Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Саду як киcса аз хаёти Абубакри Сиддиқ (р)

Мутарҷим:

Муҳаммад Сиддиқи Миншовӣ.

Пешгуфтори мутарҷим

барои чопи дуввум

Ҳамду сано ва сипосу ситоиш мар офаридгори осмонҳову заминро ва дуруду раҳмати ҳамешагӣ бар беҳтарини маҳлуқот ва ашрафи анбиё ва мурсалин ҳазрати Муҳаммади мустафо саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам ва хулафои рошидин ва асҳоби гиромияшон разияллоҳу ъанҳум аҷмаъин ва ҷумла дӯстдорону пайравони солеҳашон бод, то рӯзи қиёмат.

Худои меҳрубонро бисёр сипосгузорам, ки маро муваффақ гардонид, то китоби гаронқадри муфид ва ибратомӯзи «Саду як қисса аз ҳаёти Абубакри Сиддиқ (р)»-ро, ки хонандаи азиз бо он ошноӣ дорад, пас аз таҳқиқ ва бознигариҳо дар беҳтарин нигориш бо услуби содда ва равон ва бо овардани маъхазҳои ровиён дар поварақҳо барои чопи дуввум омода намуда ба хонандагони хушзавқ пешкаш намоям.

Таманнои онро дорам, ки китоб мавриди писанди ҳамагон гардад, чунки дар ин китоб беҳтарин намунаҳо аз лаҳзаҳои ҳаёти босаъодати ин марди наҷиб Абубакри Сиддиқ (р) бо ҳамроҳии Паёмбари Худо ва дигар саҳобагони киром аз ахлоқи накӯву писандида, садоқату вафодорӣ, дӯстию рафоқат ва олитарин нишонаи меҳру садоқат, исор ва азхудгузарӣ дар баробари дӯст, гирдоварӣ гаштаанд.

Орзуманди онам, ки бо баракати мутолиъаи ин китоб Худованди меҳрабон шаммае аз ахлоқи накӯи он бузургворро насиби пиру ҷавони ҳамватанони азизамон гардонад.

Бузургии шахсияти Абубакри Сиддиқ (р) ва ахлоқи накӯи ӯро Шайх Фаридуддини Аттори Нишопурӣ бо забони назм чунин баён кардаанд:

То Набӣ Сиддиқро маҳрам гирифт,

Субҳи содиқ арсаи олам гирифт.

Субҳи сидқ аз машриқи иззат битофт,

Қоф то қофи ҷаҳон иззат биёфт.

Ҷумлаи олам аз ӯ пурнур гашт,

Чашми бад ё кур шуд ё дур гашт.

Сидқ меборад зи як-як кори ӯ,

Гар надонӣ баҳс кун асрори ӯ.

Чун Набӣ аз хони Ҳайи ло ямут,

Дар муҳити садри ӯ мерехт қут.

Баста будаш ҳафт сақфи дилфуруз,

К-ӯ нахӯрди қут чизе то ҳафт рӯз.

Гоҳ молу гоҳ ҷон мебохт ӯ,

Бо Расулу бо Худо месохт ӯ.

Мустафо гуфто Худованди ҷалил,

Буду хоҳад буд ҷовидам халил.

Гар маро будӣ халиле ҷуз Аҳад,

Он Абубакри манасти то абад.

Як таҷаллӣ халқро ом омадаст,

Хоси он ӯро зи инъом омадаст.

Мурдае гар меравад бар рӯи хок,

Ҳаст аз қавли Набӣ Сиддиқи пок.

Чун сифоти нафс дар вай мурда буд,

Сар ба сидқи зиндагӣ оварда буд.

Ӯ бадин олам наяфтода зи хеш,

Ҷон бадон олам фиристода зи пеш.

Ҷони ӯ чун он ҷаҳонӣ гашта буд,

Ғарқи дарёи маъонӣ гашта буд.

Онҷаҳонӣ дошт ҷон то буд ӯ,

Бурд ҳам ҷон ҳамчунон то буд ӯ.

Чун дар он олам бувад ҷон яке,

Ҳарчи гӯяд сидқ гӯяд бе шаке.

Лоҷарам пайваста дар таҳқиқ буд,

Ҳам халифа буду ҳам Сиддиқ буд.

Ҷони ӯ чун з-он ҷаҳон мегуфт роз,

Сидқи ӯ дур дар хилофат кард боз.

Фитна к-аз хоби Набӣ бедор шуд,

Ӯ ба танҳойии худ дар кор шуд.

То нишонд аз роҳи хеш он фитнаро,

Даст бикшоду бубаст он рахнаро.

Гар набуд сидқвории он Имом,

Аз мусалмонӣ намондӣ беш ном.

Муҳаммадиқболи Садриддин

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

Пешгуфтор

Пас аз ҳамду санои бепоён Худованди бузурги якторо, ки ӯ холиқ ва нури осмонҳою замин аст ва Муҳаммади Мустафоро, ки Расули барҳақ ва расонандаи ҳақиқати илоҳӣ ба ҷомеаи башарӣ аст, ин китоби нодирро, ки дарбаргирандаи саду як қиссаҳои ҳаҷман кутоҳ, вале аз рӯи маъно беандоза фарох, аз зиндагии Абдуллоҳ писари Усмон писари Омир ал-Қурашӣ Абубакр писари Абуқуҳофа Ат-таймӣ машҳур ба лақаби ифтихории Сиддиқ мебошад, пешкаши хонандагони арҷманд мегардонем. Ва бо арзи эҳтирому сипос аз ихлоси шумо ба арз мерасонем, ки муаллифи ин китоби пурҳикмат яке аз муҳаққиқони пурбаракат ва маъруфи улуми исломӣ, қорӣ ва ҳофизи машҳури Қуръони карим дар ҷаҳони ислом Муҳаммад Сиддиқи Миншовӣ мебошад.

Ин шахс пажуҳишгари пуркорест, ки роҷеъ ба таърихи ислом ва ҷонфидоиҳо ва саҳмгузориҳои собиқини содиқ дар таҳким бахшидани аҳкоми илоҳӣ ва тавсиаи ҳудуди пазириши дини мубини Ислом китобҳои зиёд таълиф кардааст.

Қобили тазаккур аст, ки дар ин китоби ҳикматфизо қиссаҳои рағбатовар ва ҷолиб бо забони хеле содда ва самимӣ гирд оварда шудаанд. Дар бархе аз онҳо таърихи нузули оёту сураҳои Қуръони маҷид, дар баъзе дигар, сифатҳои наҷиби Паёмбари Худо (с) ва шуҷоъату ҷонфидоиҳои ашхоси наздиктарини Расули акрам (с), ки аз аввалин лаҳзаҳои ошкор гардидани рисолати набавияти Паёмбари Ислом бидуни ҳеҷ шакку тардид исломро пазируфтаанд, тасвир гаштааст. Собиқини содиқ, ки намунаи шоистаи садоқату вафодорӣ гаштаанд, на танҳо молу сарват, балки тамоми ҳаёти худ ва фарзандони хешро фидои роҳи истиқрору густариши дини мубини Ислом кардаанд, ки дар миёни эшон Абубакри Сиддиқ (р) мақому манзалати хосса дорад.

Ӯ дар шумори наздикони Паёмбари Худо (с) ягона шахсест, ки ҳамеша нисбати дигарон сабқат (пешдастӣ) доштааст ва чунон, ки аз қиссаҳои ин китоб маълум мегардад, собиқини (пештозон, пешгомон) дигар ин сабқати ӯро эътироф кардаанд. Абубакри Сиддиқ (р) ягона шахсе будааст, ки дар ҳама ҳолатҳои тақдирсоз Паёмбари исломро ҳамроҳӣ ва ҳимоят кардааст ва ин садоқати бепоёни он ҳазрат боиси сазовор гаштанаш ба лақаби пуршарафи Сиддиқ гаштааст. Ва билохира ҳамин авсофи олӣ ва ахлоқи воло Абубакри Сиддиқ (р)-ро ҳамнишини доимӣ, ҷонишини баргузида ва нахустхалифаи Ислом пас аз фавти Паёмбари Худо (с) гардонидааст.

Дар ин қиссаҳо саҳми бузург ва садоқати бепоёни нахустхалифаи ислом ва фармудаҳои Қуръонӣ ва ҳадисҳои Паёмбари ислом, кӯшишу ҷадали пайгиронаи ин халифаи ростин барои ҳимояи арзишҳои волои исломӣ ва муборизаи шадид алайҳи нопокию палидиҳо, фисқу фуҷур, зиштию фасод, разолату қабоҳат ва ҳамоқату ҷаҳолат, бо лаҳни хеле самимию шево, баён гардидааст.

Аз мутолиаи қиссаҳо хонанда чеҳраи нуронӣ, ахлоқи ҳамида ва ақли расои Абубакри Сиддиқ (р)-ро мушоҳида менамояд. Ба саховатмандию фарохдастӣ ва эҳтироми самимона доштанаш нисбат ба инсони солеҳу боимон, қатъи назар аз нотавону фақир ва ё тавонманду сарватманд будани шахс, итминон ҳосил мекунад. Имрӯзҳо бархе аз ашхоси ноогоҳ гирифтори бадгӯиҳои фитнаангезон шуда аз рӯйи нодонӣ ба чунин чеҳраҳои дурахшони беназири тамаддуни ислом ба монанди Абубакр (р) Умар (р), Усмон (р) ва Алӣ (р) санги маломат мезананд. Чунин амали носавоби бадандешон моро водор кард, ки барои бештар огоҳ намудани мусалмонони ватани азизамон хомӯш наистода, китобҳоеро, ки чеҳраи аслии ин бузургмардони исломро бозгӯ менамоянд, пешкаши хонандагон гардонем, то ки аз ҳақиқати ҳол хабардор шаванд. Дар зимни ин масъала Расули акрам (с) фармудаанд:

«Ёрони маро носазо нагӯед, зеро ҳар яке аз шумо, агар ба миқдори кӯҳи Уҳуд тилло инфоқ (сарф,харҷ) намоед, боз ҳам ба андозаи сулс (сеяк) ва ё нисфи савоби онҳо нахоҳед расид». (Ҳадиси саҳеҳ).

Умуман, қисса чун василаи ифодаи ҳақоиқи таърихӣ ва ба наслҳои муосиру оянда муаррифӣ сохтани чеҳраҳои маъруфи мазҳабию сиёсӣ дар фарҳанги мардуми мусалмон, алалхусус мардумони арабзабон ва форсизабон аз қадимулайём серистифода аст. Ин гуна қиссаҳо аз ҳаёти дигар хулафои ислом, алалхусус аз рӯзгори ибратомӯзи хулафои рошидин дар фарҳанги исломӣ хеле зиёд ва машҳуранд. Аксари ин гуна қиссаҳо ва зиндагиномаҳои ибратомӯзи хулафои рошидин, аз ҷумла: Абубакр (р), Умар (р), Усмон (р) ва Алӣ (р) бо муҳаббати беандоза нисбат ба онҳо ва бо заҳмати зиёди Муҳаммад Сиддиқи Миншовӣ дар шакли китоб дарҷ гардидааст. Мутарҷими ин сатрҳо бо такя ба пуштибонии Худованди бузург ният дорад, то силсилаи чунин китобҳоро дар оянда тарҷума ва ба нашр бирасонад. Ба ақидаи банда, анҷом додани чунин амали хайр барои тавсиаи тафаккури таърихӣ ва маънавияти наслҳои имрӯза ва оянда мусоидат хоҳад кард.

Аз даргоҳи Худованди мутаъол умеди онро дорам, ки ниятҳо, иншоаллоҳ, амалӣ хоҳанд шуд ва шумо хонандаи гиромӣ аз ин махзани пурғанои маънавӣ файзёб хоҳед гашт.

Худованд мо ва шуморо муваффақ гардонад.

Муҳаммадиқболи Садриддин

Абубакри Сиддиқ (р) дар сатрҳо

Номи пурраи Абубакри Сиддиқ (р) Абдуллоҳ бини Усмон бини Омир ал-Қурашӣ Абубакр бини Абуқуҳофа ат-Таймӣ мебошад.

Ӯ аввалин халифа аз хулафои рошидин ва яке аз он 10 — нафароне аст, ки Расули акрам (с) онҳоро башорат (мужда, хабари хуш) ба ҷаннат додаанд. Абубакри Сиддиқ (р) яке аз собиқин (пешқадамон) ва нахустин шахсест аз мардҳо, ки дини Исломро пазируфтааст. Абубакри Сиддиқ (р) дар роҳи дин тамоми дороиву сарват ва кушишу ғайрати худро сарф намуда Паёмбар (с)-ро фидокорона дифоъ кардааст. Худованд тавассути ӯ миллат ва дини исломро ҳимоя кард, барои ӯ имон ва яқинро арзони фармуд. Бешак, шахсияти он ҳазрат парчамест аз парчамҳои мусалмонон ва шамшерест бар гардани мунофиқон ва муртадон.

Он ҳазрат дуввуним сол пас аз соли фил ба дунё омадааст. (Соли фил, соли 570 мелодӣ буда ва солест, ки Паёмбари Ислом дар ин сол ба дунё омадаанд ва солест, ки Абраҳа бо лашкараш, ки филсавор буданд ва қасди вайрон намудани хонаи Каъбаро доштанд, ба Макка ҳуҷум оварданд, вале ӯ бо лашкараш аз боридани сангҳо, ки паррандагоне бо номи Абобил дар минқор доштанд ва болои онҳо мепартофтанд, ҳама ҳалок гардиданд).

Абубакри Сиддиқ (р) ҷавони росткор буда, ба касе зулму ситамро раво намедид. Ӯ ҳанӯз қабл аз ислом аз ақидаи палиди даврони ҷоҳилият рӯй гардонида буд. Дар ӯ ахлоқи волои инсонӣ таҷассум ёфта буд. Эшон шахси фурӯтан, хушмуомила ва ба ваъдаашон содиқ буданд. Садоқат ва рафоқатро дӯст медошт. Барои худ шаробро қабл аз ислом ҳаром дониста ба саховатмандию фарохдастӣ машҳур гардида буд. Фақирон ва тангдастонро нон медод ва ба нотавонон кӯмак мерасонид. Донандаи хуби насаб ва шаҷараи араб буд. Хашми худро фурӯ бурда метавонист. Бар нотавонон мушфиқ буд. Тавонмандон низ ӯро дӯст медоштанд.

Эшон пешвои раҳбарон маҳсуб мегардид. Агар масъалаи дият (хунбаҳо) аз ӯ пурсида мешуд, ба гуфтаи ӯ комилан бовар мекарданд. Шахсе, ки бар ӯ чизеро таҳмил менамуд ҳатман хор мегашт. Абубакри Сиддиқ (р) гарчи соҳиби манзалати воло буд, вале ҳаргоҳ бо ӯ шахсе сухан мегуфт, оромона гӯш мекард. Дар илми тиҷорат донову соҳибтаҷриба ва аз илми таъбири хоб низ бохабар буд.

Миёни мардум зебосурат ва дурри рахшон номида мешуд. Он ҳазрат аз асли пок ва насаби машҳур буд, дар насаби ӯ чизе аз айбу нуқсон дида намешуд. Он ҳазрат ақли закӣ, чеҳраи зебову латиф, бадани камгӯшт, рӯйи сафед, чашмони базеб, дандонҳои реза ва пешонии фарох доштанд. Абубакри Сиддиқ (р) Муҳаммади аминро муштоқона ва аз ҷонаш бештар дӯст медошт ва беандоза эҳтиром мекард.

Абубакри Сиддиқ (р) бе ягон шакку дудилагӣ исломро пазируфт ва бо як шеваи хеле зебо паймони имон баст. Сарвати худро дар хидмати дин ва аз ғуломӣ озод сохтани мусалмонҳои нотавон сарф кард ва ба озору азияти мушрикон тоқат намуд.

Замоне, ки мушрикони Макка ресмони зулмро бар гардани мусалмонон то ба ҳадди тоқатнопазир танг карданд ва мусалмонон миёни ҳаёту марг қарор гирифтанд, Абубакри Сиддиқ (р) ба мақсади ҳиҷрат Маккаро тарк кард.

Он ҳазрат ҳодисаи Исро (шаб рафтан) ва Меъроҷи Расули акрамро шунидан замон тасдиқ намуда, Расули акрамро вобаста ба ин ҳодиса дифоъ кард. Аз ин рӯ Расулуллоҳ (с) ӯро бо лақаби Сиддиқ мушарраф гардониданд. Ин буд, ки ба Пайёмбари Худо то ба охир содиқу бовафо монда, ҷигарбанди худ Оишаи Сиддиқаро ба Расули акрам (с) ба зани дод. Дар вақти ҳиҷрати Расули акрам ҳамроҳи эшон дар ғор паноҳ бурданд ва минбаъд низ пайёмбарро то лаҳзаҳои охирини ҳаёт ҳамнишинӣ кард ва баъди мамот бо эшон рӯ ба рӯ гашт.

Абубакри Сиддиқ (р) сахтиҳои тавсифнашавандаро, ки қалам аз навишти онҳо оҷиз аст таҳаммул карда дар набардҳои сахте, ки аз онҳо солим берун омадан гумон буд, ширкат варзид. Худованд ба пирӯзиҳои назаррасе ӯро мушарраф ва комёб гардонид.

Он ҳазрат аксари рӯзҳо рӯзадор ва шабҳо шабзиндадор буда миёни мардум фурӯтан буд ва ҳирси дуньё дар ӯ мушоҳида намегардид. Марди ботақво ва олими боамал буд. Абубакри Сиддиқ(р) тамоми дарҳои хайрро куфта ва тамоми роҳҳои накӯиро тай карда буд. Он ҳазрат чашми ашкрез ва синаи аз ғами дин реш дошта, меҳмонро навозиш мекард ва аз Худо метарсид. Ин аст, ки Расули акрам (с) эшонро ҳамроҳи солеҳон муждаи вуруди ҷаннат ва амон ёфтан аз оташи дӯзахро додаанд.

Бо вуҷуди хоҳиш надоштанаш ба хилофат, асҳоби киром хилофатро ба ӯ сазовор донистанд. Нахӯст дар манзилаш гӯшанишиниро ихтиёр кард ва хост худро аз хилофат дур нигоҳ дорад, вале ӯро ором нагузоштанд, иҷборан имомат ва хилофатро қабул намуд ва дарҳол сипоҳи Усомаро муҷаҳҳаз намуда барои иҷроиши фармони Расулуллоҳ (с) фиристод ва бо ононе, ки аз роҳи дин гаштанд ва аз додани закот худорӣ карданд, дар набард шуд. Абубакри Сиддиқ (р) сипоҳи бешуморашро фиристод ва подшоҳҳони мағрурро аз тахт бе тахт намуда, шукӯҳу ҳашамати ононро аз байн бурд. Дар набардҳо фирӯзии бешуморе насиби ӯ гашт ва дар ниҳояти амр Қуръонро гирдоварӣ намуд. Ба акнофу атрофи олам барои интишори дини мубини Ислом, расулонро фиристод, то одамонро барои имон овардан ба Худои якаву ягона даъват намоянд.

Хатиб ва суханвари нотакрор ва халифаи бошукӯҳе буд. Ба меҳрубонӣ, бурдборӣ, диндорӣ ва илмдӯстӣ сифат карда мешуд. Инчунин дар пазириши дини мубини Ислом ва додани салом миёни мардумон пешдаст буд. Абубакри Сиддиқ (р) дар намозе, ки дар он Расули акрам (с) ҳузур доштанд, имоматӣ кард. Пас аз реҳлати Расули Худо нахустхалифа интихоб шуд. Бо ин ҳама бузургӣ ва шукӯҳу шаҳомат шахси аз худ бузургро гиромӣ медошт ва бо шахсони аз худ кӯчак мушфиқу ғамхор буд. Абубакри Сиддиқ шахси фурӯтан ва дар боргоҳи Худованд баланд мартаба буд. Бо Расули акрам (с) дар дунё ва дар қабр ҳамнишин буда, ҳамроҳи эшонанд дар лаби ҳавзи Кавсар ва бо ӯ ҳашр мегардад дар рӯзи қиёмат.

Он ҳазрат дар Мадинаи мунаввара дар соли 13-и ҳиҷрӣ дар паҳлӯи хайрул аном ва охирини Паёмбарон ва пешвои солиҳон ҳазрати Муҳаммад (с) мадфун гардидааст.

1. Ӯ шакку шубҳае надошт

Абубакр (р) рӯзе гурӯҳе аз Қурайшиёнро дид, ки байни худ дар бораи дини Муҳаммад (с) гуфтугӯ мекарданд. Абубакри Сиддиқ ба монанди бод худро ба назди Муҳаммад (с) расонид ва дар рӯ ба рӯйи он ҳазрат нишаста меҳрубонона аз он ҳазрат пурсид:

— Оё рост аст, ки шумо маъбудҳои қурайшро тарк намудаед ва парастиши онҳоро ғайриоқилона ҳукм кардаед?

Расули акрам (с) гуфтанд:

«Бале ман Паёмбари Худо ва Набии Ӯ (ҷ) ҳастам, барои расонидани сухани Худо ба сӯйи мардум фиристода шудаам ва даъват мекунам туро ба ҷониби Худованд ба ростӣ ва савганд ба Худо, ки он ҳақ аст». Эй Абубакр, туро ба сӯи Худо — он Худованде, ки ягона аст ва ӯро шарике нест даъват мекунам ва ғайр аз ӯ касеро парастиш накун ва тоати Ӯро бипазир».

Абубакр бе ягон дудилагӣ ба Ислом имон овард, зеро ростгӯии Муҳаммад (с) ва накӯсуханию ахлоқи писандидаи ӯро медонист. Абубакр бо худ андеша кард:

— Муҳаммад, чун барои мардум дурӯғро раво намебинад, пас чӣ гуна метавонад онро барои Худованд раво дорад[1].

Расули акрам (с) ба асҳоб чунин мегуфтанд:

— Ҳар касеро, ки ба Ислом даъват мекардам, дар ибтидо каме дудилагӣ ва шубҳа нишон медод, вале Абубакр бе ягон шакку шубҳа ва дудилагӣ саҳлангорие накарда дарҳол ба Ислом имон овард»[2].

2. Агар Паёмбар чунин гуфта бошад, дар ҳақиқат рост гуфтааст

Баъд аз тулӯи офтоб ҳангоми чошт Расули акрам (с) дар Каъба нишаста даҳони муборакашонро бо дуъо ва тасбеҳ муаттар мегардониданд, ки чашмони душмани Худо – Абуҷаҳл, ки аз манзилаш хориҷ шуда гирди хонаи Каъба мегашт, ба Расули акрам (с) афтод. Абуҷаҳл мағрурона ба Паёмбар (с) наздик омад ва тамасхуркунон аз Расули акрам (с) пурсид:

Эй Муҳаммад, ягон навигарӣ ҳаст?

Расули Худо гуфтанд:

— Имшаб сафар карда будам.

Ин ҳангом Абуҷаҳл хандид ва тамасхуромез гуфт:

— Ба куҷо?

Расули акрам гуфтанд:

— Ба Байтул Муқаддас.

Абуҷаҳл аз ханда боз истод ва назди Паёмбар (с) омада, бо шакку шубҳа гуфт:

-Шаб ба Байтул Муқаддас сафар кардӣ ва субҳгоҳон дар назди мо ҳозирӣ!!

Сипас хандида гуфт:

-Эй Муҳаммад агар дар наздат мардумро ҷамъ намоям оё ин суханҳоеро, ки ба ман гуфтӣ ба онҳо низ мегӯӣ.

Паёмбари Худо гуфт:

— Бале мегӯям:

Абуҷаҳл шитобон рафт ва дарҳол мардумро ҷамъ намуда суханони Паёмбар (с)-ро ба онҳо расонид ва фитнаи навбатиашро роҳандозӣ кард. Мардум дар ҳоле ки аз чеҳраи аксари онҳо нишонаи таъаҷҷуб ва шакку шубҳа ҳувайдо буд дар назди Паёмбар (с) гирд омаданд. Дар ҳамин ҳол чанд нафар марде аз миёни ҷамоа хориҷ шуданд ва зуд назди Абубакр (р) омаданд, то ки хабари навро ба ӯ бирасонанд ва шоҳиди тағйири раъйи Абубакр ба Расули акрам (с) гарданд. Абубакр (р) онҳоро бодиққат гӯш карда гуфт:

— Агар ин суханонро Паёмбар (с) гуфта бошад, рост гуфтааст.

Баъди андаке Абубакр (р) афзуд:

— Марг ба шумо, ман яқин дорам, ки ба Муҳаммад(с) аз осмон шабу рӯз паёми илоҳӣ нозил мешавад, чӣ гуна ба сафари шабонаи ӯ ба Байтул Муқаддас шубҳа кунам?

Сипас, Абубакр (р) онҳоро тарк кард ва шитобон ба сӯи Каъба назди Муҳаммад (с) рафт. Қавм дар атрофи Паёмбар давра гирифта буданд ва эшон ба онҳо сифатҳои Байтул Муқаддасро мегуфтанд ва ҳар дафъа, ки чизеро нақл мекарданд, Абубакр (р) бо садои баланд таъкидкунон нидо мекард:

— Рост гуфтӣ, рост гуфтӣ!

Пас аз ин рӯз Паёмбар (с) ӯро Сиддиқ номиданд[3].

3. Абубакр (р) ва Алӣ (р)

Дигар бор низ Абубакр (р) аз Расули акрам (с) дифоъ кард. Рӯзе Абубакри Сиддиқ (р) бо сари урён ва мӯйҳои парешон ба хонаи Каъба мешитофт. Дар он макони муқаддас мушрикони бадкеш Расули Худоро ба замин афтонда, мезаданд ва мегуфтанд:

— Ин туӣ, ки худоҳои моро барҳам задаӣ ва ягонапарастиро тарғиб мекунӣ?

Абубакр (р) чун даррасид худро барои дифоъ аз Паёмбар (с) сипар карда, якеро аз задан боз медошт, дигариро мезад ва мегуфт:

-Марг ба шумо, оё мекушед мардеро, ки мегӯяд: «Худованди ман Аллоҳ аст» ва ҳол он ки ӯ ба сӯи шумо бо далелҳои ошкор аз ҷониби Парвардигоратон омадааст![4]

Алӣ (р), пас аз он ки қиссаи дифоъ кардани Абубакр (р) аз Пайёмбар (с)-ро бар ҳамнишинонаш ҳикоя кард, бо ҳаяҷон нидо баровард:

— Оё марди мӯъмини оли Фиръавн беҳтар аст ё Абубакр? Ҳамнишинони Алӣ (р) хомӯш буданд ва ӯ суханонашро идома дод:

— Ман мунтазири посухам, оё ҷавоб намедиҳед? Савганд ба Худо як соати ҳаёти Абубакр беҳтар аст аз ҳама мӯъминони оли Фиръавн. Зеро он марди мӯъмини оли Фиръавн имонашро пинҳон медошт ва Абубакр (р) имонашро ошкор кард[5].

4. Абубакр (р) ва исломи Талҳа (р).

Раисони Қурайш дар «Дорун-надва» (маҷлисгоҳ) ҷамъ омада буданд. Зарбаеро, ки Абубакр (р) бо пазируфтани Ислом ба онҳо ворид сохта буд, сабаби ҷамъомади онҳо гашта буд. Аз ин рӯ аз забони мушрикон суханони носазо мисли заҳр аз неши каждум мерехт. Мақсад аз ҷамъомадани онҳо машварат дар хусуси Абубакр (р) буд. Натиҷаи он маҷлис чунин шуд:

— Баъзеҳо гуфтанд: — Нафареро вазифадор бояд кард, то Абубакрро аз дини нав бигардонад ва дубора ба сӯи маъбудҳоямон даъваташ намояд. Бо ин мақсад Талҳа бини Убайдуллоҳ, ки марди хеле доно ва суханваре буд, ҳамроҳи гурӯҳе аз тарафдоронаш ба назди Абубакр (р) омада фарёд намуд:

— Эй Абубакр (р), бархез ва ба сӯи ман биё!

Абубакр (р) гуфт :

— Ба сӯйи чӣ маро мехонӣ?

Талҳа гуфт:

— Ба сӯйи парастиши Лот ва Узо мехонамат.

Абубакр (р) гуфт:

— Лот кист?

Талҳа гуфт:

— Духтарони Худованд:

Абубакр (р) гуфт:

— Пас модари онҳо кист?

Ин ҳангом Талҳаро хомӯшӣ фаро гирифт, лабонаш аз ҳаракат боз монд ва калимае аз забонаш берун набаромад. Пас, Абубакр (р) ба сӯйи ёрони Талҳа, ки ҳамроҳи ӯ барои даъвати Абубакр (р) омада буданд, рӯй оварда гуфт:

— Ба дӯстатон барои посух ба ин савол кӯмак намоед.

Ёрони Талҳаро хомӯшии ваҳмангезе фаро гирифт ва чизе дар ҷавоб гуфта натавонистанд. Талҳа ба сӯйи ёронаш, ки парешонхотиру рӯҳафтода буданд нигоҳи тӯлоние афканд ва бори дуввум ба сӯйи Абубакр (р) нидо карда гуфт:

— Бархез, эй Абубакр, албатта, ман гувоҳи медиҳам, ки нест маъбуде магар Аллоҳ ва шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад Паёмбари Худост. Абубакр (р) аз ҷой бархост ва дасти Талҳаро гирифта ӯро ба назди Паёмбари Худо Муҳаммад (с) бурд[6].

5. Абубакр (р) пуштибонро рад мекунад.

Субҳ фаро расид ва офтоб бо панҷаи сафедаш занги сиёҳро аз рӯйи олам мезудуд. Абубакр (р) тӯшаи роҳашро омода намуда, асояшро бар гарданаш гузошта, бо нияти тарки Макка, рахти сафар баст. Қиматтарин чиз — имонашро дар қалби бузургаш гирифта буд. Ва аз чеҳраи эшон ҳувайдо буд, ки дилаш моломоли имон аст. Ва ӯ ба сӯйи замини Ҳабаша (Эфиопия) равона шуд. Ба минтақаи Баркулғимод (мавзеъе дар Яман) расида буд, ки Ибни Дуғунна пешвои қабилаи машҳури ин минтақа бо ӯ рӯ ба рӯ шуд. Ибни Дуғунна ба овози баланд гуфт:

— Ба куҷо равона ҳастӣ, эй Абубакр (р)?

Абубакр бо садои нарме гуфт:

— Маро қавмам аз диёрам хориҷ сохт. Мехоҳам, ки дар рӯйи замин саёҳат кунам ва Парвардигорамро парастиш намоям. Ибни Дуғунна бо таассуф сар ҷунбонида, гуфт:

— Марде амсоли ту набояд сарсону саргардон бошад. Охир ту ба фақирон хайр мекунӣ-ку, бо пайвандонат рафтуомад дорӣ, ятиму дармондагонро сарпарастӣ ва меҳмононро гиромӣ медорӣ. Ман пуштибони ту мешавам. Ба ватанат баргард ва бандагии Худоро ҳамон ҷо адо намо.

Абубакри Сиддиқ (р) аз роҳаш бозгашт. Ибни Дуғунна низ ҳамроҳи ӯ ба Макка сафар карда, бо аъёну ашрофи Қурайш боздид намуд ва ба онҳо гуфт:

— Марде чун Абубакр набояд сарсону саргардон дур аз Ватан бошад. Оё шумо шахсеро, ки ба фақирон хайру эҳсон мекунад, бо пайвандонаш рафту омад дорад ва сарпарасти ятиму дармондагону заифон аст, аз ватанаш берун мекунед?

Қабилаи Қурайш Ибни Дуғуннаро чун пуштибони Абубакри Сиддиқ (р) эътироф карданд ва ба Ибни Дуғунна гуфтанд:

— Ба Абубакр (р) амр намо, то ки Худояшро дар хонааш пароастиш кунад ва намозашро низ дар хона адо намояд. Ҳар чӣ мехоҳад дар хонааш хонад ва моро дарди сар надиҳад. Динашро ошкор нанамояд, зеро мо бим аз он дорем, ки зану фарзандони моро фирефтаи динаш месозад.

Абубакри Сиддиқ (р) бо пайравӣ аз ин аҳд Худоро дар хонааш мепарастид. Намозашро ошкоро намехонд ва берун аз манзилаш Қуръон тиловат намекард. Дере нагузашта ӯ дар ҳавлияш масҷиде сохт ва дар он ҷо ба ибодат ва қироати Қуръон идома дод. Издиҳоми занону кӯдакони мушрикин дар манзили Абубакр ҷамъ меомаданд ва ба ӯ наззора мекарданд. Абубакри Сиддиқ (р) марди нармдил буд, аз ин рӯ ҳангоми қироати Қуръон оби чашмонашро нигоҳ дошта наметавонист. Ин ҳолат даҳшати сарварони мушрикинро овард. Онҳо ба назди Ибни Дуғунна одам фиристоданд, то ӯ дубора ба Макка ташриф оварад. Ба Ибни Дуғунна қурайшиён гуфтанд, ки мо ба хотири дӯстӣ бо ту, ба Абубакр иҷозати дар хонааш ибодат карданро додем, вале ӯ аз муқарароти мо берун баромада, дар хонааш масҷид бунёд карда намозгузорӣ ва қуръонхониашро ошкор сохт.

Мо аз он тарсидем, ки мабодо ӯ занҳо ва фарзандони моро бо ин амалаш мафтун созад. Пас, шумо ӯро аз ин амалаш боз доред. Агар хоҳад ибодаташро дар ҷои хилвате анҷом бидиҳад, вагарна он аҳди пуштибонии Абубакрро аз мо бозпас бигир, то ин ки дар миёни мо халале ворид нагардад.

Ибни Дуғунна ба назди Абубакр (р) омад ва дар назди он ҳазрат оромона нишаст ва ба ӯ хитоб карда, гуфт:

— Абубакр (р), ту худат аҳди бастаамро медонӣ. Аз ин рӯ ё ба гуфтаҳои онҳо розӣ мешавӣ ва ё пуштибонии маро рад менамоӣ.

Агар хоҳӣ, биё ба ватани ман меравем ва ҳар амалеро, ки хоҳӣ он ҷо анҷом медиҳӣ. Ман намехоҳам, ки қурайшиён маро ба аҳдшиканӣ муттаҳам созанд.

Абубакр (р) бо дили ором чунин гуфт:

— Ман пуштибонии туро рад мекунам ва ба пуштибонии Худованди маннон иктифо мекунам[7].

6. Ислом овардани модари Абубакр (р).

Хонаи Абиарқам ба ёрони Паёмбар ва асҳоби эшон, ки теъдодашон 38-нафар буданд танг шуд. Ба сари Абубакр (р) фикри ошкор намудани калимаи ҳақ ва дини ҷадид падид омад. Абубакр (р) назди паёмбари Худо омад ва ба ӯ фикри ошкор намудани дин ва берун баромадан ба сӯйи хонаи Каъбаро пешниҳод кард. Расули акрам (с) гуфтанд:

— Эй Абубакр, дар ҳоли ҳозир мо кам ҳастем.

Вале Абубакр (р) пофишорӣ кард, то ки Расули акрам (с) ва мусалмонон берун омада дар атрофи масҷид – хонаи Каъба — ҷамъ омаданд.Ҳар яке аз асҳоб бо қабилаи худ буданд. Дар ҳоле, ки Расули акрам (с) нишаста буданд, Абубакр (р) бархоста, барои мардум суханронӣ карда ҳақиқати дини Исломро барои онҳо баён кард ва ин суханронӣ оташи ғазабро дар рагҳои мушрикон аланга занонид ва онҳо ба Паёмбар ва мусалмонҳо ҳуҷум оварда, ба эшон зарбаҳои ҷонкоҳеро расониданд. Ончунон мусалмононро озор доданд, ки аксари онҳо дар нимароҳи марг қарор гирифтанд.

Баъд аз чанд лаҳзаи хомӯш гардидани задухурд бани Тайм (қабилаи ҳазрати Абубакр (р)) пайкари беҳаракати Абубакр (р)-ро дар ҷомае гузошта ба сӯйи манзилаш оварданд. Бани Тайм шубҳае надоштанд, ки Абубакр (р) вафот кардааст. Сипас Бани Тайм боз гашта бо хашму ғазаб дохили масҷид шуда гуфтанд:

— Савганд ба Худо агар Абубакр (р) бимирад мо Утба бини Рабиъаро ба қатл мерасонем.

Чун қавм ба назди Абубакр (р) баргашта омаданд, Абуқуҳофа ва чанд тан аз бани Тайм бо Абубакр (р) гап мезаданд, вале ӯ беҳушу беёд буд ва ба онҳо ҷавобе намедод ва лабҳои мубораки он ҳазрат то охири рӯз аз ҳаракат бозмонда буд. Аввалин иборае, ки аз миёни лабҳои Абубакр (р) берун омад, чунин буд:

— Ба сари Паёмбари Худо чӣ омад?

Пас аз шунидани ин суханон бани Тайм аз Абубакр (р) нороз шуда, яке аз онҳо бо хашм ба модари он ҳазрат гуфт:

— Худат фарзандатро нигоҳубин кун ва ба ӯ обу нон бидеҳ.

Сипас бани Тайм аз назди Абубакр (р) дар ҳоле, ки аз чунин амали Абубакр (р) дар тааҷҷуб буданд, бозгаштанд. Вале Абубакри Сиддиқ аз ин суоли худ ҳеҷ боз намеистод ва боисрор такрор мекард:

— Ба сари Расули Худо чӣ омад?

Модараш Умми Ҷамил бинти Хаттоб ба ӯ гуфт:

— Он кас хубанд, солиму дурустанд. Пас аз шунидани чунин суханон лабҳои Абубакр (р) ба ҳаракат даромаданд ва дар лабҳои эшон табассум ҳувайдо гашт ва чеҳраи мубораки эшонро суруру нишот фаро гирифт. Сипас аз бистари худ бархост ва бо садои баланд фарёд кард:

— Куҷост Муҳаммад (с)?

Модарашон Умми Ҷамил гуфтанд, ки Муҳаммад (с) дар хонаи Ибни Абул- арқам аст. Абубакр(р) дар ҳоле, ки дар чашмони эшон хушҳолӣ дида мешуд, гуфт:

— Савганд ба Худо, то ба назди Паёмбари Худо наравам, таому нӯшокиеро ба даҳон намегирам.

Абубакр (р) кӯшиши бархостан ва ба ҷониби Паёмбари Худо рафтан кард, вале аз шиддати дарди сахт мустақилона рафта натавонист. Пас бо кӯмаки модараш Умми Ҷамил ба назди Паёмбари Худо расиданд. Расули акрам (с) Абубакр (р)-ро дар оғӯш гирифта мебӯсиданд. Инчунин тамоми мусалмонони дар он хона буда ӯро дар оғӯш гирифтанд. Расули акрам (с) чун аз ҳоли Абубакр (р) сахт мутаассир гаштанд, Абубакр (р) гуфт:

— Фидои шумо падар ва модарам, эй Паёмбари Худо. Ба ман ба ҷуз чанд зарбае, ки марди фосиқ ба рӯям задааст, дигар чизе нарасидааст, вале ин модари ман аст ва барои ман хеле мушфиқ аст ва шумо муборак ҳастед. Ӯро ба сӯйи Худо даъват кунед, Худовандро барои ҳидояташ дуъо кунед, ки Худованд ба фазли шумо ӯро аз оташи дӯзах наҷот бидиҳад. Расули Худо Умми Ҷамилро ба Ислом даъват намуданд ва ӯ дарҳол имон овард[8].

7. Ҳамҷиворӣ бо паёмбари Худо.

Дар яке аз рӯзҳои офтобӣ, ки гармсел оташи сӯзонро дар Макка мерехт ва офтоб одамонро бо нурҳои чун тозиёнаҳои оташ сӯзони худ мезад ва рег рӯйҳоро тафсонида, пустҳои баданро доғ мемонд, Паёмбар Расули акрам (с) шитобон ба сӯйи Абубакр (р) омаданд, ки дар ин вақти рӯз касе аз хонааш берун намешуд. Одатан одамон субҳи барвақт ва ё баъди шом аз хона берун меомаданд. Ин рӯз – рӯзе буд, ки Худованд ба Расулаш иҷозат дод, ки аз Макка аз байни қавмаш баромада ҳиҷрат намояд. Бинобар ин Расули акрам (с) дар чунин соати авҷи гармо берун омаданд.

Ҳангоме, ки чашмони Абубакр (р) ба ҳабибаш ва нури чашмонаш Муҳаммад(с) афтод бо худ чунин андешид, ки Паёмбари Худо дар чунин вақт бесабаб наомадаанд. Берун омадани Расули акрам (с) аз вуқуъи ҳодисае дарак медод. Абубакр (р) ғарқи чунин андешаҳо буд, ки Паёмбари Худо дохили хона гардиданд. Ҳазрати Абубакр (р) аз болинашон бархоста ва ҷойро барои Расули акрам (с) холӣ карданд ва Паёмбар (с) омада нишастанд. Бо Абубакр (р) ба ҷуз модари мӯъминон Оиша (р) ва хоҳараш Асмо (р) каси дигар набуд. Расули акрам (с) гуфтанд, ки ҳар касе дар хона ҳаст аз назди ман хориҷ кун. Абубакр (р) гуфт:

— Эй Паёмбари Худо, ин ду нафар духтарони мананд, падару модарам фидоятон шаванд.

Паёмбари Худо гуфтанд:

— Худованд ба ман барои аз Макка баромада ҳиҷрат карданро иҷозат дод. Дар ин ҳолат Абубакр (р)-ро ҳолати беқарорӣ фаро гирифт ва дар ҳоле, ки ашки чашмонаш дар рухсораҳояш равон буд, фарёд мекард ва чунин мегуфт:

— Ҳамҷиворӣ, ҳамҷиворӣ бо Паёмбари Худо.

Паёмбари Худо низ гуфтанд:

— Ҳамҷиворӣ, эй Абубакр (р).

Модари мӯъминон Оиша (р) гуфтанд:

— Савганд ба Худо, касеро пеш аз ин надида будам, ки мисли падарам Абубакр (р) аз шодиву фараҳ гиря кунад.

Абубакр(р) ҳама дороии худро ки 5-ҳазор дирҳамро ташкил медод бо худ гирифт ва шитобон ба қасди ҳиҷрат ҳамроҳии Пайёмбари Худо хориҷ шуд. Баъд аз муддате нотавоне бо номи Абуқуҳофа, ки нобино буд, омад (яъне падари Абубакри Сиддиқ). Ӯ бо овози баланд фарёд мекард:

— Савганд ба Худо Абубакр (р) ҳар он чи ки дошт бо худ бурд ва ба шумо чизе нагузошт.

Асмо (р) духтари Абубакр (р) гуфт:

— Бобоҷон, ҳаргиз чунин нест. Падарамон барои мо моли бисёре гузоштааст. Асмо (р) дар идома мегӯяд:

— Дар ҳол сангҳоеро гирифта дар сурохи девори он хонае, ки падарам он ҷо сармояашро нигаҳдорӣ мекард гузоштам. Сипас болои он сангҳоро бо либосе пӯшонида, дасти мӯйсафеди бобоямро болои онҳо гузоштам. Чун мӯйсафед дасташро болои он баста гузошт ва дар зери дасташ будани чизеро эҳсос намуд, хушҳолона гуфт:

— Ҳеҷ боке нест, дар ҳоле ки барои шумо инро гузоштааст. Ҳароина, наҷоти шумо дар ин аст.

Асмо (р) мегуяд:

— Савганд ба Худо, падарам ба мо чизе нагузошта буд, вале ман чунон кардам, то ки мӯйсафедро ором гардонам[9].

8. Рум мағлуб гашт.

Тамоми шаб таблҳои ҷангӣ меғурриданд ва гарду ғуборе ба ҳаво бархоста буд. Шамшерҳои ҷаррор ба монанди офтоби сӯзон ҷило медоданд ва шаби торро ба рӯзи равшан табдил дода буданд. Шӯру ғавғо дар Макка бархост ва мардум бо овози баланд чунин мегуфтанд: Форсҳо ба Румиҳо фирӯз гаштанд.

Мушрикони Макка аз ин хеле хушҳол гаштанд. Хушҳолии онҳо аз ин сабаб буд, ки онҳо ба мисли Форсҳо аз аҳли китоб набуданд. Мусалмонҳо мехостанд, ки Румиҳо бар Форсҳо ғолиб оянд, зеро мусалмонҳо ва Румиҳо аз аҳли китоб буданд. Пас сураи Рум нозил шуд:

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрабон

Алиф, лом, Мим (1). Румиён мағлуб шуданд, (2) дар наздиктарин замин (пасттарин аз сатҳи баҳр) ва пас аз мағлуб шудан бори дигар ғолиб хоҳанд шуд, (3) дар якчанд сол, Худойрост фармон пеш аз ин ва пас аз ин ва он рӯз мусалмонон шодмон шаванд (4).

(Сураи Рум, оятҳои 1 — 4)

Абубакр (р) баромада дар кӯчаҳои Макка ин оятҳоро гаштаю баргашта такрор мекард. Мушрикон гуфтанд:

— Эй Абубакр (р) дӯсти ту мегӯяд, ки румиҳо пас аз якчанд сол, ҳатман, бар форсҳо ғолиб меоянд (дар араб ҳисоби тоқи аз шумораи 10 камро бизъ мегӯянд).

Абубакр (р) гуфт:

Рост гуфтааст.

Пас мушрикон гуфтанд:

— Оё бо мо шарт мебандӣ, ки то муддати 7-сол, агар румиҳо бар форсҳо ғолиб оянд, тибқи хабари Қуръони шумо, мо ба шумо 4-уштури гаронқимат медиҳем ва агар чунон нашуд, шумо ба мо уштурҳоро медиҳед (ва ин кор қабл аз ҳаром гардидани шарт ва гарав буд)? 7-сол сипарӣ гашт, аммо ҳеҷ ҳодисае рух надод. Аз чунин сурат гирифтани кор мушрикон хурсанд гардиданд ва мусалмонон рӯҳафтода шуданд. Ба Расули акрам (с) ин масъаларо гӯшрас карданд. Расули акрам (с) гуфт:

— Дар назди шумо бизъ чанд сол аст?

Ҳазрати Абубакр (р) дар ҷавоб гуфтанд:

-Бизъ дар назди мо ҳисоби солшумориҳои тоқи аз10 поёнро гӯянд. Паёмбари Худо ба Абубакр (р) гуфт:

— Пас бирав ва ду соли дигар изофа намой.

Абубакр (р) рафт ва дар шарт ду соли дигарро илова кард.

Ду соли пурра нагузашта буд, ки ду савора хабари ғалабаи румиҳоро оварданд[10].

1 2 3 4 5 6 7 8Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *