Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Абдулазиз (р)

Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Абдулазиз (р)

Мутарҷим:

Муҳаммадиқболи Садриддин

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Пешгуфтор

Амирулмӯъминин ва панҷумин халифаи рошид, Умар ибни Абдулазизи Умавӣ, набераи Умар ибни Хаттоби Қурайшӣ мебошад. Ӯ ҳамчун имоми одил ва халифаи фозил шуҳрат ёфта буд. Соли шастуяк дар Мадинаи Мунаввара ба дунё омада дар ҳамонҷо дар оилаи дорову сарватманд нашъунамо ёфт. Дар ҷавонӣ Қуръони карим ва аҳодиси набавиро ҳифз намуда, ба таҳсили илм машғул шуд ва бо қуввати баён, ахлоқи писандида ва саховатмандӣ шинохта шуд. Чанд рӯз баъд аз вафоти падараш, амакаш ӯро ба диёри Шом бурд. Умар ба духтари амакаш — амирулмӯъминин хонадор мешавад ва соҳиби фарзандон мегарданд. Дар айёми аморати Валид волии Мадина тайъин мегардад. Ҳама ақшори ҷомеъа ӯро дӯст медоранд. Худи ӯ уламову атқиёро қадр мекунад ва адолатро байни раъият нашр месозад. Сулаймон замони хилофаташ ӯро вазир ва мушовири худ таъйин кард ва ба паймони ӯ Умар ибни Абдулазиз амри хилофатро ба дӯш гирифт. Хилофаташро бар асоси Китобу Саннат барпо намуд. Мардум дар масҷиди бузурги Димишқ ба ӯ байъат карданд. Ӯ ходими мардум ва дастёри фақирону мискинон буд. Ҳамаи мазоҳири сарватро тарк намуда, роҳи зоҳидон авлиёро пеша намуд. Дар замони хилофати ӯ ҳама дар амният мезистанд ва адолати иҷтимоӣ ҳукмфармо буд.

Соли яксаду як, дар асари заҳролудшавӣ, дунёро падруд гуфт ва дар ҷанозаи ӯ ҳамагӣ иштирок намуда, изҳори андӯҳ карданд.

1. Духтари ширфурӯш

Шабҳангом Амирулмӯъминин Умар ибни Хаттоб ҳамроҳи ғуломаш Аслам дар кӯчаҳои Мадина мегашт. Чун хаста шуд ба деворе такя намуд, ва лаҳзае баъд садои занеро шунид, ки ба духтараш мегӯяд:

— Эй духтарам, бархезу он ширро ба каме об биомез.

Духтар гуфт:

— Эй модар магар амри Амирулмӯъмининро имрӯз нашунидӣ? Ӯ мунодиашро амр кард, то эълон кунад, ки ширро бо об наомезанд.

Модар гуфт:

— Эй духтарам, фармудаи маро кунед, шумо дар ҷое ҳастед, ки на Умар шуморо мебинад на мунодии Умар.

Духтар гуфт:

— Эй модар, агар Умар маро намебинад, пас бешак, Худои Умар маро мебинад. Савганд ба Худо ман наметавонам ошкоро ӯро итоъат кунаму пинҳонӣ аз фармонаш рӯй гардонам.

Умар, ки ҳамаи ин гуфтугӯро мешунид гуфт:

— Эй Аслам, ин дарвозаро аломатгузорӣ кун ва мавзеъро бишинос. Баъд аз он ба хона баргашт. Ва чун субҳ шуд, ба ходимаш гуфт:

— Эй Аслам ба он мавзеъ бирав ва бубин, ки он гуфтугукунандагон киҳо буданд ва оё шавҳар доранд? Аслам рафта аз ҳоли онҳо огоҳ шуд, ки духтаре будааст бокира бо модараш ва ҳарду шавҳар надоранд. Баъдан баргашта Умарро низ огоҳ сохт.

Умар авлоди худро ҷамъ намуда гуфт: Оё касе аз шумо ба зан эҳтиёҷ дорад, то завҷааш диҳам? Писараш Осим гуфт: Эй падар ман ҳамсар надорам ва мехоҳам зан бигирам. Пас он духтари ширфурӯшро Осим ба занӣ гирифт ва онҳо соҳиби духтаре бо номи Умми Осим шуданд, пас ӯро Абдулазиз ибни Марвон ба занӣ гирифт ва аз ӯ Умар ибни Абдулазиз ба дунё омад.

2. Кутоҳ кардани мӯйи сари Умар

Абдулазиз писари хурдсолашро ба Мадина ба назди Солеҳ ибни Кайсон, яке аз уламои киром, барои омӯхтани одобу ахлоқ ва илм фиристод. Умар ибни Абдулазиз назди Убайдуллоҳ ибни Абдуллоҳ ибни Утба рафта илм меомӯхт. Аммо Солеҳ ибни Кайсон намозҳои ӯро назорат мекард то дар ҷамоат гузорад. Рӯзе Умар аз намоз дер мемонад ва чун Солеҳ сабаби дермонияшро пурсид, дар ҷавоб гуфт: Ходимазан мӯйҳоямро зиннат дод, пас ман дер мондам. Солеҳ дар ғазаб шуда гуфт: Эҳтимоми ту ба мӯят ба ин дараҷа шудааст, ки аз намоз туро машғул месозад?

Ин ҳодисаро Солеҳ ба Абдулазиз менависад. Абдулазиз хавотир шуда шахсеро ба Мадина мефиристад, то мӯйи Умаро тарошад, то дар оянда ба он машғул нашаваду аз намоз дер намонад.

3. Писарбачаи фурутан

Рӯзе писарбачаи хурдсол – Умар ибни Абдулазиз дар хилвате нишаста, дар мавриди марг ва охират тафаккуру тадаббур намуда, гирён шуда овоз баровард, ба андозае, ки модараш шунида, аз ӯ пурсид: Чӣ чиз сабаби гиряат шудааст? Гуфт: Маргро ёдовар шудам. Пас модараш низ аз гиряи ӯ ашк резонд.

Падараш – Абдулазиз ӯро назди Солеҳ ибни Кайсон барои таълим фиристода буд ва чун барои дидори фарзандаш омад, аз Солеҳ пурсид, ки писарам чӣ гуна аст? Солеҳ гуфт:

— Касеро надидам, ки Худовандро чунон бузург медорад, тавре ки ин писарбача бузургаш медорад.

4. Марде халифаро дашном медиҳад

Марде амирулмӯъминин Сулаймон ибни Абдулмаликро дашном дод. Пас халифа аҳли раъйро ҷамъ намуда машварат хост, ки нисбати ин шахс чӣ кор кунем?

Атрофиёнаш гуфтанд: Амр ба гарданзаниаш намоед.

Умар ибни Абдулазиз сухане нагуфта, сокит нишаст.

Сулаймон ба Умар гуфт: Чӣ шудааст, эй Умар, сухане намегӯед?

Умар гуфт: Чун пурсидед, гуфтаниам, ки ҳеҷ дашномеро намедонам, ки куштани мусулмонеро ҳалол бигардонад, магар дашноми Набӣ (с).

Баъд аз он Умар ва мардум пароканда шуданд.

Сулаймон бо тааҷҷуб аз ҳақиқатпарастии ӯ гуфт: Худованд шуморо нигоҳ дорад эй Умар.

5. Байни Саъд ва Валид

Умар ибни Абдулазиз волии Мадина таъйин шуду байни ӯ ва Саъид ибни Мусайиб алоқаи дӯстона барпо гардид. Боре амирулмӯъминин Валид ибни Абдулмалик адои ҳаҷ намуд ва чун Валид ва қафилаи сафари ӯ ба Мадина наздик шуд, мардум аз шиддати сахтгирии вай фирор намуданд. Мардум Саъид ибни Мусайибро ба хотири мулозамати зиёдаш дар масҷид, «кабутари масҷид» номида буданд. Ва чун Валид дохили масҷид шуд, ҷуз Саъид касеро наёфт. Баъд аз чарх задан дар дохили масҷид аз пеши Саъид гузашт, ки рӯяш ба сӯи замин буд ва чун Валид саломаш дод, монанди саломаш посухаш дод. Умар аз зулми Валид ё амри ӯ ба зарб ё қатли Саъид ҳаросид, лекин Худованд ӯро солим нигоҳ дошт ва Валид аз масҷид бидуни озор додани Саъид берун шуд. Умар баъд аз тааҷҷуб аз Саъид пурсид: Эй Саъид, оё бар нафси худ аз Худо натарсидӣ? Савганд ба Худо он чи анҷом додӣ ба Валид сахт расид. Саъид бо имони росих гуфт: Эй Умар, инро ман барои ӯ хостам, то бидонад, ки дар рӯи замин бандагоне ҳастанд, ки ҷуз офаридагорашон пеши касе сар хам намекунад. Умар ибни Абдулазиз баъд аз он ҳамеша мегуфт: Пок аст он зоте, ки Саъидро аз Валид наҷот дод.

6. Умар ва Зайнулобиддин

Дар Мадинаи Мунаввара Умар ибни Абдулазиз бо ҷамъе аз ёрону дӯстдоронаш нишаста зикру гуфтугӯ мекарданд. Дар ин ҳангом Зайнулобиддин Алӣ ибни Ҳусайн (р) ба маҷлис дохил шуд. Умар аз ҷо хеста ӯро дар паҳлӯяш ҷой дод. Баъд аз лаҳзае ӯ аз маҷлис берун шуд. Баъдан Умар ибни Абдулазиз аз ҳамнишинонаш пурсид: Беҳтарини мардум дар замон кист? Гуфтанд: Шумо, эй амирулмӯъминин. Беҳтарини мардум дар ҷоҳилият будед. Беҳтарини мардум дар Ислом ҳастед. Умар гуфт: Беҳтарини мардум дар замони мо ин мард аст. Ва ба Зайнулобиддин ишора кард. Ҳама мехоҳанд мисли он бошанд ва ӯ таманно намекунад мисли касе бошад.

Ҳурайс ибни Усмони Раҳабӣ ҳамроҳи падараш назди амирулмӯъминин Умар ибни Абдулазиз дохил шудад. Умар падарро аз писар пурсид ва баъд аз он гуфт: Фиқҳи акбарро биомӯзад. Гуфт: Фиқҳи акбар чист? гуфт: Қаноъат варзидан ва озор надодан.

7. Худованд ба мақсадат расонад

Ҳангоме, ки Умар ибни Абдулазиз назди амирулмӯъминин Абдулмалик ибни Марвон омад, ҷавоне буд қариб бистсола. Чун Абдулмалик шахсияти Умарро дид, аз ӯ розӣ шуд ва духтарашро ба вай ба занӣ дод.

Умар гуфт: Эй амирулмӯъминин, Худованд шуморо ба мақсад бирасонад. Дар ҳақиқат атои бузурге кардед ва маро аз талаб кардан дур нигоҳ доштед.

Абдулмалик аз ин суханҳо хушаш омад. Баъзе авлоди Абдулмалик гуфтанд: Ин сухане буд, ки омӯхта адояш кард. Пас рӯзе Умар назди Абдулмалик дохил шуд, пас Абдулмалик гуфт: Эй Умар нафақаат чӣ тавр аст? Умар гуфт: Некие байни ду бадист эй Амирулмӯъминин. Гуфт: Он ду бадӣ кадом аст? Гуфт: Ояти 67 «Фурқон».

«Ва онон, ки чун нафақа (харҷи зиндагӣ) мекунанд, исроф намекунанд ва хасисӣ намеварзанд, балки миёни ин (ду роҳ, исроф ва хасисӣ) миёнаро мегиранд».Фурқон:67

Абдулмалик байни фарзандонаш гуфт: Кӣ инро омӯзондаш?

8.Беҳтар барои ман бадтар барои шумо буд

Ҳангоме, ки Умар ибни Абдулазиз ва баъзе хешовандонаш назди Амирулмӯъминин Валид ибни Абдулмалик машғули гуфтугӯ буданд, мардеро аз хавориҷ пеши халифа оварданд. Баъд аз сарзанишҳои зиёд Валид аз он мард пурсид: Дар бораи Абдулмалик чӣ мегӯӣ?

Он мард гуфт: Чӣ гӯям, дар барои марде, ки бар ӯ ду амр пешниҳод мешавад: Яке ин ки тоати Худову Расул, дигар маъсияти онҳо. Пас маъсияти Худову Расулро интихоб мекунад, пас ғазаби Худо ва лаънати Ӯ бар вай бод.

Валид ғазабнок шуда ба Умар ибни Абдулазиз рӯй оварда гуфт: Дар бораи фосиқ чӣ мегӯед? Умар сокит буд.

Валид ба ӯ гуфт: Барои чӣ ҳарф намезанед?

Умар: Эй амирулмӯъминин, маро аз сухан гуфтан маъзур дор.

Валид гуфт: Азм намудам, ки сухан гӯед.

Умар гуфт: Дашномаш бидеҳ чуноне, ки падаратро дашном додааст, ва агар ӯро бахшед, пас ин бахшидан ба тақво наздиктар аст.

«Ва он ки сабр кунад ва аз хато даргузарад, ин аз корҳои писандида аст».

(Сураи Шӯро, ояти 43)

Валид аз аввала дида ғазабноктар шуд ва ба Холид ибни Райён, ки ба шамшераш такя карда буд, назар кард. Чун Валид ба назди аҳлаш рафт ва Умар ибни Абдулазиз низ нияти рафтан дошт, ба Холид гуфт: Ҳалокӣ бод, бар ту эй Холид. Майл ба гирифтани шамшер намудӣ, оё он чи амрат мекард, иҷро мекардӣ?

Холид гуфт: Бале:

Умар (р) гуфт: Савганд ба Худо он барои ман хайр гардид ва барои шумо шарр.

9. Раияти имрӯзи шумо душманони шумо дар рӯзи қиёмат мебошанд

Соли навадуҳафти ҳиҷрӣ амирулмӯъминин Сулаймон ибни Абдулмалик ҳамроҳи мардум адои фаризаи ҳаҷ намуд. Писари амакаш Умар ибни Абдулазиз низ ҳамроҳаш буд. Амирулмӯъминин дар кӯҳи Арафот ҷамъи бузурги мардумро, ки машғул дуо буданд, дида тааҷҷуб кард. Баъд аз он ба Умар ибни Абдулазиз гуфт: Оё намебинед халқро, ки ададашонро ҷуз Худо касе намедонад ва ҷуз Худо ризқашонро касе дода наметавонад?

Умар (р) гуфт: Эй амирулмӯъминин онҳо имрӯз раияти шумо ҳастанд, фардо душманони шумо дар пешгоҳи Худованд мебошанд.

Сулаймон гуфт: Худованд шуморо низ бо эшон ибтило кунад.

* Амирулмӯъминин Сулаймон ибни Абдулмалик бо қофилаи сафарии боҳайбате вориди Мадинаи Мунаввара шуд. Бузургони Мадина ва ашрафу ағниёи он даври ӯро гирифтанд, ва халифа ба эшон инъому ҳадяҳои зиёде арзонӣ намуд.

Баъд аз он ба Умар ибни Абдулазиз гуфт: Он чи анҷом додем, чӣ тавр буд, эй Абӯҳафс? Умар гуфт: Дидам, ки сарватмандонро сарватмандтар гардонидию фақиронро ба ҳоли худ гузоштӣ.

10. Умар халифаи мусулмонон

Беморӣ амирулмӯъминин Сулаймон ибни Абдулмаликро ба болини марг андохт.

Умар ибни Абдулазиз Раҷо ибни Ҳиваро дид, ки назди халифа даромада истодааст, ба вай гуфт: Эй Раҷо Худоро ба шумо ёдрас мекунам, ки ҳаргиз ҳангоми сӯҳбат барои хилофат ба ман ишора накунед, зеро ман қуввати онро надорам.

Раҷо ғазаби сохтакоронае карда ба Умар гуфт: Ту барои хилофат ҳарис ҳастӣ, оё мехоҳӣ назди халифа бароят сухан гӯям?

Умар ибни Абдулазиз аз ин суханони Раҷо ибни Ҳива шарм намуд ва арақ аз ҷабинаш сарозер шуд.

Чун Раҷо назди Сулаймон дохил шуд, Сулаймон сӯҳбатро оиди халифаи оянда шурӯъ карда, фикру андешаи Раҷоро донистан хост. Раҷо бошад шахси сазовор Умар ибни Абдулазизоро пешноҳад кард.

Сулаймон гуфт: Умар шахси фозил аст, агар ӯро халифаи худ таъйин кунам ва аз авлоди Абдулмалик таъйин накунам, фитна барпо хоҳад шуд. Ҳаргиз ӯро чунин намегузоранд, магар, ки касе аз онҳоро баъд аз Умар номзад гузорам. Пас баъд аз Умар Язид ибни Абдулмаликро номзад ба хилофат таъйин карданд.

11. Дидори Паёмбар (с)

Бо шавқу саъодати зиёд Умар ибни Абдулазиз байни хосони худ аз атқиё ва зуҳҳод нишаста хоберо нақл мекард, ки дар он Паёмбар (с) дидааст. Онҷо, ки Паёмбар (с) ба вай мегӯяд: Ба ман наздик шав, эй Умар. Пас ман наздик шудам ва қариб, ки ба вай салом кунам. Ин вақт ду мӯйсафедеро дидам, ки эшонро иҳота кардаанд. Пас Расули Худо (с) ба ман гуфтанд: Эй Умар, агар амри уммати маро ба дӯш гирифтӣ, пас монанди ин ду дар вилоятат амал намо. Гуфтам: Ин ду киҳоянд? Гуфт: Ин Абӯбакр ва ин Умар (р) ҳастанд.

* Вуҳайб ибни Вард ҳикоят мекунад, ки чун ман дар паси мақом хоб будам, дидам, ки марде аз дарвозаи Бани Шайба ворид шуду гуфт: Эй мардум китоби Худо ба вилояти шумо таъйин гардид. Гуфтам: Яъне кӣ? Пас ба нохунаш ишора намуд, ки онҷо навишта шуда буд: «Умар» — ишора ба Умар ибни Абдулазиз.

12. Маркабҳои хилофат

Амирулмӯъминин Умар ибни Абдулазиз бо қофилаи боҳайбате Сулаймон ибни Абдулмаликро дар охирин оромгоҳаш гузашт ва чун аз дафнаш фориғ шуда аз қабр берун омад, аз замин даккаеро шунида гуфт: Ин чӣ даккаву савтест?

Гуфтанд: Маркабҳои хилофат аст, эй Амирулмӯъминин, ки ба шумо наздик шавад, то ба онҳо савор шавед.

Умар гуфт: Ман ҳоҷате ба он надорам. Онро аз ман дур кунед ва маркабамро биёред. Чун ба маркаби худ боло шуд, муҳофизон атрофи ӯро иҳота карда хостанд ӯро ҳамроҳӣ намоянд.

Умар гуфт: Аз ман дур шавед, ба шумо чӣ ниёз дорам? Ман як фарде аз мусулмонҳоям. Сипас ҳамроҳ бо дигар мардум баргашт. Баъд аз он амр намуд, то ҳамаи он масориферо, ки барои истиқболу позироии халифаҳо мешуд, ҷамъ намуда, фурӯхта ба ҳисоби байту-л-мол гузаронанд.

13. Умар ашк мерезад

Шабе баъд аз гузоридани ду ракъат намоз амирулмӯъминин Умар ибни Абдулазиз сар болои дастонаш гузошт ва оби чашмаш ҷорӣ шуд ва овози гиряаш шунида шуд.

Ҳамсараш Фотима мегӯяд: Чунон гиря мекард, ки мегуфтам, акнун ҷигараш реш шуд ва нафсаш аз аз ҷасадаш берун омад. Ҳамчунон то субҳ идома ёфт ва рӯза дошт.

Ҳамсараш мегӯяд: Ман ба вай наздик шудам ва бо овози нарм гуфтам: Эй амирулмӯъминин, барои чизе, ки қабл аз имшаб рух додааст гиря мекунед?

Гуфт: Бале, маро ба ҳоли худам гузоред.

Ҳамсараш гуфт: Ман мехоҳам панду андарз гирам.

Умар гуфт: Ин тавр бошад, шуморо хабар мекунам. Ман ба худ нигаристам ва дидам, ки амри ин умматро ба дӯш гирифтам, ҳар андозае, ки бошад аз хурду бузург сиёҳу сафед ва баъд аз он ғарибу фақир, мӯҳтоҷу асир ва ашбоҳи инҳоро дар сартосари кишвар ба хотир овардам. Ва донистам, ки Худованд фардо маро аз эшон мепурсад, пас тарсидам, ки узри ман онҷо собит нашавад ва ҳуҷатам мақбул нагардад. Аз ин ҳоли худам ҳаросидаму ашкам ҷорӣ шуд ва ҳар гоҳ онро ёдовар шавам, хавфи ман бештар мешавад. Пас метавонед панд гиред ё тарк гӯед.

14. Ҷавоҳироти Фотима

Амирулмӯъминин Абдулмалик ибни Марвон бо шавқу нишот духтараш Фотимаро ба писари бародараш Умар ибни Абдулазиз ба занӣ дод ва аз зару зевару ҷавоҳирот чунон бахшидаш, ки чашме онро надида буд. Ва чун хилофат ба Умар ибни Абдулазиз расид ва амирулмӯъминин гардид, ба занаш Фотима гуфт: Аз ду роҳ якеро ихтиёр кун, ё зевару ҷавоҳиротро ба байтулмоли мусулмонон баргардон ё маро иҷоза деҳ барои ҷудоӣ, зеро ман бад мебинам, ки бо шумо ва он зеварот дар як хона бошем.

Ҳамсараш гуфт: Амирулмӯъмининро ихтиёр мекунам.

Пас амр кард ҳамаи зевару ҷавоҳирот дар байтулмоли мусулмонон гузошта шуд ва чун Умар ибни Абдулазиз вафот намуд ва Язид ибни Абдулмалик ба хилофат расид, ба Фотима хоҳараш гуфт: Ҳамаи зевару ҷавоҳироти шумо аз моли ҳалоли шумо ҳастанд ва то ҳол маҳфуз ҳастанд, пас агар мехоҳед, онро бигиред?

Фотима бо забони саршор аз вафову сидқ гуфт: Амирулмӯъминин Умар ибни Абдулазиз онро дар ҷои ҳозирааш мехост бинад ва ман ин истеҳсони ӯро низ қабул кардам ва акнун намехоҳам ӯро дар ҳаёташ мувофиқат кунаму баъд аз маргаш маъсият намоям. Пас Язид ибни Абдулмалик онро бар аҳлу авлодаш тақсим намуд.

15. Беҳтар аз шумо нестам

Умар ибни Абдулазиз таърихи худ ва ҳаёти сиёсиашро дар аввалин хутбааш нигошта буд ва онро дар ҳузури ҷамъи бузурге аз мардум, ки барои байъаташ омада буданд, ироа намуд.

Умар бо фурутанию тавозӯъ болои минбар шуда, бо меҳрубонӣ ба мардум нигариста гуфт: Эй мардум баъд аз набийи шумо, набӣ нест ва баъд аз китобе, ки бар вай нозил шудааст, китоб нест. Огоҳ бошед, ки он чи Худованд ҳалол гардонидааст, то рӯзи қиёмат ҳалол ҳаст. Огоҳ бошед, ки ман қозӣ нестам, лекин иҷрокунандаам, ман мубтадиъ нестам, лекин пайравикунандаам. Огоҳ бошед, ки ҳеҷ касро дар маъсияти Худо набояд итоъат кард. Огоҳ бошед, ки ман беҳтар аз шумо нестам, балки яке аз шумоям, ғайр аз ин ки Худованд бори дӯши маро гаронтар кардааст.

16. Гургу гӯсфанд

Бо оғози хилофати Умар ибни Абдулазиз асри ҷадиде бар билоди исломӣ соя афканд. Адлу инсоф мунташир шуду зулму ситам аз он рахт баст.

Чупононони гӯсфанд гуфтанд: Кист ин бандаи солеҳ, ки бар сари мардум аст?

Ба онҳо гуфтанд: Аз куҷо медонед, ки ӯ солеҳ аст?

Гуфтанд: Аз он ҷо, ки ҳар гоҳ бар сари мардум халифаи одиле биёяд, гургҳо аз гӯсфандон дур мешаванд.

Ҷисри қассоб ҳикоя мекунад, ки дар замони хилофати Умар ибни Абдулазиз шири моли майда медушидам. Боре аз назди чупоне гузаштам ва дидам, ки байни молаш қариб сӣ гург аст. Ман онҳоро саг гумон кардам, зеро ман то он вақт гургро надида будам.

Гуфтам: Эй чупон ҳамаи ин сагҳорро чӣ кор мекунед?

Гуфт: Эй писарам, инҳо саг не, балки гург ҳастанд.

Гуфтам: Субҳоналлоҳ! Гург дар байни гӯсфандон безарар меистад?!

Чупон гуфт: Эй писарам, ҳар вақто сар ислоҳ шуд, ҷасадро боке нахоҳад буд.

Ин ҳодиса дар замони хилофати Умар ибни Абдулазиз буд.

17. Ёвари мо дар адои ҳақ бошед

Чун Умар ибни Абдулазиз халифа шуд, назди мардум баромад, то бо эшон сӯҳбат дошта бошад ва аз аҳволашон огоҳ гардад. Ҳангоме, ки мардум ӯро диданд, барои эҳтирому бузургдошти ӯ аз ҷой бархостанд. Умар дар ҳоле, ки чеҳрааш дигаргун шуда буд, гуфт: Эй мардум, агар бархезед бармехезем, агар бинишинед менишинем. Мардум танҳо барои Худо аз ҷой мехезанд.

Баъд аз он чаҳорчӯбаи амалро барои эшон муайян намуда гуфт: Ба таҳқиқ Худованд фароиз ва сунанеро машрӯъ гардонидааст, ки шахсе бо он амал намояд, ба манзили мақсуд мерасад ва касе онро тарк намуд, барбод хоҳад рафт. Ва ҳар шахсе, ки мехоҳад ҳамроҳи мо бошад, пас бояд ин панҷ қоидаро риоя намояд:

* Ҳоҷате шахсеро, ки ҳоҷаташро ба мо расонида наметавонад, бирасонад.

* Агар мо ба роҳи рост ҳидоят наёфтем, пас ӯ моро ба роҳи рост далолат кунад.

* Ёвари мо дар пайравӣ аз ҳақ бошад ва амонатро ба мо ва мардум адо намояд.

* Назди мо касеро ғайбат накунад.

* Шахсе чунин амал накунад, пас ӯ дар ҳараҷ (тангию шиддат) аст барои сӯҳбат бо мо ва ҷоҳил шудани назди мо.

17. Дирҳаму динорро дӯст намедорам

Чун Умар ибни Абдулазиз зимоми хилофатро ба даст гирифт, нишаста гиря намуд ва ашки зиёд резонд. Баъд аз он яке аз зоҳидонро пурсид: Эй Абӯқалоба, оё ин амр барои ман зиён дорад? (Яъне ба дӯш гирифтани хилофат).

Ӯ пурсид: Муҳаббати шумо нисбат бо дирҳаму динор чӣ гуна аст?

Умар гуфт: Онро дӯст надорам.

Пас ба Умар гуфт: Ин тавр бошад наҳаросед, Худованд шуморо мадад мекунад.

19. Машваратам диҳед

Чун Умар ибни Абдулазиз ба хилофат расид, Солим ибни Абдуллоҳ, Муҳаммад ибни Каъби Қуразӣ ва Раҷо ибни Ҳиваро назди худ хонда гуфт: Ман ба ин бало гирифтор шудам, пас ба ман машварат диҳед. Солим ба ӯ гуфт: Агар аз азоби Худо наҷот ёфтан хоҳед, пас тарки дунё намоед, то ин ки онро падруд гӯед.

Муҳаммад ибни Каъб гуфт: Агар аз азоби Илоҳӣ наҷот хоҳед, пас ашхоси бузурги мусулмононро барои худ падар, миёнаи онро бародар ва хурди онро фарзанд шуморед ва падаратро бузург дору бародаратро эҳтиром намо ва бар фарзандат мушфиқ бош.

Раҷо ибни Ҳива гуфт: Агар аз азоби Худо наҷот хоҳед, пас барои мусулмонон дӯст дор, ончиро барои худат дӯст медорӣ ва барои эшон бад бубин, ончиро барои худ бад мебинӣ.

20. Агар истиқомат варзидӣ, истиқомат меварзад

Умар ибни Абдулазиз ба фуқаҳои Ироқ нома навишта аз эшон хост, то назди ӯ ташриф биёваранд. Ҳасани Басрӣ дар ин миён бемор шуд ва ҳозир шуда натавонист ва номае ба Умар ирсол намуда, ӯро панд гуфт:

Эй амирулмӯъминин, агар истиқомат варзидӣ, раият истиқомат меварзад ва агар аз роҳи ҳақ майл намудӣ, эшон низ майл мекунанд. Эй амирулмӯъминин, агар умри Нӯҳ ва салтанату мулки Сулаймон ва яқини Иброҳиму ҳикмати Луқмон ҳам дошта бошед, ки гузаштанатон аз Ақаба ҳатмист, ва аз паси Ақаба ҷаннату дӯзах аст. Ҳар шахсе аз яке он хато хӯрд, вориди дуввумаш хоҳад шуд.

Чун ин нома ба Умар расид, онро ба чашмаш молиду гирён шуд ва баъд бо ҳузну алам гуфт: Чӣ гуна ман соҳиби умри Нӯҳ ва салтанати Сулаймон ва ҳикмати Луқмону яқини Иброҳим мешавам? Агар ба чунин неъмат ноил мешудам, ҳатман аз ҷоми аввалинҳо менӯшидам (яъне монанди фазилати эшонро ноил мешудам).

* Умар ибни Абдулазиз ба Умар ибни Муҳоҷир раиси муҳофизинаш гуфт: Ҳар вақто дидед, ки аз роҳи ҳақ дур шуда истодаам, аз гиребонам гирифта гӯед: Чӣ кор карда истодаӣ, эй Умар?

* Ҳикоят мекунанд, ки чун Умар ибни Абдулазиз ба хилофат расид, Солим ибни Абӯсолимро назди худ хонда гуфт: Эй Солим, ман аз ин ки наҷот намеёбам дар ҳаросам.

Солим, ки яке аз обидону зоҳидон буд, гуфт: Ман аз ин меҳаросам, ки шумо дар ҳарос нестед. Худованд бандаеро дар ҳавлие сокин намуд ва чун ӯ гуноҳе содир кард аз он ҳавлӣ берун гардонида шуд. Мо бандагони пургуноҳем ва мехоҳем вориди он ҳавлӣ шуда сукунат варзем.

21. Мехобед дар ҳоле, ки раият дар назди дари шумо истодааст

Рӯзе амирулмӯъминин Умар ибни Абдулазиз барои қабули мардум нишаст, то ин ки рӯз нисф гашт ва худи ӯ хаста шуд. Пас ба мардум гуфт: Дар ҷои худ истед, то ки ман берун шавам. Пас барои истироҳат вориди ҳуҷра шуд.

Ин ҳангом писараш Абдулмалик омада падарашро пурсид. Гуфтанд, ки дохили ҳавлӣ шуд. Пасараш иҷозат гирифта ворид шуд ва гуфт: Эй амирулмӯъминин, барои чӣ дохили ҳуҷра шудед?

Умар гуфт: То лаҳзае истироҳат кунам.

Писараш гуфт: Оё аз марг дар амон ҳастӣ, ки биёяду раият дар назд дарвоза истодааст ва шумо аз эшон дар ҳиҷоб?

Умар фавран аз ҷой бархоста назди мардум баромад.

Умар аз ин рафтори писараш хушҳол шуда гуфт: Ситоиш мар Худоеро, ки Саҳл, Абдулмалик ва Музоҳимро ёвари ман қарор додааст.

Саҳл бародаш, Абдулмалик писраш ва Музоҳим мавлояш буданд ва ин се нафар дар замони хилофати Умар фавтидаанд.

22. Насиҳаткунандаи амин

Чун Сулаймон ибни Абдулмалик вафот намуд, бо фурутании том марде аз раият назди амирулмӯъминин Умар ибни Абдулазиз омад ва бо овози насиҳатгарона ба ӯ гуфт: Ба қазои Илоҳӣ рози шаву ба амри ӯ таслим ва аз он чи назди вай аст, умед намо, зеро ҳамеша назди Худо хайри доим ва иваз аз мусибатҳо вуҷуд дорад. Бингар ба он чизе, ки онро бар Сулаймон метарсидӣ, барои худат аз он дар ҳарос бош.

Баъд аз он, он мард аз ин, ки масъулияташро адо намуда буд, саодатмандона бархоста рафт. Умар суханони он мардро такрор карда гуфт: Маро ба ин суханон амал намудан лозим аст.

Чун Умар бори дуввум он мардро дид, ба ӯ гуфт: Барои чи ин суханонро ба ман гуфтед?

Он мард гуфт: Агар амонат диҳед мегӯям.

Умар гуфт: Шумо дар амон ҳастед.

Он мард гуфт: Дидам, ки либоси дароз мепӯшеду мӯи дароз доред ва бӯи хуш аз шумо меояд, пас тааҷҷуб намудам, ки чӣ гуна Худованд шуморо байни сокинони замин мегузорад. Ва чун хилофат ба шумо расид, ҳаққи худ шуморидам, ки шумо огоҳ намоям ва ҳаққатро адо намоям.

Умар дар ҳоле, ки ашки шодӣ дар чашмонаш ҳалқа зада медурахшид, гуфт: Эй бародар, агар муқими инҷо бошӣ, пас ба дидори мо биё ва агар на, пас дар амони Худо бошед.

23. Сабукдӯш шудани Холид ибни Райён

Чун Умар ибни Абдулазиз ба хилофат расид, Холид ибни Райёнро, ки аз ходимони золими Валид ибни Абдулмалик буд ва кибру ғурури зиёд дошт, аз вазифа озод намуд. Баъд аз он даст бардошта дуо намуд: Эй бор Худоё, ман ба хотири ризои Ту ӯро озод ва вазифа кардам, пас ҳаргиз ӯро боло накунед.

Гуфта шудааст: Ҳаргиз марде бообрӯеро надидаанд, ки монанди Холид ибни Райён зикраш аз байни мардум дур шуда бошад. Мардум мегуфтанд: Ибни Райён чӣ кор карда бошад? Ӯ зинда бошад ё мурда аст?

24. Ситамҳои Ҳаҷҷоҷ

Вақти чошт амирулмӯъминин Умар ибни Абдулазиз бузургони қавмро ҷамъ намуда дар баргардонидани ситамҳои Ҳаҷҷоҷ ба соҳибонашон машварат доир намуд. Ва ҳар касеро машварат мекард, ба вай мегуфт: Эй амирулмӯъминин ин коре буд дар ғайри вилоят ва ғайри замони шумо.

Аз ҳар шахсе, ки машварат мехост, чунин посух мешунид, то ин ки назди писараш Абдулмалик расид ва ин масъаларо аз вай пурсид.

Писараш гуфт: Эй падар, ман аз он шахсе, ки тавоноии баргардонидани ситамҳои Ҳаҷҷоҷро дораду ба соҳибонаш барнамегардонад, дар амон нестам, ки Худованд ӯро низ дар он ситамҳо шарик мегардонад.

Умар таббасумкунон гуфт: Агар писарам намебудӣ, ҳароина мегуфтам: Дар ҳақиқат шумо фақеҳтарини мардум ҳастед.

25. Мардум дар дини шоҳони худ ҳастанд

Валид ибни Абдулмалик дар замони хилофаташ бештар машғул ба бинои иморатҳо буд. Ҷомеъи Димишқро бино намуд, масҷиди Паёмбарро азнавсозӣ кард ва наҳрҳоро ҷорӣ карду чоҳҳои об сохт. Мардум дар замони хилофати ӯ бо ҳам мегуфтанд: Чӣ қадар аз иморати шумо монд? Бӯстонатро чӣ кардӣ?

Чун Сулаймон ибни Абдулмалик ба хилофат расид, бештар ба таматтуъ ва лаҳву таом ва айшпарастӣ майл дошт. Мардум дар замони ӯ ба ҳамдигар мегуфтанд: Бо ходимазанат чӣ кор кардӣ? Кай издивоҷ мекунӣ? Ва ба ҳамин минвол суолҳое оиди ишқу ошиқӣ.

Замоне, ки Умар ибни Абдулазиз ба хилофат расид, мардум ба ҳамдигар мегуфтанд: Чанд ҷузъ то хатми Қуръон бароят боқӣ мондааст? Вирду зикри шумо чӣ қадар аст? Кай аз барои тааҷҷуд бармехезед? Чанд рӯзи моҳро рӯза медоред? Ва ҳамин гуна суолҳое аз зуҳду тақво.

26. Таваккал бар Худо

Ҳангоми саҳар Умар ибни Абдулазиз ҳамроҳи ғуломаш Музоҳим аз Мадина берун шуданд ва моҳтоб дар яке аз манозили он, ки Даброн ном дорад, қарор дошт. Музоҳим дар ин вақт сафар карданро бад медид, биноан ба Умар гуфт: Ба моҳтоб нигаред, чӣ некӯст истивояш (баробарияш) дар ин шаб?

Умар назар кард, ки моҳ дар Даброн аст. Гуфт: Гӯё мехоҳед маро огоҳ намоед, ки моҳтоб дар манзили Даброн аст. Эй Музоҳим, мо ба моҳтоб ё офтоб берун намешавем, лекин бо Худованди яккаву танҳо берун мешавем.

27. Марде, ки халифа ӯро рад мекунад

Марде, аз Қурайш, ки халифаҳо ҳамеша ҳоҷаташро бароварда месохтанд, назди амирулмӯъминин Умар ибни Абдулазиз дохил шуда ҳоҷаташро пурсид.

Умар гуфт: Ҷоиз нест, ки ба шумо чизе диҳам.

Он мард дасти холӣ баргашт. Чун нияти баргаштан намуд, Умар нидояш карда гуфт: Эй Абӯхолид! Агар чизе аз моли дунё дидед, ки шуморо мафтун сохт, маргро ба ёд оред, зеро мавт он чизро дар нафси шумо камарзиш месозад ва агар дар коре аз дунё бошед ва ғаму андӯҳ шуморо фаро гирифта бошад, маргро ба ёд оред, зеро марг онро бароятон саҳлу осон мегардонад ва ин беҳтар аст аз ончи, ки шумо талаб мекунед.

* Умар ибни Абдулазиз одат дошт, ки нафақаи омилонашро зиёд медод. Зуро ӯ ба ин бовар буд, ки агар нафақаашон кофӣ бошад, ба корҳои мусулмонон вақт меёбанд.

Ба вай гуфтанд: Агар ба аёли худ низ монанди нафақаи омилони худ медодед хуб мешуд

Гуфт: Ҳаққашонро манъ намекунам ва ҳаққи ғайрро ба онҳо намедиҳам. Баъд аз он гуфт: Қабл аз хилофат хеле нозу неъмати зиёде доштанд ва сарф намуданд.

1 2 3 4 5Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *