Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Абуаюби Ансорӣ

Номи аслии ин саҳобии гиромиқадр Холид ибни Зайд ибн Кулайб аст ва ба қабилаи бани Наҷҷор нисбат дорад. Кунияаш Абуаюб ва мансуб ба Ансор аст, чи аз мо мусалмонон касе нест, ки Абуаюб Ансориро нашиносад?

Худованд номи ӯро дар Шарқ ва дар Ғарб баланд сохт ва мақому манзилаташро дар миёни махлуқоташ рифъат бахшид, ба тавре ки ҳазрати Расули Худо дар нахустин марҳалаи қудумаш ба Мадина аз миёни ҳама ҷамъияти мусалмонон хонаи Абуаюбро баргузид ва онро маъво гирифта, ки ҳамин ифтихор ӯро кофист.

Дар фуруд омадани ҳазрати Расули Худо дар хонаи Абуаюб ҳикояти шигифтангезест, ки такрор ва ёдоварӣ аз он рӯҳро лаззат мебахшад ва қалбро фурӯғ медиҳад. Вақте ҳазрати Расули Худо ба Мадина расид, қалбҳо ба дидор ва мулоқот бо вай дар тапиш буд ва чашмҳо ба қудумаш дӯхта шуда буд ва ҳар кадом шавқу рағбати онро дошт, ки меҳмони вай шавад, то хидмати ӯро кунад ва ифтихори меҳмондориашро касб намояд ва дилҳояшонро барои мақдами вай кушоянд, то дар умқи он ҷояш диҳанд ва дарвозаҳои худро кушоданд, то дар беҳтарини он фуруд ояд.

Аммо ҳазрати Расули Худо чанд рӯзе дар Қубо атрофи Мадина ба сар бурд, ки дар ин муддат масҷид бино намуд, ки Қуръон аз он ба номи «масҷиди тақво» ёд намудааст.

Баъд ҳазрати Расули Худо рӯзҳое чанд салалоҳу алайҳи вассалам шутуро худро савор шуд ва аз он баромад, сарон ва бузургони Ясриб ба истиқбол аз ҳазрати Паёмбар саллалоҳу алайҳи ва саллам дар атрофии кӯчаҳо берун шуданд ва ҳар кадом тамаъи он дошт, ки ифтихори нузули вай дар хонаи хешро дарёбад.

Ва ҳар кадом сари роҳи он ҳазрат – саллаллоҳу алайҳи ва саллам гирифта ва илтимос мекард, ки дар хонааш меҳмон шавад ва мегуфтанд, эй Расули Худо назди мо бо ҳамаи он чи бо худ дорӣ ва ҳамроҳонат ташриф овар ва мо ба ҳар қимат аз ту посдорӣ мекунем. Ва ҳазрати Расули Худо ба ишон мегуфт: Шутурамро ба ҳоли худаш бигзоред, ки ӯ худ маъмурияте дорад.

Шутури он ҳазрат ба роҳи худ идома медод ва чашмҳо ба сӯяш дӯхта шуда буд, ки дар куҷо фуруд хоҳад омад ва дилҳо аз шавқу шӯре, ки нисбат ба ҳазрати Расули Худо дошт, дар худ метапид ва чун аз ҷавори хона мегузашт аҳли он дар худ эҳсоси афсурдагӣ мекард, ки чаро ҳазрати Расули Худо дар хонааш фуруд намеояд ва чун ба хонаҳои ҳамҷавори он мерасид, умед дар дили аҳли он зинда мешуд, ки шояд дар хонааш фуруд ояд.

Шутури он ҳазрат – салаллоҳу алайҳи ва саллам бо ин ҳол ба роҳи худ идома дод ва мардум аз паи вай равон буданд. то бубинанд, ки ин саодат дар тақдири чи касе аз аҳли ин шаҳр навишта шудааст, то он ки шутур бар майдони васеъе, ки дар пеши рӯйи хонаи Абуаюби Ансорӣ қарор дошт, расид ва дар он ҷо зону зад ва ба замин хобид… Аммо ҳазрати Расули Худо аз фарози вай поин нашуд.. Ҳамон буд, ки шутур дубора аз ҷой бархост ва равон гардид ва ҳазрати Расули Худо ҷилави шутур раҳо карда буд, дере нагузашт, ки шутур боз ба ҳамон мавзеъи аввалаи худ баргашт ва зону зад ва хобид.

Дар чунин фурсате шодӣ ва сурур дили Абуаюби Ансориро фаро гирифт ва бо суръат худро ба ҳазрати Расули Худо саллаллоҳи алайҳи ва саллам расонид ва ӯро хайра мақдам гуфт ва бору банди ӯро бо худ бардошт ва ба хона овард.

Хонаи Абуаюб думанзила буд. Дар табақаи болоии он матоъ ва сомони худашон буд, ки дар он басар мебурданд. Вай он ҳамаро гирифта ба зер интиқол дод, то ҷойгоҳи ҳазрати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва салламро дар он ҷо биёроянд ва худашон дар манзили аввал зиндагӣ кунанд. Аммо ҳазрати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам табақаи аввалро баргузид ва ба онҳо гуфт, ки худашон дар табақи болоӣ зиндагӣ кунанд. Ҳазрати Абуаюб хостаи он ҳазратро пазируфт ва ҳазрати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва салламро дар ҷое, ки худаш писандида буд, гузошт. Ва чун шаб фаро расид ва ҳазрати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба бистари худ ташриф бурд, Абуаюб ва ҳамсараш ба табақаи болоӣ рафтанд ва ҳанӯз дарвозаро ба рухи худ набаста буданд, ки Абуаюб мутаваҷҷеҳ шуд, ки муртакиби иштибоҳе шудааст. Вай рӯ ба сӯи ҳамсари худ намуд ва гуфт: Медонӣ, ки мо ҳарду муртакиби чи коре шудаем?

Оё ин маъқул аст, ки Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар зери пои мо бихобад ва мо дар болои вай ба сар барем? Ва оё дуруст аст, ки бар болои сари вай роҳ равем? Оё ин дуруст аст, дар миёни Паёмбар ва ваҳй ҳоил воқеъ шавем? Агар чунин кунем, дарвоқеъ худро ба дасти хештан дар ҳалокат афкандаем: Ва ба ин тартиб зану шавҳар ҳарду аз кардаашон дар ҳайрат афтоданд ва надонистанд, ки он шабро чи гуна ба поён расонанд. Ва то гӯшаеро, ки дар табақаи боло буду аз фарози ҳазрати Расули Худо (с) як сӯ буд, интихоб накарданд, дилҳояшон ором нашуд. Ва худро дар ин нуқтаи аз утоқ ҳабс карданд ва агар зарурате барояшон пеш меомад, ба нуги ангуштон ба ҷониби девор рафту омад мекарданд ва аз рафтан дар миёнаи утоқ комилан худдорӣ карданд, ки нашавад қадамашон бар болои сари Расули Худо (с) баробар шавад.

Вақте шаб ба поён расид, Абуаюб ба ҳазрати Расули Худо (с) гуфт: Қасам ба Худо, ки имшаб хоб на бар чашми ман ва на бар чашми Уми Аюб роҳ ёфт.

Ҳазрати Расули Худо (с.) фармуд: Чаро?

Гуфт: Мутаваҷҷеҳ шудам, ки мо дар утоқе ба сар мебарем, ки худат дар зери он хобидаӣ. Аз он бим кардем, ки агар ҳаракат кунем, гарду ғубор бар сару рӯят хоҳад рехт ва ба ин тартиб асбоби азиятатро фароҳам менамоем ва матлаби дигар ин, ки ман дар миёни ту ва ваҳй ҳоил воқеъ шудам.

Ҳазрати Расули Худо (с) фармуд: Хотир осуда дор эй Абуаюб. Ин табақаи поин барои ман муносибтар аст, чун мардум бадиданиманзиёд меоянд ва ба ин лиҳозин ҷой барои ман муносиб аст.

Абуаюб гуфт: Пас ман қавли ҳазрати Расули Худо (с) пазируфтам, то он ки шаб фаро расид, ки сахт сард буд. Ва кӯзаи мо шикаст ва обаш дар табақаи болоӣ фурӯ рехт. Ман ва Умми Аюб бархостем, то пеши обро бигирем, ки ба зер нагузарад. Чизе ҷуз як чодаре, ки ба сифати болопӯш аз он истифода мекардем, надоштем. Бо ин чодар обро хушк кардем, аз тарси он ки мабодо бар сари ҳазрати Расули Худо (с) фурӯ резад. Ва чун субҳ, шуд ба ҳузури ҳазрати Расули Худо (с) рафта гуфтам: Падару модарам фидоят. Маро хуш наояд, ки дар болои сарат ба сар барам ва ту дар пойини пойи мо бихобӣ. Ва баъд кӯза ва рехтани обро ба вай қисса намудам. Хоҳишам пазируфт ва ба табақаи дуввумӣ рафт. Ман ва ҳамсарам Уми Аюб ба табақаи пойин омадем.

Ҳазрати Расули Худо (с) дар хонаи Абуаюб тақрибан ҳафт моҳ ба сар бурд, то он ки бинои масҷиди шарифаш дар майдоне, ки шутураш дар он ҷо зону зада буд, ба поён расид ва ба ҳуҷраҳое, ки дар перомуни масҷидаш барои вай ва ҳамсаронаш сохта буданд, гузашт.

Абуаюб ҳазрати Расули Худо (с)-ро сахт дӯст медошт. Ва ҳазрати Расули Худо (с) низ Абуаюбро чунон дӯст медошт, ки такаллуферо, ки дар миёни вай ва Абуаюб мавҷуд буд, аз миён бурд ва хонаи вайро чун хонаи худ тасаввур мекард.

Ибни Аббос ҳадис баён намуда гуфт: Рӯзе ҳазрати Абубакри Сиддиқ (р) дар гармии чошти рӯз аз хона ба сӯи масҷид берун шуд. Ҳазрати Умар (р) чун вайро бидид, гуфт: Эй Абубакр, чи чиз туро дар ин вакти рӯз аз хона берун овард? Ҳазрати Абубакр гуфт: Шиддати гуруснагӣ маро дар ин вақти рӯз аз хона берун сохтааст. Ҳазрати Умар гуфт: Қасам ба Худо, ки моро низ ҷуз шиддати гуруснагӣ чизи дигаре берун насохтааст.

Дар ин асное, ки ишон саргарми ин сӯҳбат буданд, ҳазрати Расули Худо (с) берун шуд ва фармуд: Чӣ чизе шуморо дар ин вакти рӯз аз хона берун сохтааст?!

Гуфтанд: Қасам ба Худо, ки шиддати гуруснагӣ моро дар ин вақти рӯз аз хона берун сохтааст.

Ҳазрати Расули Худо (с) фармуд: Қасам ба Зоте, ки ҷонам дар дасти вай аст, ҷуз ҳамин чиз дигар ҳеҷ омиле дар ин вақт маро аз хонаам берун насохтааст.

Бархезед ва бо ман биёед. Аз ҷой бархостанд ва ба сӯи хонаи Абуаюби Ансорӣ рафтанд. Абуаюб одат дошт, ки ҳиссаи таъоми ҳазрати Расули Худо (с) –ро нигоҳ медошт. Ва чун аз мавъиди муқаррараш таъхир мекард, онро барои аҳли худ медод. Ишон чун ба дарвозаи Абуаюб расиданд, Умми Аюб ба истиқболи ишон баромад ва гуфт: Паёмбари Худо ва ҳамроҳонаш хуш омаданд. Ҳазрати Расули Худо (с) фармуд: Абуаюб куҷост? Абуаюб, ки дар он наздикӣ ба дарахти хурмое машғул буд, садои ҳазрати Расули Худо (с) шунида, шитобон ба сӯи ишон омад ва гуфт: Паёмбари Худо (с) ва ҳамроҳонаш хуш омаданд. Баъд боз илова намуда гуфт: Ин вақти омадани шумо набуд. Ҳазрати Расули Худо (с) фармуд: Дуруст гуфтӣ. Баъд Абуаюб ба сӯи дарахти хурмои худ рӯй овард ва шохаи хурмоеро, ки дар он хурмои тоза ва наврас ва хушк ҳама ҷамъ буд, бурид. Ҳазрати Расули Худо (с) фармуд: Ман хушдори он набудам, ки ин шохаро бибурӣ, чаро хурмои хушки онро барои мо начидӣ?

Абуаюб гуфт: Эй Расули Худо (с), маро хуш омад, ки аз хурмои хушк ва тоза ва наврас тановул намоӣ. Ва барои меҳмондорӣ аз шумо забҳ хоҳам намуд.

Ҳазрати Расули Худо (с) фармуд: Агар чизеро забҳ карданӣ бошӣ, набояд ҳайвони ширдеҳ бошад. Пас Абуаюб бузғолаеро гирифт ва забҳ кард ва ба ҳамсараш гуфт: Хамир кун ва барои мо нон бипаз. Ва ту худ медонӣ, кӣ чи гуна нон барои мо мепазӣ. Баъд ниме аз ин бузғоларо пухта ва ними дигарро бирён кард. Вақте таъом пухта шуд ва онро дар назди ҳазрати Расули Худо (с) ва он ду ёраш гузошт. Ҳазрати Расули Худо (с) қитъае аз гӯштро гирифта дар миёни ноне гузошт ва гуфт: Эй Абуаюб, ҳарчи зудтар ин қитъаи таъомро ба Фотима бирасон, ки вай аз чанд рӯз ин сӯ чизеро начашидааст.

Вақте ишон таъомро истеъмол карданд ва сер шуданд, ҳазрати Расули Худо (с) фармуд: Нон ва гӯшт, хурмои хушк ва хурмои наврас ва хурмои тоза! Ин бигуфт ва ашк аз чашмонаш ҷорӣ шуд ва гуфт: Қасам ба Зоте, ки ҷонам дар дасти вай аст, ин ҳамон неъматеаст, ки дар рӯзи қиёмат аз он пурсида хоҳад шуд.

Вақте чунин неъмате бароятон муяссар гардад ва дасти худ дар он задед, бигӯед: Бисмиллоҳ. Ва чун сер шудед, бигӯед: Алҳамдулиллоҳи лази ҳува ашбаъно ва анъама алайно фаафзала.

Баъд аз ҷой бархост ва ба Абуаюб гуфт: Фардо ба наздам биё.

Ҳазрати Расули Худо (с) одат дошт, ки касе ба вай эҳсон мекард, ӯро беподош намегузошт, магар он, ки ба вай эҳсон мекард. Аммо Абуаюб ин ҳарфи вай нашунид. Ва ҳазрати Умар ба ӯ гуфт: Эй Абуаюб, ҳазрати Расули Худо (с) туро амр кард, ки фардо наздаш биравӣ. Абуаюб гуфт. Ба сару чашм амри Расули Худо (с)-ро ба ҷо хоҳам овард.

Ва чун фардо шуд, Абуаюб ба ҳузури ҳазрати Расули Худо (с) рафт ва каниздухтаракро, ки хидмати вай менамуд, ба вай ҳадя дод. Ва гуфт: Эй Абуаюб, бо ин канизак муомилаи нек намо, зеро то вақте ин канизак назди мо буд, ҷуз хайр ва некӣ аз вай чизе надидаем.

Абуаюб бо ин канизаки хурдсол ба хона омад. Вақте ҳамсараш Умми Аюб ӯро дид, гуфт: Эй Абуаюб ин канизак аз кист? Гуфт: Ин канизак аз мост. Ва Расули Худо (с) вайро ба мо бахшидааст. Умми Аюб гуфт: Чӣ бахшандаи бузургворе ва ҳадяи гаронқадре. Абуаюб гуфт: Ҳазрати Расули Худо (с) дар хусуси вай ба мо супориш ба хайр намудааст.

Ҳамсараш гуфт: Бо ин чи муомилаи нек анҷом диҳем, ки супориши Расули Худо (с) дар мавриди вай ба ҷо ояд.

Абуаюб гуфт: Барои амалӣ сохтани супориши ҳазрати Расули Худо (с) беҳтар аз ин намеёбем, ки вайро озод созем.

Ҳамсарам гуфт: Дуруст гуфтӣ. Роҳи савоб низ ҳамин аст ва ту муваффақ ҳастӣ ва баъд вайро озод сохт.

Инбуд баъзе дар гӯшаҳои зиндагии Абуаюби Ансорӣ дар ҳолати оромиш ва сулҳ ва агар паҳлӯҳои ҷангии ин абармардро варақ занем, қаҳрамониҳо ва диловариҳои шигифтангезро аз вай хоҳем дид.

Абуаюб (р) дар тӯли зиндагии хеш муҷоҳид ва мубориз зист. Вай аз даврони ҳазрати Паёмбар (с.) то замони ҳазрати Муовия (р) аз ҳеҷ ҷанге, ки мусалмонон бо душман доштанд, тахаллуф наварзидааст. Магар он ки ӯро ҳоҷате пайдо шуда бошад.

Ва охирин ғазвааш ҳамон буд, ки ҳазрати Муовия лашкареро ба сарварии писараш Язид барои фатҳи Қустантиния тартиб дод. Ва Абуаюб дар он вақт марди кӯҳансол шуда, умраш дар ҳудуди ҳаштод расида буд. Ва ин кӯҳансолӣ ӯро аз он боз надошт, ки дар таҳти ливои Язид барои ҷиҳод мавқеъ нагирад ва дар мавҷи баҳр дар роҳи Худо ҷиҳод нанамояд. Аммо дере аз қитол бо душман нагузашт, ки бемор шуд ва ӯро аз идомаи қитол бознишаста сохт. Язид ба ъиёдати вай омад ва аз вай пурсид, ки чи ҳоҷате дорӣ эй Абуаюб?!

Гуфт: Саломамро ба лашкари мусалмонон бирасон ва ба ишон бигӯ, ки васияти Абуаюб ба шумо ин аст, ки дар сарзамини душман то охир пешравӣ кунед ва вайро бо худ бубаред ва дар зери қадамҳоятон дар наздикии деворҳои Қустантиния ӯро дафн кунед, ин васият бигуфт ва рӯҳаш аз баданаш ҷудо шуд.

Лашкари мусалмонон васияти ӯро ба ҷо оварданд ва ба қувваи душман ҳамлаҳои пайи ҳам анҷом доданд, то ин ки ба деворҳои Қустантиния дар ҳоле, ки ҷанозаи Абуаюбро ҳамроҳ бо худ бардошта буданд, расиданд ва дар он ҷо дар зери деворҳои Қустантиния ӯро дафн карданд.

Худованд Абуаюби Ансориро ғарқи раҳмати худ созаду дар ҳоле, ки пирамарди кӯҳансоле буд, ки ҳаштод сол умри худро пушти сар ниҳода буд, вале бо васфи он завқ ва иштиёқи том барои шаҳид шудан дар роҳи Худоро дошт ва саранҷом ба матлаб ва орзуи худ ноил гардид.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *