Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Абдуллоҳ Ибни Ҷаҳш

Ин саҳобие, ки пиромунаш сӯҳбат хоҳем кард, яке аз он ёрони босафое аст, ки дар рӯзгорони нахустини даъват дини Исломро пазируфта ва ба ҳазрати Расули Худо (с) робитаи наздик дошта ва ба вай сахт дил баста буд.

Вай писари аммаи ҳазрати Расули Худо (с) аст. Ба хотири он, ки модари вай Умайма, духтари Абдулмуталлиб, аммаи Расули Худо (с) аст.

Ва хоҳараш Зайнаб бинти Ҷаҳш шарафи ҳамсарии Расули Худо (с)-ро касб намудааст. Ва яке аз уммаҳотулмуъминин буд. Ва аз ин ноҳия вай хусурбачаи он ҳазрат (с.) низ мебошад.

Ва ин шахс аввалин касе аст, ки ҳазрати Расули Худо (с) барои вай парчамро баст. Ва илова бар ин ӯ аввалин касе аст, ки ба номи амиралмӯъинин хонда шудааст.

Қабл аз он, ки ҳазрати Расули Худо (с) дохили Доруларқам шавад, Абдулло ибни Ҷаҳш аз собиқадорони ислом буд.

Вақте ки ҳазрати Расули Худо (с) аз хавфи азияти мушрикини Қурайш ба ёрони худ иҷозаи ҳиҷрат ба Мадина дод, Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш дуввумин касе буд, ки шарафи ин мақом ёфт ва ҷуз Абусалама дигар ҳеҷ кас ба ин фазл ба вай нарасид.

Бо васфи он, ки ҳиҷрат дар роҳи Худо ва ҷудо шудан аз ватан ва диёр ва хешовандон ва наздикон ба ӯ як чизи тоза ва ҷадид набуд, чун вай қаблан ҳамроҳ бо баъзе наздиконаш ба Ҳабаша ҳиҷрат намуда буд.

Аммо ҳиҷраташ дар ин бор бо бору банди васеътар буд. Ба тавре, ки аҳлу хонаводааш, хешовандон ва наздиконаш чи тифлу чи ҷавон ва пиру барно ӯро дар ин сафар ҳамроҳӣ намуданд. Хонаи вай хонаи аҳли Ислом ва қабилаи вай қабилаи аҳли имон буд.

Вақте ишон Маккаро тарк гуфтанд, хона ва диёрашон комилан чунон хароб гардид, ки гӯё қаблан дар ин даруни хона касе назиста ва касе дар он ба сар набурдааст.

Аз ҳиҷрати Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш ва ҳамсафонаш чанд лаҳзае сипарӣ нашуда буд, ки руасо ва сарони Қурайш ба атрофи Макка баромаданд, то аз касоне бозҷӯӣ намоянд, ки хона ва диёрашонро тарк кардаанд. Ва дар ҷумлаи ин ҷамъи руасо Абуҷаҳл ва Утба ибни Рабеъ низ шомил буданд.

Утба ба хонаҳои Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш назар андохта дид, ки ҷуз тундбод, ки дарвозаҳояшро дарҳам мекӯбад, дигар асаре аз инсон дар он дида намешавад ва гуфт: Кулбаи ибни Ҷаҳш ба вайрона мубаддал шудааст, ки бар аҳли худ мегиряд… Абуҷаҳл гуфт: Инҳо чӣ касонеанд, то диёрашон ба фироқи онҳо ашк резад?! Баъд Абуҷаҳл дасти худ ба хонаи Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш, ки зеботар аз ҳамаи хонаҳои он вақт буд, гузошт. Ва дар он чунон шурӯъ ба тасарруф дар матоъи он намуд, ки гӯиё молики аслии он буда бошад.

Вақте Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш аз ин амалкарди Абуҷаҳл дар бораи хонаи худ хабардор шуд, аз мавзӯъ ба ҳазрати Расули Худо (с) иттилоъ дод. Ҳазрати Расули Худо (с) ба вай гуфт: Эй Абдуллоҳ, оё ба ин хурсанд намешавӣ, ки Худованд дар бадали хонаат дар биҳишт бароят хона бидиҳад?

Гуфт: Бале, эй Расули Худо (с), ман ба ин розиям.

Ҳазрати Расули Худо (с) фармуд: Ин ваъда турост.

Аз шунидани ин мужда нафси Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш ором гирифт ва хушҳол ва шодмон гардид.

Вай баъди аз он, ки мушкилот ва душвориҳои зиёдеро дар тайи ин ду ҳиҷрат аввал ва дуввум пушти сар гузошт ва озор ва азиятҳои бисёре аз дасти мушрикони Қурайш дид, дар Мадина ором нанишаст ва дар ҷивори Ансор таъми роҳат ва осоиш начашид ва иродаи Худо ба он рафта буд, ки ӯро бо сахттарин имтиҳоне, ки то он вақт ба он рӯ ба рӯ нашуда буд, рӯ ба рӯ созад ва сахттарин таҷрибаро дар зиндагии худ аз сар бигузаронад.

Акнун ба достони ин таҷрибаи душвор ва ин саргузашти сахти вай гӯш мениҳем:

Ҳазрати Расули Худо (с) ҳашт тан аз ёрони худро барои анҷоми амали низомӣ дар ислом муваззаф сохт, ки дар он ҷумла Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш ва Саъд ибни Аби Ваққос низ шомил буд, фармуд: Ман бар шумо касеро ба сифати амир муқаррар месозам, ки дар баробари ташнагӣ ва гуруснагӣ нисбат ба ҳамаатон сабри бештар дошта бошад. Ҳамон буд, ки парчами амалиётро ба номи Абдуллоҳ ибни Ҷахши баст. Ва ба ин тартиб вай аввалин амир буд, ки бар мӯъминин муқаррар гардад.

Ҳазрати Расули Худо (с) ҷиҳатеро, ки Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш бояд ба он тараф биравад, мушаххас сохт ва ба ӯ номае дод ва таъкид кард, ки то фосилаи ду рӯзро тай накунад, набояд онро бикушояд. Вақте Абдуллоҳ ин фосиларо ҳамроҳ бо гурӯҳи амалиётии худ тай кард, номаро кушод ва онро хонд, дар он навишта буд.

«Вақте дар ин нома назар афкандӣ, ба роҳи худ идома деҳ, то он ки ба минтақаи «Нахла» бирасӣ (минтақаест дар миёни Тоиф ва Макка) ва дар он ҷо аҳволи Қурайшро бароям бозҷӯӣ кун ва хабари ононро бароям бифирист…».

Вақте Абдуллоҳ номаро аз сар то по мутолиъа намуд, гуфт: Ба сару чашм аз ҳазрати Расули Худо (с) итоъат хоҳам кард. Баъд ба ёрони ҳамсафараш гуфт: Ҳазрати Расули Худо (с) ба ман амр намуда аст, ки ба минтақаи Нахла биравам, то аз он ҷо Қурайшро зери назар қарор диҳам ва иттилоъоташонро ба ҳазрати Расули Худо (с) бифиристам. Ва маро аз он наҳй намуда, ки бидуни рағбат касеро аз шумо бо худ бибарам ва ба ин роҳ идома диҳам. Агар касе аз шумо орзу ва рағбати шаходат дорад, бо ман ҳамроҳ шавад ва агар касе хуш надошта бошад, ки бо ман дар ин сафар ҳамроҳ гардад, метавонад, ки бидуни кадом маломат ва сарзанише баргардад.

Ҳамроҳонаш гуфтанд: Мо ҳама ба саручашм аз ҳазрати Расули Худо (с) итоъат мекунем ва мо туро то ҳар ҷое, ки Расули Худо амр фармудааст, ҳамроҳӣ мекунем. Баъд ҳама ба роҳ афтодаанд то он, ки ба минтақаи Нахла расиданд ва аз тариқи роҳҳо шурӯъ ба бозҷӯии аҳвол ва ахбори Қурайш намуданд. Ва дар ҳоле, ки ишон дар ин вазъ буданд, аз дур дидаанд, ки қофилае аз Қурайш, ки дар он чор тан аз сарони ишон ҳузур дорад, дар ҳаракат аст. Ин чаҳор тан ҷиборат буданд аз Амр ибни Ҳазрамӣ, Ҳакам ибни Кайсон ва Усмон ибни Абдуллоҳ ва бародараш Муғира амволи тиҷоратии Қурайшро, ки мураккаб аз пӯст ва кишмиш ва амсоли он буд, ҳамроҳ доранд.

Дар чунин фурсате асҳоб бо ҳам нишаста машварат намуданд ва ин охирин рӯзи моҳҳои ҳаром буд ва гуфтаанд: Агар мо инҳоро ба қатл расонем ин моҳи ҳаром аст ва ин кор ҳурмати моҳи ҳаромро зери по ниҳодан аст. Ва дар натиҷаи он хашму ғазаби ҳамаи арабро алайҳи худ бармеангезем.

Ва агар ишонро мӯҳлат диҳем, ки ин рӯз сипарӣ гардад дар сарзамини Ҳарам дохил мешавад ва аз шабехуни мо дар амон мемонанд.

Ва ишон пайваста дар ин маслиҳат буданд, то он ки саранҷом ба ин раъй иттифоқи назар намуданд, ки бар ишон шабехун зананд ва онҳоро ба қатл расонанд ва дороияшонро ба ғанимат бибаранд. Ва дар давоми чанд лаҳза тавонистанд, ки як тани ононро ба қатл расонида ва ду танро асир гиранд ва чаҳорумӣ тавонист, ки фирор кунад.

Абдуллоҳи ибни Ҷаҳш ва ҳамроҳонаш ду нафар асирро ҳамроҳ бо ғаноиматҳои он ба сӯи Мадина ба роҳ андохтанд. Вақте ба ҳузури Ҳазрати Расули Худо (с) омаданд ва аз мавзӯъи ишон хабардор шуд, сахт ин амали онҳоро сарзаниш кард ва ба ишон гуфт: Қасам ба Худо, ки ман шуморо ба ҷангу куштор амр накарда будам. Балки шуморо танҳо ба ин амр карда будам, ки ахбори Қурайшро бозҷӯӣ кунед ва ҳаракати онҳоро зери назар дошта бошед. Ва ду нафар асирашонро нигаҳ дошт, то дар мавриди онҳо тасмим бигирад. Ва аз гирифтани амволи тиҷоратиашон худдорӣ намуд ва аз он чизеро нагирифт.

Дар чунин ҳолат Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш ва ёронаш сахт пушаймон шуданд ва яқин карданд, ки бо мухолифаташон аз амри Расули Худо (с) худро дар ҳалокат андохтаанд. Ва он чи, ки бар ин ғуссаи онҳо афзуд, ин буд, ки бародарони мусалмонашон онҳоро сахт ба боди маломат ва сарзаниш гирифтанд ва ҳар гоҳ ки аз пеши рӯяшон мегузаштанд, мегуфтанд: Аз амри Расули Худо (с) мухолифат карданд.

Ва он чӣ, ки бар ин мусибат беш аз ҳама афзуд, вақте донистанд, ки Қурайш ин амали ононро барои таблиғоти худ васила қарор додааст ва дар ҷиҳати бадном сохтан ва кӯбидаи ҳазрати Расули Худо (с) дар миёни қабилаҳои Араб истифода намуда, гуфтанд:

Муҳаммад моҳҳои ҳаромро ҳалол дониста, дар он хун резонда, молу сарватро ба яғмо бурда ва мардонро асир гирифтааст.

Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш ва ҳамроҳонаш аз ин амали худ сахт пушаймон буданд ва ончунон дар худ эҳсоси ғаму андӯҳ мекарданд, ки андоза надошт. Ва дар баробари ҳазрати Расули Худо (с) сахт эҳсоси хиҷолат менамуданд, ки чи гуна ӯро дар ин хараҷ афганданд.

Вақте ин мусибат бар сари онон сахт тамом шуд ва ин бало бар онҳо душвор афтод, ногаҳон муждадиҳанда омад ва ба ӯон мужда дод, ки Худованд аз кори онҳо розӣ шуд ва амали ононро сутуда ва дар ин хусус Қуръон нозил шудааст. Аз шунидани ин мужда аз хурсандии беандоза дар худ намеғунҷиданд. Мардум ба муборакбодии онҳо рӯй оварда ва ба рӯбӯсиашон пардохтанд ва ба ишон таҳният гуфта ва оётро, ки нозил шуда буд ба ӯон мехонданд. Бар ҳазрати Расули Худо (с) ин оят нозил шуд: «Аз ту дар бораи ҷанг дар моҳи ҳаром мепурсанд. Бигӯ: Ҷанг кори вазнине аст, вале боздоштан аз роҳи Худо, куфр варзидан ба ӯ ва ҳатто ҳурмати Масҷидулҳаром ва берун рондани сокинони он дар назди Худо гаронтар аз он аст ва фитнаи ширк аз куштор ҳам бузургтар аст. (Сураи Бақара. Ояи 217)».

Вақте ин ояти мӯътабар нозил шуд, табиати ҳазрати Расули Худо (с) хушнуд шуд. Ва ғаниматҳоро гирифт ва ду асирро дар бадали фидя озод сохт. Ва аз амалкарди Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш ва ёронаш хушнуд гардид, чун ғазваи онон дар зиндагии мусалмонон як рӯйдоди тоза ва ғанимати онон аввалин ғанимате буд, ки дар аҳди Ислом онро ба даст оварданд ва куштаи онон аввалин куштае буд, ки ба дасти мусалмонон сурат гирифт ва парчамашон нахустин парчаме буд, ки ба дасти мубораки ҳазрати Расули Худо (с) ақд гардид ва амирашон Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш, аввалин касе буд, ки ба номи амирулмӯъминин хонда шуд. Ва баъд рӯйдоди Бадр сурат гирифт, ки Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш дар он қаҳрамони аҷибе, ки шоистаи имони вай аст, аз худ нишон дод. Баъд даврони ҷангии Уҳуд фаро расид ва дар ин ҷанг барои Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш ва ёраш Саъд ибни Абуваққос қиссаи фаромӯш ношуданӣ аст. Ва ҳоло риштаи суханро ба Саъд мегузорем, то ҳикояти худ ва дӯсташ Абдуллоҳ ибни Ҷаҳшро барои мо баён дорад.

Саъд ибни Абиваққос мегӯяд: Вақте ҷанги Уҳуд пеш омад, Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш бо ман мулоқот намуд ва гуфт: Оё Худовандро дуо намекунӣ? Гуфтам: Бале, мекунам. Ҳардуи мо дар гӯшае хилват намудем. Ва ман гуфтам: Эй Парвардигор, вақте бо душман рӯ ба рӯ мешавам, маро бо касе рӯ ба рӯ соз, ки ниҳоят ҷанговар ва хашмгин ва интиқомҷӯ бошад, то ман бо ӯ биҷангам ва ӯ бо ман биҷангад ва баъд маро бар вай зафар бахш, то ӯро ба қатл расонам ва ғаниматашро бигирам. Ва Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш ба дуои ман омин гуфт ва баъд гуфт: Худоё, маро бо касе рӯ ба рӯ соз, ки интиқом ва кинае беш аз ҳама буда, то дар роҳи ту бо ӯ биҷангам ва бо ман биҷангад ва баъд маро гирифта гӯшу биниамро қатъ кунад ва чун фардо (яъне рӯзи қиёмат) бо ту мулоқот кунам ва ба ман бигӯӣ, ки гӯшу биниат чаро қатъ шудааст?

Ва ман дар ҷавоб бигӯям: Дар роҳи ту ва Паёмбарат (с.) қатъ шудааст. Ва ту ба ман бигӯӣ, ки рост гуфтӣ.

Саъд ибни Абиваққос гуфт: Даъвати Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш беҳтар аз даъвати ман буд. Ман ӯро дар охири рӯз дидам, ки кушта шуда ва ӯро мусла намуда ва гӯшу биниашро бо торе бар дарахте овезон намуда буданд.

Худованд дуои Абдуллоҳ ибни Ҷаҳшро қабул кард ва шаҳодатро насибаш гардонд, чунон ки тағояш Ҳамза ибни Абдулмуталлиб (р)-ро бо шаҳодат икром бахшид. Ҳазрати Расули Худо (с) он дуро дар як қабр дафн намуд ва ашкҳои мутаҳҳараш хоки марқадашонро, ки бо бӯи хуни шаҳодаташон муаттар шуда буд, намнок сохт.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *