Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Тарси оиша аз худо ва писанд накарданаш таърифу тавсиф ва мадҳу ситоишро

Оиша (р) дар волотарин мақомоти тарс аз Худованди азза ва ҷалла қарор дошт. Бо вуҷуди он, ки бисёр амалҳои хуб анҷом медод, нафси худро ба камамалӣ муттаҳам карда, худро дар ибодат муқассир мешуморид. Вай такя ва боварию эътимод ба аъмолаш ва фазилатҳояш ва таърифу тавсифи мардум накарда, балки таввакулу эътимод бар Худо дошт. Ба мисли Расули Худо(с) шаб чунон намоз мегузорид, ки пойҳояш варамида буд. Дар чунин ҳолат ба Расулуллоҳ(с) гуфта буданд, ки чаро ин қадар худро азият медиҳӣ, ҳол он ки Худо гуноҳони пешинаву ояндаи шуморо мағфират кардааст?.

Расули акрам (с) мефармуд:

«Оё ман бандаи шукургузор набошам».

(Ин ривояти Бухориву Муслим аст)

Аз Заквон, дарбону пардадори Оиша ривоят аст, ки мегӯяд: Рӯзе Абдуллоҳ ибни Аббос омад ва аз Оиша иҷозати духул пурсид. Назди Оиша рафтам ва дар наздаш Абдуллоҳ ибни Абдурраҳмон ибни Абубакр писари бародараш истода буд.

Гуфтам:

  • Ибни Аббос омадааст ва иҷозати даромадан мепурсад. Писари бародараш, ки хурдсол буд, худро ба оғуши Оиша андохту гуфт:
  • Ибни Аббос иҷозат мепурсад.

Оиша гуфт :

  • Маро ба ҳолам гузор.

Заквон мегӯяд:

  • Эй модарҷон! Ибни Аббос, ки аз фарзандони хубу арзандаи шумост, ба шумо салом мегӯяд ва мехоҳад бо шумо хайру хӯш бикунад.

Оиша мефармояд:

  • Агар хоҳӣ, ба вай иҷозати даромадан бидеҳ.

Заквон гуфтааст:

  • Ман ибни Аббосро даровардам.

Чун даромад гуфт:

  • Башорат бод туро, ки миёни ту ва мулоқоти Муҳаммад(с) ва дӯстон ҷуз баромадани ҷон аз ҷасад дигар монеае нест. Ту дӯсдоштатарин ҳамсари Расули Худо будӣ ва Расули акрам (с) ба ҷуз покиву некӯӣ чизеро дӯст намедошт.

Оиша гуфт:

  • Бале, ҳамин тавр аст.

Ибни Аббос гуфт:

  • Гарданбанди ту дар «Абвоъ» афтид ва Расули акрам (с) касро фиристод, то онро ҷустуҷӯ карда биёбанд. Пас, он гурӯҳ об наёфтанду Худованди азза ва ҷалла ин оятро фиристод, ки: «Фатаяммаму саъидан тайибо»

Сухани Худо:

«Пас бо хоки пок таяммум кунед»

(Сураи Нисо, ояи 43.)

Ин рухсат ва осониро Худо ба баракати ту ба ин уммат арзонӣ дошт. Пас, чун Мистаҳ бо дигарон туро тӯҳмат карданд, Худованд барои исботи покии ту аз болои ҳафт осмон оятҳо нозил кард. Ҳеҷ масҷиде нест, ки магар қиссаи ту шабонарӯзӣ дар он ёд нашавад. Оиша(р) гуфт:

  • Эй писари Аббос! Ту маро ба ҳолам гузор ва ба таърифу тавсиф ва мадҳу ситоиши ман напардоз. Қасам ба Аллоҳ, ки дӯст медорам, ки шахси аз ёдҳо фаромӯшшуда бошам23.

(Ҳадиси саҳеҳ бо ривояти Ибни Ҳаббон)

Ҳазрати Умар гуфтааст:

«Шахсро дар ҳузураш таърифу тавсиф кардан, мисли куштани ӯст».

(Таҳзибулҳиля, с.272,ҷ.1. Сифатуссафва, с.358,ҷ.1.)

Аз Урва ривоят аст, ки Оиша гуфт:

  • Эй кош, шахси аз ёдҳо фаромӯшшуда мебудам.

(Шаъбул-имон, с.486.ҷ.1.)

Чашмонам чӣ гуна ором хоб кунанд,

Ки маълумам нест кадоме аз он ду маҳал марост. Оё зи аҳли дӯзахам ва ё худ биҳиштиям, Ман бехабар зи инам, ки ҷоям дар куҷост?.

ПОРАЕ АЗ НИЁИШ ВА ИБОДАТҲОИ ОИША (Р)

Аз падари Урва ривоят аст, ки Оиша чанд муддатеро пайи ҳам рӯза медошт.

Қосим ибни Муҳаммад ибни Абубакр мегӯяд:

— Чун саҳар аз хоб бедор мешудам, аввал хонаи Оиша рафта салом медодам. Боре рафтам, дидам, ки рост истода ва намоз мегузорад ва ин оятро мехонад:

«Фаманналлоҳу алайно ва ваққоно ъазобассамум»

Сухани Худо:

«Пас Худо бар мо миннат ниҳод ва моро аз азоби самум нигаҳ дошт».

(Сураи Тур, ояи-27)

Оиша мехонду дуъо мекарду мегирист ва боз ҳамин оятро такрор мекард. Дуру дароз истодаму монда шуда, барои ҳоҷате роҳии бозор шудам. Ҳоҷатамро бароварда баргаштам, ҳоло ҳам Оиша дар намоз буд ва ҳамон тавр мегирист.

(Сифату Сафва, с. 355,ҷ.1.)

ЁДЕ АЗ ПАРҲЕЗКОРӢ ВА ҲАЁИ24 ОИША(Р)

Аз худи Оиша (р) ривоят аст, ки гуфтааст:

  • Ман ба хонае, ки Расулуллоҳ (с) ва падарам Абубакр гӯронда шуда буданд медаромадам ва чодарамро мегирифтам. Мегуфтам:
  • Танҳо шавҳару падарам ҳастанд.

Чун Умарро дар он ҷо ба хок супориданд, қасам ба

Худо, ба он ҷо намедаромадам, магар дар ҳоле, ки бо

23 Ҳадис:«Уҳсу фӣ афвоҳил маддоҳина туроба», яъне дар даҳони таърифу тавсифчиён ва мадҳу ситоишгарон хок бипошед.

либосам худамро сахт мепечондам ва пурра сатр мекардам. Аз Умар шарм медоштам.

(Дар «Мишкот-ул-масобеҳ», с.276Ҷ1.) (Ин ҳадис бо ривояти имом Аҳмад омадааст). Худи Оиша мегӯяд:

  • Марде ба дари хонаам омад ва иҷозаи даромадан хост. Вай аз ҷиҳати ширхорагӣ амакам мешуд. Ман вайро иҷозати даромадан надодам ва гуфтам, ки то омадани расули Худо (с) интизор шавад.

Чун Расулуллоҳ (с) омад, гуфтам:

  • Амаки разоъии ман омаду иҷозати даромадан хост, аз ҳаё ба вай иҷоза надодам. Расули Худо гуфт:
  • Метавонад амакат ба назди ту дарояд.

Ман гуфтам:

  • Охир маро зан шир додааст, на мард.

Боз Расулуллоҳ (с) гуфт:

  • Вай амакат мешавад ва метавонад ба назди ту дарояд.

(Ин ҳадис бо ривояти Бухорӣ ва Муслим омадааст).

ФАРМУДАҲОИ ОИША ПИРОМУНИ АХЛОҚИ ХУБ

Аз Оиша ривоят аст, ки гуфт:

— Даҳ чиз аз ахлоқи карима ба ҳисоб меравад. Ин ахлоқ гоҳе дар ғулом ҳасту дар хоҷааш нест ва дар каси гумному ношинохта ҳасту дар шахси машҳур ёфт

24Ҳадис: «Алҳаёу минал-имон»

(Ҳадис бо ривояти Муслим ва Тирмизӣ). Алҳаёу хайрун куллуҳу. «Ҳаё саросар хубист», яъне ҳар чанд бештар бошад, ҳамон қадар беҳтар аст.

намешавад ва дар камтарин нафари қавм вуҷуд дораду меҳтару сардори қавм аз он маҳрум аст. Он ахлоқи воло ва гиромӣ инҳоянд: 1. Ростгӯӣ;

  • Адои амонат;
  • Росткорӣ;
  • Сабр дар сахтӣ;
  • Эҳтиром ва ба ҷо овардани ҳуқуқи ҳамнишин;
  • Икром ва адои ҳуқуқи ҳамсоя;
  • Ато ба мусибатзадагон;
  • Хӯрок додан ба мискинон;
  • Нармӣ бар ғулому канизону зердастон; 10. Некӣ ба падару модар.

Дар ривояти дигар чунин аст. Даҳ чиз аз ахлоқи бузурги инсонӣ дарак медиҳад:

1-ростгӯӣ; 2-далерӣ; 3-ҳақҷӯӣ; 4-адои амонат;

5-амонатдорӣ; 6-силаи раҳм; 7-робита бо хешовандон; 8-мукофот дар баробари хубиҳо; 9-ҳуқуқи ҳамнишинро риоя намудан; 10-меҳмондорӣ. Сари ин ҳама некиҳо ҳаё ва шарм аст.

(Балоғотуннисо, с. 29.)

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *