Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Аснофи занхо дар мохи Рамазон

﴿ أقسام النساء في رمضان ﴾

Аз форси ба тоҷики: Абдуссатори Ҳақназар

Аснофи занҳо дар моҳи рамазон

Вақтеки хоҳарони азизи мо барои анҷом додани аъмоли нек ва кушиш дар итоати Худо ва фурсат донистани вақт дар ризогии Худо ҳарис ҳастанд баъзе аз онон нисбат ба баъзе аз аҳком дар мавриди дини Худо ва суннати Пайғамбараш худро ба ҷаҳолат мезананд.

Ба муносибати даромадани моҳи шарифи рамазон, ки моҳи шитоб кардан ва сабқат гирифтан дар аъмоли нек аст хостем, ки ин рисоларо ки гушае аз китоби » Аснофу-н-нисо фи рамазон» аз шайх Муҳаммад Муснад аст таҳия кунем, то ин ки хоҳарони мусалмон аз ин фойдаҳо баҳраманд шаванд ва бо илму огоҳи дар итоати Худо кушиш кунанд.

Ва намехоҳем чунонеки саҳобии ҷалил Абдуллоҳ ибни Масъуд фармуданд: «Ва бисёри касоне ҳастанд ки иродаи хайр доранд вале ба он даст намеёбанд» аз дастраси ба хайр маҳрум гардед.

Аснофи занҳо дар моҳи рамазон

Баъзе занҳое ҳастанд ки вақташонро дар ошпазхона мегузаронанд ва аз зикри Худо ва хондани Қурон ғофил ҳастанд мисли онки моҳи рамазон барои онҳо моҳи хурдан ва нушидан аст на моҳи рузаву ибодат ва тиловати Қурон.

Заноне ҳастанд ки ба намозу руза рағбат доранд ва дар ин моҳ барои касал нашудан дору мехуранд, дар ҳолеки беҳтар ин аст ки аз ин кор дури кунанд ва ба ончи ки Худованд барояшон муқаддар карда аст рози шаванд, чароки ингуна доруҳо ба гуфтаи мутахассисон холи аз зарар нест ва Худованди бузург ба хотири ҳикмате, ки медонад ин касалҳоро (касалҳои занонаро монанди ҳайзу нифос ва ғайра) барои занон муқаддар намуда аст, пас дар манъ кардани он зараре барои фитрат ва хилкат аст.

Ва заноне ҳастанд ки дар ҳолати касали ҳайз ва ё нифос дар мавриди зикри Худо ва тиловати Қурон сусти нишон медиҳанд, дар ҳоле, ки барояшон имкон аст ки китобҳои муфидро бихонанд ва ба Қурон ва дигар дуъоҳо ба воситаи баландгу ё родию ва ғайра васоили нав гуш карда истифода баранд.

Ва дар миёни занҳо заноне ҳастанд ки ба намози таровиҳ мераванд вале бо ҳиҷоби комил намебароянд ва ончи, ки барояшон кашф карданаш дуруст нест ошкор мекунанд, дар ҳолеки ҳамаи зан аврат аст ва дар байни роҳ бо бегонагон хилвати ҳаром сурат мегирад агар ин занон дар хона бинишинанд барояшон беҳтар аст.

Аз ибни Умар «Худо аз у рози бошад» ривоят аст ки фармуданд: «Занонатонро аз рафтан ба масҷид манъ накунед ҳар чанд ки хона барояшон беҳтар аст» (Абудовуд).

Ва дар ҷой дигар аз Пайғамбари Худо ривоят аст ки фармуданд: «Зан аврат аст ва замонеки аз хонааш берун меравад шайтон дар байни роҳ сарак мекашад ва уро таъқиб мекуанд ва зан ҳеҷзамон ба Худо наздиктар намешавад аз замонеки дар хонааш аст».

Мақсад ин аст ки зан ҳарчанд худро бипушонад ва худро аз чашми мардони бегона нигоҳ дорад намозаш беҳтар мешавад.

Ибни Хузайма ва гуруҳе аз уламо сароҳатан баён кардаанд ки намози зан дар хонааш аз намозаш дар масҷид беҳтар аст, агарчи масҷиди макка ё мадина ва ё байтул мақдис бошад.

Умму Ҳамид зани ибни Ҳамиди Cоъиди «Худо аз у рози бод» нақл мекунад ки назди Пайғамбари Худо омадам ва гуфтам: Эй расули Худо ман дуст дорам ки бо шумо намоз бихонам, Пайғамбари Худо фармуданд: «Ман медонам ки ту намоз хонданро бо ман дуст дори вале намозат дар хонаат беҳтар аз намозат дар манзилат ва намозат дар манзилат беҳтар аз намозат дар масҷиди қавмат, ва намоз хондан дар масҷиди қавмат беҳтар аз намоз хондан дар масҷиди ман аст».

Рови мефармояд: «Умму Ҳамид пас аз шунидани ин сухан амр кард, ки дар ториктарин гушаи хонааш барои у масҷид бино кунанд ва дар ҳамонҷо намоз бихонад то охирини ҳаёташ».

Ҳазрати Оиша «Худо аз у рози бод» мефармояд: «Агар Пайғамбари худо медонистанд ки занон баъд аз Эшон чи корҳое анҷом медиҳанд онҳоро аз рафтани масҷид манъ мекард».

Ва баъзе занҳо худро атр мезананд ва ба масҷид мераванд, дар ҳолеки ин кор барояшон дуруст нест, чун Пайғамбари Худо фармуданд: «Ҳар занеки атр занад барои намози хуфтан дар масҷиди мо ҳозир нашавад». (Муслим).

Ва аз ҳазрати Абу Ҳурайра нақл шуда аст эшон занеро диданд ки атр зада буд фармуданд: «Ман аз Пайғамбари Худо шунидам ки фармуданд: «Ҳар занеки хушбуй кунад сипас ба масҷид биравад намозаш қабул намешавад то инки ғусл кунад» (Албони ин ҳадисро саҳиҳ шуморида аст).

Ва баъзе аз духтарони ҷавонеки нав ба синни балоғат мерасанд ва аввалинбор ҳайз мешаванд онро аз хонаводаашон пинҳон мекунанд ва дар ҳолеки нопок ҳастанд рузаашонро пура мегиранд бо вуҷуди инки рузаи ҳоиз дуруст намебошад сипас қазои рузҳои гирифтаро баҷо намеорад ё воқиан намедонад ва ё хаҷолат мекашад. Пас барои модарон воҷиб аст, ки духтаронашонро нисбати ин масъала огоҳ кунанд чунонеки бар духтар воҷиб аст ки рузҳои қазои худро баҷо оварад агарчи мудати зиёде гузашта бошад, агар адади рузҳоро фаромуш карда бошад фикр кунад ва бар ғолиби фикри худ амал кунад.

Ва баъзе занҳое ҳастанд ки бо хонаводаашон ба Макка мераванд ва бо онҳо барои умра иҳром мебанданд сипас ҳайз мешаванд ва ба хотири ҳаё ва ё тарс ба хонаводашон хабар намедиҳанд ва бо ҳамроҳи онҳо ба ҳарам дохил мешаванд ва бо мардум намоз мехонанд ва шояд ки дар гирди хонаи Худоҳам дар ҳолати нопоки тавоф кунанд, онҳо бо ин корашон гуноҳи бузургеро муртакиб мешаванд ва умраашон ботил мешавад то инки пок шаванд ва бо таҳорати комил тавоф кунанд ва бояд ба хотири коре ки анҷом додаанд тавба кунанд.

Ва аз миёни занон касоне ҳастанд ки шабҳои рамазонро ба хусус даҳ шаби охирро дар бозорҳо ва дар ҷойҳои дигар мегузаронанд ки ин корҳо сабаби дур шуданашон дар ин шабҳои гаронқадр аз ёди Худо ва савобҷуи мегардад. Чи хуб мешавад ки ин шабҳоро дар ёди Худо ва корҳои хуб бигузаронем то инки аз он қадру савобеки дар ин шабҳо аст маҳрум нашавем.

Ва замоне ин дарҳои хайр барои мо восеъ мешавад ки шахс дар хонааш нишаста ва барои рузадорон хидмат кунад (барои рузадорон ифтор диҳад) чунонеки дар ҳадис омада аст ки Пайғамбари Худо фармуданд: » Имруз касоне ифтор карданд аҷр ва савоби бисёри карданд» пас агар зан дар рузҳои ҳайзаш ба рузадорон хидмат кунад Худованди бузург ба андозаи аъмолеки дар разҳои туҳраш анҷом медод ба у аҷру савоб дода мешавад. Пайғамбари Худо мефармояд:

«Вақтеки шахс мариз шавад ва ё сафар кунад Худованд барои у аҷр ва савоби касеро ки дар ҳолати сиҳат ва иқомат амал мекунад менависад».

Ва дар охир аз Худованди бузург талаби дуъо мекунем ки модарон ва хоҳарони моро ба роҳи ҳақ ҳидоят карда ва онҳоро барои анҷом додани аъмоли неки дар моҳи шарифи рамазон муваффақ гардонад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *