Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Саду як киcса аз хаёти Абубакри Сиддиқ (р)

20. Се чизе, ки натиҷаашон ҳатмист.

Марде Абубакр(р)-ро носазо гуфтан гирифт ва ҳақоратборонаш кард, вале ҳазрати Абубакр(р) чизе нагуфт. Паёмбар(с) дар назди Абубакр(р) нишаста буданд ва табассумкунон ба хомӯшии Абубакр(р) ҳусни таваҷҷӯҳ доштанд, аммо чун он мард дашном ва суханони носазоро аз ҳад зиёд намуд, Абубакр(р) хомӯширо шикаст ва барои он мард баъзе суханҳояшро ҷавоб гуфт. Паёмбар(с) ғазабнок гардиданд ва аз ҷояшон бархоста аз он макон дур шуданд. Абубакр(р) дарҳол ғазаби Паёмбарро эҳсос кард ва аз ҷои худ бархоста, худро ба Паёмбар(с) расонид ва гуфт:

— Эй Паёмбари Худо, дар ҳоле ки он мард маро дашном медод, шумо нишаста будед, вале вақте ман ҷавоб гуфтам, қаҳратон омад ва аз ҷоятон бархостед, сабаб чӣ буд?

Паёмбари Худо гуфт:

— Вақте ки хомӯширо ихтиёр кардӣ он ҷо фариштае ҳозир гардид, ки аз ту дифоъ мекард. Вале чун ба ӯ ҷавоб додӣ, дар он ҷо шайтон ҳозир гардид ва ман нахостам, ки ҳамроҳи шайтон бинишинам.

Сипас, Паёмбар(с) суханонашонро идома дода гуфтанд:

— Эй Абубакр(р), се чизест, ки натиҷаашон ҳатмист.

Якум, бандае, ки ситам карда шуд аз ҷониби ситамгаре, Худованд он ситамро аз ӯ дур мегардонад ва ӯро бар он золим фируз месозад.

Дуввум, мардест, ки ба хотири Худованд саховатмандиро ихтиёр кардааст. Худованд молу дороиашро зиёд мекунад.

Саввум, шахсест, ки ба хотири зиёд шудани сарват тамаъро ихтиёр менамояд. Худованд ба моли ӯ нуқсонро изофа менамояд[22].

21. Оё муборизе ҳаст.

Абдураҳмон ибни Абубакр(р) дар байни мушрикон бо ҷасорат ва пешоҳангӣ машҳур буд. Ӯ инчунин ҷавони боқувват ва зарбазани хубе буда, он ҳангом таъми лазизи имонро начашида буд. Боре дар майдони набард аз саф берун омад ва бо овози баланд нидо кард:

— Оё муборизе ҳаст?

Ин садо ба гӯши падараш Абубакри Сиддиқ(р), ки дар паҳлӯи Паёмбар(с) нишаста буд, расид. Бо шунидани ин нидо, Абубакр(р) ба шӯр омада монанди шери жаён, барои набард омода гардид, гарчанде нидодиҳанда ҷигаргӯша ва меваи боғи дилаш буд. Ин ҳангом Паёмбар(с) пеши роҳи Абубакр (р)-ро гирифтанд ва ӯро аз мубориза бо фарзандаш боздошта гуфтанд:

— Худатро ба даст гир, эй Абубакр (р)[23].

22. Посухи Абубакри Сиддиқ ба писараш.

Абдураҳмон писари Абубакр(р) ҳамроҳи мушрикон дар ҷанги Бадр ғаюрӣ нишон дода буд. Вақте ислом овард, боре назди падараш нишаст ва он аёмро ба хотир оварда гуфт:

— Эй падар, дар ҳақиқат, дар рӯзӣ ҷанги Бадр ман шуморо дидам, ки ҳадафи осоне барои тири ман будед ва ман аз андохтани он тир бозистодам ва шуморо накуштам.

Абубакр (р) дар ҷавоби писараш гуфт:

— Вале агар ту эй писарам, ҳадафи тири ман қарор мегирифтӣ, ман ҳаргиз аз тир андохтан бознамеистодам ва туро мекуштам[24].

23. Эй Абубакр (р) Худованд туро ризояти бузурге додааст.

Бо дабдаба ва шукӯҳу шаҳомате ҷамоъае аз намояндагони Абулқайс ба Мадина омада расиданд. Чун атрофи Паёмбар(с)-ро ҳалқавор печонида гирифтанд ва сӯҳбат оғоз шуд, гӯи аз даҳони ҳамагон суханони ҳакимонаи гуҳарбор мерехт. Ин ҳангом, як марде аз ҷамаъомадагон аз ҷои худ бархост ва суханони беҳуда ва бемаънӣ ва дур аз ҳикматро ба забон овард.

Паёмбари Худо ба сӯйи Абубакр(р) нигариста бо лаҳни тааҷҷубноке гуфтанд:

— Эй Абубакр, шунидӣ, ки ин мард чӣ гуфт ва суханонашро фаҳмидӣ?

Абубакр(р) дар ҷавоби Паёмбар(с) гуфт:

— Бале, эй Расули Худо.

Паёмбари Худо гуфтанд:

— Пас ҷавобашро бидеҳ.

Абубакр(р) ба он мард бисьёр ҷавоби хуб ва ҳакимонае гуфт.

Аз ин ҷавоби Абубакр(р) чеҳраи Расули акрам(с) хушҳол гардид ва табассум намуда гуфтанд:

— Эй Абубакр(р), Худованд туро подоши бузурге додааст.

Он мард гуфт:

— Чист он подоши бузург, эй Паёмбари Худо?

Расули акрам (с) гуфтанд:

— Худованд ҷамоли худро дар охират аз барои ҳама бандагонаш ба таври умумӣ, вале аз барои Абубакр(р) ба таври хусусӣ таҷаллӣ менамояд[25].

24. Савганд ба Худо, ки ӯ ҳақ аст.

Пас аз сулҳи Ҳудайбия мусалмонон ночор ба Мадина қасди бозгашт намуданд ва ба онҳо баҳра гирифтан аз насими фараҳбахши хонаи Худо муяссар нашуд.

Дар ин асно Умар ибни Хаттоб (р) аз ҷойи худ бархоста, бо дили пуршӯру — андӯҳ ба сӯйи Паёмбари Худо омад. Бо он Ҳазрат(с) чанд сухане гуфт, сипас ба назди Абубакр (р) равон гашт ва чунин гуфт:

— Эй Абубакр(р), оё ин Паёмбари барҳақ нест?

Абубакр(р) дар ҷавоби Умар(р) гуфт:

— Бале, барҳақ аст.

Сипас, Умар (р) пурсид:

— Оё мо ҳақ ва душмани мо ноҳақ нестанд?

Абубакр (р) гуфт:

— Бале, чунин аст.

Умар (р) гуфт:

— Пас барои чӣ дар динамон нуқсон ва хорӣ ворид менамоем?

Абубакр(р) бо хотири ҷамъ ва боварии комиле, ки ба Худованди карим дошт, чунин гуфт:

— Эй мард, дар ҳақиқат, ӯ (яъне Муҳаммад (с)) паёмбари Худост ва ҳаргиз ӯ ба Худованд бандаи осӣ намешавад. Худованд ӯро нусрат медиҳад. Эй Умар (р), то дами маргат дар ин хусус дигар даҳон накушо. Савганд ба Худо, ки ӯ барҳақ аст. Пас аз ин гуфтугӯ, Худованд сураи Фатҳро нозил гардонид.

« Ҳароина, Мо барои ту пирӯзии намоёнеро ҳукм кардем. (1)».

(Сураи Фатҳ, ояти 1)

Пас аз нузули ин сура Умар(р) ҷониби Паёмбар(с) шитофт ва дар рӯ ба рӯи Расули акрам (с) боэҳтиромона нишаста, чунин гуфт:

— Эй паёмбари Худо, оё ин фирӯзӣ аст?

Паёмбар (с) хушнудона ҷавоб доданд:

— Бале, ин фирӯзӣ аст.

Умар (р) хурсанд гардида аз назди Расули акрам(с) баргашт[26].

25. Баракатҳои хонаводаи Абубакр (р)

Модарамон Оиша (р) дар баъзе сафарҳои Расули акрам(с) он ҳазратро ҳамроҳӣ мекарданд. Дар аснои яке аз чунин сафарҳо, ҳангоме ки миёни саҳрои хушке расиданд, гарданбанди ҳазрати Оиша(р) гум шуд. Пас Расули акрам(с) истода ва дар ҷустуҷӯи он гарданбанд шуданд ва инчунин ононе, ки Расули акрам(с)-ро дар сафар ҳамроҳӣ мекарданд бозистоданд ва ба ҷустуҷӯ машғул шуданд. Мусофирон аз камии об азият мекашиданд. Бархе аз он ҳамсафарон ба ҳазрати Абубакр(р) гуфтанд:

— Оё дидӣ Оиша бо Расули акрам(с) чӣ кард? Дар ҳоле, ки мо наздики обу ободӣ нестем, аз идома додани сафар боз дошт. бар замми ин ҳамроҳи касе дар қофила об вуҷуд надорад.

Пас, аз шунидани чунин суханони номуносиб, Абубакр(р) ба назди духтараш Оиша(р) ғазабнок омада дид, ки Расули акрам(с) сари муборакашонро ба зонуи Оиша (р) гузошта, ғанаб рафтаанд.

Пас, Абубакр (р) назди Оиша (р) бо оҳистагӣ нишаста ва маломаткунон бо дасташон ба ҷониби ӯ ишора карда ва бо садои паст чунин гуфтанд: «Паёмбари Худоро дар ин ҷо манъ намудӣ, ҳол он ки қофила об надорад». Хуллас Абубакр(р) бо чунин суханон Оиша(р)-ро сарзаниш менамуд. Модарамон Оиша (р) мегӯяд, ки савганд ба Худо маро ҳеҷ чиз аз бархостан боз намедошт, магар сари мубораки Расули акрам (с), ки болои зонуям буд ва ман намехостам, ки ӯро нороҳат созам.

Расули акрам(с) ҳангоми дамидани субҳ аз хобашон бархостанд, вале барои таҳорат об надоштанд. Ин ҳангом Худованд ояти таяммумро фуруд овард, сипас ҳама таяммум намуда ва намози субҳро гузориданд.

Пас, Усайд бини Ҳузайр(р) гуфт:

— Албатта, ин аввалин баракати шумо нест эй оли Абубакр(р) (яъне ин амали ҳазрати Оиша (р) сабаб гашт, ки ояти таяммум ба мусалмонон нозил шуд ва то рузи қиёмат бар уматони Муҳаммад(с) аз ҷумлаи баракоти оли Абубакр(р)) боқӣ мемонад.

Вақте мусофирон рахти сафар бастанд, аз зери уштуре, ки ҳазрати Оиша (р)-ро мебардошт, он гарданбандро пайдо намуданд[27].

26. Фазл аз барои аҳли Фазл аст.

Расули акрам(с) дар ҳалқаи асҳобҳои худ нишаста буд ва он ҷамоъа ба суханҳои гуҳарбори он ҳазрат гӯш медоданд.

Дар аснои ин нишаст, ки ҳеҷ кас намехост худро аз Расули акрам(с) дур намояд, Алӣ ибни Абитолиб(р) омад. Он бузургвор ба Расули акрам(с) ва нишастагон салом гуфта, барои худ ҷои нишаст меҷуст, то ӯ низ аз сӯҳбат бебаҳра намонад. Паёмбари Худо ба чеҳраи ёронаш менигарист ва мехост бубинад, ки ба Алӣ(р) кӣ ҷои нишаст медода бошад. Дар ин ҳалқа ҳазрати Абубакр(р) дар тарафи рости Расули акрам(с) нишаста буданд ва вақте диданд, ки Алӣ(р) аз ин тарафу он тараф ҷои нишаст мекобад, ба Алӣ(р) хитоб карда, гуфтанд:

— Инҷо биё, эй Абулҳасан ва ӯро миёни худ ва Расули акрам(с) шинонданд.

Расули акрам(с) табассум намуданд ва дар чеҳраи мубораки он Ҳазрат(с) осори хушнудӣ ошкор гардид ва рӯи худро ба тарафи Абубакр(р) намуда, бо садои паст ба ӯ гуфтанд: Эй Абубакр, ҳар оина, фазилатро барои аҳли фазл медонанд[28].

27. Дар дӯстдории Паёмбар (с).

Паёмбари Худо боре бемори бистарӣ гардиданд. Беморӣ бадани муборакашонро хаставу беҳаракат сохта буд. Пас, Абубакр(р) ба хонаи он Ҳазрат(с) баҳри аёдати Паёмбари Худо омад. Вақте Паёмбари Худоро ба чунин ҳол дид, Абубакр (р) хеле зиёд ғамгин гашт.

Баъди бозгашт ба хонааш аз ғаму андӯҳи бемории Паёмбари Худо бемор гардиданд. Чун Паёмбари Худо аз бемории худ шифо ёфтанд ва шуниданд, ки Абубакр(р) бемор аст, ба аёдаташ омаданд.

Чун Абубакр(р) Паёмбари Худоро сиҳату саломат диданд, хушҳол гардиданд, ки Расули акрам(с) шифо ёфтаанд ва мулоқоти он Ҳазрат(с) Абубакр(р)-ро қуввате бахшид, ки ба сабаби дидори он Ҳазрат, сиҳат шуданд. Абубакр(р) дар васфи ин муҳаббати худ нисбат ба Паёмбари Худо ба ин мазмун шеър гуфтанд:

Рафтам, ки хабар гирам дӯсти бемор,

Бо дидани ҳолашон мариз гаштаму зор.

Чун дӯст шифо ёфту биёмад ба дарам,

Аз дидани ӯ мараз гурезон зи барам[29].

28. Аввалин шахсе, ки вориди биҳишт мегардад.

Нисфирӯзӣ Паёмбари Худо ба сӯи асҳоби худ шитофтанд, то ин ки баъзе аз воқеъаҳоеро, ки дар исро (шабона рафтан ба ҷое) дида буданд, ҳикоят кунанд. (Расули акрам(с) дар он шаб аз Макка ба Байтул Муқаддас ва аз он ҷо ба осмон рафтанд ва пас аз он ба Макка бозгаштанд. Ҳамаи ин воқеъа фақат дар як шаб сурат гирифт).

Паёмбари Худо ба асҳобашон чунин гуфтанд, ки он шаб дар он ҷо ҳазрати Ҷабраил(а) аз дастам гирифта ба ман дарвозаи ҷаннатро, ки умматони ман аз он дохили ҷаннат мегарданд, нишон дод.

Пас, Абубакр(р) бо шавқу шӯри ба худашон хос гуфтанд: Эй Паёмбари Худо дилам мехоҳад, ки кош он лаҳза ҳамроҳи шумо мебудам ва шоҳиди воқеа мешудам. Расули акрам(с) гуфтанд:

— Аммо, эй Абубакр(р) дар ҳақиқат, ман дидам, ки аз умматони ман ту нахустин шахсе ҳастӣ, ки ба ҷаннат дохил мегардӣ[30].

29. Савганд нахӯр.

Чун торикии шаб дур шуд ва рӯшноии офтоб ҳамаро мунавар гардонид, марде назди Паёмбари Худо омад ва гуфт:

— Эй Паёмбари Худо, ман ин шаб дар хобам абреро дидам, ки аз он равған ва асал мечакид, ин ҳангом мардумро медидам, ки дар кафҳои дастони худ онҳоро мегирифтанд. Баъзе аз мардум камтар ва баъзхе бештар мегирифт. Инчунин боздидам, ки арғамчине пайваста буд дар осмон ва то замин мерасид. Пас дидам, ки шумо он арғамчинро гирифта, тавассути он ба боло баромадед. Баъди шумо ду марди дигар низ бо он арғамчин ба боло баромаданд. Сипас, он арғамчинро марди дигаре гирифт ва ногоҳ он арғамчин канда гашт, вале пас аз чанде он дубора ба осмон пайваст ва ӯ низ баромад.

Сипас, Абубакр (р) гуфт:

— Эй Паёмбари Худо , иҷозат диҳед маро, то ки таъбири ин хобро бигӯям. Паёмбари Худо гуфтанд:

— Таъбир намо.

Пас, Абубакр (р) гуфт:

— Он сояи абр, сояи Ислом аст, аммо он чизе ки мисли равған ва асал қатра — қатра аз он мечакид, Қуръон, ҳаловат ва нармии он аст.

Ва он чизе, ки мардумон дар кафҳои худ мегирифтанд, он неъматест, ки иддае мардум аз Қуръон зиёд ҳифз мекунанд ва баъзе камтар. Ва аммо он арғамчине, ки аз осмон то замин мерасад, ҳақиқати шумо аст. Шумо он арғамчинро мегиред ва шуморо Худо ба воситаи он боло мебарад, сипас, дигаре мегирад ӯро ва боло меравад. Баъди ӯ дигаре низ чунон мекунад ва чун саввумӣ мехоҳад ба воситаи он боло равад, ресмон канда мегардад ва танҳо пас аз оне, ки онро дубора пайваст карда мешавад, ӯ метавонад ба боло равад.

Сипас Абубакр(р) ба Паёмбари Худо гуфт:

— Эй Паёмбари Худо, ман дуруст таъбир кардам ё хато?.

Расули акрам(с) гуфт:

— Баъзеашро дуруст таъбир намудӣ ва баъзеашро хато. Сипас Абубакр (р) гуфт:

— Савганд ба Худо, эй Паёмбари Худо, албатта, ба ман мегӯед кадомашро ғалат таъбир намудам?

Расули Худо гуфтааст:

— Эй Абубакр(р), хеҷ гоҳ савганд нахӯр[31].

30. Дӯстдоштатарин мардумон дар назди Паёмбари Худо .

Марде ба назди Паёмбари Худо баъд аз набарде ташриф овард. Миёни ӯ ва Расули акрам(с) аз тарафи яке аз занҳояш пайванди хешу таборӣ буд, вале чун Паёмбари Худо дар хонаи модарамон Оиша(р) буданд, он мард низ ба он хона назди Паёмбари Худо ворид шуд.

Паёмбари Худо, бо чеҳраи хандон сари муборакашонро ҷунбонида гуфтанд:

— Хуш омад марде, ки солим ва бо ғанимати зиёд аз муҳориба баргаштааст.

Он Ҳазрат(с) дар идомаи суханонаш ба он мард гуфт:

— Ҳоҷататро бихоҳ, барои чӣ ташриф овардӣ?

Мард (мақсади омаданашро баён сохта, сипас) гуфт:

— Кадоме аз мардумон назди шумо маҳбубтар аст?

Паёмбари Худо гуфтанд:

— Ин духтаре, ки дар пушти ман аст – яъне, Оиша(р).

Он мард сарашро ҷунбонида, гуфт:

— Қасди ман дӯстдории занҳо набуд. Ман мехостам бидонам кадом мард назди шумо маҳбубтар аст.

Паёмбари Худо гуфтанд:

— Падари ӯ – яъне, Абубакр (р)[32].

31. Омад туро хушхабари фирӯзӣ.

Дар рӯзи муҳорибаи Бадр, ки ба рӯзи ҷумъа ва рӯзи ҳабдаҳуми моҳи шарифи рамазон мутобиқ омад, Паёмбари Худо чун ба хаймаашон дохил гардиданд, аз пасашон Абубакр(р) низ ба он ҷо даромаданд. Дар хайма ба ғайр аз ҳардуи онҳо касе набуд.

Паёмбари Худо (с) аз ҷои худ бархост ва ба ниёишу дуъо ба сӯи Парвардигораш пардохт ва аз Худованд талаби пирӯзии ваъда намудаашро мекард. Ба ин хотир, он Ҳазрат(с) ҳарду дасти муборакро барои дуъо бардошта, чунин мегуфт:

— Эй бор Худо, агар имрӯз ин ҳозирини бо ман бударо ҳалок гардонӣ, касе дар рӯи замин намемонад, ки туро бипарастад. Абубакр(р) дар паҳлӯи Паёмбари Худо ҳузур дошт ва ӯро бо чунин суханон дилбардорӣ менамуд: «Эй Расули Худо, ҳароина, ваъдаи Худованд ҳақ аст ва он чи ба шумо ваъда намудааст, амалӣ хоҳад шуд».

Паёмбари Худо (с) пас аз дуру дароз рост истода дуъо кардан, нишаста ва чанд дақиқаи ҳисобӣ пинак рафтанд.

Чун аз хобашон бедор шуданд дарҳол ба тарафи Абубакри Сиддиқ (р) рӯй оварда гуфтанд:

— Мужда ва хабари хуш бароят эй Абубакр(р), туро кумаке аз ҷониби Парвардигор омад. Ин Ҷабраил(а) аст, дида истодаам аз лаҷоми аспе гирифта ончунон метозанд, ки аз пушташон танҳо чангу ғубори болои куҳҳо боқӣ мондааст[33].

32. Шунавонидам зотеро (Аллоҳ), ки муноҷоташ мекардам.

Дар яке аз шабҳо Паёмбари Худо берун баромад. то ки аз аҳволи мардум огоҳ гардад. Дар ин асно дид, ки Абубакр р) бо садои паст намоз мегузорад (намози шаб, таҳаҷҷуд) ва пас аз чанде Умар(р)-ро дид, ки бо садои баланд намоз мегузорад.

Чун ба назди Паёмбари Худо омаданд ва рӯ ба рӯйи он Ҳазрат(с) нишастанд, Расули Худо пурсид: Эй Абубакр(р), ман аз назди ту дар ҳоле гузаштам, ки намозро бо садои паст мегузоридӣ, чаро?

Абубакр (р) гуфт:

— Эй Расули Худо, ҳароина, зотеро(яъне, Аллоҳро), ки муноҷоташ мекардам садоямро мешунид.

Пас, Паёмбари Худо хитобан ба Умар (р) гуфт:

— Аз назди ту дар ҳоле гузаштам, ки ту бо садои баланд намоз мегузоридӣ, чаро?

Умар(р) гуфт:

— Эй Паёмбари Худо, барои он намозамро бо садои баланд мехондам, ки ашхоси хобидаро бедор намоям ва шайтонро дур кунам.

Сипас, Паёмбари Худо бо дили саршор аз меҳру вафо ҷавоби ин ду ёри гиромиашро шунида, ба ҳар дуи онҳо хитоб намуда гуфт:

— Эй Абубакр,(р) ту садоятро баландтар намо ва ту эй Умар(р), садоятро пасттар кун[34].

33. Агар мунисе аз барои худ интихоб менамудам

Паёмбари Худо дар беморие, ки сабаби реҳлаташон гашт дар ҳоле, ки сари муборакро бо порчае баста буданд вориди масҷид гашта болои минбар нишастанд. Сипас бо садои дардмандона ба мардум хитоб намуда гуфтанд: Дар ҳақиқат, аз миёни мардум аз Абубакр(р) дида дар молу ҷонаш боэътимодтар бароям каси дигареро намеҳисобам. Агар барои худам ҳамдаму мунисе аз миёни мардум мегирифтам, ҳароина, Абубакр(р)-ро интихоб менамудам, вале дӯстии исломӣ беҳтар аст.

Сипас, он Ҳазрат(с) садояшонро баланд намуда бо як лаҳни омирона фармуданд:

— Ҳамаи дарҳои масҷидро ба ҷуз дари воридшавии Абубакр(р) бар ман бандед (чун ҳуҷраи он Ҳазрат(с) дар он масҷид буд, аз ин хотир, қасди он Ҳазрат(с) дари хонаи худашон буд на дарвозаҳои масҷид)[35].

34. Худованд туро бубахшад эй Абубакр (р).

Миёни Абубакр(р) ва Рабиъаи Асламӣ(р) ҳодисаи нохуше гузашт. Абубакр (р) ба Рабиъа суханеро гуфт, ки Рабиъа аз он сухан дилозурда шуд. Абубакри Сиддиқ(р) аз сухани гуфтаи худ пушаймон шуда, ба Рабиъа гуфт:

— Эй Рабиъа, ба ман ба монанди сухане, ки ба ту гуфтам ҷавоб бигӯ, то ин ки қасдатро аз ман гирифта бошӣ.

Рабиъа гуфт:

— Ҳаргиз чунон нахоҳам кард.

Абубакри Сиддиқ (р)гуфт:

— Он суханро мегӯӣ, ё ин ки туро ба назди Паёмбари Худо мебарам. Рабиъа(р) гуфт:

— Ҳаргиз чунон нахоҳам гуфт.

Сипас, Абубакри Сиддиқ(р) ва аз паси ӯ Рабиъа(р) ба сӯйи Паёмбари Худо равон гардиданд. Ҷамоъае аз бани Аслама, ки атрофи Рабиъаро печонида буданд, гуфтанд: Худоё, ба Абубакр(р) раҳм кун, ки барои як масъалаи ночизе пеши Паёмбари Худо меравад.

Эй Рабиъа(р), бар зарари ту чӣ гуфта метавонад, ҳол он ки худи ӯ туро суханони носазо гуфтааст.

Дар ҷавоби онҳо Рабиъа(р) гуфт:

— Эй ҷамоъа, оё медонед ки ӯ кист?

Ин Абубакри Сиддиқ(р) аст ва ӯ яке аз он ду нафараи дар ғор мебошад, ки Худованд дар Қуръон дар бораи онҳо ёдоварӣ кардааст. Ва ӯ яке аз аввалин мусалмонҳост. Мабодо шумо бихоҳед, ки маро кӯмак намоед ва аз ин Абубакри Сиддиқ(р) ғазабнок гардад ва аз ғазаби ӯ дарҳол Паёмбар(с) ғазабнок гардад, ки ғазаби ҳардуи онҳо боиси ғазаби Худо хоҳад гашт ва дар натиҷа Рабиъа(р) ҳалок мегардад.

Пас аз шунидани чунин суханон ҳозирин гуфтанд:

— Пас ба мо чӣ амр мекунӣ, эй Рабиъа (р)?

Рабиъа (р) дар ҷавоб ба онҳо гуфт:

— Аз шумо хоҳишам ин аст, ки ҳама баргардед.

Сипас, Рабиъа(р) ба танҳоӣ аз паси Абубакр(р) оромона ва бо эҳтиром равон гардид, то ба назди паёмбари Худо расиданд. Паёмбари Худо онҳоро аҳволпурсӣ намуда гуфт:

— Эй Рабиъа чӣ сабаб шуд, ки бо Сиддиқ (р) омадӣ?

Дар ҷавоби Паёмбар(с) Рабиъа гуфт:

— Эй Паёмбари Худо, Абубакри Сиддиқ(р) ба ман сухане гуфт, ки он боиси ранҷиши хотири ман гардид. Баъд аз ин Абубакр(р) пушаймон шуда хост, ки дар ҷавоб ман низ бо чунин калима ба ӯ ҷавоб гардонам, то қасос воқеъ гардад, вале ман аз гуфтани чунин калима худдорӣ намудам.

Пас, Расули акрам (с) гуфт:

— Эй Рабиъа, бигӯ: Худованд туро бахшад, Эй Абубакр.

— Рабиъа гуфт: Худованд туро бахшад, эй Абубакр. Чун Абубакри Сиддиқ аз назди эшон бозгашт, аз чашмони ӯ қатраҳои ашк ҷорӣ мешуд[36].

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *