Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Маҷзаа Ибни Саври Садусӣ

Қаҳрамонони номвари лашкари Аллоҳ бо хушию сурур баъд аз он, ки Худованд нусрат ва пирӯзиро дар Қодисия насиби онон гардонид, гарду ғубори ҷангро аз худ дур месохтанд ва ба аҷр ва подоши шуҳадое, ки барояшон сабқат гирифтанд, ҳасад мебурданд ва шавқи ба роҳ андохтани ҷанги дигареро доштанд, ки дар баробарӣ камтар аз Қодисия набошад. Вале интизори он доштанд, ки амри халифаи Расули Худо (с) Умар ибни Хаттоб (р)-ро мабнӣ бар идомаи ҷиҳод дарёбанд, то тахт ва салтанати Кисро вожгун созанд ва ба ҷойи он ҳукумати адли исломиро барпо кунанд.

Дере аз ин умед ва интизориашон нагузашт, ки фиристодаи ҳазрати Форуқи аъзам аз Мадина ба Кӯфа расид ва паёми халифаро ба волии он Абумӯсои Ашъарӣ мабнӣ бар ирсоли лашкараш ва якҷо шудан бо лашкари дигаре, ки аз сӯи Басра дар ҳоли омадан аст, ба вай вогузошт, то ҳамроҳ бо ин ду лашкар роҳи Аҳвозро пеш гирад, то аз пайи Ҳурмузон сарлашкари форс ба роҳ афтад ва вайро аз пой барандозад ва шаҳри Тустар, ин дуррои тоҷи Кисро ва лӯълуи билоди Форсро озод созад.

Дар ин номаи ирсолӣ, халифа ба Абумӯсо тавсия намуда буд, ки қаҳрамонони номӣ Маҷзаа ибни Саври Садусӣ, сардори Бани Бакр ва амир пурнуфузи онро бо худ ҳамроҳ гирад. Абумӯсои Ашъарӣ амри халифаро ба ҷо овард. Лашкари худро омода кард ва Маҷзаа ибни Саври Садусиро ба сифати қумандони он баргузид ва бо лашкаре, ки аз сӯи Басра меомад, якҷо шуда ва ба роҳи ҷиҳоди фисабилиллоҳ ба роҳ афтод. Ишон пайваста шаҳрҳоро яке пайи ҳам озод мекарданд ва монеъаҳоро аз сари роҳ дур меандохтанд ва Ҳурмузон дар пешопеши ишон роҳи фирор дар пеш гирифта буд ва аз як ҷо ба ҷойи дигар паноҳ мебурд, то ин ки ба шаҳри Тустар расида ва худро дар ҳимояти ин шаҳр қарор дод.

Шаҳри Тустар, ки Ҳурмузон ба он паноҳанда шуда буд, шаҳре буд зебо ва дилкушо, дорои қалъаҳои бузург ва бурҷҳои баланд ва сангарҳои мустаҳкам ва илова бар ин шаҳр яке аз он шаҳрҳои таърихиест, ки дар минтақаи баланд сохта шудааст ва дарёи бузурге ба номи Дуҷайл аз миёни он мегузарад. Дар қисми болоии ин шаҳр кӯли бузурге аст, ки Малик Собур онро сохтааст, то оби ин дарё ба воситаи тунелҳое, ки дар зери замин канда шудааст, дар он ҷамъ шавад. Кӯли Тустар ва тунелҳои он аз биноҳои аҷиб аст ва бо сангҳои бузург ва маҳкам сохта шуда ва бо сутунҳои оҳанин ороста шуда ва деворҳо ва туннелҳои он сурбкорӣ шудааст. Дар атрофи шаҳри Тустар девори бузург ва баландест, ки шаҳрро иҳота кардааст. Муаррихон дар бораи ин девор гуфтаанд: Ин аввалин ва бузургтарин деворест, ки то кунун дар рӯи замин сохта шудааст. Ҳурмузон дар атрофи ин девор хандақҳои бузурге кандааст, ки аз он кори гузаштан кори саҳлу осон набуд ва дар қафои он барҷастатарин ҷанговарони Форсро ҷо ба ҷо кард.

Сипоҳи мусалмонон дар атрофи ин Хандақ мавзеъ гирифтанд ва то 18 моҳ дар атрофи он монданд ва натавонистанд, ки аз он бигузоранд ва дар тӯли ин муддати тӯлонӣ беш аз ҳаштод ҳамларо алайҳи лашкари форс анҷом доданд ва ҳар як аз ин ҷангҳо ба даргирӣ миёни ду ҷангҷовар оғоз меёфт ва баъд ба ҷанги хунин мубаддал мегашт. Маҷзаа ибни Савр дар ин бархӯрдҳо шаҳомати аҷибе аз худ нишон дод, ки ақлҳоро дар ҳайрат андохт ва дӯст ва душманро ба тааҷҷуб афканд. Вай тавонист ба танҳоӣ беш аз сад паҳлавони ҷангиро дар даргирии тан ба тан ба қатл расонад ва аз ин ҳодиса ба баъд номаш дар сафҳои лашкари тарс форсҳо меофарид ва даҳшат эҷод мекард ва барои мусалмонон мояи иззат ва сарбаландӣ гардид.

Дар чунин фурсат буд, ки мардумоне, ки аз қабл ӯро намешинохтанд донистанд, ки чаро амирулмӯъминин ба интихоби вай сахт алоқаманд будааст, ки ин қаҳрамон дар зумраи ин лашкар ҳузур ёбад. Дар охирин марҳилаи ин ҳаштод ҳамлае, ки мусалмонон алайҳи душмани худ анҷом доданд, ҳамлаи қаҳрамонона ва содиқона намуданд, ки дар натиҷаи он форсҳо маҷбур шуданд, пулҳои худро, ки бар болои сангарҳо сохта буданд, барои мусалмонон вогузоранд ва худ ба дохили шаҳр паноҳ бурда ва дарвозаҳои боздорандаи онро ба рӯҳи хеш бибанданд. Дар натиҷаи ин амалу форсҳо ҳолати мусалмонон баъд аз ин ҳама сабри тӯлонӣ ба ҳолати бадтаре мубаддал гардид. Чун форсҳо аз фарози бурҷҳои баланди худ аскарони мусалмонро ҳадафи тирҳои дурраси худ қарор медоданд ва аз болои деворҳо занҷирҳоро овезон месохтанд, ки дар раъси он чангакҳое насб намуда буданд, ки бо оташ афрӯхта шуда буд. Вақте ки агар яке аз аскарони мусалмонон мехост, ки ба девор худро биовезад ва ё он, ки худро ба он наздик созад, ишон ин занҷирҳоро дароз мекарданд ва дар танашон фурӯ мебурданд ва ӯро ба сӯи худ мекашиданд, ки дар натиҷаи он гӯшти вай мерехт ва устухонҳояш зоҳир мешуд ва вайро ба ин тартиб аз по дармеоварданд. Мусибат бар мусалмонон сахт гардид ва шурӯъ ба он намуданд, ки бо дили пурхушӯъ аз Худованд бихоҳанд, ки барои онҳо кушоиш насиб фармояд ва ин мушкилии онҳоро ҳал созад ва ононро бар душманонашон пирӯз ва комёб гардонад.

Дар яке аз рӯзҳо Абумӯсои Ашъарӣ дар пойи девори бузурги ин шаҳр истода, дар фикри он буд, ки чӣ гуна битавонад дохили ин шаҳр шавад ва аз гузаштан аз ин девор комилан маъюс ба назар мерасид. Ногаҳон тире аз фарози девор бар пеши пойи вай афтод. Чун ба он тир нигарист, дид, ки номае дар он баста шудааст. Номаро боз кард ва онро хонд. Дар он нома ба ин шарҳ омада буд: Эй ҷамъи мусалмонон, ман ба шумо эътимоди комил дорам. Ман аз шумо амн металабам. Аз шумо мехоҳам, ки ба ҷони ману аҳли оилаам ва касоне, ки аз тобеъи мананд, паноҳ диҳед ва ман роҳеро, ки шуморо ба дохили шаҳр бирасонад, нишон медиҳам ва роҳнамоӣ мекунам.

Абумӯсои Ашъарӣ амони худро навишт ва онро дар тир ба соҳиби он партоб кард. Он мард аз он ҷое, ки сидқ ва ростии мусалмонон ва вафо ба аҳдро, ки аз ишон шунида буд, бовар намуд ва бо истифода аз торикии шаб аз шаҳр баромад ва бо Абумӯсои Ашъарӣ дидор намуд ва мавзӯъро бо вай дар миён гузошт ва ҳақиқати корро ба вай гуфт: Мо аз ашрофи ин қавм ҳастем. Ҳурмузон бародари бузургамро ба қатл расонид ва ба аҳл ва молаш таҷовуз намуд ва дар бораи ман кина худро пинҳон медорад ва мунтазири он аст, ки фурсати муносиб ёбад, то бо ман низ чунин кунад. Аз ин рӯ, ман аз вай бархуд ва аҳлу аёли хеш мутмаин нестам. Бинобар ин, ман адли шуморо ба зулми вай ва вафо ба аҳдатонро ба ғадри вай баргузидам. Аз ин рӯ, тасмим гирифтам, ки шуморо ба гузаргоҳ роҳнамоӣ кунам, ки битавонед аз он ба дохили шаҳри Тустар роҳ ёбед.

Лизо барои ман як шахси боҷуръат ва ҳушмандро, ки дар фанни оббозӣ маҳорат дошта бошад, бидиҳед, то роҳро бар вай нишон диҳам. Абумӯсои Ашъарӣ Маҷзаа ибни Саврро даъват карда, мавзӯъро пинҳонӣ ба иттилоъи вай расонд ва гуфт: Аз қавми худ касеро ба ман муаррифӣ намо, ки соҳиби ақли саршор ва ҷуръат ва ҳушёрӣ буда ва дар фанни оббозӣ маҳорат дошта бошад.

Маҷзаа гуфт: Чунин шахс беҳтар аз худро намеёбам. Маро ба ҳар амре, ки мехоҳӣ вазифадор кун.

Абумӯсо гуфт: Агар ту худ чунин хоҳӣ, бисёр хуб ва ба баракати Худо худро омода соз.

Баъд ба вай супориш кард, ки кӯшиш намояд роҳро фаромӯш накунад ва бояд ҷойи дарвозаро ба ёд дошта бошад ва маконеро, ки Ҳурмузон дар он ба сар мебарад, хуб мушаххас созад ва ӯро хуб шинохта гирад ва ғайр аз ин, набояд кори дигаре кунад.

Маҷзаа ҳамроҳ бо роҳбалади форсӣ хеш дар торикии шаб ба роҳ афтод. Роҳбалад вайро дар гузаргоҳи зеризаминие, ки дарёро ба даруни шаҳр муттасил месозад, дохил сохт.

Гузаргоҳи зеризаминӣ тавре сохта шуда буд, ки баъзе қисматҳои он ба андозае васеъ буд, ки метавонист бо қомати баланд аз он убур намояд ва баъзе қисмати он тавре танг буд, ки зарурат ба шиноварӣ дошт ва бидуни он аз он гузаштан номумкин буд. Ин гузаргоҳ гоҳ ба ҷӯйчаҳо тақсим шуда буд ва гоҳе роҳҳои пурхаму печро тай мекард ва гоҳе мустақим ва рост буд. Ба ин тартиб гузаргоҳро паймуданд, то он ки тавонистанд ба дохили шаҳр роҳ ёбанд. Ин роҳбалад Ҳурмузон қотили бародараш ва ҷоеро, ки Ҳурмузон дар он пинҳон мешуд, ба вай нишон дод. Вақте Маҷзаа Ҳурмузонро дид, хост, ки ӯро ҳадафи тири хеш қарор диҳад, аммо дарҳол насиҳати фармондеҳаш Абумӯсоро ба ёд овард, ки набояд ҳаракати худсаронаеро анҷом диҳад. Бинобар ин, лиҷоми ин рағбати саркаши худро гирифт ва қабл аз тулӯъи субҳ аз ҳамон роҳе, ки омада буд, баргашт.

Абумӯсо сесад нафар аз шуҷоътарин ва далертарин афроди худро муҷаҳҳаз сохт ва Маҷзаа ибни Саврро ба саркардагии онҳо интихоб намуд ва ба онҳо насиҳат кард ва видоъ гуфт ва такбирро рамзи ҳамлаи лашкари мусалмонон бар шаҳр қарор дод.

Маҷзаа касони худро амр кард, то андозае, ки метавонанд, либосҳои сабук ба тан кунанд, то об онҳоро гарон насозад ва ба ишон ҳушдор дод, ки ғайр аз шамшерҳояшон чизе бо худ нагиранд ва таъкид намуд, ки шамшерҳояшонро дар зери либосҳояшон бартан сахт бубанданд ва дар қисмати сеяки аввали шаб ин ҷамъро гирифта, ба роҳ афтод.

Маҷзаа ибни Савр бо ин ҷамъияти зиёд тақрибан ду соатро дар паймудани ин роҳи зеризаминии душворгузар сарф намуд. Вақте ки ин роҳи зеризаминиро паймуда, ба роҳе, ки ӯро ба шаҳр мерасонад расид, Маҷзаа дарёфт, ки ин гузаргоҳ қариб 220 нафари вайро ғарқ кардааст ва танҳо 80 нафари дигар мондааст. Ҳамин ки Маҷзаа ва ҳамроҳонаш худро дар миёни шаҳр ёфтанд, шамшерҳояшонро кашиданд ва бар посбонон ҳамла бурданд ва синаҳои онон бишкофтанд ва баъд бар дарвозаҳои қалъа ҳуҷум бурданд ва такбиргӯён онро кушоданд. Ҳамон буд, ки такбирашон аз дохил бо такбири бародаронашон аз хориҷ ҳамсадо шуд.

Мусалмонон дар ҳангоми намози субҳ бар шаҳр рехтанд ва ҷанги сахте дар миёни тарафайн дар гирифт, ки таърих ҷангҳои назири онро камтар ба ёд дорад ва куштагони зиёде ба ҷо гузошт ва дар асное, ки ҷангҳои тан ба тан ҷараён дошт, ногаҳон Маҷзаа ибни Савр Ҳурмузонро дар соҳаи шаҳр бидид. Ӯ ба сӯи вай ҳамла кард ва бо шамшер ба сӯи вай тохт, то он ки мавҷе аз мудофиъонаш ӯро дар миёни худ нопадид сохт. Боз бори дигар намоён шуд. Ин бор низ ба сӯи вай тохт ва ҳамла кард. Маҷзаа ва Ҳурмузон ҳарду ба мубориза ва пайкор алайҳи якдигар шуданд ва ҳар як мекӯшиданд, то рақиби худро аз пой дароварад. Саранҷом шамшери Маҷзаа ба хато рафт ва шамшери Ҳурмузон ба ӯ бархӯрд ва Маҷзааро аз пой даровард. Ин қаҳрамони номии мусалмонон дар саҳнаи набард ба замин афтод ва аз ин ки ба ормони худ расида ва вазифаи хешро то ба охир анҷом дод, дилшод ва масрур буд ва бақияи лашкари мусалмонон ба набарди худ идома доданд, то ин ки Худованд фатҳу нусратро насибашон гардонд ва Ҳурмузон ба дасташон асир афтод. Муждадиҳандагон ба сӯи Мадина ба роҳ афтоданд, то амирулмӯъмининро ба ин пирӯзии бузург мужда диҳанд ва Ҳурмузонро, ки тоҷи мурассаъ аз ҷавоҳирот бар сар дошт ва ҷомаи зебо ва ороста бо нахдӯзӣ бар шона афканда буд, дар пешандоз карда, назди халифа бурданд, то ӯро ба вай нишон диҳанд ва ин муждадиҳандагон ҳамроҳ бо ин навид таъзия аз шаҳодати қаҳрамони номӣ Маҷзаа ибни Саврро низ ба вай тақдим доштанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *