Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Уббод Ибни Бишр

Уббод ибни Бишр номи дурахшон ва тобандаест дар таърихи даъвати Муҳаммадӣ. Агар Уббод ибни Бишрро дар миёни бандагон ҷустуҷӯ намоӣ, ӯро дар миёни муттақиён ва парҳезгорон меёбӣ, ки шабро ба таҳаҷҷуд ва қироати Қуръон ба сар мерасонд ва агар ӯро дар миёни қаҳрамонон суроғ кунӣ, вайро шуҷоъ ва диловар меёбӣ, ки дар миёни ҷангҳо ба хотири эълои калимаи Аллоҳ дар ситезад ва биразмад. Агар вайро дар миёни волиён ва зимомдорон суроғ кунӣ, ӯро марди қавӣ ва амин дарёбӣ, ки амволи мусалмононро бо садоқат ва диндорӣ нигаҳ медорад, то он ҷо ки ҳазрати Оиша (р) дар бораи вай ва ду тани дигар аз ҳамқавмҳояш гуфтааст: Се тан аз ансоранд, ки ҳеҷ кадоми онҳо бар дигаре дар фазлу карам бартарӣ надоранд ва ҳар се тан аз бани Абдул Ашҳаланд: Саъд ибни Муъоз, Усайд ибни Ҳузайр ва Уббод ибни Бишр.

Дар овоне, ки нахустин шӯълаи даъвати муҳаммадӣ дар офоқи Ясриб тобид. Уббод ибни Бишри Ашҳалӣ ҷавони навраста буд, ки осори покӣ ва иффат дар ҷабинаш медурахшид ва муомилаш бо дигарон баёнгари ақли бузургон ва раҷоҳати фикри ӯ буд. Ҳарчанд ки дар он даврон умраш аз бисту панҷ сол зиёд таҷовуз накарда буд. Вай бо доъии ҷавон Мусъаб ибни Умайр, ки аз Макка ба Мадина омада буд, мулоқот намуд ва дере нагузашта, ки равобити ақида ва имон ин дуро ба ҳам наздик сохт ва улфат ва муҳаббат дар миёнашон иҷод намуд ва шамоил ва хусусияти ин ду бо ҳам яке шуд.

Вай ба қироати Мусъаб ибни Умайр, ки бо садои шева ва дилангези хеш Қуръонро тиловат мекард, гӯш мениҳод ва тиловаташ дар вай асари бузурге мегузошт ва муҳаббати каломи Худо дар самим қалбаш ҷо гирифт ва пайваста онро бо садои дилнишин ва оҳанги ҳазини хеш шабу рӯз тиловат мекард, то он ки вай дар миёни асҳоб ба номи имом ва дӯсти Қуръон маъруф гардид.

Шабе ҳазрати Расули Худо (с) дар ҳуҷраи ҳазрати Оиша (р), ки пайваст ба масҷид буд, таҳаҷҷуд мехонд садои Уббод ибни Бишрро шунид, ки Қуръонро чунон бо садои дилнишин замзама мекард, ки гӯё барои аввалин бор аст, ки Ҷабраил онро нозил намудааст, Гуфт: Эй Оиша, ин садои Уббод ибни Бишр аст?

Ҳазрати Оиша (р) ҷавоб дод: Бале, эй Расули Худо (с).

Фармуд: Худовандо, ту вайро мағфират намо.

Уббод ибни Бишр ҳамроҳ бо ҳазрати Расули Худо (с) дар ҳама ғазваҳо ширкат намуд ва дар ҳар як аз ин ғазваҳо чунон ҷойгоҳи созанда дошт, ки зебандаи ҳофизи Қуръон аст. Яке аз ин ҷойгоҳҳои вай ин аст, ки вақте ҳазрати Расули Худо (с) аз ғазваи Зотурриқоъ баргашт, ҳамроҳ бо мусалмонон дар дарае фуруд омаданд, то шабро дар он сипарӣ намоянд.

Дар аснои ин ҷанг яке аз мусалмонон зане аз занони мушрикеро дар набудани шавҳараш ба асорат гирифт. Вақте шавҳараш ба хона баргашт, дид ки занашро мусалмонон ба асорат бурдаанд. Бинобар ин, ба Лоту Уззо қасам ёд кард, ки худро ба Муҳаммад (с) ва асҳобаш расонда, бидуни рехтани хун барнахоҳад гашт. Мусалмонон вақте борҳои худро дар ин дода фуруд оварданд, ҳазрати Расули Худо (с) ба онҳо гуфт: Чӣ касе имшаб моро постдорӣ ва ҳирост мекунад? Уббод ибни Бишр ва Аммор Ибни Ёсир аз ҷой бархостанд ва гуфтанд: Эй Расули Худо (с), мо омодаи чунин коре ҳастем ва қаблан ҳазрати Расули Худо (с) вақте муҳоҷирин вориди Мадина шуданд, дар миёни ин ду равобити бародарӣ барқарор сохта буд. Вақте ҳарду ба даҳонаи водӣ баромаданд Уббод ибни Бишр ба бародараш Аммор ибни Ёсир гуфт: Кадом бахш аз шабро мепазирӣ, ки дар он бихобӣ, аввали шаб ва ё охири шаб ?

Аммора гуфт: Ман аввали шабро тарҷеҳ медиҳам, ки дар он ба хоб равам ва он гоҳ дар фосилаи на чандон дур аз он ба хоб рафт.

Шаб ором ва пурсукун буд ва ситорагон ва дарахтон, сангу чӯб тасбеҳи Худо мегуфтанд. Дар чунин фурсате қалби Уббод ибни Бишр барои ибодат ва қироати Қуръон беқарор гардид. Вай завқи он дошт, ки тиловати Қуръонро ҳамроҳ бо намоз як созад ва аз он лаззати бештаре ёбад. Ҳамон буд, ки рӯ ба қибла намуд ва ба намоз оғоз кард ва бо садои шево ва дилангези худ аз сураи Қаҳф шурӯъ намуд ва дар асное, ки вай ғарқи ибодат ва намоз буд ва бо овози ширин ва дилнишинаш намоз мехонд ногаҳон марде аз дур намоён шуд. Вақте садои дилнишин ӯро бишнид ва ӯро қадафрошта дид, яқин намуд, ки Муҳаммад ва ёронаш дар ин водӣ ба сар мебаранд ва ин шахси сар барафрошта вазифаи ҳирости ишон бар дӯш дорад. Камони худ баробар кард ва тир ба он гузошт ва Уббод ибни Бишрро ҳадаф қарор дод. Уббод тир аз бадан берун кард ва ба қироат ва намози худ идома дод.

Ин мард боз ӯро ҳадаф қарор дод. Уббод боз тир аз бадан берун кард ва ба намози худ идома дод, бори саввум низ тир ба ҷасади вай расид. Уббод ин бор низ тир аз бадан берун кашид ва ба шикам худро ба сӯи ёри худ Аммор ибни Ёсир расонд ва ӯро аз хоб бедор сохт ва ба ӯ гуфт, ки аз ҷоят бархез, ки ман захм хӯрдаам. Вақте ин мард ҳардни онҳоро бидид, роҳи фирор дар пеш гирифт. Вақте Аммор ибни Ёсир ба Уббод ибни Бишр мутаваҷҷеҳ шуд, дид ки хун аз се қисмати баданаш мечакад, ба ӯ гуфт: Чаро дар аввалин боре, ки мавриди ҳамла қарор гирифтӣ, маро бедор накардӣ ?

Уббод гуфт: Ман дар аснои қироати сура будам, дилам нахост, ки онро қатъ кунам, қасам ба Худо, агар хавфи зоеъ шудани марз намебуд, ки ҳазрати Расули Худо (с) маро ба ҳифзи он маъмур сохта буд, хушдори он будам, ки ҷонамро аз даст диҳаму ин сураро қатъ накунам.

Вақте ҷангҳои иртидод дар аҳди ҳазрати Абубакри Сиддиқ ба роҳ афтод, ҳазрати Сиддиқ лашкари бузургеро барои саркӯби Мусайлама ва пайравонаш омода намуд, то муртадинро ба дини Ислом баргардонад. Уббод ибни Бишр дар пешопеши ин лашкар қарор дошт. Як шаб қабл аз он ки ҷанг сарнавиштсоз ба роҳ афтад, Уббод ибни Бишр дар хоб дид, ки дарвозаи осмон кушода шуд ва ӯро ба дохили худ гирифт, дарвозаҳояш дубора баста шуд. Вақте субҳ шуд, Абусаъиди Худриро аз ин хоби худ огоҳ сохт, вай дар ҷавоб гуфт: Қасам ба Худо, ин хоб баёнгари шаҳодати туст. Вақте рӯз рӯшан шуд ва ҷанг аз сар гирифта шуд, Уббод ибни Бишр бар теппаи баланд баромад ва фарёд зад: Эй ҷамъи Ансор, худро яктарафа созед ва ғилофи шамшерҳои худ бишканед. Мабодо иҷоза диҳед, ки Ислом аз тарафи шумо шикаст бихӯрад. Вай пайваста ин нидоро такрор мекард, то он ки дар ҳудуди чаҳорсад нафар, ки дар раъси онҳо Собит ибни Қайс, Баро ибни Молик, ва Абу дуҷона соҳиби шамшери ҳазрати Расули Худо (с) қарор доштанд, ба гирди вай ҷамъ шуданд. Уббод ибни Бишр ҳамроҳ бо касони хештан дар сафи душман ҳамла бурд ва мардонавор ҷангид, то он ки шавкати Мусайламаи каззоб ва тарафдоронашро шикаст ва ногузир ба Ҳадиқатулмавт паноҳанда шуданд ва дар он ҷо дар пои девори ин бӯстон Уббод ибни Бишр ба шаҳодат расид. Вақте ӯро бардоштанд, диданд ки он қадар зарбаи шамшер ва ханҷар ва тир бар баданаш расидааст, ки наздик буд ӯро нашиносанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *