Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Масъалаи ибодати занон дар масчид

ОХИРСУХАН

Ҳамин тавр, дар ин рисолаи кӯтоҳу мухтасар кӯшиш шуд, ки ба фазли Худованд ҷанбаҳои мухталифи яке аз масъалаҳои муҳимми маънавии ҷомеаи имрӯзи мо, яъне ба масҷид рафтани занон ва иштироки онон дар намозҳои ҷамоаи масҷид ба қадри имкон таҳлилу баррасӣ гардад. Чун ин масъала дар миёни мардум, ҳам дар маҳфилҳои динӣ ва ҳам дар саҳифаҳои матбуот мавриди баҳсу гуфтугузорҳое гаштааст, аз ин рӯ, вазифаи имонӣ ва масъулияти шаҳрвандии худ донистам, ки ин навиштаи кӯтоҳро барои хоҳишмандон пешниҳод бинамоям.

Дар ин қисмати поёнӣ пеш аз ҳама мехостам ба ин нуктаи муҳимм ишора бикунам:

Алҳамдулиллоҳ, банда дар хонаводаи олими исломӣ ва аҳли тасаввуф ба воя расида, ба фазли Худованд аз хурдӣ аз падару бобоям ва баъдан, дар назди беҳтарин устодон дар дохил ва хориҷи кишвар таълиму таҳсили илмии динӣ ва дунявӣ гирифтам. Ҳамчун фарди мусалмон, алҳамдулиллоҳ, аҳкоми шариатро дар ҳаёти шахсии худам ба қадри имкон татбиқ менамоям ва қатъиян эълом медорам, ки пайрави мазҳаби ҳанафӣ мебошам, ҳамеша ва дар ҳама ҷо аз ин мазҳаби бузург дифоъ кардаам. Аз ин рӯ, ҳамаи он чӣ дар ин рисола оварда шуд, ҳаргиз мухолифи мазҳаби ҳанафӣ набуда, баръакс, аз ҳама муҳимм, барои рӯшан сохтани назари воқеии ин мазҳаб ва барои ҳимояти ин мазҳаб мебошад, зеро, мутаассифона, баъзе муллоҳо аз рӯи камтааммулӣ бо изҳори назарҳои бисёр тангу қафомондаи шахсии худ ин мазҳаби бузургу пурзарфиятро дар чашми мусалмонон ва ҷаҳониён ҳамчун як мазҳаби тангназар ва иртиҷоӣ нишон медиҳанд. Такяи асосии мо ба ҳадисҳои саҳеҳи Пайғамбар, алайҳиссалом, низ маҳз дар пайравӣ аз таъкиди ҷиддии ҳазрати Имом Абуҳанифа(р) мебошад, ки дар қавли машҳури худ фармудаанд, агар ҳадиси саҳеҳе аз Пайғамбар, алайҳиссалом, ба дастатон ояд, мазҳаби ман ҳамон аст.

Ҳамин тавр, усули нигориши ин рисола чунин буд, ки дар он ба шахсияту назари ҳеҷ яке аз уламои киром, чи тарафдорон ва чи мухолифони ибодати занон дар масҷид беэътиноӣ накарда, талош варзидем, ки назари дини мубини ислом ва хусусан, мазҳаби ҳанафиро дар ин маврид баён бикунем. Аз ин рӯ, кӯшиш шуд, ҳар далеле, ки дар қисмати шаръии ин рисола оварда шуд, яъне тамоми ояту ҳадисҳои набавӣ маҳз аз манбаъҳои мӯътамади исломӣ, яъне аз худи Қуръони карим ва аз китобҳои бузурге чун «Саҳеҳи Бухорӣ» ва «Саҳеҳи Муслим» ва ё дар сурати зарурат аз «сиҳоҳи ситта» ва китобҳои мӯътабари фиқҳи ҳанафӣ гирифта шуда, ҳукми Худованди азимушшаън ва Пайғамбари гиромии ислом, алайҳиссалом, дар ин бора барои хонандагони азиз баён гардид. Зеро аз мутолиаи баъзе аз навиштаҳои қадиму ҷадид дар ин маврид мушоҳида мегардад, ки баъзе аз уламои киром назари як муҷтаҳиди алоҳида ё назари шахсии худашонро ба мардум ҳамчун «назари ислом» муаррифӣ карданӣ мешаванд. Вале ҷои шакк нест, ки назари ислом он аст, ки дар оятҳои қуръонӣ ва дар ҳадисҳои саҳеҳи Пайғамбар, алайҳиссалом, ва дар суннати амалии он кас омада бошад.

Аз ин рӯ, рисолаи ҳозир ба шакли як маълумотнома дар бораи назари ислом дар масъалаи ба масҷид рафтани занон танзим шуд, ки он метавонад ҳам барои муллоҳои мӯҳтарам ва ҳам муҳаққиқону исломшиносон ва умуман хоҳишмандон мавриди истифода бошад. Бо ин мақсад, дар ду фасли аввали мақола фақат далелҳои мустанади шаръӣ аз Қуръону ҳадис оварда шуда, хулосаҳои мантиқиву ақлоние, ки аз онҳо бармеояд, зикр гардид ва аз овардани назари шахсӣ худдорӣ шуд. Агарчи банда дар бораи аз кадом марказҳои хориҷию дохилӣ қувват гирифтани фикри аз масҷидҳо манъ кардани занон ва ҷавонон маълумоти фаровони илмӣ ва таърихӣ дошта, дар бораи чӣ гуна ҳанӯз дар асрҳои 17-18 аз тарафи душманони ислом сармоягузорӣ шудани барномаҳо ва «марказҳои илмие», ки роҳҳои заиф кардани ислом ва осон ишғол ё истисмор намудани кишварҳои исломиро меомӯхтанд, мутолиоти зиёде доштам, вале бо мақсади дур нашудан аз ҳадафи аслии рисола, дар ин ҷо аз кушодани ин баҳсҳо худдорӣ варзидам.

Ва дар фасли сеюми рисола бо таваҷҷӯҳ ба ҷанбаҳои мухталиф пайдо кардани ин масъала дар ҷомеаи мо, мулоҳизоти шахсӣ оид ба пайомадҳои сиёсиву маънавии он оварда шуд, ки он ҳам бо таҳлили сиёсӣ ва ақлӣ ба даст омада аст. Зеро ҳангоми тасмимгирӣ таҳлилу баррасӣ нашудани паҳлуҳои гуногуни як масъала маъмулан боиси пеш омадани оқибатҳои номунтазирае шуда метавонад. Аз ин рӯ, ҳамчун узви ин ҷомеа мехостам аз ин тариқ бо бародарони худ ва бо ҳамаи ҳаммеҳанони азиз табодули назар бинамоям.

Барои он ки дар ин масъалаи ҳассосу муҳимм назари мо якҷониба ва ғайривоқеӣ набошад, бо ҳисси масъулияти имонӣ ва илмӣ ва бо эҳсоси масъулияти ватандорӣ ва ҳифзи ваҳдати ҷомеа вазъияти ин масъала дар сарчашмаҳои дастраси исломӣ, аз ҷумла Қуръони карим, китобҳои аслии ҳадис, китобҳои мӯътабари фиқҳӣ, рисолаву мақолаҳои қадиму ҷадид ва таҳлилҳои коршиносони ин масъала мутолиаву баррасӣ гашт. Талош шуд, ки тамоми далелҳои онҳое, ки дар ин масъала изҳори назар кардаанд, пеш аз ҳама бо Қуръон, бо ҳадисҳои саҳеҳи Пайғамбар, алайҳиссалом, бо суннати амалии он ҷаноб, бо назари воқеии соҳибони мазҳаб, бо назари уламову фуқаҳои бузург ва ниҳоятан, бо ақлу мантиқи инсонӣ муқоиса карда шавад. Аз ин рӯ, хулосае, ки дар поён оварда мешавад, на назару дидгоҳ ё хоҳиши шахсии банда, балки натиҷаи баррасии нассу матнҳои мӯътабари зикршудаи исломӣ мебошад.

Пас хулосаи ҳосилшуда аз ин баррасиҳо чунин аст:

1. Дар Қуръони карим, ки аввалин ва муҳиммтарин манбаи таъйинкунандаи ҳукму назари ислом аст, ягон оят наомадааст, ки ибодати занон дар масҷидро манъ кунад ё ақаллан, ба он ишора карда бошад. Баръакс, дар ояҳои гуногуни қуръонӣ ҳамаи мусалмонон ба ширкат дар намози ҷамоат даъват шудаанд ва дар ояти 43, сураи «Оли Имрон» ширкати зан дар намози ҷамоат таъкид шуда аст. Ин рӯшантарин далел барои ҷоиз будани иштироки занон дар ҷамоати масҷид аст.

2. Дар ҳеҷ китоби мӯътабари ҳадисҳои Пайғамбар, алайҳиссалом, ки дувумин манбаъи таъйинкунандаи назари ислом ва истинботи аҳкоми шариат аст, хусусан дар китобҳои мӯътабар ва мавриди қабули тамоми уламои аҳли суннат ва ҷамоати дунё чун «Саҳеҳи Бухорӣ» ва «Саҳеҳи Муслим», аз қавли Пайғамбари ислом, алайҳиссалом, ягон ҳадис вуҷуд надорад, ки дар он аз масҷид манъ кардани занон сареҳан ҳукм шуда бошад ё мустақиман ва ғайримустақиман ҳамин маъноро бидиҳад.

3. Баръакс, аз Пайғамбари ислом, алайҳиссалом, хусусан дар «Саҳеҳи Бухорӣ» ва «Саҳеҳи Муслим» теъдоди зиёди ҳадисҳои саҳеҳе мавҷуд аст, ки дар онҳо иштироки занон дар намозҳои ҷамоат аз тарафи Пайғамбар, алайҳиссалом, мустақиман таъкид шудааст. Ҳамчунин теъдоди зиёди ҳадисҳои саҳеҳ комилан мусбат будани назари Пайғамбар, алайҳиссаломро дар ин маврид ба таври мутлақ собит менамоянд.

4. Сарчашмаҳои мӯътабари таърихӣ, аз ҷумла китобҳои шашгонаи ҳадисҳо, шаҳодати саҳобаи киром ва таърихномаҳои мӯътабар собит менамояд, ки суннати амалии Пайғамбари ислом, алайҳиссалом, ин будааст, ки занон ҳамеша дар тамоми намозҳои ҷамоат ва хутбаю суханрониҳои Пайғамбар, алайҳиссалом, иштирок доштаанд. Ин ҳақиқати бебаҳси таърихӣ ва ин суннати амалии Пайғамбар, алайҳиссалом, то ҳадде ошкор аст, ки онро ҳатто мухолифони иштироки занон дар масҷид низ ночор эътироф кардаанд.

5. Модом ки ҳукми Қуръони карим ва ҳукми Пайғамбари ислом, алайҳиссалом, дар ин масъала комилан ошкор аст, худи кӯшиши содир кардани фатвои нав дар ин маврид ҷои тааммул дорад. Зеро ҳам тибқи усули исломӣ ва ҳам мувофиқи мантиқи ақлонӣ дар ҳар масъалае, ки Қуръон ва Пайғамбари Худо, алайҳиссалом, ҳукми онро сареҳан баён кардаанд, пайравони дин наметавонанд дар он масъала фатвои мухолифи худро содир кунанд. Дар ин бора Худованд дар Қуръони карим, сураи «Аҳзоб», ояти 36 сареҳан фармудааст:

Матни оя:

«وَمَا كَانَ لِمُؤْمِنٍ وَلاَ مُؤْمِنَةٍ إِذَا قَضَى اللَّهُ وَرَسُولُهُ أَمْراً أَن يَكُونَ لَهُمُ الْخِيَرَةُ مِنْ أَمْرِهِمْ وَمَن يَعْصِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ فَقَدْ ضَلَّ ضَلَالاً مُّبِيناً».

Тарҷума: Ҳеҷ мард ва зани мӯъминро дар коре, ки Худо ва Расул, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ҳукм мекунад, ҳаққи ирода ва ихтиёр нест (ки раъйи хилофе изҳор намояд) ва ҳар кас нофармонии Худо ва расул мекунад, (бидонад, ки) дар залолат ва гумроҳии ошкор афтодааст.

Сураи «Аҳзоб», ояи 36

Пас, фатво фақат дар масъалаҳое дода мешавад, ки ҳукми он дар Қуръон ва ҳадис сареҳан наомада бошад.

6. Дар ҳақиқат, бо дуртар шудани ҷомеаи мусалмонон аз замони Пайғамбар, алайҳиссалом, ва бо маҳдуд шудани ҳуқуқи занҳои мусалмон дар ҷомеаҳои асримиёнагӣ ва комилан хонанишин шудани занҳо, баъзе аз фақеҳони алоҳида ҳатто ба масҷид рафтан ва таълими занонро макрӯҳ дониста, дар ин бораи фатво содир кардаанд. Вале ин фатвоҳо асосан зери таъсири шароити сиёсӣ ва урфу хурофоти он замонҳо ва зери таъсири дидгоҳҳои ҷоҳилонаи «ҳеҷ шуморидани зан» сурат гирифта, ба ҳеҷ ваҷҳ ҳамвазни назари возеҳи Қуръон ва ҳадисҳои Пайғамбар, алайҳиссалом, шуда наметавонанд. Ва содиркунандагони ин гуна фатвоҳо рӯзи Қиёмат дар назди маҳкамаи Илоҳӣ барои фатвоҳои ғайришаръии худ ҷавоб мегӯянд.

7. Макрӯҳ донистани хурӯҷи кулли занон барои ҳамаи намозҳои ҷамоати масҷид бо вуҷуди дар баъзе китобҳои фиқҳи ҷой доштанаш, ҳаргиз як фатвои ҷумҳури фуқаҳои мазҳаби ҳанафӣ набуда, бисёре аз муҷтаҳидони бузургвори ҳанафӣ ин назарро қисман ё комилан радд кардаанд.

8. Ҳамагӣ ду-се ҳадис ё ривояте, ки ҷонибдорони аз масҷид маҳрум сохтани занон барои исботи назари худ истифода кардаанд, ҳаргиз дар ин масъала ҳуҷҷати қавӣ ва саҳеҳ шуда наметавонад, зеро тавре дақиқан маълум шуд, қисме аз ин ривоятҳо қавли Пайғамбар, алайҳиссалом, набуда (мисли қавли ҳазрати Оиша(р), аз назари мазмун низ ҳаргиз ба манъ кардани масҷидравии занон далолат намекунад ва қисми дигари онҳо аз назари санад заиф ва ё мавзӯъ (бофташуда) ва аз назари мазмун мухолифи ҳадисҳои саҳеҳ ва хилофи суннати амалии ҷаноби Пайғамбар, алайҳиссалом, мебошанд.

9. Далели ақлии шаръии «садди зариъа», ки баъзе аз фақеҳони гузашта дар шароити хонашинии мутлақи занон барои аз масҷид низ манъ кардани онҳо истифода кардаанд, дар шароити ҷомеаи мо вазъияти комилан баръакс дошта, бо пешгирии занон аз масҷид вазъияти фасоди ахлоқӣ дар ҷомеа ба ҳеҷ ваҷҳ ислоҳ намешавад, балки боз ҳам бадтар мегардад.

10. Аз сабаби он ки дар шароити ҷомеаи имрӯзи мо, аз масҷид боз доштани занон бо Конститутсияи ҶТ комилан мухолиф буда, ба чеҳраи байналмилалии кишвари мо доғ оварда, обрӯи ҳукуматро миёни мусалмонон коҳиш медиҳад ва ҳамчунин, барои гароиши занон ба динҳои дигар ва низ барои рушди бештари фасоди ахлоқӣ дар ҷомеа шароит фароҳам меоварад, ҳимояту татбиқи он ба манфиати сиёсати ҳукумат, ба манфиати ваҳдату суботи кишвар ва ба манфиати солимии ахлоқии ҷомеа нест.

Ҳамин тавр, модом ки назари ислом (Қуръон ва ҳадисҳои саҳеҳи Пайғамбар, алайҳиссалом) ба масъалаи ибодати занон дар масҷид комилан мусбат аст ва барои макрӯҳ донистани он ҳеҷ далели қуръонӣ, нақлӣ (ҳадисҳои саҳеҳ) ва ақлӣ вуҷуд надорад, модом ки аксари муҷтаҳидони мазҳаби ҳанафӣ хуруҷи занон ба масҷид, хусусан барои ширкат дар намози ҷумъа ва идайнро ҷоиз донистаанд, модом ки манъи занон аз масҷид аз назари ҳуқуқиву сиёсӣ ва маънавию ахлоқӣ низ муфид нест, пас мавқеи дуруст ин мебуд, ки дар ин масъала бо камоли мулоҳиза муносибат карда, онро ба таври сунъӣ набардорем ва аз он қазияи тозае насозем.

Модом ки ҳаққи иштирок дар намозҳи ҷамоати масҷидро ҳам дини мубини ислом (ба таври комилан возеҳ) ва ҳам Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба таври комилан возеҳ) ба занон додаанд ва модом ки ин раванд дар чорчӯби манфиатҳои ҷомеаи мост, уламои гиромии моро зарурате нест, ки ин амри бисёр табииро, ки имрӯз дар саросари ҷаҳон бас маъмул аст, бино бар тангназарӣ ва тасаввуроти ғайримустанад ба як қазияи гӯё нави ҷомеа табдил бидиҳанд ва бо манъи занон аз масҷид нохоста мухолифи назари шариати исломӣ ва мухолифи манфиатҳои ҷомеа мавзеъгирӣ бинамоянд. Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳ.


[1] Истилоҳоти шаръии «фарз», «воҷиб», «суннати муаккада», «мустаҳабб» ва «нафл» дар китоби «Ал-мавсуъату-л-фиқҳияти-л-муяссара», ҷилди 2, саҳ. 1109 ва 1939 чунин шарҳ шудаанд: Фарз дар истилоҳи фиқҳӣ амалеро гўянд, ки ҳатмияти он бо далели қатъӣ собит шудааст («Далели қатъӣ» ояҳои сареҳи Ќуръон ва ҳадисҳои саҳеҳу мутавотири Паёмбар, алайҳиссалом, ва иҷмоъи қатъиро гўянд). Њукми шаръии фарз: ҳар кӣ иҷро кунад, савоб ва ҳар кӣ бе узр тарк кунад, азоб дорад. Њар шахс яке аз фарзҳои муттафақун алайҳро (иттифоқӣ ва собитшуда) инкор кунад, кофир ва аз дин хориҷ мегардад. Воҷиб амалест, ки ҳатмияти он бо далели заннӣ, яъне ғайри қатъӣ собит шудааст. Њукми он: аз лиҳози амал мисли фарз аст, яъне ҳар кӣ иҷро кунад, савоб ва ҳар кӣ тарк намояд, азоб дорад. Аммо аз назари эътиқодӣ мисли фарз намебошад, яъне агар шахс воҷибро инкор кунад, кофир намешавад, балки фосиқ ва фоҷир мешавад. Суннати муаккада амалест, ки онро Паёмбари Худо, алайҳиссалом, доиман ба тариқи ибодат анҷом медодаанд, лекин аҳёнан тарк ҳам мекарданд. Њукми он: анҷоми он савоб аст ва бе узр тарк кардани он итобу маломат дорад. Мустаҳабб ё нафл амалест, ки Паёмбари Худо, алайҳиссалом, гоҳ-гоҳ анҷом медодаанд, валекин ғолибан тарк мекардаанд. Њукми он: иҷрои он савоб меорад, вале тарки он гуноҳу итобу маломат надорад

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *