Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Гадоӣ дар ислом

Гадоӣ дар ислом

30 — Аз Абуҳурайра ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (с) фармуд: “Касе, ки барои зиёд шудани молаш гадоӣ мекунад, ҳамоно пораҳои оташро мехоҳад, пас бояд ё гадоиро кам кунад ё ин ки талабиданро бештар кунад.”

1 — Шарҳи ҳоли ровӣ дар ҳадиси шумораи 4 зикр шудааст. 2 — Шарҳи маънои ҳадис:

Ибни Арабӣ яке аз донишмандони илми ҳадис мегӯяд, ки ин ҷумла (ҳамоно пораҳои оташро мехоҳад) эҳтимоли ду маъниро дорад, яке, ин ки дар оташи дӯзах ӯро азоб дода мешавад. Дуввум, ин ки чизҳои гадоӣ кардагиаш оташпора гашта, ба воситаи он ҷисмаш доғ карда мешавад, чӣ тавре ки шахсе закоташро боздорад, ба ҳамин минвол низ азоб дода мешавад ва ҷумлаи “пас бояд талбиданро кам кунад, ё……. ” сиғаи амр буда, барои таҳдид (бим додан) омадааст, ки ин ҳаром будани гадоӣ ва талбандагиро баён менамояд.

3 — Дастурот ва андарзҳои ҳадис:

  1. — Пурсидан ва талбидани чизе аз мардум бидуни ҳоҷати сахт ҳаром мебошад.
  2. — Гуноҳи талбидани бисёр ё кам, бидуни ҳоҷати зарурӣ, баробар мебошад.
  3. — Донистани ин ки сарватмандӣ бо зиёд доштани молу чиз нест, вале қаноъатмандӣ ва ризоятмандӣ ба қисмати Худо

тавонгарӣ ба шумор меравад.

  1. — Кайфари шадид дар интизори касест, ки барои зиёд шудани молаш аз мардум гадоӣ мекунад.
  2. — Шахсе, ки бидуни дармондагӣ ва эҳтиёҷи сахт гадоӣ мекунад, одами бешарму ҳаё мебошад.
  3. — Яке аз сифатҳои мусалмон, покдоманӣ ва қаноъатмандии ӯ мебошад.

4 — Пурсишҳо:

1 — Ҷумлаи зеринро пурра намоед. (Касе, ки аз мардум …….) 2 — Аз ҳадиси гузашта се панд бигӯед! 3 — Тавонгарии ҳақиқӣ дар чист?

ҲАҚИ ҲАМСОЯ БАР ҲАМСОЯ

31 — Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: “Ҳар касе ба Худо ва рӯзи қиёмат имон дорад, бояд ҳамсояашро озор надиҳад ва ҳар касе ба Худо ва рӯзи охират имон дорад, бояд меҳмонашро эҳтиром кунад ва касе, ки имони ба Худо ва рӯзи охират дорад, бояд сухани некӯ бигӯяд ё сукут ихтиёр намояд”.

(Бухорӣ ва Муслим ҳадиси мазкурро ривоят карданд.)

  1. — Шарҳи ҳоли ровӣ дар ҳадиси шумораи 4 баён гардидааст.
  2. — Шарҳи маънои ҳадис:

Дар ин ҳадис нигоҳ доштану, риъоя кардани ҳақи ҳамсоя аз камоли имон ва ранҷу зарар расондан ба ҳамсояро аз гуноҳони кабира шумурда шудааст. Чи тавре ки паёмбар (с) фармуда: “Касе, ки ба Худо ва рӯзи охират имон дорад, бояд ба ҳамсояаш азият нарасонад.” Албатта дар ин суфориши паёмбар (с) ҳамсояи нек аз бад ҷудо карда шудааст, вале ба тариқи умум нисбати ҳамаи ҳамсояҳо бояд муъомалаи хуб карда шавад, монанди некхоҳӣ нисбати эшон, панди хубу дуъои хайр кардан барои онҳо ва пешгирӣ намудани ҳар гуна озору газанд аз эшон.

  1. — Дастурот ва андарзҳои ҳадис:
  2. — Ислом ба корҳое тарғиб мекунад, ки дӯстиву ҳамкориро дар байни мардум эҷод менамояд.
  3. — Кӯмаку ёрӣ намудани ҳасояҳо нисбати ҳамдигар боиси устувор шудани равобити дӯстӣ дар миёнашон мегардад. 3 — Яке аз намунаҳои эҳсону накӯӣ ба ҳамсоя ин аст, ки аз озор додани фарзандҳояш чӣ бо гуфтор бошад ё кирдор, ҷилавгирӣ карда шавад.
  4. — Инчунин баъзе аз намунаҳои озордиҳии ҳамсоя ин аст, ки бар деворҳои ӯ навишта шавад, ё ба асбобу анҷоми хонааш бе иҷозат даст расонда шавад.
  5. — Назар андохтан ба сӯи хонаи ҳамсоя ё аз болои хона ё аз сӯрохи дар ё девор гуноҳи бузург ба шумор меравад. 6 — Андохтани пасмондаи ашё ва сангу хошок дар назди хона ё дарвозаи ҳавлиашон, боиси хусумату бадбинӣ миёни ҳамсоягон мегардад.
  6. — Овози баланд ҳамсояҳоро нороҳат месозад, бино бар ин бояд аз он ҷилавгирӣ шавад.
  7. — Эҳтиром кардани ҳамсоягон воҷиб мебошад. 9 — Яке аз нишонаҳои комилшавии имон, камсуханӣ ва камҳарфӣ мебошад.

4 — Пурсишҳо:

1 — Нисбати ҳамсоя се навъ эҳсону накуӣ карданро баён намоед! 2 — Кадом корҳо боиси устуворшавии алоқаҳо миёни ҳамсоягон мегардад?

3 — Ҷумлаи зеринро пурра созед: (Овози баланд ……………) 4 — Паёмбар (с) фармудааст: (Касе ки ба Худо ва рӯзи охират имон дорад …. ) Ҳадисро пурра бигӯед!

ҲАЗАР КАРДАН АЗ ҒАЗАБ

32 — Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки марде ба паёмбар (с) гуфт: Маро тавсия кун! Паёмбар фармуданд: “Хашмгин машав” (ғазаб макун) Он мард чанд бор саволашро такрор кард ва Расули Худо (с) дар посухаш фармуданд: “Хашмгин машав!”

(Бухорӣ ва Муслим ҳадиси мазкурро ривоят карданд.) 1 — Шарҳи ҳоли ровӣ дар ҳадиси шумораи 4 мазкур аст.

  1. — Шарҳи маънои ҳадис:

Ҳадиси мазкур моро аз ғазаб кардану рафтан дунболи корҳои хашмовар манъ мекунад. Чаро паёмбар (с) фақат бо як ҷумла он мардро тавсияву насиҳат карданд? Зеро шахси насиҳатталаб ва пандҷӯ марди бисёр хашмгин буд ва он ҳазрат (с) ҳар касро мутобиқ ба ҳолату кайфияташ тавсияву суфориш мекарданд. Бинобар ин дар панди мазкур (Ғазаб макун), паёмбар (с) тамоми фавоиду некиҳои дунё ва охиратро ҷамъ кардааст, чунки хашму ғазаб инсонро ба бераҳмӣ, ҷудоӣ ва ба кардани аъмоли нораво вомедорад, ки он амалҳо мояи нуқсон ва коҳиши сафои динӣ ва маънавии ӯ мегарданд.

  1. — Дастурот ва андарзҳои ҳадис:
  2. — Манъ намудан аз хашму ғазаб, зеро ғазаб зиёну зарарро ба бор хоҳад овард.
  3. — Ҳазар кардан аз хашму ғазаб, зеро қаҳру ғазаб аз тарафи шайтон илҳом мешавад.
  4. — Мусалмон алайҳи дигарон бидуни сабаб ва омили шаръӣ ғазаб намекунад.
  5. — Ҳилму бурдборӣ яке аз сифатҳои писандида дар мусалмон мебошад.
  6. — Касе ки бисёр хашму ғазаб кунад, дучори пушаймониҳои зиёд хоҳад шуд.

4 — Пурсишҳо:

  1. — Чаро Ислом мардумро аз хашму ғазаб манъ намудааст?
  2. — Аз ҳадиси мазкур се панд бигӯед!
  3. — Васияту насиҳати паёмбар (с) барои марди пандҷӯ чӣ буд?

ҲАРОМ БУДАНИ РАНҶИШ ВА ОЗОРИ ПАДАРУ МОДАР

33 — Аз Абдуллоҳ писари Амри Ос ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (с) фармуд: “Дашном додани падару модар аз ҷумлаи гуноҳони кабира аст.” Гуфтанд: Эй Расули Худо, оё касе падару модари худро дашном медиҳад? Он ҳазрат(с) фармуд: “Бале, падари марди дигареро дашном медиҳад ва ӯ дар навбати худ падари ӯро дашном медиҳад ва модари касеро дашном медиҳад ва ӯ низ модарашро дашном медиҳад.” (Бухорӣ ва Муслим ҳадиси мазкурро ривоят карданд) 1 — Шарҳи ҳоли ровӣ:

Абдуллоҳ писари Амр, Амр писари Ос,Ос писари Воили Саҳмӣ ва Қурашӣ мебошад. Мавсуф аз ҷумлаи аввалин касонест, ки Исломро пазируфта, аз паёмбар (с) аҳодиси зиёде ривоят кардааст. Насабашро бо насаби паёмбар (с) падаркалони он ҳазрат (с) Каъб писари Луай рабту пайванд медиҳад. Ӯ тақрибан дар соли 65-и ҳиҷрӣ аз олам даргузашт. 2 — Шарҳи маънои ҳадис:

Ҳадиси мазкур баёнгари ин матлаб аст, ки сабабу боиси азият ва дашном шудани падару модар гуноҳи бузург ба шумор меравад. Ҳамчунин шахсе, ки падару модари

дигаронроо дашном медиҳад, гунаҳкор мегардад. Ин ҳадис аслу санад аст дар садди зароиъ, яъне аз ин ҳадис уламо ҳамин маъноро гирифтаанд, ки ҳар коре инсонро ба ҳаром бикашад, карданаш низ ҳаром мебошад, ҳарчанд кори мазкур ҳаром набошад, чи тавре ки ояти зерин ин нуктаро тақвият медиҳад:

Шумо (эй мӯъминон), ба мушрикон дашном мадиҳед, то мабодо онҳо низ аз рӯи душманӣ ва ҷаҳолат Худоро дашном диҳанд.

(“Анъом” 108)

3 — Нишондод ва андарзҳои ҳадис:

1 — Дашном додан ва лаънат кардани якдигар ҳаром мебошад. 2 — Дашному лаънат кардан сабаби гунаҳгор шудани инсон мешавад.

3 — Дашном бо дашном ҷавоб дода намешавад, зеро амали мазкур инсонро аз аҷру савоб маҳрум месозад. 4 — Равшан гардидани ин матлаб, ки чи тавре падару модар аз амале ё рафторе озор меёбанд, ҳамин тавр сухани бад дар шаънашон боиси ранҷиши хотири онҳо мегардад. 5 — Касе, ки мардумро дашном медиҳад, ҳақорату дашномаш ба худаш бозмегардад.

6 — Яке аз намунаҳои озори падару модар ин аст, ки инсон бо дашном додани падару модари дигарон сабаби дашном шудани падару модари худ мегардад.

4 — Пурсишҳо:

  1. — Паёмбар (с) фармуд: “Дашном додани инсон падару модарашро аз гуноҳони кабира мебошад.” Гуфтанд:

………………… Ҳадисро то охираш бигӯед!

  1. — Чӣ маълумоте аз Абдуллоҳ писари Амр дорӣ?
  2. — Ҳукми дашному лаънат кардан чист?
  3. — Аз ҳадиси мазкур се панд бигӯед!

ТАРК НАМУДАНИ КОРҲОИ БЕМАЪНӢ

34 — Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) фармуд: “Аз ҳусну некӯии Исломи шахс ин аст, ки корҳои бемаъниро тарк намояд.”

(Ҳадиси мазкурро Тирмизӣ ва дигарон ривоят кардаанд.)

  1. — Шарҳи ҳоли ровӣ дар ҳадиси шумораи 4 баён гардидааст.
  2. — Шарҳи маънои ҳадис:

Ин ҳадис аз ҷавомиъи каломи набавӣ, ки лафзи он кам, вале маънояш бисёр аст, мебошад ва ин ҳадиси муборак тамоми гуфтору кирдори бандаро дарбар мегирад. Чӣ тавре, ки дар Суҳуфи ҳазрати Иброҳим (ъ) омада: “Касе, ки суханашро аз аъмолаш биҳисобад, ҳамоно ҳарф заданаш кам мегардад, магар дар мавриди корҳои муҳим ва арзишманде, ки ногузир дар он лаб мекушояд.”

Тарк намудани корҳои бемаънӣ ва беҳуда ба ин маъност, ки бояд шахси мусалмон аз корҳо ва хостаҳое, чун дунёталабии зиёд, мансабу риёсатхоҳӣ, дӯст доштани санову ситоиши мардум даст бикашад, зеро ӯ дар сару сомон додани умури динӣ ва дунявии хеш ба амалҳои зикргардида эҳтиёҷ надорад.

  1. — Суфоришот ва пандҳои ҳадис:
  2. — Ислом мусалмононро чунин таълим медиҳад, ки дар корҳо ва суханҳое, ки ба эшон таъаллуқ надорад, дахолат накунанд.

85

  1. — Даст кашидани мусалмон аз суханҳо ва корҳои бемаънӣ камоли исломи ӯ маҳсуб мегардад.
  2. — Бояд мусалмон барои он сухане, ки аз ӯ мепурсанд, посухи кӯтоҳ бидиҳад ва аз булфузулӣ парҳез намояд.
  3. — Фаро хондани дигарон ба корҳои хайр ва эҳсону некуӣ кардан аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимест, ки бар дӯши ҳар мусалмон воҷиб мебошад.

4 — Пурсишҳо:

  1. — Гуш кардани сухани дигарон дар ҳоле, ки онҳо аз ин кор хабар надоранд, чӣ ҳукм дорад?
  2. — Аз ҳадиси мазкур се панд бигӯед!
  3. — Ҷумлаи зеринро пурра намоед: (Аз ҳусну накӯии исломи шахс ………………………..)

ОДОБИ СУХАН ГУФТАН

35 — Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки паёмбар (с) фармуд: “Касе, ки ба Худо ва ба рӯзи охират имон дорад, пас бояд сухани некӯ бигӯяд ё сукутро ихтиёр намояд…”

(Ин ҳадисро Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд.)

1 — Шарҳи ҳоли ровӣ дар ҳадиси шумораи 4 зикр шудааст. 2 — Шарҳи маънои ҳадис:

Албатта чорчубаи фузлагӯӣ ва пургапиро Қуръони карим муъайян кардааст, чи тавре ки Аллоҳ таъоло мефармояд:

Ҳеҷ фоида ва хайре дар суханони сиррии онҳо нест, магар ин ки касе дар садақа додан ва некуӣ кардан ва ислоҳи миёни мардум сухани сиррӣ гӯяд.

(“Нисо” 114)

Амалҳои зерин аз ҷумлаи пургапӣ ва ҳарзагӯист, ки Ислом пайравонашро аз он манъ намудааст, монанди ҳикоят кардани корҳои фисқу фоҷирӣ, шаробнушӣ, занбозӣ ва инчунин ғайбату суханчинӣ кардан, хархашаву мунозара намудан, шӯхиву дашном кардан, суханҳои фаҳшу таҳқиромез гуфтан, масхара кардани мардум, дурӯғу муҳобот бофтан ва ғайраву ҳоказо…

Дастурот ва андарзҳои ҳадис:

Яке аз сабабҳои эҳтиром намудани дагарон инсонро камгапии худи ӯ мебошад.

  1. — Сухан гуфтан дар корҳои хайр ва панду андарз гуфтан фузлагӯиву пургапӣ намебошад.
  2. — Хомӯш будан беҳтар аст, аз гуфтани суханони беҳуда ва бефоида.
  3. — Камҳарфӣ аз нишонаҳои комил гаштани имон мебошад.

4 — Пурсишҳо:

  1. — Паёмбар (с) фармуда: “Касе, ки ба Худо ва ба рӯзи растохез имон дорад, пас бояд сухани нек бигӯяд ё ……………….” Ҳадисро то охир бигӯед!
  2. — Кадом вақт сукут кардан аз сухан гуфтан беҳтар мебошад?
  3. — Се одоби ҳарф заданро баён намоед!

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *