Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Ҳузайфа Ибни Ямонӣ

Агар хоҳӣ аз муҳоҷирин шав ва агар хоҳӣ, аз Ансорӣ шав, пас яке аз ин дуро барои худ ихтиёр кун (ҳадис).

Ҳазрати Расули Худо (с) вақте аввалин бор дар Макка бо Абуҳузайфа мулоқот намуд, бо ин калима ӯро мухотаб қарор дод ва дар ихтиёри Ҳузайфа ибни Ямонӣ яке аз ин ду амрро гузошт. Ин қисаест, ки шуморо дар ҷараёни он қарор медиҳем. Ямон падари Ҳузайфа макки буда аз қабилаи Бани Абс аст, аммо аз ин ки вай дар миёни қабилаи хеш муртакиби қатл шуда буд, маҷбур гардид, ки Маккаро тарк гӯяд ва ба сӯи Мадина раҳсипор шавад ва дар Мадина бо бани Абдулашҳад паймон баст ва бо онҳо равобити хешовандӣ барқарор сохт. Ҳамон буд, ки фарзандаш Абуҳузайфаро ба дунё овард.

Баъд монеъе, ки ӯро аз рафтан ба Макка бозмедошт, аз миён бардошта шуд ва озодона дар миёни Макка ва Мадина рафтуомад дошт. Аммо сукунати вай дар Мадина бештар аз Макка буд. Вақте нури Ислом дар ҷазираи Араб тобид, Ямон падари Ҳузайфа яке аз ёздаҳ нафари бани Абос буд, ки ба ҳузури Расули Худо (с) омаданд ва имони худро дар пешгоҳи вай эълон доштанд ва ин амр дар вақте сурат гирифт, ки ҳазрати Расули Худо (с) ҳанӯз ба Мадина ҳиҷрат накарда буд. Ва аз ин рӯ, Ҳузайфаи Маккиюласл ва Мадина нашъа аст.

Ҳузайфа ибни Ямон дар хонаводаи мусалмонон ба дунё омад ва дар таҳти сарпарастии падар ва модаре, ки аз собиқин ба Ислом буданд, тарбия ёфт. Вай қабл аз он, ки ҳазрати Расули Худоро бинад, имон овард. Ҳузайфа бисёр алоқаманд буд, ки ба дидори ҳазрати Расули Худо (с)- мушарраф гардад ва завқи дидори вайро ҳамеша дар дил мепарварид ва аз вақте, ки имон овард, ахбор ва гузоришотимарбут ба Паёмбари Худо (с)-ро пайгирӣ менамуд вабо кунҷковӣ сифат ва хусусияташро аз мардум мепурсид. Ба ҳар андозае, ки ба хусусияти ӯ ошно мешуд, ба ҳамон андоза ба шӯру шавқи вай меафзуд ва дилаш ба дидори вай метамид. Ҳамон буд, ки ба Макка рафт, то вайро дар он ҷо мулоқот кунад. Ҳамин ки ҳазрати Расули Худоро дид, ба ӯ гуфт: Эй Расули Худо (с), оё ман муҳоҷирам ва ё ансорӣ? Ҳазрати Расули Худо (с) фармуд: Агар хоҳӣ аз муҳоҷирин шав ва агар хоҳӣ аз ансор шав, пас ҳар яке аз ин дуро дӯст дошта бошӣ, барои худ ихтиёр намо. Ҳузайфа гуфт: Эй Расули Худо (с), ман ансориро дӯст дорам.

Вақте ҳазрати Расули Худо (с) ба Мадина ҳиҷрат кард, ҳазрати Ҳузайфа бо ӯ мулозамат намуд ва ҳамеша аз паи вай мерафт ва дар ҳама ғазавот ба ҷуз Бадр бо вай ширкат намуд.

Аммо дар ҷанги Бадр ширкат накардани вай, сабабе дорад, ки худ онро баён намудааст. Вай гуфт: Иллати ҳузур надоштани дар ҷанги Бадр ин буд, ки ману ва падарам дар хориҷ аз Мадина будем, куффори Қурайш моро гирифтанд ва гуфтанд: Қасди куҷо доред? Гуфтем: Мехоҳем Мадина биравем. Гуфтанд: Шумо мехоҳед пеши Муҳаммад биравед. Гуфтанд: Ҳадафи мо танҳо худиМадина аст, эшон моро раҳо накарданд, магар он ки аз мо аҳд гирифтанд, ки Муҳаммадро бар алайҳи онҳо кӯмак ва ёрӣ надиҳем ва дар канори вай бар зидди онон наҷангем ва бо ин аҳд моро раҳо намуданд. Вақте ба ҳузури сарвари коинот омадем ва ӯро аз ҷараёни аҳди худ, ки бо Қурайш намуда будем, огоҳ сохтем ва аз вай пурсидем, ки чӣ бояд кунем? Он Ҳазрат (с) гуфтанд: Ба аҳде, ки бо онҳо бастаед, вафо мекунем ва аз Худованд бар алайҳи эшон истимдод меҷӯем.

Вақте ҷанги Уҳуд фаро расид, Ҳузайфа ҳамроҳи падараш Ямон дар он ширкат намуд. Аммо Ҳузайфа дар ин ҷанг лаҳзаҳои сахтро пушти сар ниҳод ва имтиҳони бузургеро сипарӣ намуд ва босуботу пойдорӣ ҷангид ва аз он солим берун омад. Аммо падараш дар ин ҷанг ба шаҳодат расид, аммо шаҳодати вай ба шамшери мусалмонон сурат гирифт, на ба шамшери мушрикин. Дар зайли ин матлабро, ки чӣ гуна ба шамшери мусалмонон ба шаҳодат расид, пешкаш мекунем.

Вақте рӯзи Уҳуд фаро расид, ҳазрати Расули Худо (с) Яман ва Собит ибни Вақшро дар қалъаҳо ҳамроҳ бо занон ва атфол гузошт, ба хотири он ки ин ду пирамардони солхӯрда буданд, ки қудрати ҷанг карданро надоштанд. Вақте ҷанг шиддат ёфт, Ямон ба ҳамроҳи худ гуфт: Эй мард, мо барои чӣ интизорӣ мекашем? Қасам ба Худо, аз умри ману ту чизе боқӣ намондааст, имкон дорад, ки имрӯз ва ё фардо марг ба суроғамон ояд. Чӣ мешавад, ки шамшерҳои худ гирифта, ба ҳазрати Расули Худо (с) бипайвандем, то шояд Худованд дар ҳамроҳиамон ба ҳазрати Расули Худо (с) шаҳодат насибамон фармояд. Ва баъд шамшерҳои худро гирифта ва дар миёни мардум дохил шудаву дар маърака ба ҷанг пардохтанд.

Аммо Собит ибни Вақш Худованд вайро ба дасти шахсе мушрик шаҳид сохт ва аммо Ямон мавриди ҳамлаҳои паиҳами шамшерҳои мусалмонон қарор гирифт, ки ӯро намешинохтанд. Вақте Ҳузайфа ин саҳнаро бидид, ҳар қадар фарёд зад, ки падари ман аст, падари ман аст, ҳеҷ кас садои вайро нашунид. Дере нагузашта, ки ин пирамард ба асари шамшерҳои ёрон ба замин афтод ва шаҳид шуд ва Ҳузайфа аз ин беш нагуфт, Худованд шуморо бибахшояд ва Худованд Арҳама Раҳимин аст.

Баъд ҳазрати Расули Худо (с) хост вайро ба фарзандаш диҳад, Ҳузайфа гуфт: Ӯ хостори шаҳодат буд ва ба мақсадаш расид, Худоё ту шоҳид бош, ки манфиати ӯро ба мусалмонон садақа намудам ва бо ин ҳарф манзалати худро назди ҳазрати Паёмбар (с) боло бурд.

Ҳазрати Расули Худо (с) Ҳузайфаро дар ин ҳаводис ва рӯйдодҳо бодиққат озмоиш намуд ва аз миёни он озмоиш ба сифатҳои зайл дар вай пай бурд, ҳушёрӣ ва заковати камназир, ки ӯро дар ҳоли мушкилот ёрӣ медиҳад ва ҳозирҷавобӣ ва зудфаҳм будани кадом таклиф ва роздорӣ, ки ҳеҷ як ба рози вай роҳ наёбад.

Сиёсати ҳазрати Расули Худо (с) ин буд, ки хусусияти ҳар як аз асҳобашро дарёбад, то аз неруҳои нуҳуфтаи дарунии онҳо истифода кунад ва ҳар якро дар ҷои муносиби ҳолаш кор фармоед. Аз ин рӯ, бузургтарин мушкиле, ки мусалмонон бо он рӯ ба рӯ будаанд, вуҷудимунофиқин буд, кидар Мадина ба сар мебурданд, ки ҳамвора дасисаҳоро алайҳи ҳазрати Расули Худо (с) ва ёронаш иҷод намуда ва ба роҳ меандохтанд.

Ҳазрати Расули Худо (с) номҳои мунофиқинро якояк ба Ҳузайфа мегуфт, чун вай роздори он буд ва ӯро мукалиф сохта буд, ки ҳаракоти онҳоро зери назорат дошта бошад ва фаъолиятҳояшонро назорат кунад, то Ислом ва мусалмонон аз хатари онон маҳфуз бимонанд. Аз он рӯз сар карда Ҳузайфаро ба номи ёри роздори ҳазрати Расули Худо (с) мехонданд.

Ҳазрати Расули Худо (с) дар яке аз авзоъ ва ҳолатҳои хеле хатарнок ва мусибатбор аз истеъдод ва тавоноии Ҳузайфа дар кори шикаст додани душман истифода бурд. Тавре ки мусалмонон дар ҷанги Хандақ дар муҳосираи душман қарор гирифтанд ва ин муҳосира дер давом кард ва ҳолат бар мусалмонон сахт омад ва дар тангии азиме гирифтор шуданд ва косаҳои сабрашон лабрез гардид ва тоқатҳои эшон сар омад, то он ҷо ки шак дар дили баъзе мусалмонон роҳ ёфт.

Дар ин авзоъ ва ҳолати маргбор ҳолати Қурайш ва ҳам паймонони мушрикашон чандон беҳтар аз аҳволи мусалмонон набуд. Онҳо низ дар шароити хеле баде ба сар мебурданд.

Ҳамон буд, ки Худованд ғазаби худ бар онҳо фурӯ рехт ва қудрату тавоноиашон ба заъф гароид ва тасмимашон мутазалзал шуд. Аллоҳ таъоло чунон бодеро ба сари онҳо фиристод, ки хаймаҳояшонро бар сарашон вожгун сохт ва дегҳояшонро сарнагун кард ва оташашонро хомӯш ва чашму рӯяшонро пур аз хошок намуд. Дар чунин ҳолати сарнавиштсози ҷанг, шикаст ва расвоии онҳоест, ки пеш аз дигарон шӯр ва фарёд барорад ва нороҳатӣ ва бе суботӣ дар вай зоҳир гардид ва пирӯзӣ аз он заноест, ки сабр ва бурдборӣ ва субот ва истиқомат аз даст надиҳад.

Дар лаҳазоте, ки сарнавишти ҷангҳо рӯшан мегардад, истихбороти артиш дар ҷиҳати арзёбӣ вазъи ҷиҳати муқобили метавонад нақши муассире дошта бошад ва машварати лозим бидиҳад. Дар ин вақт буд, ки ҳазрати Расули Худо (с) ба истеъдодҳои Ҳузайфа ибни Ямон ва таҷрибаҳои вай зарурат эҳсос намуд ва тасмим гирифт, ки вайро дар торикии шаб ба қалби душман бифиристад, то иттилое аз онҳо ба даст орад, қабл аз он, ки файсаларо содир кунад.

Ҳоло худи Ҳузайфа аз ин маъмурияте, ки ҳазрати Расули Худо (с) ба вай фармудааст, ҳикоят мекунад.

Ҳузайфа гуфт: Мо дар ин шаб нишаста будем ва Абусуфён ва ҳамроҳонаш аз мушрикини Макка дар болои сари мо қарор дошт ва яҳудиёни бани Қурайза дар поин аз мо мавзеъ гирифта буданд ва аз он бим доштем, ки ба зану фарзанди мо даст дароз кунанд ва ҳеҷ шабро сиёҳтар ва туфонитар аз он шаб надида будем. Садои бод он шаб ба гунаи сахт буд ва шиддати торикиаш ба ҳадде буд, ки мо ангушти дасти худро намедидем.

Мунофиқон ба иҷозахоҳӣ аз ҳазрати Расули Худо (с) шурӯъ намуданд ва гуфтанд дар хонаи мо касе нест ва хонаҳои мо барои душман боз аст, дар ҳоле, ки чунин набуд. Ҳеҷ як аз онон иҷоза нахост, магар он ки ҳазрати Расули Худо (с) ба вай иҷоза дод ва ишон оҳиста-оҳиста худро кашиданд ва мо дар ҳудуди сесад тан боқӣ мондем.

Дар чунин фурсате ҳазрати Расули Худо (с) бархост ва аз назди ҳар яки мо мегузашт ва бадиққат ҳар яки моро аз назар мегузаронид. Вақте ба назди ман расид ва дар ҳоле, ки чизе бар бадан надоштам, то он ки худро аз сардӣ муҳофизат намоям, ба ҷуз аз чодаре, ки аз ҳамсарам ба худ доштам. Вақте ба ман, ки ба замин бар шикам хобида будам, наздик шуда гуфт: Ин кист? Гуфтам: Ҳузайфа. Фармуд: Ҳузайфа? Аз шиддати сардӣ ва гуруснагӣ, ки моро фаро гирифта буд, худро бештар ба замин часпонидам, то барнахезам. Гуфтам: Эй Расули Худо (с), бале Ҳузайфа ҳастам, Фармуд: Фикр мекунам, ки дар миёни ин мардум ҳодисае рух додааст, оҳиста худро дар миёнашон зан ва аҳволашонро ба ман биёвар. Дар ҳоле, ки ман беш аз ҳамаи эшон тарсида будам ва сармо маро гирифта буд, берун шудам. Ҳазрати Расули Худо (с) фармуд: Худоё, ӯро аз пеши рӯй ва аз пушти сар ва аз тарафи рост ва аз сӯи чап ва аз боло ва аз поин нигаҳ дор. Қасам ба Худо, дуои ҳазрати Расули Худо (с) ба итмом нарасида буд, ки Худованд хавф ва ҳаросро аз дили ман бардошт ва сардиро аз баданам дур кард. Вакте ба қароргоҳи душман рӯ ниҳодам, ҳазрати Расули Худо (с) аз ақиб фарёд зад ва гуфт: Эй Ҳузайфа, ҳуш дошта бошӣ, ки дар миёни мардум коре аз ту сар назанад, то он ки хабари ишон ба ман орӣ. Гуфтам: Дуруст аст. Ман ба роҳ афтодам ва дар миёни торикӣ ба сӯи онҳо роҳ кушудам, то он ки дар миёни лашкари онҳо даромадам ва худро дар миёнашон чунон ҷо задам, ки гӯё як тан аз онҳо буда. Дере нагузашт, ки Абусуфён дар миёнашон бархост ва суханронӣ кард ва гуфт: Эй ҷамъи Қурайш, ман мехоҳам ба шумо матлаберо бозгӯ кунам ва аз он метарсам, ки ин ҳарф мабодо ба Муҳаммад бирасад. Бинобар ин ҳар як аз шумо шахси паҳлӯи худро шиносоӣ кунад. Ҳамон буд, ки ман пешдастӣ намудам, дасти шахсе, ки дар паҳлӯяш нишаста буд, бирафтам ва ба ӯ гуфтам: Кистӣ? Гуфт: Фалон ибни фалонӣ.

Баъд Абусуфён гуфт: Эй ҷамъи Қурайш, қасам ба Худо, шумо дар ҷое ором нагирифтаед, маркабҳоямон ҳалок гардид ва бани Қурайза аз ҳамкорӣ бо мо даст бардошт ва аз шиддати гардӣ бод, ба ҳолате расидаем, ки худи шумо мебинед. Бору банди худро бибандед ва равон шавед ва ман равон хоҳам шуд. Баъд ба сӯи шутури худ рафт ва зимоми он боз кард ва ба он савор шуд ва ба роҳ афтод. Агар насиҳати ҳазрати Расули Худо (с) намебуд, ки муртакиби коре нашавам, метавонистам бо тир корашро яктарафа созам.

Дар ин ҳолат буд, ки ман назди ҳазрати Расули Худо (с) омадам, дидам ки истода ва бар чодари баъзе аз ҳамсаронаш намоз мехонд. Вақте маро дид, ба поини пояш хост ва гӯшае аз чодарашро ба рӯям андохт ва ӯро аз ҷараён огоҳ сохтам, аз шунидани ин хабар бисёр хушҳол шуд ва Худоро ҳамду сано гуфт.

Ҳузайфа ибни Ямон то вақте, ки зинда буд, бар асрори мунофиқин амин боқӣ монд ва хулафо дар амри мунофиқин ба вай рӯй меоварданд, то он ҷо ки вақте агар касе вафот мекард, ҳазрати Умар ибни Хаттоб савол мекард, ки оё Ҳузайфа дар ҷанозааш ҳузур ёфтааст? Агар мегуфтанд: Бале, дар ҷанозааш ҳозир мешуд ва бар вай намоз мехонд ва агар мегуфтанд, ки ҳозир нашуд, дар он шак мекард ва аз намоз хондан бар вай худдорӣ менамуд.

Боре ҳазрати Умари Форуқ аз вай пурсид, оё дар миёни коргардони ман аз мунофиқин касе ҳаст? Гуфт: Фақат як нафар аст. Гуфт: Ӯро ба ман нишон бидеҳ. Гуфт: Чунин накунам. Ҳузайфа гуфт: Дере нагузашт, ки Умар ӯро аз вазифа барканор сохт, гӯё ин ки ба шинохти вай пай бурд. Шояд бисёр кам мардум бидонанд, ки Ҳузайфа ибни Ямон дар фатҳи Наҳованд ва Динавар ва Ҳамадон ва Рай нақши асосӣ доштааст ва ӯ буд, ки мусалмононро бар як мусҳаф ҷамъ намуд. Ва бо вуҷуди ин дастовардҳо вай дар бораи худ аз Худованд сахт метарсид ва аз азоби Аллоҳ сахт бим дошт.

Вақте бемории маргаш фаро расид, баъзе асҳоб дар ними шаб ба аёдаташ омаданд. Гуфт: Ин чӣ вақт аст? Гуфтанд: Қариби субҳ аст. Гуфт: Ба Худо паноҳ мебарам, аз субҳе, ки маро ба оташ баранд. Ба Худо паноҳ мехоҳам, аз субҳе, ки маро ба оташ мебаранд. Баъд гуфт: Оё бо худ кафан овардаед. Гуфтанд: Бале. Гуфт: Дар кафанҳо зиёдатӣ накунед, агар назди Худованд подош дошта бошам, ба ивази он бароям подош дода шавад. Ва агар чунин набошад, ин якро ҳам аз ман гиранд ва баъд гуфт: Эй Худованд, ту медонӣ, ки фақрро бар ғино писанд доштам ва зиллатро бар иззат бартар доштам ва маргро бар зиндагӣ баргузида будам.

Баъд дар ҳоле, ки рӯҳ аз баданаш берун мешуд гуфт: Дӯст аст, ки бар шавқ ин ҷо омадааст, пирӯз нагардад касе, ки пушаймон шавад.

Худованд Ҳузайфаро раҳмат кунад, вай дар миёни мардум аз тирози нодир ва камёб буд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *