Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Хушгӯӣ ва кушодарӯӣ

Хушгӯӣ ва кушодарӯӣ

8 — Аз Абузар (р) ривоят шуда, ки гуфт: паёмбари Худо (с) бароям фармуд: “Ҳеҷ чизе аз кори хайрро хор машмор, ҳарчанд бо чеҳраи кушода бо бародарат рӯ ба рӯ шавӣ.” (Ҳадиси мазкурро Муслим ривоят кардааст.)

  1. — Шарҳи ҳоли ровӣ дар ҳадиси шумораи 3 гузаштааст.
  2. — Шарҳи маънои ҳадис:

Ҳадиси мазкур шахси мусалмонро аз таҳқир намудани корҳои писандида бозмедорад, балки ӯро суфориш медиҳад ки ҳамеша бо бародарон ва дӯстонаш бо чеҳраи кушодаву табассумомез бархӯрд намояд, зеро зоҳири инсон бар ботинаш далолат менамояд, чӣ тавре, ки бародаронаш низ аз ин гуна истиқболу бархӯрд эҳсоси муҳаббату дӯстӣ мекунанд.

  1. — Фавоид ва суфоришоти ҳадис:

1 — Таҳқир накардани кори нек ҳарчанд, ки он кам бошад. 2 — Истифода кардан аз нармиву кушодарӯӣ ҳангоми вохӯрӣ ва пазироии дӯстон.

  1. — Тарғиб намудани мӯъминон ба корҳое, ки алоқаи бародариро устувор месозад.
  2. — Пурсишҳо:
  3. — Ҳадиси мазкурро ба таври кӯтоҳ шарҳ диҳед!
  4. — Чӣ фоидае аз ҳадиси мазкур бардоштед?
  5. — Чӣ гуна ҳадиси мазкур ба тақвияту устувор кардани равобити имонӣ ва исломӣ ишора кардааст?

ДУРӢ АЗ ШАККУ ШУБҲА

9 — Аз Абумуҳаммад, Ҳасан писари Алӣ (р) набера ва райҳонаи Паёмбари Худо (с) ривоят аст, ки гуфт: Ёд дорам аз Расули Худо (с), ки фармуд: «Аз он чи, ки туро ба шакку шубҳа андозад, даст бикаш ва ба сӯи чизе, ки туро ба шакк наяндозад, (рӯй овар)».

(Ин ҳадисро Насоӣ ва Тирмизӣ ривоят кардаанд)

  1. — Шарҳи ҳоли ровӣ:

Ҳасан писари Алӣ, Алӣ писари Абутолиби Ҳошимӣ ва Қурайшӣ мебошад. Ӯ дар шаҳри Мадина дида ба ҷаҳон кушодааст. Мавсуф шахси ҳалим, бурдбор, хайрхоҳ буда, яке аз фасиҳтарин мардуми асри худ дар нутқу бадоҳатгӯӣ ба шумор мерафт. Зимоми хилофатро ба даст гирифта, сипас аз он даст кашид ва дар соли 49-и ҳиҷрӣ аз олам даргузашт.

  1. — Шарҳи маънои ҳадис:

Бояд шахси мусалмон корҳои худро яқину дақиқ намояд, то ин ки дар корҳои шубҳанок наафтад, зеро ӯро ба ҳаром бурда мерасонад. Ҳадиси мазкур мусалмонро вазифадор месозад, то аз чизе ки дар ҳалол буданаш шакку шубҳа дорад, даст кашида ба сӯи чизи бешакку шубҳа, ки дилаш аз он мутмаин бошад, руй биёрад. Бино бар ин, эй мусалмон, аз афтидан дар корҳову чизҳои шубҳанок барҳазар бош!

Чун кадом коре бароят маълуму равшан набошад, дарҳол

моҳияти онро аз дигарон бипурс ва ҳаргиз ба амри мазкур иқдом макун, то ин ки ҳалол будани онро бифаҳмӣ, зеро паёмбар (с) чунин фармон додааст ва итоъат карданат аз фармони он ҳазрат(с) воҷиб мебошад.

3 — Фавоид ва суфоришоти ҳадис:

  1. -Паёмбар (с) мусулмонҳоро амр намуда, ки аз корҳои динӣ ва дунявии шубҳанок даст кашида, ба корҳои возиҳу равшан рӯй биёваранд.
  2. — Манъ намудани мусалмонон аз воридшавӣ дар корҳои шубҳаангез.

4 — Пурсишҳо:

  1. — Баъзе сифатҳои Ҳасан писари Алиро номбар кунед! Мавсуф кай вафот ёфтааст?
  2. — Агар инсон дар гӯште, ки барои ӯ пешкаш мекунанд, шакку шубҳа намояд, бояд чӣ кор кунад?
  3. — Агар инсон дар наҷису палид будани об шак намояд, оё оби мазкурро барои вузуву тоҳорат истифода мекунад?
  4. ИСЛОМ РИШВАТРО ҲАРОМ ГАРДОНДА

10 — Аз Абуҳурайра (р) ривоят шуда, ки гуфт: “Паёмбари

Худо ришватдиҳанда ва ришватгирандаро лаънат кардааст.”

(Ин ҳадисро имом Аҳмад ривоят кардааст). 1 — Шарҳи ҳоли ровӣ дар ҳадиси шумораи 5 зикр шудааст. 2 — Шарҳи маънои ҳадис:

Абуҳурайра аз он ҳазрат (с) ривоят карда мегӯяд, ки паёмбари Худо (с) шахси порахӯрро маҳрум аз раҳмати Худо хондааст. Рошӣ касест, ки ба тарзи ҳадя шахси дигарро пора медиҳад, то шахси мазкур дар муқобили он ҳадя (пора) ҳақи дигаронро гирифта ба ӯ бидиҳад. Инчунин паёмбари Худо (с) шахси мурташӣ (порахӯрро) ҳам лаънат кардааст, зеро ӯ аз роҳи ҳаром сарват андӯхта, моли мардумро мехӯрад. Аз ҳамин ҷиҳат бояд ҳар шахси мусалмон аз корҳои шубҳанок ва ҳаром парҳез намояд, то ин ки гирифтори хашму азоби илоҳӣ нагардад.

3 — Фавоид ва дастуроти ҳадис:

1 — Маҳрум шудани ришвадеҳу ришвахор аз раҳмати Худо. 2 — Ислом ришваро аз ҷиҳати зарарҳои бузургаш бар ҷомиъа ҳаром гардондааст.

4 — Пурсишҳо:

  1. — Шахси рошӣ киро гӯянд? Ва шахси мурташӣ кист?
  2. — Сазои мурташӣ (порахӯр) чист?
  3. — Чаро Худованд ришватро ҳаром гардонда?

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *