Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Муборизи бузурги набарди Бадр

Яке аз рӯзҳои ‎ муҳим ва ба ёдмондании садри Ислом рӯзи воқеаи ‎Бадр аст. Ҳам‎он рӯз , ки ҷанги нобаробаре дар ҳоли вуқӯъ буд ва Расулуллоҳ ‎(с­­) ба ҳам‎роҳии 313 тан аз ёрони гаронқадраш мебоист дар муқобили ‎ лашкаре, ки аз назари таҷҳизот ва омодагии низомӣ бар сипоҳи Расулуллоҳ ‎(с) бартарӣ дошт вориди маърака шаванд. Ба ростӣ бисёр сахт ва тоқатфарсо буд, аммо Расулуллоҳ ‎(с) таваҷҷӯҳашро аз асбоби зоҳирӣ қатъ намуда, ба Холиқи ғолиб‎у тавоно рӯй овард ва аз ӯ нусрату кӯмак талаб кард. Расулуллоҳ ‎(с) бо чашмони пур аз ашк, бо дили пур аз сӯз даст ба дур бардошт ва фармуд: Бор илоҳо! Агар имрӯз ин мусалмонҳоро нусрат нафармоӣ, чи касе Исломро ба дигарон бирасонад? Агар имрӯз инҳо ‎қатли ом шаванд, Ислом аз байн меравад… теъдоди мусалмонон дар он вақт ‎фақат ‎ҳамин афроде буданд, ки дар Бадр ҳузур ‎доштанд. Ба изофаи чанд нафаре , ки ба ҷоҳои дигаре рафта буданд. Парвардигори ҷаҳониён дуои Паёмбарашро иҷобат намуд ва бо лашкариёни хеш лашкари Исломро дар Бадр тақвият ва ёрӣ кард:

(إِذْ تَسْتَغِيثُونَ رَبَّكُمْ فَاسْتَجَابَ لَكُمْ أَنِّي مُمِدُّكُمْ بِأَلْفٍ مِنَ الْمَلائِكَةِ مُرْدِفِينَ)

( Эй мӯъминон ба ёд оред) замонеро, ки ( дар майдони корзори Бадр аз шиддати нороҳатӣ) аз Парвардигори хеш дархости кӯмак ва ёрӣ ва ӯ дархости шуморо пазируфт, ( ва гуфт): ман шуморо бо як ҳазор фаришта кӯмаку ёрӣ медиҳам‎, ки ин гурӯҳти ҳазор нафарӣ гурӯҳҳои мутаъаддиди дигареро пушти сар доранд.[1]

.( وَلَقَدْ نَصَرَكُمُ اللَّهُ بِبَدْرٍ وَأَنْتُمْ أَذِلَّةٌ فَاتَّقُوا اللَّهَ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ * إِذْ تَقُولُ لِلْمُؤْمِنِينَ أَلَنْ يَكْفِيَكُمْ أَنْ يُمِدَّكُمْ رَبُّكُمْ بِثَلاثَةِ آلافٍ مِنَ الْمَلائِكَةِ مُنْزَلِينَ)

Ва Худованд шуморо дар (ҷанги) Бадр пирӯз гардонид ва ҳол он ки (нисбат ба кофирон) ночиз ( ва аз шумори андаке бархурдор) будед, пас аз Худо битарсед , то шукри (неъмати) ӯро битавонед ба ҷо биёваред. Бадон гоҳ‎, ки ту ба мӯъминон мегуфтӣ : Оё шуморо басанда нест, ки Парвардигоратон бо се ҳазор аз фариштагон фиристода (аз сӯи хеш барои оромии хотиратон) ёриатон кард? [2]

Бо ин тавсифи мухтасар аҳам‎ияти ҷанги Бадр ва мақому манзалати афроде, ки дар он ширкат доштанд, зоҳир гашт. Худованди субҳон ба сабаби аҳам‎ияти ҳузур ‎дар чунин маъракае, ки ба ростӣ фақат ‎имони қавӣ ва ишқ ба Расулуллоҳ ‎(с) буд, ки одамонро дар он ҷо нигаҳ медошт, аз тамоми аҳли Бадр эъломи ризоият намуд, ва ба онҳо ‎ ваъдаи ғуфрон, бахшиш ва биҳиштро дод.

Сипоҳи Ислом дар ин ҷанг ҳафтод шутур ва ду асп ( ҳафтоду ‎савораи низомӣ) дар ихтиёр дошт, ки ба дастури Расулуллоҳ ‎(с) аспҳоро ба ҳазрати ‎Зубайр (р) ва ҳазрати ‎Миқдод (р) вогузор карданд, то ин ду мубориз ва диловар росту чапи лашкарро бипоянд.

Ҳазрати ‎Зубайр (р) дар ин ҷанги сарнавиштсоз рашодатҳо ‎ва ҷонфишониҳоеро аз худ нишон дод, ки мавриди қабули Парвардигори ҷаҳониён воқеъ шуд ва Худованд малоикаро бо ҳамон шакл ва симои ҳазрати ‎Зубайр (р) ба майдони ҷанг эъзом намуд. Ва ин масъала нишонаи мақбулияти ҳазрати ‎Зубайр (р) аст ва яке аз бузургтарин ифтихороте аст, ки насиби ин бузургмарди таърих шудааст. Ибни Асир дар “Асад-ул-ғоба ” менависад:

شهد الزبیر بدراً و کان علیه عمامه صفراء معتجزاً بها، فقال النبی رضي الله عنه ((ان الملائکه نزلت یومئذ علی سیماء الزبیر))

Ҳазрати ‎Зубайр (р) дар маъракаи Бадр ҳузур ‎дошт, дар ҳоле‎, ки аммомаи зардрангро бар сараш баста буд. Паёмбар (с) фармуд: Ба ростӣ имрӯз фариштагон бо шаклу симои Зубайр дар ин маърака ҳозир ‎ шуданд.[3]


[1] Анфол, 9.

[2] Оли Имрон, 123-124.

[3] Асд-ул- ғоба, ҷилди 2, саҳ 104.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *