Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Чойгохи Имом Абуханифа дар илми хадис

Касоне, ки бо дини Ислом ва усулу манобеи он ошноӣ доранд, медонанд, ки ду манбаи умда ҳамоно Қуръони карим ва аҳодиси Паёмбар (с) аст. Ва чун Имом Абуҳанифа (раҳ) дар асри тобеин ва табъи тобеин зиндагӣ мекард, дар он замон шахсеро олим гуфта мешуд, ки дар мавриди Қуръон ва суннат ва ақволи уламои салаф аз саҳоба ва тобеин ва табъи тобеин аз маърифат ва тафаққуҳи комил бархурдор мебуд.

Чунончи Аллома Заҳабӣ дар ин маврид мегўяд:« المنطق والجدل وحکمة الأوائل لم یکن والله من علم الصحابة ولا التابعين ولا الأوزاعی والثوری ومالک وأبی حنيفة ، بل کانت علومهم القرآن والحديث وشبيه ذلک » (7ج1ص: 192).

Яъне «қасам ба Худо, ки мантиқ, ҷидол ва фалсафаи авоил на аз илми саҳоба ва тобеин ба шумор мерафт ва на аз илми Авзоӣ, Саврӣ, Молик ва Абуҳанифа. Ва улуми ҳамаи онҳо Қуръону ҳадис ва умури шабеҳ ба Қуръон ва ҳадис буд.

Лизо бо таваҷҷуҳ ба хусусияти он аср ва низ вижагии хосе, ки Имом Абуҳанифа (раҳ) дар байни ҳамаи имомони ҳадис ва фиқҳ дошт, низ бо таваҷҷуҳ ба маҳали сукунати Имом Абуҳанифа, ки шаҳри Куфа буд, ки дар он вақт яке аз марокизи машҳури илм ва ҳадис ба шумор мерафт, тавре, ки Имом Бухорӣ дар мавриди он гуфтааст:

« ولا أحصی ما دخلت الکوفة فی طلب الحديث ».

Яъне «ман ба ёд надорам, ки чанд мартаба ба хотири талаби ҳадис вориди Куфа шудаам»

Бо таваҷҷуҳ бо ҳамаи инҳо агар Имом Абуҳанифа (раҳ) паҳлуи ин ки Қуръонро дар овони туфулаташ ҳифз намуда буд, аҳодиси Паёмбарро ҳам ҳифз карда бошад ҷои тааҷҷуб ва шигифтӣ нахоҳад буд. Зеро Имом Абуҳанифа (раҳ) на танҳо ба унвони имоми як мазҳаб балки ба шаҳодати Имом Шофеӣ (раҳ) имоми тамоми имомон ва фуқаҳои муслимин ба шумор мерафт.

Акнун бо тавасуи бештар мақом ва ҷойгоҳи Имом Абуҳанифаро дар ҳадис зимни матолиб ва ановини зайл мавриди баррасӣ қарор медиҳем.

1- Оғози иҳтимоми Абуҳанифа ба ҳадис ва устодони машҳури вай:

Аз мутолеаи сирати Имом Абуҳанифа (раҳ) ва низ тасреҳи Имом Заҳабӣ ва соири таърихнависон чунин бармедояд, ки Имом Абуҳанифа (раҳ) баъд аз соли садуми ҳиҷрӣ ба талаб ва таҳсили илми ҳадис пардохт (8ج6ص: 396) ва аз ҳуфоз ва имомони муътабари Ироқ ва Ҳиҷоз монанди Муҳаммад ибни Мункадир, Ҳакам ибни Утайба, Ҳамод ибни Абусулаймон, Рабиа ибни Абуабдурраҳмон, Зиёд ибни Алоқа, Саъид ибни Масруқи Саврӣ, Омири Шаъбӣ, Самок ибни Ҳарб, Осим ибни Кулайб, Абдуллоҳ ибни Динор, Абдурраҳмон ибни Ҳурмузи аъраҷ, Ато ибни Абурабоҳ, Қатода ибни Даомаи Садусӣ ва ғайра устодони машҳур ва муътабари ҳадис, ки теъдоди маҷмуи онон, тавре, ки Абулҳаҷоҷ Юсуф ибни Абдурраҳмон Музӣ дар китоби худ ба номи «Таҳзибул камол фӣ асмоур-риҷол» тазаккур дода аз панҷоҳ шайх таҷовуз мекунад, ривоят намудааст (13ج 29ص 418) ва ба хотири он сафарҳои мутаадидеро ҳам анҷом намудааст.

Чунончи Имом Заҳабӣ фушурдаи талош ва саъйи Имом Абуҳанифа (раҳ)-ро ба хотири таҳсил ва фарогири ҳадис дар як ҷумлаи бисёр мухтасар вале ҷомеъ тазаккур дода мегўяд:

« وعُنی بطلب الآثار وارتحل فی ذلک » (8 ج 6 ص: 392).

Яъне «Имом Абуҳанифа дар мавриди талаб ва таҳсили осор ва ривоёт иътино варзида таваҷҷуҳи хосе намуда ва ба хотири он риҳлот ва сафарҳоеро анҷом дод.

Ва дар китоби «Сияру аъломун-нубало» ба касрати талаби Имом Абуҳанифа (раҳ) ишора карда мегўяд:

« فإن الإمام أبا حنیفة طلب الحدیث وأکثرمنه فی سنة مائة وبعدها . . » (8ج6 ص: 396).

Яъне «Имом Абуҳанифа дар соли 100 ва баъд аз он ба талаби ҳадис оғоз намуд ва ба касрат онро фаро гирифт.

Имом Абуҳанифа (раҳ) гарчанд иҳтимом ва таваҷҷуҳи хоси худро дар талаб ва таҳсили ҳадис мабзул дошта ва миқдори қобили мулоҳазаи аз аҳодиси набавиро ҳам захира карда буд, аммо назар ба зарурате, ки эҳсос намуд вақт ва таваҷҷуҳи бештари худро дар ҷанбаи фиқҳии ҳадис истинбот ва истихроҷи аҳком ва масоили аз он, шиносоии ом ва хос, носих ва мансух, мутлақ ва муқаяди он ва ғайра фунуни ҳадис мабзул дошта, ки дар натиҷаи он монанди соири муҳаддисин дар нашр ва ривояти ҳадис ва ё ҷамъ ва таълифи он натавонист нақши фаолтареро ифо намояд.

Инак барои таъйиди ин даъво, ки Имом Абуҳанифа (раҳ) аҳодиси зиёдеро ҳифз дошт метавон ақвол ва гуфтаи як теъдод уламоро ба таври далел ва ё шоҳид зикр намуда сипас асбоби қиллати ривоёти Имом (раҳ)-ро мавриди баррасӣ қарор диҳем.

2- Шаҳодат ва гувоҳии уламо дар мавриди ҳифзи Имом Абуҳанифа:

Бо мутолеаи кутуби таърих ва тароҷуми уламо, махсусан сирати Имом Абуҳанифа (раҳ) ин ҳақиқат возеҳ мегардад, ки теъдоде аз уламо Имом Абуҳанифа (раҳ)-ро яке аз ҳуфози ҳадис маърифӣ намудаанд.

Чунончи Исроил ибни Юнус мегўяд:

« کان نعم الرجل النعمان ، ما کان أحفظه لکل حديث فيه فقه وأشد فحصه عنه ، وأعلمه بما فيه من الفقه ، وکان قد ضبط عن حماد فأحسن الضبط عنه »(4ج 13ص: 339).

Яъне «Неъмон чӣ марди хубе буд, аз аҳодис ва ривоёт бештар ҳамон ҳадисро ҳифз ва талош мекард, ки дорои фиқҳ ва ё мутазамини ҳукми фиқҳӣ мебуд ва нисбат ба дигарон ба он, яъне фиқҳи ҳадис ошноии бештар дошт ва ин ҳамаро аз Ҳамод бисёр ба шакли хуб ҳифз ва забт намуда буд.

Ҳофиз Закариёи ибни Яҳёи ансорӣ дар маноқиби Имом Абуҳанифа аз Яҳё ибни Наср ибни Ҳоҷиб, аз Имом Абуҳанифа ривоят мекунад, ки гуфта буд:

عندی صناديق من الحديث ما أخرجته منها إلا اليسير الذی ينتفع به » (15ص: 168).

Яъне «Ман захираҳо ва сандуқҳои ҳадисро бо худ дорам, аммо як миқдори бисёр ками онро, ки қобили баҳрагирӣ буд берун намудам.

Ва шогирди дигари Имом Абуҳанифа, Ҳасан ибни Зиёд мегўяд:

« کان الإمام يروی أربعة آلاف حديث فی الأحکام: الفين لحماد ، وألفين لسائر المشيخة ، وقد انتخب رحمه الله الآثار من أربعين ألف حديث » (15ص: 168).

Яъне «Имом Абуҳанифа танҳо дар бобби аҳком чор ҳазор ҳадис ва ё ривоят дошт, ки ду ҳазори онро аз Ҳамод ва ду ҳазори дигарашро аз соири шайхҳои ҳадис ривоят мекард ва аҳодиси «Китобул осор»-ро аз чил ҳазор ҳадис интихоб намуда буд.

Далели дигар ба касрати аҳодис ва ривоёти Имом Абуҳанифа ҳамон масониди мутааддиде аст, ки баъд аз вафоти Имом ҷамъоварӣ шудааст, ки теъдодаш ба 17 муснад мерасад, ки аз ҷумла понздаҳ муснади он тавассути аллома Хаворазмӣ ҷамъоварӣ шуда ва зери унвони «Ҷомеул масонид» чоп шудааст.

Далели дигар бар ин ки Имом Абуҳанифа дар паҳлуи Имомат дар фиқҳ ва истинбот, дар илми ҳадис ҳам аз ҷумлаи ҳуфоз ва имомони барҷастаи ҳадис ба шумор мерафт, ин аст, ки тазкиранависон махсусан Имом Заҳабӣ номи Имом Абуҳанифаро дар китоби муътабари худ «Тазкиратул ҳуфоз» дарҷ намудааст.

Ва китоби «Тазкиратул ҳуфоз» тавре, ки аз номаш пайдост китобе аст, ки Имом Заҳабӣ онро барои ҳуфоз ва устодони ҳадис ихтисос додааст. Чунончи дар муқаддимаи китоб гуфтааст:

« هذه تذکرة بأسماء معدلی حملة العلم النبوی ومن يرجع إلی اجتهادهم فی التوثيق والتضعيف » (7ج1ص: 1).

Яъне «Ин китоб тазкира ва ёддоште аст муштамил бар асомии афроди одил ва муътабаре аз ҳомилини илми набавӣ, касоне, ки дар боби тавсиқ ва тазъиф ба иҷтиҳод ва орои онҳо метавон муроҷиа кард.

Аммо инҷо саволе пайдо мешавад, ки Имом Абуҳанифа (раҳ) замоне, ки аҳодиси зиёдро ҳифз доштааст пас чаро ривоёташ нисбат ба ривоёти дигарон кам ва ё ночиз маълум мешавад? Ҷавоби ин саволро дар фиқраи баъдӣ метавон дарёфт.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *