Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Бароъ Ибни Молики Ансорӣ

Бароъ ибни Молики марди жулидамӯй ва лоғар буд, бинанда фикр намекард, ки ин шахс ин ҳама қаҳрамонӣ ва шуҷоат нишон диҳад. Аммо бо вуҷуди ин заъфи ҷисмонӣ ва нотавонии бадан беш аз сад танро ба танҳоии хеш ба қатл расонидааст ва ин теъдод ғайр аз теъдодест, ки ба дасти вай дар саҳнаи набард зиндагӣ худро аз даст додаанд.

Ин қаҳрамони номовар ва шуҷоъ он қадар дар саҳнаи набард бебокона меразмид, ки ҳазрати Умари Форуқ ба кордорони худ дар гӯшаву канори қаламрави Ислом дар хусуси вай навишта ирсол намудааст, ки ба вай вазифаи қумандонии лашкари мусалмононро надиҳанд, ки мабодо бо иқдоми хеш ҳамаро дар вартаи ҳалокат ва нобудӣ андозад. Вай бародари Анас ибни Молик ходими ҳазрати Расулуллоҳ (с) аст. Мо агар бихоҳем ҳама ҷониби зиндагии Бароъ ва қаҳрамониҳову диловариҳои вайро ба риштаи таҳрир дарорем ин амр аз тавони мо берун аст. Ва фақат ба зикри як ҳодиса аз қаҳрамониҳои вай дар ин ҷо иктифо мекунем ва ин қисса худ боқӣ дигар ҳама саргузашт ва қаҳрамониҳои вайро дар ихтиёри мо хоҳад гузошт.

Ин достон аз давраи вафоти Ҳазрати Расули Худо (с) ва пайвастанаш ба рафиқи аъло оғоз мешавад. Тавре ки қабилаҳои араб баъд аз вафоти он ҳазрат тасмим гирифтанд, ки ҳама дастаҷамъӣ аз дини Хордо берун шаванд ҳамон тавре, ки ҳама дастҷамъӣ дар ибтидо ба дини Худо дохил шуда буданд, то он ки аз Ислом ному нишоне намонад ва ба ҷуз аҳли Макка ва Мадина ва Тоиф ва ҷамъиятҳои маъдуде, ки ба суратҳои пароканда дар ин ҷо дар Ислом боқӣ монданд, боқӣ ҳама аз дини Худо саркашӣ карданд.

Ҳазрати Абубакри Сиддиқ (р) дар баробари ин фитнаи бузург мардонавор истодагӣ намуд ва бемуҳобот бо он ҷангид. Ва аз муҳоҷирин ва Ансор ёздаҳ сипоҳ омода сохт. Ва барои қумандони ҳар як аз ин ёздаҳ сипоҳ парчамеро барафрошт ва ишонро дар саросари Ҷазиратул Араб гумошт то муртадинро ба роҳи ҳақ ва ҳидоят баргардонад ва бо зӯри шамшер мунҳарифонро бо ҷодаи рост ва мустақим маҷбур созад. Аз нерӯмандтарини ин гурӯҳи муртадин Бани Ҳанифа буд, ки ба эътибори ҷанговар ва теъдод қавитар буд ва роҳбарии ононро Мусайлимаи каззоб ба ӯҳда дошт. Мусайлима аз қавми худ ба теъдоди чиҳил ҳазор нафар ҷанговарро муттаҳид намуд ва ин теъдод ҳама ба ҳукми нажодпарастӣ ва қавмият дар гирди вай ҷамъ шуда буданд на ба ҳукми ин ки ишон ба вай имон оварда бошанд. Чунончи баъзе аз ишон ин матлабро изҳор намуда мегуфтанд:

Мо медонем, ки Мусайлима каззоб ва дуруғгӯ ва Муҳаммад содиқ ва ростгӯ аст. Аммо каззоби (қабилаи) Рабеъ (Мусайлима) назди мо аз содиқи (қабилаи) Музар (Ҳазрати Муҳаммад (с) беҳтар аст.

Нерӯҳои Мусайлима нахустин даста аз сипоҳиёни исломро, ки сарварии онро Икрама ибни Абуҷаҳл ба дӯш дошт, шикаст дод ва ишонро ба ақибнишинӣ маҷбур сохт.

Ҳарду лашкар дар сарзамини Ямома дар Наҷд бо ҳам рӯ ба рӯ шуданд. Дере нагузашт, ки паллаи мизони Мусайлима гарон шуд ва замин дар зери пои мусалмонон ба ларза афтод ва тасмим ба он гирифтанд, ки ақибнишинӣ кунанд. Лашкариёни Мусайлима дохили хаймаи Холид ибни Валид гардида ва хаймаашро аз замин бардоштанд ва наздик буд, ки ҳамсарашро ба қатл расонанд. Аммо як тан аз мусалмонони бомаҳорат вайро наҷот дод. Дар чунин фурсате мусалмонон дарёфтанд, ки хатари бузурге ба онҳо таҳдид мекунад ва донистанд, ки агар лашкари мусалмонон ин бор дар баробари Мусайлима шикаст бихӯранд, дигар Ислом дар Ҷазиратул Араб бапо нахоҳад истод ва дигар ҳеҷ яке дар ин сарзамин ба парастиши Худованди ягона нахоҳад пардохт.

Дар гирудори ин хатар бузург буд, ки Холид мутаваҷеҳи лашкари худ шуд ва онро аз сар танзим кард ба тавре, ки муҳоҷиринро аз Ансор ва бадавиро аз шаҳрӣ як тараф намуд. Ва фарзандони ҳар қабиларо ба таври алоҳида дар таҳти як байрақ қарор дод, то бубинад, ки кадом як аз ин қабилаҳо ҷанговартар аст ва дарёбад, ки омили шикасти мусалмонон аз кадом ноҳия аст.

Ҷанги хунин дар миёни ду тараф сурат гирифт, ки мусалмонон қаблан ба чунин як ҷанги табоҳкунанда рӯ ба рӯ нашуда буданд. Ва ҷанговарони Мусайлима бо субот нопойдории аҷибе ба набард идома доданд ва шумораи зиёди кушташудагон онҳоро аз идомаи ҷанг боз надошт ва чун кӯҳ истодагӣ намуданд. Ва мусалмонон аз худ қаҳрамониҳои аҷибе нишон доданд, ки агар шоире дар васфи онҳо месуруд шояд аз маъруфтарин ва дилангезтарин қасидаҳои шеърӣ мебуд.

Собит ибни Қайс, парчамдори гурӯҳи Ансор кафан пӯшида ва барои худ қабр меканад ва то нисфи бадани худ дар он фурӯ наравад ва дар мавқифи худ собит ва устувор мемонад, ва бо дифоъ аз парчами қавми худ, то сарҳади марг меразмад, то он ки ҷоми шаҳодат ба сар мекашад.

Ва Зайд ибни Хаттоб — бародари ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р) дар миёни лашкар фарёд мезанад, ки эй мусалмонон, собитқадам бошед ва бо матонат ҳамлаи душманро саркӯб кунед ва қадам ба пеш ниҳед.

Эй мардум, қасам ба Худо, баъд аз ин калима, дигар ҳаргиз ҳарфе бар забон нахоҳам овард, то онки Мусайлима шикаст бихӯрад ва ё он ки Худовандро бо хуни худ мулоқот кунам ва онро далел ва ҳуҷҷати худ бидонам. Ва баъд бар лашкариёни Мусайлима ҳамла бурд ва пайваста меҷангид то ин ки ба шаҳодат расид.

Солим ғулом Абуҳузайфа парчами муҳоҷиринро ба даст дорад қавмаш аз он бим намуд, ки дар ҷанг заиф гардад ва ё субот ва пойдориро аз даст диҳад, лизо ба ӯ гуфтанд: Аз он бим дорем, кидар натиҷаи заъфи ту душман бар мо даст ёбад.

Вай дар ҷавоб гуфт: Агар дар натиҷаи заъфи ман душман бар шумо даст ёбад, ман ба ҳақ ҳофизи Қуръон нахоҳам буд.

Баъд ба душман ҳамлаи шуҷоона намуд, то ин ки мавриди исобат қарор гирифт.

Аммо ин ҳама қаҳрамониҳо дар баробари қаҳрамонӣ ва шуҷоате, ки Бароъ ибни Молик (р) анҷом додааст чизе нахоҳад буд ва он ин ки: Вақте Холид дид, ки оташи ҷанг шӯълавар гардид ва шиддати он ба авҷи худ расид, рӯ ба сӯи Бароъ ибни Молик овард ва гуфт: Эй ҷавони Ансорӣ ба сӯи ишон бишитоб. Бароъ ба сӯи қавми худ рӯй гардонид ва гуфт: Эй ҷамъи Ансор, набояд ҳеҷ яке аз шумо дар фикри бозгашт ба Мадина бошад. Шуморо баъд аз ин рӯз Мадина нахоҳад буд… Балки шуморо Худои ягона аст ва баъд биҳишт…

Баъд бар мушрикин ҳамла намуд ва ёронаш низ аз ақиби ӯ рафтанд. Ва шурӯъ ба рахна кардани сафи душман намуд ва бо шамшер гарданҳои душманони Худоро аз тан ҷудо месохт, то ин ки қадамҳои Мусайлима ва лашкариёнашро мутазалзил сохт ва онҳоро маҷбур ба фирор намуда ва дар бӯстоне, ки баъдан ба номи бӯстони марг шӯҳрат ёфт, ҳамла бурданд ва теъдоди куштагон дар он бӯстон аз шумор берун гардид.

Ин бӯстони марг дорои майдони васеъ ва девори баланде буд. Мусайлима ва ҳазорон тан аз мудофеъонаш вақте дохили ин бӯстон шуданд, дарвозаҳои онро ба рӯи худ бастанд ва аз баланди деворҳои он барои дифоъ аз худ истифода намуда ва мусалмононро аз дохили он ҳадафи тирҳои худ қарор доданд. Дар чунин фурсате ин қаҳрамони диловар Бароъ ибни Молик омад ва гуфт:

Эй қавм, маро бо ин сипар бигзоред ва баъд онро ба нӯки найзаҳо бардошта дар наздикии дарвозаи боғ бияндозед, ё шаҳид мешавам ва ё он ки дарвозаро ба рӯятон мекушоям.

Бароъ ибни Молик бо суръат дар миёни сипар нишаст ва ёронаш бо нӯги найзаҳо ӯро ба дохили боғ андохтанд.

Ҳазорон тан аз лашкариёни Мусайлима ба сари вай рехтанд ва даргирии шадиде дар миёни вай ва душманонаш даргирифт ва баъд аз бархӯрде, ки даҳҳо кушта ба ҷо гузошт тавонист, ки дарвозаро бикшояд ва беш аз ҳаштод ҷои аз баданаш захми шамшер ва найза дида буд. Мусалмонон чун сел дохили бӯстон шуданд ва чунон ба куштани муртаддин пардохтанд, ки аз тавсиф берун аст. Ва дар ҳудуди беш аз бист ҳазор нафар аз лашкариёни Мусайлимаро аз теғ гузарониданд ва ахиран худи Мусайлимаро низ ба қатл расониданд.

Бароъ ибни Моликро бардошта ба қароргоҳаш бурданд, то ӯро муолиҷа намоянд. Ҳазрати Холид ҳудуди як моҳро назди вай сипарӣ кард, то он ки Худованд ӯро шифо бахшид ва тавассути вай лашкари мусалмононро пирӯзӣ насиб фармуд.

Бароъ ибни Молики Ансорӣ орзӯи шаҳодатро менамуд, ки дар рӯзи корзори бӯстони марг насибаш нашуд…

Баъд аз он дар ҷангҳо яке паи дигар ширкат кард то орзӯи деринаи худро дарёбад ва бо Паёмбари гиромии худ бипайвандад, то он ки рӯзи фатҳи шаҳр. Тӯстар яке аз шаҳрҳои Форс фаро расид. Форсҳо дар яке аз қалъаҳои мустаҳками ин шаҳр сангар гирифта буданд. Мусалмонон ин қалъаро дар муҳосираи шадиди худ гирифтанд. Чун муддати замони тӯлонӣ бар ин ҳисор сипарӣ шуд, ва форсҳо дар он ба танг омаданд. Бинобар ин нишон барои дифоъ аз хеш ҳалқаҳои оҳанинеро, ки бар нӯки он чангакҳои фулодӣ, ки дар оташ доғ шуда буд, насб намуда ва аз фарози деворҳои қалъа поин карда дар ҷисми мусалмонон онро фурӯ бурда ва ба сӯи худ онхоро мекашиданд, ки дар ин ҷараён мусалмонон ё ҳаёти худро аз даст медоданд ва ё он ки ба марг онҳоро наздик месохтанд.

Яке аз ин чангакҳо дар тани Анас ибни Молик бародари Бароъ хӯрд ва ӯро ба сӯи худ кашиданд. Ҳамин ки чашми Бароъ ба вай афтод ва дид, ки бародараш ҳадафи шикори душман қарор гирифта ба суръат ба сӯи вай давид ва худро ба девори қалъа расонд ва занҷирро, ки бародараш ба он овезон буд, ба даст гирифт ва бо ҳама тавони худ саъй намуд, то бародашаро аз он халос кунад ва ахиран тавонист, ки бо сӯзондани дасти худ ба тасмимаш ноил гардид. Дар ин ҷанг Бароъ ибни Молики Ансорӣ аз Худованд хост, ки ӯро шаҳодат насиб фармояд. Ҳамон буд, ки дуъои ӯро иҷобат намуд ва ба мартабаи олии шаҳодат ноил гардид ва ба лиқоуллоҳ пайваст. Худованд Бароъ ибни Моликро дар биҳишти барин ҷой диҳад ва мақому манзалаташ баланд дорад ва орзӯяшро дар пайвастан ба ҳазрат Расули Худо бароварда созад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *