Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Одоби Хӯрдан ва одоби атса задан

Одоби Хӯрдан

21 — Аз Умар писари Абусалама ривоят шуда, ки гуфт: кӯдаке будам дар домони Расули Худо (с), (яъне дар хонаи Паёмбари Худо зиндагӣ намуда, дар тарбияташон қарор доштам) ва дастам дар дохили коса дур мерафт, Расули Худо (с) фармуд: “Эй писар, номи Худоро ёд кун ва бо дасти рости худ бихӯр ва аз назди худат бихӯр.”

(Ин ҳадисро Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд.)

  1. — Шарҳи ҳоли ровӣ:

Умар писари Абусалама мебошад. Ӯ дар соли дуввуми ҳиҷрат дар хонаи падараш таваллуд ёфта, сипас дар хонаи паёмбари Худо (с) мавриди тарбият ва парвариш қарор гирифт. Алӣ писари Абутолиб ӯро ҳокими Баҳрайн таъин кард. Мавсуф дар соли 83-и ҳиҷрӣ дар шаҳри Мадина аз дунё даргузашт.

  1. — Шарҳи маънои ҳадис

Ин ҳадис баёнгари ин мебошад, ки бояд пеш аз хӯрдан «Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим» гуфта бо дасти рост бихӯрем, чӣ тавре ки аз ин ҳадис бармеояд, ки хӯрдан ва нӯшидан бо дасти чап ҳаром мебошад, зеро амали мазкур аз ахлоқи шайтон аст ва мусалмон бояд аз амалу кирдори

фосиқон парҳез намояд, чӣ расад ба кори шайтон, ки аз он ҳатман бояд дурӣ биҷӯяд.

  1. — Фавоид ва пандҳои ҳадис:

1 — Бисмиллоҳ гуфтан пеш аз оғози хӯрдан суннат мебошад. 2 — Ҳар вақте ки дар оғози ғизохӯрӣ гуфтани Бисмиллоҳро фаромӯш кунӣ, пас бигӯ: Бисмиллоҳи аввалуҳу ва охируҳу. 3 — Ҳар вақте иродаи хӯрдан намоӣ, бо дасти ростат бихӯр ва вақте ки бинӯшӣ, бо дасти рост бинӯш.

  1. — Гуфтани алҳамдулиллоҳ баъд аз хӯрдан ва ошомидан суннат мебошад.
  2. — Ҳар вақте бар суфраи таъом нишастӣ, аз назди худат бихӯр. 4 — Пурсишҳо:

1 — Он чизеро, ки паёмбари Худо (с) ба Умар писари Абисалама гуфт, баён намоед!

А — Ҳар вақте мусалмон тасмими хӯрдан намояд, чӣ мегӯяд?

Б — Ҳар вақте мусалмон аз хӯрдан фориғ шавад, чӣ мегӯяд?

В-Ҳар вақте мусалмон дар аввали хӯрдан бисмиллоҳ гуфтанро фаромӯш кунад, чӣ мегӯяд. 2 — Ду адабе аз одоби хӯрданро бигӯед.

ОДОБИ АТСА ЗАДАН

22 — Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки паёмбар (с) фармуд: “Ҳаргоҳ яке аз шумо атса занад, бояд бигӯяд: Алҳамду лиллоҳ,(Худоро шукр) ва бояд бародар ё рафиқаш барои ӯ бигӯяд: Ярҳамукаллоҳ, (Худо бар ту раҳм кунад) ва ҳаргоҳ барояш “Ярҳамукаллоҳ” гуфтанд, бояд ки ӯ низ барои онҳо бигӯяд: Яҳдӣкумуллоҳ ва юслиҳ болакум” (Худованд шуморо ҳидоят кунад ва осудахотиратон созад.)

(Ин ҳадисро Бухорӣ ривоят кардааст.)

  1. — Шарҳи ҳоли ровӣ дар ҳадиси шумораи 5 баён гардидааст.
  2. — Шарҳи маънои ҳадис:

Ҳадиси мазкур ин матлабро баён менамояд ки неъмату раҳмати Худованд бар шахси отсазананда бас бузург мебошад, зеро Худованд барои ӯ дар атса задан хайру некӣ бахшидааст, яъне Ҳақ таъоло ба сабаби атса задан тамоми зарару газандеро, ки дар натиҷаи атса назадан рух медиҳад, аз ӯ дур месозад.

Бинобар ин Ислом ба шахси мазкур чунин фармуда, ки баъди атса задан “Алҳамдуллилоҳ” бигӯяд, инчунин барои шахсе, ки ӯро ташмит “Ярҳамукаллоҳ” гуфтааст, дуъои хайр намояд.

Воқиъан шахси атсазананда бо атса заданаш як неъмат ё

манфиъате ба даст меорад, ба ин маъно, ки тамоми буғҳои хафакунанда аз димоғаш берун мебарояд, ки агар онҳо дар димоғаш боқӣ бимонанд, боиси бемориҳои вазнин мегарданд. Худованд дар баробари неъмати мазкур шукру ситоиш карданашро ба ӯ суфориш намудааст, зеро Аллоҳ таъоло баъди ин зилзила ва такони ҷисмонӣ тамоми аъзои бадани ӯро ба ҳайату шакли қаблиаш нигоҳ медорад.

3 -Фавоид ва суфоришоти ҳадис:

1 — Паст кардани овоз ба қадри имкон, дар вақти атса задан. 2 — Гузоштани даст ё руймолча бар даҳон, дар вақти атса задан. 3 — Бояд шахси атсазананда “Алҳамдулиллоҳ” бигӯяд. 4 — Бояд барои касе, ки баъди атса заданаш ”Алҳамдулиллоҳ” гуфтааст, “Ярҳамукаллоҳ” гуфта шавад.

5 — Инчунин барои касе, ки “Ярҳамукаллоҳ” гуфтааст, дуъои зеринро гуфта мешавад: “Яҳдикумуллоҳ ва юслиҳ болакум.” 6 — Дуъо намудан барои атсазананда, муҳаббату дӯстиро дар байни мусалмонон эҷод менамояд.

4 — Пурсишҳо:

  1. — Ҷумлаҳои зеринро пурра намоед: (Ҳар вақте мусалмон атса занад, мегӯяд: ………. ва ҳар вақте гуфта шавад: Ярҳамукаллоҳ, мегӯяд: ……….)
  2. — Дар паҳлӯи ҷумлаҳои зайл аломати дуруст (V) ё аломати нодуруст (Х) гузоред:

А — Ҳар вақте мусалмон атса занад, овозашро паст карда, дасташро ё рӯймолчаашро бар даҳонаш мегузорад

Б — Ҳар вақте мусалмон атса занад, чизеро бар даҳонаш намегузорад.

В — Дуъо намудан барои атсазананда улфату дӯстиро дар байни мусалмонҳо эҷод намекунад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *