Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Масъалаи ибодати занон дар масчид

Занон дар он рӯзгор на фақат дар намозҳои фарзу воҷиб, балки дар намозҳои нафли ҷамъӣ, мисли намози хусуфу кусуф (намози гирифтани офтоб ва моҳтоб) бо ҷамъи мардон ширкат мекарданд. Баъзе аз ҳамсарони ҷаноби Паёмбар, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, намозҳои нафли инфиродиро низ дар масҷид мехонданд. Дар моҳи мубораки рамазон, махсусан, дар даҳаи охири он ҳамсаронашон ҳамвора бо ишон дар гӯшае аз масҷиди набавӣ хайма мезаданд ва ба қасди ибодату таҳсили савоб эътикоф менишастанд. Онҳо ҳам дар зиндагии он Ҳазрат, дуруд бар ӯ, ва ҳам баъд аз вафоти Ишон ба ин суннати муаккада амал мекарданд ва ҳаргиз тарки он накардаанд.

Хулоса, дар ҳеҷ ҳадиси саҳеҳе наомадааст, ки Паёмбар, алайҳиссалом, занонро аз омадан ба масҷид манъ карда бошанд. Баръакс, ишон ҳамвора асҳоби худро супориш медоданд, ки агар ҳамсаронатон аз шумо барои рафтан ба масҷид иҷозат бипурсанд, монеи рафтани онҳо ба масҷид нашавед, балки ба ишон иҷозат бидиҳед, то ибодати худро дар хонаи Худо адо намоянд.

2. Матни ҳадисҳои саҳеҳи Пайғамбар, алайҳиссалом, дар мавриди иштироки занон дар ҷамоати масҷид

Инак, барои исботи гуфтаҳои фавқ, ки ҳамаи он хулосаи мазмуни ҳадисҳои саҳеҳ буд, худи матни ҳадисҳои саҳеҳи Пайғамбар, алайҳиссалом, аз манбаъҳои мӯътабари исломӣ пешкаш мешавад:

Гурӯҳи якум: Ҳадисҳое, ки дар онҳо Ҳазрати Пайғамбар, алайҳиссалом, ба таври сареҳ ба масҷид рафтани занонро иҷозат додаанд:

Ҳадиси 1:

Матни ҳадис:

«عَنْ ابْنِ عُمَرَ Z قَالَ قَالَ رَسُولِ اللَّهِ y لَا تَمْنَعُوا إِمَاءَ اللَّهِ مَسَاجِدَ اللَّهِ».

Тарҷума: Эй мардҳо, канизҳои Худоро, яъне занҳоро, аз масҷиди Худо манъ накунед.

«Саҳеҳи Бухорӣ», китоби «Ҷумъа», ҳадиси 849

ва «Саҳеҳи Муслим», китоби «Салот», ҳадиси 668

Ҳадиси 2:

Матни ҳадис:

«عَنْ سَالِمٍ عَنْ أَبِيهِ Z عَنْ النَّبِيِّ y إِذَا اسْتَأْذَنَتْ امْرَأَةُ أَحَدِكُمْ إِلَى الْمَسْجِدِ فَلَا يَمْنَعْهَا»

Тарҷума: Ҳар гоҳ ҳамсари яке аз Шумо аз шавҳари худ рухсати ба масҷид рафтан пурсад, бояд шавҳар ӯро аз рафтан ба масҷид манъ накунад.

«Саҳеҳи Бухорӣ», китоби «Азон», ҳадиси 826 ва

«Саҳеҳи Муслим», китоби «Салот», ҳадиси 666

Ҳадиси 3:

Матни ҳадис:

«عَنْ ابْنِ شِهَابٍ قَالَ أَخْبَرَنِي سَالِمُ بْنُ عَبْدِ اللَّهِ أَنَّ عَبْدَ اللَّهِ بْنَ عُمَرَ Z قَالَ سَمِعْتُ رَسُولَ اللَّهِ y يَقُولُ: لَا تَمْنَعُوا نِسَاءَكُمْ الْمَسَاجِدَ إِذَا اسْتَأْذَنَّكُمْ إِلَيْهَا»

Тарҷума аз матни ҳадис: Боз надоред занонатонро аз рафтан ба масҷидҳо, вақте ки онҳо иҷозат мепурсанд аз Шумо!

«Саҳеҳи Муслим», китоби «Салот», ҳадиси 667

Ҳадиси 4:

Матни ҳадис:

«عَنْ ابْنِ عُمَرَ Z عَنْ النَّبِيِّ y قَالَ ائْذَنُوا لِلنِّسَاءِ بِاللَّيْلِ إِلَى الْمَسَاجِدِ»

Тарҷума: Ба занон иҷозат бидиҳед, то дар намозҳои шаб ба масҷидҳо бираванд.

«Саҳеҳи Бухорӣ», китоби «Ҷумъа», ҳадиси 848

ва «Сунани Тирмизӣ», китоби «Ҷумъа», ҳадиси 520

Ҳадиси 5:

«عَنْ ابْنِ عُمَرَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا عَنْ النَّبِيِّ y قَالَ إِذَا اسْتَأْذَنَكُمْ نِسَاؤُكُمْ بِاللَّيْلِ إِلَى الْمَسْجِدِ فَأْذَنُوا لَهُنَّ»

Тарҷума: Ҳар гоҳ занҳои шумо иҷозати ба масҷид рафтан бипурсанд, ҳатто дар намозҳои шаб, пас шумо ба ишон иҷозат бидиҳед (то ибодати Худоро дар хонаи Худо адо бикунанд).

«Саҳеҳи Бухорӣ», китоби «Азон», ҳадиси 818

ва дар «Сунани Тирмизӣ», ҳадиси 520

Мулоҳизоти зарурӣ оид ба ҳадисҳои гурӯҳи якум:

1. Муҳаддиси бузургу мӯътабари аҳли суннат, шореҳи «Саҳеҳи Муслим» Имом Нававӣ (631-676 ҳ.қ) дар «Шарҳи «Саҳеҳи Муслим» оид ба ин гуна ҳадисҳо менависад:

Тарҷума: Ҳар гоҳ зани соҳибшавҳаре, ки шартҳои рафтан ба масҷид барояш муҳайё аст (яъне дар ҳолати ҳайзу нифос набошад),… бар шавҳари чунин зан монеъи рафтани ҳамсари худ ба масҷид шудан ва ӯро аз ибодат дар хонаи Худо манъ кардан танзиҳан макрӯҳ аст.

Ва агар зани мусалмон шавҳар надошта, шартҳои хуруҷ ба сӯи масҷид барояш мавҷуд бошад, пас дар ин сурат наҳйи ривоятшуда маҳмул ба маънои ҳаром аст (яъне бар падар, бародар ва ё писари ин зан ҳаром аст, ки ӯро аз ибодати масҷид манъ кунанд).

Имом Нававӣ. «Шарҳи «Саҳеҳи Муслим», ҷилди 2, ҷузъи 4, саҳ. 162

2. Муҳаммад ибни Солеҳ ибни Усаймин, аз муҳаддисони маъруф, дар рисолаи «Салоту-л-ҷамоа» навиштааст: Бар шахсе, ки сарпарастии зани мусалмонро бар зимма дорад, мисли шавҳар, падар, бародар ва ғайра, макрӯҳ аст, ки он занро аз намози масҷид манъ кунад… ва далелаш ҳадиси «Канизҳои Худоро аз масҷидҳои Худо маҳрум накунед!» мебошад.

«Салоту-л-ҷамоъа», нашри «Мактабату-с-сунна», саҳ. 96

Ӯ дар идомаи зикри ҳадиси Абдуллоҳ ибни Умар, ки мувофиқи ҳадиси саҳеҳ барои мухолифат бо масҷидравии занон писари худ Билолро ҷазо дода, бо ӯ як умр қатъи робита карда буд, менависад: «Ин бархӯрди шадиди Абдуллоҳ ибни Умар бо писараш Билол, ки ҳатто мунҷар ба қатъи робита аз ӯ шуд, далолат бар ҳаром будани манъи занон аз масҷид мекунад ва қавли саҳеҳ назди уламо ҳамин аст, ки агар зане барои ҳозир шудан дар намози ҷамоати масҷид аз шавҳар ва ё падар иҷозат бипурсад, аз масҷид манъ ва маҳрум кардани ӯ ҳаром аст».

«Салоту-л-ҷамоъа», саҳ.95

Бинобар ин ҳадиси Абдуллоҳ ибни Умар ҳамаи муҳаддисин иҷозат доданро барои занон дар намозҳои панҷвақта мустаҳабб гуфтаанд ва ҳатто баъзе аз ишон барои шунидани мавъиза ва хутбаҳои ҷумъаву идайн суннат ва ҳатто воҷиб ҳам гуфтаанд.

(«Салоту-л-ҷамоъа», ҳамон саҳифа)

Хулоса, нақшу таъсири ин ҳадисҳо буд, ки баъд аз вафоти Паёмбари ислом, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, низ дар аҳди асҳобу хулафои рошидин занони мусалмон бар ин ҳаққи шаръӣ ва динии худ озодона амал мекарданд. Ба хотири он амру наҳйе, ки бо шеваҳои мухталиф аз забони Паёмбари гиромии ислом, алайҳиссалом, омадааст, касе ҷуръат намекард, ки садди роҳи зани мусалмон ба масҷид шавад. Ҳар ки мехост занонро аз ин ҳаққи шаръии худ маҳрум созад, аз ҷониби асҳоби Пайғамбар, алайҳиссалом, ба мухолифати шадид рӯбарӯ мешуд.

Гурӯҳи дуюм: Ҳадисҳое, ки дар онҳо Пайғамбар, алайҳиссалом, одобу қавоиди намози занонро дар масҷид муайян кардаанд:

Ҳадиси 6:

Матни ҳадис:

«عَنْ نافِع عَنْ ابْنِ عُمَرَ Z قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ y لَوْ تَرَكْنَا هَذَا الْبَابَ لِلنِّسَاءِ قَالَ نَافِعٌ: فَلَمْ يَدْخُلْ مِنْهُ ابْنُ عُمَرَ حَتَّى مَاتَعَنْ نَافِعٍ أَنَّ عُمَرَ بْنَ الْخَطَّابِ Z كَانَ يَنْهَى أَنْ يُدْخَلَ مِنْ بَابِ النِّسَاءِ »

Тарҷума: Нофеъ(р) аз Ибни Умар(р) ривоят мекунад, ки Расули Худо, алайҳиссалом, фармуданд: Агар мо ин дарро махсуси занон қарор медодем (издиҳоми мардум дар назди дар коста мешуд). Нофеъ (дар идома) мегӯяд: Ибни Умар то рӯзи марг аз он даре, ки Паёмбар, дуруд бар ӯ, махсуси занон қарор дода буд, вориди масҷиди набавӣ нашуданд. Ва Нофеъ дар ҳадиси дигар шаҳодат додаст, ки Ҳазрати Умар(р) ҳамеша аз дари занона («бобун-нисо») ба масҷид дохил шудани мардонро наҳй мекарданд.

«Сунани Абудовуд», китоби «Салот», ҳадиси 391 ва 392

Ҳадиси 7:

Матни ҳадис:

«عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ Z قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ y خَيْرُ صُفُوفِ الرِّجَالِ أَوَّلُهَا وَشَرُّهَا آخِرُهَا وَخَيْرُ صُفُوفِ النِّسَاءِ آخِرُهَا وَشَرُّهَا أَوَّلُهَا»

Тарҷума: Абуҳурайра ривоят мекунад, ки Паёмбари Акрам, алайҳиссалом, фармудаанд: Беҳтарин сафи мардон дар намоз нахустини онҳост ва бадтаринаш охирини онҳост ва беҳтарини сафҳои намоз барои занон охирини онҳост ва бадтаринаш аввалини онҳост.

«Саҳеҳи Муслим», китоби «Салот», ҳадиси 664

ва «Сунани Тирмизӣ», китоби «Салот», ҳадиси 208

Мулоҳизоте оид ба ҳадиси 7:

Имом Нававӣ(р) дар шарҳи ин ҳадис навиштааст:

Матн:

«فَالْمُرَاد بِالْحَدِيثِ صُفُوف النِّسَاء اللَّوَاتِي يُصَلِّينَ مَعَ الرِّجَال , وَأَمَّا إِذَا صَلَّيْنَ مُتَمَيِّزَات لَا مَعَ الرِّجَال فَهُنَّ كَالرِّجَالِ خَيْر صُفُوفهنَّ أَوَّلهَا وَشَرّهَا آخِرهَا , وَالْمُرَاد بِشَرِّ الصُّفُوف فِي الرِّجَال النِّسَاء أَقَلّهَا ثَوَابًا وَفَضْلًا وَأَبْعَدهَا مِنْ مَطْلُوب الشَّرْع وَخَيْرهَا بِعَكْسِهِ».

Тарҷума: Мурод аз ҳадиси шариф баёни сафҳои он занонест, ки якҷо бо ҷамъи мардон зери як бом (чунон ки дар асри Пайғамбар, алайҳиссалом, буд) намоз мегузоранд. Аммо, ҳар гоҳ занон ҷудо аз мардон намоз гузоранд (мисле ки дар замони мо), дар ин сурат тартиби сафҳои занон дар хайрият ва шаррият мисли тартиби сафи мардон аст (Яъне беҳтарини сафҳои онҳо дар ин сурат сафи якум ва камаҷртаринаш сафи охирин аст). Маънии «шаррият» ё «бадтарини сафҳо», камаҷртарин ва камсавобтарини онҳост ва мурод аз «беҳтарини сафҳо» акси он аст.

Имом Нававӣ. «Шарҳи «Саҳеҳи Муслим», ҷ. 4, саҳ. 159

Ҳадиси 8:

Матни ҳадис:

«عَنْ أَسْمَاءَ بِنْتِ أَبِي بَكْرٍ قَالَتْ: سَمِعْتُ رَسُولَ اللَّهِ y يَقُولُ: مَنْ كَانَ مِنْكُنَّ يُؤْمِنُ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ فَلَا تَرْفَعْ رَأْسَهَا حَتَّى يَرْفَعَ الرِّجَالُ رُءُوسَهُمْ كَرَاهَةَ أَنْ يَرَيْنَ مِنْ عَوْرَاتِ الرِّجَالِ

و في رواية مسلم: عَنْ سَهْلِ بْنِ سَعْدٍ Z … يَا مَعْشَرَ النِّسَاءِ لَا تَرْفَعْنَ رُءُوسَكُنَّ حَتَّى يَرْفَعَ الرِّجَالُ»

Тарҷума: Бо ривояте, ки Асмо, духти Абубакри Сиддиқ(р) аз Пайғамбар, алайҳиссалом, мекунад, Расули Акрам, алайҳиссалом, ба занҳои намозгузори масҷид фармуданд: Ҳар кадом аз Шумо, ки имон ба Худо ва рӯзи қиёмат дорад, пас сари худ аз саҷда бар надорад, то замоне ки мардон сар аз саҷда бардоранд, то мабодо ки чашмонатон ба шармгоҳи ишон афтад. Дар Муслим бо ривояти Саҳл ибни Саъд ин хитоби Пайғамбари Худо, алайҳиссалом, бо лафзи ҷамъ омадааст: Эй ҷамъи занон, набардоред сарҳои худро аз саҷдагоҳ, то бардоштани мардҳо сарҳои худро аз саҷда.

«Сунани Абудовуд», китоби «Салот», ҳадиси 725 ва

«Саҳеҳи Муслим», китоби «Салот», ҳадиси 665

Ҳадиси 9:

Матни ҳадис:

«عَنْ هِنْدٍ بِنْتِ الْحَارِثِ أَنَّ أُمَّ سَلَمَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهَا قَالَتْ: كَانَ رَسُولُ اللَّهِ y إِذَا سَلَّمَ قَامَ النِّسَاءُ حِينَ يَقْضِي تَسْلِيمَهُ وَمَكَثَ يَسِيرًا قَبْلَ أَنْ يَقُومَ»

Тарҷума: Умми Салама(р), ҳамсари Паёмбари Худо, алайҳиссалом, ривоят мекунад, ки он Ҳазрат, алайҳиссалом, ҳар гоҳ бо салом аз намоз фориғ мешуданд, занҳо зудтар аз ҷои худ бармехестанд (ва аз масҷид хориҷ мешуданд) ва Расули Акрам, алайҳиссалом, бо ҷамъи асҳоб замони андаке таваққуф мекарданд (то занон ба куллӣ аз масҷид берун шаванд), баъд аз он аз ҷои худ бармехестанд.

«Саҳеҳи Бухорӣ», китоби «Азон», ҳадиси 793

ва «Сунани Абудовуд», китоби «Салот», ҳадиси 876

Ҳадиси 10:

Матни ҳадис:

«عَنْ أَنَسٍ Z قَالَ: دَخَلَ رَسُولُ اللَّهِ y الْمَسْجِدَ وَحَبْلٌ مَمْدُودٌ بَيْنَ سَارِيَتَيْنِ. فَقَالَ: مَا هَذَا؟ قَالُوا لِزَيْنَبَ تُصَلِّي. فَإِذَا كَسِلَتْ أَوْ فَتَرَتْ أَمْسَكَتْ بِهِ. فَقَالَ: حُلُّوهُ لِيُصَلِّ أَحَدُكُمْ نَشَاطَهُ. فَإِذَا كَسِلَ أَوْ فَتَرَ قَعَدَ»

Тарҷума аз матни ҳадис: Анас ривоят мекунад: Рӯзе Расули Акрам, алайҳиссалом, вориди масҷид шуданд, диданд, ки байни ду сутун ресмоне кашидаанд. Пурсиданд, ин чист (ва барои кист)? Гуфтанд: Барои Зайнаб (духтари Ҷаҳш), ки ҳар гоҳ ҳангоми намоз бар ӯ сустию беҳолӣ пеш ояд, бо дасти худ ин ресмонро медорад ва бо такя бар он намоз мехонад. Паёмбари Худо, алайҳиссалом, фармуданд: Ресмонро боз кунед, ҳар намозгузор намозашро бояд бо рӯҳи зинда ва бо дили хушу димоғи тоза бихонад. Агар ҳангоми намоз бар мусаллӣ кисолату коҳилӣ пайдо шавад, (бояд намозашро қатъ карда) бар замин нишинад (ва баъд аз рафъи хастагӣ дубора бо нишот ва рӯҳи тоза иқдом ба намоз намояд).

«Саҳеҳи Муслим», китоби «Салоту-л-мусофирин ва қасруҳо», ҳадиси 1306

ва «Саҳеҳи Бухорӣ», китоби «Ҷумъа», ҳадиси 1082

Мулоҳизоте оид ба ҳадиси 10:

Матн:

«لزينب تصلي فإذا كسلت أو فترت أمسكت به فقال حلوه يصلي أحدكم نشاطه كسلت بكسر السين وفيه الحث على الاقتصاد في العبادة والنهي عن التعمق والأمر بالإقبال عليها بنشاط وأنه إذا فتر فليقعد حتى يذهب الفتور وفيه إزالة المنكر باليد لمن تمكن منه وفيه جواز التنفل في المسجد فإنها كانت تصلي النافلة فيه فلم ينكر عليها قوله الحولاء بنت تويت هو بتاء مثناة فوق في أوله وآخره قوله وزعموا أنها لا تنام الليل فقال رسول الله y لا تنام الليل خذوا من العمل ما تطيقون أراد y بقوله لا تنام الليل الانكار عليها وكراهة فعلها وتشديدها على نفسها ويوضحه أن في موطأ مالك قال في هذا الحديث وكره ذلك حتى عرفت الكراهة في وجهه وفي هذا دليل لمذهبنا ومذهب جماعة أو الأكثرين أن صلاة جميع الليل مكروهة وعن جماعة من السلف أنه لا بأس به وهو رواية عن مالك إذا لم ينم عن الصبح»

Мазмуни мухтасари матн: Имом Нававӣ(р) дар шарҳи ин ҳадис навиштааст: Дар мӯҳтавои ин ҳадиси саҳеҳ, аввалан, ташвиқ ва тарғиб аст ба риояти эътидол ва миёнаравӣ дар адои ибодат. Сониян, наҳй ва манъ аст аз зиёдаравӣ ва сахтгирӣ кардан дар анҷоми ибодат. Солисан, далолати рӯшан аст бар ҷавози хондани намози нафл дар масҷид (ҳатто барои занон) зеро он чунон, ки аз ҳадис маълум мешавад, Зайнаб (р), дар масҷид намози нафл мехонданд ва Расули Акрам, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, бар Зайнаб хондани намози нафл дар масҷидро манъ накарданд (балки онро бо сукути худ тақриру тасбит намуданд. Он чӣ дар ин ҳадис Паёмбари Худо, алайҳиссалом, манъ карданд, ҳамон ресмоне буд, ки Зайнаб(р), онро барои рафъи хастагӣ бар сутуни масҷид кашида буд).

Имом Нававӣ. «Шарҳи «Саҳеҳи Муслим», ҷилди 6, саҳ. 73

Ҳадиси 11:

Матни ҳадис:

«عَنْ عَائِشَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهَا زَوْجِ النَّبِيِّ y أَنَّ النَّبِيَّ y كَانَ يَعْتَكِفُ الْعَشْرَ الْأَوَاخِرَ مِنْ رَمَضَانَ حَتَّى تَوَفَّاهُ اللَّهُ ثُمَّ اعْتَكَفَ أَزْوَاجُهُ مِنْ بَعْدِهِ»

Тарҷума: Ойиша(р), ҳамсари Пайғамбар, алайҳиссалом, мегӯяд: Расули Худо, алайҳиссалом, то замони фаро расидани марг ҳамеша даҳаи охири моҳи мубораки рамазонро (дар масҷид) эътикоф менишастанд. Баъд аз вафоти ишон ҳамсаронашон (бо пайравӣ аз суннати ишон) эътикоф менишастанд.

«Саҳеҳи Бухорӣ», китоби «Эътикоф», ҳадиси 1886

«Саҳеҳи Муслим», китоби «Эътикоф», ҳадиси 2006

ва «Муснади Имом Аҳмад», ҳадиси 23472

Ҳадиси 12:

Матни ҳадис:

«عَنْ عَائِشَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهَا قَالَتْ: اعْتَكَفَتْ مَعَ النَّبِيِّ y امْرَأَةٌ مِنْ أَزْوَاجِهِ فَكَانَتْ تَرَى الصُّفْرَةَ وَالْحُمْرَةَ فَرُبَّمَا وَضَعْنَا الطَّسْتَ تَحْتَهَا وَهِيَ تُصَلِّي»

Тарҷума: Ҳамсари Пайғамбари Худо, алайҳиссалом, Ҳазрати Оиша(р) мегӯянд: Яке аз занҳои Расули Акрам, алайҳиссалом, ҳамроҳ бо ишон (дар масҷиди набавӣ) эътикоф нишастанд, дар ҳоле ки дар давраи одати занона буданд…

«Сунани Абудовуд», китоби «Савм», ҳадиси 2117,

«Сунани Ибни Моҷа», китоби «Сиём», ҳадиси 1770

ва «Муснади Имом Аҳмад», ҳадиси 23849

Мулоҳизоте оид ба ҳадисҳои 11 ва 12:

1.Имом Нававӣ дар шарҳи ин ҳадисҳо навиштааст:

Матн:

وَفِي هَذِهِ الْأَحَادِيث : أَنَّ الِاعْتِكَاف لَا يَصِحّ إِلَّا فِي الْمَسْجِد ; لِأَنَّ النَّبِيّ صَلَّى اللَّه عَلَيْهِ وَسَلَّمَ وَأَزْوَاجه وَأَصْحَابه إِنَّمَا اِعْتَكَفُوا فِي الْمَسْجِد مَعَ الْمَشَقَّة فِي مُلَازَمَته , فَلَوْ جَازَ فِي الْبَيْت لَفَعَلُوهُ وَلَوْ مَرَّة لَا سِيَّمَا النِّسَاء ; لِأَنَّ حَاجَتهنَّ إِلَيْهِ فِي الْبُيُوت أَكْثَر . وَهَذَا الَّذِي ذَكَرْنَاهُ مِنْ اِخْتِصَاصه بِالْمَسْجِدِ , وَأَنَّهُ لَا يَصِحّ فِي غَيْره , هُوَ مَذْهَب مَالِك وَالشَّافِعِيّ وَأَحْمَد وَدَاوُد وَالْجُمْهُور سَوَاء الرَّجُل وَالْمَرْأَة

Тарҷума: Ҳадисҳои гузашта далели рӯшан аст, бар ин ки эътикоф, яъне нишастан ба мақсади ибодат дар моҳи рамазон, танҳо дар масҷид дуруст мешавад, на дар ғайри масҷид. Зеро Расулуллоҳ, алайҳиссалом, ва ҳамсарони поки ӯ ва ё ёрони бовафояш ҳама дар масҷид эътикоф нишастаанд, бо вуҷуди ин ки дар мулозимати масҷид машаққат бувад. Агар ба нияти эътикоф дар хона нишастан ҷоиз мебуд, ҳадди ақалл як бор ишон дар хона эътикоф менишастанд.

Хусусан занҳо, ки эҳтиёҷи онҳо дар ҳолати эътикоф ба хона бештар аз мардон аст. Ин ҳукм, яъне хосс будани эътикоф ба масҷид ва саҳеҳ нашудани он дар ғайри масҷид, мазҳаби имоми Молик, Шофеъӣ, Аҳмад ибни Ҳанбал, Довуди Зоҳирӣ ва ҷумҳури мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат аст, дар ҳоле, ки ин ҳукм барои ҳар марду зани мусалмон баробар буда (ихтисос ба ҳамсарони Паёмбар надорад).

«Саҳеҳу Муслим, би шарҳи-л Имом Ан-Нававӣ»,

ҷилди 3, ҷузъи 8, саҳ.68, зимни шарҳи ҳадиси 1172 ё китоби «Эътикоф», ҳадиси 2004

2. Дар «Сунани Абудовуд» боби махсусе бо унвони باب في المستحاضة تعتكف омадааст, ки ин боб аҳкоми занони мустаҳозаеро, ки дар масҷид эътикоф менишинанд, баён мекунад. Ҳамаи гирдоварандагони «сиҳоҳи ситта» (китобҳои шашгонаи мӯътабари ҳадисҳои Пайғамбар, алайҳиссалом), дар китобҳои худашон бобҳои махсусе бо номи باب ما جاء في خروج النساء إلى المساجد (Боб дар баёни ҳадисҳое, ки ба масҷид рафтани занон далолат мекунанд) ва ё باب ما جاء في خروج النساء في العيدين إلى المصلى (Боб дар баёни баромадани занон ба намозгоҳ барои намозҳои ид) ҷудо карда, дар он бобҳо ҳадисҳоеро, ки бар ҷоиз будани ибодати занон дар масҷид сароҳатан далолат мекунанд, гирд овардаанд.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *