Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Саду як кисса аз хаёти Муҳаммад (с)

Гирдоваранда:

Муҳаммадиқболи Садриддин

Ба номи Худованди ҷонофарин,

Ҳакими сухан дар забон офарин.

Пешгуфтори гирдоваранда

Ҳамду ситоиши бепоён Парвардигори оламиёнро ва дуруду салом бар равони поки Расули Худо (с), ки ҳидоятгару роҳнамои башарият ва наҷотдиҳандаи инсоният аз торикиҳои ҷаҳолат ва нодонӣ ба сӯи нури ҳидоят ва рушноӣ ва инчунин дуруду саломҳои фаровон бар хонадони поку нуронӣ ва асҳобу ёрони бовафояш, ки пайравӣ аз роҳу равиши ӯ намуда, парчами даъватро дар роҳи ризои Худо баланд бардоштанд. Инчунин дуруд ва раҳмати худовандӣ шомили ҳоли касоне бод, ки пайравӣ аз суннати он Ҳазрат (с) мекунанд ва мардумро барои пайвастан ва тамассук ба он роҳнамоӣ менамоянд.

Аммо баъд:

— Миллатҳо ва мардуми дунё дар ҳар давру замон барои худ шахсиятҳо ва муқаддасоте доранд, ки чун рамзҳо ва нишонаҳои хотиравӣ азизашон медоранд ва барояшон эҳтиром қоиланд. Мо мусалмонҳо низ барои худамон ҳамин гуна муқаддасот ва арзишҳо дорем ва он ҳам бошад эҳтирому пайравӣ аз дастуроти дин ва Қуръону Паёмбарамон Муҳаммад саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам мебошад, ки ӯро Худованд бароямон пешво ва роҳбар гардонидааст, зеро ӯ маъсум аст, яъне гуноҳонаш омурзида шудаанд.Шайх Аттори Нишопурӣ мефармояд:

Баҳри хеш он покҷонро офарид,

Баҳри ӯ халқи ҷаҳонро офарид.

Офаринишро ҷуз ӯ мақсуд нест,

Покдомантар аз ӯ мавҷуд нест.

Худоро шукру сипос мегӯям, ки маро муваффақ ба гирдоварии ин маҷмӯъаи бебаҳо, ки он ҳам бошад «Саду як қисса аз ҳаёти Муҳаммад (с)» мебошад, гардонид.

Дар ин китоби хоксорона қиссаҳои пурҳикмат ва боарзиши ӯ (с)-ро бо зикри санадҳои дақиқ гирдоварӣ намудаам, то мақому манзалати он Ҳазрат (с) дар партави оятҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои набавӣ, барои шумо хонандаи азиз маълум гардад. Чуноне ки шоъир мефармояд:

Хоҷаи дунёву дин, ганҷи вафо,

Садру бадри ҳар ду олам – Мустафо.

Офтоби шаръу гардуни яқин,

Нури олам, раҳматан лил оламин.

Меҳтарину беҳтарини анбиё,

Раҳнамои асфиёву авлиё.

Маҳдии Ислому ҳодии субул,

Муфтии ғайбу имоми ҷузву кул.

Маҳв шуд шаръи ҳама дар шаръи ту,

Асли ҷумла кам бувад дар фаръи ту.

То абад шаръи туву аҳкоми туст,

Ҳамбари номи илоҳӣ номи туст.

Ҳар кӣ буд аз анбиёву аз русул,

Ҷумла бо дини ту оянд аз субул.

Дар китобҳои таърих дар мавриди чигунагии ҳолати ҷаҳон, қабл аз зуҳури он Ҳазрат (с) чунин овардаанд:

— Ҷаҳони куҳан дар интизори дурахши ин нур буд ва аз ҳазорҳо сол пеш паҳлӯҳои шабу рӯзро ҷо ба ҷо мекард. Ситорагони замону саёраҳои афлок дар иштиёқи он рӯз аз азал даварон дошта ва чашм ба роҳи расидани он муъаллими башарият буданд. Қудратнамоиҳои абру бод, партавафканиҳои анфоси поки олами қудс, тавҳиди Иброҳим (а), ҷамоли Юсуф (а), муъҷизаи мирозии Мусо (а), ҷоннавозии Масеҳ (а) ҳама ва ҳама барои ин дар истимрор буданд, ки ин колоҳои гаронбаҳо ба дарбори подшоҳи ду ҷаҳон ба кор ояд.

Бомдоди ҳамон субҳи ҷоннавоз фаро расид. Бешак, ин рӯз арзандатарин ва хуҷастатарин рӯзи таърихи башарият ба ҳисоб меравад.

Аксарияти таърихнигорон дар баёни он шабе, ки нури ҳақ дурахшид менависанд:

— Дар он шаб чаҳордаҳ бурҷ аз айвони Кисро бар замин фурӯ рехт.

— Оташкадаи Форс, ки ҳазорсолаҳо фурӯзон буд, якбора хомӯш гашт.

Аммо ҳақиқат ин аст, ки на факат айвони Кисро, балки қасрҳои сар ба фалак кашида ва боазамати аҷам, шаъну шавкати Рум, авҷ ва тамаддуни Чин ҳамагӣ аз байн рафт. На фақат оташкадаи Форс, балки ҷаҳаннами шар, оташкадаи куфр, залолат ва гумроҳӣ сард ва хомӯш гашт. Аз бутхонаҳо гарду ғубори хок бархост, бутҳо ҳама бар хок яксон шуданд. Шерозаи маҷусият аз ҳам гусаст, баргҳои хазондидаи насроният якояк фурӯ рехт. Шуриши тавҳид ба по хост, дар чаманзори саъодат баҳор омад. Шуълаҳои офтоби ҳидоят ба ҳар сӯ партавафшонӣ намуд, яъне он ҳабиби ду ҷаҳон, фармонравои олам, сарвари паёмбарон Муҳаммад (с) аз олами қудс ба олами имкон ташриффармои иззат ва ҷалол шуданд.

Дар мавриди таърихи рӯзи валодати он Ҳазрат (с) Имом Муслим аз Абуҳурайра (р) ривоят мекунад, ки Расули гиромиро дар бораи рузаи рӯзи душанбе пурсиданд, он Ҳазрат (с) гуфт: Он рӯзест, ки ман дар он рӯз таваллуд шудаам ва он рӯзест, ки дар он ваҳй нозил шудааст.

Инчунин Абдуллоҳ ибни Умар (р) аз Ибни Аббос (р) ривоят миекунад, ки Расули гиромӣ рӯзи душанбе таваллуд шуда ва низ дар рӯзи душанбе вафот кардаанд.

Уламо ва риёзидонони машҳур ба ин назаранд, ки Расули акрам (с) рӯзи душанбе нуҳуми рабиъулаввали (соли Фил), ки мутобиқ ба бистӯми апрели соли 571 мелодӣ аст, таваллуд шудааст. Хонадони паёмбари гиромӣ аз қабилаи Қурайш мебошанд. Он Ҳазрат (с) қабл аз валодат аз падар маҳрум монда ва дар синни шаш солагӣ аз модар ятим мемонад. Даврони ширхорагии он Ҳазрат (с) назди Ҳалимаи Саъдия (р) сипарӣ мегардад ва чун дар синни чаҳор солагӣ ҳодисаи шаққи садр, яъне шикофтани синаи муборак ба вуқуъ мепайвандад, Ҳалима аз хавфи он, ки мабодо ба тифл зараре расад, Муҳаммад (с)-ро ба хонаводааш бармегардонад. Пас аз вафоти Омина модари он Ҳазрат (с) бобояш Абдулмутталиб тарбияи ӯро ба зимма мегирад ва чун бобояш мефавтад, барои тарбияи он пешвои башарият, амакаш Абутолиб камар мебандад ва то лаҳзаи маргаш ин масъулияти муҳимро ба хубӣ анҷом медиҳад.

Дар синни 25 — солагӣ бо Хадиҷа бинти Хувайлид издивоҷ намуда ва дар синни 40 — солагӣ ба паёмбарӣ мабъус мегардад. Сенздаҳ сол дар Маккаи мукаррама мардумро ба тавҳид, яъне тарки бутпарастӣ ва ибодати Худои ягона даъват менамояд. Сипас ба Мадинаи мунаввара ҳиҷрат намуда то поёни хатми рисолат вазифаи аз тарафи Парвардигор ба зимма доштаашро бо сарбаландӣ анҷом медиҳад.

Дар соли 11 — ҳиҷрӣ, мутобиқ бо соли 633 мелодӣ дар Мадинаи мунаввара дар манзили ҳамсари гиромиаш уммулмӯъминин Оишаи Сиддиқа (р) дори фониро видоъ гуфта ва дар ҳамон ҷо ба хок супорида мешавад.

Хонандагони азиз ва мухлисони қиссаҳои воқеъӣ ва пурмуҳтавои пешвоёни садри исломро, ки ду китоби бандаро дар ин мавзӯъ бо номҳои «Саду як қисса аз ҳаёти Абубакр (р)» ва «Саду як қисса аз ҳаёти Умар (р)» мутолиъа кардаанд, мужда мерасонам, ки иштиёқу завқи баланди шумо ва инчунин хоҳишу дархости як идда бародарону дӯстон маро водор ба ин сохт, ки дар ин замина бештар кор намоям. Бинобар ин тасмим гирифтам силсилакитобҳоеро бо номи «Саду як қисса…» аз ҳаёти бузургон ва пешвоёни диниамон, аз тариқи тарҷума, баргардон ва гирдоварию таълиф омода намуда пешкаши шумо азизон намоям.

Биҳамдиллоҳ, ки дар ин тасмимам то ҷое мувффақ гаштам ва инак китоберо, ки бо номи «Саду як қисса аз ҳаёти Муҳаммад (с)» дар даст доред, сарҳалқаи он силсилакитобҳост ва дар ояндаи наздик китобҳои дигарро, ки бо номҳои «Саду як қисса аз ҳаёти Абубакр (р)» ва «Саду як қисса аз ҳаёти Умар (р)» барои чопи дуввум баъди таҳқиқ ва бознигарӣ ва инчунин китобҳои «Саду як қисса аз ҳаёти Усмон (р)», «Саду як қисса аз ҳаёти Алӣ (р)» ва «Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Абдулъазиз (р)» дар беҳтарин нигориш, ки омодаи чоп ҳастанд, иншоаллоҳ бо кӯмаку дастгирии Худованди меҳрабон дастрас хоҳед кард.

Орзуи онро дорам, ки Худованди бузургу меҳрабон мову шуморо дар муҳаббат ва дӯстдории Паёмбари азиз Муҳаммад (с) ва асҳоби киром (р) ва пайравони нек ва солеҳашон муваффақ гардонад.

Муҳаммадиқболи Садриддин

1. Қиссаи пешниҳоди он Ҳазрат(с) ба қавми худ ҳангоми вафоти Абутолиб

Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки мегӯяд:

— Ҳангоме, ки Абутолиб бемор шуд, гурӯҳе аз сарони Қурайш назди ӯ омаданд ва Абуҷаҳл низ ҳамроҳи эшон буд. Онҳо гуфтанд:

— Бародарзодаи ту маъбудҳои моро таҳқир карда ва чунину чунон мегӯяд. Кош ӯро назди худ мехондӣ ва аз ин кор манъаш мекардӣ.

Абутолиб нафареро равон кард ва Паёмбар(с)-ро ба назди худ хонд. Паёмбар (с) дохили ҳуҷра шуд ва байни нишастагон ва Абутолиб миқдори ҷои нишасти як шахс холӣ буд.

Ровӣ мегӯяд:

  • Абуҷаҳл хавф бурд, ки агар Паёмбар (с) дар паҳлӯи амакаш Абутолиб нишинад, ӯ нармдил мешавад, аз ин рӯ дарҳол аз ҷояш ҷаста хест ва он ҷо нишаст.

Паёмбар (с) назди амакаш Абутолиб ҷои нишаст наёфта, назди дар нишаст.

Абутолиб ба вай гуфт:

  • Эй бародарзодаам, барои чӣ қавмат аз ту шикоят доранд ва даъвогаранд, ки ту Худоҳои эшонро дашному носазо мегӯӣ?

Ровӣ мегӯяд:

  • Чун дар борааш бисёр суханҳо гуфтанд, Паёмбар (с) билохира оғози сухан намуда гуфт:
  • «Эй амак, ман аз эшон танҳо гуфтани як калимаро мехоҳам, ки дар натиҷаи он ҳамаи араб тобеъи онҳо мешаванд ва ҳамаи аҷам ҷизяпардозашон мегарданд».

Аз ин суханони он Ҳазрат (с) онҳо дар ҳарос афтода гуфтанд:

  • Танҳо як калима!!
  • Садақаи сари падарат, як не даҳ калима бигӯй.

Сипас қавм гуфтанд:

  • Чист он калима?

Абутолиб гуфт:

  • Эй бародарзода, чист он як калима?
  • Паёмбар (с) гуфт:
  • «Ло илоҳа иллаллоҳ».

Қавм, пас аз шунидани ин калима ҳаросон аз ҷой бархоста доманҳояшонро афшонда ва (суханеро, ки Худованд, дар сураи «Сод», ояти 5, ҳикоятан аз забони онҳо овардааст) мегуфтанд:

«Оё ҳамаи маъбудонро Худои якто гардонидааст? Ва ҳароина, ин чизи аҷиб аст?».

(Сураи Сод, ояти 5)

Ровӣ гуфтааст:

— Аз ин, яъне ҳамин ояти (панҷуми сураи «Сод») то охири ояти «бал ламмо язуқу ъазобӣ» (яъне, балки ҳанӯз азоби Маро начашидаанд) нозил шудааст[1].

2. Қиссаи фармони Паёмбар (с) ба Алӣ (р) дар муҳорибаи Хайбар, барои даъвати мардум ба сӯи Ислом

Аз Саҳл ибни Саъд ба ин мазмун ривоят аст, ки мегӯяд:

— Паёмбар (с) дар рӯзи муҳорибаи Хайбар фармуд:

Албатта, ин парчамро фардо ба дасти шахсе медиҳам, ки Худованд бо дастони ӯ кушоишу фатҳро насибамон мегардонад. Он шахс Худо ва Расулашро дӯст медорад ва Худову Расулаш низ, ӯро дӯст медоранд.

Ровӣ мегӯяд:

— Мардум он шабро ба ин фикр, ки Расули Худо парчамро ба кӣ хоҳад дод, гузарониданд ва саҳаргоҳон назди Расули Худо (с), ба умеде, ки парчамро соҳиб мешаванд, ҳозир шуданд.

Расули Худо (с) гуфт:

— Алӣ ибни Абутолиб куҷост?

Гуфтанд:

— Эй Расули Худо (с), ӯ аз дарди чашм шикоят дорад.

Чун Алиро назди он Ҳазрат ҳозир карданд, Расули Худо(с) луоби даҳонашро ба чашмони Алӣ (р) бимолиду дар ҳаққаш дуъо намуд ва Алӣ (р) дарҳол шифо ёфт ва гӯё ҳеҷ дарде ба ӯ нарасида бошад.

Сипас, Расули Худо (с) ливоро ба дасти Алӣ (р) супорид. Алӣ (р) гуфт:

— Эй Расули Худо (с), бо онон меҷангам, то ки монанди мо бигарданд?

Расули Худо (с) фармуд:

— Ба майдони эшон ворид шав ва эшонро ба Ислом бихон ва ҳаққи Худоро бар онҳо дар Ислом баён намо. Савганд ба Худо, албатта ҳидоят кардани Худованд як шахсро беҳтар аст барои ту, аз ин ки бошад бароят уштурҳои сурхи гаронбаҳо.[2]

3. Қиссаи даъвати Паёмбар (с) хешу табори худро ба Ислом ва исрори Абуҷаҳл бар куфр

Ибни Аббос (р) ривоят мекунад:

— Ҳангоме, ки Худованд ояти «ва анзир ъаширатакал ақрабийн, яъне, хешону наздиконатро ҳидоят намо»-ро нозил кард, Паёмбар (с) болои кӯҳи Сафо баромада нидо кард ва мардум назди ӯ ҷамъ омаданд. Сипас, Расули Худо(с) фармуд:

— «Эй бани Абдулмутталиб, эй бани Фиҳр, эй бани Каъб, агар ба шумо гӯям, ки лашкаре дар зери ин кӯҳ саф ороста, мехоҳанд ба шумо ҳамла кунанд, оё маро бовар мекунед»?

Гуфтанд:

— Бале.

Боз фармуд:

«Пас, ман аз азоби дардноки дарпешистода шуморо огоҳ мекунам».

Абулаҳаб дар ин асно гуфт:

— Ҳалокати бардавом бод бар ту!

— Оё моро танҳо барои ҳамин хонда будӣ?

Худованд ин замон сураи Масадро нозил кард.[3]

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрабон

«Дастҳои Абулаҳаб (киноя аз худи ӯст) ҳалок бод ва ҳалок бод Абулаҳаб. Дороӣ ва он чӣ ба даст оварда буд, ба ҳолаш суд накард. Ба зудӣ ба оташе шӯълавар дарафтад ва занаш низ (ҳамроҳи ӯ) дарояд, ки ҳезумкаш (яъне, суханчин) аст ва бар гардан ресмоне аз лифи (пусти) хурмо дорад (яъне, бо хаффа ва буғӣ кардан азоб карда шавад)».

4. Қиссаи мардумро ба Ислом даъват кардани он Ҳазрат(с) дар бозор ва дурӯғгӯ шуморидани қавмаш ӯро

Ториқ ибни Абдуллоҳ мегӯяд:

— Ман дар бозори «Зил-маҷоз» будам ва дидам, ки ҷавонмарде бо либоси сурх аз назди мо мегузашту мегуфт:

— «Эй мардум, бигӯед:

— Маъбуде нест, ҷуз Худованди якто, растагор мешавед».

Ва марди дигаре, ки аз пойҳояш хун мерафт, аз қафои вай роҳравон мегуфт:

— Эй мардум, ӯ дурӯғгӯй аст, итоъаташ накунед.

Гуфтам:

— Ин шахс кист?

Гуфтанд:

— Марди ҳошимист, ки даъвои паёмбарӣ дорад ва он марде, ки аз пасаш меояд, амакаш Абдул-уззо аст.[4]

5. Қиссаи дохил шудани Амр назди Паёмбар (с) ва қиссаи аҷиби ба Ислом рӯ овардани ӯ

Аз Амр ибни Мурраи Ҷуманӣ (р) ривоят аст, ки мегӯяд:

— Дар замони ҷоҳилият бо гурӯҳе аз ҳамқавмҳоямон ба мақсади ҳаҷ баромадем. Дар хобам дидам, ки дар Макка ҳастам ва аз хонаи Каъба нури дурахшоне баромад, ҳатто, ки кӯҳҳои Мадина ва кӯҳи Ашъараи Қабилаи Ҷуҳайна бароям дурахшид ва аз он нур овозе шунидам, ки мегуфт:

— Торикиҳо (ширк ва бе динӣ) бартараф шуд ва нур (Ислом) дурахшид ва хотамул-анбиё (Муҳаммад (с)) фиристода шуд. Баъд аз он бори дуввум рӯшноӣ кард ва ин маротиба қасрҳои Ҳира ва Мадоинро дидам ва аз он нур овозе шунидам, ки мегуфт:

— Ислом зоҳир гашту бутҳо шикаста шуд ва силаи раҳм риъоя шуд. Ман дар ҳолати тарсу даҳшат аз хоб бедор шуда ба қавмам гуфтам:

— Савганд ба Худо, ба ростӣ, ки дар маҳаллаи Қурайш ҳодисае рух медиҳад.

Сипас, хоби дидаамро барояшон нақл кардам. Чун баргашта ба диёри худ расидем, ба мо хабар расид, ки марде бо номи Аҳмад Паёмбар шудааст. Вақте ба назди ӯ (с) омада, он чӣ дар хоб дида будам барояш нақл кардам ӯ (с) фармуд:

— Эй Амр ибни Мурра, ман набийи фиристодашуда ба сӯи ҳамаи мардум ҳастам, ки онҳоро ба Ислом мехонам ва ба ҳифзи хуни мардум ва силаи раҳм даъват мекунам. Инчунин аз онҳо мехоҳам, ки Худои ягонаро парастиш намоянд ва аз бутҳо рӯй гардонанду ҳаҷҷи байтуллоҳ намоянд ва рӯзаи моҳи рамазонро, ки яке аз моҳҳои дувоздаҳгона аст, бидоранд. Ҳар шахсе, ки ин даъватро иҷобат намояд, мукофоташ ҷаннат аст ва касе нофармонӣ кунад, ҷойгаҳаш дӯзах аст.

— Эй Амр, имон биёвар, Худованд туро аз даҳшати ҷаҳаннам эмин медорад.

Пас гуфтам:

— Шаҳодат медиҳам, ки Худо яккаву ягона аст ва шумо фиристодаи Ӯ мебошед ва ба ҳамаи он чӣ аз ҳалолу ҳаром, ки мехонед, имон овардам, гарчанде бисёре аз ақвом онро рад мекунанд.

Баъд аз он, порае аз назмеро, ки ҳангоми шунидани биъсати он Ҳазрат (с) хонда будам барояш сурудам. Ва инчунин барои мо буте буд, ки онро падарам сохта буд, рафта онро шикастаму ба хидмати Паёмбар (с) расидам ва Паёмбар (с) бароям гуфтанд:

— «Марҳабо, хуш омадӣ эй Амр».[5]

6. Қиссаи ҷустуҷӯи он Ҳазрат (с) аз ёваре, ки дар даъвати ба сӯи Худо ӯро кӯмак кунад ва ба ивазаш вориди ҷаннат шавад

Ҷобир ибни Абдуллоҳ ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) дар Макка даҳ сол истода мардумро дар ҷойҳои ҷамъиятие монанди бозорҳои машҳури Укоз ва Миҷанна ва дар мавсими ҳаҷ пайгирӣ карда мегуфт:

— «Оё касе ҳаст, ки маро паноҳ дода кӯмак кунад, то рисолати Парвардигорамро расонам ва бар ивазаш соҳиби ҷаннат шавад?».

Пас касеро пайдо накард, ки паноҳгоҳаш диҳад ва кӯмакаш кунад, то ин ки марде аз Яман ё аз Музар (яке аз қабилаҳои араб) мебарояд ва ҳамқавмон ва хешу ақрабояш ба наздаш омада ӯро ҳушдор медиҳанд, ки аз ҷавонмарди Қурайшӣ канораҷӯи кунад, то ӯро бероҳа накунад ва ӯ дар байни зиёраткунандагон мегашту мардум бо ангушт ба сӯяш ишора мекарданд ва ҳол инчунин буд, то ки Худованд моро аз Ясриб назди ӯ фиристод ва ба ӯ(с) имон овардем ва паноҳаш додем. Сипас, мардум аз байни мо ба тадриҷ ба сӯи Макка рафта имон меоварданд ва Қуръонро меомӯхтанд ва баргашта аҳлу аёли худро низ, ба Ислом мехонданд. Дар натиҷа ҳеҷ ҳавлие дар Ясриб боқӣ намонд, ки гурӯҳе он ҷо Исломро напазируфта бошад ва ба дигарон талқин накунад. Баъд аз чанде, ҳамагӣ машварат карда гуфтанд:

— То ба кай Расули Худо (с) бо азобу машаққат ва ҳарос дар Макка мегардад?

Сипас, ҳафтод мард аз мо дар мавсими ҳаҷ бо он Ҳазрат (с) вохурда, дар шиъби Ақаба бо ӯ (с) ҷамъ омада гуфтем:

— Эй Расули Худо (с)! Бо шумо чӣ гуна байъат намоем? Ӯ (с) фармуд: «Бо ман байъат мекунед бар ин, ки дар ҳама ҳолатҳои хушӣ ва нохушӣ маро итоъат мекунед ва дар хама ҳолатҳои дороӣ ва нодорӣ (ба андозаи қудрату тавоноиятон дар роҳи Худо) хайру эҳсон менамоед ва амр ба маъруф (ба корҳои нек амр намудан) ва наҳй аз мункар (аз корҳои бад боз доштан) мекунед ва дар роҳи Худо бе тарсу ваҳм сухани ҳақро мегӯед ва бар ин, ки ҳар гоҳ назди шумо ба Мадина рафтам, маро монанди аҳл ва хонаводаи худатон дифоъ мекунед ва ба ивази ин ҷаннатро соҳиб мешавед».[6]

7. Қиссаи азобу азияте, ки он Ҳазрат (с) аз аҳли Қурайш дидааст

Урва ибни Зубайр (р) мегӯяд:

— Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос пурсидам:

— Аз шадидтарин корҳое, ки мушрикҳо ба Расули Худо (с) кардаанд, маро огоҳ намоед.

Ӯ гуфт:

— Ҳангоме, ки Расули Худо (с) дар Каъба намоз мегузорид, Уқба ибни Абумуъайт омада дасторашро ба гардани ӯ (с) ҳалқа занонда буғӣ кард, ки дар ҳамин вақт Абубакр (р) омада, ӯро аз китфонаш гирифта аз Паёмбар (с) дур сохт ва фарёд кард:

— «Оё мекушед мардеро, ки мегӯяд Худои ман Аллоҳ аст ва ҳол он ки ба шумоён далелу бурҳон аз Парвардигоратон овардааст?!».[7]

8. Қиссаи гузоштани ахлоти уштур бар пушти Паёмбар (с) дар ҳоле, ки ӯ намоз мегузорид

Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) чунин ривоят мекунад:

— Паёмбар (с) дар назди хонаи Каъба намоз мегузорид ва Абуҷаҳл бо чанде аз ёронаш нишаста буданд.

Сипас, баъзе аз онҳо гуфтанд:

— Кадоме аз шумо ахлотҳои уштурони фалон қавмро меорад ва ҳини саҷда карданаш бар пушти Муҳаммад меандозад?

Яке аз бадтарин ва пасттарини қавмро фиристоданд ва ӯ он ифлосиҳоро ҳозир кард ва интизор истод, то ин ки он Ҳазрат (с) ба саҷда рафт, пас, онро бар болои пушт ва миёни ҳарду китфони Муҳаммад (с) гузошт ва ман ин манзараро мушоҳида мекардам, аммо аз дастам чизе намеомад.

Ровӣ мегӯяд:

— Онҳо масхаракунон бо завқ механдиданд ва аз шиддати ханда ба сӯи ҳамдигар хаму рост мешуданд ва Расулуллоҳ (с) дар ҳоли саҷда буд ва сари муборакро аз саҷда бар надошт, то ки Фотима (р) омада он ахлот ва саргини вазнину сангини уштурҳоро аз пушти падараш гирифта дур андохт.

Паёмбар (с) сарашро бардошта гуфт:

— «Худоё, Қурайшро худат саришта кун !» ва ин дуъоро се маротиба такрор кард.

Мушрикон чун ин дуъоро шуниданд, хеле мутаассир шуданд.

Ровӣ мегӯяд:

— Онҳо чунин бовар доштанд, ки дуъо дар ин ҷои муқаддас мустаҷоб (мавриди қабул) аст.

Баъд аз он ном гирифта дуъо кард:

— «Худоё, Абуҷаҳлу Утба ва Шайбаву Валид ва Умаяву Уқба ибни Абумуъайтро ба Ту супоридам».

Ровӣ мегӯяд:

— Ҳафтум нафарро низ ном гирифт, лекин дар хотирам намондааст. Инчунин ровӣ илова кардааст:

— Савганд ба Худое, ки нафси ман дар дасти Ӯст, касонеро, ки Расули Худо (с) он ҷо номбар карда буд, дар ғазваи Бадр ҳамаашро кушта дидам.[8]

9. Қиссаи озору азияти аҳли Тоиф ба Паёмбар (с) ва нозил шудани малоикаи кӯҳҳо барои нобудии эшон

Аз Урва ибни Зубайр (р) ривоят аст, ки мегӯяд:

— Оиша (р) ба Паёмбар (с) гуфт:

— Оё ба сари шумо рӯзе омада, ки сахттар аз рӯзи «Уҳуд» бошад?

Он Ҳазрат гуфт:

— «Аз қавми шумо бисёр чизҳо дидаам ва шадидтарини онҳо рӯзи Ақаба буд, ки бо ибни Абдуёлайл ибни Абдукалол вохурдам ва пешниҳодамро қабул накард. Сипас ман бо ғаму андӯҳ равон гаштам ва танҳо дар мавзеъи «Қарни саъолиб» ба худ омадам. Чун сар бардоштам, абре дидам болои сарам соя меафканд ва аз болои он Ҷабраил (а) маро нидо карду гуфт:

— Худованд суханони қавмат ва радди эшонро ба шумо шунид ва малоикаи кӯҳҳоро фиристод то ба он чӣ дар ҳаққи онҳо мехоҳӣ, амраш намоӣ. Пас, малоикаи кӯҳҳо нидо кард ва ба ман салом дода гуфт:

— Эй Муҳаммад, агар хоҳед ин ду кӯҳро болои эшон андозам. Паёмбар (с) мегӯяд:

— «Балки умед дорам, ки Худованд аз насли онҳо касонеро ба дунё оварад, ки Худои ягонаро ибодат намуда ба Ӯ шарике наёваранд».[9]

10. Қиссаи мужда ба ҷаннат додани Набӣ(с) Аммор ва аҳли байташро ҳангоме, ки онҳоро гирифтори азобу уқубат мебинад

Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) мегӯяд:

— Расули Худо (с) аз назди Аммор ва аҳли байташ, ки дар банди азобу уқубат буданд гузашт ва эшонро дида гуфт:

— «Башорат (хабари хуш) бар шумо эй оли Ёсир, бе шак, насиби шумо ҷаннат аст».[10]

11. Фурӯд омадани ҳазор малоика баҳри ҳамроҳӣ намудан Паёмбар (с)-ро дар муҳорибаи Бадр бар зидди мушрикон

Умар (р) мегӯяд:

— Рӯзи муҳорибаи Бадр буд. Расули Худо (с) ба саҳобагонаш назар карда дид, ки онҳо зиёдтар аз сесад нафар ва мушрикон аз ҳазор нафар болоанд. Пас, Набии акрам (с), ки дар тан ҷомаву эзор дошт, рӯ ба сӯйи қибла карда, гуфт:

— «Эй бор Худоё, он ваъдае, ки маро дода будӣ ҷомаи амал бипӯшон. — Эй бор Худоё, агар ин тоифаро, ки аз аҳли Ислом ҳастанд, ҳалок намоӣ, пас, баъд аз ин дар рӯи замин дигар Туро ибодатгузоре нахоҳад буд».

Ба Парвардигораш чунон зорию тавалло ва муноҷот мекард, ки ридояш (болопуши либос) аз танаш афтод. Абубакр (р) омада ридои ӯ (с)-ро ба китфонаш гузошт ва мулозимати он Ҳазрат (с)-ро намуда гуфт:

— Ё Расулаллоҳ, муноҷоте, ки Худовандро кардед, кифоя аст. Он чизеро, ки Парвардигор ба шумо ваъда кардааст, албатта, иҷро мекунад. Пас Аллоҳ ин оятро нозил кард:[11]

«Ва (ба ёд оред) он гоҳ, ки аз Парвардигоратон ёрӣ хостед ва Худо бипазируфт, ки Ман бо ҳазор фаришта, ки аз паи якдигар меоянд, ёриатон мекунам!»

(Сураи Анфол, ояти 9)

1 2 3 4 5 6 7 8Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *