамроҳӣ кунад ва ӯро ба дасти фиристодагони падараш таслим намояд ва баргардад.

Амр ибни Рабеъ камони худро ба кишф кард ва тирдони худро гирифт ва Зайнабро дар маҳмилаш нишонд ва дар рӯшноии рӯз ва пеши рӯи Қурайш дар ҳоле, ки ба вай тамошо мекарданд, берун шуд. Қурайшиён аз ин ҷуръати вай шуру ғавғо офариданд ва аз паи ӯ шуданд, то он, ки ӯро дар фосилаи на чандон дур аз Макка дарёфтанд ва Зайнабро сахт ҳаросон сохтанд ва таҳдид каданд.

Дар чунин фурсате Амр камони худро кашид ва бар он тир гузашт ва гуфт: Қасам ба Худо, агар ҳар касе пеш ояд, ба ин тир дар гулӯяш хоҳам зад. Вай он қадар дар тирандозӣ маҳорат дошт, ки ҳеҷ тири вай хато намерафт. Абусуфён ибни Ҳарб ба вай наздик шуд ва гуфт: Эй бародарзода, тиратро аз мо дур дор то ҳарфе бо ту гӯем. Ҳамон буд, ки аз тир андохтан ба сӯи ишон худдори намуд. Он гоҳ ба вай гуфт: Ту кори хуб накардӣ…

Ту Зайнабро дар миёни ҷамъи мардум ошкоро ва бидуни дар назардошти хотири мо гирифт ва ба роҳ афтодӣ…

Ва арабҳо ҳама медонанд, ки дар рӯзи Бадр чи мусибати бузурге тавассути Муҳаммад падари ин зан домангири мо шуда буд. Агар ту духтари вайро ошкор гирифта ва аз пеши рӯи мо мебарӣ, мардум ва қабилаҳо ҳама моро ба ҷубн ва буздилӣ, зиллат ва пастӣ муттаҳам менамоянд ва аз шаъну шавкати мо мекоҳанд. Бинобарин, ӯро гирифта бар гард ва ӯро чанд рӯзе назди шавҳараш нигоҳ дор, то арабҳо бигӯян, ки мо будем ӯро баргардонидем ва баъд оҳиста ӯро гирифта ва берун шав ва ӯро ба падараш бирасон ва мо ба нигаҳдошти вай дар ин ҷо ниёзе надорем.

Амр бо ин пешниҳод мувофақа кард ва Зайнабро гирифта баргашт. Баъд дере нагузашта бо сипари шудани чанд шаби маҳдуд ӯро шабҳангом гирифта ва аз Макка берун шуд ва мутобиқи дастури бародараш дасташро ба дасти фиристодагони падараш таслим намуд.

Абулъос баъд аз фироқи ҳамсараш муддати замоне дар Макка зиндагӣ намуд, то он, ки андак қабл аз фатҳи Макка бо мақсади тиҷорат ба Шом рафт. Вақте ба сӯи Макка баргашт намуд дар ҳоле, ки корвонаш, ки дар он сад шутур ҳамроҳи беш аз саду ҳафтод нафар бо вай буд дар роҳ дар надики Мадина бо посбонони Ҳазрати Расули Худо (с.) рӯ ба рӯ шуд. Посбонон ва дастаҳои амалиётӣ ин корвонро ганимат гирифтанд ва мардонашро ба асорати худ дароварданд. Аммо Абулъос худро аз дасти онҳо наҷот дод ва посбонон натавонистанд ба вай даст ёбанд.

Вақте шаб фаро расид Абулъос бо истифода аз торикии шаб бо тарсу хавфи зиёде дохили Мадина шуд ва худро ба Зайнаб расонд ва аз вай паноҳ ва ҳақи ҷивор хост. Ҳамон буд, ки Зайнаб вайро паноҳ дод…

Вақте ҳазрати Расули Худо (с.) барои намози бомдод баромад ва дар меҳробқарор гирифт ва такбири эҳром бигуфт ва мардум низ ба такбири вай такбир гуфтанд, Зайнаб аз сафи занон бо садои баланд фарёд зад ва гуфт: Эй мардум, ман Зайнаб духтари Муҳаммад ҳастам, ман Абулъосро паноҳ додам, пас вайро паноҳ диҳед. Вақте ҳазрати Расули Худо (с.) намозро салом дод, рӯ ба сӯи мардум намуд ва гуфт: Оё ин ҳарф, ки ман шунидам шумо шунидед?!

Ғуфтанд: Бале шунидем Эй Расули Худжо !

Фармуд: Қасам ба зоте, ки ҷонам дар дасти вай аст, ман аз ин амри вай ҳеҷ иттилоъе надоштам, то он, ки ин ҳарф, ки шумо шунидед ва ман шунидам ва ҳақиқат ин аст, ки аз мусалмонон табақаи коинашон низ паноҳ дода метавонанд. Баъд ба сӯи хонааш рафт ва ба духтараш гуфт: Абулъосро гиромӣ дор ва бидон, ки ту барои вай ҳалол нестӣ. Баъд мардони дастаҳои амалиётиро, ки корвонӣ вайро ба ғанимат гирифта ва касонашро асир гирифта буданд, ба ҳузур хост ва ба онҳо гуфт: Шумо ҳамон тавре, ки медонед, ин шахс аз худи мост ва моли вайро гирифтед, агар бо вай эҳсон кунед ва молашро ба вай диҳед, ин амрест, ки мо хушдори он ҳастем. Агар ин ҳарфро напазиред, ин мол ғанимат аст, ки Худованд онро насиби шумо гардонидааст ва шумо ба он сазовортаред.

Ишон гуфтанд: Балки молҳояшро ба вай бармегардонем эй Расули Худо.

Вақте Аьбулъос барои гирифтани молҳояш омад, ба вай гуфтанд: Эй Абулъос, ту марде аз ашрофи Қурайш ҳастӣ ва ту домоди ҳазрати Расули Худоӣ, оё майлу рағбати мусалмон шудан дорӣ, агар чунин кунӣ мо ин ҳама амволро бароят бармегардонем ва бо ин амволи аҳли Макка хушбахт шавӣ ва бо мо дар ин ҷо бимонӣ. Абулъос гуфт: Маро чи бад даъвате намудед, ки дини ҷадиди худро бо ғадр ва хиёнат оғоз кунам.

Абулъос корвон ва молҳояшро гирифта ба сӯи Макка ба роҳ афтод, вақте ба он ҷо расид, моли ҳар касро ба соҳибаш таслим намуд ва баъд гуфт: Эй ҷамъи Қурайш, оё аз шумо касе хоҳад буд, ки молаш назди ман бошад ва онро нагирифта бошад?

Гуфтанд: На хайр, Худованд туро подоши нек диҳад, мо туро марди амин ва бовафо ёфтаем.

Абулъос гуфт: Аммо ман ҳуқуқи шуморо бидуни каму кост ба ҷо намудам ва ҳоло шаҳодат медиҳам, ки Ло илоҳа иллалоҳу Муҳаммадун-расулуллоҳ. Қасам ба Худо, маро ҳеҷ амре аз Ислом овардан дар назди Мувҳуммад дар Мадина боз надошт магар ин гумон, ки бои слом овардани худ қасди хӯрдани моли шуморо дошта бошам.

Вақте Худованд ба ман тавфиқ бахшид, ки онро ба шумо боз гардонам ва зимаи худро аз он халос кунам, ҳоло мусалмон шудам. Баъд аз Макка баромад то он ки ба ҳузури ҳазрати Расули Худо (с.) омад. Он Ҳазрат қудумашро гиромӣ дошт, ва ҳамсарашро дубора ба вай дод ва ҳамеша аз вай ёд менамуд ва мегуфт, бо ман сухан гуфт ва рост гуфт ва бо ман ваъда кард ва дар он вафо намуд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *