Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Масъалаи ибодати занон дар масчид

Қисмати аввали ривоят як қиссаи бофта буда, қисмати дувуми он ривояти саҳеҳ аст. Аммо азбаски дар баъзе китобҳои фиқҳӣ (мисли «Ҷомеъу-р-румуз» ва ғайра) ин ривояти бофта бо ин ҳадис якҷо оварда шудааст, баъзе аз домуллоҳо гумон кардаанд, ки қисмати аввали он низ аз асли ривояти Оиша(р) мебошад. Аз ин рӯ, дар навиштаҳояшон онро ҳамчун ҳадис далел овардаанд.

Вале дар китобҳои аслӣ ва мӯътабартарини ҳадис, яъне дар «Саҳеҳи Бухорӣ» ва «Саҳеҳи Муслим» ин қавли ҳазрати Оиша(р) бе ин муқаддимаи бофта оварда шудааст ва ин ривояти сохта дар бораи ҳазрати Умар(р) дар матни ин ҳадис вуҷуд надорад.

Пас маълум аст, ки ин ривоят баъдан аз тарафи баъзе фуқаҳо бар ин ҳадис «илова» шудааст. Ҳамин тавр, ҳам санади ин ривоят заиф аст, яъне дар китобҳои мӯътабар вуҷуд надорад, ҳам мазмуни он хилофи ҳақиқат аст, яъне чунон ки дар боло бо ҳадисҳои саҳеҳ собит шуд, назари Умар(р) оид ба масҷидравии занон чунин набудааст. Баъд аз дастрасӣ ба китобҳои саҳеҳи ҳадис мисли «Саҳеҳи Бухорӣ» ва «Саҳеҳи Муслим» ва баён шудани ҳақиқати ин тӯҳмат ба ҳазрати Умар(р) чаро боз ҳам кӯр-кӯрона ба ин ривоятҳои мавзӯъ(бофта) ва заъиф амал намоем, магар ин китмони илм ва хиёнат ба ислом нест? Пас чаро чунин қиссаи сохтаву заифро ба як ривояти саҳеҳ биафзоем ва онро дар муқобили ҳадисҳои саҳеҳ далел ҳисоб бикунем?

Мутаассифона, баъзе аз уламои гиромии мо аз беҳавсалагӣ санади ин ривоятро таҳқиқ накарда, ба мазмуну мантиқи он диққат надода, онро ноогоҳона ҳамчун ҳадис пазируфтаанд ва онро бемасъулиятона ба маънои аз тарафи Умар(р) манъ шудани масҷидравии занон шарҳ додаанд ва ба ҳамин маъно дар навиштаҳои худ истифода кардаанд. Бо ин корашон гуфтанӣ шудаанд, ки ҳазрати Умар(р) бо суннати амалӣ ва ҳадисҳои саҳеҳи Пайғамбар, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, ки ҳамаашон сароҳатан бар ҷоиз будани масҷидравии занон далолат мекунанд, ошкоро мухолиф баромада будаанд(?!). Инсоф бифармоед, ин тӯҳматест азим дар ҳаққи он халифаи бузурги ислом. Хусусан, дар ҳоле, ки ҳам ҳадисҳои саҳеҳи овардашуда, ҳам воқеиятҳои таърихӣ ва ҳам мантиқи ақлӣ баръакси онро нишон медиҳанд.

Ҳамин тавр, аз ҳадисҳои саҳеҳ маълум мешавад, ки дар замони Ҳазрати Умар(р) занони мусалмон, аз ҷумла ҳамсари худи он ҳазрат ба масҷид ба намози ҷамоат мерафтаанд ва ин фикр, ки гӯё ишон бо ҳузури занон дар масҷид мухолиф будаанд, ҳеҷ санади шаръӣ ва ҳеҷ асоси таърихиву мантиқӣ надошта, тӯҳмати маҳзе дар ҳаққи он бузургвор мебошад.

Шахсияти дигаре, ки дар ҳаққи ӯ низ тӯҳмат бофта шудааст, писари ҳазрати Умар(р) Абдуллоҳ мебошанд. Баъзе аз муаллифон бе таҳқиқи кофӣ дар бораи шахсияти ин саҳобии бузургвор ва бе таҳқиқи ҷиддии санади ривоятҳо чунин бофтаҳоеро нақл мекунанд, ки:

Матн:

«و كان إبن عمر رضى الله عنهما يقوم يحصب النساء يوم الجمعة يخرجهن من المساجد»

Тарҷума: Яъне, гӯё Абдуллоҳ ибни Умар рӯзҳои ҷумъа занонро бо сангпораҳо зада, аз масҷид берун мекарданд (Масалан, дар «Тӯҳфату-л-ъибод» ном китоби фиқҳие чунин тӯҳмати бепоя омадааст).

Ин ривояти бофташуда низ аз сӯи мухолифони ибодати занон дар масҷид фаровон истифода мешавад.

Ҳадисҳои саҳеҳ нишон медиҳанд, ки мавқеи Абдуллоҳ ибни Умар(р) дар масъалаи ба масҷид рафтани занон комилан акси ин ривоят будааст. Ишон на танҳо бо ҳузури занон дар масҷид мухолиф набудаанд, балки аз он шадидан тарафдорӣ карда, дар ин масъала ҳатто писари худро сахт танбеҳ дода буданд. Барои собит шудани ин ҳақиқат, метавон ба ҳадиси зерин, ки дар аксари китобҳои шашгонаи ҳадис, аз ҷумла «Саҳеҳи Муслим» омадааст, таваҷҷӯҳ кард:

Матни ҳадис:

«عَنْ سَالِمْ عَنْ ابْنِ عُمَرَ Z أنه قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ y لَا تَمْنَعُوا النِّسَاءَ مِنْ الْخُرُوجِ إِلَى الْمَسَاجِدِ بِاللَّيْلِ وَ فِى بَعْض رواية لمسلم: لَا تَمْنَعُوا النِّسَاءَ حُظُوظَهُنَّ مِنْ الْمَسَاجِدِ إِذَا اسْتَأْذَنُوكُمْ فَقَالَ إبن لِعَبْدُاللهِ بْن عُمَرَ Z — اِسْمُهُ بِلَالٌ- لا نَدْعُهُن يَخْرُجْنَ فَيَتَّخِذْنَهُ دَغَلًا- أىْ حِيلَة لِلْفَسَادِ- وَ فِى رواية لمسلم: قَالَ إبْن لَهُ: وَاللَّهِ لَنَمْنَعُهُنَّ. فَأَقْبَلَ عَلَيْهِ عَبْدُ اللَّهِ فَسَبَّهُ سَبًّا سَيِّئًا مَا سَمِعْتُهُ سَبَّهُ مِثْلَهُ قَطُّ. وَ فِى رواية لمسلم: فَضَرَبَ فِي صَدْرِهِ وَ زَبَرَهُ- اىْ نَهَرَهُ- وَ قَالَ: أُحَدِّثُكَ عَنْ رَسُولِ اللَّهِ y وَتَقُولُ: وَاللَّهِ لَنَمْنَعُهُنَّ؟ وَ فِى رِوايَة لِلتِرمذى: دَعَا عَلَيْهِ وَ قَالَ فَعَلَ اللَّهُ بِكَ وَفَعَلَ. وَ فِى رِوايَة أحْمَد: فما كلمه حتى مات رَضِيَ اللَّهُ عَنْه»

Тарҷумаи ҳадис: Солим аз Абдуллоҳ ибни Умар(р) ривоят мекунад, ки Паёмбари Акрам, алайҳиссалом, фармуданд: (Эй мардҳо), манъ накунед занҳоро аз рафтани масҷид дар намозҳои шаб. Дар ривояти дигаре аз Имом Муслим омадааст: Манъ накунед занҳоро аз омадан ба масҷид, агар аз Шумо иҷозат бипурсанд. Солим мегӯяд: Билол- писари Абдуллоҳ ибни Умар баъди шунидани ин ҳадис гуфт: Мо намегузорем, ки занҳо ба масҷид раванд ва инро ҳамчун воситаи ба фасод даст задан истифода бикунанд. Ва дар ривояти Муслим Билол гуфтааст: Валлоҳ, намегузорам, ки ба масҷид бираванд. Абдуллоҳ ибни Умар (аз ин эътирози писараш Билол сахт дар ғазаб шуда) рӯ ба ҷониби ӯ карданд ва ӯро чунон дашноме доданд, ки ман ҳаргиз нашунида будам, ки касеро чунин дашном дода бошанд ва сипас мушти маҳкаме бар синаи ӯ заданд ва гуфтанд: Ман ба ту аз Расули Худо, алайҳиссалом, ҳадис ривоят мекунам, вале ту бо ҳадиси Паёмбари Худо, алайҳиссалом, мухолифат мекунӣ ва мегӯӣ, ки: Мо намегузоремашон. Дар ривояти Тирмизӣ омадааст, ки дар ҳаққи писарашон дуъои бад карданд ва дуъои бад дар ҳаққи писарашон иҷобат шуд. Дар ривояти Имом Аҳмад илова шудааст, ки Абдуллоҳ ибни Умар баъд аз ин ҳодиса дигар бо писари худ Билол то маргашон ногап буданд.

«Саҳеҳи Муслим», китоби «Салот», ҳадиси 670, , 672, 667, 671, «Сунани Тирмизӣ», китоби «Ҷумъа», ҳадиси 520 ва «Муснади Имом Аҳмад», ҷилди 2, саҳ. 36, ҳадиси 4933

Ҳамин тавр, аз ин ҳадиси саҳеҳ маълум мегардад, ки мавқеи ҳазрати Абдуллоҳ ибни Умар(р) дар мавриди ба масҷид рафтани занон комилан мусбат буда, балки ишон яке аз мудофеони таъмин ва риоят шудани ин ҳаққи шаръии занони мусалмон будаанд. Бархӯрди шадиди он кас бо писарашон Билол, ки дар ҳадиси саҳеҳ омадааст, гумони касонеро, ки он ҳазратро мухолифи ҳузури занон дар масҷид хондаанд, комилан рад мекунад.

Муҳаддиси машҳӯри муосир Муҳаммад ибни Солиҳ ибни Усаймин(р) дар китоби «Салоту-л-ҷамоъа» баъд аз зикри ин ҳадис менависад:

Матн:

«وهذاالفعل من إبن عمر Z يدل على التحريم. وهوالصحيح: أنه يحرم أن تمنع من إستأذنت إلى المسجد لحضور الصلاة»

Тарҷума: Ин рафтори Абдуллоҳ ибни Умар далолат бар ҳаром будани манъи занон аз масҷид мекунад ва қавли саҳеҳ назди уламо ин аст, ки агар зане барои рафтан ба намози масҷид (аз шавҳар ва ё падар) иҷозат бипурсад, аз масҷид манъ ва маҳрум кардани ӯ ҳаром аст.

Бинобар ин ҳадиси Абдуллоҳ ибни Умар(р), ҷумҳури муҳаддисин иҷозат доданро барои занон дар намозҳои панҷвақта мустаҳабб ва барои шунидани мавъиза ва хутбаҳои ҷумъа ва идайн суннат ва ҳатто баъзе аз ишон воҷиб ҳам гуфтаанд.

«Тайсиру-л-ъаллом», шарҳи «Умдатул-аҳком»

Шореҳи «Мишкоту-л-масобеҳ» Мулло Алӣ Қории Ҳанафӣ дар бораи ин ҳадис мефармояд:

Дар ҳайратам аз ҳоли мусалмоне, ки худро суннӣ мехонад, вале ҳар гоҳ ҳадиси саҳеҳе аз Паёмбари Худо, алайҳиссалом, бишнавад, фикр ва раъйи шахсии худро, ки дар сар дорад, аз ҳадиси Паёмбар, алайҳиссалом, боло мегузорад. Пас байни ӯ ва мубтадиъ (бидъаткор) фарқ дар чист? Оё ӯ нашнидааст, ки Расули Акрам, алайҳиссалом, гуфтаанд: Эй мусалмонҳо, то замоне ки хоҳишҳои нафсонии шумо тобеи шариату суннати ман набошад, шумо мӯъмини комил ва воқеӣ нестед! Бингаред, ки Абдуллоҳ ибни Умар(р), ки яке аз саҳоба ва фуқаҳои бузург аст, барои ризои Худо ва Расули Худо, алайҳиссалом, бар фарзанди худ хашм гирифтанд ва робитаи худро (то рӯзи марг) аз ҷигаргӯшаи хеш (ба хотири эътирозаш бар ҳадиси Паёмбар) қатъ намуданд.

Мулло Алии Қорӣ. «Мирқоту-л-мафотеҳ шарҳи «Мишкоту-л-масобеҳ», ҷилди 3, саҳ. 150

Ба ин тариқ, ин ҳадиси саҳеҳ ба рӯшанӣ нишон медиҳад, ки ҳазрати Абдуллоҳ ибни Умар(р) ба ҳеҷ ваҷҳ мухолифи ҳузури занон дар масҷид набудаанд ва ин фикр, ки гӯё ишон «занонро бо санг зада(?!) аз масҷид мерондаанд» як ривояти бофташуда ва як тӯҳмати беасосу беинсофона дар ҳаққи он бузургвор мебошад.

Ҳамзамон, ҳадиси саҳеҳи мазкур бар он далолат мекунад, ки ҳам дар аҳди Хулафои Рошидин ва ҳам баъд аз ишон занон дар масҷидҳо ҳузур доштаанд, зеро Абдуллоҳ ибни Умар дар соли 74-и ҳиҷрӣ дар замони хилофати Абдулмалик ибни Марвон аз дунё гузаштаанд

Дар ин маврид ниг.: Исмоил ибни Умар ибни Касир. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя», ҷилди 9, саҳ. 4-5

4. НАЗАРИ ФУҚАҲОИ АҲЛИ СУННАТ

ВА ҶАМОАТ ВА ХОСсА МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ

ДАР БОРАИ ХУРУҶИ ЗАНОН БА МАСҶИД

Масъалаи иштироки занон дар намози ҷамоати масҷид дар фиқҳи аҳли суннат ва ҷамоат ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳ будааст ва аксари фуқаҳои киром дар ин маврид дар китобҳои худ изҳори назар намудаанд. Албатта, аз сабаби комилан рӯшан будани назари Қуръони карим ва назару суннати амалии ҷаноби Пайғамбар, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, дар ин маврид, назарпардозиҳои фиқҳӣ дар ин масъала худ ба худ аҳаммияти дувумдараҷа мегиранд. Вале аз сабаби он, ки, дар баъзе мавридҳо баъзе аз уламои мо муттассифона, ҳукми возеҳи Қуръону Пайғамбар, алайҳиссаломро яксӯ гузошта, ба ҳукму назари фақеҳони алоҳида такя карданӣ мешаванд, зарур аст, ки дар ин маврид низ андаке рӯшанӣ андохта шавад.

Таври маълум, мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат аз чаҳор мазҳаби фиқҳӣ ташкил ёфтааст. Илова бар мазҳаби ҳанафӣ, ки мо пайрави он ҳастем, мазҳабҳои шофеъӣ, моликӣ ва ҳанбалӣ низ ҷузъи мазҳабҳои аҳли суннат ва ҷамоат мебошанд. Назари ин се мазҳаби аҳли суннат дар масъалаи ба намозҳои ҷамоати масҷид рафтани занон пурра мусбат аст. Аммо дар мазҳаби мо, яъне дар фиқҳи ҳанафӣ дар ин маврид се назар вуҷуд дорад.

1. Аксарияти уламо, муфассирин ва фуқаҳои соҳибноми мазҳаби ҳанафӣ дар тафсирҳои мӯътабари қуръонӣ, дар шарҳҳои китобҳои аслии ҳадис, дар рисолаҳои мӯътабари фиқҳӣ ва дар фатвоҳои алоҳидаи худ бар ҳамон назару суннати Пайғамбар, алайҳиссалом, устувор монда, хуруҷи занон бар масҷидро ҷоиз донистаанд.

2. Қисми дигари онҳо дар ин мавзӯъ назари таркибӣ ва машрут дошта, иштироки қисми муайяни занон (масалан, мувофиқи синну сол) ва ё иштироки занон дар намозҳои муайяни ҷамоатро (масалан, мувофиқи вақти намозҳо) ҷоиз донистаанд.

3. Баъзе аз фақеҳони мутааххир ба намозҳои ҷамоати масҷид рафтани занонро макрӯҳ гуфтаанд (таваҷҷӯҳ шавад, ки онҳо низ танҳо макрӯҳ гуфтаанд, аммо манъ накардаанд, зеро фақат чизи ҳаром ҳукми манъро мегирад).

Барои собит шудани назари воқеии фақеҳони аҳли суннат ва ҷамоат ва хусусан, назари фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ дар ин маврид, як силсила нукот ва намунаҳо аз матнҳои мӯътабари фиқҳӣ меоварем:

1. Ҳамаи уламои киром огоҳанд, ки мутаассифона, дар ин маврид аз шахси ҳазрати Имоми Аъзам Абуҳанифа(р) ҳеҷ гуна ҳукм ва фатвое, ки бевосита худашон таълифу китобат карда бошанд, дастрас нест. Аммо ин ба маънои мушаххас набудани назари Имоми Аъзам(р) дар ин бора намебошад. Аввалан, дар ҳамаи сарчашмаҳои фиқҳии ҳанафӣ омадааст, ки Имоми Аъзам(р) маҳз ҳадисҳои саҳеҳи Пайғамбар, алайҳиссаломро меъёри аслии мазҳаб ва назари худ таъйин кардаанд ва дар ин бора чунин ҳукми қатъӣ додаанд:

Матн:

«إذا صح الحديث فهو مذهبي»

Тарҷума: яъне, агар ҳадиси саҳеҳе аз Пайғамбар, алайҳиссалом, ба дастатон ояд, мазҳаби ман ҳамон аст.

Ибни Обидин. «Радду-л-муҳтор ало «Дури-л-мухтор», ҷилди 1, саҳ. 385

Сабаби чунин таъкиди Имоми Аъзам дар он буд, ки дар замони зиндагии ишон (699-767) ҳанӯз ҳадисҳои Пайғамбар, алайҳиссалом, пурра ҷамъоварӣ, дастабандӣ ва ташхису тадвин нашуда буданд ва ин кори бузургро Имом Бухорӣ (810-870) ва Имом Муслим (817-875) ҳудуди як аср баъдтар аз замони ишон анҷом доданд. Аз ин рӯ, мувофиқи ҳукми Имоми Аъзам(р), дар мазҳаби ҳанафӣ дар масъалаҳое, ки худи имом ҳукмашонро дақиқ накардаанд, бояд қатъиян мувофиқи ҳадисҳои саҳеҳи Пайғамбар, алайҳиссалом, амал кунем.

Сониян, бо вуҷуди дастрас набудани аҳкоми катбии бевосита аз худи Имоми Аъзам(р), маъмулан ду шогирд ва ҳамқадами бузургворашон Имом Муҳаммад(р) ва Имом Абуюсуф(р) назарҳои ишонро гирдоварӣ, сабт ва интиқол додаанд. Аз ин рӯ, ҳангоми мушаххас кардани мавқеи мазҳаби ҳанафӣ дар ин ё он масъала назари ин ду имоми бузургвор ҳамчун бозгӯяндагони назари Имоми Аъзам(р) басе муҳимм мебошад.

2. Дар китоби «Ҳидоя»-и шариф, ки аз кутуби мӯътабари фиқҳи ҳанафӣ мебошад, омадааст, ки имомони мазҳаби ҳанафӣ ҳаргиз ба таври мутлақ мухолифи ҳузури занон дар ҷамоати масҷид набудаанд ва дар ин бора фақат назари машрут доштаанд. Дар ин китоб назари имомони мазҳаби ҳанафӣ чунин омадааст:

Матн:

«ولا بأس للعجوز أن تخرج في الفجر والمغرب والعشاء وهذا عند أبي حنيفة رحمه الله. وقالا يخرجن في الصلوات كلها لأنه لا فتنة لقلة الرغبة إليها فلا يكره كما في العيد»

Тарҷума: Аз назари Абуҳанифа(р) ҳузури занони солхӯрда дар намозҳои бомдод, шом ва хуфтан боке (кароҳате) надорад, зеро хавфи фитна нест. Аз назари Имомайн (ду имоми мӯътабари мазҳаби ҳанафӣ — Имом Муҳаммад ва Имом Абуюсуф) иштироки занони солхӯрда дар тамоми намозҳои рӯзона ва шабонаи ҷамоати масҷид ҷоиз аст, зеро ба эшон майлу рағбате нест, ҳамчунон ки ҳузури занон дар намози ид мутлақан макрӯҳ нест.

Алӣ ибни Абубакри Марғелонӣ. «Ҳидоя шарҳи «Бидояту-л-мубтадӣ», ҷилди 1, саҳ. 57

3. Фуқаҳои мазҳаби мо ширкати занонро дар намози ид бидуни кароҳият мубоҳ ва ҷоиз гуфтаанд ва дар ин маврид дар китоби «Ҳидоя» ба таври ҷудогона чунин таъкид шудааст:

Матн:

«والجبانة متسعة فيمكنها الاعتزال عن الرجال فلا يكره أى حضور النساء»

Тарҷума: Азбаски намозгоҳи ид васеъ ва кушод аст ва имкони ҷудо намоз гузоштани мардон аз занон дар он мавзеъ вуҷуд дорад, пас ҳузури занон дар намози ид бидуни кароҳият ҷоиз аст.

«Ҳидоя»-и шариф, китоби «Салот»,

боби «Имомат», бо шарҳи «Фатҳу-л-қадир»

Бо таваҷҷӯҳ ба ин шарте, ки барои иштироки занон дар намози ҷамоат дар «Ҳидоя» зикр шудааст, яъне мавҷуд будани «имкони ҷудо намоз гузоштани занон аз мардон » ва бо дарназардошти қоидаи усулии «вуҷуду-л-ҳукми би вуҷуди иллатиҳи», яъне «вуҷуди ҳар ҳукме ба вуҷуди сабаби он ҳукм вобаста аст», метавон хулоса гирифт, ки ширкати занон дар масҷидҳое, ки барои ҷудогона намоз гузоштани занону мардон шароит доранд, дар ҳамаи намозҳои ҷамоат ҷоиз мебошад.

4.Фуқаҳои мӯътабари мазҳаби мо, аз ҷумла Муҳаммад Ибну-л-Ҳусайн ал-Бухорӣ, машҳур ба Шайху-л-ислом Хоҳарзода (вафот 443 ҳ.қ.), ки яке аз имомони мутақаддими мазҳаби ҳанафӣ аст, дар китоби «Мабсут» намози ҷумъаро дар ҳукми намозҳои ид хонда, ҳузури занонро дар он ҷоиз донистаанд. Дар ин бора дар китобҳои фиқҳии мӯътабар чунин қавли ӯ оварда шудааст:

«و شيخ الإسلام جعلها أى الجمعة من قبيل صلاة العيدين حتى يباح لهن الخروج»

Тарҷума: Шайху-л-ислом намози ҷумъаро аз қабили намози идайн дониста, рафтани занонро ба намози ҷумъа мубоҳ (яъне кароҳият надорад) гуфтаанд. Ин назари машҳур ва қатъии Шайху-л-ислом дар китобҳои фиқҳи ҳанафӣ чун «Ҳошия»-и Саъдии Чалабӣ бар «Ал-иноя, шарҳи «Ҳидоя», «Ал-фатҳу-р-раҳмонӣ»(ҷилди 1, саҳ. 187)ва ғайра оварда шуда, асоси истидлоли онҳо бар ҷоиз будани иштироки занон дар намози ҷумъа қарор гирифтааст.

5. Муаллифи «Фатҳу-л-қадир» Ибни Ҳумом (ваф. 681 ҳ.қ.) ва муаллифи «Кифоя, шарҳи «Ҳидоя» (ҷилди 1, саҳ. 318), ки низ аз китобҳои мӯътабари фиқҳи ҳанафӣ мебошанд, ин назари Шайху-л-ислом дар бораи иштироки занон дар намози ҷумъаро ҷонибдорӣ карда, онро барои замони худ муфид донистаанд. Дар мавриди ин қавли машҳур фақеҳи барҷастаи имрӯзи Тоҷикистон Домулло Муҳаммадӣ низ чунин хулоса медиҳанд: «Бояд донист, ки қавли Шайху-л-ислом Муҳаммад Ибни Ҳусайн, ки намози ҷумъа аз қабили намози ид буда, хуруҷи занҳо ба сӯи он ҷоиз аст, муносиб ба ҳоли занони замони мо мебошад, зеро эшон (дар донистани аҳкоми динӣ) бесавод ва аз (аҳкоми) шариат ғофил ва мӯҳтоҷ ба панду таълиманд«.

(Домулло Муҳаммадии Ҳоитӣ, «Масъалаи ҷавози хуруҷи занҳо ба сӯи намози ид ва ҷумъа ва маҷолиси хайр ва ҷавози иҷтиҳод ва истинботи масоил дар мазҳаб», саҳ.4).

6. Дар тамоми китобҳои фиқҳии мазҳаби ҳанафӣ дар мавриди сафҳои намози ҷамоат чунин ҳукм омадааст:

Матн:

«و يصف الرجال ثم الصبيان ثم النساء»

Яъне дар намози ҷамоат аз паси имом «аввал мардон, пас кӯдакон ва сипас занон саф мегиранд.» Бидуни баҳс маълум аст, ки агар иштироки занон дар намозҳои ҷамоат мамнӯъ ё ботил мебуд, ҳеҷ гоҳ тамоми фуқаҳои гиромии мазҳаби ҳанафӣ ин масъаларо дар китобҳои худ намеоварданд.

Барои мисол ниг: Камолуддини Сивосӣ. «Шарҳи «Фатҳу-л-қадир», ҷилди 1, саҳ. 159, Алӣ ибни Абубакри Марғелонӣ. «Ал-ҳидоя шарҳи «Бидояту-л-мубтадӣ», ҷилди 1, саҳ. 56-57 ва Алоуддини Косонӣ. «Бадоеъу-с-саноеъ», ҷилди 1, саҳ. 214

7. Дар «Ҳидоя»-и шариф дар ин маврид чунин масъалае матраҳ шудааст:

Матн:

«قال أبوحنيفة رحمه الله تعالى عن حماد سألت إبراهيم النخعى عن رجل يصلى فى الجانب الشرقى من المسجد، والمرأة فى الغربى بحذائه. قال (أى إبراهيم): يكره، إلا أن يكون بينهما قدر مؤخرة الرحل. قال محمد رحمه الله: و به نأخذ».

Тарҷума: Имоми Аъзам аз устоди худ Ҳамод ривоят мекунанд, ки ишон аз устоди худ Иброҳими Нахаъӣ(р) ҳукми масъалаи зеринро пурсиданд: Агар марде дар ҷониби шарқии масҷид ва зане дар баробари ӯ, вале дар ҷониби ғарбии масҷид (дохили як бино) намоз гузоранд, ҳукми намози мард чист? Ҷавоб дод: (дар чунин сурат намози мард) макрӯҳ аст, вале агар зан ба андозаи полон ё зини шутур (аз мард) ақибтар қарор гирифта бошад, намози мард макрӯҳ нест. Имом Муҳамамд(р) дар ин маврид фармудаанд: мо низ дар ин масъала бо ривояти Иброҳими Нахаъӣ амал мекунем».

«Ал-кифоя шарҳу-л-ҳидоя», ҷилди 1, саҳ. 316

Омадани ин масъала дар шарҳи «Ҳидоя» илова бар он, ки амри маъмулӣ будани ҳузури занон дар масҷидро нишон медиҳад, ба чанд нуктаи муҳимми дигар низ рӯшанӣ меандозад: 1.Устоди Имоми Аъзам(р) Иброҳими Нахаъӣ ҳузур ва намози занон дар масҷидро (бо шарти баробар набудани сафи мардону занон) ҷоиз медонанд (вагарна чунин посух намедоданд). 2. Имоми Аъзам(р) низ аз устодашон ин ҳукмро таълим гирифтаанд. 3. Имом Муҳаммад(р), ки аз шогирдони аслии Имоми Аъзам(р) ва аз тадвинкунандагони асосии фиқҳи ҳанафӣ мебошанд, ба таври возеҳ гуфтаанд, ки ишон низ тибқи ҳамин назар амал мекунанд, яъне, ба шарти аз сафи мардон ақибтар будани сафи занон, намози занон ва мардонро дар як масҷид макрӯҳ намедонанд.

8. Дар «Фатовои Оламгирӣ», ки низ аз мӯътабартарин китобҳои фатвои мазҳаби ҳанафӣ аст, ин масъала баррасӣ шуда, чунин омадааст:

Матн:

«إمام يصلي برجال ونساء وصف النساء بحذاء صف الرجال تفسد صلاة رجل واحد الذي بين الرجال والنساء وصار ذلك كسترة أو حائط بينهم وبينهن ألا يرى لو كان بين صف النساء وصف الرجال سترة قدر مؤخر الرجل كان ذلك سترة للرجال ولا تفسد صلاة واحد منهم»

Тарҷума: «Агар имоме бо ҷамъи занону мардон (дар як бино) намози ҷамоат гузорад ва агар сафи занон ва мардон баробар ва пайваста бошад, дар чунин сурат танҳо намози як нафар марде, ки байни мардон ва занон қарор дорад, фосид мешавад ва ин мард ҳамчун парда ё деворе байни мардону занон ҳисоб мешавад. Оё намебинӣ, ки агар дар миёни сафи мардон ва сафи занон ба андозаи дунболаи полони шутур фосила бошад, ҳамон фосила сутра барои тамоми мардон мешавад, ки дар натиҷа намози ҳеҷ кадом аз онҳо фосид намешавад»

Шайх Низом ва ҷамъе аз олимони Ҳинд. «Фатовои Ҳиндия», ҷилди 1, саҳ. 87-88

Дар ин масъала низ таваҷҷӯҳ ба чанд нукта муҳимм аст: 1. Агар ҳузури занон дар масҷид макрӯҳу мамнӯъ мебуд, дар китобҳои фиқҳии ҳанафӣ матраҳ кардани аҳкому ҷузъиёти намозҳои муштараки занон ва мардон зарурате надошт. 2. Макрӯҳ шудани намози як мард дар ҳар ду мавриди зикршуда на ба сабаби ҳузури занон дар масҷид ва якҷоя будани намоз, балки ҳамчун ҳолати истисноӣ фақат дар сурати дар як саф қарор гирифтани онҳо ва дар байнашон набудани сатр ё девор пешбинӣ шудааст. 3. Дар сурати мавҷуд будани сатр ё девор байни сафҳои занон ва мардон, ҳукми кароҳияти намози муштараки занону мардон ҳатто дар сурати баробарии сафҳояшон низ бардошта мешавад.

9. Ва низ дар «Ҳидоя»-и шариф чунин масъала омадааст:

Матн:

«ولا تجب الجمعة على مسافر ولا امرأة ولا مريض ولا عبد ولا أعمى فإن حضروا و صلوا مع الناس أجزأهم عن فرض الوقت»

Тарҷума: Намози ҷумъа бар мусофир, зан, бемор, ғулом ва нобино воҷиб намебошад. Вале агар ашхоси мазкур (яъне аз ҷумла занон) дар ҷамоати намози ҷумъа ҳозир шаванд ва якҷо бо мардум намози ҷумъа бихонанд, ин намози ҷумъа ишонро аз фарзи намози пешин кифоят мекунад.

Алӣ ибни Абубакри Марғелонӣ. «Ҳидоя шарҳи «Бидояту-л-мубтадӣ», ҷилди 1, саҳ. 83-84

Дар ин маврид низ соҳиби «Ҳидоя»-и шариф намози ҷумъаи занонро дар ҷамоати масҷид саҳеҳ ва ҷоиз дониста, соқиткунандаи фарзи намози пешин аз зиммаи онҳо хондааст. Агар ҳузури занон дар намози ҷумъа мамнӯъ мебуд, «Ҳидоя»-и шариф ҳаргиз чунин фатвои ҷиддиеро намедод.

10. Дар «Фатовои Оламгирӣ» омадааст:

Матн:

«ويصح اقتداء المرأة بالرجل في صلاة الجمعة وإن لم ينو إمامتها وكذا في العيدين. وهو الأصح. كذا في الخلاصة»

Тарҷума: Иқтидо кардани зан ба мард дар намози ҷумъа саҳеҳ аст. Агарчи мард имом будани худро барои зан ният накунад. Дар масъалаи намозҳои ид низ ҳукм ҳамин аст ва ин (дар мазҳаби ҳанафӣ) саҳеҳтарин ҳукм аст ва дар «Хулосату-л-фатово» низ чунин омадааст.

Шайх Низом ва дигарон. «Фатовои Ҳиндия», ҷилди 1, саҳ. 85

11. Дар «Хулосату-л-фатово» омадааст:

Матн:

«إذا أم الرجل النساء فى مسجد جماعة ليس معهن رجل لا بأس به»

Тарҷума: Агар марде дар масҷид ҷамоати занонро имоматӣ кунад, дар ҳоле ки дар байни занон ягон марде ҳузур надошта бошад ҳам, ба намози онҳо боке (кароҳияте) нест.

«Хулосату-л-фатово», саҳ.148

12. Шайх Муҳаммади Ғаззолӣ дар ин маврид мегӯяд: «Занон ва мардон дар омадан ба масҷид яксонанд, то ҳама аз файзҳои илоҳӣ дар шабонарӯз баҳраманд гарданд… Он гоҳ ки зан вазифаашро дар қиболи шавҳар ва фарзандаш анҷом диҳад, ҳаққи ӯст, ки намозро ҳамроҳ бо ҷамоат гузорад ва аз ин тариқ савоби бештаре ба даст орад. Ва шавҳар ҳаққ надорад ӯро пас аз ин, ки ҳаққи ҳамсариашро ба пуррагӣ анҷом дода бошад, аз масҷид боздорад.»

Муҳаммад Ал-Ғазолӣ, «Қазоё ал-марати байнал тақоиди-р рокида

ва-л вофида». – Қоҳира: Дору-ш-шуруқ, 1990. С — 228-229

13. Ҳатто дар замони Шӯравӣ, ки сиёсати зиддидинии он давлат ба ҳамагон маълум аст, уламои мазҳаби ҳанафии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба таври расмӣ аз иштироки занон дар намозҳои ҷамоати масҷид ҷонибдорӣ карда буданд. Дар ин маврид Идораи динии мусалмонони Осиёи Марказӣ (САДУМ) ҳанӯз соли 1949 фатвоеро содир карда буд, ки бар тибқи он ба масҷид рафтани занон ҷоиз ва раво мебошад.

14. Дар миёни уламои исломии имрӯзи Тоҷикистон низ аксари пешвоёни мӯътабари динӣ ва уламои соҳибназар бар ин ақида ҳастанд, ки иштироки занон дар намозҳои ҷамоати масҷид, хусусан намозҳои ҷумъа ва ид ҷоиз аст ва дар шароити имрӯз ҷиҳати таълими аҳком ва ахлоқи исломӣ ва пешгирӣ аз фасоди ахлоқӣ дар ҷомеа, ширкати занон дар намозҳои ҷумъа ва маҷлисҳои амри маъруф муҳимм мебошад. То имрӯз теъдоди зиёде аз уламои мӯҳтарами Тоҷикистон ҷонибдории худро аз ҳузури занон дар масҷид сароҳатан изҳор намудаанд. Ҷиҳати рӯшан шудани назари эшон, ба таври мисол аз рисолаи арзишманди яке аз фақеҳони мӯътабари имрӯзи Тоҷикистон Ҳазрати Домулло Муҳаммадӣ, ки бо номи «Масъалаи ҷавози хуруҷи занҳо ба сӯи намози ид ва ҷумъа ва маҷолиси хайр ва ҷавози иҷтиҳод ва истинботи масоил дар мазҳаб» (августи 2004) дар дастраси ҷомеа қарор гирифтааст, иқтибосе пешкаш мегардад:

«Пас, уламо, ки варасаи анбиёанд, ғами дину ғами ин беилмӣ ва бесаводии мусалмононро, ки сабаби ин қадар фитна ва фасод гашта, бояд бихӯранд ва ором нанишинанд. Барои ҳама маълум аст, ки дар ғайри масоҷид даъват ва таблиғи динӣ муҷоз нест. Ҳеҷ аҳли илм тавоноӣ надорад, ки зану марди ғофили бесаводро дар маконе ҷамъ кунад ва онҳоро таблиғи динӣ намояд ва ягона маркази таълим ва таблиғи динӣ масоҷиданд.

Пас дар асоси далоили мазкур, ки аҳодиси шариф ва ақволи баъзе уламо аст ва ҳадиси «талаби илм фариза аст бар кулли муслим ва муслима» ва ба хотири дафъи бесаводӣ аз занон, агар уламои киром бар ҷавози хуруҷи занҳо ба сӯи ҷумъа барои шунидани амр ба маъруф ва огоҳ шудан аз аҳком ва аркони ислом бо ҳамроҳи мурооти шурут аз ҷудо будани роҳ ва макони занҳо ва риояти ҳиҷоб ва тарки зинат ва хушбӯӣ тавофуқ мекарданд, албатта, ин тавофуқ амри хеле муфид мебуд ва сабаби дафъи фитна ва фасод мешуд».

(Рисолаи мазкури Домулло Муҳаммадӣ, саҳ.7-8)

Ҳамин тавр, чунон ки банда иттилоъ дорад, бахши бузурге аз уламои мӯътабари имрӯзи тоҷик низ хуруҷи занонро ба сӯи масҷид ҷоиз ва ҳатто зарур медонанд.

Тавре зикр шуд, мутаассифона, чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз муллоҳое ёфт мешудаанд, ки ҷонибдори аз ибодат дар масҷид маҳрум сохтани занон будаанд. Сабаби пеш омадани чунин назарҳо ва масъалаи вазъияту эътибори ин гуна фатвоҳо дар поёни фасли баъдӣ баррасӣ мешавад.

Дар ин ҷо дарки ин нукта муҳимм аст, ки набояд чунин тасаввури нодуруст пеш ояд, ки ҳамаи фуқаҳо ва уламои мо ва хусусан пешвоён ва муҷтаҳидони мазҳаби ҳанафӣ дар гузашта ё имрӯз ҷонибдори аз ибодат дар масҷид маҳрум сохтани занон будаанд, зеро далелу мисолҳои овардашуда нишон медиҳанд, ки аксари кулли фақеҳони мӯътабари аҳли суннат ва ҷамоат ва хусусан бузургони мазҳаби ҳанафӣ иштироки занон дар намозҳои ҷамоатро ҷоиз медонистаанд ва медонанд.

5. ХУЛОСАИ ФАСЛИ АВВАЛ

Аз маҷмӯъи аҳодису ривоёти зикршуда маълум мешавад, ки ҳузури занон дар масҷид ҳам дар рӯзгори Расули Акрам, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, ва ҳам дар рӯзгори Хулафои Рошидин ва ҳам дар замони саҳобаи киром ва ҳам баъд аз онҳо роиҷ будааст. Абубакр ибни Арабӣ, ки яке аз муҳаддисин ва муфассирини Қуръони кариманд, дар асри ёздаҳ дар бораи сафари худ ба шаҳри Ноблус навиштаанд:

«Ҳамин ки рӯзи ҷумъа мешуд, занҳо аз хонаҳо хориҷ мешуданд ва барои адои намози ҷумъа ба масҷид меомаданд, то ғояте, ки масҷид аз ҳузури онҳо пур мешуд… Ба вижа дар Масҷиду-л-ақсо, қиблаи аввали мусалмонон, занони порсо ва покдоманеро дидаам, ки дар масҷид ба нияти эътикоф нишаста ва ҳаргиз аз эътикофи худ хориҷ намешуданд, то ин ки саранҷом дар ҳуҷуми салибиҳо дар ҳамон ҷо ба шаҳодат расиданд».

Муҳаммад ибни Аҳмади Қуртубӣ. «Тафсири Қуртубӣ», ҷилди 14, саҳ. 181

Ҳамин тавр, дида мешавад, ки назари Худованд дар Қуръон ва назари Пайғамбар, алайҳиссалом, дар ҳадисҳояшон дар бораи ба масҷид рафтани занон комилан мусбат аст. Тавре дар оғоз гуфта шуд, мувофиқи қоидаи усулии ислом ва мувофиқи мантиқи ақлонӣ дар ҳар масъалае, ки Қуръон ва Пайғамбар, алайҳиссалом, ҳукми онро сароҳатан баён кардаанд, пайравони ислом наметавонанд дар он масъала фатвои дилхоҳи худро содир кунанд. Фатво дар масъалаҳое дода мешавад, ки ҳукми он дар Қуръон ва ҳадис сареҳан наомада бошад.

Хулоса, ҳам ҳукми Худованд дар Қуръон ва ҳам ҳукми Пайғамбари ислом, алайҳиссалом, дар ҳадисҳо ба масҷид рафтани занонро ҷоиз медонад ва соҳибони мазҳаби ҳанафӣ ва фуқаҳои мӯътабари гузашта ва имрӯзи он низ ҳаргиз ба таври мутлақ мухолифи ширкати занон дар намозҳои ҷамоат, хусусан намози ҷумъа ва намозҳои ид нестанд.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *