Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Саду як киcса аз хаёти Абубакри Сиддиқ (р)

35. Соҳибфазл.

Абубакр(р) ба Мистаҳ ибни Усоса бинобар пайванди хешовандӣ хайру эҳсон намуда кӯмакпулӣ медод, вале чун дар ҳодисаи «Ифк» (он ҳодисае, ки уммул мӯъминин Оишаи Сиддиқаро тӯҳмат ба фаҳшо намуда буданд) Мистаҳ дар ҳаққи ҳазрати Оиша (р) ноогоҳона суханони номуносибро раво дид ва покии ӯро Худованд аз фарози осмонҳо эълон дошта оят нозил кард, Абубакри Сиддиқ (р) чунин гуфт:

-Савганд ба Худо, ки дигар ба Мистаҳ ба сабаби тӯҳмате, ки дар ҳаққи Оиша (р) раво дид, нафақа намедиҳам.

Парвардигор ин ояти каримаро нозил гардонид:

«Тавонгарон ва онон, ки кушоише дар кори онҳост, набояд савганд бихӯранд, ки ба хешовандону мискинон ва муҳоҷирони дар роҳи Худо чизе надиҳанд. Бояд бибахшанду бибахшоянд. Оё намехоҳед, ки шуморо биёмурзанд? Ва Худост омурзандаи меҳрубон».

(Сураи Нур, ояи 22).

Пас аз нузули ин ояти карима, Абубакри Сиддиқ (р) чунин гуфт:

-Бале, савганд ба Худо, ки мехоҳам ва дӯст медорам, ки маро Худованд бибахшояд.

Сипас ба Мистаҳ додани нафақаро дубора шурӯъ кард[37] ва чунин гуфт:

-Савганд ба Худо, ки ҳеҷ гоҳ аз додани нафақа ба ӯ сарфи назар нахоҳам кард (тибқи ояти карима қасдашро тағйир дод ва аз фикраш гашт)[38].

36. Бигузоред барои ман дӯстамро.

Миёни Абубакри Сиддиқ (р) ва Умар ибни Хаттоб (р) муноқишае рух дод. Абубакри Сиддиқ (р) аз як тарафи пироҳани Умар (р) гирифта ба тарафи худ кашид, ки зонуҳои ӯ намоён гаштанд. Ин ҳангом чеҳраи Умар (р) дигаргун гашт ва Сиддиқро ғаму андӯҳ фаро гирифт. Аз ин ҳодиса Паёмбари Худо хабардор гардиданд. Пас аз он, Абубакри Сиддиқ (р) аввал шуда, назди Умар ибни Хаттоб (р) рафт ва аз ӯ узр хост, вале Умар (р) ӯро бахшидан нахост.

Абубакр (р) ба назди Паёмбар (с) омад ва қиссаро ба тафсил баён сохт ва гуфт: Инак, ман ба назди шумо омадам.

Расули акрам (с) гуфтанд:

— Худованд туро бубахшояд эй Абубакр ва ин лафзро се маротиба такрор намуданд.

Сипас Умар(р) аз асли воқеъа хабардор гашта пушаймон мешавад ва дарҳол ба хонаи Абубакри Сиддиқ (р) равон мегардад, вале ӯро пайдо накарда, ба назди Паёмбари Худо меояд. Чун наздики Расули акрам (с) ҳозир мегардад, чеҳраи зебои Паёмбар(с) тағйир меёбад ва чашмони он Ҳазрат(с) аз шиддати нороҳатӣ сурх мегарданд. Ҳазрати Абубакр(р) чун ин ҳолати Паёмбарро дидан намехост, аз рӯйи шафқат назди Паёмбари Худо ба зону менишинад ва зорикунон мегӯяд:

— Эй Паёмбари Худо, савганд ба Худо, ки гунаҳгор манам.

Сипас паёмбари Худо гуфтанд:

— Худованд маро ба сӯйи шумо фиристод. Шумо маро дурӯғгӯ гуфтед, вале Абубакр(р) гуфт, рост мегуӣ ва барои ман худаш ва дороиашро нисор кард. Оё шумо аз озори дӯстам бознамеистед? Ин суханро Паёмбари Худо ду маротиба такрор карданд.

Пас аз ин ҳодиса дигар касе Абубакри Сиддиқ(р)-ро озор надод[39].

37. Маро Абубакри Сиддиқ (р) озор надодааст.

Вақте Расули акрам(с) аз Ҳаҷҷат-ул-вадоъ (ҳаҷҷи охирини он Ҳазрат(с)) бозгаштанд, ба минбар боло шуданд ва пас аз ҳамду дуруди Худованд чунин гуфтанд:

— Эй мардум, ҳароина, Абубакр(р) маро боре ҳам озор надодааст. Пас, инро бидонед ва низ огоҳ бошед, ки ман аз ӯ розӣ ҳастам[40].

38. Дорандаи хайри зиёд ва башорат ба ҷаннат.

Паёмбари Худо дар ҷамъи асҳоб нишаста буданд ва аз онҳо пурсиданд:

— Кӣ имрӯзашро бо рӯза доштан гузаронид?

Дарҳол Абубакри Сиддиқ(р) гуфт:

— Ман, эй Паёмбари Худо.

Сипас Паёмбари Худо пурсиданд:

— Кӣ аз шумо имрӯз намози ҷаноза гузорид?

Боз дарҳол Абубакри Сиддиқ(р) гуфт:

— Ман, эй Паёмбари Худо.

Сипас Паёмбари Худо пурсиданд:

— Кӣ аз шумо имрӯз мискинеро таъом дод?

Абубакри Сиддиқ(р) гуфт:

— Ман, эй Паёмбари Худо .

Боз Паёмбари Худо пурсиданд:

— Кӣ аз шумо имрӯз ба аёдати беморе рафт?

Боз ҳам Абубакри Сиддиқ гуфт:

— Ман, эй Паёмбари Худо .

Сипас, Паёмбари Худо гуфтанд:

— Ҳар шахсе, ки дорои чунин хислатҳост, ҳатман ӯ дохили ҷаннат мегардад[41].

39. Он шайхро чӣ ба гиря оварда буд

Паёмбари Худо болои минбар нишаста ба мардум хутба эрод намуда панд медоданд. Дар ҳоле, ки ашк аз чашмони мубораки Паёмбар (с) равон буд, гӯё он Ҳазрат(с) бо онҳо хайрухуш мекарда бошанд ва ё охирин хутбаашонро мехонда бошанд, асҳобашонро васият намуда, чунин гуфтанд:

— Худованд бандаашро ихтиёр дод, то ки аз миёни дунёи моддӣ ва он чи назди Парвардигор аст якеро интихоб кунад ва бандааш дуюмиро баргузид. Ин ҳангом Абубакри Сиддиқ(р) фарёд баровард ва ҳама ҳозиринро дар як ҳолати изтиробоваре қарор дод ва дар ҳоле ки ашкҳояш болои рухсораҳояш равон буд, чунин гуфт:

— Фидоят шавем, фидоят шавем бо падарон ва модаронамон, фидоят шавем бо падарон ва модаронамон.

Ҷамъомадагон хостанд оромаш намоянд ва дар ҳоле, ки ҳамагонро ҳайрат фаро гирифта буд, онҳо ба якдигар менигаристанд ва бо ишораи чашму абру сабаби гиря ва аз даст рафтани сабру таҳаммули ин шайхи бузургворро аз якдигар мепурсиданд. Вале қавм бе чуну чаро медонист, ки Абубакр(р) яке аз донотарин ва яке аз орифтарини онҳост ва Абубакри Сиддиқ (р) фаҳмида буд, ки бандае, ки Худованд барои интихоби дунёи моддӣ ва ҳамҷавории худаш ихтиёраш дод, Расули акрам(с) аст. Гиряи Абубакр(р) аз ҳамин хотир буд. Дар ҳақиқат чунон низ шуд. Чанд рӯзе нагузашта Паёмбари Худо ин дунёи фониро падруд гуфтанд ва рӯҳи поки он Ҳазрат(с) ба назди Парвардигорашон боло баромад[42].

40. Ҳароина шумо мисли занҳои замони Юсуф(а) ҳастед.

Чун бемории Расули акрам(с) шиддат ёфт, амр намуданд, ки барои намоз гузоридан баҳрашон муттакое дуруст намоянд, то бо кӯмаки он нишасту хез кунанд.

Ин ҳангом ҳазрати Билол(р) омад, то ин ки азони намозро бигӯяд. Паёмбари Худо аз таъсири он беморӣ, бисёр нотавон гашта буданд ва бо овози хаста гуфтанд:

-Ба Абубакр(р) расонед, то намози қавмро гузорад (яъне, пеш гузашта имоми намоз гардад). Модари мӯъминон Оиша (р) гуфт:

— Эй Паёмбари Худо Абубакр(р) мардест ниҳоят ҳассос ва дорои дили нарм. Вақти имоматӣ гиря мекунад ва мардум аз садои гиря қироаташро намешунаванд. Эй Паёмбари Худо, беҳтараш амр менамудед, ки Умар(р) имом шавад.

Паёмбари Худо баъд аз чанд лаҳза сухани аввалаашонро дубора такрор намуданд: «Бигӯед Абубакр-ро то намози мардумро бигузорад».

Оиша(р) ба хонуми дигари Паёмбар Ҳафса(р) гуфт, ки ба Паёмбар(с) бигӯй, ки ҳароина, Абубакр(р) марди ҳассос ва дорои дили нарм аст ва агар бо мардум намоз бигузорад, мардум аз шиддати гиряааш оятҳои Қуръонро намешунаванд. Аз ин рӯ беҳтар мебуд, ки барои имоматӣ Умар(р)-ро маъмур созанд.

Дар ҷавоби ин завҷаашон модарамон Ҳафса(р), Паёмбари Худо ба ғазаб омада гуфтанд:

— Ҳароина, шумо мисли занҳои Юсуф(а) ҳастед, бигӯед Абубакр-ро, ки намози мардумро бигузорад.

Чун Абубакри Сиддиқ(р) намозро шурӯъ кард, Паёмбари Худо дар худ сабукие дарёфт ва оҳиста-оҳиста роҳ рафта, ба масҷид даромад. Абубакр(р) омадани Паёмбарро ҳис карда аз ҷояш қафо рафт, Паёмбар(с) амр намуданд, ки дар ҷояш истад ва имоматиро идома диҳад, вале Сиддиқ(р) бошад як каме қафо омада, ба саф баробар шуданд.

Вақте қавм намозро бо имоматии Абубакр(р) гузориданд, Паёмбари Худо хитоб ба Абубакр(р) намуда гуфтанд:

— Эй Абубакр, вақте туро амр намудам, ки дар ҷоят биист, чӣ туро аз истодан дар пеши саф манъ кард?

Абубакри Сиддиқ (р) бо садои маҳин ва бо сари хам чунин гуфт:

— Ҳеҷ имкон надорад, ки Ибни Абуқуҳофа (Абубакри Сиддиқ (р)) дар пешорӯи Паёмбари Худо (с) намоз гузорад[43].

41. Хеле хуб кардед.

Вақти намоз шуд, аммо Паёмбари Худо дар хонаашон бемор буданд.

Пас Билол (р) ба Абубакр(р) гуфт:

— Вақти намоз фаро расидааст, аммо Паёмбари Худо ҳозир нестанд. Агар ман азон ва иқомат гӯям, шумо намозро мегузоред (яъне имом мешавед)?.

Абубакр(р) гуфт:

Агар хоста бошӣ мегузорам.

Сипас Билол азон дод ва иқомаи намоз гуфт. Абубакр (р) дар намоз имоматӣ кард. Бори дуввум ё саввум буд, ки чунин кор иттифоқ меафтод .

Пас, ҳангоме ки Паёмбари Худо дар бадани худ як каме сабукӣ эҳсос намуданд ба сӯйи масҷид омаданд, ки аллакай намозро гузорида буданд.

Пас пурсиданд:

— Оё намозро гузоридед?

Гуфтанд: Бале.

Паёмбари Худо гуфтанд:

— Намозро бар шумо кӣ гузорид?

Гуфтанд: Абубакр (р).

Паёмбари Худо дар ҳоле ки табассум дар лабҳояшон намудор гашт, гуфтанд:

— Хеле хуб кардед. Чун дар миёни қавм Абубакр бошад, ба имоматии шахси дигар ҳоҷат нест[44].

42. Чи бӯйи хуш дорад мурда ва зиндаи ӯ(с).

Ҳазрати Абубакри Сиддиқ (р) ба сӯи баландие дар канораи шаҳри Мадина ба тарафи манзилаш рафт, то ки каме истироҳат кунад ва баъзе корҳояшро ба анҷом расонад. Вале чандон вақти зиёде нагузашта, шахсе ошуфтаҳол ва парешонхотире афтону хезон омад, то ки хабари ғамангез ва мудҳишеро ба ӯ бирасонад, ки шояд пас аз шуниданаш ҳазрати Абубакр(р) мувозинаташро гум намуда ба по рост истода натавонад. Ин шахс дар ҳоле, ки ашк дар рухсораҳояш равон буд, дар назди хонаи Абубакр (р) бо садои баланд мегуфт:

— Эй Абубакр, эй Ибни Абуқуҳофа!

Пас аз шунидани ин садоҳо Абубакр(р) берун шуд ва ба сӯйи он мард нигарист. Вай бошад аз сӯзиши дил ва резиши ашк лабҳои худро боз намуда наметавонист ва нафасаш ӯро гулӯгир карда буд. Баъд аз андаке вай бо азоб ба сухан даромада чунин гуфт:

— Паёмбари Худо аз дунё гузаштанд.

Аз шунидани ин хабар чашмони Абубакри Сиддиқ(р) пур аз об шуд. Рух додани чунин воқеъа барои аҳли Мадина хеле сангин буд. Ин фоҷиаи талх аз барои Абубакр(р) ба монанди тири марговар асар гузошт. Ин ҳангом Абубакр (р) аз худ бехуд шуд. Чунин ба назараш менамуд, ки замин дар зери пояш ба ҳаракат даромадааст ва кӯҳҳо дар атрофаш давр мезананд. Абубакр(р) ба сӯйи хонаи Паёмбар(с) шитофт. Баъзе одамонро нишаста ва бархеро бархоста, гурӯҳеро ором ва гурӯҳи дигареро мусибатзада дарёфт. Вале аз чашмони ҳамагон ашк ба монанди сел равон буд. Ҳатто Умар(р) бо он ҳайбати кӯҳмонандаш, худро аз даст дода буд ва дар ин ҳангом шамшерашро аз ғилоф бароварда, бо садои баланд мегуфт:

— Шахсе мегӯяд, ки Муҳаммад(с) мурдааст, бо ин шамшер гарданашро мезанам.

Абубакр (р) ба хона дар ҳоле дохил гардид, ки мардумон ҳама ҳаяҷонзада буданд. Дар як тарафи хона дар назди девор Паёмбар(с)-ро гузошта, ба болои он ҳазрат чодаре андохта буданд. Абубакр(р) оҳиста-оҳиста назди Паёмбар(с) омада чодарро аз руйи он Ҳазрат(с) бардоштанд ва охирин бӯсаи видоъро бар пешонии он Ҳазрат гузоштанд. Ба димоғи ҳазрати Абубакр(р) аз ҷасади Паёмбар(с) бӯйи мушк расид ва Абубакр(р) чунин гуфтанд:

— Чӣ хушбӯй аст мурда ва зиндаи ту, эй Паёмбари Худо.

Сипас, аз ҷояш бархост ва бо душворӣ аз хона берун шуд. Гӯё пойҳои ӯ тоқати бардоштани он тани нозукашро надоштанд.

Абубакр(р) рӯ ба мардуми дар он ҷо ҷамъомада карда бо садои баланд гуфт:

— Ҳар фарде, ки Муҳаммад(с)-ро мепарастид, пас бидонад, ки дар ҳақиқат Муҳаммад мурдааст ва шахсе, ки Худовандро мепарастад, бидонад, ки Худованд зинда аст ва ҳаргиз намемирад ва сипас ин оятро ба онҳо қироат намуд.

«Ва ҷуз ин нест, ки Муҳаммад паёмбарест, ки пеш аз вай паёмбароне дигар буданд. Оё агар бимирад ё кушта шавад, шумо ба ойини пешини худ бозмегардед? Ҳар кас, ки баргардад, ҳеҷ зиёне ба Худо нахоҳад расонид. Худо сипосгузоронро подош хоҳад дод[45]».

(Сураи Оли Имрон ояти 144).

43. Занҳои афъимонанд.

Хабари марги Паёмбари Худо дар ҳама канори олам мунташир гардид. Ин хабар даҳон ба даҳон ба маҳфилҳо ва ҷамъомадҳо расид. Дере нагузашта, хабар ба Ҳазрамавт (Ямани кунунӣ) расид. Пас аз шунидани ин хабар, мунофиқон макрро пеша карданд ва одамони мисли морҳои афъӣ бадкеш аз хонаҳояшон берун омаданд. Ҳатто баъзе аз занҳо дастҳояшонро ҳино намуда (арабҳо ҳиноро фақат дар рӯзҳои хурсандӣ истифода мебаранд), гирди ҳам ҷамъ меомаданд ва аз хушҳолӣ дойразанӣ мекарданд.

Пас аз дидани чунин манзараҳои дилхарош як марди ғаюри мусалмон барои пешгирӣ аз чунин амалҳои номатлуб дарҳол ба Абубакри Сиддиқ (р), ба Мадинаи мунаввара номае равон кард ва дар он чунин нигошт:

«Маълум бод ба ту, эй Абубакр(р), агар ба мулки мо ташриф наорӣ, шақовату бадбахтӣ онро яксара фаро мегирад. Баъзе аз занҳои маҳал чун аз марги Паёмбари Худо огоҳ гаштанд дарҳол дастҳои худро ҳино бастанд. Пас, шуморо зарур аст, ки онҳоро аз чунин амал манъ намоед, вагарна чунин амалҳо оқибати нохуш хоҳанд овард».

Бешак, расидани чунин нома ба мисли як оташпорае буд ва Абубакри орому фурӯтанро ба як вулқони оташин табдил намуд ва ӯ ба монанди шамшере, ки ботилро аз пой меафтонад ва нифоқро решакан мекунад, ба чорасозӣ камари ҳиммат баст.

Ӯ дарҳол ба сӯйи онҳо яке аз коргузоронашро равон намуд, то ки аз Худо ва Паёмбар(с) дифоъ намояд. Чун он коргузор ва намояндаи Абубакр(р) ба он маҳал расид дарҳол ҳамон занҳоро пайдо кард ва дастҳояшонро бурид[46].

44. Шахсе ки дорои ин се фазилат аст.

Дар назди Сақифаи бани Соъида намояндагон аз ҳар қабила ҷамъ омада буданд ва чунон байни ҳам омехтаю бисёр буданд, ки ҷойи сӯзанзанӣ ёфт намешуд. Садоҳои онҳо низ хеле пурошӯб ба гӯш мерасид, дар ниҳояти амр, суханҳо ба шӯру ғавғо табдил ёфтанд.

Ансор (аҳли Мадина) мегуфтанд:

— Аз мо як амир ва аз шумо як амир.

Сипас Умар(р) аз ҷойи худ бархост ва чунин гуфт:

— Ду шамшер дар як ғилоф ҳаргиз намеғунҷанд. Ва ба ҳазрати Абубакри Сиддиқ (р) наздик шуд ва аз дасти муборакашон гирифт ва бо садои баланд ба ибрози фазилатҳои Абубакри Сиддиқ(р) оғоз намуд ва чунин гуфт:

— Кӣ дорои ин се фазилат аст?

1.-«Ҳангоме, ки мегуфт бо ҳамсӯҳбаташ …»

(Сураи Тавба ояти 40)

-Кист он ҳамсӯҳбаташ?

Ҳама гуфтанд:

Абубакри Сиддиқ (р).

Сипас Умар (р) гуфт:

2.-«Ҳангоме, ки буданд дар ғор….»

(Сураи Тавба ояти 40)

-Кӣ буданд он ду нафар?

Ҳама гуфтанд:

— Паёмбар(с) ва Абубакри Сиддиқ (р).

Пас, Умар(р) гуфт:

3.-«Худованд бо мост ..»

(Сураи Тавба ояти 40)

-Ҳамроҳи кӣ?

Ҳама гуфтанд:

— Ҳамроҳи Паёмбар(с) ва Абубакр (р).

Пас аз ин калимот Умар(р) ба онҳо хитоб намуда чунин гуфт:

— Пас, кадоме аз шумо мехоҳад (дар хилофат) аз Абубакр(р) пешдастӣ намояд?

Ҳама гуфтанд:

— Аз Худо паноҳ металабем дар пешдастӣ намудан ба ин амр аз Абубакри Сиддиқ (р).

Пас, Умар(р) пеш омад ва рӯ ба рӯйи Абубакр(р) истод ва чунин гуфт:

— Дастатро бидеҳ то бо ту байъат кунам (яъне даст диҳам, ки ба хилофати ту розиям ва туро итоат мекунам).

Чун Умар(р) байъат намуд, баъди ӯ ҳама аз ҷойҳои худ бархостанд ва бо ҳазрати Абубакри Сиддиқ(р) байъат намуданд. Ин беҳтарин байъат буд ва он маросимро хело зебо анҷом доданд[47].

45. Хутбаи нахустин.

Абубакри Сиддиқ (р) бо ҳаё ва виқор ба минбари Паёмбари Худо наздик шуда, пойи росташро ба зинаи аввал гузошта пои дуюмашро низ баланд кард ва дар он зина каме истод. Пас аз таваққуф пояшро ба зинаи дуюм гузошт ва чун ба зинаи сеюм боло баромад, баданашро ларза фаро гирифт ва он ҷо таваққуф кард ва ҷуръати ба зинаи аз он боло, ки ҷойи нишасти Паёмбар(с) буд, пой гузоштанро накард ва аз ҳаракат боз монд ва барои худ ба он ҷо баромада нишастанро раво надид.

Абубакри Сиддиқ (р) масулияти вазнини халифагиро эҳсос намуда ашкҳои аз чашм резонашро бо дастонаш пок намуд ва ба ҷамъомадагони бешумор рӯй оварда гуфт:

— Эй мардум, ман фармонраво ва сардори шумо интихоб гаштам ва ҳол он ки беҳтар аз шумо нестам. Агар кори нек намудам, дастгириям намоед. Агар кори баде кардам, дурустам намоед. Ҳароина, нотавоне аз шумо қувватманд аст дар назди ман, то ки ба ӯ ҳақашро адо намоям, вале шахси тавонои шумо дар назди ман нотавон аст, то ин ки ҳақро аз ӯ биситонам.

Итоат намоед маро, модоме, ки Худо ва Паёмбари Ӯро итоат кардам.

Агар итоат накардам ин дуро, пас бар шумо итоати ман воҷиб нест[48].

46. Агар закоти солонаи чаҳорпоёнро надиҳанд, бо онҳо ҷанг хоҳам кард.

Хабари вафоти Паёмбари Худо барқвор мунташир гашт ва ашхоси нифоқангез бо чеҳраҳои хушҳол ва қаноатманд, мисли рӯбоҳони маккор дар фикри гумроҳ кардани мардум саргарм буданд. Баъзе дурӯғгуён ашхоси содалавҳро пайрави ақидаҳои пучу беасоси хеш мегардониданд. Пас аз ин воқеъаҳо шӯълаҳои нахустини оташи мункирон сар зад. Замин аз чунин ашхоси моҷароҷӯ наздики баларза омадан буд.

Дар чунин ҳолат Абубакри Сиддиқ (р), муҳоҷирон ва ансорро ҷамъ кард, то ин ки бо онҳо машварат бикунад ва рӯй ба онҳо оварда, чунин хитоб кард:

— Огоҳӣ ёфтем, ки арабҳои бодиянишин аз додани закоти солонаи чаҳорпоёнашон, аз қабили гӯсфанд ва уштур саркашӣ кардаанд. Онҳо чунин иброз доштаанд, ки он шахсеро, ки кӯмакаш менамудем вафот кардааст. Ба сӯйи ман (Абубакри Сиддиқ (р)) ишора намудаанд, ки ман марди оддие аз шумо ҳастам. Ин ҳангом Умар (р) аз ҷои худ бархоста мегӯяд:

— Ман пазируфтани намоз ва ба ҳоли худ гузоштани закотҳояшонро беҳтар мешуморам, зеро онҳо нависломовардагон ҳастанд.

Чун Абубакри Сиддиқ (р) ба чеҳраҳои ҷамъомадагон нигарист, эҳсос намуд, ки онҳо ба гуфтаҳои Умар (р) розианд. Сипас Абубакри Сиддиқ (р) аз ҷойи худ бархост ва ба минбар баромад. Пас аз ҳамду сано гуфтани Худо бо садои хеле возеҳу равон, ки ҳар суханаш аз аъмоқи дили саршор аз имонаш берун меомад, мисли шери жаён, бо як ҷасорати комил, ин марди лаҳзае пеш ҳалиму фурӯтан чунин гуфт:

— Савганд ба Худо, ҳаргиз фармудаи Худовандро нахоҳам гузошт, то он даме, ки ҳукми Худоро ҷорӣ насозам, мубориза хоҳам бурд. Агар касе аз мо дар ин мубориза кушта шавад, пас ӯ шаҳид мешавад ва бешак аз аҳли ҷаннат аст. Агар касе баъд аз сари мо зинда монад, пас, замини Худовандро ба мерос хоҳад бурд. Савганд ба Худо, ки агар онҳо аз додани закоти солонаи чаҳорпоёнашон, ки дар даврони Паёмбари Худо медоданд, боз истанд, ҳароина бо онҳо ҷанг хоҳам кард, агарчӣ ба онҳо дар набарди бо ман дарахтон, хокҳо, инсонҳо ва ҷиниён кӯмак намоянд.

Пас аз шунидани чунин суханони шуъҷоатмандонаи Абубакри Сиддиқ (р), Умар (р) бо нидои Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар, фарёд баровард ва баъд чунин гуфт:

-Савганд ба Худо, ки Абубакри Сиддиқ (р) ҳақ аст[49].

47. На ман савор мешавам, на ту фуруд меоӣ.

Сарлашкари ҷавону шуҷоъ Усома ибни Зайд (р) болои аспи даванди худ нишаста буд. Дар назар мисли шери жаён менамуд. Дилаш пур аз муҳаббати Худо ва Паёмбари Худо буд. Ба ростӣ, имони ин навҷавони шуҷоъ мисли шохаи дарахти пурсамаре буд.

Абубакри Сиддиқ (р) ба наздаш бо як виқор ва эҳтироми хосса наздик шуд. Он ҳазрат, пас аз он ки сипоҳро ба танзим даровард, ба назди сарлашкари сипоҳ, ки хеле ҷавон буд, шитофт. Абубакри Сиддиқ (р) дар паҳлӯи сарлашкар, ки савори асп буд пиёда равон гардид. Пойҳои муборакаш дар регҳои сузони саҳро фурӯ мерафт ва ҳатто, ҳангоме ки асп роҳ мегашт, ба пироҳани Абубакр (р) регҳои сӯзони он саҳроро мепошид. Сарлашкари ҷавон чунин ҳолатро дида, шафқат ва лутфаш бар халифаи мусалмонон зиёд гашт. Пас, бар ӯ нигоҳе кард ва боадабона чунин гуфт:

-Эй халифаи Паёмбари Худо, савганд ба Худо, ё ки савори асп мешавӣ, ё ки ман аз аспам мефароям.

Пас Абубакри Сиддиқ (р) чунин гуфт: Савганд ба Худо, на ту аз аспат мефароӣ ва на ман савор мешавам. Оё ту медонӣ ҳангоме, ки ман қадамҳоямро соате дар роҳи Худо ғуборолуд менамоям чӣ савобе мунтазири ман аст[50].

48. Фурӯшандаи либос.

Пеш аз тулӯъи офтоб, Абубакри Сиддиқ(р) аз хонааш дар ҳоле берун шуд, ки болои сараш бухчаи матоъҳоро гузошта ва бо рӯҳи болидае ба сӯи бозор мешитофт. Дар ҳамин вақт Умар(р) ва Абуубайда ибни Ҷарроҳ(р) ӯро дида, ба сӯяш тохтанд ва омада истода Умар(р) бо садои баланд пурсид:

-Эй халифаи Паёмбари Худо, ба куҷо?

Абубакри Сиддиқ(р) дар ҳоле, ки он буғчаи либосҳоро болои сараш нигоҳ медошт ба тарафи онҳо нигариста гуфт:

— Ба сӯйи бозор.

Умар(р) боз пурсид:

— Дар бозор чӣ кор мекунӣ?

Абубакри Сиддиқ(р) бо таъаҷҷуб гуфт:

— Либосҳоро мефурӯшам.

Умар(р) гуфт:

— Ту ку машғулият дорӣ.

Абубакри Сиддиқ (р) андаке хомӯш истода савол кард:

— Хилофатро дар назар дорӣ?

Умар (р) гуфт:

— Бале.

Ин лаҳза Абубакри Сиддиқ(р) дастҳояшро тоб дода гуфт:

— Пас, хонаводаамро аз куҷо бихӯронам, эй Умар ибни Хаттоб (р)?

Умар(р) гуфт:

— Аз байтулмол чизе аз нафақа бароят ҷудо менамоем.

Абубакри Сиддиқ(р) ин суханро пазируфт, зеро дар он нафъи мусалмононро медид. Ба ин хотир аз нимароҳ бозгашту дигар ба бозор нарафт[51].

49. Гиряи Умми Айман.

Пас аз вафоти Паёмбари Худо абрҳои тираи ғаму андӯх фазои қалбҳоро фаро гирифт ва чеҳраҳо тира гаштанд. Абубакри Сиддиқ (р) аз чунин андӯҳ худро бо сабр таскин медод ва Умар(р)-ро дилбардорӣ намуда, ба ӯ гуфт:

-Биё, ба хонаи Умми Айман меравем, то ӯро чуноне ки Паёмбари Худо зиёрат мекарданд зиёрат кунем. Онҳо равон гашта чун ба манзили ӯ расиданд, Умми Айман бо дидани онҳо ихтиёрро аз даст дод ва ба гиря даромад.

Ёрон ба ӯ гуфтанд:

— Чаро гиря мекунед?

Оё намедонед, ки он чӣ назди Худост барои Паёмбари Худо беҳтар аст.

Умми Айман дар ҷавоб гуфт:

— Ман медонам, ки он чӣ назди Худост барои Паёмбари Худо беҳтар аст, вале барои он мегирям, ки нузули ваҳй аз осмон қатъ гашт.

Ин сухан он дуро ба ҳаяҷон овард ва онҳо низ бо ӯ гирён шуданд[52].

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *