Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Саду як киcса аз хаёти Абубакри Сиддиқ (р)

50. Ҳуҷуми занбӯрҳо.

Қавм ба қасди сафар берун шуданд ва дар аснои роҳ яке аз онҳо аз ҷойи худ бархост ва ба носазо ва дашном гуфтани Абубакр(р) ва Умар(р) шурӯъ намуд. Пас аз шунидани чунин суханон ҳамроҳонаш дар ғазаб шуданд ва ба ӯ бонг зада гуфтанд:

— Чаро ту Абубакр(р) ва Умар(р)-ро носазо мегӯӣ ва ҳол он ки ин ҳарду мардони поканд ва вазирони Паёмбари Худо мебошанд. Бо вуҷуди ин ҳам он мард аз суханонаш боз наистод ва боз ҳам носазо мегуфт ва аз даҳонаш суханони баде дар ҳаққи онҳо берун мегашт.

Пас аз чанде он мард аз барои қазои ҳоҷат рафт. Дар ин асно бар ӯ анбӯҳи занбӯрҳои асал ва занбӯрҳои оддӣ ҳуҷум карданд ва бар сару рӯйи ӯ рехтанд ва ӯро хуб неш заданд. Он мард, чун аз занбӯрҳо халос шуда натавонист, ҳамроҳонашро ба ёрӣ ҷеғ зад. Ашхоси дар қофила ҳамроҳаш буда дарҳол барои наҷоташ шитофтанд. Вале ҳар касе мехост, ки ба ӯ наздик шавад, занбӯрҳо он мардро раҳо карда ба сӯйи наҷотдиҳанда ҳуҷум мекарданд. Дар чунин ҳол ноилоҷ ҳамроҳонаш ӯро ба ҳолаш гузошта, оқибати корро мунтазир шуданд. Он селаи занбӯрҳо, то даме, ки ҳамаи баданаш варам накард, ӯро ба ҳолаш нагузоштанд[53].

Худованд аз дӯстонаш чунин дифоъ менамояд.

51. Эҳтиётро пеша кардаӣ.

Дар Мадинаи мунаввара Абубакр(р) ва Умар(р) дар назди Паёмбари Худо боодобона нишаста, ба суханони Паёмбари Худо гӯш медоданд. Паёмбари Худо Абубакр(р)-ро пурсиданд:

— Кай намози витрро мегузорӣ?

Дар ҷавоб Абубакр (р) гуфт:

— Намози витрамро дар авали шаб мегузорам.

Сипас Паёмбари Худо ба сӯйи Умар (р) нигариста аз ӯ низ ҳамин саволро карданд.

Дар ҷавоб Умар (р) гуфт:

— Намози витрамро дар охири шаб мегузорам.

Сипас, паёмбари Худо ба Абубакр(р) гуфтанд:

— Ту эҳтиётро пеша кардаӣ.

Ва ба Умар(р) рӯ оварда гуфтанд:

— Ту эътимодро ихтиёр кардаӣ[54].

52. Дузд ва қасос.

Дар маконе мардум ҷамъ омада буданд ва доду фарёд мекарданд. Паёмбари Худо ба назди онҳо омада дуздеро дид, ки мардум ӯро иҳота карда буданд.

Паёмбари Худо гуфтанд:

— Бикушед ӯро.

Ёрон гуфтанд, ки эй Паёмбари Худо ӯ фақат дуздӣ кардааст.

Дар ҷавоби онҳо Паёмбари Худо дубора гуфтанд:

— Бикушед ӯро.

Боз ҳамроҳони Паёмбари Худо гуфтанд:

— Эй Расули Худо, ӯ дуздӣ кардаасту бас.

Пас аз ин пофишориҳо Паёмбари Худо гуфтанд:

— Дасташро буред.

Пас аз гузашти рӯзҳо он мард бори дигар дуздӣ кард ва пояшро буриданд. Чун бори сеюм бо ҷинояти дуздӣ ба даст афтод ба рӯзҳои хилофати Абубакри Сиддиқ(р) рост омад ва ин дафъа дасти дигарашро буриданд.

Пас аз чанде бори чаҳорум дуздӣ кард ва пои дуюмашро низ буриданд.

Хулоса дар чаҳор дафъа дуздӣ аз ду даст ва ду пой маҳрум гардид, вале бори панҷум боз дуздӣ кард. Абубакри Сиддиқ (р) чунин гуфт:

— Ҳаққо, ки Паёмбари Худо(с) оқибати кори ин дуздро беҳтар медонистаанд, аз ин рӯ дар дафъаи аввали дуздиаш гуфта буданд, ки ӯро бикушед. Сипас дуздро ба ҷавони Қурайшие вогузор карданд, то ӯро бикушад ва он ҷавон ҳукмро иҷро кард[55].

53. Кист беҳтар?

Баъзе аз сокинони аҳли Куфа ва аҳли Басра ба назди Умар ибни Хаттоб (р) ба Мадина ташриф оварданд. Ҳангоми сӯҳбат миёни худ фазилатҳои Абубакр(р) ва Умар(р)-ро ёдовар шуданд ва баъзе аз онҳо Умар(р)-ро бар Абубакри Сиддиқ(р) бартар шумориданд, вале дар миён марде бо номи Ҷоруд ибни Муъало ягона шахсе буд, ки Абубакри Сиддиқ (р)-ро бар ӯ бартарӣ медод.

Ин хабар ба Умар(р) расид ва он ҳазрат дар ҳоле, ки дар дасташ як дурра буд, ба сӯи он ҷамъ омадагон шитофт. Чун ба он ҷо расид, бар ононе ки Умар (р)-ро бар Абубакри Сиддиқ(р) бартар шумориданд дарафтод ва онҳоро бо дурраи дар даст доштааш зад. Ин ҳангом Ҷоруд гуфт:

— Боз ист, боз ист, эй амиралмӯъминин. Худованд шоҳид аст, ки ман шуморо бар Абубакр(р) бартар нашуморидаам ва ҳаққо, ки Абубакр(р) аз шумо бо чунин ва чунон фазилатҳо бартарӣ дорад (ва он фазилатҳоро номбар кард). Ӯ бо чунин суханон Умар(р)-ро хушнуд сохт ва ӯро аз задан боздошт.

Пас, вақте ки хӯроки шомро хӯрданд ҳазрати Умар(р) ба минбар баромада пас аз ҳамду санои Худованд, дар идомаи суханонаш чунин гуфт:

— Огоҳ бошед, ки беҳтарини ин уммат пас аз Паёмбар(с) Абубакр (р) аст. Агар шахсе пас аз берун шудан аз ин ҷо, дар ин хусус сухани дигаре гӯяд, огоҳ бошед, ки ӯ дурӯғ гуфтааст ва тӯҳматро раво дидааст. Ва ҳар касе ки чунин мекунад бар ӯ ҳадди (ҷазои) тӯҳматкунанда иҷро карда мешавад[56].

54. Ҳангоме ки Умар (р) гиря намуд

Дар айёми хилофати Умар ибни Хаттоб(р) Абумусои Ашъарӣ(р) ба сифати Амир ба Басра фиристода шуд. Вақте ки Абумӯсо ба минбар баромада хутба мехонд, аввал Худоро ҳамду сано мегуфт ва бар Паёмбари Худо дуруд мефиристод, сипас, тибқи одоб дар ҳаққи халифаи замон — Умар(р) дуъо менамуд ва ба ҳамин тартиб хутбаи рӯзи ҷумъаи худро анҷом медод.

Дар миёни намозгузорон марде ба номи Зибба ибни Муҳсин аз чунин тарзи хутбахонии Абумусои Ашъарӣ(р) ба танг омада, рӯзе ба амир гуфт:

— Барои чӣ, ту боре ҳам ҳамсӯҳбати паёмбарамонро бо он фазилате, ки ӯ дошт (қасдаш Абубакри Сиддиқ (р) буд), ёдовар намешавӣ?

Абумусои Ашъарӣ(р) аз ин суханон хашмгин гардида, дарҳол ба амирулмӯъминин Умар ибни Хаттоб(р) номае навишта, иброз намуд, ки Зибба ибни Муҳсин аз хутба хондани ман изҳори норизоӣ мекунад.

Пас аз хондани нома Умар(р) дар ҷавоби он ба Абумусои Ашъарӣ(р) фармуд, ки он шахсро ба сӯйи ман бифирист. Зибба ибни Муҳсин итоъаткорона ба Мадина омад ва пешоруи ҳазрати Умар (р) қарор гирифт.

Умар (р) гуфт:

— Хуш наомадӣ ва сафо ҳам наовардӣ.

Зибба ибни Муҳсин гуфт:

— Аммо хуширо аз ҷониби Парвардигор умед дорам, вале сафо бошад ин аст, ки ман чизе тамаъ надорам ва мехоҳам донам:

— Барои чӣ маро бе ягон сабаб ба назди худ хондӣ?

Умар (р) гуфт:

— Байни ту ва Абумусо чӣ гузашт?

Зибба гуфт:

— Ҳоло ман шуморо аз асли қазия огоҳ месозам. Вақте ки хутба мехонад, аввалан Худоро ҳамду сано мегӯяд, пас дуруду салом бар Паёмбар(с) мефиристад ва дар охир дар ҳаққи шумо дуъо менамояд, ки ин амалаш маро хашмгин кард, аз ин рӯ гуфтамаш, ки барои чӣ ҳамсӯҳбати Паёмбари Худо Абубакри Сиддиқ(с))-ро бо он ҳама фазилатҳои бузурге, ки доро буд, боре ҳам ёдовар намешавӣ? Аз ин хотир, ба шумо нома навишта аз ман шикоят намудааст. Пас аз шунидани чунин суханон, амирулмӯъминин Умар ибни Хаттоб(р) ба гиря омаданд. Қатраҳои ашкҳо ба рухсораҳои муборакаш равон гардид ва бо садои хеле ҳӯзномез гуфт:

— Савганд ба Худо, эй Зибба, ту аз Абумусо дида комёбу ростравтарӣ. Эй Зибба, оё ту ин гуноҳои маро, ки туро аз Басра ба Мадина бе ягон гуноҳ саргардон кардаам, мебахшӣ? Худо туро биёмурзад.

Зибба гуфт:

— Худо биёмурзад туро, эй амирулмӯъминин.

Умар (р) дар ҳоле, ки ашкҳои бар рухсораҳояш равонро пок менамуд, гуфт:

— Савганд ба Худо, як шабу як рӯзи ҳаёти Абубакр(р) беҳтар аст аз Умар (р) ва авлоди Умар (р)[57].

55. Писари маро ин тир кушт.

Рӯзе дар Тоиф Абдуллоҳ ибни Абубакр(р) ҳадафи тир қарор гирифт ва ҷоми шаҳодатро чашид. Баъди ин ҳодиса, Абубакр (р) ба назди Оиша (р) омад ва ба ӯ гуфт:

— Эй духтарам, ҳароина марги Абдуллоҳ дар назди ман ба монанди он аст, ки гӯсфанде аз ҳавлии мо баромада рафтааст (бо чунин суханон мусибати ба ӯ расидаро ночиз нишон медод).

Оиша (р) гуфт:

— Сипос Худовандеро ки дили туро қавӣ гардонидааст ва чунин устувории бузург додаст.

Пас аз шунидани ин суханон Абубакри Сиддиқ(р) аз назди Оиша(р) берун рафтанд ва пас аз чанде ба назди ӯ бозгашта гуфтанд:

— Духтарам, шояд шумо Абдуллоҳро дар ҳоле дафн карда бошед, ки ӯ зинда буд?.

Оиша (р) гуфт:

— Падарҷон, мо аз Худо ҳастем ва бозгашти мо ба сӯйи ӯст.

Абубар (р), дар ин ҳол, ки хеле ғамнок буд, гуфт:

— Ба сӯйи Худованди доно ва шунаво аз шайтони рондашуда паноҳ металабам.

Сипас, дар идомаи суханаш чунин гуфт:

— Эй духтаракам, дар дунё ҳеҷ касе ёфт намегардад, магар ки ӯро дар дил ду ғам аст:

Ғаме аз ҷониби Худованд ва ғаме аз ҷониби шайтон.

Баъд аз чанд муддате ба назди ӯ гурӯҳе аз бани Сақиф омаданд. Он тир ҳанӯз ҳам назди Абубакр(р) нигоҳ дошта мешуд. Абубакр(р) он тирро ба назди онҳо овард ва гуфт:

— Оё кадоме аз шумо ин тирро мешиносад?

Саъд бини Убайд бародари бани Аҷлон гуфт:

Ин тирест, ки ман онро росту дуруст кардаам ва аз тариқи мерос ба ман расидааст ва ман онро андохтам.

Абубакр (р) гуфт:

— Ин ҳамон тирест, ки сабабгори марги писарам Абдуллоҳ шудааст?

Ҳамд ва сипос он Худовандеро, ки иноят фармуд, то ӯ ба дасти шумо шаҳид гашт ва ту аз тири ӯ кушта ва беҳол нашудӣ (зеро шахси тирандоз он вақт беимон буд ва агар аз дасти Абдуллоҳ кушта мешуд, аз дунё кофир мегузашт).

Дар ҳақиқат, Худованд бандагонашро бениҳоят ҳимоятгар аст[58].

56. Аз ман қасос гир

Абубакр (р) барои тақсим кардани садақа ба мардум, онҳоро даъват мекард. Вақте ки уштурҳоро ҳозир намуданд, чунин амр дод, ки ҳеҷ кас бе иҷозат ба назди мо ҳозир нашавад. Бо вуҷуди ин зане ба шавҳараш гуфт, ки ресмонро гирифта назди Абубакр (р) даро, шояд, Худованд ба мо уштуреро насиб гардонад. Он мард шитобон ба сӯйи Абубакр (р) омад. Абубакр (р) бо Умар (р) ба назди уштурҳо даромада буданд. Абубакр(р) дид, ки он мард ресмоне дар даст рӯ ба рӯ истодааст. Аз ӯ пурсид, ки чаро бе иҷозат ба назди онҳо даромадааст ва аз дасташ ресмонро гирифта ӯро зад. Вақте, ки Абубакр (р) тақсимоти уштурҳоро ба охир расонид, он мардро даъват намуд ва ресмонро ба дасташ дода гуфт:

— Аз ман қасос бигир.

Умар (р), ки ҳамроҳи ӯ буд, гуфт:

-Савганд ба Худо, ки ӯ қасос намегирад ва ту низ чунин суннатеро аз худ ба ҷо нагузор.

Абубакр (р) гуфт:

-Пас дар назди Худованд маро маломат кунад?

Умар (р) гуфт:

— Эй Абубакр (р), ӯро розӣ бикун.

Абубакр (р) амр намуд, ки чаҳорпоеро биёранд ва он мардро ба он савор кунанд ва дар як матоъе чизе печонида ҳамроҳи 5 динор ба дасташ дод. Он мард хушҳолу розӣ ба сӯйи хонааш боз гашт. Вақти бозгашт дар фикри он буд, ки дар дохили он матоъ чӣ бошад ва аз шавқи ин фикр наздик буд, ки шодикаф шавад[59].

57. Дар ҳақи ин мискин аз Худованд битарс

Билол бини Рабоҳ (р) ба нури имон мушараф гардид ва рӯҳаш лаззати наздикшавӣ бо Худованди таборак ва таъолоро эҳсос намуд. Аз ин амали ӯ сарони куфр хабар ёфтанд. Билолро, ки он вақт ғулом буд, дар гарданаш занҷир карда, ӯро дар регзорҳои Макка мекашониданд. Баъд аз он санги бузургеро оварда, онро дар болои синааш гузоштанд, то ки ӯро ба сӯйи маъбудҳои ботилашон бозгардонанд, вале баръакс дар ӯ бузургӣ ва салобати дину имон зиёд гардид. Ва дар чунин ҳолат лабҳои ташна ва хушки Билол(р) танҳо алфози «(Худованд) якка асту ягона, якка асту ягона»-ро такрор мекарданд.

Абубакр(р) қабл аз зуҳр аз он ҷо гузар карда дид, ки ӯро азобу шиканҷа медиҳанд. Пас Абубакр(р) ба Умайя ибни Халаф, гуфт: Оё аз Худованд наметарсед, то кай дар ҳаққи ин мискин чунин зулму ситам менамоед?

Умайя гуфт:

-Ту ӯро бероҳ кардӣ, пас аз ин ҳолат наҷоташ бидеҳ.

Абубакр(р) ӯро ба ивази нӯҳ тангаи тилло харид ва ба сӯйи Билол(р) шитофт, то ӯро аз ин ҳол бираҳонад.

Умайя бо тамасхур гуфт:

— Бигир ӯро, қасам ба Лоту Узо, агар як танга ҳам медодӣ, ман ӯро мефурӯхтам.

Дар ҷавоби ӯ Абубакр (р) гуфт:

— Савганд ба Худо, агар мехостед, барои наҷоти ӯ сад танга мепардохтам[60].

58. Ин он чизест ки, маро ба гиря овард

Абубакр(р) бо саҳобагони Расули акрам(с) нишаста, хоксорона сухан мегуфт. Баъди фориғ шудан, аз ғуломаш хоҳиш кард, ки барояш об биёрад. Он ғулом нопадид гашт ва пас аз чанд лаҳзае косае дар даст баргашта омад. Абубакри Сиддиқ(р) он косаро бо ҳар ду дастонаш гирифта хост бинӯшад ва ташнагиашро фурӯ нишонад, вале дарёфт, ки он коса пур аз асалоб аст. На оби соф аст ва на асали тоза. Пас Абубакри Сиддиқ (р) он косаро аз лабонаш дур карда, бар замин гузошту ба сӯйи он ғулом нигоҳ карда, аз ӯ пурсид:

— Ин чист, ки ту овардаӣ?

Ғулом чанд лаҳза сукут варзид. Баъд бо изтироб чунин ҷавоб дод:

— Асал аст, асали омехта бо об.

Абубакри Сиддиқ(р) сарашро ба нишонаи афсус ҷунбонид ва дубора нигоҳи тӯлоние бар он коса андохт ва чанд лаҳзае нагузашта буд, ки ашк аз чашмони Абубакр(р) ба рухсораҳояш равон гардид ва аз шидати гиря синаи муборак пасту баланд гашта ва овози гиряаш баланд шуд. Қавм барои дилбардорӣ дар назди Абубакри Сиддиқ (р) ҷамъ омада ва ба ӯ гуфтанд:

-Эй Абубакри Сиддиқ (р), эй халифаи Паёмбар, чӣ туро ба гиря овард?

Фидои ту бод падар ва модари мо, ин гиряи бо овози баланд аз барои чист?

Вале Абубакр(р) аз гиря боз намеистод. Аз ин ҳол ононе, ки дар атрофаш буданд, гирён шуданд.

Пас аз чанде ҳама хомӯш гаштанд, вале он ҳазрат хомӯш намегашт. Қавм бори дигар саволи худро такрор карда, дар гирифтани посух пофишорӣ менамуд, ки эй Абубакр(р), эй халифаи Паёмбари Худо, сабаби ин гиряи шумо дар чист? Ва чӣ шуморо ба ҳаяҷон овардааст?

Абубакр(р), дар ҳоле, ки бо остинҳояш ашки чашмонашро пок менамуд ва нафасҳояш канда — канда мебаромад, ҳикоя кард:

— Назди Паёмбари Худо ҳангоми беморие, ки аз он вафот карданд ҳозир будам ва дидам, ки Паёмбари Худо бо ишораи дастҳояш чизеро дур мекарданд. Ман дар дасти Паёмбар(с) чизеро намедидам, вале садои пасту хастаашонро мешунидам, ки мегуфтанд:

— Дур шав аз ман, дур шав аз ман.

Аз Паёмбари Худо пурсидам, ки шумо чизеро рад мекунед, вале ман дар дастатон чизеро намебинам.

Паёмбари Худо канда-канда нафас кашида, рӯйи муборакашонро ба тарафи ман гардониданд ва гуфтанд:

— Ин дунё буд, худро бо ҳама зебоҳиояш таҷассум менамуд. Пас ба ӯ гуфтам, дур шав аз ман, дур шав аз ман. Ва ӯ (дунё) ба ман гуфт: Шумо ку аз ман раҳои ёфтед, аммо баъд аз шумо касе аз ман наҷот нахоҳад ёфт.

Абубакр(р) бо афсӯс сарашро ҷунбонида, бо садои андӯҳгин гуфт:

— Эй мардум, аз ин асали бо об омехта тарсидам, ки мабодо зинати дунё бошад ва маро дар фитна афканад. Ҳамин буд сабаби гиряи ман[61].

59. Аввалин шахсе, ки ислом овард

Дар маҳфили илмӣ, ки Шаъбӣ дар ҳузури Абдуллоҳ ибни Аббос(р) нишаста буд, чунин суол кард:

— Аввалин шахсе, ки аз миёни мардум Ислом овард, кист?

Абдулоҳ ибни Аббос(р) гуфт:

-Оё ту сухани Ҳассон ибни Собитро нашунидаӣ, ки мегӯяд:

Агар хоҳӣ садоқатро, Абубакрро ба ёд овар,

Надидам дар миёни қавм аз ӯ нотарсу одилтар.

Рисолатро намуд тасдиқ, Паёмбарро рафиқи ғор,

Ба ҳар мушкил Муҳаммадро ҳамеша ёру ҳам ғамхор.

Пас аз шунидани ин сатрҳо Шаъбӣ гуфт:

— Рост гуфтӣ, рост гуфтӣ[62].

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *