Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Абуубайда Ибни Ҷарроҳ

Абуубайда ибни Ҷарроҳ дорои чеҳраи тобон, рӯи зебо, ҷисми наҳиф, қомати тавил ва абрӯҳои кашида буд, ки бинандаро ба худ ҷалб менамуд. Ва рӯҳи одамӣ бо дидораш улфат мегирифт ва қалбаш аз вай итминон меёфт. Дар паҳлӯи ин сифот вай дорои муомилаи нек, тавозӯъи беҳад ва ҳаёи шадид буд. Аммо вақте мушкиле пеш меомад ва бӯҳрони он иҷод мешуд, чунон менамуд, ки гӯё вай шери ғурранда аст. Вай дар тезӣ ва қотеъият ба дами шамшер шабоҳат дошт. Ин шахс ҳамоно амини Муҳаммад, Омир ибни Абдуллоҳ ибни Ҷарроҳ Феҳрӣ аст, ки ба Абуубайда шӯҳрат ёфтааст. Абдуллоҳ ибни Умар ӯро тавсиф намуда гуфтааст: Се тан аз қурайшиён беш аз ҳама хубрӯ ва беш аз ҳама хушахлоқ ва беш аз ҳама боҳаёанд. Агар бо ту сухан гӯянд, ба ту дурӯғ намегӯянд. Ва агар ту бо ишон сухан гӯӣ, ҳарфатро дурӯғ намепиндоранд. Абубакри Сиддиқ ва Усмон ибни Аффон ва Абуубайда ибни Ҷарроҳ. Абуубайда аз собиқини аввалин ба Ислом аст. Вай дар рӯзи дуввуми исломи Абубакр имон овард. Даъвати вай ба дасти Абубакр сурат гирифтааст. Ҳазрати Абубакр, Абуубайда ва Абдураҳмон ибни Авф ва Усмон ибни Мазъун ва Арқам ибни Абиарқамро гирифта, ба ҳузури Паёмбари Худо (с) бурд. Ва ишон дар ҳузури он ҳазрати (с) калимаи шаҳодат бар забон оварданд. Инҳо зербинои аввал буданд, ки қасри азими Ислом бар пояи онон бино ёфт.

Абуубайда аз ҳамон рӯзи аввали мусалмон шудани хеш дар Макка то поёни он рӯзҳои сахт ва душвореро сипарӣ намуд ва ба хотири андешаи худ ҳамроҳ бо соири мусалмонони ҳамразми хеш анвоъи мушкилот ва душвориҳоро дид, ки тобеъони ҳеҷ дин ба ин паймона озор ва азият надидаанд. Ӯ дар ҳамаи ин озмоишҳо ва имтиҳонҳо собитқадам ва устувор боқӣ монд. Ва дар ҳар мавқиф бо Худо ва Расулаш сидқу ростии худро ба исбот расонд. Аммо мусибате, ки Абуубайда дар рӯзи Бадр бо он рӯ ба рӯ шуд, болотар аз тасвир ва хаёл аст. Вай дар ин корзор дар миёни суфуфи мушрикин бемуҳобот шамшер мезад ва нотарсона меразмид. Ва он қадар қаҳрамонӣ аз худ нишон дод, ки ҷанговарони Қурайш аз шаҳомат ва размҷӯии вай дар ҳайрат шуда ва дар ҳар ҷое, ки бо вай рӯ ба рӯ мешуданд, худро аз вай канор мегирифтанд. Аммо фақат як тан аз онон пайваста бо Абуубайда меразмид ва шамшер мезад. Вале Абуубайда сайъ менамуд, ки худро аз рӯёрӯӣ бо ӯ нигаҳ дорад ва аз зарбааш канор равад. Ин шахс дар ҳар бор саъй менамуд, ки худро ба Абуубайда наздик созад ва Абуубайда саъй мекард, ки худро аз вай канор гирад. Билохира ин мард ҳама роҳи канораҷӯиро ба Абуубайда баст ва дар миёни вай ва қитол бо душманони Худо ҳоил шуд. Аммо вақте дид, ки аз дасти вай ба ҷон омадааст, бо як ҳамлаи барқосо сарашро аз тан ҷудо сохт. Медонед, ки ин шахс кӣ буд? Ин шахс ҳамоно Абдуллоҳ ибни Ҷарроҳ, падари Абуубайда буд, ки ӯро ба қатл расонид. Абуубайда падари худро ба қатл нарасонид, балки хост, ки ширқро, ки дар вуҷуди падараш буд, ба қатл расонад. Худованд дар шаъни Абуубайда ва падараш ин оятро нозил кард. «Мардуме, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доранд, ҳаргиз нахоҳӣ дид, ки бо душманони Худо ва Расулаш дӯстӣ кунанд, ҳарчанд падарон ё фарзандон ё бародарон ё хешовандони онҳо бошанд. Онҳо касоне ҳастанд, ки Худо имонро бар саҳифаи дилашон навиштааст ва ба рӯҳе аз ҷониби худ таъйидашон кардааст ва онҳоро ба боғҳое ворид кунад, ки ҷӯйборон дар он ҷорӣ аст ва ҷовидона дар он хоҳанд монд. Худованд аз онҳо хушнуд аст ва онҳо низ аз Худо хушнуд бошанд. Онҳо ҳизби Худо ҳастанд. Огоҳ бош, ки ҳизби Худо растагоронанд».

(Муҷодала: 22)

Ин кор аз Абуубайда шигифтӣ надошт. Қуввати имони вай ба Худо, хайрхоҳии вай барои дин ва амонатдориаш бар уммати Муҳаммад (с) дар ниҳоди вай ба чунон ҳадде расида буд, ки танҳо бузургмардони Худо орзуи расидан ба чунин мақомро мекунанд. Муҳаммад ибни Ҷаъфар аз вай ривоят намуда мегӯяд: Ҷамъе аз насорои Наҷрон ба ҳузури сарвари коинот ҳазрати Мустафо (с) омаданд ва гуфтанд: Эй Абулқосим (с), касе аз ёрони худро барои мо бифирист, то ихтилоф ва ҷанҷолро, ки бар сари амволе, ки дар миёни мо падид омада, ҳал созад ва шумо ҷамъи мусалмонон дар назди мо масеҳиён қадр ва манзалати хос доред. Ва ҳарфи шуморо мо ҳама қабул дорем. Ҳазрати Расули Худо (с) фармуд: Шомгоҳ биёед ва ман марди қавӣ ва аминро ҳамроҳи шумо мефиристам. Ҳазрати Умар ибни Хаттоб мегӯяд: Чун ин ҳарфи вай бишнидам, ба намози зӯҳр худро расонидам. Ва ман ҳеҷ вақт шавқи амморатро надоштам, чунончӣ, ки дар он рӯз ин гуна шавқи амморат дар дили ман пайдо шуд, ба умеди ин ки ин сифатро дар худ дарёбам ва соҳиби ин сифат гардам. Вақте ҳазрати Расули Худо (с) намози зӯҳрро бо мо як ҷо хонд, ба тарафи рост ва чапи худ нигаристан гирифт. Ва ман сар бармеафроштам, то маро бубинад. Вай пайваста ба сӯи мо назар меафганд, то он ки чашмаш ба Абуубайда ибни Ҷарроҳ афтод ва ӯро ба ҳузури худ хост ва гуфт: Бо ишон бирав ва дар миёни онҳо дар мавзӯъе, ки ихтилоф намудаанд, ба ҳақ ҳукм кун. Ман бо худ гуфтам, ки ин фазилатро Абуубайда соҳибӣ кард.

Абуубайда танҳо амин набуд, балки дар паҳлӯи амонатдорӣ аз зӯр ва қувва низ бархӯрдор буд ва ин нерӯмандии вай дар чандин ҷой дида шудааст. Вақте Расули Худо (с) ҷамоъае аз асҳоби худро барои пешгирии корвони Қурайш фиристод, Абуубайдаро ба сифати амири онон муқаррар дошт ва дар халтае барои онон хурмо тӯша дод. Ва ғайр аз ин, чизе наёфт, ки барои ишон медод. Ҳазрати Абуубайда ба ҳар як аз ҳамсафарони худ рӯзе як дона хурмо аз он медод ва ҳар кадом он хурморо ба сони тифл, ки синаи модар мемакад, онро мемакиданд ва баъд бар он об менӯшиданд ва ин як дона хурмо онҳоро то шабашон кифоят мекард.

Дар рӯзи Уҳуд вақте мусалмонон шикаст хӯрданд ва мунодии мушрикон фарёд мезад, ки Муҳаммадро ба ман нишон диҳед, Муҳаммадро ба ман нишон диҳед. Абуубайда яке аз онҳое буд, ки дар атрофи ҳазрати Расули Худо (с) истода ва бо синаи хеш найзаҳои мушрикинро аз вай дафъ мекард. Вақте ҷанг ба поён расид ва дандони муборак шаҳид шуд ва ҷабинаш маҷрӯҳ гардид ва дар рухсорааш ду ҳалқа аз ҳалқаҳои зиреҳ фурӯ рафт, ҳазрати Абубакри Сиддиқ бар вай рӯ овард ва хост онро аз рухсораш берун кунад, аммо Абуубайда ба вай гуфт: Туро ба Худо қасам, ки ин корро ба ман бигузор. Ҳазрати Абубакр хости вайро пазируфт. Абуубайда аз он тарсид, ки агар ин ҳалқаҳоро ба дасти худ аз рухсори вай бикашад, шояд сабаби озори ҳазрати Расули Худо (с) гардад. Лизо бо дандони худ сахт онро фишурд, то он, ки тавонист яке аз ин ҳалкаҳоро берун кашид ва дандонаш низ ҳамроҳ бо он берун шуд.

Баъд ба дандони дигар ба ҳалқаи дуввумӣ шурӯъ кард. Ин ҳалқаро низ берун кашид ва ҳамроҳ бо он ин дандонаш низ берун шуд. Ҳазрати Абубакр гуфт: Абуубайда дар дандон шикастан аз беҳтарин мардум буд. Ҳазрати Абуубайда аз замоне, ки шарафи сӯҳбатро ҳосил кард, то вақте, ки вафот ёфт, дар ҳама ғазавот бо ҳазрати Расули Худо (с) ҳузур дошт. Дар рӯзи бани Сақифа рӯзе, ки мусалмонон ба ҳазрати Абубакр байъат намуданд, ҳазрати Умар ибни Хаттоб ба Абуубайда гуфт: Дастатро бидеҳ, ки ба ту байъат кунам. Чун ман аз ҳазрати Расули Худо (с) шунидам, ки мегуфт: Барои ҳар уммате амонатдоре аст ва амонатдори уммати ман туӣ. Ҳазрати Абуубайда гуфт: Ман ҳаққи онро надорам дар пеши рӯи касе пеш шавам, ки ҳазрати Расули Худо (с) ӯро амр кардааст, ки барои мо намоз диҳад ва то вақте, ки он ҳазрат вафот ёфт, вай моро намоз додааст. Ва баъд аз он ба Абубакри Сиддиқ байъат кард ва Абуубайда барои вай беҳтарин мушовир ва насиҳатгар ва беҳтарин ёвар буд, ки ӯро ёрӣ медод. Баъд вақте ҳазрати Абубакр хилофатро ба ҳазрати Форуқи аъзам вогузошт, Абуубайда бо камоли адаб ва ихлос аз вай итоат ва фармонбардорӣ намуд ва дар ҳеҷ амре бо вай сари мухолифат накушод, магар як бор. Медонӣ, ки ин як бор аз кадом амри халифа сарпечӣ намуд? Ин сарпечӣ аз амри халифа вақте рух дод, ки Абуубайда ибни Ҷарроҳ дар сарзамини Шом буд ва қумандонии сипоҳи мусалмононро ба ӯҳда дошт ва пирӯзиҳоро яке баъди дигаре насиб мегардид, то он ки тавонист ҳама сарзамини Шомро тасарруф намояд ва фатҳ кунад. Вай дар ин футуҳот аз тарафи шарқ то Фурот ва аз тарафи шимол то Осиёи Сағир расид…

Дар чунин вақт бемории вабо чунон дар сарзамини Шом роҳ ёфт, ки қаблан назири онро надида буданд. Ин беморӣ ҳама мардумро дар коми худ фурӯ мебурд. Дар ин вақт буд, ки ҳазрати Умари Форуқ номаи оҷиле ба ин шарҳ ба вай фиристод: “Барои ман ҳоҷате пеш шудааст, ки вуҷуди ту дар ҳоли он зарурӣ аст. Агар ин номаам шаб бароят расад, дар интизори фаро расидани субҳ мабош ва агар дар рӯз бароят расад, рӯзро бегоҳ макун ва алалфавр маркаби худро савор шав ва назди ман ҳозир шав”. Вақте Абуубайда номаи ҳазрати Форуқро мутолиа кард, гуфт: Донистам, ки амирулмӯъминин ба ман чӣ ниёзе дорад. Вай мехоҳад касеро боқӣ нигоҳ дорад, ки боқӣ монданӣ нест ва баъд ба вай номае ба ин шарҳ навишт: “Эй амирулмӯъминин, ман донистам, ки ба ман чӣ ҳоҷате дорӣ ва ман дар миёни сипоҳи мусалмонон ҳастам ва нафсам рағбати он надорад, ки худро аз мусибате, ки ба ишон мерасад, нигоҳ дорад ва намехоҳам, ки аз онон ҷудо шавам, то он ки Худованд қазо ва ҳукми худро дар миёни мо ва онҳоро ба сар расонад. Вақте ин номаам ба ту расад, маро аз ин тасмими худ маъзур дор ва бароям дар ин ҷо иҷозаи иқомат деҳ”. Вақте ҳазрати Умар (р) номаи вайро қироат кард, ашки чашмонаш фурӯ рехт. Атрофиёнаш ба вай гуфтанд: Оё мусибате пеш омадааст, эй амирулмӯъминин? Оё Абуубайда вафот ёфтааст? Фармуд: На, аммо дар остонаи марг қарор дорад.

Гумони Форуқ (р) беҷо нарафт, чун дере нагузашта, ки Абуубайда ба бемории вабо гирифтор шуд. Вақте вафоташ наздик шуд, ба лашкараш насиҳат кард ва гуфт: Ман ба шумо насиҳате дорам, агар ба ин насиҳатам гӯш диҳед ва онро пазиред, хайр ва некӯӣ ҳамеша бо шумо ҳамроҳ хоҳад буд ва он ин ки: Намозатонро барпо доред ва рӯзаи моҳи шарифи Рамазонро бигиред ва садақа диҳед ва ҳаҷ ва умра кунед ва якдигарро ба хайр насиҳат кунед. Насиҳати амиронро бишунавед ва ба онҳо хиёнат накунед ва набояд дунё шуморо фирефта созад, зеро инсон агар ҳазор сол ҳам умр бихӯрад, боз ҳам ногузир ба ин сарнавиште, ки феълан ман ба он мубтало ҳастам, дучор хоҳад шуд. Ва салому алайкум ва раҳматуллоҳ. Ва баъд рӯ ба сӯи Муъоз ибни Ҷабал намуда, гуфт: Эй Муъоз, имоматии мардумро ту ба дӯш гир. Баъд дере нагузашта, ки рӯҳи поки мутаҳҳараш аз тани шариф ва покаш ҷудо шуд. Ҳазрати Муъоз аз ҷой бархост ва гуфт: Эй мардум, шуморо даргузашти чунон абармарде дар мотам нишондааст, ки қасам ба Худо, ба ёд надорам, ки мардеро ба ин паймонадорӣ, ҷонфидоӣ, бекинӣ, оқибатандешӣ, дурнигарӣ ва хайрхоҳӣ мардум дида бошам. Бар вай дуъо ва раҳмат фиристед, Худованд шуморо раҳмат кунад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *