Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Маънои закоти Фитр

Закоти фитра ё садақаи фитр, ба маънои садақаи рӯза боз кардан аст ва дар истилоҳ иборат аст аз:

«Миқдори хӯрокӣ ё пули ҳамон миқдор, ки ба унвони ҳаққи воҷиб ба мустаҳақ дода мешавад».

Аз ин ҷиҳат ба ин амал закоти фитр ё садақаи фитр гуфта мешавад, ки ба маҳзи тамом шудани моҳи мубораки Рамазон ва фаро расидани иди Фитр воҷиб мегардад.

Закоти фитр дар соли дуввуми ҳиҷрӣ ва қабл аз закоти мол воҷиб шудааст. Бархе вуҷуби онро аз ояти зер истифода кардаанд:

«Растагор шуд он ки закот дод ва номи Худоро ёд кард ва намоз (ид) гузорид».(Сураи Аъло ояти,14-15). Ва дар ривояте аз Расули Худо(с) омадааст:

Расули Худо(с) закоти фитри Рамазонро бар мардум, соъе аз хурмо ё соъе аз ҷав қарор дод ва онро бар ҳар шахси озод аз марду зани мусулмон фарз гардонид.(Сунани Абўдовуд, ҳ.1613).

Фалсафа ва ҳикмати илмии закоти фитра

Дар бархе ривоятҳо ҳикмати вуҷуби закоти фитра, пок сохтани рӯза аз гуфтаҳои лағв ва кирдори норавое, ки бидуни таваҷҷӯҳ аз шахси рӯзадор дар моҳи мубораки Рамазон сар задааст баён шуда, чунонкӣ Расули Худо(с) фармуд:

«Закоти фитр барои пок гардондани рӯзадор аз корҳои беҳуда ва норавост».Аз устоди имом Шофиӣ нақл шудааст, ки гуфта:

«Закоти фитр барои моҳи Рамазон монанди саҷдаи саҳв барои намоз аст. Ончунон ки саҷдаи саҳв нуқсони намозро ҷуброн мекунад, закоти фитр нуқсон ва нотамомиҳои рӯзаро ҷуброн мекунад.

Фалсафа ва ҳикмати иҷтимоии закоти фитр

Фалсафа ва ҳикмати иҷтимоии закоти фитр, таъмини хӯроки бенавоён дар рӯзи ид аст. Рӯзи ид рӯзи шодӣ ва сурури мусулмонон аст ва ид ҳам вақте маъно дорад, ки ҳамагон дар шодӣ шарик бошанд.

Фақире, ки аз нодорӣ лабонаш бар дандон ва шикамаш бар пушт часпида, аз куҷо нон биёварад, то шодмон бошад?! Ва ин нодорӣ одатан ба ҷиҳати поймол шудани ҳаққи онон тавассути сарватмандон аст, бинобар ин Худованд бар касоне, ки суфраҳои рангин ва хонҳои пур аз зарқу барқ мегустаронанд воҷиб гардонидаст, ки хонаводаҳои фақири мусулмон шодиофарин бошанд. Ва албатта сарватмандон набояд ба як соъ гандум ё хурмо ё биринҷ, ки ғизои ғолиби мардуми оддист басанда кунанд, балки бояд ба андозаи тавони худ ба фуқаро расидагӣ кунанд.

Шариати Ислом ҳар ҳукмеро бар ҳадди ақалли тавоноӣ гузоштааст, то бенавоён низ битавонанд онро анҷом диҳанд, лекин набояд фаромӯш кард, таклифе, ки бар тавонмандон ҳаст бар нотавонон нест, чунонки аз баъзе оятҳои Қуръон низ метавон ин маъноро истифода кард, Қуръони карим мефармояд:

«Бар тавонманд ба андозаи тавоноияш ва бар тангдаст ба андозаи тавоноияш».(Сураи Бақара ояти,236). Худованд дар ояти дигар чунин мефармояд:

«Касе, ки дорои вусъат(и молӣ) аст аз дороии худ ҳазина кунад ва касе, ки рӯзӣ бар ӯ танг аст аз он миқдор, ки Худо бар вай дода ҳазина кунад».(Сураи Талоқ ояти,7).

Вақти воҷиб шудани закоти фитр

Закоти фитра ҳангоми тулӯи фаҷри рӯзи иди Рамазон аст, вале беҳтар аст, ки ин амал чанд рӯз қабл аз иди Рамазон сурат гирад, то битавонад ба мустаҳаққон ва ниёзмандон бирасад.

Инсоне, ки сатҳи зиндагияш миёна аст, бояд илова бар худаш аз ҷониби фарзандони ноболиғи худ ҳам садақаи фитрро пардохт кунад. Миқдори садақаи фитр бар шахси болиғ ва ноболиғ баробар мебошад.

Миқдори закоти фитр

Абўсаиди Худрӣ мегӯяд: «Мо дар замони Расули Худо(с) як соъ аз гандум ё ҷав ё хурмо ё кишмишро барои ҳар нафар закоти фитра медодем». (Саҳеҳи Бухорӣ).

Миқдори закоти фитра, ки ҳамаи уламо бар он иттифоқ доранд, иборат аст аз як киллову яксаду даҳ грам гандум ва бо нархи рӯзи он. Ибни ҚайимиҶавзӣ мегӯяд: «Ин чанд маврид аз донагиҳо(гандум, ҷав, хурмо ва ғайра), ки дар аҳодис ном бурда шудааст нишонгари он аст, ки дар замони Пайғамбари Ислом(с) дар Мадина ғизои ғолиби мардум будааст ва агар дар ҷое ё замони дигар ғизои ғолиби мардум чизи дигар бошад, бояд аз он бипардозанд, агарчӣғизояш ғайр аз донагиҳои мисли шир, гушт, моҳӣ ва ғайра бошад».

Бархе аз фуқаҳои муосир бар ин боваранд, ки дар шариати илоҳӣ чандин ҷинс аз хӯрокиҳо ба унвони садақаи фитр таъйин шуда, ишора ба ин аст, ки закоти фитр ва фидяи рӯзаи ҳар шахс бинобар вазъи молии ӯ тағйир пайдо мекунад. Ин садақа барои хонаводаҳои камдаромад ба нархи гандум таъйин мешавад. Ва барои хонаводаҳои сердаромад бо таваҷҷӯҳ ба аҷноси бо арзиштар(бирнинҷ ва ғайра) таъйин мегардад. Ва онро бояд бо харҷи ғизои якрӯзи инсон таносуб дод.

Закоти фитр ба чӣ касоне дода мешавад?

Закоти фитр тибқи фармудаи Расули Худо(с) ба мискинон дода мешавад, чунонки он Њазрат фамудааст: «Закоти фитр ризқ ва хӯроки мискинон аст”(Ссунани ибни Моҷа, ҳ.1899).

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *