Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Талҳа‎ва Зубайр ситорагони осмони ҳидоят

Шогирдрони Паёмбари Акрам (с), ки саропои вуҷудашон ишқу ‎осор, тақво ва ихлос буд. Чунон хулқу хуйи Рсулуллоҳро ба худ гирифта буданд, ки агар касе ба Мадинаи Мунаввара ворид мешуд ва ё дар маҷлисе, ки асҳоб ‎ ва Паёмбар (с) ҳузур ‎доштанд меомад, наметавонист ташхис диҳад‎ кадом як Расулуллоҳ ‎(с) бошад. Ба қавл‎и Мавлонои Рум (р) “Гӯӣ пайғамбаристон аст”.

Расулуллоҳ ‎(с) вақте‎, ки мутмаин буд, ки шогирдонаш метавонанд кори ӯро бо хубӣ ва наҳви аҳсан анҷом диҳанд.

Фармуд: « اصحابی کالنجوم وفبایهم اقتدیتم اهتدیتم

“Ёрон ман (ва тарбиятёфтагони мактаби ман) ҳам‎чун ситорагоне ҳаст‎анд дар осмони ҳидоят. Ба ҳар‎ кадом аз онҳо ‎ иқтидо кунӣ ҳидоят хоҳӣ шуд.”

Паёбар (с) дар ин ҷо ҳеҷ истисное ба кор набурд ва нафармуд фақат ‎фалонӣ ва фалонӣ, балки тамоми ёронам. Ин ифтихори бузург насиби Талҳа‎ ва Зубайр (р) низ мебошад, ки ба гуфтаи Расулуллоҳ ‎(с) онҳо ‎ ситорагони осмони ҳидоят ҳаст‎анд ва мояи наҷоти ҷомеаи башарият.

ИФТИХОРОФАРИНОНИ ҒАЗАВОТ

Ҳазрати ‎Талҳа‎ ва ҳазрати ‎Зубайр (р) дар тамоми ғазавот ‎ Расулуллоҳ ‎(с)-ро ҳамроҳӣ карданд ва бо исоргариҳои ‎ҷонфишониҳояшон дар роҳи Ислом, баргҳои зарринеро дар таърихи муборизоти Ислом алайҳи ‎ куфр сабт кардаанд. Кадом таърихнигор мунсифе аст, ки битавонад аз Уҳуд бинависад ва саҳнаҳои исор ва гузашти Талҳа‎ (р)-ро фаромӯш намояд. Кадом сиратнигори бо инсоф аст, ки дар мавриди Бадр бингорад ва тасовири ишқу ‎исори ҳазрати ‎Зубайр (р) барои хонандагонаш ба тасвир накашад.

Оре! Ҳазрати ‎Талҳа‎ ва ҳазарти ‎Зубайр (р) ҳар‎ ду дар тамоми ҷангҳо ҳузур ‎доштанд. Ва мардоне дар рикоби Расулуллоҳ ‎(с) барои эътилои калимутуллоҳ меҷангиданд, то ҷое ки ҳар‎ ду дар ин саҳнаҳои мубориза ва унвонҳои ифтихориро ҳам‎чун “Талҳа‎т-ул-хайр”, “Талҳа‎т-ул-ҷуд”, “Фидока аби ва умми”, “Ҳавворий Зубайр (ҳаввории ман Зубайр аст)”, аз дасти Расулуллоҳ ‎(с) касб кардаанд. Имом Муслим дар “Саҳеҳ”-аш дар боби фазоили Талҳа‎ ва Зубайр (р) овардааст:

حدثنا محمد بن ابی بکر عن ابی عثمان قال :

« لم یبق ، مع رسول الله صلى الله عليه وسلم فی بعض تلک الایام التی قاتل فیهن رسول الله صلى الله عليه وسلم غیر طلحه وسعد »[1]

“Дар бисёре аз рӯзҳои ‎ ҷанг , ки худи Расулуллоҳ ‎(с) ҳузур ‎доштанд ( ба маҳзи ‎ин ки ҷанг боло мегирифт) касе ба ҷуз Талҳа‎ ва Саъд дар канори Рамулуллоҳ (с) боқӣ намемонд (ва ҳама дар гӯша-гӯшаи майдон машғул‎и набард буданд).”


[1] Саҳеҳи Муслим, китоби фазоил. Мишкот-ул-масобеҳи Табрезӣ, ҷилди 2, китоби фазоили асҳоб.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *