Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

ЗУБАЙР (Р)

ЗУБАЙР (Р)

ҲАВВОРИИ РАСУЛУЛЛОҲ (С)

Касе, ки Расулуллоҳ ‎(с) дар бораи ӯ фармуда: “Падару модарам фидоят бод!”

НОМ, НАСАБ ВА КУНИЯИ Ӯ

Зубайр писари Аввом бини Хувайлид бини Асад бини Абдулуззо бини Қусай бини Килоб бини Мурра бини Каъб бини ….. аст .

زبیر پسر عوام بن خویلد بن اسد بن عبد العزی بن قصی بن کلاب بن مره بن کعب بن لؤی الأسدی است.

Кунияи эшон АбуАбдуллоҳ ‎ва Абутоҳир буда, ки бештар ба Абуабдуллоҳ ‎маъруф буд.[1]

Модараш Сафия духтари Абдулмуталлиб ва аммаи Расулуллоҳ ‎(с) мебошад, яъне ҳазрати ‎Зубайр (р) писараммаи Расули акрам ва бародарзодаи ҳазрати ‎Хадиҷа ҳамсари гаронқадри Паёмбар (с) аст.[2]

Ҳазрати ‎Зубайр (р) ҳудуди 28 сол қабл аз ҳиҷрати ‎ Расули акрам (с) дар Маккаи Мукаррама чашм ба ҷаҳон кушод. Вақте ‎ ба оғӯши Ислом омад камтар аз бист сол дошт.

Ҳишом бини Урва мегӯяд: Зубайр Ислом овард дар ҳоле‎, ки ҷавони понздаҳсола буд. Аммо Урва мегӯяд: Зубайр дар синни дувоздаҳсолагӣ мушарраф ба Ислом шудааст.[3]

Ба ҳар‎ ҳол ҳазрати ‎Зубайр (р) дар ҳоле‎, ки дар авҷи навҷавонӣ буд, нури тавҳид ва ягонагии Худованд дар қалбаш тобидан гирифтва ӯро ба сӯи яктопарастӣ ва ишқ ба маъбуди ягона фаро хонд ва таҷрибан чаҳорумин ё панҷумин фарде буд, ки дар сафи ёрони Расулуллоҳ ‎(с) даромад.

Дар Ислом овардани ҳазрати ‎Зубайр (р) низ нақши умда ва асосиро ҳазрати ‎Абубакр (р) бозӣ кард, Абубакр (р) , ки ҳеҷ ‎ кас дар садоқат‎аш шак надошт. Абубакре, ки бо имони устувораш мушрикону кофиронро ба ларза оварда буд, ба суръат мусалмон шуданаш бар фикру андешаи ҷавонони Макка асар гузошт ва афроде чун Талҳа‎ ва Зубайр натавонистанд аз роҳу хати Абубакр , ки ӯро ба хубӣ мешинохтанд, рӯ гардон шаванд.


[1] Асд-ул-боға, ҷилди 2, саҳ 102.

[2] Њамон.

[3] Њамон.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *