Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Талҳа Ибни Убайдуллоҳи Таймӣ

Талҳа ибни Убайдуллоҳи Таймӣ ҳамроҳ бо қофилае аз қофилаҳои тиҷорати Қурайш ба сарзамини Шом сафар кард.

Вақте корвон ба сарзамини Бусро расид, тоҷирони бузурги Қурайш ба бозори он рехтанд. Ҳар кадом матоъеро мефурӯхтанд ва матоъеро мехариданд. Бо вуҷуди он ки Талҳа ҷавони наврасида буд, аммо дар таҷрибаи тиҷорат ҳеҷ кас ба пояи вай намерасид. Чун вай аз ҳуши саршор ва биниши дақиқ чунон бархурдор буд, ки метавонист бо бузургон дар ин соҳа муқобила кунад, ва дар натиҷа нисбат ба ҳамаи онон дар хариду фурӯши бартарӣ ҳосил намояд.

Ва дар асное, ки Талҳа субҳу шом дар миёни бозор, ки пур аз издиҳом буд рафту омад дошт, чунон рӯйдод ва ҳодиса барои вай пеш омад, ки на танҳо дар зиндагии вай инқило овард, балки сайри таърихи башариятро иваз намуд.

Ва акнун риштаи каломро ба худи вай медиҳем, то ин ҳикояти ҳайратгезро ба мо қисса намояд:

Талҳа гуфт: Дар асное, ки мо дар миёни бозори Бусро мегаштем, ногаҳон садои роҳиберо шунидем, ки дар миёни мардум фарёд мезад ва мегуфт: Эй ҷамъи туҷҷор ! Аз аҳли ин мавсим пурсон кунед, ки касе аз аҳли Ҳарам дар ин ҷо ҳузур дорад. Ва ман, ки дар наздикиb вай қарор доштам, фавран худро ба вай расонида гуфтам. Бале, ман аз аҳли Ҳарам ҳастам.

Гуфт: Оё Аҳмад дар миёни шумо зуҳур кардааст?

Гуфтам: Аҳмад кист?

Гуфт: Аҳмад, писари Абдуллоҳ ибни Абдулмуталлиб. Ин ҳамон моҳе аст, ки вай дар он зуҳур мекунад… Вай охирин силсилаи нубувват аст.

Ин Пайёмбар аз сарзамини шумо дар Ҳарам зуҳур менамояд ва ба сарзамине, ки дорои сангҳои сӯхта ва нахлистонҳо ва корезҳост ҳиҷрат мекунад.

Эй ҷавон, хушдор, ки дар иҷобати вай каси дигаре бар ту сабқат гирад.

Талҳа гуфт, ҳарфҳои ин роҳиб дар дилам сахт асар гузошт ва ҷуз худро ба шутурони худ расонидам ва онро барои ҳаракат омода сохтам. Ва корвонро пушти сар ниҳодам ва ба суръат роҳи Маккаро пеш гирифтам. Чун ба Макка расидам, барои хонаводаи худ гуфтам: Оё баъд аз рафтани мо дар Макка кадом ҳодисае рух додааст?

Гуфтанд: Бале, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) идиои нубувват намудааст. Ва писари Қаҳҳофа (яъне Абубакр) аз вай пайравӣ намудааст.

Талҳа гуфт: Ман қабл аз ин Абубакрро мешинохтам. Ӯ марди содагир ва нармтабиат ва дӯстдоштанӣ буд…

Марди тоҷир ва соҳибахлоқ, фозил буд. Бо вай улфат мегирифтем ва маҷолисаш моро хуш меомад. Чун вай ба ахбори Қурайш илм дошт ва дар ҳифзи ансоб фавқулодда пештоз буд.

Аз ин рӯ, назди вай рафта гуфтам: Оё ин дуруст аст, ки Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) идиои нубувват намудааст ва ту аз вай пайравӣ намудаӣ?

Гуфт: Бале, чунин аст ва он гоҳ ҳикояти вай ба ман бозгуфт ва маро ба имон овардан ба вай ташвиқ кард. Ман низ ба навбати худ хабари роҳибро ба вай ҳикоят намудам. Аз шунидани он дар ҳайрат афтод ва гуфт: Биё бо ҳам назди Муҳаммад (с) биравем ва ин қиссаро ба вай ҳикоя кун ва бишнав, ки чӣ мегӯяд. Ва он гоҳ дар дини вай дохил шав.

Талҳа гуфт: Ҳамроҳ бо вай назди Муҳаммад (с) рафтем. Вай бар мо Исломро арза намуд ва чизе ҳам аз Қуръон бароям тиловат кард ва маро ба хайри дунё ва охират мужда дод. Худованд қалби маро ба қабули Ислом кушуд. Ва ман қиссаи роҳибро ба вай ҳикоя намудам. Аз шунидани он сахт хушҳол ва масрур гардид, ки аломатҳои он дар чеҳрааш намоён шуд.

Баъд дар пеши рӯи вай калимаи шаҳодат хонда гуфтам: Ашҳаду анло илоҳа иллаллоҳу ва анна Муҳамадан расулуллоҳ.

Ва ба ин тартиб ман чаҳорумин касе будам, ки ба дасти Абубакр Ислом овардам. Мусалмон шудани ин ҷавони қурайшӣ бар аҳлу хонавода ва хешовандону наздиконаш чун барқ афтод. Ва аз ҳама бештар модараш ба мусалмонии вай хеле афсӯс мехӯрд ва нороҳатӣ мекард. Чун модараш орзӯи он дошт, ки фарзандаш бо ин хусусиятҳои нек ва шамоили писандидае, ки дорад, мумкин зимоми сарварӣ ва ҷамъомати қавми худро ба даст гирад.

Қавмаш ба суръат худро ба вай расониданд, то ӯро аз дини ҷадидаш баргардонанд. Аммо ӯро дар имонаш чунон устувор ёфтанд, ки чун кӯҳи сарбафалак кашида собиту устувор аст. Ва тазалзул дар иродаи ӯ роҳ надорад. Вақте ишон аз қонеъ сохтани вай ба тариқи хубӣ ноумед шуданд, ба азобу шиканҷаи вай даст заданд, то битавонанд бо ин шева ӯро аз дини ҷадидаш баргардонанд.

Масъуд ибни Харош аз ҳолат ва авзои он вақт сухан ба миён оварда мегӯяд: Дар асное, ки ман дар миёни Сафо ва Марва саъй менамудам, мардумони зиёдеро дидам, ки дастҳои ҷавонеро ба гардан бастаанд ва ба ӯро ба пеш тела дода, ба сараш мекӯбанд… Ва пиразане низ ӯро дашном дода ва фарёд мезанад. Гуфтам: Ин ҷавон чӣ кардааст, ки ӯро ин гуна ҷазо медиҳанд? Гуфтанд: Ин ҷавон Талҳа ибни Убайдуллоҳ ном дорад ва аз дини худ баргаштааст ва аз ғуломи бани Ҳошим пайравӣ намудааст…

Гуфтам: Ин пиразане, ки аз пайи вай равон аст, чикора аст?

Гуфтанд: Ин зан Саъба духтари Ҳазрамӣ аст ва модари ин ҷавон аст. Баъд Навфал ибни Хувайлид мулаққаб ба шери Қурайш аз ҷой бархост ва Талҳа ибни Убайдуллоҳро гирифта бо ресмон баст ва Абубакри Сиддиқро низ ҳамроҳи ӯ яке кард ва ҳардуи ононро баста ба бехирадони Макка дод, то онҳоро хуб азият диҳанд ва таъзиб кунанд.

Ва ба ҳамин ҷиҳат Талҳа ибни Убайдуллоҳ ва Абубакри Сиддиқро ба номи ҳамтоён хонанд. Баъд рӯзҳо гузашт ва ҳаводис сурат гирифт ва бо гузашти айём Талҳа ном ва шӯҳрат ёфт ва ба синни пухтагӣ ва рушд расид. Ва мушкилот ва душвориҳоро бо камоли сабру бурдборӣ таҳаммул намуд. Ва хайр ва некиашро барои Ислом ва мусалмонон афзуда мерафт, то он ҷое, ки мусалмонон ба вай лақаби шаҳиди зинда доданд. Ва ҳазрати Расули акрам (с) ӯро ба номи Талҳатул хайр ва Талҳатул ҷуд ва Талҳатул фаёз мехонд.

Ва ҳар кадом аз ин лақаб ҳикоятҳое дорад, ки дар шигифтангезӣ камтар аз соири ҳикоёти вай нест.

Аммо достони лақаб ёфтанаш ба шаҳиди зинда ин аст, ки дар рӯзи Уҳуд вақте мусалмонон шикаст хӯрданд ва аз атрофи ҳазрати Расули Худо (с) пароканда шуданд ва ҷуз ёздаҳ тан аз Ансор ва Талҳа ибни Убайдуллоҳ аз муҳоҷирин каси дигаре дар пиромунаш намонд.

Ҳазрати Расули Худо (с) ҳамроҳ бо касони худ ба кӯҳ боло мешуданд. Дар ин асно дастае аз мушрикин худро ба вай расониданд, то ӯро ба қатл расонанд.

Ҳазрати Расули Худо (с) гуфт: Ҳар кӣ инҳоро аз мо дафъ кунад, ӯ дар биҳишт ёрамон хоҳад буд. Талҳа гуфт: Эй Расули Худо (с), ман инҳоро аз ту дафъ мекунам.

Ҳазрати Расули Худо (с) фармуд: На, ту дар ҷойи худ бош.

Марде аз Ансор гуфт: Ман инҳоро аз ту дафъ мекунам, ай Расули Худо (с). Фармуд: Дуруст аст, ту аз ман дифоъ кун. Марди Ансорӣ, то ҳадде ҷангид, ки саранҷом шаҳид шуд. Боз ҳазрати Расули Худо (с) ҳамроҳ бо касонаш андаке ба кӯҳ боло шуд. Боз мушрикин ба таъқиби вай пардохтанд. Фармуд: Оё касе ҳозир аст, ки ҳамлаи инҳоро пешгирӣ кунад? Ҳазрати Талҳа гуфт: Ман ҳозирам, ай Расули Худо (с).

Ҳазрати Пайёмбар (с) фармуд:

На, ту дар ҷойи худ бош.

Марде аз Ансор гуфт: Ман ҳозирам, ки ҳамлаи инҳоро пешгирӣ кунам.

Фармуд: Дуруст аст, ту аз ҳамлаи ишон пешгирӣ кун.

Ин марди Ансор низ то сарҳаде ҷангид, то он, ки шаҳид шуд.

Сипас ҳазрати Расули Худо (с) ба баланд шудани худ дар кӯҳ идома дод.

Ва мушрикон ӯро аз пай таъқиб намуданд. Ва пайваста ин ҳарфи худ такрор менамуд ва Талҳа ҷавоб медод, ки ман ҳозирам. Ва ҳазрати Пайёмбар (с), ӯро манъ мекард.

Ва ба марди Ансор иҷоза медод, то он ки он ҳама шаҳид шуданд ва ҷуз Талҳа дигар касе ҳамроҳ бо вай боқӣ намонд. Ва мушрикин худро ба вай расониданд. Дар ин вақт ба Талҳа гуфт: Бале, эй Талҳа, акнун ту аз ман дифоъ кун…

Дар ин ҷанг дандони пеши рӯи ҳазрати Расули Худо (с) шикаст ва ҷабинаш пӯстхарош гардид ва лабаш маҷрӯҳ шуд ва хун аз чеҳраи муборак сарозер гардид ва сахт хаста ва афсурда монд. Ва Талҳа пайи ҳам ба мушрикин ҳамла мекард ва онҳоро ба ақиб меронд. Ва баъд ба сӯи ҳазрати Расули Худо (с) меомад ва андак ӯро ба кӯҳ боло мекард ва ӯро бар замин, менишонд ва такя медод. Ва боз ба сӯи мушрикин ҳамла мекард. Ва ба ҳамин тартиб ба ҷанги худ идома дод, то он ки тавонист ҳамлаи мушрикинро дафъ кунад.

Ҳазрати Абубакр гуфт: Дар он вақт ман ва Абуубайда ибни Ҷарроҳ дар фосилаи дуртар аз ҳазрати Расули Худо (с) қарор доштем. Вақте рӯ ба вай намудем, то захмҳояшро бубандем, фармуд: Маро бо ҳоли худ бигзоред ва назди ин ёри дигаратон биравед. (ҳадафаш Талҳа буд). Вақте назди вай рафтем, дидем, ки хун аз баданаш ҷорӣ аст ва беш аз ҳафтод захм бар бадан хӯрдааст ва кафи дасташ қатъ шуда ва дар чуқурӣ беҳуш афтодааст. Ҳазрати Расули Худо (с) баъд аз ин воқеъа ҳамеша мегуфт: Касе дӯст дорад, мардеро бубинад, ки дараҷаи шаҳодат ёфта ва бар рӯи замин роҳ меравад, ба Талҳа ибни Убайдуллоҳ бингарад. Ҳазрати Абубакри Сиддиқ вақте аз воқеъаи Уҳуд сухан ба миён меомад, мегуфт: Ин рӯзе буд, ки ҳама шаҳоматҳо ва фидокориҳоро Талҳа касб кард.

Ин буд достони лақаб ёфтани Талҳа ба шаҳиди зинда.

Аммо достони лақаб ёфтани вай ба Талҳатулхайр ва Талҳатулҷуд дар ин иртибот садҳо қисса ва достон аст, ки мо якеро аз он дар ин ҷо ёдовар мешавем.

Талҳа марде буд, тиҷоратпеша ва сарватманд. Рӯзе корвон аз Хазрамавт назди вай омад, ки ҳафтсад ҳазор дирҳам мол бор дошт. Вай он шабро бисёр ғамгин ва андӯҳнок ва пур аз ҳавф сипарӣ кард. Ҳамсараш Умми Кулсум духтари Абубакри Сиддиқ назди вай дохил шуд ва барояш гуфт: Эй Абумуҳаммад, чӣ пеш омадааст, ки ин қадар ҳазинӣ? Шояд коре аз мо сар зада бошад, ки мояи ғамгинии ту шудааст.

Гуфт: На, чунин нест ва ту беҳтарин зани мусалмон ҳастӣ… Аммо иллати андӯҳам иност, ки ман аз дишаб ба ин сӯ дар фикр фурӯ рафтам ва бо худ гуфтам: Марде, ки ин ҳама амволро дар хонааш нигаҳ дорад ва ба хоб равад, чунин шахс ба Парвардигораш чӣ гумоне хоҳад дошт?! Ту ба ниёзмандон ва мӯҳтоҷони қавм ва дӯстони худ чӣ кардаӣ?!

Гуфт: Ин ҳол чаро туро андӯҳгин созад ва дар ғам андозад. Агар шабро рӯз кунӣ, онро дар миёнашон тақсим кун.

Гуфт: Худованд туро раҳмат кунад. Ту зани комёб ва духтари марди комёб ҳастӣ…

Вақте вай шабро рӯз намуд, он амволро дар зарфҳо андохт ва ба фуқарои муҳоҷирин ва Ансор тавзеъ намуд.

Ва низ аз вай ривоят аст, ки марде назди Талҳа ибни Убайдуллоҳ омад ва аз вай хоҳони кӯмак ва шуд ва қаробати худро низ ба вай баён дошт. Ҳазрати Талҳа ба ӯ гуфт: Ин қаробате, ки ту ба ман баён намудӣ, то ҳол ҳеҷ кас онро бароям ёд накардааст. Ва маро замин ҳаст, ки Усмон ибни Афон ба сесад ҳазор онро харидор шудааст… Агар хоҳӣ, онро бигир ва агар хоҳӣ онро ба сесад ҳазор фурӯхта ва пулашро бароят медиҳам. Он мард гуфт: Маро пули он даркор аст… ҳамон буд, ки пули онро ба ӯ дод.

Хушо ба ҳоли Талҳатулхайр ва Талҳатулҷуд. Ва ин лақабе аст, ки ҳазрати Расули Худо (с) онро ба вай хилъат намудааст. Худованд аз вай розӣ бод ва марқадашро нуронӣ дорад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *