Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Масъалаи ибодати занон дар масчид

3. ВАЗЪИЯТИ ҚАВЛУ ФАТВОҲОИ УЛАМОИ

МУТААХХИРИ ИСЛОМӢ

То ин ҷо маълум гашт, ки барои макрӯҳ донистани масҷидравии занон ҳеҷ далели қуръонӣ ва ҳеҷ ҳадиси саҳеҳи қависанад вуҷуд надорад. Вале бо вуҷуди ин, баъзе аз фақеҳони алоҳида дар замони худ бар макрӯҳияти хуруҷи занон бар қисме аз намозҳои ҷамоат фатво додаанд. Далели онҳо чист? Аксари ин муҷтаҳидон ин фатвои худро ба қоидаи усулии «садди зариъа», яъне маслиҳатандешӣ ва ё пешгирии фитна ва фасод асоснок кардаанд. «Садди зариъа» (манъ кардани чизе, ки сабаби фасод гардад) далелест, ки фуқаҳо онро фақат ҳангоми даст наёфтан ба далелҳои муҳкам аз матни Қуръон ва ҳадисҳои набавӣ барои содир намудани фатво дар масъалаҳои шаръӣ истифода мекунанд. Манзур аз «садди зариъа» манъ кардани як амри мубоҳ аст, аз тарси он ки заминаи пеш омадани як амри ҳаром нашавад. Ин қоидаест, ки фуқаҳо дар бораи дуруст ё нораво будани истифодаи он ихтилофи назар доранд, зеро баъзан ифрот дар истифодаи он ба ҷои фоида зарар меоварад.

Тавре маълум аст, дар шароити асрҳои миёна пас аз инҳироф аз дидгоҳҳои асили исломӣ нақши зан дар ҷомеа ниҳоят маҳдуд гашта, то ба ҳадде расид, ки умуман, аз манзил берун баромадани занон нораво ба ҳисоб мерафт. Дар он замон чунин мешумориданд, ки аз хона баромадани зан боиси рушд кардани фитна дар ҷомеа ва фасоди ахлоқӣ мешавад ва ба воситаи манъ кардани занҳо дар хона гуё онҳоро аз имкони ҷисмонии дастрасӣ ба рафтори ғайриахлоқӣ маҳрум карданӣ мешуданд. Танҳо сабабе ки зан метавонист аз ҳавлии худ ба берун барояд, намози ҷамоат дар масҷид буд. Чунин манзараи шаҳрҳои он замонро муҳаддиси машҳур ва муфассири Қуръони карим Абубакр ибни Арабӣ (1076-1151 м.) чунин тасвир кардааст:

Тӯли чанд муддате, ки дар шаҳри Ноблус (Фаластини имрӯза) иқомат кардам, ба ҷуз рӯзи ҷумъа дигар ҳеҷ рӯзе занеро дар кӯчаҳои он шаҳр надидам. ҳамин ки рӯзи ҷумъа мешуд, занҳо аз хонаҳо хориҷ мешуданд ва барои адои намози ҷумъа ба масҷид меомаданд, то ғояте, ки масҷид аз ҳузури онҳо пур мешуд. Вақте намози ҷумъа хонда мешуд ва онҳо ба хонаҳои худ бармегаштанд, то ҷумъаи дигар чашми ман ба ҳеҷ зане аз занони он шаҳр намеафтид.

Муҳаммад ибни Аҳмади Қуртубӣ. «Тафсири Қуртубӣ», ҷилди 14, саҳ. 181

Тадриҷан бо дур шудан аз суннати амалии Пайғамбар, алайҳиссалом, ва бо ғолиб омадани афкори ночиз донистани нақшу аҳаммияти зан дар ҷомеа, баъзе ҳокимони вақт ва баъзе фуқаҳо хориҷшавии занон барои таҳсил дар мадраса ва намози ҷамоатро низ «зиёдӣ» ҳисобида, бо қиёс ба далелҳои заиф иҷтиҳод намуда, онро низ макрӯҳ ҳукм карданд. Аксари фуқаҳое, ки аз ин равия тарафдорӣ кардаанд, бо ин эҳтимол, ки бо баҳонаи таълими илм ё бо баҳонаи намози ҷамоат аз хона баромадани занон боиси фитна ва фасод дар ҷомеа мешавад, барои пешгирии «хавфи фитна» маҳз бо истифодаи қоидаи «садди зариъа» ба хонашинии мутлақи занон фатво доданд. Масалан, дар китоби «Ҳидоя»-и шариф сабаби макрӯҳ дониста шудани масҷидравии ҷавонзанон чунин шарҳ ёфтааст:

Матн:

«ويكره لهن حضور الجماعات يعني الشواب منهن لما فيه من خوف الفتنة»

Тарҷума: Хориҷ шудани ҷавонзанон ба намозҳои ҷамоат макрӯҳ аст, аз сабаби вуҷуд доштани хавфи фитна.

Алӣ ибни Абубакри Марғелонӣ. «Ал-ҳидоя шарҳи «Бидояту-л-мубтадӣ», ҷилди 1, саҳ. 57

Вале оё дар шароити имрӯзи мо қоидаи «садди зариъа» ба ин маъно қобили истифода аст? Агар бо чашми боз ба ҷомеаи озоди мо бингарем, вазъият дуруст баръакс мебошад. Занони мо дигар хонанишин нестанд: онҳо ҳам ба кӯчаю бозор, ҳам ба мактабу донишгоҳ, ҳам ба кори саҳрову корхона ва ҳам ба тӯю маъракаҳою базму дискоклубҳо мераванд. Пас бо чӣ мантиқ метавон гуфт, ки дар ҳеҷ яке аз ин рафтанҳои занон фитна намешавад, вале танҳо ба масҷид рафтани онҳо боиси фитна ва фасоди ахлоқӣ мешавад?

Имрӯз шояд танҳо ҷое, ки ба занон таълими заруриёти шаръӣ, таълими иффату покизагии исломӣ медиҳад, масҷид аст. Бо вуҷуди он ки ислом ба зан ҳуқуқҳои зиёде додааст, бино бар шароити пешомада мо имрӯз шоҳиди ноогоҳии комили занон аз ҳуқуқҳои исломии худашон ҳастем. Бо ин сабаб, мутаассифона, имрӯз низ дар ҷомеаи мо занон аз сабаби надонистани ҳуқуқҳои шаръии худ ҳанӯз ҳам ҳамчун шахси беҳуқуқ бо мушкилоти зиёди хонаводагӣ рӯбарӯ ҳастанд. Дар ҳалли ин вазъияти ногувори иҷтимоии зан масҷид аз роҳи бо ҳуқуқҳои динии худ ошно кардани онҳо нақши бузург дошта метавонад. Фасоди ахлоқии имрӯзи ҷомеаи мо низ барои касе пӯшида нест. Агар зан ба масҷид рафта, аз аҳкоми шариат дар бораи иффату покӣ ва ахлоқи нек огоҳӣ наёбад, пас бояд ба куҷо муроҷиат намояд?

Шайх Юсуф Қарзовӣ дар китоби «Фатовои муосир» қоидаи «садди зариъа»-ро баррасӣ карда, чунин овардааст: «Мусалмонон дар давраи гузашта таҳти унвони «садду боби-з-зариъа илал фитна» (манъи ончи сабаби фасод аст) сахтгириҳое ба харҷ додаанд ва дар ин росто буд, ки эшон аз рафтани занон ба масҷид мумонаат кардаанд ва онҳоро аз хайрот ва манфиати фаровоне маҳрум сохтаанд… Ва натиҷаи чунин сахтгириҳо ин шуд, ки бисёре аз занони мусалмон дар ин дунё зистанд ва гузаштанд ва ҳатто як ракъат намоз барои Худо анҷом надоданд. Бо вуҷуди он, ки ҳадиси саҳеҳи сареҳ ҳушдор медиҳад, ки монеи рафтани занон ба масҷид нашавед: Ло тамнаъу имоаллоҳи масоҷидаллоҳи!»

Ниг: Юсуф Қарзовӣ. «Дидгоҳҳои фиқҳи муосир», ҷ.2, саҳ. 701

Мутафаккиру фақеҳи бузурги исломӣ Шайх Муҳаммад Ғазолӣ низ ин масъаларо чунин баҳо медиҳад: «Манъи занон аз масҷид бидъате нописанд ва мусибатест, ки ҷомеаи исломӣ ба он гирифтор шудааст ва ҷаҳолат, тарбияти бад ва суннатҳои нодурустро насибаш кардааст. Ва (дар ин масъала) роҳи дармоне надорем, ҷуз ин ки ба сирати Пайғамбари бузургвори ислом, алайҳиссалом, ва ёрони нахустинаш бозгардем».

Муҳаммад Ал-Ғазолӣ, «Қазоёа-л-марати байна-л

тақоиди-р-рокида ва-л-вофида», чопи форсӣ, саҳ.231

Аз ин рӯ, имрӯз ду масъалаи муҳимм, яъне зарурати ба ҳуқуқҳои шаръии худ шинос шудани занон ва зарурати аз муқаррароти ахлоқии исломӣ огоҳ шудани занон тақозо мекунад, ки занро аз масҷид дур накунем. Пас имрӯз «садди зариъа» на дар манъ кардани занҳо аз масҷид, балки баръакс, дар рафтани онҳо ба масҷид аст.

Ҳамин тавр, мебинем, ки илова бар набудани далоили саҳеҳи нақлӣ, далели ақлии шаръии манъ кардани занон аз масҷид низ имрӯз мавҷуд нест.

Пас вазъияти фатвоҳое, ки баъзе аз уламои мутааххир дар бораи макрӯҳияти иштироки занон дар баъзе аз намозҳои ҷамоат содир кардаанд, чӣ гуна аст? Аввалан, ҳамаи ин фатвоҳо ҳамчун назари ин уламои гиромӣ дар ҷои худ мӯҳтараманд. Вале барои муайян сохтани вазъияти онҳо бояд чунин мулоҳизотро дар назар дошта бошем:

Якум, на банда ва на касе дигар наметавонем ин фатвоҳоро бо ҳадисҳои саҳеҳу сареҳи Пайғамбари Акрам, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, ҳамвазн ҳисоб кунем ва муқобил гузорем. Хусусан, вақте ки заиф будани ривояти ҳадисҳои истифодашуда барои содир кардани ин фатвову назарҳо комилан маълум ва ошкорост, дигар такя ба ин фатвоҳо аз назари шаръи дуруст намебошад.

Дувум, набояд чунин тасаввур пеш ояд, ки макрӯҳияти хуруҷи занон ба масҷид назари ҷумҳури уламо ё ҳамаи муҷтаҳидони мазҳаби мо будааст. Баръакс, аксари мутлақи уламои мазҳаби ҳанафӣ хуруҷи занон ба намозҳои ҷумъа ва идайнро ҷоиз донистаанд, ки қавли мӯътабари онҳо дар охири фасли аввал зикр карда шуд.

Сеюм, аксари муҷтаҳидини гузашта дар ин мавзӯъ на бар ҳадисҳои набавӣ, балки бар қоидаи фиқҳии «садди зариъа» такя карда, сабаби макрӯҳ донистани хуруҷи занон ба масҷидро «хавфи фасод» дар замони худ хондаанд. Вале тавре дар боло собит шуд, ин далел имрӯз комилан баръакс аст.

4. ХУЛОСАИ ФАСЛИ ДУВУМ

Ҳамин тавр, аз матолиби фасли дувум дар масъалаи иштироки занон дар намози ҷамоати масҷид нуктаҳои зерин маълум мешавад:

1. Барои содир кардани ҳукм дар бораи аз масҷид манъ кардани занон ҳеҷ далели қуръонӣ вуҷуд надорад.

2. Ҳеҷ ҳадиси саҳеҳ, хусусан дар «Саҳеҳи Бухорӣ» ва «Саҳеҳи Муслим» аз ҳазрати Пайғамбар, алайҳиссалом, ворид нашудааст, ки ба манъ кардани занон аз масҷид далолат бикунад.

3. Дар ҳақиқат, дар таърихи гузашта ва имрӯзи ислом, баъзе аз фақеҳони алоҳида бар макрӯҳияти иштироки занон дар намози ҷамоати масҷид фатво додаанд, вале ин назар ҳаргиз назари ҷумҳури (ҳамаи) муҷтаҳидин ва уламои мазҳаби ҳанафӣ намебошад..

4. Чанд ҳадису ривояте, ки ҷонибдорони аз ибодат дар масҷид маҳрум кардани занон аз он истифода кардаанд, ба ду сабаб дар ин масъала ҳуҷҷати қавӣ ва саҳеҳ шуда наметавонанд: 1. Қисме аз ин ҳадисҳо ҳаргиз ба манъи масҷидравии занон далолат намекунад (мисли қавли зикршудаи ҳазрати Оиша (р)). 2.Қисми дигари онҳо ҳадисҳои бофта ё аз назари санад заиф ва аз назари мазмун мухолифи ҳадисҳои саҳеҳ ва суннати амалии Пайғамбар, алайҳиссалом, мебошанд.

5. Далели ақлии шаръӣ, яъне «садди зариъа», ки баъзе аз фақеҳон дар замони худ барои ин амр истифода карда буданд, дар шароити ҷомеаи мо вазъияти баръакс дошта, бо пешгирии занон аз масҷид вазъи фасод дар ҷомеа ба ҳеҷ ваҷҳ ислоҳ намешавад, балки бадтар мегардад.

Ҳамин тавр, матолиби фасли дувумро хулоса намуда, ба чунин натиҷаи асоснок мерасем, ки барои макрӯҳ донистани масҷидравии занон ва хусусан, барои аз масҷид манъ кардани онҳо ҳеҷ далели қуръонӣ, ҳеҷ далели нақлӣ (ҳадисҳои саҳеҳ) ва ҳеҷ далели ақлӣ вуҷуд надорад. Бо ҳеҷ мантиқ мо наметавонем қавли ин ё он фақеҳи алоҳидаи гузашта ва имрӯзаро дар муқобили даҳҳо ҳадиси саҳеҳ ва суннати амалии собитшудаи Пайғамбари ислом, алайҳиссалом, бигузорем. Пас бо вуҷуд доштани чанд қавли алоҳидаи фуқаҳои ҷудогона назари ислом дар бораи ҷоиз будани иштироки занон дар намозҳои ҷамоат, ки бо далелҳои қуръонӣ ва бо ҳадисҳои саҳеҳи набавӣ собит шудааст, ҳаргиз тағйир намеёбад.

Фасли сеюм:

Ҷанбаҳо ва оқибатҳои сиёсии ин масъала барои ҷомеаи Тоҷикистон

Дар ду фасли аввал ҷанбаи шаръии масъалаи иштироки занон дар намозҳои ҷамоати масҷид баррасӣ шуд ва собит гашт, ки назари ислом дар ин маврид комилан мусбат мебошад. Ин масъала як мавзӯъи дохилии динӣ буда, бояд дар доираи фуқаҳо ва соҳибназарони исломӣ мавриди баҳс қарор гирад. Вале дар шароити имрӯзи ҷомеаи мо ин мавзӯъ аз сатҳи як баҳси дарунии фиқҳӣ берунтар рафта, дар сатҳи ҷомеа низ боиси таваҷҷӯҳ ва гуфтугузорҳои фаровоне гашт. Чунин ранг гирифтани масъалаи мазкур ба чанд сабаб пеш омад. Аввалан, ҷомеаҳои имрӯза ҳамчун як организми зинда нисбат ба ҳама гуна падидаҳо аксуламал нишон медиҳад ва ин яке аз неъматҳои ҷомеаи озоду демократӣ аст. Ин аст, ки дар баъзе доираҳо ин масъала баҳсу баррасӣ гашта, дар матбуоти давр низ аз сӯи ҷонибдорону мухолифони ин амр мақолаву изҳори назарҳо пеш омаданд.

Илова бар ин, баъзе аз ҷонибдорони дидгоҳи манъ кардани занон аз масҷид талош варзиданд, ки дар таҳмили назари худ бар мусалмонони кишвар аз имконоти идораҳои расмиву қудратӣ истифода кунанд. Ҳамчунин, дар рӯзгори мо масъалаи зан ҳассосияти бештаре дошта, чунин мавзӯъе, ки ба яке аз муҳимтарин ҳуқуқҳои ҳам шаръӣ ва ҳам қонунии занон дахл дорад, ҳаргиз наметавонист аз назари ҷомеа пинҳон бимонад.

Ин ҳама боис шуд, ки масъалаи иштироки занон дар намози ҷамоат, ки табиитарин ҳуқуқи шаръиву қонунии занон аст, ба як баҳси сунъӣ ва ҳатто пурфитна дар ҷомеаи мо табдил гашт. Илова бар ин ҷанбаҳои сирфан шаръӣ, ҷанбаҳои ҳуқуқию сиёсӣ ва иҷтимоиву ахлоқии ин масъала низ таваҷҷӯҳи коршиносонро ба худ ҷалб карданд. Аз ин рӯ, зарур дониста шуд, ки дар фасли поёнии ин рисола ба таври бисёр мухтасар ба ин ҷанбаи масъалаи занон ва масҷид андаке рӯшанӣ андохта шавад.

1. БАҲОИ ҲУҚУҚИИ МАНЪИ ЗАНОН

АЗ ИБОДАТ ДАР МАСҶИД

Аз назари ҳуқуқӣ, манъи занон аз масҷид пеш аз ҳама бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо як силсила меъёрҳои қонунгузории кишвар ошкоро мухолиф мебошад. Ин амал якбора чандин банди Сарқонуни Тоҷикистонро дағалона поймол карда, занонро аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ маҳрум месозад. Ба таври мушаххас:

1.Чунин амал бар хилофи яке аз усулҳои конститутсионӣ, яъне баробарии марду зан мебошад. Моддаи 17 Конститутсияи ҶТ сареҳан ҳукм мекунад, ки дар Тоҷикистон «Мардон ва занон баробарҳуқуқанд».

2.Ин иқдом ошкоро мухолиф бо ҳаққи конститутсионии иштироки шаҳрвандон дар маросимҳои динӣ мебошад. Моддаи 26 Сарқонуни ҶТ таъйин мекунад, ки «Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷо бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд». Қобили зикр аст, ки дар ин моддаи Конститутсия на танҳо озодии иҷрои маросим ва расму оинҳои динӣ аз тарафи шаҳрвандон, балки ҳамчунин озодии ба таври дастаҷамъӣ (ҷамоат) гузаронидани онҳо низ пешбинӣ мешавад. Илова бар қайди «якҷоя бо дигарон», феъли «иштирок намудан» низ маҳз ба маросимҳои ҷамъӣ (мисли намозҳои ҷамоъат) ишорат мекунад.

Ҳамчунин, бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки ин ду моддаи зикршудаи Конститутсияи Тоҷикистон хусусияти мутлақ дошта, дар онҳо ҳеҷ гуна истисно пешбинӣ нашудааст. Яъне Конститутсияи ҶТ баробарии занону мардонро дар маросиму расму оинҳои динӣ ба таври мутлақ муқаррар карда, ба ҳеҷ кас, аз ҷумла ба қонунгузор ва ҳукумат низ барои бо қонуну қарорҳои дигар маҳдуд сохтани он ҳаққи истисноӣ надодааст. Барои маълум шудани фарқи ин моддаҳои Конститутсия, онро метавон ба таври мисол бо моддаи 22 Сарқонун муқоиса намуд: «…Ба манзили шахс зӯран даромадан ва касеро аз манзил маҳрум кардан манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муқаррар кардааст.» Дар чунин моддаҳо Сарқонун эҳтимоли истисно ва маҳдудиятро пешбинӣ мекунад. Вале муқаррароти моддаи 17 ва моддаи 26 Конститутсия мутлақ ва бидуни истисно аст.

Илова бар ин, меъёрҳои конститутсионӣ бевосита амал мекунанд. Дар сархатти аввали моддаи 10 Конститутсияи ҶТ чунин омадааст: «Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд…»

Аз ин рӯ, дар вазъияти пешомада ҳам ба хотири ҳифзи обрӯи сиёсии ҷомеаи ҳуқуқбунёди мо ва ҳам ба хотири риоят шудани муқаррароти Конститутсия, беҳтар мебуд ниҳодҳое, ки назорати иҷрои қонунҳо ва ҳифзи ҳуқуқҳои қонунии шаҳрвандонро ба ӯҳда доранд, ин гуна назару фатвоҳоро ҳамчун ҳукми поймолкунандаи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони кишвар ва вайронкунандаи усули конститутсионии баробарии зану мард бекор мекарданд.

Дар бораи бо тамоми меъёрҳои ҳуқуқии байналхалқӣ, аз ҷумла бо меъёрҳои Конвенсияи ҳуқуқи башар ошкоро мухолиф будани ин гуна дидгоҳҳо ҷои баҳс ҳам нест. Ба он муллоҳое, ки мухолифи ибодати занон дар масҷид ҳастанд, низ беҳтар мебуд, ки бо дарки масъулияти динӣ ва имонии худ мавқеи ватандорӣ ва огоҳии бештари сиёсӣ зоҳир намуда, ғаразҳои шахсиро як сӯ гузошта, дар ин масъала таҷдиди назар бифармоянд ва ба обрӯи худ ва ҷомеаи навбунёди мо доғ наёваранд.

2. ТАЪСИР БА ОБРӮИ СИЁСИВУ

БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН

Пас аз он ки дар Тоҷикистон аз сӯи баъзе аз муллоҳо дар бораи аз ибодат дар масҷид маҳрум сохтани занон (яъне 53% аҳолии кишвар) ва маҳдуд сохтани масҷидравии ҷавонон (аз тариқи манъи сари луч ва бо куртаи нимостин намоз гузоридан) фатвои махсус содир шуд, ин рафтори барои асри ҳозир комилан нодир дар доираҳои динӣ ва сиёсии хориҷӣ низ мавриди ҳайрат ва тамасхур қарор гирифт. Аз он ҷо, ки ин навъи нигариши динӣ дар олами муосир ҳамчун нигоҳи бисёр қафомонда ва «исломи толибонӣ» шинохта мешавад, дар бисёре аз таҳлилу гузоришҳои хабарӣ зикр шуд, ки Тоҷикистон баъд аз Афғонистон дувумин кишваре шудааст, ки дар он ба масҷид рафтани занҳо манъ мебошад. Дар матбуоти дохиливу хориҷӣ, хусусан дар шабакаи байналмилалии интернет даҳҳо таҳлилу гузориш дар ин маврид пахш шудааст, ки аксари онҳо ин иқдоми нодири «домуллоҳо»-и моро ҳамчун «сенсатсия» арзёбӣ карда, дар қисме аз онҳо ин «муллоҳо»-и тоҷик ба ҷаҳониён ҳамчун «толибони тоҷик» муаррифӣ шудаанд.

(Дар ин мавзӯъ масалан саҳифаҳои интернетии: «NEWSru.com», «UAHnews», «Мусульманский Узбекистан», «Русский христианский интернет»(!), «Дорога к храму» ва даҳҳо сайти дигар гузоришҳо пахш кардаанд

Табиист, ки ин гуна хабарҳо чеҳраи кишвар ва ҷомеаи озоду демократии моро дар зеҳни ҷаҳониён ҳамчун як ҷомеаи асримиёнагӣ зоҳир мекунад, ки чунин тасаввур мутобиқ бо воқеият нест.

3. ХАЛАЛЁБИИ ЭЪТИБОРИ ХУБИ ҲУКУМАТ

ДАР МИЁНИ ДИНДОРОН

Тавре ҳамагон шоҳидем, дар солҳои охир дар натиҷаи сиёсатҳои дурусти мақомоти роҳбарии кишвар дар Тоҷикистон сулҳу оштии миллӣ барқарор гашта, робита миёни сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои динӣ ва шахсиятҳои исломӣ хубтар шуд. Бешакк, ин дастовард неъматест, ки мо бояд ба қадраш бирасем ва ҳифз кунем.

Вале дахолати бемасъулиятона ва иштироки баъзе аз намояндагони доираҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ дар «татбиқи фатво» дар ҳақиқат қишри зиёди ҷомеаро дар ҳайрат мегузорад, зеро мувофиқи ҳеҷ мантиқ ва тибқи ҳеҷ қонуни Тоҷикистон иҷро ва татбиқи фатвои дини ташкилоти ҷамъиятие ба мисли Маркази Исломӣ ва «Шӯрои уламо»-и он ба ҷумлаи вазифаҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ ва идораҳои қудратӣ дохил намешавад. Илова бар ин, дар расонаҳои хабарӣ аз ҷониби баъзе «коршиносон»-и расмӣ низ чунин назарҳо пахш шуд, ки гӯё иҷрои ин фатво бар ҳукумат зарур бошад. Масалан, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Фаррух Умаров дар як мусоҳибаи худ аз 22.08.2004 бо камоли бемасъулиятӣ изҳор доштааст, ки «давлат вазифадор аст»(?!) чунин фатвоҳоро «иҷро намояд.» Агар бо чунин мантиқ пеш биравем, агар, масалан, фардо ин уламо дар бораи аз мактабҳо ва аз донишгоҳҳо манъ кардани занон фатво бидиҳад, магар он гоҳ низ «давлат вазифадор аст», ки онро иҷро намояд»?

(Ахбори интернетии Шӯъбаи иттилоотию

таҳлилии ДИП ҶТ, 23.08.2004)

Ин буд, ки тибқи мушоҳидаи шахсии худам, дар сари роҳи баъзе масҷидҳо «барои иҷрои фатвои Шӯрои уламо»(?) ҳатто постҳои милитсия пайдо шуданд ва тибқи гузориши ронандагони микроавтобусҳои хатти Душанбе-Ваҳдат ҳатто ба онҳо аз тарафи милитсияи маҳаллӣ супориш дода шуд, ки «занони масҷидравро ба маршруткаҳояшон савор накунанд»(?!). Ин гуна иқдомот дар ҳақиқат қонуншикании ошкоро аст.

Дигар ин ки қисми зиёди мардум хулоса мебардоранд, ки фатвои аз масҷид манъ кардани занон бо супориши ҳукумат содир шудааст, зеро ҳукуматҳои маҳаллӣ ва милится рамзи ҳукумат дар маҳаллҳо мебошанд.

Аз ин рӯ, беҳтар мебуд, ки «иҷрои ин фатво» низ ба худи муаллифонаш вогузор шавад. Бигзор, агар назари баъзе аз уламо дар ҳақиқат ҳам ҳамин бошад ва агар мунсифона барои чунин назар асосе дошта бошанд, худашон аз минбарҳои масҷид ва матбуот ба мардум фаҳмонанд. Вале, вақте ки ҳукумати маҳаллӣ ва ё милитсия ин корро иҷро карданӣ мешавад, мардум онро нодуруст мефаҳманд.

Дуруст аст, ки баъзе қишрҳои фикрӣ низ аз афзоиши нақши масҷидҳо дар ҷомеа «эҳсоси хатар» мекунанд. Давлати мо дунявист ва ба ин гуна назарҳо комилан эҳтиром мегузорем. Вале нашри ин андеша бояд маҳз аз роҳи таблиғот ва тавзиҳот сурат гирад, на ба шеваҳои қудратӣ. Баъзеҳо то ҳанӯз ба он ишора мекунанд, ки гӯё масҷидҳо ва муллоҳо омили сар задани ҷанги дохилӣ будаанд. Вале омӯзишу таҳлилҳои васеи муҳаққиқони маъруфи дохилӣ ва хориҷӣ дар солҳои охир ба рӯшанӣ нишон додааст, ки ҷанги дохилии Тоҷикистон хусусияти таҳмилӣ дошта, дар хориҷ аз ҷумҳурӣ тарҳрезӣ гашт ва аз он ҷо идора шуд. Сардори давлатамон низ борҳо ба ин нукта ишора намудаанд, ки ин ҷанг хусусияти таҳмилӣ дошт. Вале то ҳанӯз шахсоне ҳастанд, ки бо вуҷуди аз назари илмӣ ва таърихӣ комилан рӯшан шудани ин ҳақиқат, аз баҳри пиндорҳои шахшудаи худ намегузаранд.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *