Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Икрима Ибни Абуҷаҳл

Вақте ҳазрати Расули Худо (с) даъвати худро ошкор намуд, Икрима ибни Абуҷаҳл дар даҳаи саввум аз умри худ қарор дошт. Вай аз ашрофзодагони Қурайш ва аз соҳибони молу ҷоҳ ва азизтарини мардум аз рӯи насаб буд. Аз ин рӯ, вайро сазовор он буд, ки ба сони ҳамқаторонаш амсоли Саъд ибни Абиваққос ва Мусъаб ибни Умайр ва ғайра мусалмон шавад ва ба дини ҳақ гардан ниҳад. Медонед, ки ӯ писари чӣ касе аст? Ӯ писари сардори ҷобир ва ситамгари Макка ва сарвари ширк ва бутпарастӣ ва соҳиби азият ва озорест, ки Худованд тавассути вай мусалмононро дар марҳилаи озмуни шадид қарор дода ва ба шиканҷаҳо ва азобҳои вай, сидқи мӯъминонро биозмуд ва ишон аз ин имтиҳон комёб ва пирӯз баромаданд. Падараш Абуҷаҳл буд ва ҳамин ном дар муаррифии падараш кифоят кунад. Ин буд падараш, аммо худаш Икрима писари Абуҷаҳли Махзумӣ, яке аз қаҳрамонони камназир ва ҷанговарони номии Қурайш буд. Икрима ба ҳукми асабият ва сарварии падараш худро ногузир ёфт, ки дар баробари даъвати ростини ҳазрати Муҳаммад (с) истодагӣ кунад. Ҳамон буд, ки дар баробари вай сахт аз душманӣ кор мегирифт ва асҳоб ва ёронашро ба шакли аҷиб азият менамуд ва ба Ислом ва мусалмонон чунон зарбаи маҳкаме ворид мекард, ки дили падарашро сард месохт ва чашмашро равшан менамуд.

Вақте падараш дар ҷанги Бадр сарварии лашкари ширк ва бутпарастиро ба дӯш гирифт, ба Лот ва Узо қасам ёд намуд, то он, ки Муҳаммадро шикаст надиҳад ва дар Бадр то се рӯз хурсандӣ накунад ва шутурҳоро забҳ нанамояд ва сарояндагон суруд нахонанд ва раққосон пойкӯбӣ накунанд ва ҷомҳои шароб ба сар накашанд, барнахоҳад гашт. Вақте Абуҷаҳл сарварии ин ҷанг ба дӯш дошт, Икрима бозӯи фаъоли падараш буд. Вай ба шиддат аз ӯ дифоъ мекард ва сахт аз ҳарфҳояш итоат менамуд. Аммо Лот ва Узо ба дуъои Абуҷаҳл ҷавоби мусбат надод ва хостаҳояшро иҷобат нанамуд, чун ишон намешунаванд ва намебинанд ва на тавони баровардани ҳоҷат доранд. Ва онҳоро дар саҳнаи набард ёрӣ расониданд, чун муҷассамае беш нестанд. Ҳамон буд, ки Абуҷаҳл дар Бадр ба хок ва афтод ва саҳнаи қатли ӯро Икрима ба чашми сар мушоҳида намуд, ки найзаҳои мусалмонон ба хунаш оғӯшта шуда буд ва ба гӯши худ шунид, ки охирин фарёдаш аз лобалои даҳани пур аз хунаш баланд шуд. Икрима баъд аз он, ки ҷасади сардори номии Қурайшро дар Бадр пушти сар ниҳод ва ба Макка баргашт ва шикаст ба вай иҷоза надод, ки битавонад ҷанозаи падарашро ба Макка нақл диҳад ва дафн намояд. Ҳамон буд, ки мусалмонон ӯро дар Қалиб (номи чоҳест дар Бадр, ки ҷасадҳои мушрикинро дар худ ҷамъ дорад) андохтанд ва регҳоро ба рӯяш рехтанд.

Аз имрӯз сар карда бархӯрди Икрима бо Ислом ва мусалмонон шеваи дигар пайдо кард. Агар вай дирӯз ба ҳукми дифоъ аз падараш бо Ислом душманӣ мекард, баъд аз ин ба ҳукми интиқом аз падараш роҳи душманӣ дар пеш гирифтааст ва аз ин ҷо буд, ки Икрима ва онҳое, ки хешовандон ва наздикони худро дар Бадр аз даст дода буданд, талош ба харҷ доданд, то оташи интиқом ва душманиро дар дили мушрикон алайҳи Муҳаммад (с) барафрӯзанд, то он ки воқеъаи Уҳуд фаро расид. Икрима Ибни Абуҷаҳл ба ҷанги Уҳуд берун шуд ва ҳамроҳ бо вай ҳамсараш Умми Ҳаким низ ба ҷанг баромад, то дастае аз занонро, ки оташи интиқоми куштагонашон дар Бадр дар дилашон мавҷ мезад, роҳбарӣ намуда ва дар пушти сафи ҷанговарон истода ва бо навохтани дафҳо ва таблҳо ононро ба ҷанг ва интиқом ташвиқ кунанд ва онҳоро дар соҳаи набард ба субот ва пойдорӣ ташвиқ намоянд.

Лашкари Қурайш дар тарафи рости худ Холид ибни Валид ва дар тарафи чапи худ Икрима ибни Абуҷаҳлро қарор дод.

Лашкари Қурайш дар ин ҷанг субот ва қаҳрамонии аҷибе аз худ нишон доданд, ки ба баланддастии онҳо дар ҷанг алайҳи Муҳаммад (с) ва ёронаш тамом шуд ва барои мушрикин пирӯзии бузургро таҳқиқ бахшид, то он ҷо, ки Абусуфёнро водошт, то бигӯяд: Пирӯзии имрӯз, шикасти дирӯзи Бадрро ҷуброн намуд.

Дар рӯзи Хандақ мушрикин Мадинаро рӯзҳои тӯлонӣ дар муҳосираи худ гирифтанд, ки дар натиҷа он сабри Икрима ба сар омад ва аз ҳисори тӯлонии он дилтанг шуд ва саранҷом тасмим гирифт, ки аз тангие, ки дар Хандақ вуҷуд дошт, ҳамроҳ бо чанд тан убур бигузарад. Ҳамон буд, ки аспи худро тохт ва аз он гузар намуд ва афроде чанд низ аз пайи вай аз хандақ убур гузаштанд, ки бо муқовимати шадиди мусалмонон рӯ ба рӯ шуданд ва натиҷаи ин ҳамла он шуд, ки Амр ибни Абдивудди Омириро аз даст диҳанд ва Икрима роҳи фирор дар пеш гирад.

Дар рӯзи Фатҳ вақте Қурайш дарёфтанд, ки дар баробари сипоҳи мусалмонон имкони муқовимат вуҷуд надоранд, аз ин рӯ, ба хулосае омаданд, ки роҳашро ба сӯи Макка боз гузоранд ва матлабе, ки онҳоро ба чунин хулоса намудан водошт, ин буд, ки ишон дарёфтанд, ки Муҳаммад ба қумандонҳои худ дастур додааст, ки вақте дохили Макка шаванд, ҷуз ба онҳое, ки дар Макка бо ишон меҷанганд, ба дигарон коре надошта бошанд. Аммо Икрима ибни Абуҷаҳл ва ҷамъи дигаре ҳамроҳ бо вай баъд аз хулосаи Қурайш худро барои ҷанг омода сохтанд ва дар баробари лашкари мусалмонон сангар гирифтанд. Аммо Холид ибни Валид таи бархӯрди содда онҳоро шикаст дод ва тане чанд аз онҳо кушта шуд ва касоне, ки тавонистанд гурехтанд, роҳи фирор дар пеш гирифтанд ва дар ҷамъи он фирориён Икрима ибни Абуҷаҳл низ шомил буд. Дар чунин фурсате Икрима пушаймон шуд ва надомат кашид ва баъд аз он, ки Макка ба дасти мусалмонон афтод, Икрима натавонист дар он қарор гирад ва ҳазрати Расули Худо (с) онҳоеро, ки дар баробари вай ҷафо, хиёнат ва зулм намуда буданд, бахшид, баҷуз чанд тан, ки номи онҳо гирифта, дастур дод, ки агар ба пардаи Каъба ҳам худро овезон кунанд, аз онҳо дарнахоҳад гузашт.

Дар сархатти ин рӯйхат номи Икрима ибни Абуҷаҳл буд ва аз ин лиҳоз тарсид ва оҳиста худро аз Макка берун сохт ва роҳи Яман дар пеш гирифт. Чун ҷуз Яман роҳи гурез надошт ва дар чунин фурсате Умми Ҳаким ҳамсари Икрима ва Ҳинд духтари Утба ҳамроҳ бо даҳ нафар аз занони дигар ба хонаи ҳазрати Расули Худо (с) рафтанд, то ба вай байъат кунанд. Вақте ба ҳузураш дохил шуданд, дар назди вай ду тан аз ҳамсаронаш ва духтараш Фотима ва заноне чанд аз хонаводаи Абдулмуталлиб ҳузур доштанд. Ва Ҳинд дар ҳоле, ки аз шарми ҳазрати Расули Худо (с) чодире ба рӯй кашида буд, ба сухан гуфтан оғоз намуд ва гуфт: Эй Расули Худо (с), сипос Худоеро, ки дини худро ғалаба бахшид. Ман аз ту дархост дорам, ки бо хешованди худ муомилаи нек кунӣ ва ман зани мусалмон ҳастам ва ба рисолатот имон дорам ва баъд ниқоб аз рӯй бардошт ва гуфт: Эй Расули Худо (с), ман Ҳинд духтари Утба ҳастам. Ҳазрати Расули Худо (с) фармуданд: Хуш омадӣ, Ҳинд гуфт: Эй Расули Худо (с) қасам ба Худо, ки дар рӯи замин ҳеҷ хонае назди ман маҳбубтар аз хонае набуд, ки туро ба зиллат кашонад ва ҳоло чунон шудаам, ки ҳеҷ хонае дар рӯи замин маҳбубтар назди ман аз ин нест, ки ба хонаи ту иззат расонад.

Ҳазрати Расули Худо (с) фармуд: Ва бештар аз ин низ.

Баъд Умми Ҳаким ҳамсари Икрима ибни Абуҷаҳл бархост ва исломи худро эълон намуд ва гуфт: Эй Расули Худо (с), Икрима аз тарси ту ба Яман фирор намуд, ки мабодо ба вай даст ёбӣ ва ӯро ба қатл расонӣ. Ба вай амн бидеҳ, Худо ба ту амн диҳад. Ҳазрати Расули Худо (с) фармуд: Ӯ дар амн аст.

Ҳамсараш аз ҳамон лаҳза ҳамроҳ бо писарбачаи румӣ, ки дошт, аз пайи Икрима баромад. Ва чун дар роҳ фосилаи дуреро паймуданд, ин писарбача аз вай тақозои ҳамхобагӣ намуд. Умми Ҳаким вайро фиреб дода рафт, то он ки ба деҳае аз деҳоти араб расид ва аз ишон дар бораи тақозои нодурусти ин писарбача кӯмак хост. Ишон ӯро гирифтабастанд ва назди худ нигаҳдоштандва Умми Ҳакимба роҳихуд идома дод, то он ки Икримаро дар назди соҳили баҳр дар минтақаи Тиҳома дарёфт, ки вай бо малоҳи мусалмоне саргарми гуфтугӯ буд, ки ӯро аз он ҷо нақл диҳад. Малоҳ ба ӯ мегуфт: Ихлос кун, то туро нақл диҳам. Икрима гуфт: Чӣ гуна ихлос кунам? Малоҳ гуфт: Бигӯ: Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ва анна Муҳамадан Расулуллоҳ. Икрима гуфт: Ман аз ин калима ба ин ҷо фирор намудам. Дар ҳоле, ки ҳардуяшон гарми ин гуфтугӯ буданд, ки Умми Ҳаким бар вай рӯ овард ва гуфт: Эй амузода, ман аз назди беҳтарини мардум ва нектарин ва хайрхоҳтарини мардум ба ин ҷо омадам. Ман аз назди Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (р) омадам. Ман бароят аз вай тақозои амн намудам ва бароят амон дод ва беҳуда худро дар ҳалокат маяфкан.

Гуфт: Оё ту худ бо вай дар ин хусус сӯҳбат намудӣ?!

Гуфт: Бале, ман худ бо вай сӯҳбат кардам ва бароят амон дод ва ба ин тартиб пайваста вайро мутмаъин месохт, то он ки итминонаш ҳосил шуд ва ҳамроҳаш баргашт.

Баъд сухани он ғуломи румиашонро барояш ёдовар шуд ва чун ба он ҷо гузар намуд, ӯро ба қатл расонид ва дар ин асное, ки ишон дар мусофират буданд ва дар манзил фуруд омаданд, Икрима хост, ки бо ҳамсараш ҳамхобагӣ кунад, вале ҳамсараш аз ҳамхобии вай ба шиддат худдорӣ намуд ва гуфт: Ман зани мусалмонам ва ту мушрикӣ. Ин сухани вай шавҳарашро ба ҳайрат андохт ва гуфт: Ин дине, ки миёни ману ту ба ин ҳад ҳоил мегардад, дини олиқадр аст. Вақте Икрима ба Макка наздик шуд, ҳазрати Расули Худо (с) ба асҳобаш фармуд: Ба зудӣ Икрима ибни Абуҷаҳл мӯъмин шуда ва ҳиҷраткунон хоҳад омад. Лизо падарашро дашном надиҳед, зеро дашноми мурда зиндаро азият медиҳад ва ба мурда таъсире надорад. Дере нагузашт, ки Икрима ва ҳамсараш ба ҷое, ки ҳазрати Расули Худо (с) нишаста буд, омаданд. Вақте ҳазрати Расули Худо (с) вайро дид, аз шиддати сурур бидуни он, ки ридояшро ба шона андозад, ба сӯи вай бархост. Вақте ҳазрати Расули Худо (с) нишаст, Икрима дар пеши рӯяш қарор гирифта ва гуфт: Эй Муҳаммад (с), Умми Ҳаким ба ман гуфт, ки гӯё ту ба ман амн додаӣ, оё ин хабар дуруст аст? Ҳазрати Расули Худо (с) фармуд: Дуруст гуфтааст, ту дар амн ҳастӣ. Икрима гуфт: Эй Муҳаммад (с), маро ба чӣ даъват мекунӣ?

Фармуд: Аз ту мехоҳам, ки шаҳодат диҳӣ ба ин, ки нест ҳеҷ маъбуде барҳақ, магар Аллоҳ ва ман фиристодаи Худо ҳастам ва ин, ки бар по дорӣ намозро ва бидиҳӣ закотро ва ба ин тартиб аркони имонро якояк барои вай баршумурд.

Икрима гуфт: Қасам ба Аллоҳ, ки даъват надодаӣ, магар ба ҳақ ва амр накардаӣ, магар ба некӣ. Баъд изофа намуда гуфт: Қасам ба Худо, қабл аз ин, ки маро ба ин амр даъват диҳӣ, ту ростгӯтарини мо ва хайрхоҳтарини мо будаӣ.

Баъд дасти худ дароз намуд ва гуфт: Ман шаҳодат медиҳам ба ин, ки нест ҳеҷ маъбуди барҳақ, магар Аллоҳ ва ин ки ту фиристодаи Худо ҳастӣ. Баъд гуфт: Эй Расули Худо (с), барои ман беҳтарин чизеро биёмӯз, то онро бигӯям. Фармуд: Бигӯ: Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ва анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу.

Икрима гуфт: Боз чӣ гӯям? Фармуд: Бигӯ, ки ман Худо ва касонеро, ки дар ин ҷо ҳузур доранд, шоҳид мегирам ба ин, ки ман мусалмонам, муҷоҳидам ва муҳоҷирам ва Икрима инро из гуфт.

Дар чунин фурсате ҳазрати Расули Худо (с) фармуд: Имрӯз ҳеҷ чизеро аз ман савол нахоҳӣ кард, ки ба дигарон додаам, магар он ки онро барои ту низ хоҳам дод.

Икрима гуфт: Савол аз ту ин аст, ки барои ман аз ҳамон душманиҳое, ки бо ту кардам, мағфират хоҳӣ. Агар бо ту рӯ дар рӯй ҷангидам ва ё дар ғайб ва ҳузурат сухани носазо гуфтам. Ҳазрати Расули Худо (с) фармуд: Худоё, ӯро аз ҳар душманӣ, ки бо ман кардааст ва ё дар ҳар роҳ, ки ба қасди хомӯш сохтани нури ту гом бардоштааст, мағфират намо ва ӯро аз бадгӯӣ, ки дар ҳаққи ҳаримам дар ғоиб ва ё ҳузурам намудааст, бубахшо.

Аз ин дуо чеҳраи Икрима бишкуфт ва гуфт: Эй Расули Худо (с), агар қабл аз ин пули худро дар ҷиҳати боздоштан аз дини ту ба кор бастам ва барои ҷилавгирӣ азгустариши дини ту қитол намудам, имрӯз чанд баробар онро дар роҳи ин оин ба кор хоҳам бурд ва чанд баробари он барои густариши ин дин ҷиҳод хоҳам намуд ва аз имрӯз сар карда қаҳрамони номӣ дар соҳоти қитол ба қофилаи доъиёни даъват пайваст. Ӯ аз обидон ва шабзиндадорони маъруф гашт ва китоби Аллоҳро дар масоҷид бисёр мехонд. Вай Қуръонро дар пеши рӯи худ мегузошт ва мегуфт: Китоби Парвардигорам, каломи Парвардигорам ва аз тарси Худо сахт мегирист. Икрима ба ваъдае, ки бо Паёмбари Худо (с) намуда буд, вафо кард ва баъд аз мусалмон шудан, мусалмонон ҳеҷ ҷангеро ба роҳ наандохтанд, магар он ки вай дар он ширкат намуд ва ҳеҷ дастаи амалиётиеро ирсол надоштанд, магар он, ки вай дар пешопешашон қарор дошт ва дар рӯзи Ярмук Икрима чунон ба ҷанг даромад, ки гӯё ташнае дар рӯзи гармо ба сӯи об дарояд. Вақте дар яке аз мавқифҳо, ҷанг бар мусалмонон сахт омад ва мусибат бар онон афзун гашт, Икрима аз аспаш фуруд омад ва ғилофи шамшери худро шикаст ва дар миёни суфуфи румиён даромад. Холид ибни Валид бошитоб худро ба вай расонид ва гуфт: Икрима, чунин макун, куштани ту бар мусалмонон зиёни бузургест ва бар онон сахт тамом мешавад, ки ту кушта шавӣ. Вай гуфт: Холид, маро бигузор, туро бо ҳазрати Паёмбар (с) собиқаест, аммо ман аз душманони сарсахти вай будам ва дар ҳаққи худ ҷафои бузургеро муртакиб шудам. Маро бигузор, ки бо ин ҷиҳод гузаштаҳои худро каффора кунам. Ман алайҳи Расули Худо (с) ҷангҳои зиёде кардам ва имрӯз аз муқобила бо румиён роҳи фирор дар пеш гирам? Ҳаргиз чунин нахоҳам кард. Баъд дар миёни мусалмонон фарёд баровард: Чӣ касе то сарҳади марг бо ман байъат мекунад? Амакаш Ҳорис ибни Ҳишом ва Зирор ибни Азур ҳамроҳ бо чаҳорсад тан аз мусалмонон бо вай байъат намуданд ва дар наздики хаймаи Холид ибни Валид, ки маркази сарварӣ буд, сахт ҷангиданд ва мардонавор аз вай дифоъ карданд. Вақте ҷанг ба пирӯзии мусалмонон хотима ёфт, се тан аз муҷоҳидин дароз бар замин афтода буданд, ки шиддати захмонҳоро азпой дароварда буд ва ишон иборат буданд аз: Ҳорис ибни Ҳишом, Аёш ибни Абирабеъа ва Икрима ибни Абиҷаҳл. Ҳорис барои худ обе хост, то онро бинӯшад. Вақте ба вай об оварданд, дид ки Икрима ба сӯяш менигарад. Гуфт: Ин обро ба Икрима диҳед, чун обро ба вай тақдим доштанд, дид ки Аёш ба сӯи вай чашм дӯхтааст, гуфт: Ин обро ба вай тақдим доред. Вақте обро ба Аёш бурданд, дарёфтанд, ки вай падруди ҳаёт гуфтааст ва чун ба ин ду ҳамсангари дигарашон баргаштанд, диданд, ки ин ду низ зиндагиро тарк гуфтаанд. Худованд аз ҳамаашон розӣ бод ва аз ҳавзи Кавсар ишонро чунон сероб созад, ки ҳаргиз ташнагиро набинанд ва ҷаннати фирдавсро ҷойгаҳ ва макони онон гардонад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *