Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Дуъои қадам

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим

Дуъои қадам

Қадам расид бало нарасад. Илохӣ. тани сиҳҳат, хотири ҷамь, дили беғам ато намуда, гузаштагонамонро раҳмат ва мондагиҳоямонро ҷойнишини некон карда, дар паноҳи исмати худ нигоҳ дорӣ. Омин. Бираҳматика ё арҳамар-роҳимин.


Илоҳӣ, қадамҳои моро дар ин манзил неку бобаракат гардонӣ. Парвардигоро, барои ҷумлаи бандаи мӯъмину мусалмон тани сиҳҳату хотири ҷамъ ва дили бегам ато намуда, оқибати корҳояшонро ба хайр гардонӣ. Омин. Бираҳматика е арҳамар-роҳимин.


Ободии макон, сиҳҳату саломатии ин хонадону аҳли сӯҳбат. Худованд рафтагиҳоро раҳмат карда, қабрҳояшонро пурнур ва ҷойгоҳашонро ҷаннат кунад, мондагиҳоро ҷойнишини некон карда, қуръонхони гузаштагон кунад, тани сиҳҳату дили бегам ато кунад. Омин. Бираҳматика ё арҳамар-роҳимин.


Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим.

Раббӣ анзилний мунзилан муборакан ва анта хайрун мунзилин. Ба даргоҳи ин дӯсти азизамон қадам ранҷа намудем. Илоҳӣ, ба ин хонадон хайру баракат, меҳру муҳаббат, рӯзгори пур аз нозу неъмат, доимо сулҳу салоҳияту якдигарфаҳмӣ, фарзандҳои солеҳу умри дарози бобаракатро ато фармои. Ба ҳурмати Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *