Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Ҷазираи вахшат

Дунё бо тамоми рангу ороиш ва зиннати худ бар мо руй овардааст. Он гунае, ки дину охирати худро ба матоъи ками он фурухтем. Муҳаббати онро тавре нушидаем, ки дар ҳар узви баданамон ва рагҳоямон ҷорӣ аст. Ба умри кутоҳ, ба пулу доллари он, ба рангу равғану мошини зебо ва ба сохтмонҳои мармарии он дилбастем. Ба ширинӣ ва барқи матоъи он фиреб хурдем. Ба сози он рақсидем. Ба луқмаи ҳароми он худро аз меҳри Парвардигор маҳрум кардем ва бехудоёнро лаббайк гуфтем. Барои ба даст овардани мақому мансаби он хуни бегуноҳонро рехтем. Ба айши гузарои он фиреб хурдем. Сохтмонҳо ва бинои он, дарахтону сарсабзии наҳрҳои он, фарзанд, қудрат, мансаби он чашми дили моро нобино кард. Ба гунае, ки ҳеч чизро ба ғайри он надидем. Ин дунё монанди пиразане ҳазорон домоди моро аз Парвардигорамон дур кард. Дар гуноҳон ғарқ шудем. Шайтон моро фиреб дод. Худоро ба масхара гирифтем. Ба хотири ризои нафс Офаридгорро норозӣ кардем. Ба хотири зиндагии дунё айши охиратро аз даст додем. Ба хотири шодии дустону фарзандон худро аз шодии охират маҳрум кардем. Во ҳасрато!!! Во асафо!!! Во надомато!!! Афсус сад афсус, ки ҳар он чиро, ки бояд мекардем накардем.

То кай ғафлат

Оё садои маргро шунидаӣ ва қабрро дидаӣ? Дустон ва хешони худро бо дастҳоят ба гур супоридаӣ? Марги онҳоро мушоҳид кардаӣ? Чи гуна аз қасрҳо ба қабрҳо интиқол ёфтанд. Аз нури манзил ба торикии қабр. Аз оғуши гарми хонавода ба оғуши кирмону ҳашарот манзил гирифтаанд. Аз бистарҳои нарм ба хоки хунуки қабр мунтақил шудаанд. Аз канори шумо ба ҳамсоягии мурдагон куч бастаанд.

Рузе канори қабрашон фарёд бизан! Аз онҳо бипурс! Аз лашкару дороияшон савол кун! Аз забоне, ки бо он ҳарф мезаданд, бипурс! Аз зуру қудрати онҳо. Аз хашму ғурриши онҳо бипурс! Аз такаббуру ғурури онҳо бипурс! Ҳатман бо оҳу ҳасрат хоҳанд гуфт: Мо фиреб хурдем. Зарар кардем. Ғофил мондем…

Пас дусти азиз! то кай дар ғафлат ва нофармонии Аллоҳ? То кай фармонбардори шайтон ва нафс будан? Оё вақти он нарасидааст, ки дили санггаштаро ба тавба нарм кунем. Ба Худо бозгардем.

«ألم يأن للذين آمنوا أن تخشع قلوبهم لذكر الله و ما نزل من الحق»

«Оё мусалмононро вақти он нарасидааст, ки дилҳояшон ба зикри Худо ва он чи Худованд нозил кардааст, ниёиш кунанд?»

Оре, вақти он расидааст, ки ҳамагӣ ба суи Худо бозгашт кунем ва уро ниёиш кунем, ки моро мавриди омурзиш қарор диҳад, пеш аз он ки марг ин фурсатро аз мо бигирад. Марг фақат як бор бар ту нозил мешавад. Мол, ҷавонӣ, мақому мансаб садди роҳи у нахоҳанд шуд. Пас эй ғофил қатори тавбаро савор шав, пеш аз он, ки аз истгоҳ дур шавад.

Аз он рузҳое, ки аз умрат гузаштааст ва ба он чи Худо додааст мағрур мабош, бақияи умрат низ чунин хоҳад гузашт. Накунад хоб бошӣ ва замоне бедор шавӣ, ки дер шудааст. Чун инсон бимирад аз Худо дархости бозгашт мекунад ва чунин ҷавоб мешунавад:

«حتي إذا جاء أحدهم الموت قال رب ارجعون، لعلي أعمل صالحا فيما تركت كلا إنها كلمة هو قائلها و من ورائهم برزخ إلي يوم يبعثون»

«Ҳаргоҳ, ки бирасад яке аз эшонро марг бигуяд; Эй Парвардигори ман маро ба дунё бозгардон, то дар он корҳое, ки тарк кардам амали солеҳ анҷом диҳам. На , ҳаргиз. Ин суханест, ки вай гуяндаи он аст ва дар пеши руи онҳо барзах аст то рузи қиёмат»

Пас эй дусти азиз, ҳамин имруз, на ҳамин соате, ки ин қисматро мутолиа мекунӣ бархез ва аз самими дил ба суи Худо баргард. Бар гуноҳони гузаштаи худ ва бар умри беҳуда гузаронидаи худ Худоро истиғфор бикун!

Мутаассифона зиёде аз истиғфорҳои мо аз ҳалқ поёнтар намеравад, то ба дил бирасад. Истиғфор ва талаби бахшиши гуноҳ мекунем дар ҳоле, ки дилҳои мо пур аз кина аст. Истиғфор мекунем дар ҳоле, ки ба дунё фикр мекунем. Ба забон истиғфор мекунам дар ҳоле, ки дилҳои мо аз ин бозгашт ва истиғфор бехабаранд. Худованд бо касе душманӣ надорад. Ҳама гунаҳкороне, ки тавфиқи ибодат аз онҳо дур шудааст ва аз тангии ризқ шикоятманданд ва ғаму андуҳ ва мусибатҳо онҳоро ҳуҷум онҳоро дарбар гирифтааст, ҳамаи инҳ натиҷаи киштест, ки худи онҳо коштаанд.

«و ما أصابكم من مصيبة فبما كسبت أيديكم و يعفة عن كثير»

«Ва ҳар мусибате, ки ба шумо мерасад пас ба сабаби гуноҳонест, ки аз дастони худатон сар мезанад, ва дармегузарад аз бисёре» сураи «Шуро» ояти 30.

Агар охирин нафари дунё бошӣ марг туро дармеёбад. Афсус ва ҳасрат бар он руз, ки марг бирасад ва тавба накунӣ. Афсус бар ту, ки ба тавба даъват шавӣ, аммо иҷобат накунӣ. Ҳеч оқиле ба хотири дунё охирати худро вайрон намекунад. Пас ҳамин акнун бархез бо ирода ва ҳиммати боло, бо яқини комил ба суи дусти меҳрубон ва дар интизори ту буда баргард. Мутмаин бош, ки беҳтарин лаҳзаи зиндагии ту фироқ ва дурӣ аз гуноҳон аст. Беҳтарин лаҳзаҳо лаҳзаи сар ба саҷда ва рукуъ гузоштани туст. Лаҳзаи дуо ва лаҳзаи анҷоми амали хайр аст. Беҳтарини лаҳза лаҳзаест, ки дуои туро Худованд бипазирад ва номи туро дар руйхати бузургону шукргузорон бинависад. Дар руйхати касоне, ки чун чашм фуру банданд бо Муҳаммад (алайҳиссалом) ва ёронаш дастфишорӣ ва рубусӣ мекунанд.

{وَمَن يُطِعِ اللّهَ وَالرَّسُولَ فَأُوْلَئِكَ مَعَ الَّذِينَ أَنْعَمَ اللّهُ عَلَيْهِم مِّنَ النَّبِيِّينَ وَالصِّدِّيقِينَ وَالشُّهَدَاء وَالصَّالِحِينَ وَحَسُنَ أُولَئِكَ رَفِيقًا } ( النساء/69 )

«Ва он шахсе, ки итоати Худо ва Паёмбарашро кунад, албатта бо касоне, ки Худованд бар онҳо неъмат додаст, яъне бо паёмбарон ва сиддиқон ва шаҳидон ва некукорон маҳшур хоҳанд шуд ва инон неку рафиқоне ҳастанд».

Эй нафс!

Чи қадар аз ту хаста шудам. Чи қадар маҷбурам кардӣ ба хотири ту мушкилиҳоро таҳаммул кунам. Ба хотири иштибоҳи ту зиндагиро бар худ танг кунам. Ба хотири пушидан ва сер кардани шикам ва роҳати ту муртакиби рибо, қаллобӣ, фиребгарӣ… шавам. Хобу роҳатро тарк кунам, ҳарому ҳалолро фаромуш кунам, шабу рузам як шавад.

Эй нафс! Бо гуноҳ ва васваса маро ҳалок кардӣ. Аз раҳматҳои Худо маҳрумам кардӣ. Аз биҳишти ҷовидона ва аз неъматҳои он ва аз ризои Парвардигор дурам кардӣ. Эй нафс! То кай, то кай умри азизамро ба хотири лаззати ту сарф кунам ва ба хотири ту бояд дар ҷаҳаннам ва азоби илоҳӣ гирифтор шавам!? Ту сабаб шудӣ аз ҷамъоварии тушаи охират боз монам ва ба оташе бисузам, ки тавоноии онро надорам. Охир ман аз гушту пусту хун ҳастам. Чи қадар таҳаммул дорам? Эй нафс, эй золим, эй душмани Худо, бечораам кардӣ! Ҳасадхурӣ ва суханчиниро ёдам додӣ ва васвасаам кардӣ, то обруи бародари мусалмонамро бирезам. Васвасаам кардӣ, то ҷони бародари муслмонамро бигирам.

Оҳ, эй нафс агар ту набудӣ ҳама инсонҳо бо ҳам баробар буданд.

Агар хоҳишоту бозиҳои ту набуд, дуздӣ ва ғорат набуд.

Агар таманно ва ҷоҳталабии ту набуд, бародаркушӣ ва ғорат, фиреб ва кулоҳбардорӣ набуд. Худро мусалмон медонӣ дар ҳоле, ки ислом аз ту безор аст. Чи гуна мусалмон ҳастӣ, ки бо мусиқӣ ҳаяҷонзада мешаваӣ, вале калом ва сухани Парвардигор туро такон намедиҳад. Панд мешунавӣ, бедор намешавӣ, ҳақро мешиносӣ, вале пайравии он намекунӣ… Оҳ, эй мутакаббири мағрур, аз корвони некон ва бандагони мухлиси Худо дурам кардӣ ба гунае, ки роҳро гум кардам ва асаре аз он корвон намеёбам. Лутф ва назари Худоро аз ман ҷудо кардӣ ба гунае, ки ҳар чи дуо мекунам, таъсире надорад. Дунёро ширин нишон додаӣ ба гунае, ки ҳароми он бар даҳонам талх нест. Сад афсус, ки ҷойгоҳи ту зери по буд ва ман туро бар дида гузоштам. Эй нафс тавба кун! Ва ба суи Парвардигорат баргард!

Мегуӣ пушаймонам, вале куҷост ашки пушаймонии ту!?

Ҳаргиз туро қонеъ наёфтам ва ҳаргиз сер нашудӣ.

Мегуям; тоат ва бандагӣ, мегуӣ; фардо. Мегуям; намози субҳ, мегуӣ; каме хоб. Мегуям; садақа, мегуӣ; надорам. Мегуям; руза, мегуӣ; тоқат надорам. Мегуям; ҷиҳод, мегуӣ; мемирам. Мегуям; марг ва қабре дар пеш аст, мегуӣ; ҳануз фурсат аст. Мегуям; тавба ва инобат, мегуӣ; ҳануз зуд аст. Вой бар ту, кай ашки надомат ва пушаймониро бар гунаат бинам!

Аҳволи ғарқшудагон

Ман аз ғарқшудагон дар дарё ва об сухан намегуям. Сухан аз ғарқшудагони дар дарёи гуноҳ ва маъсият аст. Аз касоне, ки шабона филм ва сериалҳоро то дер тамошо мекунанд вале намози субҳ дар хобанд. Касоне, ки номи ҳунарпешаҳо, бозигарон, раққосаҳо ва занони овозхонро аз ёд медонанд, вале аз ному лақаби Паёмбари Худо (алайҳиссалом) ва аз сирати у ва ёрону хонадонаш ғофиланд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *