Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Масъалаи ибодати занон дар масчид

Фасли дувум:

Вазъияти далелу ҳуҷҷатҳои ҷонибдорони аз масҷид маҳрум сохтани занон

Тавре аз матолиби фасли аввали рисола мушаххас шуд, ҳам ҳукми Худованд дар Қурони карим ва ҳам назари Пайғамбар, алайҳиссалом, дар ҳадисҳои саҳеҳ дар мавриди иштироки занон дар ҷамоати масҷид комилан мусбат буда, дар ин ду манбаъи аслии исломӣ ҳеҷ гуна оят ё ҳадисе дар бораи манъ кардани занон аз масҷид ворид нашудааст. Барои шахсе, ки сухани Худованд ва фармудаи Пайғамбари ислом, алайҳиссаломро бе чуну чаро қабул дорад, вуҷуд доштани ин далелҳои қавӣ, хусусан ҳадисҳои саҳеҳи сершумори набавӣ дар ин масъала ва таъкиди Имоми Аъзам(р) бар пайравӣ аз ҳадисҳои саҳеҳ кифоят мекунад ва ҳеҷ зарурате нест, ки дар муқобили ҳадисҳои саҳеҳи Пайғамбар, дуруд бар ӯ, дари баҳсу мунозира боз карда шавад.

Вале тавре дар таърихи ислом мушоҳида мешавад, баъзе аз уламои ҷудогона вазъияти хосси замони худашонро ба назар гирифта, баъзан бо супориши ҳокимони вақт ва ё зери таъсири назарҳои ҷоҳилонаи «зана худаш чиву хонданаш чӣ ва намозаш чӣ?» ба мадраса рафтани духтарон ва ба масҷид рафтани ҷавонзанонро, он ҳам фақат дар намозҳои панҷвақта, на дар намози ҷумъа ва ид, макрӯҳ донистаанд, на мамнӯъ.

Далели асосии ҷонибдорони аз масҷид манъ кардани занон чист? Аз рӯи кадом далоили қуръонӣ ва мувофиқи кадом ҳадисҳои саҳеҳи набавӣ ва бо дарназардошти кадом асли шаръӣ баъзе аз уламо чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз мехоҳанд монеи масҷидравии занон бишаванд? Мутолиаи навиштаҳое, ки ин азизон дар ин маврид дар ихтиёри ҷомеа гузоштаанд, нишон медиҳад, ки мутаассифона, онҳо далоили сареҳи қуръонӣ ва беш аз 20 ҳадиси саҳеҳи Пайғамбар, алайҳи-с-салоту ва-с-саломро, ки болотар зикр шуданд, як сӯ гузошта ва онҳоро аз мардуми мусалмон пинҳон карда, дар чунин масъалаи муҳимми исломӣ ба як-ду ҳадиси мавзӯъ (бофташуда) ё заиф ва ба қавлу фатвоҳои машрути баъзе фақеҳони алоҳида такя карда, ба чунин хулосаи мухолиф бо суннати ошкори Пайғамбар, алайҳиссалом, расидаанд. Барои исботи ин гуфтаҳо бояд бубинем, ки вазъияти ҳадису қавлҳои фиқҳие, ки мухолифони ибодати занон дар масҷид истифода кардаанд, чӣ гуна аст.

1. ЧАНД СУХАН ДАР БОРАИ ШИНОХТИ

САҲЕҲИЯТ ВА ЭЪТИБОРИ ҲАДИСҲО

ДАР ИСЛОМ

Осори баъзе аз фақеҳони пешин ва баъзе аз домуллоҳои имрӯзи ҷонибдори аз ибодат дар масҷид маҳрум кардани занон нишон медиҳад, ки онҳо низ барои исботи ин фикрашон бо истифода аз ду се ҳадиси заиф кӯшидаанд чунин нишон бидиҳанд, ки манъи занон аз масҷид низ асоси шаръӣ дорад. Аз ин рӯ, барои хонандаи одии ин гуна навиштаҳо дар назари аввал чунин гумоне пеш меояд, ки гӯё дар ҳақиқат фатвои аз масҷид манъ кардани занон дар асоси ҳадисҳои Пайғамбар, алайҳиссалом, содир шуда бошад.

Аз ин рӯ, уламое, ки дидаву дониста даҳҳо ҳадиси саҳеҳи Пайғамбар, алайҳиссаломро дар бораи ҷоиз будани масҷидравии занон аз мардум пинҳон медоранд, дар ҳақиқат дар ҳаққи шариати ислом хиёнат кардаанд. Ин амали нодуруст як мусалмони одиеро, ки мутолиоти илмии исломӣ надошта бошад, гиҷ ва саргум карда, дар зеҳнаш ин саволро ба миён меоварад, ки чӣ гуна дар шариати ислом ва дар фармудаҳои Пайғамбар, алайҳиссалом, ихтилоф ва дугонагӣ мавҷуд будааст?

Албатта, назди мутахассисон ва аҳли илм маълум аст, ки дар афъол ва суханони ҷаноби Пайғамбар, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, ҳеҷ гуна ихтилофу тазодде нест ва дар ҳеҷ манбаъи мӯътабари исломӣ, хусусан «Саҳеҳи Бухорӣ» ва «Саҳеҳи Муслим», аз ишон ҳадисе, ки далолат бар масҷид нарафтани занон бикунад, вуҷуд надорад. Пас вазъияти ҳадисҳое, ки мухолифини масҷидравии занон истифода кардаанд, чӣ гуна аст? Барои боз ҳам рӯшан шудани ин масъала, зарур аст, ки дар оғоз дар мавриди илми ҳадис ва дараҷабандии ҳадисҳо дар ислом андаке маълумот дошта бошем.

Аз он ҷо ки ҳадисҳои Пайғамбар, алайҳиссалом, баъд аз Қуръон дувумин манбаи таъйинкунандаи шариати исломӣ мебошанд, уламои асили ислом дар омӯзишу ҳифзи онҳо талош кардаву заҳматҳои фаровоне кашидаанд. Бо ин мақсад, дар ислом илми бисёр муҳимме бо номи «илму-л-ҳадис» ё «мусталаҳу-л-ҳадис» ба вуҷуд омадааст, ки ба таври махсус ҳадисҳои Пайғамбар, алайҳиссаломро меомӯзад. Мувофиқи илми ҳадис, «ҳадис» ҳамчун мафҳум ва истилоҳи илмии шаръӣ ба се чиз гуфта мешавад: 1. Сухани ҷаноби Пайғамбар, алайҳиссалом, ки бевосита худашон гуфта бошанд. 2. Амал ё феъли шахсии Пайғамбар, дуруд бар ӯ. 3. Он чизеро, ки ҷаноби Пайғамбар, алайҳиссалом, худашон мушоҳида карданд ё шунидаанд ва онро ё манъ карда ва ё иҷозат дода бошанд. Маҷмӯи ин се осор, ки сират ва суннати Пайғамбар, алайҳиссаломро ташкил медиҳанд, дар китобҳои ҳадис сабт шуда, ба мо интиқол ёфтаанд ва барои ҳамаи мусалмонон сарчашмаи шаръӣ мебошанд. Шахсонеро, ки ин ҳадисҳоро ҷамъоварӣ ва сабту забт кардаанд, «муҳаддис» меноманд.

Пас аз вафоти Пайғамбар, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, саҳобаи ишон ва онҳое, ки сухан ё амали мушаххаси Пайғамбар, алайҳиссаломро шунида ё мушоҳида карда буданд, онро ба мардуми мусалмон мерасониданд ва мусалмонон онро ҳамчун дастури шаръӣ истифода мекарданд. Вале бо гузашти андак замон шахсоне пайдо шуданд, ки чӣ бо нияти нек ва чӣ бо нияти бад аз номи Пайғамбар, дуруд бар ӯ, ҳадис бофта, ба мардум ироа мекарданд. Ҳадисҳоеро, ки ин гуна «душманони доно» ё «дӯстони нодон» бофтаанд, дар илми ҳадис ҳадиси «мавзӯъ», яъне бофташуда меноманд, ки истифода ва пайравӣ аз он барои мусалмон ҳаром аст.

Вазъ кардан ё бофтану сохтани ҳадисҳо ва пеш омадани ҳадисҳои заиф дар он давра ба чанд сабаб сурат мегирифт:

1. Мухолифони ислом барои гумроҳ сохтан ва аз ислом ҷудо кардани мусалмонон аз номи Пайғамбар, алайҳиссалом, ҳадисҳо бофта, байни мардум пахш мекарданд. Ин амал хусусан аз тарафи намояндагони динҳои дигаре, ки аз рушди ислом нороҳат буданд, бисёр ба қайд гирифта шуда буд. Масалан, шахсе бо номи Абдулмалики Ваззоъ, машҳур ба Ибни Аби-л-Авҷоъ, ки аз пайравони оини Монӣ буд, беш аз чаҳор ҳазор «ҳадис» сохта, дар онҳо ҳалолро ҳаром ва ҳаромро ҳалол эълон карда, дар байни мусалмонон барои гумроҳсозии онҳо паҳн мекард. Ин ваззоъи (ҳадисбофи) машҳур соли 155 ҳиҷрӣ дар шаҳри Куфа бо ҳамин ҷурм ба қатл расонида шуд.

(Нодири Каримиёни Сардаштӣ, «Аҳодиси сохтагӣ дар сайру сафар ва ҷаҳонгардӣ», саҳ.7)

2. Тоифаи дувуме, ки ба вазъи(бофтани) ҳадисҳо рӯ оварданд, онҳое буданд, ки бо вуҷуди пазируфтани ислом аз хурофотҳои ҷоҳилонаи аҷдодони худ даст кашиданӣ набуданд ва мехостанд, ки бо бофтани ҳадисҳо ин хурофотҳоро навъе «ҷомаи исломӣ» бипӯшонанд. Мисоли рӯшани ин навъи рафтор масъалаи занон аст. Тавре ки маълум аст, дар фарҳанги тоисломии арабҳо (даврони ҷоҳилият) зан мавқеи ниҳоят ногувор дошта, мавҷуди паст ва зишт ва нанговар маҳсуб мешуд. Ҷоҳилият ба ҳадде расида буд, ки агар дар оилаи араби тоисломӣ фарзанди духтар ба дунё меомад, онро ҳамчун шармандагӣ ҳисоб карда, аз «нангу номус» духтарашонро зинда ба зинда гӯр мекарданд. Ин амали зишти арабҳои даврони ҷоҳилиятро Худованд дар Қуръони карим дар сураи «Таквир», ояҳои 8-9 маҳкум кард. Аз ин рӯ, вақте ки ислом барои зан маҷмӯае аз ҳуқуқҳои бисёр олиро ироа намуд, аз ҷумла бо мардҳо якҷо намоз хонданро, баъзе қабилаҳои араб бо вуҷуди пазируфтни ислом мехостанд он рӯҳияи занбадбинии худро ҳифз кунанд ва дар ин бора аз номи Пайғамбар, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, «ҳадис»-ҳо бофта, ин ҷоҳилияти худро вориди ислом карданӣ мешуданд.

Падидаи зиштшумории зан дар фарҳангҳои дигар, аз ҷумла дар фарҳанги асримиёнагии Аврупои масеҳӣ низ бисёр роиҷ буда, дар байни ходимони калисо ва файласуфони аврупоии ин давра ҳатто чунин «масъалаҳои илмӣ» ва «саволҳои фалсафӣ» мисли «Оё зан низ инсон ҳисоб мешавад?» ва «Оё зан низ рӯҳ дорад?» ва ғайра матраҳ буданд. Ҳатто баъзе файласуфони шинохтаи ин давра бобҳои ҷудогонаи осори худро маҳз ба «исботи» гӯё мавҷуди шарр ва манфӣ будани зан бахшида буданд. Ин гуна хурофоти ҷоҳилона дар зеҳни мардумони дигар низ мушоҳида мешуданд. Аз ин рӯ, вақте ки ислом дар муқобили ин хурофот қарор гирифт, бисёриҳо кӯшиданд, ки барои ҷомаи исломӣ пӯшонидани хурофоти ҷоҳилонаи худ дар ин бора ҳадисе ё ривояте «пайдо кунанд».

Илова бар ин, ҳатто намояндагони ҳар қавму миллат талош меварзиданд, ки аз номи Пайғамбар, алайҳиссалом, дар бораи қавми худ ҳадисе «ба даст оварда», худро миллати хосса ва истисноӣ эълон кунанд. Масалан, ҳатто луғатнависи машҳуре ҳамчун Маҳмуди Кошғарӣ (асри Х1) барои қавми бузург ва баргузида нишон додани туркҳо дар муқаддимаи китоби арзишманди худ Девони «Луғату-т-турк» аз номи Пайғамбар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, дар васфи туркҳо ва сифатҳои волои ин қавм чанд «ҳадис» мебофад.

3. Тоифаи сеюме, ки ба бофтани ҳадисҳо машғул шуданд, мусалмононе буданд, ки бо пиндори худ бо «нияти нек» ва «барои боз ҳам густариш додан ва устувортар гардонидани ислом» ҳадисҳо бофта, миёни мусалмонон паҳн мекарданд. Ин гуна ҳадисбофон гоҳо ин ё он падида ё арзиши исломиро аз будаш бузургтар нишон дода, баъзе амалҳои неки мубоҳ ё мустаҳаббро фарзу воҷиб хонда, ба амалҳо ва ба шахсиятҳои исломӣ фазилатҳои гуногунро нисбат медоданд. Масалан, ҳадисбофи машҳуре бо номи Абуасма Нӯҳ ибни Абимарям бо эътирофи сареҳи худаш дар бораи фазилату фоидаи ҳар як ояти қуръонӣ «ҳадис»-ҳо бофта буд, ки онҳо дар баъзе китобҳо, аз ҷумла дар тафсири «Анвору-т-танзил»-и Байзовӣ истифода шудаанд.

(Нодири Каримиёни Сардаштӣ, «Аҳодиси сохтагӣ дар сайру сафар ва ҷаҳонгардӣ», саҳ. 8)

Абуҷаъфари Ҳошимии Маданӣ низ ба бофтани ҳадисҳои далолаткунанда ба корҳои нек машғул будааст. Вале аз назари тамоми уламои ислом ин гуна «хидмат ба ислом» мардуд ва маҳкум буда, ҳар гуна дурӯғбофӣ аз номи Пайғамбар, алайҳиссалом, чӣ неку чӣ бад, гуноҳи кабира ба ҳисоб меравад ва Пайғамбари Худо, дуруд бар ӯ, дар ҳадиси саҳеҳи худ фармудаанд:

Матни ҳадис:

«عن أبي أمامة Z قال سمعت رسول الله y يقول من حدث عني حديثا كذبا متعمدا فليتبوأ مقعده من النار»

Тарҷума: Ҳар касе, ки аз номи ман қасдан ҳадиси дурӯғ мегӯяд, омода кардааст ҷои худро дар оташ.

Сулаймон ибни Аҳмади Табаронӣ. «Ал-муъҷаму-л-кабир», ҷилди 8, саҳ. 122, ҳадиси 7557

Имом Нававӣ ин тоифаро «парҳезгорони нодон» номидааст.

(Дар ин боб ниг.: Имом Нававӣ, «Фаҷри ислом», ҷилди 1, саҳ 238-239).

4. Манбаъи дигари ҳадисҳои мавзӯъ(бофташуда) иштибоҳоти баъзе аз шоҳидон ва ровиён мебошад, ки аз рӯи иштибоҳ ё омехта кардани суханони Пайғамбар, алайҳиссалом, бо касони дигар ва ё аз рӯи фаромушхотирӣ ба Пайғамбар, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, нисбат додани ягон ҳукм ба вуҷуд омадааст. Масалан, бисёр касон суханеро аз Пайғамбар, алайҳиссалом, шунида, баъдан қисмате аз онро фаромӯш кардаанд ва монанди инҳо.

Ҳамин тавр, бо сабабҳои зикршуда дар як давраи муайян падидаи ҳадисбофӣ роиҷ гашта, хатари таҳриф шудани шариати ноби муҳаммадӣ пеш омад. Ин аст, ки дар таърихи ислом ному амали теъдоди зиёди ҳадисбофону ҳадиссозон сабт шудааст. Чунин вазъият ва ба теъдоди зиёд расидани нақлу ривоятҳое, ки ҳамчун ҳадиси Пайғамбар, алайҳиссалом, паҳн мешуданд, зарурати мушаххас намудан ва ҳифзи ҳадисҳои ҳақиқии Пайғамбар, алайҳиссаломро ба миён овард. Ин буд, ки уламои асили исломӣ ба ин кор ҳиммат гузоштанд ва илми ҳадисро ба вуҷуд оварданд, ки он ҳамчун меъёри ташхис ва забти ҳадисҳои ҳақиқии Пайғамбар, алайҳиссалом, ба кор гирифта шуд.

Бузургтарин шахсияте, ки ба гирдоварӣ ва ташхиси илмӣ, дастабандӣ ва забту интиқоли ҳадисҳои асили набавӣ иқдом намуд, ҳазрати Имом Бухорӣ(р) мебошанд. Имом Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ (810-870) тамоми умри худро сарфи ҷамъоварии ҳадисҳои Пайғамбар, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, карда, равиш ё шевайи нодиртарини илмии ташхиси ҳадисҳои саҳеҳро ба вуҷуд овард. Ӯ барои мушаххас намудани вазъияти ҳар як ҳадиси Пайғамбар, алайҳиссалом, замон ва макони дақиқи гуфта шудан, ҳолати ин амал, шоҳидони он сухан ё воқеа, шахсияти ровии аввал (нақлкунандаи ҳадис), тарҷумаи ҳол ва шахсияти таърихӣ, ахлоқӣ, илмӣ ва динии ҳар як ровии баъдӣ (шунаванда ва интиқолдиҳандаи ҳадис), мувофиқати он ҳадис бо Қуръон, мувофиқати он бо суннати амалии Пайғамбар, алайҳиссалом, мувофиқати забони он бо тарзи баёни Пайғамбар, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, ва ғайраро дақиқан омӯхта, бо ин мақсад даҳҳо сол ба сарзаминҳои гуногуни исломӣ сафар карда, бо беш аз ҳазор шахсияти мӯътабари донанда ё интиқолдиҳандаи ҳадисҳои Пайғамбар, алайҳиссалом, мулоқотҳои илмӣ дошт. Дар натиҷаи тадқиқоти якумра, Имом Бухорӣ аз байни беш аз 600 000 (шашсад ҳазор) ривояте, ки дар он замон ҳамчун ҳадиси Пайғамбар, алайҳиссалом, паҳн гашта буданд, танҳо ҳудуди 6300 ҳадисро (бе такрор 4 200 ҳадисро) мутааллиқ ба он ҳазрат, алайҳиссалом, дониста, онҳоро ҳадисҳои «саҳеҳ», яъне ҳадиси ростин ва дуруст номида, дар китоби худ бо номи «Ҷомеъ-ас-саҳеҳ» ҷой дод, ки имрӯз бо номи «Саҳеҳи Бухорӣ» машҳур аст. «Саҳеҳи Бухорӣ» бузургтарин ва мӯътабартарин манбаъи ҳадисҳои саҳеҳи Пайғамбар, алайҳи-с-салоту ва-с-салом буда, пас аз Қуръон дувумин китоби муътабари мусалмонон дар тамоми олами исломӣ ба ҳисоб меравад.

Шахсияти дигаре, ки дар гирдоварӣ ва ташхису ҳифзи ҳадисҳои Пайғамбар, алайҳиссалом, талоши якумрӣ варзид, Имом Муслими Нишобурӣ (817 (ё 821) -875) мебошанд, ки ишон низ пас аз таҳқиқоти дақиқи илмӣ аз миёни 60 000 ҳадис танҳо 4 000 ҳадисро «саҳеҳ» ташхис намуда, дар китоби худ «Саҳеҳи Муслим» ҷой доданд. «Саҳеҳи Муслим» пас аз «Саҳеҳи Бухорӣ» дувумин китоби мӯътабари ҳадисҳои Пайғамбар, дуруд бар ӯ, дар назди тамоми уламои аҳли суннат ва ҷамоати дунё аст.

Ин ду китоби бузург, ки бо номи «Саҳеҳайн», яъне ду китоби саҳеҳу-л-ҳадис ёд мешаванд, мӯътабартарин манбаи ҳадисҳои Пайғамбар, алайҳиссалом, буда, ҳеҷ китоби дигар дар илми ҳадис баробари онҳо дар олами ислом қурбу эътибор надорад. Агар як ҳадиси Пайғамбар, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, дар ҳар дуи ин китобҳо омада бошад, онро ҳадиси «муттафақун алайҳ» (яъне ҳадисе, ки ҳам аз тарафи Имом Бухорӣ ва ҳам аз тарафи Имом Муслим ривоят шудааст) меноманд, ки дараҷаи эътибори он фавқулодат баланд аст. Аз ин рӯ, вақте ки аз ин ду китоб ҳадисе оварда мешавад ва ё ҳадиси муттафақун алайҳ оварда мешавад, ҳеҷ ҳадиси дигар аз манбаъҳои дигар бо қурби он баробарӣ карда наметавонад.

Илова бар ин ду китоби саҳеҳи ҳадис, чор китоби дигаре низ назди аҳли суннат ва ҷамоат ҳамчун китобҳои дарбаргирандаи ҳадисҳои мӯътабар машҳуранд, ки онҳо «Ҷомеъи Тирмизӣ», «Сунани Абудовуд», «Сунани Насоӣ» ва «Сунани ибни Моҷа» мебошанд. Мураттибони ин китобҳо низ кӯшидаанд, ки бо истифодаи равишҳои илмӣ аз байни садҳо ҳазор ривояти бо номи ҳадис паҳншуда, ҳадисҳои саҳеҳи Пайғамбар, алайҳиссаломро ҷудо кунанд. Гарчӣ қурбу эътибори ин чаҳор китоби ҳадис баробари ду китоби аввал, яъне «Саҳеҳи Бухорӣ» ва «Саҳеҳи Муслим» нест, вале онҳо низ аз эътибори баланди истидлолӣ бархӯрдор мебошанд. Ин шаш китоби мӯътабари ҳадисро «сиҳоҳи шашгона» меноманд, ки дар истилоҳи фиқҳӣ ҳамчун «сиҳоҳи ситта» машҳуранд. Илова бар ин, муаллифони зиёде дар китобҳои зиёд даҳҳо ҳазор ҳадисҳои саҳеҳу заифу сохтаву бофтаро ҷамъ овардаанд, ки дар баробари «сиҳоҳи ситта» ва хусусан, дар баробари ду китоби саҳеҳи аввал қурбу эътиборе надоранд.

Ҳамин тавр, ҳадисҳо аз назари эътибор ва комилии санадашон дараҷабандӣ ва ба ҳадисҳои саҳеҳ ва заиф ҷудо мешаванд. Дар илми ҳадис «ҳадиси саҳеҳ» фақат ҳадисе гуфта мешавад, ки «санади он аз аввал то ба охир ба таври муттасил бо нақли ровии одил ва зобит аз ровие мисли худаш бидуни шузуз ва иллат бошад». Мувофиқи ин таърифи дақиқ, ҳадиси саҳеҳ бояд дорои панҷ шарти зерин бошад:

1. Муттасил (пайваста) будани санад, яъне аз силсилаи ровиёни ҳадис касе дар миён наафтода бошад.

2. Одил будани ровӣ, яъне ҳар яке аз ровиёни он бояд мусалмон, болиғ, оқил, бомурувват ва ғайри фосиқ бошад.

3. Зобит будани ровӣ, яъне ҳар яке аз ровиёни он тамоми ҳадисҳоро ҳифз(азёд) ва ё навишта дошта бошад.

4. Набудани шузуз, яъне ҳадис бояд бо ҳадиси ровии мӯътамадтаре мухолифат надошта бошад.

5. Набудани иллат, яъне он ҳадис ҳеҷ иллат ва нақси дигар надошта бошад.

Ҳар ҳадисе, ки дорои ин панҷ шарт аст, ҳадиси саҳеҳ номида шуда, дар дурустии он шакке нест ва амал кардан ба он машрӯъ мебошад. Ҳар ҳадисе, ки яке аз ин панҷ шарт дар он набошад, ҳадиси заиф номида мешавад. Ҳадиси заиф анвоъ ва дараҷабандии худро дошта, асосан ба ҳадисҳои шозз, воҳӣ, мункар, матрук ва мавзӯъ ё маҷъул тақсим мешавад, ки ҳар яке таърифи илмии худро дорад. (Тақсимбандиҳои боз ҷузъитари ҳадисҳои заиф низ вуҷуд доранд). Ҳадиси мавзӯъ (бофташуда) зишттарин навъи ҳадиси заиф буда, он ҳадисест, ки бардурӯғ ба ҳазрати Пайғамбар, алайҳиссалом, нисбат дода шудааст. Агар дурӯғ будани чунин ҳадис маълум шуда бошад, ривоят кардани он гуноҳ ва пайравӣ аз он ҳаром аст.

Дар китобҳои шашгонаи ҳадис (сиҳоҳи ситта) танҳо дар «Саҳеҳи Бухорӣ» ва «Саҳеҳи Муслим» ҳадисҳои заиф вуҷуд надошта, дар чаҳори дигараш ҳадисҳои заиф мавҷуданд.

(Маҳмуд Тахҳон, «Тайсиру мусталаҳу-л-ҳадис», саҳ.64. Дар кулл, дар бораи илми ҳадис ва шинохти ҳадисҳо метавон ба осори мӯътабари муҳаддисони аҳли суннат мисли «Тадрибу-р-ровӣ»-и Ҷалолиддини Суйутӣ, «Улуму-л-ҳадис ва мусталаҳиҳи»-и Субҳӣ Солеҳ ва ғайра муроҷиат кард).

Аз ин рӯ, як мусалмони огоҳ набояд ҳар ҷумлаи арабиеро, ки дар он номи Пайғамбар, алайҳиссалом, ё яке аз саҳоба оварда шавад, ҳадис гумон бикунад. Ҳадисҳои заифу мавзӯъ бас бисёранд, вале қавлу назар ва суннати Пайғамбар, алайҳиссаломро фақат ҳадисҳои саҳеҳ инъикос мекунанд, ки бузургони илми ҳадис онҳоро бо заҳматҳои зиёде гирдоварӣ, ташхис ва сабту забт кардаву дар китобҳои «Саҳеҳ»-и худ ҷой додаанд. Аз ин рӯ, вақте ки касе ба мо ҳадис нақл мекунад, бояд таваҷҷӯҳ намуд, ки он ҳадиси саҳеҳ аст ва ё ҳадиси мавзӯъ, яъне бофтаву сохта. Ин аст, ки овардани чанд ҷумлаи арабӣ аз чанд китоби дар баробари «сиҳоҳ» дувумдараҷаву панҷумдараҷаро ҳанӯз ба маънои овардани ҳадис ва асосноку исбот шудани фикр намебошад.

Бо ин шарҳ, агар ба матолиби боби аввали ин рисола бингарем, мебинем, ки ҳамаи он ҳадисҳое, ки дар бораи ба масҷид рафтани занон аз Пайғамбар, алайҳиссалом, оварда шуданд, ҳадисҳои саҳеҳ буда, аз ду китоби асливу мӯътабари ҳадис, яъне «Саҳеҳи Бухорӣ» ва «Саҳеҳи Муслим» гирифта шудаанд ва фақат дар баъзе мавридҳо аз китобҳои дигари «сиҳоҳи ситта» истифода гаштааст. Вале оё ҳадисҳое, ки ҷонибдорони аз масҷид маҳрум сохтани занон онҳоро истифода карданӣ мешаванд, ҳадиси саҳеҳ мебошанд ва оё ин ривоятҳо дар ҳақиқат аз ҷаноби Пайғамбар, алайҳиссалом, мебошанд? Барои посухи дуруст ба ин савол бояд ҳадисҳоеро, ки онҳо мавриди истифода қарор додаанд, ба таври мушаххас баррасӣ намоем.

2. ВАЗЪИЯТИ ҲАДИСҲОЕ, КИ МУХОЛИФОНИ

ИБОДАТИ ЗАНОН ДАР МАСҶИД БАРОИ

АСОСНОК НАМУДАНИ НАЗАРИ ХУД

ИСТИФОДА КАРДААНД

Аксари уламое, ки ҷонибдори аз масҷид маҳрум намудани занон мебошанд, хостаанд, ки барои чунин фатво пеш аз ҳама аз қавли зерини ҳазрати Оиша(р) истифода кунанд:

Матни ҳадис:

«عَنْ عَائِشَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهَا قَالَتْ: لَوْ أَدْرَكَ رَسُولُ اللَّهِ y مَا أَحْدَثَ النِّسَاءُ لَمَنَعَهُنَّ كَمَا مُنِعَتْ نِسَاءُ بَنِي إِسْرَائِيلَ »

Тарҷума: Амра, духтари Абдурраҳмон, мегӯяд: Аз забони Оишаи Сиддиқа(р) шунидаам, ки гуфтанд: Агар Расули Худо, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, медиданд, он чиро, ки имрӯз занон мекунанд (яъне ороиш ва хушбӯиҳои фаровон), онҳоро аз рафтан ба масҷид манъ мефармуданд, ончунон ки занони Бани Исроил манъ карда шуданд…

«Саҳеҳи Бухорӣ», китоби «Азон», ҳадиси 822,

«Саҳеҳи Муслим», китоби «Салот», ҳадиси 676

Ин ривоят, ки дар ин масъала бо номи «ҳадиси ҳазрати Оиша(р)» маъруф аст, ҳамчун санади асосӣ барои аз масҷид манъ кардани занон аз тарафи ҷонибдорони ин ақида истифода мешавад. Ҳангоми баррасии назари ҳазрати Умар(р) оид ба ҳузури занон дар масҷид ба баъзе аз ҷанбаҳои ин ҳадис ишора карда будем. Вале биёед, дар ин ҷо бо риояти қоидаҳои илми ҳадис ва бо дидаи инсоф ва бо ақлу мантиқ ба ин ривоят таваҷҷӯҳи бештаре бинамоем, ки оё ин қавли ҳазрати Оиша(р) ибодати занон дар масҷидро манъ мекунад?

1. Худи ин ривоят ривояти саҳеҳ аст ва ҳам дар «Саҳеҳи Бухорӣ» (таҳти рақами 822) ва ҳам дар «Саҳеҳи Муслим» (таҳти рақами 676) ворид шудааст ва дар сиҳҳати он шакке нест. Вале дар куҷои ин ривоят қавли мустақим ё ақаллан амали мушаххаси ҳазрати Пайғамбар, алайҳиссалом, дар бораи аз масҷид манъ кардани занон зикр шудааст? Илова бар ин, ҳазрати Оиша(р) низ дар ин қавли худ ҳеҷ ҳукме накардаанд ва фақат эҳтимоли худашонро бо қайди таъкиди «агар» баён кардаанд.

2. Аз сабаби он ки матни ин ҳадис ҳаргиз маънои макрӯҳ ё мамнӯъ будани ба масҷид рафтани занҳоро дода наметавонад, баъзе аз фуқаҳои баъдӣ ба аввали он як ривояти бофтаеро афзуда, хостаанд, ки ин ҳадисро ба хостаи худ истифода кунанд. Аз ин рӯ, дар баъзе китобҳои фиқҳӣ овардаанд, ки гӯё Ҳазрати Умар(р) масҷидравии занонро бо дуруштӣ манъ кардаанд ва гурӯҳи занон дар ин маврид ба Оиша(р) шикоят бурдаанд ва гӯё он кас Умар(р)-ро ҷонибдорӣ карда ин ҷумларо гуфтаанд, ки «агар Расули Худо, алайҳиссалом, медиданд… манъ мекарданд». Вале, тавре ки дар боби гузашта зикр шуд, ин ривояти бофтае, ки дар оғози ин қавли Оиша(р) афзуда шудааст, на дар «Саҳеҳи Бухорӣ» ва на дар «Саҳеҳи Муслим» вуҷуд надорад. Пас ҳам санади ин изофа заиф аст, яъне дар китобҳои мӯътабар вуҷуд надорад, ҳам мазмуни он хилофи ҳақиқат аст, яъне чуноне, ки дар фасли аввал собит шуд, назари Умар(р) оид ба намози ҷамоати занон чунин набудааст. Пас, чаро чунин ривояти мавзӯъро ба ривояти саҳеҳи Оиша(р) дидаву дониста биафзоем?

3. Дигар ин ки ин сухани Оиша(р) дар мавриди ороишу хушбӯиҳои зиёд ба кор бурдани занон гуфта шудааст. Яъне, мазмуни суханашон, агар чунин ороишу хушбӯӣ кардани шуморо Пайғамбар, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, медиданд, шуморо аз масҷидравӣ манъ мекарданд. Пас, ин ҳукм фақат ба занони худро аз ҳадд зиёд ороишдода ва хушбӯиҳои зиёд зада тааллуқ мегирад. Ба зане, ки ҳангоми масҷидравӣ ин корҳоро намекунад, ин ҳукм аслан дахле надорад. Шариат масҷидравии занонро комилан иҷозат дода, дар айни замон таъкид кардааст, ки ҳангоми масҷидравӣ ороиш ва хушбӯӣ накунанд. Дар масъалаи ба масҷид рафтани мардҳо низ одоби муайян вуҷуд дорад: масалан, мардҳо низ пас аз хӯрдани сирпиёз аз масҷидравӣ наҳй шудаанд. Оё ин маънои тамоман аз масҷид манъ шудани мардҳоро медиҳад?

4. Илова бар ин, ин гуна ҳадисҳоро дар илми усули ҳадис «ҳадиси мавқуф» мегӯянд. Ҳадиси мавқуф ҳадисест, ки қавлу феъли саҳобаро баён кунад. Аммо ҳадисе, ки қавлу феъли худи ҷаноби Пайғамбар, алайҳиссаломро баён кунад, ҳадиси «марфӯъ» номида мешавад. Маълум аст, ки ҳеҷ гоҳ як ҳадиси «мавқуф» ҳар маъное, ки надошта бошад, наметавонад дар муқобили чандин ҳадиси саҳеҳи «марфӯъ», ки қавлу феъли худи Пайғмабар, дуруд бар ӯ, аст, ҳуҷҷат ва далел шавад.

5. Илова бар ин далелҳои рӯшани мантиқӣ, бисёр муҳаддисони бузург низ бо сароҳат зикр кардаанд, ки ин ҳадис ҳаргиз маънои аз масҷид манъ кардани занонро дода наметавонад. Масалан, муҳаддиси машҳури аҳли суннат Ибни Ҳаҷар, ки сухани эшон дар илми ҳадис бисёр мӯътабар аст, дар китоби «Фатҳу-л-борӣ дар шарҳи «Саҳеҳи Бухорӣ» дар бораи ин ҳадис чунин мегӯяд: «Баъзе касон дар масъалаи манъи занон аз масҷид, мутлақан (хоҳ ҷавон ва хоҳ пир, хоҳ ороста ва хоҳ бидуни ороиш) ба сухани Оиша(р) чанг задаанд (ва ҳукм баровардаанд). Вале дар ин истидлоли онҳо ҷои баҳс ва назар аст. Зеро (аввалан) ба хотири қавли ҳазрати Оиша(р) ҳукми ҷавози масҷид рафтани занон, ки бо суннати Паёмбари Худо, алайҳиссалом, собит шудааст, тағйир намеёбад. (Сониян) Оиша(р) бино бар гумони худ ҳукми манъи занонро муаллақ ва вобаста карданд ба шарте, ки он шарт мавҷуд нагаштааст. Яъне эшон гуфтаанд: агар медид, манъ мекард. Пас мешавад гуфт: Паёмбари Худо, алайҳиссалом, надидаанд ва манъ ҳам накардаанд. Пас ҳукми ҷавози рафтани занон ба масҷид бар ҳоли худ боқӣ аст».

Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ. «Фатҳу-л-борӣ шарҳи «Саҳеҳи Бухорӣ», ҷилди 2, саҳ. 349

Ҳамин тавр, бо таваҷҷӯҳ ба нуктаҳои зикршуда, дигар ҳеҷ ҷои баҳс боқӣ намемонад, ки ин ҳадиси ҳазрати Оиша(р) ҳаргиз маънои аз масҷид манъ кардани занонро намедиҳад ва барои чунин ҳукм дар муқобили ҳадисҳои саҳеҳи худи ҷаноби Пайғамбар, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, далел шуда наметавонад. Ин ҳадиси саҳеҳ фақат ҳамин маъниро медиҳад, ки занон ҳангоми ба масҷид рафтан бояд одобу қоидаҳои онро комилан риоят бикунанд ва аз ҷумла пӯшиши шаръӣ дошта бошанд ва ороишу хушбӯӣ ва мусобиқаи либоспӯшӣ накунанд. Ин маънӣ ба ҳадисҳои саҳеҳе, ки аз худи ҷаноби Пайғамбар, алайҳиссалом, дар ин мавзӯъ расидаанд, комилан мувофиқат мекунад:

Матни ҳадис:

«عَنْ زَيْنَبَ امْرَأَةِ عَبْدِ اللَّهِ Z قَالَتْ قَالَ لَنَا رَسُولُ اللَّهِ y إِذَا شَهِدَتْ إِحْدَاكُنَّ الْمَسْجِدَ فَلَا تَمَسَّ طِيبًا»

Тарҷума: Ҳар вақте ки яке аз шумоён (занон) дар масҷид ҳузур ёбед, аз хушбӯиҳо истифода накунед.

«Саҳеҳи Муслим», китоби «Салот», ҳадиси 674

Ин гуна ҳадисҳо баръакс, масҷидравии занонро исбот мекунанд, вале одоби онро низ муайян менамоянд.

Ҳадисҳои дигаре, ки ҷонибдорони аз ибодат дар масҷид маҳрум кардани занон онҳоро истифода кардаанд, ба мавзӯи дар хона беҳтар будани намози занон дахл дорад. Дар ин маврид асосан ба ҳадисҳои зерин такя мешавад:

Ҳадиси 1:

«عَنْ ابْنِ عُمَرَ Z قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ y لَا تَمْنَعُوا نِسَاءَكُمْ الْمَسَاجِدَ وَبُيُوتُهُنَّ خَيْرٌ لَهُنَّ»

Тарҷума: Абдуллоҳ ибни Умар мегӯяд: Паёмбари Худо, алайҳиссалом, фармуданд: Манъ накунед занҳоятонро аз рафтан ба масҷид, гарчи хонаҳояшон барояшон беҳтаранд.

«Сунани Абудовуд», китоби «Салот», ҳадиси 480

ва «Муснади Имом Аҳмад», ҳадиси 5211

Ҳадиси 2:

«عَنْ أُمِّ سَلَمَةَ رضى الله عنها عَنْ رَسُولِ اللَّهِ y أَنَّهُ قَالَ: خَيْرُ مَسَاجِدِ النِّسَاءِ قَعْرُ بُيُوتِهِنَّ»

Тарҷума: Умми Салама мегӯяд: Паёмбари Худо, алайҳиссалом, фармуданд: Беҳтарин намозгоҳи занон гӯшаи хонаашон аст.

«Муснади Имом Аҳмад», ҳадиси 25331

Бо ҳамин мазмун дар Муснади Аҳмад аз Умми Ҳумайд дар мавриди ҳамсари Абуҳумайди Соъидӣ(р) ҳадисе ворид шудааст, ки ба ҷаноби Пайғамбар, алайҳиссалом, гуфт:

Матни ҳадис:

«عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ سُوَيْدٍ الْأَنْصَارِيِّ عَنْ عَمَّتِهِ أُمِّ حُمَيْدٍ امْرَأَةِ أَبِي حُمَيْدٍ السَّاعِدِيِّ أَنَّهَا جَاءَتْ النَّبِيَّ y فَقَالَتْ يَا رَسُولَ اللَّهِ إِنِّي أُحِبُّ الصَّلَاةَ مَعَكَ. قَالَ: قَدْ عَلِمْتُ أَنَّكِ تُحِبِّينَ الصَّلَاةَ مَعِي وَصَلَاتُكِ فِي بَيْتِكِ خَيْرٌ لَكِ مِنْ صَلَاتِكِ فِي حُجْرَتِكِ وَصَلَاتُكِ فِي حُجْرَتِكِ خَيْرٌ مِنْ صَلَاتِكِ فِي دَارِكِ وَصَلَاتُكِ فِي دَارِكِ خَيْرٌ لَكِ مِنْ صَلَاتِكِ فِي مَسْجِدِ قَوْمِكِ»

Тарҷума аз матни ҳадис: Ҳамсари Абуҳумайди Соъидӣ ба Расули Худо, алайҳиссалом, гуфт: Эй Пайғамбари Худо, ман мехоҳам, ки намозҳоямро бо Шумо бигузорам. Эшон дар ҷавоб гуфтаанд: Албатта, ба ман маълум шуд, ки ту ҳамроҳи ман намоз гузориданро дӯст медорӣ, ҳол он ки намози ту дар хонаи даруниат беҳтар аст аз намозе, ки дар хонаи беруниат мегузорӣ ва намозе, ки дар хонаи беруниат мегузорӣ, беҳтар аст аз намозе, ки дар саҳни ҳавлиат мегузорӣ ва намозе, ки дар саҳни ҳавлиат мегузорӣ, беҳтар аст аз намозе, ки дар масҷиди маҳаллаат мегузорӣ…..

«Муснади Имом Аҳмад», ҳадиси 25842

Дар мавриди ин ҳадисҳо низ бояд ба нуктаҳои зерин таваҷҷӯҳ дошт:

1. Дар ҳеҷ яке аз ин ҳадисҳо ба масҷид рафтани занҳо на танҳо сареҳан манъ карда нашудааст, балки макрӯҳ ҳам эълон нагардидааст. Гузоридани намоз дар хонаҳои худ барои занон на ҳамчун амр, балки ҳамчун аз боби имтиёз ва иҷозат омадааст. Аз сабаби он ки занон ҳамчун ҳамсар ва модар як силсила масъулиятҳои хонаводагӣ доранд, ислом иштироки онҳоро дар намозҳои ҷамоати масҷид баробари мардон воҷиб ё суннат нагардонидааст. Ин ҳукми ислом ҷиҳати раҳмат ва осон гардонидани вазъияти занон буда, баръакси мардон, ки иштироки онҳо дар намозҳои ҷумъа ва идайн воҷиб ва дар намозҳои ҷамоати панҷвақта суннати муаккада аст, барои заноне, ки бо ҳар сабабе иштироки онҳо дар масҷид имконият надошта бошад, ҳеҷ гуна гуноҳу ҷазое пешбинӣ намекунад. Аммо ин ҳаргиз маънои манъ будани масҷидравии занонро намедиҳад ва баръакс, дар оғози ҳадиси якум Пайғамбар, алайҳиссалом, сареҳан таъкид кардаанд, ки «занонатонро аз масҷид манъ накунед».

2. Ҳеҷ яке аз ин се ҳадис дар китобҳои «Саҳеҳи Бухорӣ» ва «Саҳеҳи Муслим» наомадаанд ва дараҷаи сиҳҳати онҳо ҷои тааммул дорад. Дар илми ҳадис чунин қоидае ҳаст, ки «агар ровие мӯътамад ҳадисеро ривоят кунад, ки бо ҳадиси ровии аз ӯ муътамадтаре мухолифат дошта бошад, ҳадиси ӯро ҳадиси «шозз» гӯянд (он яке аз навъҳои ҳадиси заиф аст), вале агар худи ровии ин ҳадис мӯътамад набошад, ҳадиси ӯро «матрук» ё «мункар» гӯянд, ки он чун ҳадиси мавзӯъ навъи қабеҳе аз ҳадисҳои заиф аст». Аз ин рӯ, дар ҳеҷ сурат, ин ҳадисҳо бо ҳадисҳои саҳеҳи аз назари санад мӯътабар, аз назари ҳукм мушаххас ва аз назари шумора фаровоне, ки дар онҳо ҷаноби Пайғамбар, алайҳиссалом, ба масҷид рафтани занонро ҷоиз донистаанд, баробарӣ карда наметвонанд ва суннати амалии ишонро, ки дар тамоми давраи зиндагиашон риоят карданд, инкор намекунад.

3. Илова бар ин далоили рӯшане, ки дар боло зикр шуд, муҳаддисону уламои бузурги исломӣ низ саҳеҳ будани ин ҳадисҳоро таъйид накардаанд. Масалан, Шайх Муҳаммад Ғазолӣ, дар китоби «Ас-суннату-н-набавия» ин ҳадисҳо, аз ҷумла ҳадиси Умми Ҳумайдро ба сабаби заифии санад ва мувофиқат надоштан бо ҳадисҳои саҳеҳи Пайғамбар, алайҳиссалом, ва мухолифат бо суннати амалии Расули Худо, алайҳиссалом, ҳадисҳои «ғариб» ва «шозз» ва дар ниҳоят «мардуд» номида, чунин мегӯяд: «Дар «Саҳеҳи Бухорӣ» ва «Саҳеҳи Муслим» ҳадисе аз Расули Акрам, алайҳиссалом, ривоят нашудааст, ки далолат бар манъи занон аз масҷид бикунад. Пас ин ҳадисҳое, ки далолат бар манъи занон мекунанд, ҳама мардуд аст».

Шайх Ғазолӣ хусусан таъвили машҳури Ибни Хузаймаро, ки дар он ҳадиси саҳеҳи «як намоз дар Масҷиду-н-набӣ аз ҳазор намоз дар масҷидҳои дигар афзалтар аст»-ро фақат махсуси мардон (на занон) медонад, як таъвили худсохта ва ғайримантиқӣ дониста, чунин пурсишҳои саҳеҳро ба миён мегузорад: «Агар ин калом дуруст бошад, пас чаро Паёмбари Худо, алайҳиссалом, дар тӯли даҳ соли ҳаёти худ дар Мадинаи Мунаввара занонро озод гузоштанд, ки аз намози бомдод то намози хуфтан дар ҷамоати масҷид ҳозир шаванд? Чаро яке аз дарҳои масҷидашонро Расули Акрам, алайҳиссалом, махсуси занон қарор додаанд? Чаро онҳоро аз ин ранҷу машаққатҳои беҳуда ва ботила озод накарда, барои мондан дар хона тавсия надоданд? Чаро худашон қироати намози бомдодро ба хотири гиряи тифли ширхора кӯтоҳ карданд? Ё чаро мардҳоро наҳй карда гуфтанд: Вақте занонатон хоҳиши масҷид рафтан доранд, онҳоро манъ накунед? Ва ё чаро Хулафои Рошидин баъд аз вафоти Расули Акрам, алайҳиссалом, суфуфи занонро дар масҷидҳо боқӣ гузоштанд ва аз байн набурданд?»

«Ас-суннату-н-набавия», саҳ. 61-64

Ибни Ҳазм низ ривояти «намози занон дар хона беҳтар аст»-ро бо далелҳои қавӣ рад карда, онро «сухани сохтагӣ ва ғайри қобили пазириш» меномад.

(Муҳаммад Ал-Ғаззолӣ, «Қазоё ал-марати байнал тақоиди-р рокида ва-л-вофида». – Қоҳира: Дор-уш-шуруқ, 1990 – С. 230)

Ҳамин тавр, маълум мешавад, ки барои аз масҷид манъ кардани занон ҳадиси саҳеҳе вуҷуд надорад ва он ҳадисҳое, ки ҷонибдорони ин назар истифода мекунанд, ё ин маъноро намедиҳанд (мисли ҳадиси аввал) ва ё ҳадисҳои заифсанад ва бофта буда, дар баробарии ҳадисҳои саҳеҳи Пайғамбар, алайҳиссалом, эътибор надоранд. Ин аст, ки барои аз масҷид манъ кардани занҳо ва макрӯҳ донистани масҷидравии онҳо ҳеҷ ҳадиси саҳеҳу сареҳе вуҷуд надорад. Пас новобаста аз хоҳиши мо ҳар гуна фатвои мутлақан манъкунандаи масҷидравии занон фатвое бепояву бесанад ва ошкоро хилофи ҳадисҳои саҳеҳ ва хилофи суннати амалии Пайғамбар, алайҳиссалом, хоҳад буд.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *