Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Собит Ибни Қайси Ансорӣ

Собит ибни Қайси Ансорӣ яке аз сардорони номвари қабилаи Хазраҷ ва чеҳрае аз чеҳраҳои маъруфи Мадина аст.

Илова бар ин ӯ марди ҳушёр, соҳиби қалби бедор ва фикри саршор. Ва ҳозирҷавову суханварест дорои садои баланд. Вақте сухан мегуфт, тарафи муқобилро шикаст медод ва вақте баёния эрод мекард, шунавандагонро шефтаи худ месохт.

Вай аз ҷумлаи собиқини ба Ислом дар Мадина аст. Вақте дар маҷлис Мусъаб ибни Умайр, ин доъии ҷавон нишаст ва оёте аз Каломуллоҳи маҷидро аз вай шунид, садои дилнишинаш дар вай асар кард. Ва ақлу ҳушашро оҳанги Қуръон рабуд. Ва ҳидояташ ӯро шефтаи худ сохт. Ҳамон буд, ки Худованд дили вайро ба имон, ба рисолати Муҳаммад (с) кушод. Ва қадру манзалат ва ному шӯҳраташро бо пайвастан дар таҳти ливои Пайёмбари Ислом (с) боло буд.

Вақте ҳазрати Расули Худо (с) ба Мадина ҳиҷрат намуд Собит ибни Қайс ҳамроҳ бо ҷамъи азиме аз бузургони қавмаш аз вай истиқболи гарм намуд ва барои вай ва ҳамроҳаш Абубакри Сиддиқ хуш омадед гуфт. Ва мақдамашонро дар ин шаҳр гиромӣ дошт. Ва дар пешгоҳаш баёнияи балиғ ва шевое эрод намуд. Ибтидо ҳамду санои Аллоҳ азза ва ҷалла бигуфт. Ва он гоҳ дуруд ва салавот бар вай фиристод ва бо ин қавли худ баёнияи хешро хотима дод:

Эй Расули Худо (с) ба ту аҳд медиҳам, ки мо аз ту чунон дифоъ мекунем, багуное, ки аз худ ва авлод ва номусамон дифоъ мекунем. Аммо барои мо дар муқобили ин ҳимоят ва дифоъ чӣ аҷр ва подош аст?

— Дар ҷавоби Расули Худо (с) фармуд: Дар муқобили ин шаҳомат мардонагиатон, биҳиштро ба шумо мужда медиҳам.

Вақте қавмаш калимаи биҳиштро аз даҳани мубораки он Ҳазрат (с) шуниданд, хӯшӣ ва сурур дар чеҳраҳояшон тобидан гирифт ва рухсораҳояшон аз хӯшии зиёд ранг мезад ва гуфтанд: Эй Расули Худо (с) мо ба ин падош розӣ ҳастем. Эй Расули Худо (с), мо ба ин падош розӣ ҳастем….

Ва аз ҳамон рӯз сар карда ҳазрати Расули Худо (с) Собит ибни Қайсро ба сифати сухангӯи худ муқаррар намуд. Ҳамон тавре, ки Ҳасон ибни Собитро шоири худ гирифта буд.

Вақте ҳайатҳо аз қабоили Араб ба ҳузури муборак (с) меомаданд, то бо вай бо забони фусаҳо ва булағо ва шуарои Араб гуфтугӯ кунад, Собит ибни Қайсро вазифа медод, ки бо хутабо ва Ҳасон ибни Собитро муқаррар намуда буд, ки бо шуароашон муқобила кунад.

Собит ибни Қайс чунон мӯъмини ростин буд, ки имон дар рагу ҷонаш ҷо гирифта буд. Ӯ марди парҳезгор ва ботақво буд, ки ҳамеша аз тарси Худо мегирист. Ва аз корҳое ки муҷиби хашми Худо гардад сахт ҳазар менамуд.

Рӯзе ҳазрати Расули Худо (с) ӯро беқарор ва парешон ёфт ва аз шиддати хавф дар худ меларзид. Ба ӯ гуфт : Эй Абумуҳаммад, туро чӣ шудааст?

Гуфт: Эй Расули Худо (с), аз он метарсам, ки ҳалокшуда бошам…

Фармуд: Чаро?

Гуфт: Худованд ҷаллу ва ало шаънуҳу моро аз он наҳй намудааст, ки ба он чи шоистаи он набошем, хуш пиндорем, ки мардум моро мадҳ кунанд. Ва ман худро чунон ёбам, ки ситоиши мардум хушам ояд. Ва низ Худованд моро аз такаббур наҳй намуда, дар ҳоле, ки худписандиро дар худ мебинам ва маро аз он хуш меояд. Вақте ҳазрати Расули Худо (с) ӯро ба ин ҳолат дид, ҳамвора мекӯшид, то аз хавф ва тарсе, ки дорад бикоҳад ва ӯро ором созад. То он ҷойе, ки ба ӯ гуфт: Эй Собит! Оё хуш дорӣ он нестӣ, ки бо ситоиш зиндагӣ кунӣ ва ба марги шаҳодат бимирӣ… ва дохили биҳишт шавӣ?

Аз шунидани ин мужда чеҳраи Сабит дурахшид ва гуфт:

Бале, эй Расули Худо. Бале эй Расули Худо.

Расулуллоҳ (с) фармуд: Сарнавишти ту ҳамин аст.

Вақте ин қавли Аллоҳ таъоло нозил шуд (Эй мӯъминон! Садоятонро аз садои паёмбар фаротар накунед ва ҳамон тавре, ки бо якдигар баланд сухан мегӯед, бо ӯ сухан баланд нагӯед. Мабодо бе он ки мутаваҷҷеҳ шавед, аъмолатон зоеъ шавад \Ҳуҷурат 2\). Собит ибни Қайс аз маҷолиси ҳазрати Расули Худо (с) бо вуҷуди муҳаббати комиле, ки нисбат ба вай дошт, гӯша гирифт ва дар хонаи худ нишаст. Ва хонаи худро ба ҷуз авқоти намоз дигар ҳеҷ вақт тарк намегуфт: Ҳазрати Расули Худо (с) аз ҳоли вай бозҷӯӣ намуд ва гуфт: Чӣ касе аҳволи вайро ба ман меорад?

Марде аз Ансор гуфт: Эй Расули Худо (с) ман ба ин кор ҳозирам. Он мард аз пайи вай рафт ва ӯро дар хонааш сарафканда ва ғамгину маҳзун ёфт ва ба ӯгуфт.

— Эй Абумуҳаммад, чӣ ҳол дорӣ?

Гуфт: Бад ҳолӣ.

Гуфт: Чӣ бадҳолӣ?

Гуфт: Ту худ медонӣ, ки ман марде ҳастам, ки садои баланд дорам ва басо авқоте пеш меояд, ки садоям бар садои ҳазрати Расули Худо (с) баланд мешавад. Ва ту медонӣ, ки дар ин хусус Қуръон нозил шудааст. Ва маро гумон ба он аст, ки амалам зоеъ шуда ва ман аз аҳли дӯзах гардида бошам.

Ин мард ба ҳузури Паёмбари гиромӣ (с) омад ва мавзӯъро ба вай гуфт.

Ҳазрати Расули Худо (с) фармуд: Назди вай бирав ва ба ӯ бигӯ, ки ту аз аҳли дӯзах нестӣ, балки ту аз аҳли биҳиштӣ. Ва ин бузургтарин навид буд, ки ҳазрати Расули Худо (с) барои Собит ибни Қайс дод. Ва аз он вақт ба баъд дар тӯли зиндагии хеш орзуи дарёфти чунин муждаеро менамуд.

Собит ибни Қайс ба истиснои Бадр дар ҳамаи ғазавот ҳамроҳ бо Расули Худо (с) ҳузур ёфта ва барои дарёфти дараҷаи шаҳодат, ки ҳазрати Расули Худо (c) ӯро ба он мужда дода буд, дар қалби корзор дохил мешуд. Ва ҳар боре, ки вай худро дар остонаи шаҳодат қарор медод, шамшери душман аз вай ба хато мерафт:.. То он ки дар даврони ҳазрати Абубакри Сиддиқ ҷанги шадиде дар миёни мусалмонон ва Мусайламон каззоб ба вуқӯъ пайваст.

Дар ин ҷанг Собит ибни Қайс сарвари лашкари Ансор ва Солим монои Абуҳуҷайра лашкари ҳозирин ва Холид ибни Валид сарварии умумии ин лашкарҳоро ба дӯш дошт. Дар бисёре аз ин ҷангҳо пайравон ва мудофеъони Мусайламаи каззоб бар мусалмонон дасти боло доштанд, то он ҳад ки наздик буд касони Мусайлама дохили хаймаи Холид ибни Валид шуда ва ҳамсараш Умми Тамимро ба қатл расонанд ва барои ба ин ҳадаф ноил шудан ишон тавонистанд расанҳои ҳаймаи вайро катъ кунанд.

Вақте Собит ибни Қайс заъф ва тазалзули қуваҳои мусалмононро бидид, сахт нороҳат гардид ва ноумед шуд, ва аз ишон ҳарфтҳое шунид, ки мояи дилсардии ҳар мусалмон мегардид. Ва ҳар як ҷониби муқобилро маломат мекард ва гуноҳи шикастро ба дӯши вай меандохт.

Шаҳрнишинон, аҳли бодияҳоро муттаҳам ба буздилӣ мекарданд. Ва аҳли бодияҳо шаҳриёнро маломат мекарданд, ки ба услуби ҷанг балад нестанд ва аз он бехабаранд.

Бо мулоҳизаи чунин ҳолат Собит ибни Қайс худро барои марг омода сохт ва кафан бипӯшид ва он гоҳ дар миёни мардум истод ва гуфт: Эй ҷамъи мусалмонон, мо дар аҳди ҳазрати Расули Худо (с) ба ин шевае, ки акнун шумо доред, намеҷангидем.

Ин чӣ ҳол аст, ки шумо душмани худро бар сари худ ҷуръат додаед. Ва ин чӣ бадҳолӣ аст, ки шумо тан ба зилат ва пастӣ додаед ва дар муқобили душман худро залил сохтаед.

Баъд рӯ ба осмон намуд ва гуфт: Эй Парвардигор! Ман аз амалкардҳои ин гурӯҳи мушрикин (яъне Мусайлама ва қавмаш) ба ту паноҳ меҷӯям.

Ва низ аз амалкардҳои ин гурӯҳ, (яъне мусалмонон) ба ту паноҳ мебарам.

Баъд ҳамроҳ бо қаҳрамононе чанд амсоли Бароа ибни Молики Ансорӣ, Зайд ибни Хаттоб, бародари амирул мӯъминин Умар ибни Хаттоб ва Солим мавлои Абуҳузайфа ва ғайра мӯъминони собиқини ба Ислом чун шери дарранда дар сафи душман ҳуҷум бурд ва чунон қаҳрамонӣ ва шуҷоат аз худ нишон дод ва дар қалби мушриқин ва куффор руъб ва даҳшат афганд, ки чашмҳо аз диданаш дар ҳайрат афтоданд.

Вай пайваста ба ҳар тараф шамшер мезад ва бо ҳар силоҳе, ки дар дасташ қарор мегирифт меразмид, то он ки захмҳои зиёд ӯро аз пой даровард ва ба замин афтод. Ва ба орзӯ ва ҳадафаш расид ва Худованд шаҳодатро, ки ҳабибаш ҳазрати Расули Худо (с) ӯро ба он мужда дода буд, насибаш сохт. Ва бо пирӯзии мусалмонон бо дили шод ва чашми равшан аз дуньё рафт ва ба раҳмати ҳақ пайваст. Ва ин шаҳомат ва қаҳрамониаш вай буд, ки мусалмонон душманро шикаст доданд ва Мусайламаро ба қатл расониданд.

Собит ибни Қайс зиреҳи гаронбаҳо дошт. Вақте вай бар замин афтод ва шаҳид шуд, марде аз мусалмонон аз канори ҷасади вай гузар намуд. Зиреҳи ӯро гирифт ва онро аз дигарон пинҳон дошт.

Дар шаби дуввуми шаҳодаташ марде аз мусалмонон Собит ибни Қайсро дар хоб дид, ки ба вай мегуфт: — Ман Собит ибни Қайс ҳастам. Оё маро шинохтӣ? Гуфт: Бале

Гуфт: Ман ба ту васияте дорам. Ҳушдор, ки васиятамро ба хобҳои парешон таваҷеҳ накунӣ ва онро нодида наангорӣ.

Ман дирӯз вақте кушта шудам, марде аз мусалмонон, ки дорои чунин аломатҳо ва сифотҳост, бар ман гузар намуд ва зиреҳамро аз барам кашид ва бо худ бурд. Ва дар фалон ҷо дар охири урдугоҳ дар фалон самт онро дар зери деги худ пинҳон намуда, ҷул ва асбоби маркаби худро бар болои дег гузоштааст. Ту назди Холид ибни Валид бирав ва ба ӯ бигӯ, то касеро ба он ҷо бифиристад ва он зиреҳро аз он ҷо бигирад. Ва зиреҳ ҳанӯз дар он ҷо мавҷуд аст.

Ва васияти дигар низ дорам. Ҳушдор, ки бигӯӣ, ин хоби парешон аст ва онро надида гирӣ ва зоеъ созӣ…

Ба Холид бигӯ, вақте ба ҳузури халифаи Расули Худо (с) ба Мадина равӣ ба ӯ бигӯ, ки Собит ибни Қайс ин миқдор қарздор аст… Ва фалон ғуломон озоданд. Вай бояд дайнамро адо кунад ва ғуломонамро озод намояд.

Вақте ин мард аз хоб бедор шуд, назди Холид ибни Валид омад ва хоби худро ба вай ҳикоят намуд. Холид касеро назди он шахс фиристод ва зиреҳро аз он ҷое, ки гуфта буд гирифта бо худ овард ва ҳамон тавре, ки роҳнишонӣ намуда буд, ӯро дарёфт дошт.

Вақте Холид ба Мадина баргашт, ҳазрати Абубакри Сиддиқро аз мавзӯъи Собит ибни Қайс хабар дод, ва васияташро ба вай расонд. Ҳазрати Сиддиқ васияти ӯро амалӣ намуд. Ҳеҷ касро дида нашудааст, ки васият баъд аз маргаш амалӣ шуда бошад, магар Собит ибни Қайс, ки баъд аз марги худ васияташ намуд ва амалӣ гардид. Худованд аз Собит ибни Қайс розӣ бод ва ӯро дар мақоми иллайини биҳишт ҷой диҳад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *