Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Саду як киcса аз хаёти Абубакри Сиддиқ (р)

9. Шабе аз ҳаёти Абубакр (р) беҳтар аст аз авлоди Умар (р).

Субҳгоҳон гурӯҳе аз мардумон бо якдигар нишаста, сӯҳбат мекарданд. Бархе аз онҳо чунин мегуфтанд, ки фазилати Умар (р) аз Абубакр (р) зиёд аст. Ин сухан дар шаҳр мунташир гашт ва овоза ба гӯши Амирулмӯъинин Умар ибни Хаттоб расид. Пас аз шунидани ин овоза ба сӯйи он гурӯҳи нишастагон равон гардид ва ба онҳо хитоб намуда чунин гуфт:

— Савганд ба Худо, шабе аз ҳаёти Абубакр (р) беҳтар аст аз авлоди Умар (р) ва рӯзе аз Абубакр(р) беҳтар аст аз авлоди Умар. Сипас як корномаи Абубакр (р)-ро ҳикоят кард, то ин ки манзалат ва фазилати он марди бузургро ба нишастагон иброз намояд.

Вай чунин гуфт:

— Паёмбари Худо шабе ба қасди паноҳ бурдан дар ғор аз манзилаш берун шуд. Ҳамроҳи он Ҳазрат (с) Абубакр (р) буд. Ӯ чанд лаҳза пешо-пеши Расули Худо ва чанд лаҳзаи дигар аз пушти он Ҳазрат роҳ мерафт .

Ин амали Абубакр (р) Расули акрам (с)-ро ба тааҷҷуб овард. Расули акрам (с) ба Абубакр (р) гуфт, ки аз чи сабаб соъате пешо — пеши ман ва соате аз пушти ман меравӣ?

Абубакр (р) бо садои ҳӯзномез гуфт:

— Эй паёмбари Худо ашхосеро, ки хоҳони боздоштани шумоянд ба ёд меорам, ки мабодо ба шумо аз пушт газанде расад. Ба ин хотир аз дунболи шумо меравам, то ин ки ҳар газанде расад ба ман расад. Гоҳе ба ёдам меояд, ки мабодо душманон аз пеши рӯи шумо дар камин бошанд, пас ин ҳангом пешо-пеш ҳаракат мекунам, то ҳар газанде, ки ояд нахуст бар ман расад. Расули акрам (с) гуфтанд:

— Эй Абубакр (р), ту мехоҳӣ, ки осеб ба ту расад ва ман газанде набинам? Абубакр (р) дар ҳоле, ки шавқи дӯстдории он Ҳазрат (с) вуҷудашро фаро гирифта буд гуфт:

— Бале, савганд ба он Худое, ки туро фиристодааст.

Чун наздики ғор расиданд Абубакр (р) Расули акрам (с)-ро аз роҳравӣ боз дошт ва чунин гуфт:

— Дар ҷои худ биистед, бигузоред, то ман пеш аз шумо дохил шавам. Агар море ё чизи дигаре бошад, зарар ва заҳматаш нахуст ба ман расад. Абубакр (р) ба ғор дохил шуд ва бо дастҳои мубораки худ сурохиҳоро ҷустуҷӯ намуд. Ҳар гоҳ сурохие меёфт, онро бо порае аз либосҳояш пур мекард.

Бо ҳамин тарз ҳамаи сурохиҳоро бо либосҳои дар бадан доштааш пур намуд. Чун барои маҳкам кардани сурохии охирин дигар чизе надошт, пои муборакашро рӯи он сурохӣ гузошт. Сипас Паёмбари Худо ба ғор дохил шуд.

Ҳангоме, ки субҳ дамида рӯз шуд ва офтоб дунёро равшан кард, Паёмбари Худо Абубакр (р)-ро дид, ки дар баданаш ҳеҷ либосе надорад. Расули акрам (с) бо тааҷҷуб пурсиданд:

— Куҷост либосҳои ту, эй Абубакр (р)?

Абубакр (р) Расули акрамро аз воқеъа хабардор кард. Расули акрам ҳар ду дасташро бардошта, чунин дуъо кард:

— Эй Бор Худоё, дараҷаи Абубакр (р)-ро дар рӯзи қиёмат баробари дараҷаи ман бигардон. Аз ҷониби Худо ба сӯйи Паёмбар ваҳй омад:

— Эй Муҳаммад (с), дуъои туро дар ҳаққи Абубакр (р) қабул фармудам. Сипас Умар ибни Хаттоб (р) гуфт:

— Савганд ба он Худое, ки ҷони ман ба дасти ӯст, он шаби аз ҳаёти Абубакр (р) беҳтар аст аз авлоди Умар (р)[11].

10. Сурохиҳо ва лонаҳои морҳои афъӣ.

Паёмбари Худо ва дӯсташ дар торикии ғор пинҳон гаштанд.Сиёҳии шаб ҳама ҷоро фаро гирифта буд. Ба гӯши эшон овозҳои дилхароши мушрикон, ки то наздкии он ғори торик омада буданд, мерасид. Паёмбар (с)-ро хоб фаро гирифт ва чашмҳои он Ҳазрат (с) пӯшида гаштанд. Паёмбар сари муборакашро ба синаи Абубакр (р) гузошта хобиданд. Пас аз гузашти чанд соате, пои Абубакр (р), ки бо он сурохии морҳоро маҳкам карда буд неши заҳрогини мори афъиро эҳсос кард. Вале ҳазрати Абубакр (р) аз ҷои худ такон намехурд, ки мабодо Паёмбар (с)-ро нороҳат созад ва ӯро аз хоби нозаш бедор намояд, вале аз шиддати дарди ҷонкоҳе, ки бар пояшон аз таъсири неши мор расида буд ашк аз чашмонашон ба рӯйи мубораки Паёмбар (с) рехт. Дар ин ҳол Паёмбари Худо аз хоб бедор гаштанд ва ба сӯйи Абубакр (р) нигариста гуфтанд:

— Ба ту чӣ шуд, эй Абубакр (р)?

Абубакр (р) дар ҷавоб гуфт:

— Фидои ту бод падар ва модари ман. Пои маро мор газид ва хеле зиёд дард дорад. Паёмбари Худо дарҳол ба ҷои нешзадаи мор оби даҳони муборакашонро гузоштанд, пас аз он асароти заҳри неши мори афъӣ аз пои Абубакр (р) дур шуд, мисли он ки чизе нашуда бошад.Танҳо пас аз вафоти Расули акрам (с) асари он заҳр бар Абубакр (р) баргашт[12].

11. Маҳзун машав, ҳароина Худо бо мост.

Саркардагони аждаҳомонанди мушрикон ва кофирони шайтонсурат дар пайи ҷустуҷӯйи Паёмбар (с) ва ёри ӯ буданд. Ҳамаи онҳо савора ба назди кӯҳи Савр расида ба дари ғор, он ҷое, ки Паёмбар (с) ва ёраш дар он пинҳон буданд, истоданд. Чун Абубакр (р) савораҳоро дид, вуҷудашро тарс фаро гирифт. Ӯ хавф аз он дошт, ки онҳо ба Паёмбар ғолиб меоянд. Ин ҳангом Паёмбар(с) Абубакр (р)-ро диданд, ки хеле ҳаросон аст ва барои он, ки тарсро аз дили Абубакр (р) дур намоянд, чунин гуфтанд:

— Маҳзун машав, ҳароина Худо бо мост.

Абубакр (р) бо як садои хеле паст гуфт агар яке аз онҳо ба поён бингарад ҳароина, моро мебинад.

Паёмбар (с) ба Абубакр(р) гуфт:

— Эй Абубакр, дар бораи он ду нафаре, ки Худованд севвумини онҳо бошад, гумонат чист?.

Пас ин ояти Қуръон нозил гардид.

Агар шумо ёриаш накунед, он гоҳ, ки кофирон берунаш карданд, Худо ёриаш кард. Яке аз он ду ба ҳангоме, ки дар ғор буданд, ба рафиқаш мегуфт: «Андӯҳгин мабош, Худо бо мост!». Худо ба дилаш оромиш бахшид ва бо лашкарҳое, ки шумо онҳоро намедидед, қувваташ дод. Ва каломи кофиронро паст гардонид, зеро каломи Худо болост ва Худо пирӯзманду ҳаким аст[13].

(Сураи Тавба ояти 40).

12. Ман аз Парвардигори худ розиям.

Бо як пироҳани кӯҳнаи порашуда Абубакри Сиддиқ (р) дар назди Паёмбари Худо нишаста буд. Дар ин вақт Ҷабраил (а) ба назди ин ду фуруд омад ва хитоб ба Паёмбар(с) намуда чунин гуфт:

— Эй Муҳаммад (с) барои чӣ Абубакр(р)-ро бо чунин либос мебинам? Паёмбари Худо гуфт:

— Эй Ҷабраил, Абубакр (р) ҳама молҳояшро ба ман қабл аз фатҳи Макка садақа кард.

Пас Ҷабраил гуфт:

— Худованд ба ту салом мерасонад ва мегӯяд, ки ба Абубакр (р) бигӯ: Оё ту, дар чунин ҳоли фақр аз Ман розӣ ҳастӣ ё норозӣ?

Паёмбар (с) гуфт:

— Эй Абубакр, Худованд ба ту салом мерасонад ва мегӯяд: Оё ту дар чунин ҳоли фақирӣ ва нодорият аз Ман розӣ ҳастӣ ё норозӣ?

Абубакр (р) ангушти ишорат бардошта, гуфт:

— Оё ман аз Худовандам норозиям?. Сипас бо шавқ фарёд намуд:

— Ман аз Парвардигорам розиям, ман аз Парвардигорам розиям, ман аз Парвардигорам розиям[14].

13. Сиддиқ дар ҷаннат аст.

Шаб поён меёфт, Паёмбари Худо ридояшонро дар замин паҳн карда буданд. Саҳобагон дар атрофи он Ҳазрат (с) ба мисли ситорагоне, ки дар гирди моҳи шаби чаҳордаҳ ҷамъ меоянд, ҳалқа зада буданд. Паёмбари Худо ба асҳобашон саргарми гуфтани қиссаҳои ширин буданд ва мегуфтанд:

— Марде дохили ҷаннат мегардад, ки ҳамаи аҳли биҳишт, ҳам дар ҳавлӣ будагон ва ҳам дар хонаҳо будагон ба он мард мегӯянд:

  • Хуш омадӣ, Хуш омадӣ! Ба назди мо биё

Абубакр(р) бо як шавқи зиёде гуфт: Эй Паёмбари Худо, кист он мард дар он рӯз? Паёмбар (с) ба сӯйи Сиддиқ бо чеҳраи кушода нигариста ба ӯ мужда мерасонад, ки он мард ту ҳастӣ, эй Абубакр (р).

Ҳангоме, ки Паёмбар (с) дар шаби меъроҷ ба олами улувӣ боло рафтанд ва дар ҷаннат дохил гардиданд, чашми он Ҳазрат (с) ба яке аз ҳурҳои биҳиштӣ афтод, ки Ҳурулайн номида мешуд ва мисли моҳи шаби чаҳордаҳ зебо буд. Паёмбари Худо ба мисли ӯ соҳибҷамолро надида буданд. Мижгонҳои ӯ ба монанди нӯги болҳои уқоб зебо буд. Паёмбари Худо хитоб ба он зан карда, гуфтанд:

— Ту аз барои кӣ ҳастӣ?

Ҳур дар ҷавоб гуфт:

— Ман барои халифаеам, ки баъд аз ту меояд[15].

14. Дарвозаҳои ҷаннат.

Паёмбари Худо дар ҳалқаи асҳоб нишаста буданд. Аз даҳони мубораки эшон дурру гуҳар меборид ва машоми сомеъонро бо суханонашон муаттар менамуданд. Паёмбари Худо гуфтанд:

— Шахсе, ки дар роҳи Худо аз моли худ ду чиз садақа намояд, аз сӯйи дарвозаҳои ҷаннат садо карда мешавад, ки эй бандаи Худо ин (амалат) хуб аст. Агар шахсе аз аҳли намоз бошад, пас фаро хонда мешавад аз дарвозаи намоз ва агар шахс аз аҳли ҷиҳод бошад, фаро хонда мешавад аз дарвозаи ҷиҳод. Агар шахс аз аҳли рӯза бошад, фаро хонда мешавад аз дарвозаи Райён ва агар шахс аз аҳли садақа бошад, фаро хонда мешавад аз дарвозаи садақа.

Абубакр (р) гуфт:

— Падару модарам фидои шумо бод эй Паёмбари Худо, банда, он амалҳоеро, ки зикр кардед, тарк накардаам (яъне ҳамаашро ба қадри тавонам анҷом додаам). Оё касе ҳаст, ки аз ҳама дарҳои биҳишт фаро хонда шавад?

Ин ҳангом лабҳои мубораки он Ҳазрат (с) ба табассум моил гаштанд ва чунин гуфтанд:

— Бале, эй Абубакр (р), аз Худо умеди онро дорам, ки ту аз ҷумлаи онҳо бошӣ[16].

15. Моро аз манзил гуруснагӣ берун овард.

Фасли гармо буд ва гармии тоқатфарсо ҳамаро фаро гирифта буд. Аз шиддати гармии ҳаво, гӯё аз регҳои сӯзон оташ аланга мезад. Дар чунин рӯзи тафсон Абубакр (р) аз манзил берун шуда, ба сӯйи масҷид равона буд, ки дар ҳамин ҳолат ӯро Умар ибни Хаттоб (р) дид ва гуфт:

— Эй Абубакр (р), туро дар ин соат чӣ зарурате аз хонаат берун овард?.

Абубакр (р) гуфт:

— Гуруснагӣ маҷбурам сохт, ки аз хона берун шавам.

Умар (р) гуфт:

— Савганд ба Худо, ки маро низ гуруснагӣ аз хона берун намудааст.

Онҳо байни худ машғули сӯҳбат буданд, ки Паёмбари Худо ба назди онҳо омад ва аз эшон пурсид:

— Шуморо чӣ чиз аз хонаҳоятон дар чунин рӯзи тафсон берун овард?

Ҳар ду гуфтанд:

— Моро ба ҷуз гуруснагӣ чизи дигаре берун наовардааст. Ғизое пайдо накардем ва хеле гуруснаем.

Паёмбари Худо гуфт:

— Савганд ба Худое, ки ҷони ман ба дасти Ӯст маро низ чунин ҳолат берун овардааст (яъне, гуруснагӣ).

Пас ба он ду нафар гуфт:

— Бо ман биёед ва сӯйи хонаи Абуаюби Ансорӣ равон шуданд.

Абуаюб ҳамеша таоме ва ё шир барои Расули Худо нигоҳ медошт, вале он рӯз чун Расули акрам (с) аз вақти муқаррарӣ дер омад, Абуаюб чизҳои барои Паёмбар (с) омода кардаашро ба хонаводааш дода буд ва худаш дар нахлистони хурмо кореро анҷом медод.

Вақте назди дарвозаи Абуаюб расиданд, ҳамсари ӯ аз дар баромада чунин гуфт:

— Хуш омаданд Паёмбари Худо ва ҳамроҳонашон.

Паёмбари Худо пурсиданд:

— Куҷост Абуаюб?.

Абуаюб овози Паёмбар (с)-ро шунида, шитобон ба назди онҳо омад ва чунин гуфт:

— Хуш омаданд паёмбари Худо ва ҳамроҳонашон, ва узрхоҳона чунин идома дод:

— Эй Паёмбари Худо, аз вақти муайян гардида таъхир кардед.

Паёмбари Худо бо табассум сари муборакашонро ҷунбонида ва чунин гуфтанд:

-Рост гуфтӣ.

Пас, Абуаюб дарҳол ба сӯйи нахлистонаш равон гардид ва як навдаи хурмо овард, ки дар он хурмоҳои навпухта, хушк ва хом мавҷуд буд.

Пас, Паёмбари Худо меҳрубонона гуфтанд:

— Барои мо танҳо ин хурмоҳоро овардӣ?

Абуаюб табассумкунон гуфт:

— Эй Паёмбари Худо, лутф фармоед ва аз ин хурмоҳо бихуред, ҳатман, барои шумо чорпоеро сар мезанам.

Паёмбари Худо ба Абуаюб гуфтанд:

— Агар чаҳорпоеро сар задӣ, ҳаргиз ҳайвони ширдеҳро сар назанӣ.

Абуаюб чаҳорпоеро сар зад ва дарҳол ба ҳамсараш амр намуд, ки барояшон нон бипазад ва нисфи чаҳорпои сарзадашударо бирён намояд. Вақте ки таъом омода гардид онро назди Паёмбари Худо ва ду ёри гиромияш гузоштанд.

Пас аз хурдани таъом чашмони Паёмбар (с) пур аз ашк гардид ва чунин гуфтанд:

— Нон, гӯшт, хурмои тозапухта, хушк ва нимпаз. Савганд ба Худое, ки ҷони ман ба дасти ӯст, инҳо ҳамон неъматҳоеанд, ки банда дар рӯзи қиёмат аз онҳо пурсида мешавад[17].

16. Эй Абубакр, он дуро ба ҳолашон гузор.

Боре Абубакр (р) ғайричашмдошт ба хонаи духтараш Оиша (р) омад. Он рӯз иди миллӣ буд, овози мусиқӣ ва доира ба гӯш мерасид. Абубакр (р) ба саҳни ҳавлӣ даромад ва он ҷо ду занеро аз аҳли Ансор (аҳли Мадина) дарёфт, ки бо оҳанги рӯзи биос (рӯзи ташкилёбӣ) сурудхонӣ мекарданд. Паёмбар (с) дар болинашон якпаҳлу рӯяшонро гардонида дароз кашида буданд. Абубакр (р) ба онҳо бо садои хеле тунд бонг зад ва чунин гуфт:

— Оё шумо мазомири шайтонро дар хонаи Паёмбар менавозед?

Вақте ки Паёмбар овози Абубакр (р)-ро шуниданд чунин гуфтанд:

— Бигузор онҳоро, эй Абубакр (р), барои ҳар як қавм ид аст ва ин иди миллии моён аст.

Ҳангоме, ки хоб ба Паёмбар (с) ғалаба кард ва чашмони мубораки эшон пӯшида гардиданд, ҳазрати Оиша (р) ба онҳо ишорае намуд ва он ду зан аз хона берун рафтанд[18].

17. Дар расонидани хушхабар аз ман пешдастӣ кард.

Ситораҳо фурӯзон гашта, осмони Мадинаро зинат доданд.Торикӣ ҳама ҷоро фаро гирифт. Дар ин асно Паёмбар (с) бо Абубакр (р) ва Умар (р) мувофиқи ваъда аз манзилҳояшон баромада ва барои маслиҳати доштаашон дар роҳҳои Мадина қадам мезаданд, ки ногоҳ овози мардеро шуниданд, ки дар масҷид намоз мегузорид. Паёмбар(с) таваққуф намуда садои қироати ӯро гӯш дода истоданд. Мардро аз овозаш қариб шинохта будем, ки Паёмбар (с) пешдастӣ намуда, гуфтанд:

— Агар шахсе хоҳад Қуръонро чуноне, ки нозил гаштааст бихонад, пас бо тарзи қироати Ибни Умми Абд қироат кунад.

Чун Ибни Масъуд (р) дар масҷид қироаташро ба поён расонида нишаст ва дастҳои худро бардошта дуъо намуд, Паёмбар (с) дар ҳамин лаҳза гуфтанд:

— Бипурсад, медиҳад ӯро.

Сипас, ҳар як ба сӯйи хонаи худ равон шуданд.

Ибни Масъуд (р) (яъне, ҳамон Ибни Умми Абд) низ ба хонааш бозгашт.

Умар(р) андеша дошт, ки чӣ тавр ин хушхабарро ба Ибни Масъуд (р) бирасонад (яъне, он чиро, ки Паёмбар (с) дар ҳаққи ӯ гуфта буд).

Умар (р) бо худ гуфт:

— Савганд ба Худо, фардо бо ӯ хуроки нисфирӯзӣ хӯрда ин хушхабарро ҳатман, ба ӯ мерасонам.

Сипас, Умар (р) гуфтааст:

— Чун нисфирӯзӣ омадам, то ин хушхабарро ба ӯ бирасонам, Абубакр (р)-ро дучор омадам, ки аз назди ӯ бармегашт ва аз ман дар расонидани ин хушхабар пешдастӣ карда буд.

— Савганд ба Худо, дар корҳои хайр мекӯшидам, то ки аз Абубакр (р) пешдастӣ дошта бошам, вале ӯро доим пешдаст медидам[19].

18. Абубакр (р) ва Финҳоси Яҳудӣ.

Яҳудиёни аждаҳосифат дар таҳхонаҳои шайтонӣ, ба фикри тарҳрезии ҳиллаҳо ва дасисаҳои худ ҷамъ омада ва дар пайи зарар расонидан ба мусалмонон бо забонҳои ба мисли ханҷари хунин тези худ, пайт меҷустанд. Абубакр(р) тасодуфан ба онҳо дар ҳоле рӯ ба рӯ шуд, ки дар назди яке аз уламои машҳури худ ба номи Финҳос, ҷамъомад доштанд.

Абубакр(р) ба Финҳос хитоб карда гуфт:

— Марг бар ту эй Финҳос, аз Худо битарс ва исломро бипазир. Савганд ба Худо, ту огоҳӣ ва медонӣ, ки Муҳаммад(с) Паёмбари Худост ва барои шумо низ паёми барҳаққи Худовандро овардааст. Шумо дурустии рисолати Муҳаммадро дар китобҳои худ Таврот ва Инҷил мушоҳида кардаед. Финҳос бо як лаҳни таҳқиромез гуфт: Қасам ба Худо, эй Абубакр(р), мо дар назди Худованд камбағал нестем ва ҳароина, Худо дар назди мо фақир аст ва мо пеши Ӯ зориву тавалло намекунем,чуноне ки Худо дар назди мо зориву тавалло мекунад ва моён аз Ӯ дида сарватмандтарем ва Ӯ аз мо сарватмандтар нест. Агар Ӯ(ҷ) аз мо сарватмандтар мебуд, аз мо талаби қарз намекард, чуноне ки дӯсти шумо инро бо исрор(гаштаю баргашта) мегӯяд ва Худо шуморо аз рибо(суд, фоида, просент дар ивази қарз) боздошта ва моро иҷоззат додааст. Агар Худо аз мо сарватмандтар мебуд, пас моро рибо намедод. Абубакр(р) дар ғазаб шуд ва бошитоб сӯйи Финҳос омада ба рӯйи ӯ як зарбаи хеле сахт зад. Сипас бо садои баландтар аз наъраи Шер наъра зада чунин гуфт:

— Эй душмани Худо, савганд ба Худое, ки ҷони ман дар дасти Ӯст, агар миёни мо ва шумо аҳду паймоне намебуд, туро дарҳол сар мезадам.

Пас аз ин воқеъа, Финҳос ба сӯйи Паёмбари Худо рафт ва дар ҳоле, ки аз чашмонаш ашк мерехт, гуфт:

— Эй Муҳаммад(с), бубин, ки ёри ту бо ман чӣ кард.

Паёмбари Худо ба сӯйи Абубакр(р) нигариста пурсиданд:

Чӣ туро водор намуд, ки чунин кардӣ?

Абубакр (р) гуфт:

— Эй Паёмбари Худо, ин душмани Худо як сухани хатарноке гуфт. Ӯ мегӯяд, ки Худованд фақир аст ва ӯ сарватманд. Вақте бар Худованд чунин тӯҳмат зад ғазабам омад ва ба рӯяш задам.

Пас аз шунидани чунин суханон Финҳоси яҳудӣ фарёд бароварда суханони Абубакр(р)-ро инкор кард ва чунин гуфт :

— Эй Муҳаммад(с), Абубакр дурӯғ мегӯяд ва ҳаргиз ман чунин суханеро нагуфтаам. Ин ҳангом, Худованд ба тасдиқи қавли Абубакри Сиддиқ(р) ва радди суханони Финҳос ба Паёмбар(с) ваҳй фиристод.

«Ҳаройна Худо шунид сухани он касонеро, ки гуфтанд:«Худо бенавост ва мо тавонгарем». Гуфторашонро ва низ ин ки Паёмбаронро ба ноҳақ куштанд, хоҳем навишт ва мегӯем:«Азоби оташи сузонро бичашед[20]».

(Сураи Оли Имрон ояти 181).

19. Ислом овардани Абуқуҳофа (падари Абубакри Сиддиқ (р )).

Аз фатҳи Макка ва аз он макони муқаддас дур намудани шабаҳи куфру ширк ва вориди хонаи Каъба гаштану шикастани бутҳо бо дастони Паёмбар(с) ва танинандоз гардидани садоҳои «Аллоҳу Акбар» дар гирду атроф фурсати зиёде нагузашта буд, ки Абубакр(р) падараш Абуқуҳофаро роҳнамоӣ намуда, ба назди Паёмбар(с) овард. Чашмони падарашон нобино гашта буд.

Ҳангоме Паёмбари Худо ин ҳолатро диданд, ба Абубакр(р) насиҳатомез гуфтанд:

— Барои чӣ мӯйсафедро дар хонааш нагузоштӣ, то ман ба наздашон равам.

Абубакр (р) гуфт:

— Эй Паёмбари Худо, аз рафтани шумо ба назди ӯ дида омадани ӯ ба назди шумо воҷибтар аст.

Сипас, Абуқуҳофа бо як тамкини пирона дар рӯ ба рӯйи Паёмбар(с) нишастанд. Расули акрам(с) бо дастони муборакашон синаи ӯро молиш доданд, то ки пасмондаҳои куфрро аз синаи эшон хориҷ намоянд.

Пасон, ба ӯ хитоб намуда гуфтанд:

— Ислом биёвар!

Ӯ дарҳол ислом овард ва Худованд Абуқуҳофаро бо шарофати дастони Паёмбар(с) ҳидоят намуд[21].

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *