Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Саду як киcса аз хаёти Абубакри Сиддиқ (р)

75. Се моҳтоб

Оиша(р) дар хоб дид, ки дар хонааш се моҳтоб дохил шуданд. Аз хоб бедор шуда онро ба падари бузургвораш Абубакр(р) қисса кард. Он ҳазрат таъбири хоби духтарашонро чунин баён карданд:

— Эй Оиша, ҳароина, дар хонаи ту се нафар аз беҳтаринони аҳли замин дафн карда мешаванд.

Вақте Паёмбари Худо ҷон ба ҳақ таслим намуданд, Абубакр (р) гуфт:

— Эй Оиша, ин беҳтарини он моҳтобҳост (ва пас аз чанде дар он хона дар бари паёмбари Худо Абубакр (р) ва Умар (р) низ дафн гардиданд.[79])

76. Абубакр (р) дар чаҳор чиз аз ман пешдастӣ кард

Марде ба назди Алӣ ибни Абутолиб(р) омад ва ба Алӣ(р) хитоб намуда гуфт:

— Эй амирулмӯъминин, аз чӣ сабаб муҳоҷирон ва ансор Абубакр(р)-ро ба хилофат пешниҳод карданд. Шумо аз ӯ дида манзалати зиёд доред ва аз ӯ дида пештар ислом овардаед ва собиқаи зиёд доред.

Алӣ (р) бо бисёр ҳушёрӣ ва зиракӣ гуфт:

— Агар қурайшӣ бошӣ, пас туро аз мардуми Оиза (як қабилае аз Қурайш) мешуморам. Он мард гуфт:

— Бале чунин аст, эй амирулмӯъминин.

Пас, Алӣ (р) гуфт:

— Агар мӯъмин намебудӣ, ҳароина, мекуштамат ва акнун зинда мемонамат ва барои чунин суханони носазо аз ман дарҳазар бош.

Баъд аз ин гуфтаҳо Алӣ (р) бар ӯ овоз баланд карда гуфт:

— Вой бар ту, ҳароина Абубак (р) аз ман бо чаҳор чиз пешдастӣ дошт:

1. Ба имомати дар намоз.

2. Ба хилофат.

3. Пешдастӣ доштан дар ҳиҷрат ва ҳамроҳии Паёмбар (с) дар ғор.

4. Ошкор намудани Исломаш миёни куффор.

Сипас суханашро идома дод ва гуфт:

— Марг бар ту, Худованд мардумонро мазаммат карда ва Абубакр(р)-ро мадҳ намуда чунин фармудааст.

«Агар шумо ёриаш накунед, он гоҳ, ки кофирон берунаш карданд, Худо ёриаш кард. Яке аз он ду ба ҳангоме, ки дар ғор буданд, ба рафиқаш мегуфт: « Андӯҳгин мабош, Худо бо мост!». Худо ба дилаш оромиш бахшид ва бо лашкарҳое, ки шумо онҳоро намедидед, қувваташ дод. Ва каломи кофиронро паст гардонид,зеро каломи Худо болост ва Худо пирӯзманду ҳаким аст[80]»

(Сураи Тавба ояти 40).

77. Чанд қадам дар роҳи Худо.

Абубакр(р) лашкарашро ба сӯйи Шом фиристод ва бар онҳо Язид ибни Абусуфён, Амр бини Ос ва Шураҳбил бини Ҳасан(р)-ро амир таъин кард. Вақте ба сафар омода гаштанд, Абубакр(р) ба сӯйи онҳо шитофт, то бо онҳо худоҳофизӣ намуда барояшон насиҳате кунад. Чун онҳо бар аспҳояшон савор шуданд, Абубакр (р) пиёда ҳамроҳи амирони лашкар равон гардид, то бо онҳо видоъ намуда, дастури зурурӣ диҳад.

Онҳо гуфтанд :

— Эй халифаи Паёмбари Худо, чӣ гуна мешавад, ки шумо пиёда равон бошед ва моён савора?

Абубакр (р) дар ҷавоби онҳо бо тавозӯъ гуфт:

— Ман ин чанд қадами бо шумо хамроҳ бударо дар роҳи Худо меҳисобам[81].

78. Имтиҳони асҳоб

Абубакр(р) боре ба асҳобаш гуфт:

— Дар хусуси ин ду оят чӣ мегӯед?

«Бар онон, ки гуфтанд: «Парвардигори мо Аллоҳ аст» ва пойдорӣ варзиданд, фариштагон фуруд меоянд, ки матарсед ва ғамгин мабошед ва шуморо ба биҳиште, ки ба шумо ваъда дода мешуд, (тавассути паёмбарон), хушхабар аст».

(Сураи Фуссилат, ояти 30).

«Касоне, ки имон овардаанд ва имони худро ба ширк намеолоянд, эминӣ аз эшон аст ва эшон ҳидоятёфтагонанд».

(Сураи Анъом, ояти 82).

Ёрони Абубакр(р) дар мавриди ояти 30-юми сураи фуссилат гуфтанд, ки мурод аз «Ононе, ки гуфтанд, Худои мо Аллоҳ аст ва боз устувор монданд», яъне имонашонро ба зулм наздик ва махлут накарданд.

Абубакри Сиддиқ(р) ин ҷавоби онҳоро гӯш карда, чунин гуфт:

— Онро ба ғайри маҳалаш ҳамл кардаед, ки ин кор ғафлат аст.

Баъд аз он гуфт:

Ононе ки гуфтанд, Худои мо Аллоҳ аст ва ба он устувор монданд, ва ба ҳеҷ маъбуде ҷуз Аллоҳ майл накарданд ва имонашонро ба ширк наомехтанд[82].

79. Абубакр (р)-ро Худованд раҳмат кунад.

Паёмбари Худо бо шикастанафсӣ ва ҳайбати ба худашон хос байни ёронаш нишаста буд ва бо онҳо сӯҳбат дошт ва дар фароварди як суханрониаш бо дуъо чунин гуфтанд:

— Худовандо Абубакрро шомили раҳматат қарор деҳ. Духтарашро ба ман ба занӣ дод, маро ба диёри ҳиҷрат ҳамроҳӣ кард ва Билолро озод намуд.

-Худовандо, ба Умар раҳм кун, зеро сухани ҳақро беибо мегӯяд, ҳарчанд талх ҳам бошад.

— Худовандо ба Усмон раҳм намо, ки аз ӯ малоикаҳо мешарманд.

-Худовандо ба Алӣ раҳмат фармо ва ҳақиқатро бо ӯ ҳамроҳ кун ҳар куҷое, ки бошад[83].

80. Дар ҳар ду маврид рост гуфтааст

Марде рӯ ба рӯйи Абубакр(р) нишаст ва аз ӯ пурсид, ки оё дар айёми ҷоҳилият (то ислом) шароб нанӯшидаӣ?

Абубакр(р) гуфт:

Аз Худо паноҳ металабам аз чунин кор.

Он мард боз пурсид:

— Барои чӣ шароб нанӯшидӣ?

Абубакр(р) гуфт:

— Обрӯямро нигоҳ медоштам ва мурувватамро ҳифз менамудам, зеро шахсе, ки шароб нӯшад, ҳароина ӯ обрӯй ва мурувваташро аз даст хоҳад дод. Чун ин суханонро ба Паёмбари Худо расониданд, Паёмбари Худо гуфтанд:

— Абубакр дар ҳар ду маврид ҳам рост гуфтаанд[84].

81. Баракати таом

Абубакри Сиддиқ(р) ҳамроҳи се меҳмон ба хонааш омад. Онҳоро дар хона ҳамроҳи писараш гузошта, худаш ба назди Паёмбар(с) шитофт. Ӯ то як поси шаб бо Паёмбари Худо сӯҳбат дошт. Баъди бозгашт занаш аз ӯ пурсид, ки чаро ҳамроҳи меҳмонон дар хона наистодед?

Абубакр (р) дар ҷавоб гӯфт:

Оё то ҳол ба онҳо хуроки шом надодаи?

Ҳамсараш гӯфт:

Онҳо бе шумо хӯрок хӯрдан нахостанд ва мунтазир монданд, то шумо биёед.

Чун таъомро оварданд, Абубакр(р) бо меҳрубонӣ гуфт:

— Бифармоед, бихӯред, нуши ҷон кунед!

Меҳмонҳо ҳамроҳ бо ҳазрати Абубакр ба хӯрокхӯрӣ шурӯъ карданд.

Яке аз он меҳмонҳо чунин гуфтааст:

— Савганд ба Худо, ҳар боре луқмае мегирифтем, аз зери он луқмаи гирифтаамон луқмаи дигаре мебаромад ва ҳамаи мо аз он таъом хурда сер шудем, вале таъом дар зарф аз будааш зиёдтар боқӣ монд. Абубакр(р) ба зарфи пури таъом бо тааҷҷуб нигариста, онро аз пеши меҳонҳо берун овард ва ба занаш гуфт:

— Эй хоҳари Бани Фирос, ин чист?

Пас аз он ки занаш зарфи хӯрокро дид, чашмонаш пур аз об гашт ва чунин гуфт:

— Бешак, ин зарфи таъом аз будаш се баробар зиёд гаштааст.

Сипас, он таъомро ба назди Паёмбари Худо бурданд[85].

82. Аҳли Бадр

Ба назди Абубакри Сиддиқ (р) молеро оварданд. Онро дар миёни мардум баробар тақсим кард.

Умар ибни Хаттоб(р) рӯй ба сӯйи Абубакри Сиддиқ намуда, чунин гуфт:

— Эй халифаи Расули Худо, онро дар миёни мардум ва асҳоби Бадр (шахсоне, ки дар нахустин ҷанги миёни мушрикон ва мусалмонон, дар мавзеъе ба номи Бадр иштирок намудаанд) баробар тақсим мекунед? Абубакр (р) ба ин саволи Умар (р) чунин посух гуфт:

— Ҳароина, дар дунё бо қаноъат зиндагӣ кардан ҳадаф аст ва беҳтарин зиндагӣ дар қаноъат пеша кардан аст. Бартарии онҳо (иштирокчиёни ғазваи Бадр) дар мартабаҳое, ки назди Худованд доранд мебошад[86].

Чун Абубакр (р) намояндагонашро ба гирду атроф мефиристод ё амиреро таъин мекард ё ин ки чизеро миёни мардум тақсим менамуд, иштирокчиёни ҷанги Бадрро дар ин амалҳо истифода намекард.

Марде инро мушоҳида карда, пурсид:

— Эй халифаи Паёмбари Худо, барои чӣ аҳли Бадрро дар ин корҳо истифода намебаред?

Дар ҷавоб Абубакр (р) гуфт:

— Ба таҳқиқ, ман мақоми баланди онҳоро қадр мекунам, вале намехоҳам, ки онҳоро ба дунё олуда созам[87].

83. Абубакр (р) ва мукофот

Паёмбари Худо ба асҳоб фазилат ва бартарии Абубакри Сиддиқ(р)-ро бозгӯ намуда, чунин гуфтанд: Назди мо ҳеҷ дасте нест, ки ба ӯ мукофоте надода бошем, магар дасти Абубакр(р), зеро ӯро дар назди мо дастест, ки Худо рӯзи қиёмат ба он даст худаш мукофот медиҳад. Ҳаргиз моли касе мисли моли Абубакр (р) ба ман фоида нарасонидааст[88].

84. Аз фазилатҳои Абубакри Сиддиқ (р)

Дар як гӯшаи масҷид Саъид бини Мусаяб нишаста буд ва дар атрофи ӯ мардум нишаста буданд ва ӯ ба онҳо аз корнамоиҳои Абубакр (р) хабар медод.

Саъид мегуфт:

— Абубакр (р) дар назди Паёмбар (с) ба монанди вазир буд. Паёмбар (с) бо Абубакр (р) дар тамоми корҳояшон машварат менамуданд. Абубакр(р) дуввумин шахс дар Ислом ва дуввумин шахс ҳамроҳи Паёмбари Худо (с) дар ғор буд. Дуввумин шахс дар қабр бо Паёмбари Худо мебошад.

Паёмбари Худо аз миёни ёронаш шахсеро аз ӯ бартар намешуморид[89].

Марде ба назди Алӣ бини Ҳусайн (р) омада, аз ӯ пурсид:

— Манзалати Абубакр (р) ва Умар (р) дар назди Паёмбари Худо чӣ гуна буд? Алӣ бини Ҳусайн (р) чунин ҷавоб дод:

— Манзалат ва наздикии онҳо дар назди Паёмбари Худо аз масофаи байни қабрҳояшон мушоҳида мегардад[90].

85. Худро нигоҳ доред.

Абубакр (р) андӯҳгин ба минбар баромад. Пас аз ҳамду санои Худо чунин гуфт:

— Эй қавм, чаро шумо ин оятро, ки чунин аст:

Эй касоне, ки имон овардаед, лозим аст бар шумо (аз ҳама пештар) ислоҳи нафсҳои худатон, зарар намерасонад шуморо касе, ки гумроҳ шудааст вақте ки шумо ҳидоят ёфтаед. Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Худост, пас шуморо ба он корҳо, ки кардаед, огоҳ мегардонад.

(Сураи Моида, ояти 105).

мехонед, вале онро дар ғайри маконаш ба кор мебаред, зеро ман аз Паёмбари Худо шунида будам, ки мегуфтанд:

— Агар мардум (дар ҷомеъа) мункар ё амали бадеро бубинанд ва онро тағйир надиҳанд, Худо бар сари онҳо азоберо фурӯ мефиристад ва он азобро аз онҳо дур намегардонад[91].

86. Фазли бузург

Расули акрам(с) ба Уғирра (Уғирраи Музина) фармуданд, ки аз марди ансорие халтаи хурмо бигирад. Уғирра ба хонаи он ансорӣ рафт ва он халтаи хурморо талаб намуд, вале он марди ансорӣ хурморо ба ӯ надод.

Уғирра ба назди Паёмбар(с) омада, муносибати ансориро нақл кард. Баъд аз чунин сурат гирифтани кор, Расули акрам(с) Абубакр(р)-ро водор намуданд, ки биравад ва бо Уғирра (р) халтаи хурморо аз марди ансорӣ бигирад.

Уғирра(р) мегӯяд:

— Абубакр(р) ба ман ваъда дод, ки чун субҳ намозро гузоридем дар назди масҷид боҳам вомехӯрем. Чун субҳ омадам Абубакр(р)-ро дар ҷойи ваъдагӣ дарёфтам. Бо ӯ равон шудам ва чун Абубакр(р) ҳар мардеро аз дур медид, пешдастӣ намуда ба ӯ салом медод.

Сипас, Абубакр(р) гуфт:

— Агар бихоҳӣ, ки дорои фазл шавӣ, пас набояд касе дар салом додан аз ту пешдастӣ намояд (яъне ту бояд пеш аз ӯ салом бидиҳӣ[92]).

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *