Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Умми Салама

Медонед, ки Умми Салама кист? Умми Салама падараш аз сарони номвар ва маъруфи бани Махзум ва яке аз сахимардони Араб аст, ки камтар аз сахиён метавонанд ба пояи ӯ расанд. Саховат ва ҷуди вай ба ҳадде расида буд, ки ӯро ба номи Тӯшаи мусофир лақаб дода буданд, чун вақте мусофирин қасди диёри ӯ менамуданд, ҳамроҳ бо худ тӯша намегирифтанд.

Ва шавҳари Умми Салама Абдуллоҳ ибни Абдуласад яке аз даҳ ёри биҳиштии собиқадорони ислом аст. Чун қабл аз вай ҷуз иддаи маҳдуде амсоли Абубакр ва ғайра, ки теъдоди ишон аз шумори ангуштони зиёд набуд, ба ислом сар нагузошта буданд.

Номи аслии Умми Салама Ҳинд аст. Аммо кунияаш, ки Умми Салама аст, шӯҳрат ёфтааст.

Умми Салама ҳамроҳ бо шавҳараш имон овард ва дар радифи собиқадорони ислом қарор гирифтааст.

Ҳамин ки хабари имон овардани Умми Салама ҳамроҳ бо шавҳараш дар миёни мардум паҳн шуд, хашму ғазаби Қурайш ба ҷӯш омад ва оташи интиқом ва азоби худро ба онҳо фурӯ рехтанд. Вале бо васфи ин ҳама қасоват ва бераҳмие, ки дар бораи ин ду анҷом доданд, азму тасмими ишон дар идомаи ин роҳ тағйир наёфт ва бо истиқомат ва пойдорӣ ба ин оин вафодор ва собитқадам монданд ва шакку тардид ҳаргиз дар хаёли онҳо нагузашт.

Вақте азобу шиканҷаи Қурайш ба авҷи худ расид ва ҳазрати Расулуллоҳ (с) ба ёрони худ иҷозаи ҳиҷрат ба диёри Ҳабашаро дод, ин ду дар пешопеши онҳо қарор гирифтанд.

Умми Салама ва ҳамсараш Абдуллоҳ Маккаро ба қасди диёри ҳиҷрат пушти сар ниҳоданд ва ҳама ному нишони зиндагӣ ва кошонаро ба қасди ризои Аллоҳ тарк гуфтанд ва роҳи худ ба сӯи Ҳабаша дар пеш гирифтанд.

Бо васфи он ки Умми Салама ва ҳамроҳонашон аз ҳимоят ва пуштибони Наҷошӣ, подшоҳи Ҳабаша бархурдор буданд ва дар паноҳи вай зиндагии ором ва осуда доштанд. Вале бо вуҷуди ин ҳама оромиши дилаш ба қасди диёри маҳбубаш Макка сарзамини нузули ваҳй метапид ва аз набудани худ дар канори ҳазрати Расули Худо ин сарчашма ҳидоёти инсонҳо дар худ эҳсоси нороҳатӣ менамуданд.

Баъди хабарҳои мутавотири мабни бар ин, ки ба теъдоди мусалмонон дар Макка афзуда шуда ва ислом овардани Ҳамза ибни Абдумуталлиб ва Умар ибни Хаттоб бо шаъну шавкати мусалмонон афзуда ва андаке аз зулм ва истибдоди Қурайш коста шудааст, ба муҳоҷирине, ки Ҳабаша буданд, расид. Биноан бар ин дастаи аз онон қасди бозгашт ба Маккаро намуданд. Умми Салама ва ҳамсараш дар пешопеши ин ҷамъи бозгашткунандагон қарор доштанд.

Аммо вақте ишон ба меҳани худ бозгаштанд, дарёфтанд, ки хабарҳое, ки дар ин хусус шунидаанд, чандон асосе надошта ва дар он муболиға карда шудааст ва зулму таъаддии Қурайш ба ҳамон паймонаи аввалиаш ҷараён дошта ва Ислом овардани Ҳамза ва Умар якбора ба душмании ин оин ва иноди Қурайш афзудааст.

Аз ин рӯ, мушрикин дар азобу шиканҷаи мусалмонон ҳунарнамоӣ намуданд ва бо шеваҳои аҷибе онҳоро дар динашон мавриди азияту озор қарор доданд, ки қаблан назири онро надида буданд.

Дар чунин фурсат буд, ки ҳазрати Расули Худо (с) барои асҳоб ва ёронаш иҷоза дод, то ба Мадина ҳиҷрат кунанд. Ва Умми Салама ва ҳамсараш тасмим гирифтанд, ки дар сафи аввалин ҳиҷраткунандагон қарор гиранд, то аз азияту озори Қурайшиён худро халос намоянд.

Аммо ҳиҷрати Умми Салама, он тавре ки фикр мекард, кори саҳлу осон набуд. Балки ҳиҷрати вай аз сахттарин ҳиҷратҳо буд, ки шояд камтар кас чунин мусибат ва аламро дар ҳиҷрати худ дида бошад.

Ва мо акнун риштаи суханро ба худи Умми Салама мегузорем, то худ саргузашти талху ногувори хешро, ки аз ғаму андӯҳ аст ба мо ҳикоят намояд. Чун асос худаш нисбат ба ҳар асоси дигар дақиқтар ва балеғтар аст ва метавонад мавзӯъро ҳамон тавре, ки буда, аст ба мо бозгӯ ва ҳикоят намояд.

Умми Салама гуфт: Вақте Абу Салама – шавҳараш азми ҳиҷрат ба Мадина намуд, шутуреро ба ӯ омода сохт ва маро бар он савор намуд ва фарзандам Саламаро, ки тифли хурдсол буд, дар бағалам гузошт ва худ ҷилави шутур бигрифт ва бидуни кадом маътале ба роҳ афтод ва саъй бар он дошт, ки ҳарчи зудтар худро аз ин диёр берун созад.

Ва қабл аз он ки аз Макка берун шавем, касоне аз Бани Махзум, ки ман худ аз он қабила будам, сари роҳамонро гирифта ва ба Абу Cалама гуфтанд: Агар ту худро аз дасти мо наҷот медиҳӣ, ин занро, ки марбути қабилаи мост, ба куҷо мебарӣ? Ва мо ба чӣ далел туро иҷоза диҳем, кӣ ин занро бо худ гирифта ва ба диёри дур ва бегона бибарӣ?!

Баъд ишон бар вай ҳамла намуда ману тифламро ба шиддат аз дасти вай кашида гирифтанд.

Вақте касон аз қабилаи ҳамсарам Бани Абдуласад ин ҳолатро диданд, ки қавм ману тифламро аз шавҳарам ҷудо сохтанд, ишонро ба ин ҳолат рашк омад ва сахт барошуфтанд ва гуфтанд: Қасам ба Худо, мо нахоҳем гузошт, ки ин тифл дар дасти шумо буда бошад, аз он ҷойе, ки падараш аз қабилаи мост, лизо тифлаш ба мо тааллуқ мегирад. Ва ин фарзанд азони мост ва мо ба гирифтани вай нисбат ба ҳар каси дигар ҳақдортарем.

Баъд ба ман ҳамла бурда ва тифлам Саламаро аз дастам рабуданд ва бо худ бурданд ва дар тайи чанд лаҳза дидам, ки мо се танро ба ин тартиб аз ҳам ҷудо сохта ва чун саҳме дар ҷиҳати ҳар як аз онон тақсим шудем. Ва ман худро якка ва танҳо ёфтам. Ҳамсарам сӯи Мадина фирор намуд. Ва фарзандам Бани Абдуласадро базӯр аз ман рабуданд ва ман худ дар қабилаи хеш мисли асир мондам. Ва дар тайи чанд лаҳза дар миёни ману ҳамсарам ва фарзандам ҷудоӣ афганданд.

Аз ҳамин рӯз сар карда ҳар субҳ ба ин саҳро мебаромадам ва дар он ҷое, ки ин ҳодиса сурат гирифта буд, ба шигифт меомадам ва ҳодисаи он рӯзро пайваста ба хаёлам мегузаронидам. Ва ба рӯзи сиёҳ ва бахти вожгуни худ ашк мерехтам, кӣ чи гуна дар зарфи чанд дақиқа дар миёни ману фарзандам ва ҳамсарам ҷудоӣ афганданд. Ва пайваста дар он ҷо рӯзи худро сипарӣ мекардам, то онки сиёҳии шаб хайма мезад ва баъд ба ҷойгоҳи худ бармегаштам.

Бо ин ҳол тақрибан як солро сипарӣ кардам, то он ки рӯзе гузари яке аз амакзодаҳоям бар ман афтод. Ва ин ҳолати зори маро дид, дилаш бароям сӯхт ва бар ҳолам тараҳҳум намуд ва ба наздиконам гуфт: Чаро ин зани бечораро раҳо намекунед, ӯро аз ҳамсар ва фаразандаш ҷудо кардед ва ин вазъро то чӣ вақт дар бораи вай раво медоре? Вай пайваста эҳсосот ва тараҳҳуми ононро нисбат ба ман ҷалб менамуд ва дилҳои ононро бо ҳарфҳои муассири хеш нарм месохт, то он ки бароям гуфтанд: Агар хоҳӣ, ки бо шавҳарат бипайвандӣ, монеъе дар сари роҳи ту вуҷуд надорад.

Аммо чи гуна бароям мумкин буд, ки ба шавҳарам бипайвандам, дар ҳоле, ки фарзандам дар Макка дар қабилаи Бани Абдуласад ба сар бибарад?!

Бароям чи гуна мумкин аст, ки ғаму андӯҳамро хомӯш созам ва чашмамро аз ашк боз дорам ва ҷигаргӯшаам дар Макка бошад ва аз аҳволи вай чизе надонам?

Баъзе мардум чун ин ҳоли зори маро диданд, дилашон сӯхт ва дар бораи фарзандам бо Бани Абдуласад хайрхоҳӣ карданд ва тараҳҳуми ононро нисбат ба ман ҷалб намуданд.

Ҳамон буд, ки ишон фарзандам Саламаро ба ман доданд.

Нахостам, ки дар Макка ба қасди ёфтани ҳамсафар ба сӯи Мадина зиёд интизорӣ бикашам ва аз он тарсидам, ки мабодо ҳодисаи тоза иҷод шавад, ки маро аз пайвастан ба шавҳарам дар Мадина боздоранд ва ба ин лиҳоз саъй намудам, ки ҳар чи зудтар худро барои сафар омода кунам. Ҳамон буд, ки бар шутури худ савор шудам ва тифламро дар оғӯш гирифтам ва ба қасди Мадина аз Макка берун шудам. Ва аз ҳеҷ кас ҷуз Худованд дар ин сафар бо ман ҳамроҳ набуд ва якка ва танҳо ба роҳ афтодам.

Ва чун ба Танъим расидам, бо Усмон ибни Талҳа рӯ ба рӯ шудам. Вай бароям гуфт:

— Эй духтар, бетӯша ба куҷо мехоҳӣ сафар кунӣ?!

Гуфтам: Мехоҳам назди шавҳарам, ба Мадина сафар кунам.

Гуфт: Оё касе туро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунад?

Гуфтам: На, ҷуз Худованд ва ин тифл, ки дар оғӯшам дорам, дигар ҳеҷ яке бо ман ҳамсафар нест.

Гуфт: Қасам ба Худо, ҳаргиз туро танҳо нахоҳам гузошт, то он ки туро дар Мадина нарасонам. Баъд зимоми шутурамро бигирифт ва ба роҳ афтод.

Қасам ба Худо, ҳаргиз ба ҳеҷ яке аз мардони Араб ҳамроҳ нашудаам, ки каримтару шарифтар аз вай буда бошад. Вай вақте ба ҷое мерасидем шутурро мехобонд ва баъд худ ба гӯшае мерафт, то он ки ман аз шутур фуруд меомадам, вакте аз шутур дуртар мерафтам, вай меомад ва борро аз шутур поён мекард ва шутурро дар дарахте мебаст. Ва баъд худ дур мерафт ва дар зери дарахте дуртар аз ман мехобид.

Ва чун вакти сафар фаро мерасид, аз ҷой бармехост ва шутурамро барои ҳаракат омода месохт ва онро барои савориам мефиристод ва худ аз ман дур мешуд ва мегуфт: Шутурро савор шав ва чун бар шутур савор мешудам ва худро бар он баробар месохтам, меомад ва ҷилави шутурро мегирифт ва ба роҳ меафтод.

Вай то вақте ки ба Мадина расидем, чунин мекард ва чун ба наздикии Мадина расидем ва қаряии Қубо, ки бани Амру ибни Авф дар он ба сар мебурд, ба чашмамон хӯрд ва гуфт: Шавҳарат дар ин қария аст ва бо баракати Аллоҳ дар ин қария дохил шав ва баъд худ ба сӯи Макка баргашт.

Ин хонаводаи аз ҳам пошида баъд аз як фироқи тӯлонӣ дубора гирди ҳам ҷамъ омаданд ва чашмони Умми Салама бо дидани шавҳараш равшан шуд ва Абу Салама ба ёфтани зан ва фарзандаш хушҳол ва масрур гардид… ва рӯзҳо пушти ҳам мегузашт ва ҳаводис пайи ҳам иҷод мешуд.

Ҳодиса ва набарди рӯзи Бадр фаро мерасид ва Абу Салама дар он ширкат мекунад ва солиму пирӯзманд ҳамроҳ ба соири мусалмонон бармегардад.

Ва баъд ҷанги Ухуд ба вуқуъ мепайвандад ва АбуСалама қаҳрамониҳои беназире аз худ нишон медиҳад, вале сахт маҷрӯҳ мешавад. Ба табобати ҷароҳати худ мепардозад то он ки зоҳиран захмҳояш беҳбудӣ меёбанд, аммо аз дохил захмҳояш чирк мекунанд, саранҷом бар бистар меафтад.

Ва дар асное, ки АбуСалама захмҳои худро муолаҷа мекунад, бар ҳамсараш мегӯяд! Эй Умми Салама аз ҳазрати Расули Худо шунидам, ки мегуфт: Ҳеҷ якеро мусибате намерасад ва инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъунро дар вақти ин дуъо (Аллоҳума индака иҳтасабту мусибати ҳозиҳи, алллоҳума халифни минҳо хайран минҳо) намехонад, магар он ки Худованд дуъои вайро иҷобат намуда, барояш ивази беҳтар медиҳад… Яъне, эй Парвардигори ман, аҷри ин мусибати худро аз ту мехоҳам. Худоё, дар бадали ин мусибат ивази беҳтар аз он бароям бидеҳ.

Абу Салама чанд рӯзе дар бистари бемориаш сипарӣ намуд ва дар яке аз рӯзҳо ҳазрати Расули Худо (с) ба аёдати вай омад. Ҳанӯз аз аёдати вай фориғ нашуда ва ба дарвозаи хонааш нарасида буд, ки Абу Салама падруди ҳаёт гуфт:

Ҳазрати Расули Худо (с) бо ҳарду дастони муборакаш чашмони ӯро бубаст ва чашми худ ба осмон баланд намуда гуфт:

— Худоё, Абу Саламаро мағфират кун ва дараҷаи ӯро дар зумраи муқарраб он баланд соз ва дар миёни бозмондагон дар аҳл ва фарзандаш ҷонишини беҳтар гузор.

Ва ману ӯро бибахшой, эй Парвардигори оламиён. Худоё, қабрашро васеъ ва мунаввар гардон.

Аммо Умми Салама ин ҳадисро, ки Абу Салама аз ҳазрати Расули Худо (с) ривоят намуда буд, ба ёд овард ва гуфт: Аллоҳумма индака иҳтасабту мусибати ҳозиҳи.

Аммо Умми Саламаро хуш наомад, ки ин дуоро комилан бихонад…

Яъне, Худоё беҳтар аз онро бароям иваз деҳ. Зеро вай аз худ савол мекард, ки чи кас барои вай беҳтар аз Абу Салама шуда метавонад?

Аммо дере бар вай сипарӣ нашуда буд, ки Худованд такмили дуоро дар ҳаққи вай бидуни он ки ба он дуо кунад, ба вай ато намуд…

Мусалмонон ба мусибати Умми Салама чунон ғамгин ва афсурда шуданд, ки то он дам ба мусибати ҳеҷ яке чунон ғамгин ва афсурда нашуда буданд. Ва бар вай лақаби беваи Араб гузоштанд.

Чун мисли вай дар Мадина ҳеҷ яке чунин набуд, ки тифлҳои кӯчаки бидуни сарпараст дар канор дошта бошад.

Муҳоҷирин ва Ансор ҳар ду ҳаққи Умми Саламаро бар худ эҳсос намуданд. Вақте иддаои Умми Салама поён ёфт, ҳазрати Абубакри Сидиқ аз ӯ хостгорӣ кард. Умми Салама хостгории ӯро напазируфт…

Баъд ҳазрати Умар ибни Хаттоб ба хостгории вай рафт. Вай хостгории Умарро низ рад кард.

Сипас ҳазрати Расули Худо (с.) ба хостгории вай рафт. Умми Салама дар ҷавоб гуфт: Эй Расули Худо (с), дар ман се хислат ҷамъ аст. Ман зане ҳастам, ки сахт барошуфта мешавам. Аз он тарсам, ки аз ман чизеро бубинӣ, кӣ хашми туро барорад ва Худованд маро ба он азоб кунад.

Матлаби дуввум ин, ки ман дар синни миёнсолӣ қадам гузоштам.

Ва матлаби саввум ин, ки ман зане ҳастам, ки фарзанд ва авлод дорам.

Ҳазрати Расули Худо (с) фармуданд.

— Аммо он чи, ки дар бораи қаҳр ва хашмат ёдовар шудӣ, аз Худованди азза ва ҷалла мехоҳам, ки онро аз ту дур кунад.

Аммо он чи, ки аз солхӯрдагии худ ёдовар намудӣ, ман низ чун ту солхӯрда шудаам. Ва аммо он чи, ки аз фарзанд ва авлоди худ ёдоварӣ намудӣ, масориф ва нафақаи онҳо бар дӯши ман бод. Баъд Расули Аллоҳ (с.) бо Уми Салама издивоҷ намуд. Ва Худованд дуои он ҳазратро иҷобат кард. Ва Худованд ивази беҳтар аз шавҳарашро насиби вай сохт.

Аз он рӯз сар карда Ҳинди Махзумӣ дигар танҳо Салама набуда, балки модари ҳамаи мусалмонон шуд. Худованд рӯҳи Умми Саламаро дар биҳишт шодобтар ва тозатар созад ва аз вай розӣ бод.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *