Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Даҳ ёри биҳиштӣ

ҳо

Муаллиф:

Ашраф Муҳаммад

Аз арабӣ тарҷумаи:

Муҳаммадиқболи Садриддин

Обл1

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

Насаби Абубакри Сиддиқ (р)

Абубакри Сиддиқ ибни Абуқуҳофа (р), ки номи муборакашон Абдуллоҳ ибни Усмон ибни Амр ибни Каъб ибни Саъд ибни Тайми Қурайшии Тамимӣ аст.

Қабл аз ба паёмбарӣ мабъус гардидани ҳазрати Муҳаммад (с) дӯсти он Ҳазрат (с) буд ва дар шумори яке аз нахустин ашхосе маҳсуб мегардад, ки дар имон овардан ба Расули акрам (с) пешдастӣ намуда ва рисолати он Ҳазратро тасдиқ намудааст ва ба дини поки Ислом гаравидааст. То он даме ки Расули акрам (с) дар Макка иқомат доштанд ҳамеша ҳамроҳ, мунис ва ёвари он Ҳазрат (с) буданд. Абубакри Сиддиқ (р) ҳамроҳӣ ва рафоқати худро бо Расули акрам (с) ҳангоми ҳиҷраташон аз Макка ба Мадина дар ғор низ тарк накард ва худро ҷоннисор ва муниси он Ҳазрат (с) намуд.

Бо Расули акрам (с) дар тамоми ғазваҳо ширкат намуда иштирокчии бевоситаи Ғазваи Бадр, Уҳуд ва Хандақ мебошад. Инчунин Расули акрам (с) шаъну манзалати ӯро дар ғазваи Табук баланд бардошта ва парчами ғангиро ба дасти ӯ доданд ва ӯро барои мардуми Наҷд (минтақаи Ар-риёзи кунунӣ) амир фиристоданд. Дар замони ҳаёти Расули акрам (с), дар соли нуҳуми ҳиҷрӣ бо мардум ҳаҷ намудааст, ки он аввалин ҳаҷ дар Ислом буд. Инчунин пас аз даргузашти ҷонгудози Расули акрам (с) асҳоби гиромиашон ва оммаи мусалмонон ба ӯ лақаби нахустин «халифаи Расулуллоҳ (с)»-ро гузоштанд.

Инчунин падарашон Абуқуҳофа (р) Ислом оварда ва аз Расули акрам (с) ҳадис низ ривоят намудаанд. Модарашон Уммулхайр, ки исми муборакашон Салмо бинти Сахр ибни Омир аст ва духтари амаки падарашон мебошад, низ мусалмон шуда ва бо Ислом овардани ӯ теъдоди мусалмонон ба 39-нафар мерасад.

Хонадони Абубакри Сиддиқ (р)-ро бароятон муъаррифӣ менамоем:

Писарашон Абдуллоҳ ва духтарашон Асмо (Зотуннатоқайн), ки модари ҳарду Қутайла бинти Абдулуъзо мебошад. Писарашон Абдурраҳмон ва духтарашон умулмуъминин Оиша (р), ки модари онҳо Умми Румона бинти Омир мебошад.[1] Инчунин писарашон Муҳаммад, ки модари ӯ Асмо бинти Умайс буда ва духтари дигарашон Умми Кулсум, ки модарашон Ҳабиба бинти Хориҷа мебошад.

Ба мо маълум гардид, ки Абубакри Сиддиқ (р) аз чаҳор ҳамсар се писар ва се духтар доштаанд. Инчунин Абубакри Сиддиқ (р)-ро Атиқ (озодшуда) низ мегуфтанд. Боре Оишаи Сиддиқа (р)- ро пурсиданд, ки барои чӣ он ҳазратро чунин ном мебурданд? Оиша (р) гуфтанд: «Расули акрам (с) ба Абубакр (р) нигаристанд ва чунин гуфтанд: Ин озоднамудаи Худо аст аз оташ».[2]

Ислом овардани Абубакри Сиддиқ (р)

Абубакри Сиддиқ (р) марди хело маҳбуб ва соҳиби эҳтироми хосе дар миёни қавмашон буданд. Инчунин донандаи хуб ва насабшиноси қурайшиён маҳсуб мегашт ва хело ҳам хуб медонист, ки дар қабилаи Қурайш чӣ хубиҳо ва бадиҳое вуҷуд дошт. Марди тоҷир ва дорои хулқи хуби беҳамтое буд. Бузургони қавмаш ба назди ӯ меомаданд ва эҳтирому манзалати хосе ба ӯ қоил буданд. Ин амали қавм аз ин хотир буд, ки ӯ тоҷире буд дорои хулқи накӯ ва бо ҳар шахсе, ки мулоқот ва ҳамнишинӣ мекард, бархӯрди хуб аз худ нишон медод ва дар дили ҳар ҳамсӯҳбату ҳамнишинаш унс мегирифт.

Ҳазрати Абубакри Сиддиқ (р) то вақти имон оварданаш ҳаргиз бут ё санамеро саҷда накарда буд ва аз аввалин озодмардоне буд, ки ба Исломи азиз пайваст ва ба рисолати Расули акрам (с) имон овард.[3]

Пас аз Ислом оварданаш ҳар киро аз ҳамқавмон ва ҳамнишинонаш, ки ба фаросати ӯ эътимод дошт, барои пазируфтани дини Ислом даъват менамуд ва аз дасти мубораки эшон ин чанд нафар имон овардаанд: Зубайр ибни Аввом, Усмон ибни Аффон, Талҳа ибни Абдуллоҳ, Саъд ибни Абуваққос ва Абдурраҳмон ибни Авф (р), ки ҳамаи онҳо аз ҷумлаи даҳ ёри биҳиштианд. Чун ин панҷ нафар ҳамроҳи Абубакри Сиддиқ (р) ба назди Расули акрам (с) омаданд, ба онҳо Исломро муъаррифӣ намуд ва дар назди эшон Қуръонро тиловат намуда онҳоро аз ҳақ будани дини Ислом огоҳ кард ва онҳо мусулмон шуданд.

Инҳо ҳамроҳ бо Зайд ибни Ҳориса ва Алӣ ибни Абутолиб (р) аз нахустин ашхосе буданд, ки ба Ислом дохил шуданд ва рисолати Расули акрам (с)-ро тасдиқ намуданд ва ба он чӣ, ки аз ҷониби Худованд (ҷ) ба Муҳаммад (с) фуруд омадааст, имон оварданд [4].

Инчунин Расули акрам (с) дар мавриди Ислом овардани Абубакри Сиддиқ (р) чунин гуфтааст: «Чун ҳар касеро ба пазируфтани Ислом даъват менамудам, ӯ дар иҷобаташ таъхир менамуд ё ба фикр фурӯ мерафт ё ба сӯям менигарист ва дудилагӣ менамуд, ба ҷуз Абубакр ибни Абуқуҳофа, ки чун даъваташ намудам, дар иҷобат ва пазируфтани Ислом ҳеҷ таъхир ва дудилагӣ нанамуд». [5]

Ҳангоми Ислом оварданаш Абубакри Сиддиқ (р) бо худ чиҳил ҳазор дирҳам дошт. Бо ин пулҳо мусалмонони ғуломро харида озод мекард ва барои тақвияти Ислом харҷ менамуд ва мусалмонҳоро кӯмак мекард. Ҳангоме ки ҳамроҳи Расули акрам (с) ба Мадина ҳиҷрат намуд, аз он маблағ панҷ ҳазор дирҳамаш монда буд. Баъд аз он дар Мадина ҳам ба мисли Макка он пулҳоро дар роҳи дини Ислом сарф менамуд. Абубакри Сиддиқ (р) ҳафт нафар ғуломеро, ки бутпарастиро тарк намуда Худованди якторо мепарастиданд ва барои ин мушрикони Макка шиканҷаву озорашон медоданд, озод намуданд. Дар байни онҳо Билол (р) ва Омир ибни Фуҳайра (р) низ буданд.

Расули акрам (с) боре чунин фармуданд: «Молу (дороии) касе бароям ба монанди моли Абубакр (р) суд набахшидааст».

Дар ин асно Абубакри Сиддиқ (р)-ро ашк аз чашмони муборакашон равон гардид ва бо садои нарму дили пур аз меҳру муҳаббат ба Расули акрам (с) нигариста ва чунин гуфтанд: «Ман ва молу дороиам, ҳама аз они шумост, эй Расули Худо (с)».[6]

Ва инчунин дар ҳаққи Абубакри Сиддиқ (р) Худованд (ҷ) аз фарози ҳафт осмон ояте нозил кард, ки ба саховат ва дараҷаи баланди он ҳазрат далолат мекунад[7]:

لَا يَسْتَوِي مِنكُم مَّنْ أَنفَقَ مِن قَبْلِ الْفَتْحِ وَقَاتَلَ أُوْلَئِكَ أَعْظَمُ دَرَجَةً مِّنَ الَّذِينَ أَنفَقُوا مِن بَعْدُ وَقَاتَلُوا وَكُلًّا وَعَدَ اللَّهُ الْحُسْنَى وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرٌ

«Аз миёни шумо онон, ки пеш аз фатҳ инфоқ карда ва ба ҷанг рафта, бо онҳое, ки баъд аз фатҳ инфоқ (харҷ) кардаанд ва ба ҷанг рафтаанд, баробар нестанд. Дараҷоти онҳо (гурӯҳи аввал) болотар аст. Ва Худо ба ҳама ваъдаи нек медиҳад ва ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст».[8]

Сиддиқ

Расули акрам (с) шаби воқеъаи «Исро» (Меъроҷ) аз Макка ба сӯи масҷиди Ақсо рафт ва аз он ҷо ба осмон рафту дубора ба Макка бозгашт. Чун субҳ шуд, Расули акрам (с) ин воқеъаро ба мардум хабар дод. Ҳангоме ки ин воқеъа дар миёни мардум мунташир шуд ва аз он хабардор шуданд, бархе аз ононе, ки аз дӯстии Абубакри Сиддиқ (р) бо ҳазрати Муҳаммад (с) огоҳӣ доштанд, дарҳол ба сӯи Абубакр (р) шитофтанд ва ба ӯ гуфтанд: Оё ту ба даъвои дӯстат Муҳаммад (с) бовар дорӣ, ки мегӯяд, ки ӯ ин шаб ба Байтулмуқаддас рафтаву дубора баргаштааст. Ин ҳангом Абубакри Сиддиқ (р) хурсандонаву бебокона аз хабарорандагон мепурсад:

— Оё ӯ худ чунин мегӯяд?

Гуфтанд: Бале!

Абубакри Сиддиқ (р) бедудилагие тасдиқ карда мегӯяд: «Агар чунин гуфта бошад, дар ҳақиқат рост гуфтааст». Чун он хабарорандагон, ки аз Абубакри Сиддиқ (р) чунин таваққуъе надоштанд, ки ӯ дар ҳол ин хабарро тасдиқ менамояд, бо як ҳолати таъаҷҷубомезе гуфтанд, ки оё ту ин воқеъаро тасдиқ менамоӣ? Абубакри Сиддиқ (р) сухани таърихие мегӯяд, ки он дар сафаҳоти таърихи Ислом бо хатҳои зарин сабт гардидааст:

«Ман ҳароина бовар ва тасдиқ менамоям ба он чизе ки аз ин ҳам дуртар (яъне боварнокарданӣ) аст. Ман ба хабари осмонӣ (ваҳйи Илоҳӣ), ки саҳару бегоҳ ба ӯ нозил мешавад, бовар дорам». Аз ин сабаб ҳазрати Абубакр (р) пас аз ин Сиддиқ номида шуд.[9]

Чун дар шаби меъроҷ Расули акрам (с) ба Ҷабраил (а) мегӯяд, ки «Қавми ман маро бовар намекунанд (яъне ки ман чунин масофаи дарозро дар як шаб тай намудам ва дубора то субҳ ба Макка баргаштам)».

Ин ҳангом Ҷабарил (а) мегӯяд: «Ҳароина, тасдиқ менамояд туро Абубакр (р), ки ӯ Сиддиқ аст ба таҳқиқ садоқат ва сиддиқияти Абубакр (р) бо ваҳйи осмонӣ таъйид шудаст».[10]

Пешдастӣ намудани Абубакр (р) дар ҳар коре

Расули акрам (с) дӯст медоштанд, ки асҳоби бузургворашон байни якдигар дӯстӣ ва муҳаббат дошта бошанд. Ва Расули акрам (с) ин дӯстиро дар ду ёри бузургворашон Абубакр (р) ва Умар (р) хело бараъло эҳсос менамуд. Рӯзе дар ҷамъи асҳоб нишаста буд, ногоҳ чашми муборакашон ба Абубакр (р) ва Умар (р) афтод, ки аз дур дасти якдигарро дошта меомаданд. Ин ҳангом Расули акрам (с) чунин гуфтанд: «Агар шахсе бихоҳад, ки ба ду пешвои аҳли ҷаннат, ба ҷуз анбиё аз аввалин ва охирин, назар кунад, пас ба ин ду шахси омадаистода бингарад»[11]

Инак, хонандаи азиз, шуморо бо якчанд корнамоии ин абармард ошно месозем.

Умар ибни Хаттоб (р) мегӯяд: Паёмбар (с) амр намуданд, ки чизе садақа намоем ва ман мувофиқа намудам, ки назди ман ин миқдор мол аст ва пеши худ чунин пиндоштам, ки имрӯз аз Абубакр (р) пешдастӣ менамоям. Пас нисфи моламро назди Расули акрам (с) овардам. Ин ҳангом Расули акрам аз ман пурсид: Оё барои хонаводаат чизе боқӣ гузоштӣ? Гуфтам: Эй Расули акрам (с) ин миқдор моле, ки назди шумо овардам, мисли ҳаминро барои хонаводаам гузоштам.

Ин ҳангом Абубакр (р) ҳамаи он молеро, ки дар хонааш дошт, гирифта овард. Пас Расули акрам (с) гуфтанд: Оё барои хонаводаат чизе гузоштӣ? Абубакр (р) дар посух гуфт: Барои хонаводам Худованд (ҷ) ва Паёмбари Ӯро гузоштам.

Чун Умар (р) ин амали Абубакр (р)–ро дид, чунин гуфт: Ҷони ману хонаводаам фидои ту эй Абубакр (р), ҳеҷ дарвозаи хайреро барои мо во нагузоштаӣ магар, ки дар он аз мо пешдастӣ намудаӣ.[12]

Дар як канори Мадина як пиразани кӯре умр ба сар мебурд. Ва Умар ибни Хаттоб (р) хост ба он пиразан кӯмак намояд ва корҳояшро ба сомон расонад, вале ҳангоме ки Умар (р) вориди хонаи он пиразан гашт, дид, ки тамоми ниёзҳои он пиразан бароварда шуда ва корҳояш мураттаб аст. Ва ба ӯ маълум гашт, ки қабл аз ӯ ба ин пиразан каси дигаре кӯмак мекунад. Чун Умар (р) чанд бор ин амалро мушоҳида намуд, хост дар камине бинишинаду, бубинад ва бидонад, ки он шахс кист, ки дар ин амали хайр аз ӯ пешдастӣ менамояд. Ва чун он ҳазрат дар камин нишаст, дид, ки шахси дар ин кор пешдастикунанда Абубакр (р) будааст. Бо вуҷуде, ки дар он айём Абубакр (р) вазифаи хилофатро ба зима дошт ва халифаи тамоми мусалмонон буд. Пас ин ҳангом Умар (р) гуфт: Савганд ба Худо, ту ҳамоне ҳастӣ, ки ҳеҷ дарвозаи хайреро ба дигаре намегузорӣ ва худ дар он пешдастӣ менамоӣ.[13]

Аввалин хатиби Ислом

Хона ба ёрони паёмбар ва асҳоби эшон, ки 38 нафар буданд, танг шуд. Ба сари Абубакр (р) фикри ошкор намудани калимаи ҳақ ва дини Ислом падид омад. Абубакр (р) назди паёмбари Худо (с) омад ва ба ӯ ошкор намудани дин ва берун баромадан ба сӯйи хонаи Каъбаро пешниҳод кард. Пас Расули акрам (с) гуфтанд:

— Эй Абубакр, ҳароина, адади мо кам аст.

Вале Абубакр (р) пофишорӣ мекард, то ин ки Расули акрам (с) ва мусалмонон барои даъват берун шуда, дар атрофи масҷид ҷамъ омаданд. Дар ҳоле ки Расули акрам (с) нишаста буданд, Абубакр (р) бархост ва аввалин хутбаро дар ҳузури Паёмбар (с) ба мардум гуфтанд ва ҳамагонро ба дини Ислом даъват намуданд.

Шиддати ғазаб аз чашмҳо ва чеҳраҳои мушрикон мушоҳида мегашт. Онҳо ба сӯйи Паёмбар (с) ва мусалмонҳо ҳуҷум оварда, ба эшон зарбаҳои мӯҳликеро заданд. Ончунон мусалмононро шиканҷаву озор доданд, ки аксари онҳо дар нимароҳи марг қарор гирифтанд. Бани Тамим (қабилаи ҳазрати Абубакр (р)) чун аз ин кор воқиф гаштанд, чанд нафаре аз онҳо омада мушриконро аз болои Абубакр (р) дур карданд ва пайкари беҳаракати ӯро дар чодаре гузошта, ба сӯйи манзилаш оварданд. Бани Тамим шубҳае надоштанд, ки Абубакр (р) вафот кардааст. Сипас, бани Тамим бозгашта, бо хашму ғазаб дохили масҷид шуда, гуфтанд:

— Савганд ба Худо, агар Абубакр (р) бимирад, Утба бини Рабиъаро, ки Абубакр (р)-ро ба ин ҳол расонидааст, мо ба қатл мерасонем.

Баъдан ба сӯйи Абубакр (р) боз гашта, дар назди Абубакр (р) ва Абуқуҳофа нишастанд. Онҳо бо ӯ хоҳиши сухан гуфтан доштанд. Ҳазрати Абубакр (р) беҳуш буд ва ба онҳо ҷавобе намедод ва лабҳои мубораки он ҳазрат, то охири рӯз аз ҳаракат бозмонда буд. Аввалин калимае, ки аз миёни лабҳои Абубакр (р) берун омад, чунин буд:

— Ба сари Паёмбари Худо (с) чӣ омад? Пас аз шунидани ин суханон бани Тамим аз Абубакр (р) дар ғазаб омада, яке аз онҳо бо хашм ба модари он ҳазрат гуфт:

Ба фарзандат нигоҳу бин бикун ва ба ӯ обу нон бидеҳ.

Сипас, бани Тамим аз назди Абубакр (р), дар ҳоле ки аз амали Абубакр (р) дар таъаҷҷуб буданд, бозгаштанд. Вале Абубакри Сиддиқ (р) аз он суоли худ ҳеҷ боз намеистод ва боисрор такрор мекард:

Ба сари Расули Худо (с) чӣ омад? Модараш умми Ҷамил бинти Хаттоб ба ӯ гуфт:

— Он кас хубанд, солиму тандурустанд. Пас аз шунидани чунин суханон лабҳои Абубакр (р) ба ҳаракат даромаданд ва дар лабҳои эшон табассуме ҳувайдо гашт ва чеҳраи мубораки эшонро суруру нишот фаро гирифт. Сипас аз бистари худ бархост ва бо садои баланд фарёд кард:

— Куҷост Муҳаммад (с)? Модарашон Умми Ҷамил гуфтанд, ки Муҳаммад (с) дар хонаи Ибни Арқам аст. Абубакр (р), дар ҳоле ки дар чашмонаш хушҳолӣ дида мешуд, гуфт:

— Савганд ба Худо, то ба назди паёмбари Худо (с) наравам, таъому нӯшокиеро намечашам.

Абубакр (р) кӯшиши бархостан ва ба ҷониби паёмбари Худо (с) рафтанро кард, вале аз шиддати дарди сахт мустақилона рафта натавонист. Пас бо кӯмаки модари худ умми Ҷамил ва Фотима духтари Хаттоб, ки хонаи ибни Арқамро медонист, ба назди Паёмбари Худо (с) расиданд. Расули акрам (с) Абубакр (р)–ро дар оғӯш гирифта, мебӯсиданд, инчунин тамоми мусалмонони дар хонабуда ӯро ба оғӯш мегирифтанд.

Берун омадани Абубакри Сиддиқ (р) аз Макка ба сӯи Ҳабаша

Субҳ фаро мерасид ва офтоб бо панҷаи сафедаш занги сиёҳро аз рӯйи олам мезудуд. Абубакр тӯшаи роҳашро омода намуда, асояшро бар китфаш гузошт ва бо нияти тарки Макка рахти сафар баст. Қиматтарин чиз — имонашро дар қалби бузургаш гирифта буд. Ва аз чеҳраи эшон ҳувайдо буд, ки дилаш моломоли имон аст. Ва ӯ ба сӯйи замини Ҳабаша (Эфиопия) равона шуд. Ба минтақаи Баркулғимод (мавзеъе дар Яман) расида, бо Ибни Дуғунна, ки пешвои қабилаи ин минтақа буд, рӯ ба рӯ шуд. Ибни Дуғунна ба овози баланд гуфт:

— Ба куҷо равона ҳастӣ, эй Абубакр (р)?

Абубакр (р) бо садои нарме гуфт:

— Маро қавмам аз диёрам хориҷ сохт. Мехоҳам, ки дар рӯйи замин саёҳат кунам ва Парвардигорамро бипарастам. Ибни Дуғунна бо таассуф сар ҷунбонида, гуфт:

— Марде ҳамсони ту набояд хориҷ гардад ва ё хориҷ карда шавад. Охир ту ба фақирон ато мекунӣ ва бо пайвандонат рафтуомад дорӣ, ятиму дармондагонро сарпарастӣ карда ва меҳмононро гиромӣ медорӣ. Ман пуштибони ту мешавам. Ба ватанат баргард ва бандагии Худоро ҳамон ҷо адо намо.

Абубакри Сиддиқ (р) аз роҳаш бозгашт. Ибни Дуғунна низ ҳамроҳи ӯ ба Макка сафар карда, бо аъёну ашрофи Қурайш боздид намуд ва ба онҳо гуфт:

— Марде чун Абубакр набояд хориҷ шавад ва ё хориҷ карда шавад. Оё шумо шахсеро, ки ба фақирон ато мекунад, бо пайвандонаш рафту омад дорад, сарпарасти ятиму дармондагон ва заъифон аст, аз ватанаш берун мекунед?

Қабилаи Қурайш ибни Дуғуннаро чун пуштибони Абубакри Сиддиқ (р) эътироф карданд ва ба ибни Дуғунна гуфтанд:

— Ба Абубакр (р) бигӯй, то худояшро дар хонаашон ибодат кунад, намозашро низ дар хона адо намояд. Ҳар чӣ мехонад дар хонааш хонад. Моро дарди сар надиҳад. Динашро ошкор нанамояд, зеро мо бим аз он дорем, ки зану фарзандони моро мафтуни динаш месозад.

Ибни Дуғунна ин аҳдро ба Абубакри Сиддиқ (р) гуфт. Абубакри Сиддиқ (р) бо пайравӣ аз ин аҳд Худоро дар хонааш мепарастид. Намозашро ошкор намехонд ва дар берун аз манзилаш Қуръон тиловат намекард. Дере нагузашта ӯ дар ҳошияи манзилаш масҷиде сохт ва дар он ҷо ба ибодат ва қироъати Қуръон идома дод. Издиҳоми занону кӯдакони мушрикин дар манзили Абубакр (р) ҷамъ меомаданд ва ба ӯ наззора мекарданд. Абубакри Сиддиқ (р) марди нармдил буд, аз ин рӯ ҳангоми қироъати Қуръон оби чашмонашро нигоҳ дошта наметавонист. Ин ҳолат даҳшати сарварони мушрикинро овард. Онҳо ба назди ибни Дуғунна одам фиристоданд, то ӯ дубора ба Макка ташриф овард. Қурайшиён ба ибни Дуғунна гуфтанд, ки мо ба хотири дӯстӣ бо ту ба Абубакр (р) иҷозати дар хонааш ибодат кардани Парвардигорашро додем, вале ӯ аз муқаррароти мо берун баромада, дар хонааш масҷид бунёд кард, намозгузорӣ ва қуръонхониашро ошкор сохт. Мо аз он тарс дорем, ки мабодо ӯ занҳо ва фарзандонамонро бо ин амалаш мафтун созад. Ӯро аз ин амалаш боз бидор, агар хоҳад, ибодаташро дар ҷойи хилвате анҷом бидиҳад, дар ғайри он аҳди пуштибонии Абубакрро аз мо бозпас бигир, то ки дар миёни мо халале ворид нагардад.

Ибни Дуғунна ба сӯйи Абубакр (р) омад ва дар назди он ҳазрат оромона нишаст ва ба ӯ хитоб карда, гуфт:

— Абубакр (р), худат аҳди бастаамро медонӣ. Аз ин рӯ ё дар тоъату ибодат кӯтоҳӣ мекунӣ ва ё пуштибонии маро рад менамоӣ.

Агар хоҳӣ, биё ба ватани ман меравем ва ҳар амалеро, ки хоҳӣ, он ҷо анҷом медиҳӣ. Ман намехоҳам, ки қурайшиён маро ба аҳдшиканӣ муттаҳам созанд. Абубакр (р) бо дили ором чунин гуфт:

Ман пуштибонии туро рад мекунам ва ба пуштибонии Худованди маннон иктифо мекунам.

Ҳамсоягӣ бо Паёмбари Худо (с)

Дар яке аз рӯзҳои офтобӣ, ки гармсел оташи сӯзонро дар Макка мерехт ва офтоб одамонро бо нурҳои чун тозиёнаҳои оташ сӯзони худ мезад ва рег рӯйҳоро тафсонида, пӯстҳои баданро доғ мемонд, Расули акрам (с) шитобон ба сӯйи Абубакр (р) омад, ки дар ин вақти рӯз касе аз хонааш берун намешуд. Одатан одамон субҳи барвақт ва ё баъди шом аз хона берун меомаданд. Ин рӯз – рӯзе буд, ки Худованд (ҷ) ба Расулаш иҷозат дод, ки баъд аз хориҷ шудани мусалмонон аз Макка ҳиҷрат намоянд. Бинобар ин, Расули акрам (с) дар чунин соати авҷи гармо берун омад.

Ҳангоме ки чашмони Абубакр (р) ба ҳабибаш ва нури чашмонаш Муҳаммад (с) афтод аз ҷояш бархост. Абубакр (р) бо худ чунин меандешид, ки паёмбари Худо (с) дар ин соат бесабаб наомадаанд. Берун омадани Расули акрам (с) аз вуқӯъи ҳодисае дарак медод. Абубакр (р) ғарқи чунин андешаҳо буд, ки паёмбари Худо (с) дохили хона гардид. Ҳазрати Абубакр (р) аз болини худ бархост ва назди Расули акрам (с) омад. Бо Абубакр (р) ба ҷуз модари мӯъминон Оиша (р) ва духтари дигарашон Асмо (р) каси дигаре набуд. Расули акрам (с) гуфтанд, ки ҳар касе дар хона ҳаст, аз наздамон хориҷ кун. Абубакр (р) гуфт:

— Эй паёмбари Худо, ин ду нафар духтарони мананд. Падару модарам фидои ту бод!

— Паёмбари Худо гуфт:

— Худованд (ҷ) бароямон хориҷ шудан аз Макка ва ҳиҷрат карданро иҷозат дод. Дар ин вақт Абубакр (р)-ро ҳолати беқарорӣ фаро гирифт ва дар ҳоле ки ашки чашмонаш болои рухсораҳояш равон буд, фарёд мекард ва чунин мегуфт:

— Ҳамҷиворӣ, (яъне ҳамсафарӣ) ҳамҷиворӣ бо Паёмбари Худо. Паёмбари Худо (с) гуфтанд:

— Ҳамҷиворӣ, эй Абубакр (р). Модари мӯъминон Оиша (р) гуфтанд:

— Савганд ба Худо, касеро, пеш аз ин надида будам, ки мисли падарам Абубакр (р) аз шодиву фараҳ гиря кунад.

Абубакр (р) ҳамаи дороии худро, ки 5-ҳазор дирҳамро ташкил медод, бо худ гирифт ва шитобон ба қасди ҳиҷрат ҳамроҳии паёмбари Худо (с) хориҷ шуд. Баъди чанде нотавоне бо номи Абуқуҳофа, ки нобино буд, омад (яъне падари Абубакри Сиддиқ ). Ӯ бо овози баланд фарёд мекард:

— Савганд ба Худо, Абубакр (р) ҳар он чизе, ки дошт, бо худ бурдааст ва ба шумо чизе нагузоштааст.

Асмо (р) духтари Абубакр (р) гуфт: Не бобо,

— Ҳаргиз чунин нест. Падарамон барои мо маблағи бешумореро гузоштааст. Асмо (р) мегӯяд:

-Дарҳол сангеро гирифта, дар сӯрохии девори он хонае, ки падарам Абубакр (р) дар он зиндагӣ мекард, гузоштам. Сипас сангро дар либосе печонда, дасти мӯйсафедро болои он гузоштам. Мӯйсафед дасташро болои он баста гузошта, дар он ҷо чизеро эҳсос намуда, хушҳолона гуфт:

-Ҳеҷ боке нест, дар ҳоле ки барои шумо инро гузоштааст. Ҳароина, наҷоти шумо дар ин аст.

Асмо (р) мегӯяд:

— Савганд ба Худо, ки падарам ба мо чизе нагузошта буд, вале ман чунон кардам, то мӯйсафедро хомӯш намоям.

Сӯрохиҳои мори афъӣ

Паёмбари Худо ва дӯсташ дар торикии ғор пинҳон гаштанд.Сиёҳии шаб ҳама ҷоро фаро гирифта буд. Ба гӯши эшон овозҳои дилхароши мушрикон, ки дар назди он ғори торик буданд, мерасид. Чашмони Паёмбар (с)-ро хоб фаро гирифт ва чашмҳои он Ҳазрат (с) пӯшида гаштанд. Пайёмбар (с) сари муборакашро ба синаи Абубакр (р) гузоштанд. Пас аз гузаштани чанд соате пойи Абубакр (р), ки дар сӯрохии ғор гузошта буд, неши заҳрогини мори афъиро эҳсос кард. Вале ҳазрати Абубакр (р) аз ҷойи худ такон намехӯрданд, ки мабодо Паёмбар (с)-ро нороҳат созад ва он ҳазратро аз хоби нозашон бедор намоянд. Вале аз шиддати дарди ҷонкоҳе, ки бар пойи Сиддиқ аз таъсири неши мор расида буд, ашк аз чашмонашон ба рӯйи мубораки Паёмбар (с) рехт. Дар ин ҳол Паёмбари Худо (с) аз хоб бедор гаштанд ва ба сӯйи Абубакр (р) нигоҳ карда гуфтанд:

— Чӣ озоре расидааст ба Абубакр (р)? Абубакр (р) дар ҷавоб гуфт:

— Падар ва модарам фидои ту бод! Пойи маро мор газидааст ва хеле зиёд дард дорад. Паёмбари Худо (с) дарҳол дар ҷойи он неши заҳрноки мор оби даҳони муборакашонро гузоштанд. Пас аз он асароти неш аз пойи Абубакр (р) дур шуд, мисли он ки чизе нашуда бошад. Танҳо пас аз вафоти Расули акрам (с) асари он заҳр бар Абубакр (р) баргашт.

Сабрро пеша намудан Абубакри Сиддиқ ҳангоми реҳлати ҷонгудози ҳазрати Муҳаммад (с)

Ҳазрати Абубакри Сиддиқ (р) шитобон ба сӯйи хонааш дар Мадина мерафт, то ин ки як каме истироҳат кунад ва баъзе корҳои хонаро анҷом бидиҳад. Вале чандон вақти зиёде нагузашта буд, ки шахсе ошуфтаҳол ва парешонхотир омад ва хабари ғамангезро расонид. Шахси хабарёр чунин фикр мекард, ки ҳазрати Абубакр (р) пас аз шунидани ин хабари мудҳиш ба по рост истода наметавонад. Ин шахс, дар ҳоле ки ашк дар рухсораҳояш равон буд, дар назди хонаи Абубакр (р) бо садои баланд мегуфт:

— Эй Абубакр (р), эй ибни Абуқуҳофа! Пас аз шунидани ин садоҳо Абубакр (р) берун шуд ва ба сӯйи он мард нигоҳ кард. Вай бошад аз сӯзиши дил ва резиши ашк лабҳои худро боз намуда наметавонист ва нафасҳояш ӯро гулӯгир мекарданд. Андаке баъд вай бо азоб ба сухан даромад ва чунин гуфт:

— Паёмбари Худо (с) аз дунё гузаштанд. Аз шунидани ин хабар чашмони Абубакри Сиддиқ (р) пур аз об шуд. Вуқӯъи чунин воқеъа барои аҳли Мадина хеле сангин буд. Ин як фоҷиъаи талхе барои Абубакр (р) буд ва ба монанди тири марговар асар гузошт. Ин ҳангом Абубакр (р) аз худ бехуд шуд, фикр мекард, ки замин дар зери пояш ба ҳаракат даромадааст ва кӯҳҳо дар атрофаш давр мезананд. Абубакр (р) ба сӯйи хонаи Паёмбар (с) шитофт. Баъзе одамонро нишаста ва бархеро бархоста, гурӯҳеро ором ва гурӯҳи дигарро мусибатзада дарёфт. Вале аз чашмони ҳамагон ашк ба монанди сел равон буд. Ҳатто Умар (р) бо он ҳайбати кӯҳмонандаш худро аз даст дода буд ва дар ин ҳангом шамшерашро аз ғилоф бароварда, бо садои баланд мегуфт:

— Шахсе гӯяд, ки Муҳаммад (с) мурдааст, бо ин шамшер гарданашро мезанам. Абубакр (р) ба хона дар ҳоле дохил гардид, ки мардумон ҳама ҳаяҷонзада буданд. Дар як тарафи хона Паёмбар (с)-ро гузошта ва болояшон чодаре андохта буданд. Оҳиста–оҳиста Абубакр (р) наздики Паёмбар (с) шуд ва чодари рӯйи он Ҳазратро бардошта, охирин бӯсаи видоъиро бар пешонии он Ҳазрат (с) гузошт. Ба димоғи ҳазрати Абубакр (р) аз ҷасади Паёмбар (с) бӯйи мушк расид ва Абубакр (р) чунин гуфт:

— Оҳ, чи хушбӯй аст мурда ва зиндаи ту, эй Паёмбари Худо ва аз ҷояш бархост.

Абубакр (р) бо душворӣ, дар ҳоле ки пойҳои ӯ тоқати бардоштани он тани нозукашро надошт, аз хона берун омад ва ба масҷид даромада болои минбар рафт ва ба мардуми дар он ҷо ҷамъомада бо садои баланд гуфт:

Ҳар фарде, ки Муҳаммадро мепарастид, пас бидонад, ки ба таҳқиқ Муҳаммад (с) мурдааст ва шахсе, ки Худовандро мепарастад, пас бидонад, ки Худованд (ҷ) зинда аст ва ҳаргиз намемирад ва сипас ин оятро барои онҳо қироъат намуд.

وَمَا مُحَمَّدٌ إِلاَّ رَسُولٌ قَدْ خَلَتْ مِن قَبْلِهِ الرُّسُلُ أَفَإِن مَّاتَ أَوْ قُتِلَ انقَلَبْتُمْ عَلَى أَعْقَابِكُمْ وَمَن يَنقَلِبْ عَلَىَ عَقِبَيْهِ فَلَن يَضُرَّ اللّهَ شَيْئًا وَسَيَجْزِي اللّهُ الشَّاكِرِينَ

«Ҷуз ин нест, ки Муҳаммад паёмбарест, ки пеш аз ӯ паёмбароне дигар буданд. Оё агар бимирад ё кушта шавад, шумо ба ойини пешини худ бозмегардед? Ҳар кас, ки бозгардад, ҳеҷ зиёне ба Худо нахоҳад расонид. Худо сипосгузоронро подош хоҳад дод».[14]

Аввалин халифаи Расули Худо (с)

Чун бемории Расули акрам (с) шиддат ёфт, амр намуданд, ки барои намоз гузоридан баҳрашон такягоҳе дуруст намоянд, то ба кӯмаки он нишастухез кунад.

Ин ҳангом ҳазрати Билол (р) омад, то ки азони намозро бигӯяд. Паёмбари Худо (с) аз таъсири он беморӣ бисёр нотавон гашта буданд ва бо овози паст гуфтанд:

— Ба Абубакр (р) фармоед, то намози қавмро гузорад (яъне имом гардад). Пас модари мӯъминон Оиша (р) гуфт:

-Эй Паёмбари Худо (с), Абубакр (р) мардест бениҳоят ҳассос ва дорои дили нарм. Вақти имоматӣ гиря мекунад ва мардум аз садои гиря қироъаташро намешунаванд. Эй паёмбари Худо, беҳтараш амр менамудед, ки Умар (р) имом шавад.

Паёмбари Худо (с) чанд лаҳзае баъд сухани аввалаашро дубора такрор намуданд. Бигӯед Абубакрро, то намози мардумро бихонад (яъне имом шавад) .

Пас Оиша (р) ба хонуми дигари Паёмбар (с) Ҳафса (р) гуфт, ки ба Паёмбар (с) бигӯ, ки ҳароина, Абубакр (р) марди ҳассос ва дорои дили нарм аст ва агар бо мардум намоз бигузорад, мардум аз шиддати гиряаш оятҳои Қуръонро намешунаванд. Аз ин рӯ беҳтар мебуд, ки барои имоматӣ Умарро маъмур созанд.

Дар ҷавоби ин хонум Паёмбари Худо (с) ба ғазаб омада, чунин гуфтанд:

— Ҳароина шумо мисли занҳои Юсуф (а) ҳастед. Бигӯед Абубакрро, ки намози мардумро бигузорад.

Пас вақте ки Абубакри Сиддиқ (р) намозро шурӯъ кард, Паёмбари Худо (с) ба худ сабукие дарёфт ва оҳиста роҳ гашта, ба масҷид даромад. Абубакр (р) омадани Паёмбар (с)-ро ҳис карда, аз ҷояш қафо рафт. Паёмбар (с) амр намуданд, дар ҷояш истад ва имоматиро идома диҳад. Вале Сиддиқ (р) бошад як каме қафо омада, ба саф баробар шуд.

Пас вақте ки намозро бо имоматии Абубакр (р) гузориданд Паёмбари Худо (с) хитоб ба Абубакр (р) намуда, чунин гуфтанд:

— Эй Абубакр (р), вақте ки туро амр намудам, ки дар ҷоят биист, чӣ туро аз истодан дар пеши саф боз дошт? Сипас Абубакри Сиддиқ (р) бо садои маҳин ва бо сари хам чунин гуфт:

— Ҳеҷ имкон надорад, ки Ибни Абуқуҳофа (Абубакри Сиддиқ) дар пешорӯйи Паёмбари Худо (с) намоз гузорад.

Нахустин хутба

Абубакри Сиддиқ (р) бо ҳаёву виқор ба минбари Пёмбари Худо (с) наздик шуда, пойи росташро ба зинаи аввал гузошта, пойи дуюмашро низ баланд кард, вале дар он зина каме истод. Пас аз таваққуф пояшро ба зинаи дуюм гузошт. Аммо чун хост пояшро дар зинаи сеюм бигзорад, бадани Абубакри Сиддиқ (р)-ро ларзае фаро гирифт ва ҷуръати ба он пой гузоштанро накард ва аз ҳаракат боз монд ва ба худ амали ба он баромаданро раво надид, зеро он ҷойи нишасти Паёмбар (с) буд ва дар он ҷой, Паёмбари Худо (с) пойҳои муборакашро мегузоштанд ва менишастанд.

Сипас ашкҳои аз чашм резонашро бо дастонаш пок намуда, ба ҷамъомадагони бешумор рӯй овард. Абубакри Сиддиқ (р) масъулияти вазнини халифагиро эҳсос кард, аз ин рӯ чунин гуфт:

-Эй мардум, ман халифаи шумо гардидам, дар ҳоле ки ман беҳтар аз шумо нестам. Агар хилофатро накӯ намудам, маро кӯмак намоед. Агар бад кардам, маро боз доред. Ҳароина нотавоне аз шумо қувватманд аст дар назди ман, то ки ба ӯ ҳаққашро адо намоям. Вале шахси тавонои шумо дар назди ман нотавон аст, то ин ки аз ӯ ҳаққи каси дигарро биситонам.

Итоъат намоед маро, модоме, ки Худо ва Паёмбари Ӯро итоъат кардам. Агар нофармонӣ намудам ин дуро, пас бар шумо итоъати ман воҷиб нест.

Агар закоти солонаи чаҳорпоёнашонро надиҳанд, бо онҳо ҷанг хоҳам кард

Хабари вафоти Паёмбари Худо (с) барқвор мунташир гашт. Ашхоси нифоқангез бо чеҳраҳои хушҳол ва қаноъатманд мисли рӯбоҳони маккор дар фикри гумроҳ кардани мардум саргарм буданд. Баъзе дурӯғгӯён ашхоси содалавҳро пайрави ақидаҳои пучу беасоси хеш мекарданд. Нахустин оташи мункирон сар зад. Замин аз чунин ашхоси тавтиаҷӯ ва фитнаангез наздики ба ларза омадан буд.

Дар чунин ҳолат Абубакр (р) муҳоҷирин ва ансорро ҷамъ кард, то ки бо онҳо машварат кунад ва рӯй ба онҳо оварда, чунин хитоб кард:

— Огоҳӣ ёфтем, ки арабҳо аз додани закоти солонаи чаҳорпоёнашон, аз қабили гӯсфандон ва уштур иҷтиноб кардаанд Онҳо чунин иброз доштаанд, ки он шахсеро, ки кӯмакаш менамудем, ба таҳқиқ мурдааст. Ба сӯйи ман (Абубакри Сиддиқ (р)) ишора намуданд, ки ман марди оддие аз шумо ҳастам.

Ин ҳангом Умар (р) аз ҷои худ бархоста мегӯяд:

— Ман чунин мешуморам, ки пазируфтани намози онҳо ва ба ҳоли худ гузоштани закотҳояшон боис мегардад чунин пиндоранд, ки ин ба ҷуз суханони даврони ҷоҳилият (пеш аз Ислом) чизи дигаре нест.

Чун Абубакри Сиддиқ (р) ба чеҳраҳои ҷамъомадагон нигарист, эҳсос намуд, ки онҳо ба гуфтаҳои Умар (р) розианд. Сипас, Абубакри Сиддиқ (р) аз ҷойи худ бархост ва ба минбар баромад. Пас аз ҳамду сано гуфтани Худо бо садои хеле возеҳу равон, ки ҳар суханаш аз аъмоқи дили саршор аз имонаш берун меомад, мисли шери жаён бо як ҷасорати комил, ин марди лаҳзае пеш ҳалиму фурӯтан, чунин гуфт:

— Савганд ба Худо, ки ҳаргиз фармудаи Худовандро нахоҳам гузошт, то он даме ки ҳукми Худоро ҷорӣ насозам, мубориза хоҳам бурд. Агар касе аз мо зинда монад, пас замини Худовандро ба мерос хоҳад бурд. Савганд ба Худо, ки агар худро аз додани закоти солонаи чаҳорпоёнашон, ки дар рӯзгори Паёмбари Худо (с) медоданд, боздоранд, ҳароина дар набард бо онҳо ба ман дарахтон, хокҳои олуданогашта бо рег, инсонҳо, ва ҷиниён кӯмак менамоянд. Пас аз шунидани чунин суханони шуҷоъатмандонаи Абубакри Сиддиқ (р) Умар (р) бо нидои «Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар» фарёд баровард ва баъдан чунин гуфт:

— Савганд ба Худо, ки Абубакри Сиддиқ (р) ҳақ аст!

Бар болои ту Паёмбар (с) ва Абубакр (р) истодааст

Паёмбари Худо (с) болои кӯҳи Уҳуд баромаданд, Абубакр (р), Умар (р) ва Усмон (р) ӯро ҳамроҳӣ мекарданд. Он кӯҳ хеле бошиддат ба ларза даромад. Паёмбар (с) болои кӯҳ сахт пой кӯфта, чунин гуфтанд:

-Ором бош, эй Уҳуд, дар болои ту ҷуз аз Паёмбар (с) ва Сиддиқ ва ду шаҳид каси дигаре нест. Мурод аз Сиддиқ Абубакр (р) буда, ду шаҳид Умар (р) ва Усмон (р) буданд.

Рӯзе Абубакр (р) ҳамроҳи Абудардо аз пайи коре равон буданд, пешопеши Абубакр (р) Абудардо мерафт. Чун Паёмбари Худо (с) Абудардоро аз пеши Абубакр (р) диданд, ба ӯ бо ҷиддият, вале насиҳатомез гуфтанд:

-Эй Абудардо, оё ту пешопеши марде, ки офтоб пас аз паёмбарон ба афзалтар аз ӯ тулӯъ накардааст, роҳ меравӣ? Абудардо сарашро аз ҳаё хам кард ва чашмонаш пури ашки надомат шуданд. Пас аз ин Абудардо доимо аз пушти сари Абубакр (р) роҳ мерафт.

Дар чаҳор чиз Абубакр (р) пешдастӣ кард

Марде ба назди Алӣ ибни Абутолиб (к.в.) омада гуфт:

— Эй Амирулмуъминин, аз чӣ сабаб муҳоҷирин ва ансор Абубакр (р)-ро ба хилофат пешниҳод карданд. Шумо аз ӯ дида манзалати зиёд доред ва аз ӯ дида пештар Ислом овардаед ва собиқаи зиёд доред. Алӣ (к.в.) бо бисьёр ҳушёрӣ ва зиракӣ гуфт:

— Агар қурайшӣ бошӣ, пас туро аз Оиза (як қабилае аз Қурайш) мешуморам.

Он мард гуфт:

— Бале чунин аст, эй амирулмӯъминин. Пас Алӣ (к.в.) гуфт:

Агар мӯъмин намебудӣ, ҳароина, мекуштамат ва акнун ки зинда мемонамат, барои чунин суханони носазо аз ман дар ҳазар бош. Баъд аз ин гуфтаҳо Алӣ (к.в.) бар ӯ овоз баланд карда гуфт:

Вой бар ту, ҳароина Абубакр (р) аз ман дар чаҳор чиз пешдастӣ намудааст:

1. Ба имомати дар намоз.

2. Ба хилофат.

3. Пешдастӣ доштан дар ҳиҷрат ва ҳамроҳии Паёмбар (с) дар ғор;

4. Ошкор намудани Исломаш миёни куффор.

Сипас суханашро идома дод ва гуфт:

— Марг бар ту, Худованд (ҷ) мардумро мазаммат карда, Абубакр (р)-ро маҳд намудааст ва чунин фармудааст:

إِلاَّ تَنصُرُوهُ فَقَدْ نَصَرَهُ اللّهُ إِذْ أَخْرَجَهُ الَّذِينَ كَفَرُواْ ثَانِيَ اثْنَيْنِ إِذْ هُمَا فِي الْغَارِ إِذْ يَقُولُ لِصَاحِبِهِ لاَ تَحْزَنْ إِنَّ اللّهَ مَعَنَا فَأَنزَلَ اللّهُ سَكِينَتَهُ عَلَيْهِ وَأَيَّدَهُ بِجُنُودٍ لَّمْ تَرَوْهَا وَجَعَلَ كَلِمَةَ الَّذِينَ كَفَرُواْ السُّفْلَى وَكَلِمَةُ اللّهِ هِيَ الْعُلْيَا وَاللّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ

Сухани Худо:

«Агар шумо ёриаш накунед, он гоҳ, ки кофирон берунаш карданд, Худо ёриаш кард. Яке аз он ду ба ҳангоме, ки дар ғор буданд, ба рафиқаш мегуфт: «Андӯҳгин мабош, Худо бо мост!». Худо ба дилаш оромиш бахшид ва бо лашкарҳое, ки шумо онро намедидед, қувваташ дод. Ва каломи кофиронро паст гардонид, зеро каломи Худо болост ва Худо пирӯзманду ҳаким аст».[15]

Яке аз фазилатҳои Абубакри Сиддиқ (р)

Дар як гӯшаи масҷид Саъид бинни Мусаяб нишаста буд. Дар атрофии ӯ мардум ҷамъ омада буданд ва барои онҳо аз корнамоиҳои Абубакр (р) қисса мекард.

Саъид мегуфт:

— Абубакр (р) дар назди Паёмбар (с) ба монанди вазир буд. Паёмбар (с) бо Абубакр (р) дар тамоми корҳояшон машварат менамуданд. Абубакр (р) дувумин шахс дар Ислом ва дувумин шахс ҳамроҳи Паёмбари Худо (с) дар ғор буд. Дувумин шахс дар бари Паёмбари Худо (с) дар рӯзи ҷанги Бадр буд. Дуввумин шахс дар қабр бо Паёмбари Худо (с) мебошад. Паёмбари Худо (с) шахсеро аз ёронаш аз ӯ бартар намешуморид.

Марде ба назди Алӣ ибни Ҳусайн (р) омада, аз ӯ пурсон шуд:

— Манзалати Абубакр (р) ва Умар (р) дар назди Паёмбари Худо (с) чӣ гуна буд? Алӣ ибни Ҳусайн (р) чунин ҷавоб дод:

Манзалат ва наздикии онҳо дар назди Паёмбари Худо (с) аз масофаи байни қабрҳояшон мушоҳида мегардад.

Ду пешвои миёнаумрони аҳли ҷаннат

Рӯзе Абубакр (р) ва Умар (р) аз дур ба чашми Паёмбари Худо (с) намоён шуданд. Расули акрам (с) бо ҳамнишинонаш гуфтанд: Ин ду пешвои миёнаумронӣ (яъне аз 30 то 50 солагон) аҳли ҷаннатанд аз аввалин ва охирин уммат, ба ғайр аз паёмбарон ва набиён.

Сипас, Паёмбари Худо (с) гуфтанд:

-Эй Алӣ, аз гуфтаи ман онҳоро огоҳ накун.

Ту дар назди ҳавзи Кавсар ҳамсӯҳбати манӣ

Як рӯз Абубакр (р) бо Паёмбар (с) нишаста буд.

Пас, Паёмбари Худо (с) ба ӯ гуфтанд:

— Эй Абубакр (р), ту бо манӣ дар лаби ҳавз (Кавсар) ва ҳамсӯҳбати манӣ дар ғор.

Пас аз ту ба ман мушкил хоҳад буд

Рӯзҳо ва солҳо барқвор гузаштанд. Абубакр (р) ба болини марг бо бадани лоғару камгӯшт, ки аз тарси Худо (ҷ) меларзид, бистарӣ гардид. Модари мӯъминон Оиша (р) бо афсусу парешонҳолӣ назди падари бузургвораш нишаста буд ва аз чашмонаш ашк ба рухсораҳои зебояш мерехт. Абубакри Сиддиқ (р) духтарашон Оиша (р)-ро дида, бо садои паст ба ӯ хитоб намуда гуфтанд:

— Эй духтаракам, ҳароина, ман яке аз доротарин тоҷирони Қурайш ба ҳисоб мерафтам. Пас вақте ки ба аморат маро машғул намуданд, чунин пиндоштам, ки ҳама молу дороиамро сарфи он намоям.

Ва дар ниҳояти амр аз он молу дороие, ки қабл аз халифа шуданам доштам, ба ҷуз аз ин або (ҷомаи тунуке, ки аз болои либос мепӯшиданд) ва косаи шир (дар он ҳам шир меҷӯшиданд ҳам дар (он хӯрок мехӯрданд.) ва як ғулом чизи дигар боқӣ намондааст. Пас вақте ки вафот намудам, ин се чизи аз ман боқимодаро бигир ва ба Умар ибни Хаттоб (р) супор.

Пас аз он ки рӯҳи поки эшон танашро тарк кард, он рӯҳи покро малоика бо шавқу завқ ба сӯйи осмон бурданд. Ва ҷасади мубаракашро дар тарафи рости паёмбари Худо (с) бо хок супориданд.

Ва пас аз гузаронидани ин маросими дафн, модари мӯъминон Оиша (р) тибқи васияти падари бузургворашон дар ҳол он або, коса ва ғуломро ба назди Умар (р) фиристод. Чун Умар (р) он чизҳоро дид, дарҳоле ки ашк аз чашмонашон равон буд, чунин гуфт:

— Худо (р) раҳм кунад Абубакри Сиддиқ (р)-ро, ки пас аз ӯ ба ман мушкил хоҳад буд. Он ҳазрат дӯст медоштанд, ки барои бадгӯён баъди худ низ маҷоли сухан гуфтан надиҳад.

Сипас, Умар (р) дар идомаи суханонаш чунин гуфт:

— Савганд ба Худо (ҷ) агар имони Абубакр (р)-ро бо имони ҳама аҳли замин баркашида шавад, ҳароина имони Абубакр (р) гаронтар хоҳад буд.

— Савганд ба Худо орзу мекардам, к мӯе дар синаи Абубакри Сиддиқ (р) бошам .

Модари мӯъминон Оиша (р) мегӯяд ки падарам аз дунё гузаштанд ва аз худ динору дирҳаме нагузоштанд ва он ашёе, ки аз ӯ монда буд, онҳоро низ ба байтулмол таслим намудам.

Дар болини марг

Абубакри Сиддиқ (р) бо тане ки онро тири марг нишони худ қарор дода буд, дар болини марг хобид. Вуҷуди он ҳазратро тарси Худо (ҷ) фаро гирифта буд. Мардум гурӯҳ–гурӯҳ ба зиёрат ва дидорбинии Абубакр (р) меомаданд. Дар гирди он ҳазрат ҳалқа зада аз ӯ мепурсиданд: Эй Абубакр (р), эй халифаи Паёмбари Худо (с), оё бароят табиберо фаро хонем? Боре, пас аз шунидани чунин суханон лабҳои нозуки он ҳазрат моил ба табассум шуданд ва ба он ҷамъомадагон чунин гуфт:

— Табиб аллакай омад.

Бо шафқат аз ӯ пурсиданд:

— Табиб туро чӣ гуфт?

Абубакр (р) чашмҳояшро пӯшида, чунин гуфт:

— Табиб маро гуфт, ки он чиро, ки иродаи ӯст, иҷро мекунад.

Ононе ки дар атрофаш буданд ин суханро шунида, бо таасссуф аз назди он ҳазрат берун шуданд ва дигар сухане нагуфтанд. Модари мӯъминон Оиша (р), дар ҳоле ки падараш дар ҳолати сакароти марг қарор дошт, ба наздаш даромад ва ашкрезон гуфт:

— Қасам ба умри пурсамар, ба мисли шӯълаи ситораҳои пуршарар, ки чун расид маргу чанг зад бемаҳал, ғанӣ насохт сарвату симу зар, ҷавонро аз қазову қадар.

Чун Абубакри Сиддиқ ин суханро аз Оиша (р) шунид, ба сӯяш назаре афканду чунин гуфт:

— Эй духтараки ман, ҳаргиз чунин нест. Сухани ман дар ин боб ин аст: «Ба ростӣ сакароти мавт омад».

وَجَاءتْ سَكْرَةُ الْمَوْتِ بِالْحَقِّ ذَلِكَ مَا كُنتَ مِنْهُ تَحِيدُ

Сухани Худо:

«ба ростӣ, ки беҳушии марг фаро мерасад. Ин аст он чӣ аз он мегурехтӣ»[16]

Сипас торафт нотавонии он ҳазрат зиёдтар гашт ва дар ин ҳолат чунин гуфтанд:

— Ин ду пироҳани маро бигиред ва бишӯед, сипас он дуро ба ман кафан кунед, зеро зиндагон ба либоси нав аз мурдагон дида ниёзи зиёдтар доранд.

Ин ҳангом ба наздаш Салмони Форсӣ дохил гардид. Салмон ин фурсатро ғанимат шумурда, ба ӯ чунин гуфт:

-Эй Абубакр (р), эй халифаи Паёмбари Худо (с), васияте бикун маро. Абубакр (р), дар ҳоле ки нафасҳояш канда– канда мебаромад, чунин гуфт:

-Ҳароина, Худованд (ҷ) дунёро мусаххари шумо месозад. Аз он беш аз ҳоҷат маситонед. Ва ҳароина, шахсе гузорад намози субҳро, пас ба таҳқиқ ӯ дар зиммаи Худост. Пас огоҳ бошед ва ҳеҷ гоҳ зиммаи Худовандро поймол насозед, вагарна дар оташи дӯзах сарозер андохта мешавед.

Комёб гардидан ба Ҷаннат

Абубакр (р) дар Мадинаи мунаввара вафот карданд ва он дубора ба монанди он рӯзе, ки Паёмбари Худо (с) аз дунё гузашта буд, ба мотамхона табдил гардид. Пас Алӣ (к.в.) шитобон омад ва чунин гуфт:

-Мо аз Худо ҳастем ва ба сӯйи ӯ боз мегардем. Имрӯз хилофати Паёмбар (с) қатъ гардид.

Ва бо чунин суханон назди дари хонаи Абубакр (р) расид ва чунин гуфт:

— Худованд ба ту эй Абубакр (р) раҳм кунад, ки аз ин қавм аввалин мусалмон будӣ. Яқину имони ту холисона буд. Тарси ту аз Худованд (ҷ) бештар ва қадру манзалатат зиёдтар аст. Дар шарофат ва сӯҳбат бо паёмбари Худо (с) беҳтарин маҳсуб мешудӣ. Ба Паёмбари Худо (с) дар иршод ва раҳнамоӣ шабоҳат доштӣ. Барои мӯъминон падари ғамхореро мемондӣ. Савганд ба Худо, ки дар корҳои хайр аз мо пешдастӣ менамудӣ. Пас аз ту мо ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ мегардем ва охируламр ба Ҷаннат комёб гардидӣ.

Мо аз Худо (ҷ) ҳастем ва мо ба сӯи Ӯ (ҷ) боз мегардем. Ба ҷазои Худованд (ҷ) ризо ҳастем ва пазируфтем амри Худовандро.

Дигар ҳаргиз пас аз паёмбари Худо (с) мусалмононро ба мисли ту пешво дубора пайдо нахоҳад шуд. Барои дини Ислом девори мустаҳкаме будӣ ва Худованд (ҷ) туро ба ҷивори Паёмбараш (с) расонид ва ҳаргиз Худованд (ҷ) туро аз аҷру савоб маҳрум насозад ва пас аз ту моро гумроҳ насозад.

Пас аз чунин суханон Алӣ (к.в.) гирист ва тамоми асҳоби паёмбари Худо (с) гиря намуданд. Ҳама гирёну нолон чунин мегуфтанд:

— Рост гуфтӣ, эй писарамӯи паёмбари Худо (с).

Васияти Абубакри Сиддиқ (р)

Собитқадамии Абубакри Сиддиқ (р) дар дини Ислом хело ҳам бузург буд. Аз байтулмол намегирифт магар он миқдоре, ки кифоя мекард аҳлу оилаашро. Бо вуҷуде ки халифаи мусалмонҳо буд, аз молу матоъи дунёӣ чизе ба худ ҷамъ намекард. Худ ва аҳлу оилааш аз резаҳои нону таъом мехӯрданд ва аз либосҳои дурушт мепӯшиданд. Пас вақте ки вафоташ наздик шуд ва рӯҳи покаш барои суъуд кардан ба тарафи Холиқи бузургаш ҳаракат менамуд, ба аҳлу оилааш гуфт:

— Бингаред, ки чӣ миқдор моли ман зиёд шудааст аз вақте ки ман ба ободӣ даромадам ва ӯро ба Умар (р) бисупоред. Ва бингаред ин ду либоси манро, пас агар ман вафот кардам, ин ду либосамро бишӯед ва ба инҳо маро кафан кунед. Пас модари мӯъминон, духтараш Оиша (р) гуфтанд:

— Эй падарҷон, Худованд (ҷ) туро хуб ризқ додааст, пас биё, дар либоси нав шуморо кафан мекунем. Сипас Сиддиқ (р) гуфт:

— Ба дурустӣ зинда мӯҳтоҷтар аст ба либоси нав нисбат ба мурда.

Баъд аз он модари мӯъминон Оиша (р)-ро бар ин васият кард, ки маро дар назди Расули акрам (с) дафн бикунед. Чун Сиддиқ (р) вафот кард, бегоҳи шаби сешанбе, охири моҳи ҷимодулохир, соли 13-уми ҳиҷрии набавӣ буд, дар умри 63-солагӣ. яъне дар хилофаташ синни паёмбари Худо (с)-ро комил кард. Ва муддати хилофаташ ду солу се моҳу даҳ рӯз буд. Ва намози ҷанозаашро ҳазрати Умар (р) ҳамроҳи мусалмонҳо дар масҷиди Набавӣ байни қабру минбари ӯ хонданд ва дар назди Расули акрам (с) дафн карда шуд. Ва қабрашро канда, ҷойи сарашро назди китфҳои Расули акрам (с) гузоштанд ва поҳояшро ба қабри Ӯ (с) часпонданд. Ва он ҷо дафн карда шуд.

Пас умулмӯъминин Оиша (р) ба чизҳои боқимондаи падари бузургвораш нигарист. Дид, ки як ғуломе барои нигоҳбонии кӯдакон ва ғуломи дигаре барои обкашӣ ва як қитъа чизи дигар ба миқдори панҷ дирҳам боқӣ мондааст. Сипас ҳамаашро ба назди халифаи мусалмонҳо — Умар (р) фиристод. Вақте ки фиристодаи Оиша (р) ба назди Умар (р) омад, Умар (р) гирён шуд, ҳатто, ки ашки чашмонаш ба замин фурӯ рехт ва баъд аз он гуфт:

— Худованд Абубакр (р)-ро раҳм бифармояд, ки ӯ шахсони баъди худро дар мушкилӣ афканд, Худованд Абубакр (р)-ро раҳм бифармояд, ки ӯ шахсони баъди худро дар мушкилӣ афканд[17].

Баъд аз он Умар (р) гуфт:

-Дар ҳақиқат беҳтарини ҳамин уммат баъди набияш Абубакр (р) мебошад, пас касе, ки ғайри инро мепиндорад, пас аз ӯ ифтирову бӯҳтон аст.[18]

Охирин аҳди Сиддиқ (р) ба дунё

Абубакри Сиддиқ (р) то охири ҳаёташ машғул ба кори мусалмонҳо буд ва меандешид, ки баъд аз ӯ кӣ сазовори хилофат аст. Пас Абдурраҳмон писари Авф (р)-ро ба назди худ хонда гуфт:

— Маро аз Умар писари Хаттоб (р) хабар бидеҳ. Пас Абдурраҳмон (р) гуфт:

— Аз коре ки шумо аз ман донотар ҳастед, чӣ мепурсед?

Пас Абубакр (р) гуфт:

— Ва агарчи бидонам.

Абдураҳмон (р) гуфт:

— Қасам ба Аллоҳ, вай беҳтар аст аз фикре, ки шумо дар борааш мекунед.

Баъд аз он Сиддиқ (р) Усмон писари Аффон (р)-ро даъват кард ва барояш гуфт:

— Маро аз Умар (р) хабар бидеҳ. Пас Усмон (р) гуфтанд:

— Шумо хабардортари мо ба ӯ ҳастед. Пас Абубакри Сиддиқ (р) гуфт:

— Бигзор, ки ҳамин тавр бошад. Пас Усмон гуфт:

— Эй бор Худо, илми ман ба ӯ ҳамин аст, ки дарунаш беҳтар аз берунаш аст ва ӯ касест, ки дар байни мо мисли ӯ нест. Ва Абубакри Сиддиқ (р) ҳамроҳи ин ду бо дигарон низ аз муҳоҷирину ансориён машварат карданд.

Ва баъд аз ин ки Сиддиқ (р) бар иҷмоъи саҳобагони Расули Худо (с) мутмаин шуд бар ин ки Умар писари Хаттоб (р) баъди ӯ халифаи мусалмонҳо мешавад. Пас Усмон (р)-ро даъват карда барояш гуфт, ки бинавис:

«Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон. Ин аҳдест, ки Абубакр писари Абуқуҳофа (р) дар охири зиндагиаш дар дунё аҳд мекунад ба ҳайсияте, ки кофир имон биёрад ва фоҷир яқин кунад ва дурӯғгӯ рост гӯяд, ба таҳқиқ ман халифа гузоштам бар шумо баъд аз худам Умар писари Хаттоб (р)–ро, пас ӯро итоъат кунед ва дар ҳақиқат ман Худову Расули Худо ва дини ӯро ва ҷонамро ва шуморо қасд ба хайр кардам. Пас агар адл кунад ҳамон фикри ману илми ман аст дар ҳамон, пас агар табдил кунад аз барои ҳар шахсе гуноҳест, ки мекунад. Ва хайрро ирода кардам ва ғайбро намедонам ва зуд аст, ки медонед касонеро, ки зулм карданд. Ва-с-салому алайкум ва раҳматуллоҳи».

Баъд аз он Сиддиқ (р) амр ба китоб кард, пас хатмаш намуд, баъд аз он Усмон (р) барои мардум гуфт:

Оё байъат мекунед шахсеро, ки дар ҳамин китоб аст? Пас гуфтанд:

— Бале, ҳама ба ӯ иқрор шуданду розигӣ доданд, сипас байъат карданд. Баъд аз он Сиддиқ (р) Умар (р)-ро дар ҷойи хилват фарёд карда, барояш васиятҳо намуд. Пас аз он аз назди ӯ баромада, ҳарду дасташро ба осмон баланд карда, ба Парвардигораш муноҷот карда гуфт:

— Эй бор Худоё, ман ба ин корам салоҳи онҳоро мехоҳам ва бар онҳо аз фитна тарсидам, пас ба онҳо коре кардам, ки ту бар онҳо донотар ҳастӣ ва иҷтиҳод кардам ба райъи худам, пас беҳтарини онҳоро бар онҳо валӣ гардондам. Хуб бигардон барояшон ва ба сӯяшон ва Умар (р)–ро аз хулафои рошидинат бигардон, ки пайрави Набиии раҳмат ва пайравии солиҳини баъдаш бикунад ва хуб бигардон барояш масъулиятро дар идораи умури мардум.[19]

Ва бо ҳамин Сиддиқ (р) ҳаёти бузургашро ба коре аз корҳояш хотима бахшид ва Умари Форуқ (р) халифаи мусалмонҳо гардид.

Раҳмату сано

Вақте ки Алӣ (к.в.) ба назди Абубакр (р) даромад, дар ҳоле ки рӯҳи покаш ба назди Холиқаш баромада буд, пас гирякунон гуфт:

— Мо аз Аллоҳ (ҷ) ҳастем ва ба сӯйи ӯ боз мегардем. Баъд аз он бо ғаму андӯҳи шадиде гирякунон гуфт:

— Худованд раҳматат бифармояд, эй Абубакр (р), қасам ба Аллоҳ, ки ту аввалин қавме будӣ, ки Ислом овардаӣ ва содиқтарини қавм будӣ аз рӯйи имон, ва дорои яқини олӣ будӣ, пас Аллоҳ (ҷ) туро аз Ислом ва аз Расули худаш ва аз ҳамаи мусалмонҳо ҷазои хайр бидиҳад. Ту Расули Худо (с)-ро тасдиқ кардӣ, дар ҳоле ки мардум такзибаш мекарданд ва барояш каримиву сахигӣ кардӣ, вақте ки мардум бахилӣ мекарданд ва ҳамроҳаш хестӣ, вақте ки мардум нишастанд ва Аллоҳ таъоло туро дар китобаш сиддиқ хонд. Пас Алӣ (к.в.) ин оятро хонд:

Сухани Худо:

وَالَّذِي جَاء بِالصِّدْقِ وَصَدَّقَ بِهِ

«Ва касе, ки сухани рост овард ва тасдиқаш кард, онон парҳезгоронанд»,[20]

ки мурод дар ин оят ту ва Муҳаммад (с) мебошед.

Ҳамчуноне будӣ, ки Паёмбари акрам (с) фармуда буд: «Бадани заъиф доштӣ, лекин дар динат қавӣ будӣ, дар нафсат мутавозеъ будӣ, дар назди Аллоҳ (ҷ) бузург будӣ, дар рӯйи замин ҷалил будӣ, дар назди мӯъминон бузург будӣ.

Дар назди ту касе аз рӯйи чиз маконате надошт ва заъиф дар назди ту қавӣ буд ва қавӣ дар назди ту заъиф буд, ҳатто ки аз қавӣ ҳақро меситондӣ ва барои заъифҳо низ ҳамин тавр мекардӣ».

Худованд моро аз аҷри ту маҳрум насозад ва моро баъди ту гумроҳ нагардонад.

1 2 3 4 5 6Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *