Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Абуҳурайраи Давсӣ

Бидуни шак ҳар як аз мусалмонон ин кавкаби тобандае дар осмони саҳобаи киромро мешиносанд ва оё дар уммати Исломӣ касе ёфт хоҳад шуд, ки Абуҳурайраро нашиносад?

Мардум дар даврони ҷоҳилият ӯро ба номи Абдушамс мехонданд, вақте Худованд ӯро ба дини Ислом иззат бахшид ва ба мулоқоти Пайёмбари гиромӣ мушарраф сохт, ба ӯ гуфт:

Номат чист?

Гуфт: Абдушамс.

Ҳазрати Расули Худо (с) фармуд: Балки номи ту Абдураҳмон аст.

Гуфт: Падару модарам фидоят эй Расули Худо (с). Бале, Абдураҳмон дуруст аст.

Аммо сабаби кунияи вай ба Абуҳурайра ин аст, ки вай дар даврони кӯдакиаш гурбаи кӯчаке дошт ва бо он бозӣ мекард. Ва ҳамсолон ва ҳамқаторонаш ӯро ба ин ном мехонданд. Ва ин лақаб шӯҳрати бештаре ёфта ва аз ин рӯ бар номи аслиаш ғалаба ёфт.

Вақте пайванд ва иртиботаш бо ҳазрати Расули Худо (с) барқарор шуд ба хотири муонасаш ва лутф хушӣ ӯро аксаран ба номи Абуҳир садо мекард.

Ва аз ин рӯ вай Абуҳирро бар Абуҳурайра тарҷеҳ медод ва мегуфт: Дӯстам Расули Худо (с) маро ба ин ном фарёд мекард.

Ва ҳир (гурба) музаккар ва ҳурайра (пишак) муаннас аст. Ва музаккар бар муаннас бартарӣ дорад.

Абуҳурайра бинобар даъвати Туфайл ибни Амрӣ Давсӣ Ислом овардааст. Вай то шаш сол баъд аз ҳиҷрат дар диёри хаштан дар миёни қабилаи Давс ба сар бурд. Вақте ҷамъе аз қавмаш барои дидан ва мулоқоти ҳазрати Расули Худо (с) ба Мадина омаданд, низ худро бо онҳо ҳамроҳ сохт.

Аз ин рӯз ба баъд вай худро дар хизмати ҳазрати Расули Худо (с) гузошт ва ҳамсӯҳбати ӯро баргузид ва масҷидро сарпаноҳи худ гирифт ва Пайёмбар (с)-ро имом ва омӯзгори хеш, чун вай дар зиндагиаш на зан ва на фарзанде дошт ва на молу манол. Балки модари солхӯрдае дошт, ки бар ширки худ исрор меварзид. Вай пайваста ӯро ба Ислом даъват мекард ва дилаш ба ҳоли вай месӯхт ва аз некӣ ба вай худдорӣ намекард. Вале модараш аз вай нафрат мекард ва ӯро аз қабули ҳақ бозмедошт.

Ва Абуҳурайра дар ҳоле, ки аз ғаму андӯҳ ба ҷон меомад, ӯро ба ҳолаш мегузошт ва аз пайи кори худ мерафт.

Дар яке аз рӯзҳо ӯро ба имони ба Худо ва Пайёмбараш даъват кард. Вай дар бораи ҳазрати Расули Худо (с) калимае бар забон овард, ки ҳазрати Абуҳурайраро сахт такон дод. Ҳамон буд, ки гирякунон назди ҳазрати Расули Худо (с) омад. Ҳазрати Пайёмбар (с) ба ӯ гуфт: Чӣ шудааст?

Гуфт: Ман пайваста модарамро ба Ислом даъват мекунам ва вай аз қабули он сарпечӣ мекунад ва чун имрӯз вайро даъват додам дар бораи ту ҳарфе ба ман шунавонд, ки сабаби озурдагиам шуд. Аз Худованд бихоҳ, ки вайро ба Ислом ҳидоят кунад.

Ҳамон буд, ки ҳазрати Расули Худо (с) дар ҳаққи вай дуои хайр намуд.

Абуҳурайра гуфт: Вақте рӯ ба сӯи хона кардам ва хостам, ки дарвозаро бикушоям, дарвоза ба рӯям баста шуд. Ва ногаҳон садои шар-шари об ба гӯшам расид. Хостам, ки дохил шавам, модарам гуфт:

Абуҳурайра, дар ҷоят бимон ва дохил машав.

Баъд либосҳояшро пӯшид ва гуфт:

Дохил шав! Чун дохил шудам, гуфт:

Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва Расулуҳу. Аз шиддати хушӣ ва сурур ашк аз чашмонам фуруд омад, чунончи андак қабл аз ғаму андӯҳ мегиристам.

Ба ҳузури Пайёмбари Худо (с) баргаштам ва гуфтам: Ай Расули Худо (с) бароят мужда дорам… Худованд дуоятро иҷобат намуд ва модари Абуҳурайраро ба қабули Ислом ҳидоят кард…

Абуҳурайра ҳазрати Расули Худо (с)-ро чунон дӯст дошт, ки муҳаббаташ дар рагу ҷонаш ҷо гирифта буд ва аз назар кардан ба чеҳраи вай сер шудан надошт ва мегуфт: Ман ҳеҷ чизе ширинтар ва тобандатар аз чеҳраи он Ҳазрат (с.с.) надидаам. Вай чунон буд, ки гӯё офтоб дар чеҳраи вай дурахшидааст.

Ва ҳамеша Худовандро ҳамду ситоиш мегуфт, ки бар вай миннат ниҳодааст, ки шарафи сӯҳбати Пайёмбари гиромиашро дарёбад ва дини вайро пайравӣ кунад. Вай мегуфт: Ҳамду ситоиши Худоеро, ки Абуҳурайраро барои Ислом ҳидоят намуд. Ҳамд ва ситоиш Худоеро, ки бар Абуҳурайра Қуръон омӯхт.

Ҳамду ситоиш Худоеро, ки бар Абуҳурайра шарафи сӯҳбати Расули Гиромӣ (с.с.)-и худ бахшид. Ҳамон тавре, ки Абуҳурайра дилбохтаи ҳазрати Расули Худо (с) буд, дилбохтаи илму маърифат низ буд ва ҳусули онро одат ва орзӯи деринаи худ гардонида буд. Зайд ибни Собит дар бораи вай ривоят намуда гуфтааст:

Дар асное, ки ман ва Абуҳурайра ва яке аз дӯстони дигарам дар дохили масчид дуо ва зикри Худо мекардем, ногаҳон ҳазрати расули Худо (с) ба сӯи мо сар кашид ва ба тарафи мо рӯй овард, то он ки дар миёни мо нишаст. Мо ҳама хомӯш мондем. Пас гуфт: Ба коре, ки доштед, идома диҳед.

Пас ман ва дӯстам, қабл аз Абуҳурайра ба дуои худ идома додем. Ва ҳазрати Расули Худо (с) ба дуои мо омин мегуфт… Баъд Абуҳурайра дуо кард ва гуфт:

Худоё, ман он чиро аз ту мехоҳам, ки ин ду дӯстам аз ту суол намуданд ва аз ту илмро мехоҳам, ки фаромӯш нагардад..Ҳазрати Расули Худо (с) омин гуфт.

Гуфтам: Ва мо низ аз Худованд илмро талаб менамоем, ки фаромӯш нашавад.

Фармуд: Ба ин савол, ин баччаи Давсӣ бар шумо сабқат ҷӯст.

Ҳамон тавре, ки Абуҳурайра илмро барои худ дӯст дошт, ҳусули онро барои дигарон низ дӯст дошт…

Аз он ҷумла ин ки вай рӯзе ба бозори Мадина гузар намуд ва машғулияти мардум ба дуньё ва ғарқ шудан ба хариду фурӯш ва доду гирифти онҳо таваҷӯҳи ӯро ба худ ҷалб кард.

Пас бар болои сарашон истод ва гуфт: Эй аҳли Мадина чӣ чиз шуморо нотавон сохтааст?!

Гуфтанд: Дар мо чӣ нотавониро мушоҳида мекунӣ?

Гуфт: Мероси ҳазрати Расули Худо (с) тақсим мешавад ва шумо инҷо нишастаед…! Оё намеравед, ки саҳми худро бигиред!!

Гуфтанд: Эй Абуҳурайра, ин мероси вай дар куҷо тақсим мешавад?

Гуфт: Дар масчиди вай.

Ҳама ба суръат ба роҳ афтоданд ва Абуҳурайра дар ҷойи худ истод, то ин ки ишон баргаштанд. Вақте Абуҳурайраро диданд, гуфтанд: Эй Абуҳурайра, мо ба масчид рафтем ва дохили он шудем ва чизеро надидем, ки тақсим мешуд.

Ба онҳо гуфт: Оё касеро ҳам дар масҷид надидаед?!

Гуфтанд: Дидем… Мардумоне буданд, ки дар он намоз мехонданд ва ҷамъе ҳам тиловати Қуръон мекарданд. Ва мардуме ҳам пиромуни ҳалолу ҳаром сухан мегуфтанд…

Гуфт: Шуморо чӣ шудааст… Мероси Муҳаммад ҳамин чизҳост.

Ҳазрати Абуҳурайра ба сабаби инсирофаш ба фарогирии илм ва худ фориғсозиаш ба маҷолиси ҳазрати Расули Худо (с) чунон машаққати гуруснагӣ ва ташнагиро таҳаммул намудааст, ки ҳеҷ кас ба андозаи вай чунин таколиферо надидааст.

Вай дар бораи таколифи худ сухан ба миён оварда гуфтааст: Басо авқот гуруснагӣ он қадар маро ранҷ медод, ки бар сари роҳи асҳоби Расули Худо (с) менишастам ва ҳар кадом аз асҳоб, ки аз пеши рӯям мегузаштанд, ӯро аз ояте аз Қуръон савол мекардам – дар ҳоле, ки худ мафҳуми он оятро медонистам – то ба ин баҳона, вай моро ба таъомхӯрӣ даъват кунад.

Дар яке аз рӯзҳо гуруснагӣ сахт маро нороҳат сохт. Сангеро гирифта бар шикам бастам ва дар роҳи асҳоб нишастам. Абубакр аз пеши рӯям гузашт ва ӯро аз мафҳуми ояте пурсидам, то маро ба ин баҳона ба таъомхӯрӣ даъват кунад. Вай ҷавоби худ доду рафт.

Баъд ҳазрати Умар ибни Хаттоб омад. Ӯро низ аз мафҳуми ояте пурсидам. Ӯ низ роҳи худ бигирифт ва рафт. То он, ки ҳазрати Расули Худо (с) омад ва донист, ки ман дар чӣ ҳолати гуруснагӣ қарор дорам. Ба ман гуфт: Эй Абуҳурайра! Гуфтам: Ба хидмат омадаам, эй Расули Худо (с). Ва аз пайи вай даромадам, то он ки дохили хонаи вай шудем. Вай зарферо ёфт, ки дар он шир буд. Ба аҳли худ гуфт: Ин ширро аз куҷо овардаанд ? Гуфтанд: Фалон барои ту онро фиристодааст.

Фармуд: Эй Абуҳурайра назди аҳли суффа бирав ва онҳоро даъват кун. Ин фиристодани ман ба назди ишон дар нафсам маро хуш наомад ва бо худ гуфтам: Ин миқдор шир ба кадом як аз аҳли суффа хоҳад расид.

Ва ман орзу мекардам, ки як ҷуръа аз он бинӯшам, то қувват ёбам. Баъд ба сӯи онҳо биравам. Ба ҳар тартиб назди аҳли суффа омада ва онҳоро даъват намудем. Ишон рӯй оварданд. Вақте назди ҳазрати Расули Худо (с) нишастанд, фармуд: Эй Абуҳурайра, ин зарфро бигир ва ба ишон тақсим кун. Пас ман шурӯъ ба тақсими он намудам, то он ки ҳама аз он хӯрданд ва сер шуданд. Баъд зарфро ба ҳазрати Расули Худо (с) додам. Вай сари худро табассумкунон ба суям баланд кард ва гуфт: Ману ту боқӣ мондем.

Гуфтам: Дуруст фармудӣ. Эй ҳазрати Расули Худо (с) Фармуд: Бинӯш, пас нӯшидам.

Баъд гуфт: Бинӯш, пас нӯшидам.

Ва вай пайваста мегуфт, ки бинӯш ва ман менӯшидам, то он ки гуфтам: Қасам ба зоте, ки туро ба ҳақ фиристодааст, дигар ҷой намонд, ки онро бинӯшам.

Ҳамон буд, ки қадаҳро гирифт ва аз боқимондаи он нӯшид.

Аз ин кор муддати тӯлонӣ сипарӣ нашуда буд, ки хайру баракат бар мусалмонон борид ва ғаниматҳои фатҳ аз ҳар тараф ба сӯи ишон сарозер гардид. Ва Абуҳурайра соҳиби молу зиндагӣ ва зану фарзанд шуд.

Магар ин ҳама дар нафси хеш тинати вай кӯчактарин асаре накард ва рӯзҳои сахту душвори худро фаромӯш нанамуд. Ва чӣ басо мегуфт: Ятим бузург шудаам, фақирона ҳиҷрат кардам ва барои Бусра духтари Ғазвон танҳо ба нони шиками хеш муздурӣ намудам. Ва манн вақте ин қавм дар ҷойе фуруд меомаданд, хизматашонро мекардам ва вақте ба маркабашон савор мешуданд рикобашонро мегирифтам. Ва ахиран Худованд аз ин мардум ба ман ҳамсар дод…

Пас сипос Худойро, ки ин динро ба худ истода кард ва Абуҳурайраро барои он имом муқаррар намуд.

Абуҳурайра дар даврони ҳазрати Муовия ибни Абусуфён беш аз як мартаба ба сифати амири Мадина муқаррар шуд. Ва ин вилоят чизе дар мизоҷ ва табиат ва рӯҳи олӣ вай тағйире ба вуҷуд наёвард…

Вай рӯзе бар яке аз роҳҳои Мадина дар ҳоле, ки воли он буд ва ҳезум ба пушт дошт, мерафт. Гузараш ба Саълаба ибни Молик афтод ва гуфт: Эй Ибни молик, роҳро бар амиратон бикушоед. Саълаба ба ӯ гуфт: Худованд туро раҳмат кунад. Оё ин ҳама роҳ туро кифоят намекунад ? Боз ба ӯ гуфт: Роҳро бар амиратон ва ба пуштораи ҳезум, ки бар пушт дорад, бикушоед.

Абуҳурайра дар паҳлуи мақоми илмӣ ва баландмақоми нафси хеш аз тақво ва парҳезкории комил бархурдор буд. Ӯ рӯзро рӯза мегирифт ва шабро ба ибодат сипарӣ мекард. Ӯ сулси аввалро худ бармехост ва дар сулси дуввум ҳамсарашро бедор мекард ва дар сулси саввум духтарашро бедор менамуд. Ва ба ин тартиб ибодати вай дар тули шаб канда намешуд.

Абуҳурайра канизе дошт сиёҳчеҳра. Рӯзе ин каниз дар баробараш кори нодуруст намуд ва аҳлашро дар ғаму андӯҳ андохт. Тозиёна ба даст гирифт, то ӯро бизанад. Ва баъд ногаҳон аз задании вай худдорӣ намуд ва гуфт: Агар хавфи аз ман қисос гирифтани ту дар рӯзи қиёмат намебуд, туро ҳатман ба муқобили ин азияте, ки бар мо намудӣ, сахт лату кӯб мекардам. Аммо ба ивази ин кор туро хоҳам фурӯхт ва бо пули ту ҳоҷат ва ниёзи худро бароварда хоҳам сохт. Ва ман ба фурӯхтани ту шадидан зарурат дорам… Он гоҳ ба ӯ гуфт: Бирав туро барои Худо озод сохтам…

Духтараш ҳар вақт ба ӯ мегуфт: Эй падар, духтарон ҳамеша маро таъна зада мегӯянд, ки чаро падарат тур бо тилло ороста намесозад?

Вай дар ҷавоб мегуфт: Эй духтаракам, ба ишон бигӯ, ки падарам дар бораи ман аз шарораи оташи дузах бар худ метарсад.

Боз доштани Абуҳурайра аз оростани духтараш аз рӯи бухл ва мумсикӣ дар мол набуд. Чун вай дар роҳи Худо сахимард ва ҷавонтабиат буд.

Боре Марвон ибни Ҳакам сад динор тилло ба вай фиристод. Вақте шаб рӯз шуд Марвон касеро назди вай фиристод ва гуфт: Ходимам дар атои ин маблағ бароят хато намуда ва ман он маблағро барои ту нафиристода будам. Балки онро ба каси дигаре фиристодам, ки нафаҳмида дар дасти ту афтод.

Абуҳурайра дар ҷавоб барояш гуфт: Ба ҳар ҳисобе, ки будааст ман онро дар роҳи Худо ба сарф кардан ва танга ва диноре аз он шаб дар хонаам намондааст. Ва агар маошамро аз Байтулмол дарёфт доштам, онро аз ман биситон.

Марвон ин корро барои он намуда буд, ки ӯро биозмояд. Вақте дар пайи ҷустуҷӯ аз ин амр шуд, дарёфт, ки ҳадисаш дуруст будааст.

Абуҳурайра то вақте, ки зинда буд ба модараш некӯӣ мекард. Ва ҳар вақте ки аз хона берун мешуд ва ба дарвозаи утоқаш меистод ва мегуфт: Ассалому алайк ва рахматуллоҳ ва баракоту.

Ва модараш дар ҷавоб мегуфт: Ва алайка салом ва раҳматуллоҳ ва баракотуҳу.

Баъд Абухурайра ба ӯ мегуфт: Эй модар, Худованд туро раҳмат кунад, ки маро дар туфулиятам тарбия намудӣ.

Ва модараш мегуфт: Худованд туро низ раҳмат намояд, ки аз ҳеҷ накӯӣ ба ман дареғ наменамудӣ.

Боз вақте ба хонааш бармегашт ин ҳарфҳоро мегуфт.

Абуҳурайра сахт шавқманди даъвати мардум ба некии падару модар ва хешовандон ва наздикон буд. Вай рӯзе ду танро дид, ки яке аз ишон дар умр солхӯрдатар аз дигарӣ буд. Ва ҳар ду дар роҳ равон буданд. Вай дар хитоб ба хурдсоли он ду гуфт: Ин мард барои ту чӣ каробате дорад?

Гуфт : Вай падарам мебошад. Ба ӯ гуфт: Ӯро ба номаш махон.. Ва дар пеши рӯяш роҳ марав… Ва пеш аз вай манишин.

Вақте Абуҳурайра ба бемории марг мубтало шуд, гирист….

Ба ӯ гуфта шуд: Эй Абуҳурайра, омили гиряат чист? Чавоб дод: Ман ба хотири ин дунёатон намегирям…

Аммо ба хотири дурии сафар ва тӯшаи худ мегирям… Ман акнун ба поёни роҳ расидам, ки намедонам, маро ба биҳишт мебарад ва ё ба дӯзах.

Ва намедонам, ки бо кадом яке аз ин ду хоҳам буд?

Марвон ибни Ҳакам аз вай аёдат намуд ва ба ӯ гуфт: Эй Абуҳурайра, Худованд туро шифо бахшад.

Гуфт: Худоё ман ошиқи мулоқот ва дидори туам. Пас мулоқот ва дидори маро бипазир ва маро ба зудтарин фурсат назди худ бихоҳ… Марвон ибни Ҳакам ҳанӯз хонаи вайро тарк нагуфта буд, ки падруди ҳаёт гуфт.

Худованд Абуҳурайраро ғарқи раҳмат кунад. Вай барои мусалмонон якҳазору шашсаду нуҳ ҳадисро аз ҳазрати Расули Худо (с) ҳифз намуда Худованд ба вай подоши некӯ насиб фармояд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *