Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Пурра намудани паймона ва тарозу

Пурра намудани паймона ва тарозу

18 — Аз Абдуллоҳ писари Аббос (р) ривоят шуда, ки вақте Паёмбари Худо (с) ба Мадина омаданд, мардуми онҷо дар паймона ва тарозу палидтарини мардумон буданд, бинобар ин Худованди бузург ояҳои зеринро нозил фармуд: “Вой ба ҳоли ашхосе, ки ҳаққи мардумро мекоҳанд (яъне кам карда медиҳанд)”.

Баъд аз ин мардуми Мадина вазн ва паймонаро хуб кардаанд.

(Ин ҳадисро Ибни Моҷа ривоят кардааст)

  1. — Шарҳи ҳоли ровӣ:

Абдуллоҳ писари Аббос, Аббос писари Абдулмутталиб, Қурайшӣ ва Ҳошимӣ мебошад. Мавсуф фақиҳ ва донишманди беназири уммати Исломӣ буда, яке аз ёрони бузурги паёмбар ба ҳисоб меравад, ки аҳодиси фаровоне аз он ҳазрат (с) ривоят кардааст. Дар соли 68-и ҳиҷрӣ дар синни 72 солагӣ ба дорулбақо риҳлат кардааст.

  1. — Шарҳи маънои ҳадис:

Таълимот ва асосҳои волои Ислом ба пуррагӣ бе каму зиёд додани паймона ва тарозу ва сидқу ростӣ намудан дар ҳама муъомалот ва инчунин ба додани ҳақи мустаҳиқон амр

менамояд. Ҳамчунин ӯ аз кам намудани ҳақи мардум дар паймона ва тарозу ва хиёнат намудан дар муъомалоти тиҷорӣ манъ кардааст. Худованди мутаъол мефармояд:

Ва бисанҷед (баркашед) ба тарозуи рост ва ба мардум чизҳояшонро носара надиҳед ва бебокона дар замин фасод накунед.

(“Шуъаро” 181-182)

Дар ҳадисе, ки Ҷобир (р) ривоят карда, омадааст: Паёмбари Худо (с) аз ӯ шутуреро харид, сипас он шутурро барояш вазн карданд ва палаи тарозуро баробар намуданд.

Эй мусалмон! Ҳақиқатан Худованд туро дар ду коре, ки паймона ва тарозу мебошад, довар гардондааст. Аз ҳамин ҷиҳат дар ин ду кори хатарнок ҳамеша одил бош. Ҳар вақте барои касе чизеро баркашидӣ ё бо паймона бисанҷӣ, албатта ҳақи ӯро кам накарда бидеҳ ва дар муъомалоти савдо ва хариду фурӯш пок бош, то дар корҳоят баракат ҳосил намуда, дар охират ҳам музду подоши илоҳиро ба даст биёрӣ. Ҳар касе, ки ҳаққи мардумро дар тарозу ва паймона бикоҳад, (кам кунад) дар ҳақиқат хештанро дучори ғазаб ва азоби илоҳӣ сохтааст, чи тавре ки Худованд бар умматони гузашта хашм намуда, онҳоро мавриди азобу кайфари хеш қарор дод, зеро онҳо ҳақи худро аз мардум пурра ситонда, вале дар аснои додани ҳақи эшон онро мекостанду пурра намедоданд.

3 — Фавоид ва дастуроти ҳадис:

  1. — Тарғиб намудан ба ин ки ҳақи мардум дар паймона ва тарозу бояд пурра, бидуни каму кост дода шавад ва умуман дар тамоми муъомалоти иҷтимоъӣ бояд аз садоқат ва ростӣ кор гирифта шавад.
  2. — Ҳаром будани фиреб ва хиёнат дар хариду фурӯш. 3 — Таҳдиди ба марг ва ҳалокат барои касе, ки дар тарозу ва паймона ҳақи дигаронро коста, мехӯрад.

4 — Пурсишҳо:

1 — Таълимоти исломӣ дар мавриди паймона ва тарозу ба кадом корҳо амр бинмуда ва аз кадом корҳо манъ карда аст? 2 — Уқубат ва сазои ашхосе, ки дар паймона ва тарозу хиёнат меварзанд, чист?

3 — Касе, ки дар паймона ва тарозу хиёнат накунад, чӣ фоидаеро ба даст хоҳад овард?

ҲАРОМ БУДАНИ ҲАСАД ВА БАДБИНӢ НИСБАТИ ҲАМДИГАР

19 — Аз Анас (р) ривоят аст ки паёмбар (с) фармуд: “Бо ҳамдигар душманӣ, ҳасад ва қатъи робита нанамоед ва бо ҳамдигар пушт надиҳед. Эй бандагони Худо, бо ҳам бародар бошед ва барои ҳеҷ мусалмоне раво нест, ки беш аз се рӯз бародарашро тарк кунад (бо ӯ қаҳрӣ кунад ё қатъи робита ва алоқа намояд).”

  1. — Шарҳи ҳоли ровӣ дар ҳадиси шумораи 2 гузаштааст.
  2. — Шарҳи маънои ҳадис:

Дар ин ҳадис паёмбар (с) моро чунин тавсия ва панд медиҳад, ки бояд бо ҳамдигар бародарвор муъомалаи исломӣ намоем, зеро муъомалаи мазкур ба мо ахлоқи писандида меомӯзаду аз рафтору кирдори бад моро боз медорад, инчунин аз дилҳоямон буғзу кинаро пок сохта, рафтори накӯ ва бархурди хуб намудан бо ҳамдигарро дар сиришти мо эҷод менамояд.

Ҳамчунин паёмбар (с) дар сухани хеш ба ин нукта ишора менамояд, ки робитаи бародарӣ дар Ислом аз робитаи насабӣ ва хунӣ қавитар мебошад, зеро асосу пояи робитаи бародарӣ имони ба Худо мебошад. Аз ҳамин ҷиҳат барои мусалмон раво нест, ки беш аз се рӯз бо бародараш қаҳрӣ кунад ё аз вай руй битобад, модоме ки амали мазкур сабаб ва омили

динӣ надошта бошад. Агарбародараш кадом кори мухолифи динро намуда, ӯро чандин бор насиҳат намояд, вале ӯ аз амали мазкур даст накашад, дар ин сурат ҷоиз аст, ки бо ӯ қатъи робита намояд, шояд ки бародараш аз рафтори ӯ мутаассир гашта аз кори бад даст бардорад. 3 — Фавоид ва андарзҳои ҳадис:

  1. — Ҳаром будани душманӣ, ҳасад, қатъи робита намудан ва пушт гардондан ба якдигар.
  2. — Манъ намудани озордиҳии мусалмон ба кадом сурате, ки бошад.
  3. — Ҳаром будани қаҳрикунӣ ва қатъи равобит бо бародари мусалмон беш аз се рӯз.
  4. — Тамоми корҳои зикр шуда аз таълимоту ахлоқи исломӣ дур мебошад.

4 — Пурсишҳо:

  1. — Чаро Худованд аз ҳасад ва пушт кардан ба ҳамдигар манъ кардааст?
  2. — Шахси мусалмон кадом вақт метавонад бо бародараш аз се рӯз бештар қаҳрӣ карда, қатъи равобит намояд? 3 — Бо истифода аз мазмуни ин ҳадис дар мавриди робитаи бародарӣ дар Ислом сухан гӯед!

МАСЪУЛИЯТИ ҲАР ФАРД АЗ РАЪИЯТ ВА ЗЕРДАСТОНАШ

20 — Аз писари Умар (р) ривоят шуда, ки гуфт аз Расули Худо (с) шунидам, ки мефармуд: “Ҳамаи шумо чӯпонед ва ҳар кадоми шумо аз раъияти худ пурсида мешавед. Раҳбар чӯпон аст ва масъули раъияти худ аст. Мард дар хонаводааш чӯпон аст ва масъули раъияти худ аст. Зан ҳам дар хонаи шавҳараш чӯпон ва масъули раъияти хеш аст. Хидматгор низ дар моли оқои худ чӯпон аст ва ӯ аз раъияти худ бозхост мешавад. Ҳамаи шумо чӯпонед ва аз раъияти хеш пурсида мешавед.”

1 — Шарҳи ҳоли ровӣ дар ҳадиси шумораи 6 зикр гардидааст. 2 — Шарҳи маънои ҳадис:

Ҳадиси мазкур баёнгари ин аст, ки ҳар фард аз раъияту зердастонаш, ки Худованд ӯро бар онҳо сарпараст гардондааст, масъул ва ҷавобгар мебошад, то ки ӯ дар раъияти хеш (зердастон) адл намуда, манфиъати онҳоро ҳимоя намояд.

Биноан бар тамоми шахсоне, ки дар ин ҳадис зикр шудаанд, лозим аст, ки ба корҳои зердастони худ пардохта, онҳоро насиҳат намуда, бакорҳоидинӣ ва дунявиашон ошно созанд ва низ аз Худованд дар мавриди ҳуқуқи онҳо битарсад, то ин ки ба қаҳру азоби илоҳӣ мубтало нагардад.

3 — Фавоид ва андарзҳои ҳадис:

  1. — Тарғиб намудани раҳбарон ва сарпарастон ба нармӣ ва меҳрубонӣ нисбати раъияту зердастони хеш, инчунин онҳоро ба корҳои хуб тавсия ва насиҳат намоянд.
  2. — Бим додани касоне, ки сарпарасти умури муслимин гардида, нисбат ба онҳо хунукназарӣ ё бепарвоӣ карда бошанд.
  3. — Тарғиб намудани ҳокимону сарпарастон ба адолат ва баробарӣ дар миёни зердастони худ.
  4. — Пурсишҳо:
  5. — Масъулияти шахси роҳбар ва сарпараст чӣ мебошад?
  6. — Чӣ гуна зан чӯпони хонаи шавҳараш мебошад? 3 — Чӣ гуна коргар ва муваззаф чӯпон ва ҷавобгари амали хеш ҳастанд?

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *