Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Фазоил ва вижагиҳои Ҳазароти Талҳа‎ва Зубайр (Р)

Ин ду саҳобаи Расулуллоҳ ‎(с) ба қадре бо ҳам ‎ ‎ иртиботашон наздик ва самимӣ буд, ки ҳар‎ номи яке аз ин бузурговорро бибарем худ ба худ номи дигаре дар зеҳн меояд, монанди Мӯсо ва Ҳорун (а) хамеша дар канори хам буданд ва бохам ба ҷойгоҳи вижа дар Ислом ва байни муслимин даст ёфтанд. Барости чи зебост ду ҷавони рашид ва ду дӯст, даврони ҷавонии хешро дар ҳамроҳӣ ва мусоҳибати Расулуллоҳ (р) басар бибаранд. Оё метавон аз ин фазилат ва ифтихор чизе болотар ва муҳимтар ёфт.Ҳам‎он тавр, ки дар бахши валодат ва исломи ҳар‎дуи ин азизон ишора кардем, ҳар‎ду дар ҷавони (зери 20 сол) ба оғӯши Ислом омданд, рушду тараққиашон дар Ислом ва дар канори Паёмбар (с) будааст. Ин ду ёри Расулуллоҳ ‎(с) ҳар‎ чанд фазоил ва маноқиб хусусӣ ва фардӣ доштанд, аммо баростӣ дар бисёри аз фазоил муштарак ва хампоя буданд, ки дар инҷо ба баъзе аз онҳо ‎ ишора мекунем:

ПЕШТОЗОНИ ИСЛОМ

Ҳазрати ‎Талҳа‎ ва Ҳазарти ‎Зубайр (р) аз он даста даста аз ёрони Паёмбар (с) мебошанд, ки Худованди субҳон аз онҳо ‎ эъломи ризоят ва хушнудӣ намуда, ба онон ваъдаи подошҳои бузургро додааст. Чаро ки афроде, ки рӯзҳои ‎ аввали зуҳури Ислом ба он гаравидаанд, ба ростӣ аз ҷониби душманони ин дин мавриди азияту озор ва шиканҷа қарор ‎гирифтаанд ва ба сабаби истиқомат ва суботашон, парвардигори оламро хушнуд намудаанд, то ҷое, ки сароҳатан аз онҳо ‎ эъломи ризоят фармуд:

(وَالسَّابِقُونَ الْأَوَّلُونَ مِنَ الْمُهَاجِرِينَ وَالْأَنْصَارِ وَالَّذِينَ اتَّبَعُوهُمْ بِإِحْسَانٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمْ وَرَضُوا عَنْهُ وَأَعَدَّ لَهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي تَحْتَهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا أَبَداً ذَلِكَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ)

“Ва пешравони нахустин аз муҳоҷирон ва ансор ва касоне, ки ба некӯкорӣ аз эшон пайравӣ кардаанд (тобеъон), Худованд аз онон хушнуд аст ва онон низ аз Ӯ хушнуданд ва барои онон бӯстонҳое омада кардааст, ки ҷуйборрон аз фурӯдасти он ҷорӣ аст ва ҷовидона дар онанд. Ин растагории бузург аст.”[1]

МУҲОҶИРОНИ ИСЛОМ

Ҳазрати ‎Талҳа‎ ва Зубайр (р) аз ҷумалаи муҳоҷирон ҳаст‎анд, ки ба Мадинаи Мунаввара ҳиҷрат кардаанд. Ҳангоме‎, ки зулми фишори мушрикони Макка ба авҷ расид мусалмонон ночор шуданд, ки ба Мадина ҳиҷрат кунанд, то ба ин шакл дини хешор ҳифз намоянд. Онон даст аз сарвату дороӣ ва мақоми ‎худ кашиданд ва тамоми инҳоро фидои ҷалби ризояти Худо ва Расулуллоҳ ‎(с) намуданд ва чун дар ин иддаъояшон содиқ буданд, аз ин имтиҳон низ сарбаландона берун омаданд, Худованди субҳон аз ин гурӯҳ низ эъломи ризоят ва хушнудӣ ва ин афроди ба муҳоҷирон[2] машҳур‎ шуданд.

Расули Акрам (с) низ дар аҳодиси зиёде фазоил ва азамати “ҳиҷрат” дар роҳи Худоро баён фармада, тамоми онҳо ‎ дар мавриди ҳазрати ‎Талҳа‎ ва ҳазрати ‎Зубайр (р) сидқ мекунанд. Талҳа‎ ва Зубайр ду ёри вафодори Расулуллоҳ ‎Худрванди субҳон ‎ барои шахсияти азими чун Ҳазарти ‎Расули акрам (с), ки охирин ва бузургтарин паёмовари Ӯст, аз миёни бандагонаш беҳтаринҳоро барои ҳамроҳӣ ва ҳам‎нишиаш баргузид, ки онҳо‎ро истилоҳан “саҳоба” мегӯянд.

Таърифи сода ва умумии “саҳоба” ин аст, ки фарде дар ҳоли ҳаёт Расуллуллоҳ (с)-ро дида бошад ва ба дини Ислом мушарраф шуда, бо ҳам‎он вазъ, яъне бо имон аз дунё реҳлат карда бошад. Чунин фардро саҳоба ‎мегӯянд. Ҳар‎чанд барои лаҳзае ‎дар маҳзари Расули Акрам (с) ҳозир ‎ шуда бошад. Афроде, ки ҷузъи ёрони Расулуллоҳ ‎(с) қарор ‎гирифтаанд ва дар роҳи посдорӣ аз Расули Акрам (с), эҳёи дин ва ишоаи он ба дигар нуқот аз худ рашодатҳо ‎ ва ҷонфишониҳо нишон доданд. Парвардигори ҷаҳониён аз онон эъломи ризоят намуд ва тафаккуру амали онҳоро писандид, дар муқобил ба онон ваъдаи биҳишт ‎ барин иноят фармуд.

Пас касби мақоми“Саҳобии Расулуллоҳ” мақом ва ифтихори бисёр бузург аст, ки насиби ҳазрати ‎Талҳа‎ ва ҳазрати ‎Зубайр (р) гаштааст.[3]


[1] Тавба, 100.

[2] Њамон гуна ки др ояи гузашта ишора шудааст, муҳоҷирин баон идда мусалмонон гуфта мешавад, ки тамоми сарват ва дороии хешро дар Макка ба ҷой гузошта, ба хотири ҳамроҳии Расулуллоҳ (с) ба Мадина ҳиҷрат кардаанд.

[3] Дар мавриди мақом ва манзалати саҳоба аз дидгоҳи Ќуръон, суннат ва иҷмоъи мусалмонон китоби арзишманди “Мақоми саҳоба” таълифи Аллома Муфтӣ Муҳаммадшафеи Усмонӣ ва тарҷумаи мавлоно Абдурраҳмон Сарбозӣ муроҷиа шавад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *