Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Саъд Ибни Абиваққос

Аъузу биллоҳи минаш-шайтони раҷим.

Бисмилоҳир раҳмони раҳим. Ва ҳукм фармудем одамиро ба нисбати падар ва модари вай дар шикам бардоштааст вайро модари вай дар ҳоли сустӣ болои сустии дигар ва аз шир боз кардани ӯ дар ду сол ба ин мазмун, ки шукргузорӣ кун, Маро ва падару модари худро ба сӯи ман аст, бозгашт ва агар кӯшиш кунанд ба ту бар он, ки шарик муқаррар кунӣ, бар ман чизе, ки нест туро ба он дониш, пас фармонбардории ишон макун ва сӯҳбат дор ба ишон дар маишати дунё ба ваҷҳи писандида ва пайравӣ, ки роҳи касе, ки руҷӯъ дорад, ба сӯи ман боз ба сӯи ман аст руҷӯъи шумо пас хабар диҳам, шуморо ба он чӣ мекардед (15), (Сураи Луқмон).

Нузули ин оят достони аҷиб дорад. Дар ин оят авотифи мухталиф дар ниҳоди ҷавон бо ҳам дар ситеза аст ва дар ин мубориза хайр бар шар ва имон бар куфр зафар меёбад.

Қаҳрамони ин достон ҷавони барӯманде аст аз ҷавонони Макка, ки дар ному насабаш шӯҳрати офоқ дорад. Ин ҷавон ҳамоно Саъд ибни Абиваққос (р) буд. Вақте нури нубувват дар Макка тулӯъ намуд Саъд дар унвони ҷавонӣ қарор дошт ва ба падару модараш сахт муҳаббат меварзид ва бахусус муҳаббати модарашро ба ҳама бартар медошт ва бо вуҷуди он, ки Саъд дар он давр ҳафдаҳсола буд, дар вай ақли кӯҳансолон ва ҳикмати бузургмардон ба мушоҳида мерасид. Ӯ чун соири ҳамтоён ва ҳамсолони худ вақти худро ба умури лаҳву ва лаҳаб сипарӣ намекард ва ӯро аз ин корҳои паст ва ҳақир хуш намеомад. Балки вақти худро дар сохтани тирҳо ва ислоҳи камонҳо ва нишонзанӣ сипарӣ мекард, гӯё чунин дошт, ки худро барои кори муҳиме омода месозад. Вай низ аз ин ақида ва андешае, ки қавмихудро бар он ёфта буд, мутмаин ба назар намерасид ва интизори он дошт, ки кош дасти ғайбе ба сӯи ин мардуми дар банди ҷаҳлу нодонӣ дароз гардад ва онро аз ин бадбахтӣ, ки ба он рӯбаруст, наҷот диҳад. Дар ҳоле, ки вай ғарқи чунин афкор буд, иродаи Худо бар он рафта буд, ки дасти меҳрубони дилсӯз ба сӯи инсоният дароз гардад ва ӯро аз ин вартаи ҳалокат ва нобудӣ наҷот диҳад. Ҳамон буд, ки сайиди коинот ҳазрати Муҳаммад ибни Абдуллоҳ дар ҳоле, ки машъале аз нури Худо, Қуръони карим дар даст дошт, аз тарафи Худованд ба паёмбарӣ мабъус гардид.

Саъд ибни Абиваққос бедаранг ба сӯи вай шитофт ва ба Паёмбар лаббайк гуфт ва аз ҳидояташ пайравӣ намуд ва роҳи ҳақ дар пеш гирифт. Вай сеюмин ва ё чаҳорумин касе буд, ки ба нубувваташ имон овард ва аз ин лиҳоз, вай ҳамеша бо ифтихор мегуфт: Баъд аз рисолаташ ҳафт рӯз даранг намудам ва ман саввумин касе будам, ки имон овардам. Ҳазрати Расули Худо (с) ба имон овардани вай сахт масрур ва хушҳол гардид, чун дар вай аломати наҷобат ва нишонаҳои бузургмардеро медид ва навиддиҳандаи он буд, ки дар оянда нақши муҳимеро дар ҷиҳати эъломи ин дин ифо хоҳад кард.

Саъд аз чунон як насаби олӣ ва иззати ном бархӯрдор буд, ки ҳар ҷавон аз ҷавонони Маккаро ташвиқ менамуд, ки ба гунаи вай гом бардоранд ва ба мисли вай ба ҳақ рӯй оваранд ва илова бар ин ҳама вай аз тағоҳои ҳазрати Паёмбар (с) маҳсуб мегардад, чун вай аз бани Зӯҳра буда ва бани Зуҳра аҳли Омина бинти Ваҳб модари ҳазрати Расули Худост. Ҳазрати Расули Худо (с) ба ин тағои худ изҳори ифтихор намуд. Дар ривоят омадааст, ки рӯзе он ҳазрат (с) ҳамроҳи ёронаш нишаста буд, дид, кит саъд ибни Абиваккос гуфт: Ин тағои ман аст, агар мард ҳастед, тағои худро ба ман нишон диҳед. Аммо Ислом овардани Саъд ибни Абиваққос осон воқеъ нашуд, балки ин ҷавони мӯъмин таҷрибаи сахтро пушти сар ниҳодааст, то он ки Худованд дар бораи вай оятеро нозил кард. Акнун худи вайро мегузорем, то ҳикояте аз ин саргузашт намояд. Саъд гуфт: Се шаб қабл аз он ки имон орам, хобе дидам, чунон хобе, ки гӯё ман дар миёни торикиҳои ба ҳам анбошта ғарқ шуда бошам ва дар миёни он дасту ва по мезанам. Дар ин асно буд, ки моҳтобе бар ман рӯшанӣ афканд ва аз паи вай равон шудам. Дидам ки ҷамъе бар ман сабқат гирифта ва дар пеши рӯям ба сӯи ин моҳтоб равонанд. Ман дар ин ҷамъ Зайд ибни Ҳориса ва Алӣ ибни Абитолиб ва Абубакри Сиддиқро дидам ва ба ишон гуфтам: Шумо аз чӣ вақт ба ин сӯ дар ин ҷо омадаед? Гуфтанд: Ҳамин ҳоло.

Баъд вақти шаб рӯз шуд, хабар шудам, ки Расули Худо (с) хуфя мардумро ба Ислом даъват мекунад, донистам ки ҳатман Худованд ба ман иродаи хайр намудааст ва хостааст, ки ба сабаби вай маро аз торикиҳо ба сӯи нур ҳидоят намояд. Ҳамон буд, ки шитобон назди вай рафтам, то он ки ӯро дар водии Ҷиёд (дарае аз дараҳои Макка) дар ҳоле, ки намози аср хонда буд, ёфтам. Дар ҳузураш мусалмон шудам ва ба ҷуз инҳое, ки ман эшонро дар хоб дида будам, дигар ҳеҷ як бар ман дар қабули Ислом сабқат накардааст.

Баъд Саъд ҳикояти имон оварданашро давом дода афзуд: Вақте модарам аз мусалмон шудани ман иттилоъ ёфт, хашму ва ғазабаш афрӯхта гардид ва ман дар он вақт ба вай бисёр хидмат мекардам ва ӯро сахт дӯст доштам.

Модарам ба ман рӯй оварда гуфт: Эй Саъд, ин дин, ки ту ба он гаравиди ва туро аз дини падару модарат боздоштааст, чӣ дин аст. Қасам ба Худо ё аз ин дин сарфи назар мекунӣ ва ё он, ки хӯрдан ва нӯшиданро тарк хоҳам кард, то он ки бимирам ва он гоҳ аз ғами ман дилат хунбор хоҳад шуд ва то зинда ҳастӣ, ин ҳасрат бар дилат хоҳад монд ва ангушти надомат бар даҳан хоҳӣ зад ва мардум туро Абадуддаҳр таъна хоҳанд зад.

Ба ӯ гуфтам: Ай модар, чунин макун, ман динамро ба хотири ҳеҷ амре тарк нахоҳам гуфт.

Аммо вай ба таҳдиди худ амал кард ва аз хурду нӯш ибо варзид ва чанд рӯзеро ба ин минвол сипарӣ намуд, то он ки ҷисмаш рафта-рафта заъиф гашта, ҳолаташ вахим шуд ва ман ҳар вақт ва ҳар лаҳза наздаш меомадам ва аз вай тақозо мекардам, ки чизе бихӯрадваё бинӯшад. Вале вай ба шиддати худ меафзуд ва қасамашро такрор мекард, то, он вақт ман аз дини худ нагардам, вай чизе ба даҳон намезанад. Ин бор қотеъона ба вай гуфтам: Эй модар, бо вуҷуди муҳаббати шадиде, ки нисбат ба ту дорам, муҳаббати Худо ва Расулаш дар дили ман болотар аз ҳар муҳаббати дигар аст ва қасам ба Аллоҳ, ки агар ҳазор ҷон дошта бошӣ ва яке аз паи дигар аз тани ту берун шавад, ман ин дини худро дар бадали ҳеҷ чиз тарк нахоҳам кард. Вақте модарам дид, ки ман ба ҳарфи худ устувораи ҳастам ва яқин намуд, ки аз дини худ барнамегардам, бо вуҷуди норозӣ буданаш ба хурду нӯш оғоз намуд. Ҳамон буд, ки Худованди азза ва ҷалла ин оятро дар бораи ман нозил фармуд: «Ва агар кӯшиш кунанд, бо ту бар он ки шарик муқаррар кунӣ, бо ман чизе, ки нест, туро ба он дониш, пас фармонбардории ишон макун ва сӯҳбат дор ба эшон дар маишати дунё ба ваҷҳи писандида (Сураи Луқмон, ояти 15).

Рӯзи Ислом овардани Саъд ибни Абиваққос (р) сароғози хайре буд барои мусалмонон ва даъвати исломӣ.

Дар рӯзи Бадр Саъд ва бародараш Умайр мавқеъи мардона гирифтанд, Умайр дар он рӯзи нав ба синни ҷавонӣ қадам гузошта буд, вақте ҳазрати Расули Худо (с) дар рӯзи Бадр лашкари худро қабл аз оғози ҷанг мавриди муоина қарор дод. Умайр бародари Саъд худро аз назари он ҳазрат махфӣ дошт, аз тарси он, ки мабодо вайро бубинад ва аз ширкати вай дар ҷанг монеъ гардад. Аммо ҳазрати Расули Худо (с) ӯро дид ва баргардонид. Умайр ба гиристан оғоз кард, то он ки дили ҳазрати Расули Худо (с) ба вай сӯхт ва ӯро иҷоза дод.

Дар чунин фурсате Саъд хушҳолона ва масрур ба вай рӯй овард ва банди шамшерашро ба хотири хурдсолиаш дар гардани вай баст ва ҳарду бародар ба ҷиҳод дар роҳи Худо пардохтанд. Вақте ҷанг поён ёфт, бародараш Умайрро шаҳид ва саҳнаи ҷиҳод гузошт, ва худ танҳо ба Мадина баргашт ва мусибати шаҳодати бародарашро назди Худованд ҳисоб кард.

Ва дар рӯзи Уҳуд вақте мусалмонон мутазалзил шуданд ва ҷамъиятҳояшон пароканда шуд ва аз перомуни ҳазрати Расули Худо (с) дур шуданд, то он ҷо, ки ба ҷуз чанд нафари маҳдуд касе боқӣ намонд, Саъд ибни Абиваққос бо мардонагӣ ва шаҳомат аз ҳазрати Расули Худо (с) дифоъ менамуд ва бо тирҳои хеш мушрикинро ҳадаф қарор медод ва чунон дар нишонзанӣ маҳорат дошт, ки ҳеҷ тири вай ба хато намерафт ва ҳатман як мушрикро аз пой меандохт. Вақте ҳазрати Расули Худо (с) ин шаҳомат ва тирандозии ӯро дид, вайро ташвиқ намуда гуфт: тир андоз, эй Саъд, падару ва модарам фидоят ва бо ин таҳсини ҳазрати Расули Худо (с), Саъд то вақте, ки зинда буд, ба худ меболид ва мегуфт: Ҳазрати Расули Худо (с) падар ва модарашро фидои ҳеҷ кас накардааст, магар барои ман, дар ҳоле, ки Саъд қабл барои ин падар ва модари худро фидои Расули Худо (с) намуда буд.

Аммо Саъд вақте ба қуллаи азамат ва номоварӣ расид, ки ҳазрати Умари Форуқ тасмим гирифт, то лашкареро ба ҷанги форсҳо бифиристад, то тоҷу тахт онҳоро нобуд кунад ва подшоҳӣ ва салтанати онҳоро дар ҳам резад ва осори ширк ва бутпарастии онҳоро аз рӯи замин барчинад. Ҳамон буд, ки ҳазрати Умар номаҳое ба кордорони хеш дар гӯшаву канори мамлакати Исломӣ фиристод ва аз онҳо тақозо намуд, то ҳар он касе, ки силоҳ дорад ва ё маркаб ва ё ҳар кӯмаки дигаре, ки муҷоҳиддинро дар ҷиҳодашон кӯмак кунад, ба даст дошта бошад ва ё мардумони соҳиби райъу андеша ва ё шоири ҳамосаро ва ё хатиби чирадаст, назди вай ба Мадина бифиристанд.

Ҳамон буд, ки аз ҳар сӯ ҷамъиятҳо анбӯҳе як паи дигар вориди Мадина шуданд, вақте вуҷуди муҷоҳиддин хомил шуд, ҳазрати Умари Форуқ мардумони аҳли раъйро ҷамъ кард ва аз ишон хост, то касеро ба сифати сарфармондеҳи ин лашкар интихоб кунанд. Ҳама ба як овоз гуфтанд: Саъд ибни Абиваққос шоистаи чунин корест.

Ҳамон буд, ки ӯро ба ҳузури хост ва парчами лашкарро ба номаш баст. Вақте ин лашкари бузург хост Мадинаро тарк кунад. Ҳазрати Умар ибни Хаттоб барои видоъи он бархост ва сарлашкари онро тавсия намуда гуфт: Эй Саъд, набояд ба ин мағрур шавӣ, ки мардум бигӯянд, ки тағои Расули Худост ва ё аз асҳоби Расули Худост, зеро Худованд бадиро ба бадӣ маҳв намекунад, валекин Худованд бадиро ба хубӣ маҳв месозад. Эй Саъд, дар миёни Худо ва банда ҷуз тоъат ҳеҷ гуна равобит қаробат вуҷуд надорад, дар пешгоҳи Худованд фақир ва ғанӣ яксонанд. Худо Парвардигори эшон ва ишон бандагони ваянд ва танҳо ба меъёри тақво назди Худованд фазилат касб кунанд ва ризои Аллоҳ ба тоъат дармеёбанд. Ҳамон тавре, ки Расули Худо (с)-ро ёфтӣ, бар он шева идома деҳ. Ин аст дастури ман.

Дар ин лашкар 99 нафар Бадри ва беш аз сесад нафар саҳоби, ки дар миёни байъати Ризвон ва мо баъди он шарафи сӯҳбат ёфта буданд, сесад тан аз онҳое, ки дар фатҳи Макка ҳамроҳ бо ҳазрати Расули Худо (с) ширкат дошта буданд, ҳафтсад нафар аз фарзандони асҳоб саҳм гирифтанд.

Ҳазрати Саъд бо ин ҷамъ ба роҳ афтод ва дар Қодиса лашкари худро амри таваққуф дод. Вақте рӯзи сарнавиштсоз фаро расид, душманро чунон дар муҳосираи худ гирифтанд ба гунае, ки дасттвона банди дастро дар иҳотаи худ мегирад ва такбиргӯён дар миёни сафи душман нуфуз намуданд. Дар ин асно буд, ки сарлашкари лашкари форс бар сари найзаҳои мусалмонон баланд шуд, тарс ва ваҳшат дар суфуфи душман роҳ ёфт, то онҷо, ки мусалмоне ба марди форсе ишора мекард, наздаш меомад ва ӯро мекушт ва чӣ басо, ки ба силоҳ даст дошта, худаш ӯро ба қатл мерасонд. Аммо ғаниматҳои ҳисоб макун ва аммо аз шумори куштагон, ки ба ғарқ шудан ҳаёти худро аз даст доданд, вақте шумораи онро гирифтанд, шумораашон ба сӣ ҳазор нафар расид. Саъд умри дароз хӯрд ва Худованд барои вай мол ва зиндагии зиёде насиб намуд. Аммо вақте маргаш фаро расид, ҷомаи пашмини кӯҳнаро хост ва гуфт: Маро дар ин ҷома кафан кунед, чун дар ин ҷома дар рӯзи Бадр бо мушрикин ҷангидам ва ман мехоҳам бо он ҷома Худовандро мулоқот кунам. Разияллоҳу анҳу ва арзоҳ.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *