Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Саду як киcса аз хаёти Абубакри Сиддиқ (р)

87. Амрам бикун, то гарданашро бизанам

Абубакр(р) аз марде сахт дар ғазаб шуд. Ҳаргиз касе Абубакр(р)-ро чунин ғазабнок надида буд.

Абубарза ӯро гуфт:

— Эй халифаи Паёмбар(с), амр бикун, то гарданашро бизанам.

Аз шунидани чунин сухан Абубакр(р) хомӯш гардид мисле, ки оташи ғазабаш хомӯш гашта бошад. Абубакр(р) ба Абубарза фарёд зада, гуфт:

— Модарат дар мотамат нола кунад, чӣ гуфтӣ?

Абубарза гуфт:

— Агар амр менамудӣ, ҳатман мекуштам ӯро.

Абубакр (р) гуфт:

— Модарат дар мотамат нола кунад, эй Абубарза! Чунин амр кардан пас аз Паёмбари Худо ба касе ҷоиз нест[93].

88. Ту ва молат аз падарат ҳастед

Вақте Абубакр(р) халифаи мусалмонон буд марде ба назди ӯ омада бо таассуфи амиқе гуфт:

— Падарам мехоҳад, ки ҳама молу дороиямро бигирад.

Абубакр(р) он мардро ҳозир намуд ва ба ӯ гуфт:

— Бояд аз моли писарат ба он андоза бигирӣ, ки барои нафақаат басанда бошад.

Падар гуфт:

— Эй халифаи Паёмбари Худо, оё Паёмбари Худо нагуфтааст:

-Ту ва молат аз падарат ҳастед.

Абубакр(р) дар ҷавоб гуфт:

— Бале, вале мурод аз он нафақа аст[94].

89. Пешдастӣ дар кори хайр.

Алӣ(р), ҳангоме ки дар назди қавме менишаст аз фазилату некӣ сухан мегуфт ва чун дар наздаш номи Абубакри Сиддиқ (р)-ро ёд менамуданд, чунин мегуфт:

— Пешдасту пешқадамон ёдоварӣ карда мешаванд, пешдасту пешқадамон ёдоварӣ карда мешаванд.

Сипас, садояшро баланд намуда, мегуфт:

— Савганд ба Худое, ки ҷони ман ба дасти ӯст, дар ҳар коре хостем пешдастӣ намоем, муваффақ нашудем, чунки Абубакр(р) аз мо дар анҷоми он пешдастӣ менамуд[95].

90. Шунавоӣ ва биноӣ

Расули акрам (с) асҳоби киромро насиҳат карда панд медоданд, то ки аз китоби Худо таълим гиранд.

Паёмбар (с) гуфтанд:

— Қуръонро аз чаҳор нафар биомӯзед:

1. Аз Ибни Умми Абд.

2. Аз Маъоз.

3. Аз Убай.

4. Аз Солим, мавлои Абуҳузайфа.

Ба таҳқиқ, тасмим гирифам, ки онҳоро ба сӯйи ҳар қабила бифиристам, чуноне ки Исо ибни Марям(а) ҳавориёнашро ба сӯйи қавми Бани Исроил фиристод.

Марде гуфт:

— Эй Паёмбари Худо, барои чӣ Абубакр(р) ва Умар(р)-ро зикр накардӣ.

Паёмбар (с) дар ҷавоб гуфтанд:

— Ман аз онҳо ҳеҷ гоҳ бениёз намегардам (яъне онҳо ҳамеша ба ман лозиманд). Ҳароина, онҳо дар дин ба монанди чашму гӯшанд[96].

91. Шахсе ба андозаи як зарра амал намояд.

Боре, ҳангоме, ки Абубакр (р) бо Паёмбари Худо хӯрок мехурданд, ин ояти карима нозил гардид:

Пас, ҳар ки мекунад, ҳамвазни як зарра некиро, мебинад онро. Ва ҳар ки мекунад, ҳамвазни як зарра бадиро, мебинад онро.

(Сураи Зилзила, оятҳои 7-8)

Абубакр(р) бо шунидани ин оятҳои карима аз хӯрдан бозистод ва бо садои хеле ларзон чунин гуфт:

— Эй Паёмбари Худо оё ҳар он амали баде, ки анҷом додем, онро мебинем?

Пас Паёмбари Худо гуфтанд:

— Барои ҳар он амале, ки дар назаратон қабеҳ аст, ҷазо дода мешавед ва кори хайрро аз барои соҳибаш барои охират ба таъхир меандозанд(яъне, корҳои некро тӯшаи охират қарор медиҳад[97]).

92. Ду пешвои миёнаумри аҳли ҷаннат

Рӯзе Абубакр(р) ва Умар(р) аз дур ба чашми Паёмбар(с) намоён шуданд. Расули акрам(с) бо ҳамнишинонашон гуфтанд:

— Ин ҳарду, ба ғайр аз паёмбарон ва анбиё, дигар пешвои тамоми миёнаумрони аввалин ва охирин уммат аз аҳли ҷаннатанд.

Сипас, Паёмбари Худо гуфтанд:

— Эй Алӣ, аз гуфтаи ман онҳоро огоҳ накун[98].

93. Ту ҳамсӯҳбати манӣ дар ҳавз (Кавсар).

Як рӯз Абубакр(р) бо Паёмбар(с) нишаста буданд, ки ӯро Паёмбари Худо гуфт:

— Эй Абубакр ту ҳам дар лаби ҳавз (кавсар) бо ман ва низ дар ғор ҳамсӯҳбати манӣ[99].

94. Байтулмолро бикушоед

Абубакр(р) байтулмоле дар атрофи Мадина бино карда буд ва аз он ҳама огоҳ буданд, вале онро касе посбонӣ намекард.

Ба ӯ гуфтанд:

— Эй халифаи Паёмбари Худо, оё касеро посбон намегузорӣ, то ин ки байтулмолро муҳофизат намояд?

Абубакр (р) гуфт:

-Ҳеҷ хавфе нест бар он.

Гуфтанд:

— Чаро?

Гуфт:

-Он қулф дорад.

Вале Абубакр(р) ҳар он чи ки дар байтулмол буд, ба мӯҳтоҷон медод ва онро ҳамеша холӣ нигоҳ медошт.

Абубакр(р) ба Мадина кӯчид ва байтулмолро дар хонае, ки худ зиндагӣ менамуд, ҷойгир кард. Ҳар гоҳ, ки моле ворид мегашт онро дар байтулмол ҷо мекард ва ба бечорагону мӯҳтоҷон чунон тақсимаш менамуд, ки аз он чизе боқӣ намемонд.

Вақте Абубакр Сиддиқ(р) вафот кард, пас аз дафни ӯ, Умар ибни Хаттоб(р) ҳамчун кафил ва нигоҳдорандаи амонат бо Абдурраҳмон ибни Авф ва Усмон ибни Аффон (р), ба байтулмоли Абубакр(р) дохил гардиданд. Чун дари онро кушоданд, дар он динор ва дирҳаме наёфтанд. Дар як гӯшаи байтулмол матоъеро пайдо намуданд ва чун хостанд чангу ғуборашро дур намоянд, ин ҳангом аз дохили он як дирҳам афтод. Ин ҳолатро дида ҳозирбудагон ба Абубакр Сиддиқ (р) раҳмат гуфтанд[100].

95. Садақаи Абубакр (р)

Абубакр(р) бо садақае, ки барои мӯҳтоҷон омода карда буд, ба назди Паёмбари Худо омада, дар ҳоле, ки садақаашро пинҳон медошт, бо садои паст ба Паёмбар(с) гуфт:

-Эй Паёмбари Худо ин садақаи ман аст ва барои ризои Худованди таборак ва таъоло ман бори дигар низ садақа доданиям. Сипас, Умар (р) омад, ӯ низ бо худ садақае дошт. Пас, ошкор намуд онро ва ба Паёмбари Худо(с) чунин гуфт:

-Эй Паёмбари Худо, ин садақаи ман аст ва барои ман назди Худованд ба ивази он чизе ҳаст.

-Пас, Паёмбари Худо гуфтанд:

-Эй Умар, ҳароина, аз ту дида Абубакр, дар садақа пешдастӣ намуд. Ҳароина, фарқ миёни садақаи ҳардуи шумо ба монанди фарқ миёни суханҳои шумост[101].

96. Эй кош, парранда мебудам

Ҳаво соф буд. Абубакр(р) ба осмони соф назар андохта, Худоро ҳамду сано мегуфт. Ногоҳ чашмонаш ба паррандае афтод, ки дар шохи дарахте нишаста, бо садои нозуки ширине нағмасароӣ мекард.

Абубакр(р) дар як ҳолати рӯҳбаландие буд ва бо худ мегуфт:

-Хушо ба ҳолат эй парранда, савганд ба Худо, ки орзу дорам то мисли ту паррандае бошам. Дар шохаи дарахт менишинӣ ва аз меваи он ғизо мегирию пас аз марг бар ту ҳисоб ва азобе нест.

Сипас гуфт:

— Савганд ба Худо, орзу дорам, ки дарахти канори роҳе бошам ва уштуре аз навдаи ман барканда, бо дандон онро хоида фурӯ барад ва сипас хориҷам намояд, вале башар набошам[102].

97.Эй, беҳтарини инсонҳо

Умар ибни Хаттоб(р) ба сӯи Абубакри Сиддиқ (р) омад ва ба ӯ чунин гуфт:

-Эй беҳтарини мардумон пас аз Паёмбари Худо .

Абубакр(р) сарашро аз шарм ва фурӯтани хам карда чунин гуфт:

— Вале ман аз Паёмбари Худо шунидаам, ки мегуфтанд:

— Офтоб бар марде беҳтар аз Умар(р) нурпошӣ нанамудааст[103].

98. Озоднамудаҳои Абубакр (р)

Абубакр(р) дар Макка ғуломони мусалмоншударо аз хоҷагонашон харида, озод мекард. Аксари ин озодшудагон муйсафедон ва пиразанҳо буданд. Падари Абубакр(р) Абуқуҳофа(р) аз ин кор бохабар шуда, ба ӯ гуфт:

— Эй писараки ман, ту мардумони нотавонро озод мекунӣ. Агар ту мардони ҷавону боқувватро озод менамудӣ, ҳароина, онҳо бо ту ҳамроҳ шуда аз ту дифоъ мекарданд.

Абубакр(р) гуфт:

-Эй падар, ман хоҳони подоши Худоям.

Пас, ин ҳангом ин ояти Қуръонӣ нозил гардид:

Аммо касе, ки бахшоишу парҳезгорӣ кард….[104]

(Сураи ал-Лайл, ояти 5).

99. Пас аз ту ба ман мушкил хоҳад буд

Рӯзҳо ва солҳо барқвор гузаштанд. Абубакр (р) ба болини марг бо бадани лоғару камгӯшт, ки аз тарси Худо меларзид, бистарӣ гардид. Модари мӯъминон Оиша(р) бо афсӯсу парешонҳолӣ назди падари бузургвораш нишаста буд ва аз чашмонаш ашк ба рухсораҳои зебояш мерехт. Абубакри Сиддиқ (р) духтараш Оиша (р)-ро дида, бо садои паст ба ӯ хитоб намуда гуфт:

— Эй духтараки ман, ҳароина, ман яке аз доротарин тоҷирони Қурайш ба ҳисоб мерафтам. Пас, вақте маро ба аморат машғул намуданд,чунин пиндоштам, ки ҳама молу дороиамро сарфи он намоям. Ва дар ниҳояти амр аз он молу дороие, ки қабл аз халифа шуданам доштам, ба ҷуз аз ин або (ҷомаи тунуке, ки аз болои либос мепӯшанд) ва косаи шир (дар он ҳам шир меҷушониданд ва ҳам хӯрок мехӯрданд) ва як ғулом чизи дигаре боқӣ намондааст. Пас, вақте ки вафот намудам, ин се чизи аз ман боқимодаро дарҳол бигир ва ба Умар ибни Хаттоб(р) супор.

Пас аз он, ки рӯҳи поки эшон тану молашро тарк кард, он рӯҳи покро малоикаҳо бо шавқу завқ ба сӯйи осмон бурданд. Ва ҷасади мубаракро дар тарафи рости Паёмбари Худо ба хок супориданд.

Пас аз гузаронидани ин маросим, модари мӯъминон Оиша(р), тибқи васияти падари бузургворашон, дарҳол он або, коса ва он ғуломро ба назди Умар(р) фиристод. Чун Умар(р) он чизҳоро дид ва дар ҳоле, ки ашк аз чашмонашон равон буд гуфт:

-Худо раҳм кунад Абубакри Сиддиқ(р)-ро, ки пас аз ӯ ба ман мушкил хоҳад буд. Он ҳазрат дӯст медоштанд, ки барои бадгӯён баъди худ низ маҷоли сухан гуфтан надиҳанд.

Сипас, Умар(р) дар идомаи суханонаш чунин гуфт:

-Савганд ба Худо, агар имони Абубакр(р) бо имони ҳама аҳли замин муқоиса карда шавад, ҳароина, имони Абубакр (р) қавитар хоҳад буд.

-Савганд ба Худо, орзу мекардам, то мӯйе дар синаи Абубакри Сиддиқ(р) бошам.

Модари мӯъминон Оиша(р) мегӯяд, ки падарам чун аз дунё гузашт, аз худ динору дирҳаме нагузошт ва он ашё, ки аз ӯ монда буд, онҳоро низ ба байтулмол таслим намуд[105].

100. Дар болини марг

Абубакри Сиддиқ (р), бо тане, ки онро тири марг нишони худ қарор дода буд, дар болини марг хобид. Вуҷуди он ҳазратро тарси Худо фаро гирифта буд.

Мардум ба зиёрат ва дидорбинии Абубакри Сиддиқ(р) гурӯҳ-гурӯҳ меомаданд.

Дар гирди он ҳазрат ҷамъ шуда , аз ӯ мепурсиданд:

-Эй Абубакр(р), эй халифаи Паёмбари Худо, оё бароят табиберо фаро хонем?

Боре, пас аз шунидани чунин суханон, лабҳои нозуки он ҳазрат пуртабассум шуданд ва ба ҷамъомадагон чунин гуфт:

— Табиб аллакай омад.

Бо шафқат аз ӯ пурсиданд:

-Табиб ба шумо чӣ гуфт ?

Абубакри Сиддиқ (р) чашмҳояшро пӯшида, чунин гуфт:

— Табиб ба ман гуфт, ки он чиро, ки иродаи Ӯст (яъне, Аллоҳ), иҷро мекунад. Ононе, ки дар атрофаш буданд ин суханро шунида бо таассуф сар ҷунбониданд ва хомӯш монданд. Модари мӯъминон Оиша (р), дар ҳоле, ки падараш дар ҳолати сакароти марг қарор дошт, ба наздаш даромад ва ашкрезон гуфт:

Қасам ба умри пурсамар,

Ба мисли шӯълаи ситораҳои пуршарар.

Ки чун расид маргу чанг зад бе маҳал,

Ғанӣ насохт на сарвату на симу зар,

Ҷавонро аз қазову аз қадар.

Чун Абубакри Сиддиқ (р) ин суханро аз Оиша (р) шунид, ба сӯяш назаре афканда гуфт:

-Эй духтараки ман, ҳаргиз чунин нест. Сухани ман дар ин боб ин аст: «Ба таҳқиқ, ки сакароти мавт омад».

Ва омад сахтии марг ба ростӣ

(Сураи Қоф ояти 19).

Сипас торафт нотавонии он ҳазрат зиёдтар мегашт ва дар ин ҳолат чунин гуфтанд:

— Ин ду пироҳани маро бигиред ва бишӯед, сипас он дуро ба ман кафан кунед, зеро зиндагон ба либоси нав аз мурдагон дида, ниёзи зиёдтар доранд.

Ин ҳангом ба наздаш Салмони Форсӣ (р) дохил гардид. Салмон (р) ин фурсатро ғанимат шумурда ба ӯ чунин гуфт:

— Эй Абубакр (р), эй халифаи Паёмбари Худо, маро васияте бикун.

Абубакр (р) дар ҳоле ки нафасҳояш канда-канда мебаромад, чунин гуфт:

-Ҳароина Худованд дунёро мусаххари шумо месозад. Аз он беш аз ҳоҷат маситонед. Ва ҳароина, шахсе намози субҳро гузорад, пас, дар ҳақиқат, ӯ дар зиммаи Худост.

Пас, огоҳ бошед ва ҳеҷ гоҳ зиммаи Худовандро, поймол насозед, вагарна дар оташи дӯзах сарозер андохта мешавед[106].

101. Комёб гардидан ба ҷаннат

Абубакр (р) дар Мадинаи мунаввара вафот карданд ва он дубора, ба монанди он рӯзе, ки Паёмбари Худо аз дунё гузашта буд, ба мотамхона табдил гардид. Алӣ(р) шитобон омад ва чунин гуфт:

-Мо аз Худо ҳастем ва ба сӯйи ӯ боз мегардем. Имрӯз хилофати Паёмбар (с) қатъ гардид.

Ва бо чунин суханон ба назди дари хонаи Абубакр(р) расид ва чунин гуфт:

— Эй Абубакр (р), Худованд шуморо шомили раҳмати хеш қарор диҳад. Шумо аз ин қавм аввалин мусалмон будед ва яқин имони шумо холисона буд. Тарсатон аз Худованд бештар ва қадру манзалати шумо назди Парвардигор зиёдтар аст. Дар шарофат ва сӯҳбат бо Паёмбари Худо беҳтарин маҳсуб мешудед. Дар иршод ва роҳнамоӣ ба Паёмбари Худо шабоҳат доштед. Барои мӯъминон падари ғамхореро мемондӣ. Савганд ба Худо, ки дар корҳои хайр аз мо пешдастӣ намудӣ ва мо пас аз ту ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ хоҳем гашт. Яқин дорам, ки охируламр ҷаннатро комёб гаштаӣ.

Мо аз Худо ҳастем ва ба сӯйи ӯ боз мегардем. Ба қазои Худованд розӣ ҳастем ва ҳама корро аз ҷониби Худованд медонем.

Дигар ҳаргиз пас аз Паёмбари Худо мусалмононро ба мисли ту пешвое нахоҳад буд. Барои дини Ислом девори мустаҳкаме будед ва Худованд шуморо ба ҷавори Паёмбараш(с) расонад ва Худованд ҳаргиз шуморо аз аҷру савоб маҳрум насозад ва моро пас аз шумо гумроҳ нагардонад.

Пас аз чунин суханон Алӣ(р) гирист ва тамоми асҳоби Паёмбари Худо гирён шуданд. Ҳама гирёну нолон чунин мегуфтанд:

-Рост гуфтӣ, эй писарамаки Паёмбари Худо[107].

  1. . Ал-Бидоя ван-Ниҳоя 3/26-27.

  2. . Ас-Сиратун-набавия 2/25.

  3. . Ал-Бидоя ван-Ниҳоя 3/113.

  4. . Ал-Маҷмаъ 6/17. Ал-Истиъоб 2/247.

  5. . Ал-Маҷмаъ 9/477.

  6. . Уюунул-ахбор 2/198, 199.

  7. . Ас-Сиратун — набавия 3/93.

  8. . Ҳаётус-Саҳоба 1/273.

  9. . Ас-Сиратун — набавия ли — Ибни Ҳишом 2/108-113. Ал-Бидоя ван-Ниҳоя 3/179. Ал-Канз 16/682-683.

  10. . Ад-Дурул Мансур 5/289.

  11. . Ал-Бидоя ван-Ниҳоя 3/180, ҳилятул-авлиё 1/33.

  12. . Мишкотул масобеҳ 3/6025.

  13. . Ас-Сиратун набавия 2/108, ал-Маҷмаъ 6/52.

  14. . Ҳилятул авлиё 7/105, Сифатус-сафва 1/249-250.

  15. . Маҷмаъуз-завоид 9/49.

  16. . Ал-Бухорӣ 1897.

  17. . Ал-Эҳсон фи тақриби саҳеҳи Ибни Ҳаббон 5216.

  18. . Ал-Бухорӣ 950-952.

  19. . Муснади Абияъло 194, 1/173.

  20. . Сирати Ибни Ҳишом 2/207-208.

  21. . Алмавсуату-исломия (Абубакр(р), саҳ, 81).

  22. . Муснадул Имом Аҳмад 2/436.

  23. . Ал-Ҳоким 3/473.

  24. . Таърихул-хулафо, саҳ, 64.

  25. . Ал-мустадрак 4/78.

  26. . Ибни Ҳишом 2/308-322. Ал-Фатҳ 7/439.

  27. . Ал-Бухорӣ 344.

  28. . Ал-Бидоя ван-Ниҳоя 7/359.

  29. . Мин васояр-Расул (с) 2/394.

  30. . Ал-Ҳоким 3/73.

  31. . Ат-Тирмизӣ 3293.

  32. . Ал-матолибул — олия 4/34.

  33. . Сирати Ибни Ҳишом 2/279.

  34. . Ан-Насоӣ 1133.

  35. . Ал-Бухорӣ 467.

  36. . Таърихул хулафо 92-93.

  37. . Ал-Бухорӣ 2661.

  38. . Ал-Бухорӣ 6679.

  39. . Ал-Бухорӣ 3661.

  40. . Ал-Хулафоур-рошидун саҳ 42.

  41. . Истихроҷи Муслим 1028.

  42. . Ал-Бухорӣ 466, Ал-мишкот 5957.

  43. . Ал-Бухорӣ 678-684-713.

  44. . Ал-матолибул-олия ли Ибни Ҳаҷар 4/33.

  45. . Ал-Бидоя 5/243-244.

  46. . Уюнул-ахбор 3/116.

  47. . Фазоилус-саҳоба лин-Насоӣ 56, Ал-Ҳоким 3/67.

  48. . Ат-табақотул-кубро 3/133-138, Ал-Канз 5/607-608.

  49. . Ал-Бидоя ван-Ниҳоя 6/311, Ал-Канз 14164.

  50. . Ал-Бидоя ван-Ниҳоя 6/303-305.

  51. . Ал-Хулафоур-рошидун, саҳ, 62.

  52. . Мишкотул-масобеҳ 3/5967.

  53. . Фазоилус-саҳоба 224.

  54. . Абудовуд 1222.

  55. . Ан-Насоӣ 4891.

  56. . Ал-хулафоур-рошидун, саҳ, 46.

  57. . Арриқа вал буко, саҳ, 154-155, Ибни Қудомаи Мақдисӣ.

  58. . Ал-Ҳоким 3/477.

  59. . Ас-сунанул-кубро 8/49, Ал-Канз 14058.

  60. . Ал-Ҳиля 1/148, Риҷолун ҳавлар-Расул (с) саҳ 86.

  61. . Ал-Ҳиля 1/30.

  62. . Маҷмаъуз-завоид 9/46.

  63. . Ал-Матолибул-олия ли ибни Ҳаҷар 4/36.

  64. . Маҷмаъуз-завоид 9/49.

  65. . Ал-Бухорӣ 3686.

  66. . Ал-хулафоур-рошидун саҳ 41.

  67. . Ал-Ҳоким 3/72.

  68. . Ал-Канз 14110, 5/630.

  69. . Аз-Зуҳд лил Имом Аҳмад 112.

  70. . Ал-Ҳоким 3/78.

  71. . Ал-Бухорӣ 3842.

  72. . Ал-ҳиля 1/31.

  73. . Маҷмаъуз-завоид саҳ 46-47.

  74. . Ал-Бухорӣ 5677.

  75. . Муснадул-Имом Аҳмад 1/8, Мустадраки Ал-Ҳоким 3/168.

  76. . Ал-Ҳоким 3/73.

  77. . Ал-Бухорӣ 3856.

  78. . Ал-Ҳоким 3/62.

  79. . Ал-хулафоур-рошидун ли Абдиссаттор аш-Шайх саҳ 41.

  80. . Ал-Канз 4/355.

  81. . Ал-Байҳақӣ 9/85, Ибни Асокир 1/455-456.

  82. . Ал-ҳиля 1/30.

  83. . Ат-Тирмизӣ 3647.

  84. . Ал-Канз 35598.

  85. . Ҷомиъу-каромотил-авлиё 1/127.

  86. . Аз-Зуҳд лил Имом Аҳмад 104-105.

  87. . Ҳилятул-авлиё 1/37.

  88. . Ат-Тирмизӣ 3594.

  89. . Ал-Ҳоким 3/63.

  90. . Аз-Зуҳд лил Имом Аҳмад 112.

  91. . Ат-Тирмизӣ 2168, Ибни Моҷа 4005.

  92. . Табаронӣ 880, 1/300.

  93. . Муснади Абияъло 7980.

  94. . Ал-хулафоур-рошидун (Абубакри Сиддиқ (р)) саҳ 82.

  95. . Маҷмаъуз-завоид 9/49.

  96. . Маҷмаъуз-завоид 9/55.

  97. . Ал-Ҳоким 2/532-533.

  98. . Ат-Тирмизӣ 3598.

  99. . Ат-Тирмизӣ 3603.

  100. . Табақоти Ибни Саъд 3/213.

  101. . Абунаъим 1/32.

  102. . Муснафи ибни Абишайба 8/144.

  103. . Ат-Тирмизӣ 3617.

  104. . Таърихул-хулафо саҳ 82.

  105. . Аз-Зуҳд лил Имом Аҳмад 110-111, Ал-матолибул-олия 4/37.

  106. . Аз-Зуҳд лил Имом Аҳмад саҳ 109 -110.

  107. . Маҷмаъуз-завоид 9/10.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *