Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Суҳайби Румӣ

Аз мо ҷамъи мусалмонон кист, ки Суҳайби Румиро нашиносад ва ба бахше аз саргузашти зиндагии вай огаҳӣ надошта бошад? Аммо он чиро, ки бисёре аз мо намедонад, ин аст, ки Суҳайб румӣ набуд, балки Суҳайб араби холис буд, ки падараш аз қабилаи Нумайр ва модараш аз қабилаи Бани Тамим буд ва ин ки чӣ гуна Суҳайб ба Румӣ нисбат ёфтааст, достоне дорад, ки таърих онро нигаҳ дошта ва ҳифз намудааст. Дар ҳаволии ду даҳа қабл аз биъсат ё Синон ибни Молики Нумайрӣ аз тарафи Кисро, императори Форс зимоми умури шаҳри Айларо ба даст дошт ва маҳбубтарини фарзандонаш тифле буд, ки умраш аз панҷ сол зиёд набуд ва Суҳайб ном дошт. Суҳайб чеҳраи тобон ва мӯи тиллоӣ дошт. Писарбачае буд ҳушёр ва шӯхмиҷоз, дар чашмонаш осори наҷобат ва зиракӣ медурахшид. Дар паҳлӯи ин ду сифат вай хуштабъ ва ширинзабон буд ва бо ҳаракатҳо ва ҳарфҳояш осори ғаму андӯҳи салтанатро аз дили падар мезудуд.

Модари Суҳайб бо фарзандони кӯчак ва ҷамъе аз ходимон ва ҳашами хеш ба қаряи Сахӣ, ки дар сарзамини Ироқ ҷойгир шудааст, сафар намуд, то андак дар онҷо роҳат кунад. Ногаҳон дастае аз гурӯҳҳои ҷангҷӯи лашкари Румӣ ба қария ҳамла намуданд ва посдоронашро ба қатл расонида амволашро ба ғорат бурданд ва зану фарзандонашро ба асорат гирифтанд ва дар ҷумлаи ин асирон Суҳайб низ шомил буд.

Суҳайбро дар яке аз шаҳрҳои Рум бурда, дар бозори ғуломфурӯшон ба фурӯш расид ва ҳаводиси рӯзгор ӯро даст ба дасти хоҷагон мегардонид ва хидмати онон менамуд ва сарнавишти вай ба сони сарнавишти оммаи ғуломон буд, ки қасрҳои билоди Румро пур намуда буданд.

Ин гардиши даҳр ба Суҳайб фурсати онро мусоид сохт, то ба қаъри ҷомеъаи румиён нуфуз намояд ва аз дохил ба расму анъанаҳои онон иттилоъ ҳосил кунад. Вай ба чашми сар дид, ки дар дохили ин қасрҳо фаҳшо ва фасод чӣ қадарҳо густариш ёфтааст ва зулмҳо ва ситамгариҳоро, ки дар он ҷо сурат мегирифт, мешунид. Аз ин рӯ, вай ин ҷомеаро, ҷомеаи паст ва ҳақир шумурд ва дар худ нисбат ба он нафрат пайдо кард. Вай бо худ мегуфт: Чунин ҷомеъаро ҷуз тӯфон чизи дигаре пок нахоҳад сохт.

Бо вуҷуди он, ки Суҳайб дар ҷомеаи Рум рушд ёфта ва калон шуда буд ва дар миёни аҳолии ин диёр зист ва бо вуҷуди ин, ки вай наздик буд забони арабиро фаромӯш намояд, вале бо васфи ин ҳама вай ҳаргиз ин матлабро аз ёд набурд, ки вай аслияти арабӣ дорад ва аз фарзандони саҳроии Араб аст.

Ӯ ҳамеша дар шавқи он буд, ки рӯзе фаро расад, ки худро аз асорати ғуломӣ озод созад ва аз насими гуворои озодӣ нафас бикашад ва бо аҳлу қавми худ бипайвандад ва он чи ки бештар бар шуур ва шавқи вай ба баргашт ба билоди Араб меафзуд ин буд, ки вай аз коҳин ва коҳинони насоро шунида буд, ки ба яке аз хоҷагонаш мегуфт: Акнун вақт ва замони он фаро расидааст, ки Паёмбаре аз Макка дар ҷазираи Араб сар бардорад ва рисолати ҳазрати Исо (а)-ро тасдиқ намояд ва мардумро аз торикиҳо ба сӯи нур ҳидоят кунад.

Баъд барои Суҳайб фурсати он муяссар гардид, ки худро аз ғуломии арбобони хеш наҷот дода, ба сӯи Макка, биъсатгоҳи Паёмбари мунтазир роҳи фирор пеш гирад.

Вақте Суҳайб дар ин шаҳр раҳли иқомат афканд, мардум вайро ба хотири вазнинии забон ва мӯи тиллоиаш Суҳайби Румӣ лақаб доданд. Суҳайб бо сардоре аз сардорони Макка, ки Абдуллоҳ ибни Ҷудъон ном дошт, ҳампаймон гардид ва бо ҳам дар шуғли тиҷорат машғул шуданд ва аз ин роҳ хайри зиёде ва моли касиреро касб намуд. Аммо ин шуғли тиҷорат ва пешаварӣ он суханро, ки коҳини насронӣ гуфта буд, аз ёди Суҳайб набурда буд ва ҳар вақте, ки сухани вайро ба ёд меовард, бо шӯру шавқ аз худ мепурсид: Ин амр чӣ вақте таҳқиқ хоҳад ёфт. Дере нагузашт, ки ҷавоби саволи худро пайдо кард. Дар яке аз рӯзҳо Суҳайб аз яке аз сафарҳои худ ба Макка баргашт ва ба ӯ гуфта шуд, ки Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) ба Паёмбарӣ мабъус гардида ва ба даъват оғоз намуда ва мардумро ба ибодати Худованди воҳид ва тарки бутҳо хонда ва онҳоро ба адл ва эҳсон амр ва аз фаҳшо ва мункар наҳй мекунад.

Суҳайб ба худ гуфт: Оё ин ҳамон кас нест, ки мардум ба вай лақаби Амин додаанд?

Гуфтанд: Бале, вай ҳамон шахс аст. Суҳайб гуфт: Ҷояш дар куҷост?

Ба вай гуфта шуд: Дар дори Арқам Ибни Абиарқам назди кӯҳи Сафо. Аммо эҳтиёт кун, ки аз касе Қурайш туро дар роҳи хонаи вай бубинад. Агар туро бубинанд, чунину чунон хоҳанд намуд ва ту марде ҳастӣ бегона ва касе надорӣ, ки аз ту дифоъ кунад. Суҳайб бо сад эҳтиёт роҳи хонаи Арқам, дар пеш гирифт ва бисёр мутаваҷҷеҳ буд, ки касе ӯро набинад ва чун ба он ҷо расид, Аммор ибни Ёсирро дар наздики дарвозаи вай дид.

Вай қабл аз ин низ ӯро мешинохт. Андаке тардид намуд, баъд ба вай наздик шуд ва гуфт: Эй Аммор, дар ин ҷо чӣ мехоҳӣ?

Аммор гуфт: Балки ту бигӯ, ки чӣ мехоҳӣ?

Суҳайб гуфт: Мехоҳам бар ин шахс иҷозаи духул ёбам ва ҳарфе, ки мардумро ба он даъват медиҳад аз вай бишунавам. Аммор гуфт: Ман ҳам ҳамин матлабро дорам.

Суҳайб гуфт: Пас биё, ки бо ҳам якҷо ба баракати Худо дохил шавем. Суҳайб ибни Синои Румӣ ва Аммор ибни Ёсир ба ҳузури ҳазрати Расули Худо (с) дохил шуданд ва ба ҳарфҳои Паёмбари Худо (с) гӯш доданд. Аз шунидани ҳарфҳояш нури имон дар қалбашон тобид ва бо якдигар дар дароз намудан дастҳои хеш барои байъат ва иқрори шаҳодати Ло илоҳа илаллоҳу Муҳаммаду расулуллоҳ сабқат ҷустанд ва он рӯзро дар назди вай ба сар бурданд ва аз сарчашмаи зулоли раҳнамудҳояш ҷуръаҳо кашиданд ва аз сӯҳбаташ нафъҳо бурданд.

Вақте шаб рӯй овард ва рафту омади мардум кам шуд ва авзоъ ором гардид, дар ҳоле, ки ҳар як аз ин ду чунон нуреро дар синаи худ ҷамъ карда буданд, ки ба тобиши ҳамаи дунё кифоят кунад, дар торики шаб аз наздаш баромаданд. Суҳайб мисли соири ҳамфикрони хеш чун Билол, Аммор, Сумайя, Хаббоб ва ғайра баҳраи худ аз азобу шиканҷаи Қурайшро дарёфт ва бо оғӯши боз ва пешонии кушода ин ҳама заҳмат ва ранҷҳоро пушти сар гузошт ва сабру бурдбориро аз даст надод, чун медонист, ки роҳи ҷаннат пӯшида ба заҳмат ва нороҳатиҳост. Вақте ҳазрати Расули Худо ба ёронаш иҷоза дод, ки ба Мадина ҳиҷрат намоянд, Суҳайб тасмим гирифт, ки ҳамроҳ бо ҳазрати Паёмбар ва Абубакр ҳамсафар шавад. Аммо Қурайш аз тасмими вай огоҳ шуд ва монеъ аз расидан ба орзуяш гардиданд ва касонеро вазифадор кардаанд, ки ӯро зери назар дошта бошанд ва нагузоранд, ки аз дасташон равад ва пул ва тилло ва нуқраеро, ки аз тиҷорати худ ба даст овардааст, бо худ бибарад.

Баъд аз ҳиҷрати ҳазрати Паёмбар (с) ва ҳазрати Абубакр (р) Суҳайб мунтазири дарёфти фурсате буд, то битавонад роҳи фирор пеш гирад. Аммо чашмҳои нигаҳбонон пайваста ба ӯ дӯхта шуда буд ва ҳамаи ҳаракотҳои вайро зери назар доштанд. Суҳайб дид, ки чорае барои таҳқиқи ин ҳадаф вуҷуд надорад, лизо даст ба ҳилае зад, ки аз он тариқ битавонад ба матлабаш даст ёбад. Дар яке аз шабҳое, ки ҳаво хеле сард буд, рафтан ба қазои ҳоҷатро зиёд такрор кард ва чунон вонамуд сохт, ки гӯё вай ба бемории исҳол гирифтор шуда бошад. Баъзе аз назоратчиёни вай миёни ҳам гуфтанд: Хуш бошед, ки Лот ва Уззо вайро ба бемории исҳол гирифтор сохтааст. Ин ҳарф бигуфтанд ва ба хобгоҳи худ рӯй оварданд ва ба хоб рафтанд. Суҳайб аз ин фурсат истифода намуд ва оҳиста худро аз миёнашон кашид ва рӯ ба сӯи Мадина ниҳод. Дере аз ин фирори Суҳайб нагузашта буд, ки нозирони вай огоҳ шуданд ва ба роҳ афтоданд, то он ки тавонистанд ӯро дарёбанд.

Вақте Суҳайб донист, ки ишон аз пайи вай равонанд, дар ҷойи баланде истод ва тирҳои хеш аз ширдони худ берун овард ва камони худ омода сохт ва гуфт: Шумо хуб медонед, ки мисли ман ҳеҷ як нишонзане ёд надоред. Қасам ба Худо, ҳеҷ яке аз шумо ба ман наздик намешавад, магар он ки бо ҳар тири хеш фард фарди шуморо аз пой дароварам ва он гоҳе агар тирам тамом шавад, бо шамшер то вақте ки ҷон дар бадан дорам, бо шумо хоҳам ҷангид.

Яке аз онҳо гуфт: Қасам ба Худо, туро нахоҳем гузошт, ки ба ҷон ва моли худ аз дасти мо раҳо ёбӣ. Ту касе будӣ, ки ба Макка фақир ва бенаво омадӣ ва акнун ба ин ҳад соҳиби мол ва сарват шудӣ.

Суҳайб гуфт: Ба ман бигӯед, агар мол ва сарватамро ба шумо бигузорам, маро ба роҳи худ хоҳед гузошт?

Гуфтанд: Бале.

Баъд онҳоро ба ҷое, ки моли худро дар Макка дар хонааш пинҳон намуда буд, раҳнамоӣ намуд. Вақте ба он ҷо расиданд, онро ёфта гирифтанд. Суҳайб бепарво ва бебок аз моле, ки дошт ва аз дасташ рафт, шитобон ба сӯи Мадина роҳ мерафт ва ҳар вақте, ки хастагӣ оиди ҳолаш мешуд, шавқи пайвастан ба ҳазрати Расули Худо (с) дар дилаш қувват меандохт. Боз ҳаракати худро аз сар мегирифт ва чун ба Қубо расид, ҳазрати Расули Худо (с) ӯро дид ва хушӣ ва сурур дар чеҳрааш намоён шуд ва табассумкунон ба ӯ гуфт: “Рабиҳа-л-байъу ё Або Яҳё, рабиҳа-л-байъ” ва ин калимаро се бор такрор намуд. Аз шунидани ин ҳарф хушӣ ва сурур дар чеҳраи Суҳайб намудор шуд ва гуфт: Қасам ба Худо, ай ҳазрати Расули Худо (с), ҳеҷ касе пеш аз ман ба ту наомадааст, то аз ин байъ ба ту хабар диҳад ва ҳақиқат ин аст, ки Ҷабраил (а) туро аз ин қисса огоҳ сохтааст.

Ҳақиқатан, байъи вай фоида намуд ва ин ҳақиқатро ваҳй осмонӣ таъйид намуд ва Ҷабраил (а) бар ин фоида гувоҳӣ додааст. Ба тавре ки дар бораи Суҳайб ин қавли Аллоҳ таъоло нозил гардида (Бақара: 207). Хушо ба ҳоли Суҳайб ибни Синои Румӣ, Худованд ба дараҷоти вай бияфзояд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *