Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Саду як киcса аз хаёти Абубакри Сиддиқ (р)

60. Озодшуда аз оташи Худованд

Оиша бинти Талҳа (р) ба модараш Умми Кулсум бинти Абубакр(р) гуфт:

-Падари ман беҳтар аст ё падари ту?

Уммул муминин — Оиша(р), ки назди он ду ҳузур дошт, гуфт:

-Оё метавонам дар миёни шумо доварӣ кунам?

Сипас, суханонашро идома дода гуфт:

-Рӯзе Абубакр(р) ба назди Паёмбари Худо дохил шуд, ки Паёмбар(с) ба ӯ гуфтанд:

— Эй Абубакр (р), ту аз оташи дӯзах озодшуда ҳастӣ.

Оиша(р) дар идомаи суханаш гуфт:

— Ва аз он дам ӯро Атиқ (аз оташ озодшуда) меномиданд.

Оиша(р) гуфт:

— Дар он вақт Талҳа(р) низ ба назди Паёмбари Худо даромаданд ва Паёмбар(с) ба ӯ гуфтанд:

— Эй Талҳа, ту аз он ашхосе ҳастӣ, ки ба аҳду назри кардаат вафо кардаӣ[63].

61. Фикри Абубакр (р)

Ҳангоме, ки Паёмбари Худо Маъоз(р)-ро ба сӯйи Яман фиристодани шуданд, бо баъзе аз асҳоб ба мисли Абубакр(р), Умар(р) ва Усмон (р) машварат намуданд.

Абубакр (р) гуфт:

-Агар Шумо аз мо машварат намехостед, мо ҳаргиз сухане намегуфтем.

Паёмбари Худо гуфтанд:

— Дар он корҳое, ки ба ман ваҳй нозил намешавад, ба монанди ҳар яке аз шумоям.

Асҳоб ҳар яке фикри худро баён карданд.

Паёмбари Худо гуфтанд:

-Ту кадом аз ин фикрҳоро мепазири, эй Маъоз(р)?

Маъоз(р) гуфт:

— Фикри Абубакр(р)-ро мепазирам.

Пас Паёмбари Худо гуфтанд:

— Худованд намехоҳад, ки Абубакр(р) хато кунад[64].

62. Болои ту Паёмбар(с) ва Абубакр(р) истодааст.

Паёмбари Худо (с) болои кӯҳи Уҳуд баромад. Абубакр(р), Умар р) ва Усмон (р) ӯро ҳамроҳӣ мекарданд. Он кӯҳ хело бо шиддат ба ларза даромад. Паёмбар (с) болои кӯҳ сахт пой куфта, чунин гуфтанд:

-Ором бош эй Уҳуд, дар болои ту ба ҷуз аз Паёмбар (с) ва Сиддиқ ва ду шаҳид каси дигар нест[65].

Мурод аз Сиддиқ Абубакр(р) буда, ду шаҳид Умар (р) ва Усмон (р) мебошанд.

63. Ислом овардани шамшери Худованд

Холид ибни Валид қасд кард, ки назди Паёмбари Худо биравад ва дини Исломро бипазирад. Ӯ қабл аз сафар ба Мадина каме хобид ва хобе дид, ки гӯё ӯ дар шаҳри танг ва вайронае қарор дорад ва пас аз он берун рафта, ба шаҳри сабзу фарохе расид. Баъди бедор шудан бо худ чунин гуфт, ки хоби худро ба Абубакр(р) мегӯям.

Пас аз вохӯрӣ бо Абубакр(р) таъбир пурсид ва Абубакр(р) хоби ӯро чунин таъбир кард, ки берун шуданат аз он шаҳри вайрона ин ҳидояти Худост туро ба сӯйи Ислом ва он вайронае, ки дар он шаҳр буд, он палидии ширк буд[66].

64. Занҳое ки аспҳоро доғ мегузоштанд.

Паёмбари Худо (с) соли фатҳи Макка ба он шаҳр дохил шуданд. Пас, занҳои кофираро диданд, ки дар рӯйҳои аспон бо хамр доғ гузоштаанд. Паёмбари Худо (с) табассум намуда, гуфтанд:

-Эй Абубакр, Ҳасан ибни Собит дар ин хусус чӣ гуфта буд? Абубакр (р) шеъри Ҳасан ибни Собитро замзама кард.

Ду сол зи гумгаштани аспам сипарӣ шуд,

Гарду ғубор равад зи китфам чун дуд.

Нохоста Худо, занон лаҷомаш бигиранд,

Доғаш монанд ба хамру монам бе суд[67].

Паёмбари Худо (с) табассум намуданд.

65. Иҷтиҳоди волӣ.

Абубакр(р) дар хонаи худ, пас аз он, ки ӯро халифа интихоб карданд, дар ҳолати таассуфи шадид нишаста буд, ки ин ҳангом ба наздаш Умар ибни Хаттоб(р) медарояд. Абубакр(р) ӯро пазируфта, маломатомез чунин мегӯяд:

— Ту будӣ, ки ин корро ба ман вогузоштӣ. Абубакр(р) андаке баъд аз Умар (р) дар мавриди баровардани ҳукм миёни мардум маслиҳат мепурсад. Умар ба ӯ мегӯяд:

— Аз Паёмбари Худо нашунидаӣ, ки мегуфтанд:

Вақте волӣ иҷтиҳод намояд ва он иҷтиҳодаш назди Худо ҳақ бошад, пас ду аҷр (подош) мегирад ва агар хато кунад, Худованд як аҷраш медиҳад[68].

66. Абубак р(р) забонашро одоб медиҳад

Рӯзе Умар(р) ба назди Абубакр(р) рафт ва ҳангоме, ки ба хона ворид шуд, Абубакр(р)-ро дид, ки зери девор нишастааст ва як тарафи забонашро мисли оне, ки одобаш медода бошад, тоб медиҳад.

Умар(р) аз ин амали Абубакр(р) ба тааҷҷуб омада дарҳол пурсон шуд, ки эй халифаи Паёмбари Худо барои чӣ забонатонро азоб медиҳед.

Абубакр(р) дар ҳоле, ки хостори мағфират буд, гуфт:

— Оё ғайри забон чизи дигаре маро дар таҳлука ва гирдоби ҳалокат меандозад[69]?

67. Абубакр (р) лоиқи хилофат аст

Ҳангоме, ки Абубакр(р) халифаи мусалмонҳо интихоб шуд, Абусуфён ба назди Алӣ (р) омад ва хашмолуд чунин гуфт:

— Ба Қурайш чӣ шудааст, ки хилофат насиби камтарин ва пастарини он гаштааст (қасдаш Абубакри Сиддиқ(р) буд.)

Бо ҷасорат ба Алӣ(р) хитоб намуда гуфт:

— Савганд ба Худо, агар хоҳӣ дар атрофат саворагон ва мардони бешумореро ҷамъ оварам.

Алӣ (р) дар ҷавоб гуфт:

— Эй Абусуфён, ҳангоме, ки бар зидди Ислом ва мусалмонон душманӣ мекардӣ, натавонистӣ ҳеҷ зараре ба онҳо бирасонӣ ва мо, ҳароина, Абубакр (р)-ро лоиқ бар хилофат медонем[70].

68. Наздик буд, ки маро ҳалок созӣ

Абубакр (р) як ғуломе дошт. Он ғулом ҳар пагоҳ ба кор мебаромад ва баъди анҷоми кор бо худ як миқдор маводи хурданӣ меовард. Рӯзе ғулом бо худ таъоме овард ва онро ба Абубакр (р) дод. Он ҳазрат чизеро напурсида таъомро хурд. Ғулом дар ҳайрат монда ба Абубакр (р) гуфт:

— Ҳар бор аз ман аз куҷо пайдо кардани таъомро-ку мепурсидед, вале ин дафъа чаро суоле накардед?

Бо шунидани ин суол Абубакр (р) гуфт:

— Бисёр гурусна будам, воқеъан таъомро аз куҷо пайдо кардӣ?

Ғулом гуфт:

— Мардеро дар айёми ҷоҳилият (пеш аз ислом) фол дида будам, вале ман хуб медонистам, ки ба ӯ дурӯғ гуфта будам. Пас аз гузашти солҳо рӯ ба рӯ шудем ва ӯ ин таъомро ба ман дода гуфт, ки фоли дидаи ман рост баромадааст. Абубакр(р) инро шунида дар ғазаб шуд ва гуфт:

— Қариб буд, ки маро ҳалок созӣ.

Сипас, Абубакр (р) ангушташро ба ҳалқаш дохил намуд ва он таъомеро, ки дар меъдааш буд, маҷбуран қай кард[71].

Баъд аз ин гуфт:

— Ҳамаи ин барои як луқма буд.

Чанд лаҳза баъд суханашро идома дода чунин гуфт:

— Агар ҳамроҳи ҷонам ҳам хориҷ мешуд, хориҷаш мекардам, зеро аз Паёмбари Худо(с) шунидаам, ки мегуфтанд:

— Ҳар ҷасаде, ки аз моли ҳаром нашъунамо ёфта бошад, пас бар ӯ оташ авлост. Тарсидам, ки мабодо дар танам чизе аз ин луқма тарбият ёбад[72].

69. Беҳтарини мардон пас аз паёмбарон.

Рӯзе Абубакр(р) ҳамроҳи Абудардо(р) пайи коре равон буданд ва пешопеши Абубакр(р) Абудардо(р) мерафт. Чун паёмбари Худо Абудардоро аз пеши Абубакр(р) диданд, ба ӯ бо ҷиддият, вале насиҳатомез гуфтанд:

— Эй Абудардо! Оё ту пешопеши марде, ки пас аз паёмбарон офтоб ба беҳтар аз ӯ нурпошӣ накардааст, роҳ меравӣ? Абудардо(р) сарашро аз ҳаё хам кард ва чашмонаш пури ашки надомат шуданд.

Пас аз ин Абудардо доимо аз пушти Абубакр (р) роҳ мерафт[73].

70. Эй бор Худоё, Мадинаро бар мо меҳрубон гардон

Вақте ки Паёмбари Худо ба Мадина ҳиҷрат карданд Абубакр(р) дар иқлими нав зуд бемор гардида, таби хеле баланд кард. Оиша(р) ба аёдаташ омад ва гуфт:

— Эй падари бузургвор, чӣ ҳол дорӣ?

Абубакр(р) бо шеър ҷавоб дод:

Мисли марде, ки чун хезад саҳар,

Марг ба ӯ аз пойпӯш наздиктар.

Оиша (р) Паёмбари Худоро аз аҳволи падараш огоҳ кард.

Паёмбари Худо даст ба дуъо бардошта гуфтанд:

— Эй бор Худоё, Мадинаро бар мо ба монанди Макка ё аз он ҳам зиёдтар меҳрубон гардон ва онро барои мо солим бигардон, дар хоку қавмаш баракот ато кун ва гармии онро ба Ҷуҳфа дур бубар (минтақаест миёни Макка ва Мадина[74]) .

71. Сиддиқ ва набераи Паёмбар (с)

Чанд руз пас аз вафоти Паёмбари Худо наздики бегоҳ Абубакр(р) аз намози аср берун шуд ва ҳамроҳаш Алӣ(р) равон буд. Чун аз назди Ҳасан бини Алӣ(р), ки бо кӯдакон бозӣ мекард, гузаштанд, Абубакр(р) ба сӯйи ӯ шитофт ва ӯро болои китфҳояш бардошта чунин гуфт:

Ба Худо, ки шабеҳи ба Набӣ,

Нестӣ ту шабеҳе ба Алӣ.

Алӣ (р) аз гуфтаҳои Абубакр(р) завқ бурда механдид[75].

72. Духтар ва сайиба (бевазан)

Андаке пеш аз ҳиҷрат ва пас аз вафоти Хадиҷа(р) (аввалин ҳамсари Паёмбар(с)) Хавла бинти Ҳаким омад то аз аҳволи Паёмбар(с) хабар гирад. Расули Худоро танҳо дид ва дилаш ба ӯ сӯхт, пас гуфт:

— Эй паёмбари Худо , оё зан намегиред?

Паёмбари Худо гуфтанд:

— Киро?

Хавла гуфт:

— Агар хоста бошед духтаре ва ё бевазанеро.

Паёмбар(с) ба ӯ чунин гуфтанд:

— Кист он духтар ва кист он бевазан?

Хавла гуфт:

— Духтар хоҳӣ, Оиша (р), ки духтари беҳтарин халқи Худованд назди шумо, Абубари Сиддиқ (р) мебошад, аммо бевазан бошад, Савда бинти Замъа аст[76].

Пас Паёмбар(с) ҳам духтар ва ҳам бевазанро издивоҷ карданд.

73. Абубарк(р) ва Уқба бини Абумуъайт

Паёмбари Худо дар масҷидулҳаром нишаста буданд ва Худованди якторо ибодат мекарданд, ки ин лаҳза душмани Худо Уқба бини Абумуъайт омад ва либосашро ресмонвор печонида дар гардани Паёмбар(с) партофт ва паёмбари Худоро бисьёр сахт гулӯгир кард. Аз ин ҳол наздик буд, ки он Ҳазрат(с) нафасгир шаванд, вале ҳеҷ касе ҷурат надошт, ки ин азиятро аз паёмбари Худо дур намояд. Абубакр(р) аз куҷое хабар ёфт ва омада аз дастони ӯ гирифт ва Паёмбар(с)-ро аз шиканҷа халос кард ва чунин гуфт:

— Оё мекушед мардеро, ки Парвардигори ман Аллоҳ аст мегӯяд[77].

74. Ин мардро Худованд Сиддиқ номидаст.

Алӣ бини Абутолиб(р) нишаста буд ва бо ононе, ки дар атрофаш буданд, шӯхӣ мекард.

Марде аз ҳамнишинон ба ӯ гуфт:

— Барои ман асҳоб ва ёронатро номбар кун.

Алӣ (р) гуфт:

— Ҳама асҳоби паёмбари Худо асҳоби мананд.

Пас ҳама ба як овоз гуфтанд:

— Барои мо аз Абубакри Сидди(р) сухан бигӯ.

Пас Алӣ (р) барои онҳо чанд қисса дар хусуси Абубакри Сиддиқ(р) нақл карда, дар идомаи суханонаш чунин гуфт:

— Ин мардро Худованд ба забони Ҷабраил(а) Сиддиқ номидааст[78].

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *