Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Масъалаи ибодати занон дар масчид

Ҳадиси 13:

Матни ҳадис:

«عَنْ زَيْنَبَ امْرَأَةِ عَبْدِ اللَّهِ Z قَالَتْ: قَالَ لَنَا رَسُولُ اللَّهِ y إِذَا شَهِدَتْ إِحْدَاكُنَّ الْمَسْجِدَ فَلَا تَمَسَّ طِيبًا»

Тарҷума: Ҳар гоҳ яке аз шумоён (занон) дар масҷид ҳузур ёбед, аз хушбӯиҳо истифода накунед.

«Саҳеҳи Муслим», китоби «Салот», ҳадиси 674,

«Сунани Нисоӣ», китоби «Зинат», ҳадиси 5039

ва «Муснади Имом Аҳмад», ҳадиси 25802

Ҳасани Басрӣ(р), ки аз ҷумлаи тобиини бузург аст (тобиин фардест, ки саҳобагони Пайғамбар, алайҳиссаломро дида ё аз онҳо таълим гирифтааст), низ аз асри нубувват бо ҳамин мазмун чунин ривоят мекунад:

Матн:

«وقد روي عن الحسن البصري أنه قال كن النساء يجمعن مع رسول الله y ويقال لهن لا تخرجن إلا تفلات غير متطيبات»

Тарҷума: Занҳо дар рӯзгори Паёмбар, алайҳиссалом, ҳамеша бо он Ҳазрат, алайҳиссалом, намози ҷумъа мехонданд ва ба онҳо таъкид мешуд, ки ҳангоме ки ба масҷид меравед, худро хушбӯ ва муаттар накунед!

Имом Алоуддини Косонӣ. «Бадоеу-с-саноеъ», ҷилди 1, саҳ. 259

Гурӯҳи сеюм: Ҳадисҳое, ки мазмуни онҳо бевосита бар ҳузури доимии занон дар намозҳои ҷамоати панҷвақта, ҷумъа ва намозҳои ид ва эътикоф нишастани занҳо дар масҷид дар замони Пайғамбар, алайҳиссалом, ва баъд аз он гувоҳӣ медиҳанд:

Ҳадиси 14:

Матни ҳадис:

«عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ أَبِي قَتَادَةَ عَنْ أَبِيهِ أَبِي قَتَادَةَ Z عَنْ النَّبِيِّ y قَالَ: إِنِّي لَأَقُومُ فِي الصَّلَاةِ أُرِيدُ أَنْ أُطَوِّلَ فِيهَا فَأَسْمَعُ بُكَاءَ الصَّبِيِّ فَأَتَجَوَّزُ فِي صَلَاتِي كَرَاهِيَةَ أَنْ أَشُقَّ عَلَى أُمِّهِ»

و فى رواية للبخارى: « حَدَّثَنَا قَتَادَةُ أَنَّ أَنَسَ بْنَ مَالِكٍ Z … مِمَّا أَعْلَمُ مِنْ شِدَّةِ وَجْدِ أُمِّهِ مِنْ بُكَائِهِ»

Тарҷума: Абиқатода(р) аз Пайғамбар, алайҳиссалом, ривоят мекунанд: Вақте ки ба намоз шурӯъ мекунам ва мехоҳам қироати онро тӯлонӣ намоям, баъзан аз пушти сари худ садои гиряи тифле мешунавам, пас намозро сабук адо мекунам, ба хотири он ки мабодо машаққате ба модари он тифл оварда бошам. Ва тибқи ривояти Бухорӣ Паёмбар, алайҳиссалом, фармудаанд: « … зеро медонам қалби модар аз гиряи фарзанд чӣ қадар ошуфта мегардад.

«Саҳеҳи Бухорӣ», китоби «Азон», ҳадиси 666 ва 668

ва «Саҳеҳи Муслим», китоби «Салот», ҳадиси 722

Ҳадиси 15:

Матни ҳадис:

« عَنْ أَنَسٍ Z كَانَ رَسُولُ اللَّهِ y يَسْمَعُ بُكَاءَ الصَّبِيِّ مَعَ أُمِّهِ وَهُوَ فِي الصَّلَاةِ فَيَقْرَأُ بِالسُّورَةِ الْخَفِيفَةِ أَوْ بِالسُّورَةِ الْقَصِيرَةِ»

Тарҷума: Анас(р) ривоят мекунад: Паёмбари Худо, алайҳиссалом, дар аснои намоз садои гиряи тифлеро мешуниданд, пас ба хотири риояти ҳоли тифлу модари тифл дар намоз сураи кӯтоҳ қироат мекарданд.

«Саҳеҳи Муслим», китоби «Салот», ҳадиси 722

Мулоҳизоте оид ба ҳадисҳои 14 ва 15:

1. Албатта кӯтоҳ кардани намоз аз ғояти раҳмату шафақати Пайғамбар, алайҳиссалом, бар уммату модарони уммат буд, ки дар чунон мақоми олӣ, яъне намоз, ёд аз модарон мекунанд ва ҳоли ишонро муроот менамоянд.

2. Муҳаддиси маъруф имом Нававӣ дар «Шарҳи «Саҳеҳи Муслим» дар мавриди ин ҳадис менависад:

«Ҳадиси мазкур ба равшанӣ далолат бар он мекунад, ки иҷтимои занон бо мардон дар дохили масҷид барои адои намоз ҷоиз аст. Дувум он ки, даровардани кӯдаки хурдсол бо худ дар масҷид низ ҷоиз аст. Гарчи беҳтар аст, касоне, ки эҳтимоли бенамоз кардани фарши масҷид дар онҳо вуҷуд дорад (тифлон), ба масҷид оварда нашаванд.»

Имом Нававӣ. «Шарҳи «Саҳеҳи Муслим», ҷилди 4, саҳ. 187

Албатта, имрӯз модарон метавонанд бо истифода аз памперс ин масъалаи тифлони хурдсолро ҳалл кунад ва онҳоро бо худ озодона ба масҷид баранд.

3.Бо ин ду ҳадиси саҳеҳ исбот шудани ҳузури занони кӯдакдор дар ҷамоати масҷид посухи қавиест ба касоне, ки амри Пайғамбар, дуруд бар ӯ, дар бораи ба масҷид рафтани занонро фақат бар пиразанон нисбат доданӣ мешаванд. Вале ин ҳадисҳо нишон медиҳанд, ки дар масҷиди Пайғамбар, алайҳиссалом, занони дорои кӯдакони ширхора иштирок мекардаанд. Магар пиразанон кӯдакони ширхора доранд?

Ҳадиси 16:

Матни ҳадис:

«عَنْ الزُّهْرِيِّ قَالَ أَخْبَرَنِي عُرْوَةُ أَنَّ عَائِشَةَ رضى الله عنها قَالَتْ: لَقَدْ كَانَ رَسُولُ اللَّهِ y يُصَلِّي الْفَجْرَ فَيَشْهَدُ مَعَهُ نِسَاءٌ مِنْ الْمُؤْمِنَاتِ مُتَلَفِّعَاتٍ فِي مُرُوطِهِنَّ ثُمَّ يَرْجِعْنَ إِلَى بُيُوتِهِنَّ مَا يَعْرِفُهُنَّ أَحَدٌ»

Тарҷума: Оиша(р) хабар додаанд: Занони мӯъмина дар асри нубуват бо Расулуллоҳ, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, намози бомдод мегузориданд. Баъд аз он дар ҳоле, ки ба чодарҳои худ печида буданд, ба хона бармегаштанд ва касе онҳоро намешинохт.

«Саҳеҳи Бухорӣ», китоби «Салот», ҳадиси 359

ва «Саҳеҳи Муслим», китоби «Масоҷид ва мавозеи салот», ҳадиси 1020

Мулоҳизоте оид ба ҳадиси 16:

Ин ҳадис далолат бар он дорад, ки занон дар намозҳои ҷамоати панҷвақта низ иштирок мекардаанд ва ҳузури занон дар ҷамоати масҷид ҳатто баъд аз нузули ояти ҳиҷоб низ роиҷ будааст. Гарчи баъд аз фарз шудани ҳиҷоб баъзе муқаррароти навине мисли пӯшонидани тамоми бадан бо чодарҳо барои занон ҷорӣ шуд, вале бо вуҷуди он касе монеъи ба масҷид рафтани занҳо нагаштааст.

Ҳадиси 17:

Матни ҳадис:

«عَنْ ابْنِ عَبَّاسٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا أَنَّهُ قَالَ: إِنَّ أُمَّ الْفَضْلِ بِنْتَ الْحَارِثِ سَمِعَتْهُ وَهُوَ يَقْرَأُ «وَالْمُرْسَلَاتِ عُرْفًا» فَقَالَتْ: يَا بُنَيَّ وَاللَّهِ لَقَدْ ذَكَّرْتَنِي بِقِرَاءَتِكَ هَذِهِ السُّورَةَ إِنَّهَا لَآخِرُ مَا سَمِعْتُ مِنْ رَسُولِ اللَّهِ y يَقْرَأُ بِهَا فِي الْمَغْرِبِ»

Тарҷума: Ибни Аббос ривоят мекунад, ки боре модарам, Умму-л-Фазл, садои маро шунид, ки сураи «Вал-мурсалот» қироат мекардам. Пас гуфт: Писарам, ту бо қироати ин сураи муборак маро ба ёди қироати Расули Акрам, алайҳиссалом, овардӣ. Ин охирин сурае буд, ки ман аз Паёмбари Худо, алайҳиссалом, шунидам ва онро дар намози шом қироат мекарданд.

«Саҳеҳи Муслим», ҷилди 2, ҷузъи 4, саҳ.180,

ҳадиси 462, Мухтасари «Саҳеҳи Бухорӣ», ҳадиси 441

(Аз ин ҳадиси саҳеҳ маълум мешавад, ки модари Абдуллоҳ ибни Аббос дар намози шом дар ҷамоати масҷид дар рӯзҳои охири ҳаёти Паёмбари ислом, алайҳиссалом, иштирок мекардааст).

Ҳадиси 18:

Матни ҳадис:

«عَنْ عَمْرَةَ بِنْتِ عَبْدِ الرَّحْمَنِ عَنْ أُخْتٍ لِعَمْرَةَ قَالَتْ: أَخَذْتُ «ق وَالْقُرْآنِ الْمَجِيدِ» مِنْ فِي رَسُولِ اللَّهِ y يَوْمَ الْجُمُعَةِ وَهُوَ يَقْرَأُ بِهَا عَلَى الْمِنْبَرِ فِي كُلِّ جُمُعَةٍ»

Тарҷума: Хоҳари бузурги Амра, духтари Абдурраҳмон мегӯяд: Ман сураи «Қоф»-ро аз даҳони Паёмбари Акрам, алайҳиссалом, ҳифз кардаам. Ишон зимни ҳар хутбаи намози ҷумъа рӯи минбар ин сураро қироат мекарданд.

«Саҳеҳи Муслим», китоби «Ҷумъа», ҳадиси 1440

Мулоҳизоте оид ба ҳадиси 18:

Аз ин ҳадиси саҳеҳ ба хубӣ возеҳ мешавад, ки ширкати занон дар намози ҷумъа низ доимӣ будааст, на гоҳ-гоҳӣ, вагарна ҳифз кардани сураи дарозе мисли сураи «Қоф» ба як бору ду бор ширкат кардан дар намози ҷумъа муяссар намегардад. Ҳадиси зер баёнгари ин аст, ки он сураро баъзе аз занон шояд дар муддати як ё ду сол ҳифз кардаанд:

Ҳадиси 19:

Матни ҳадис:

«عَنْ أُمِّ هِشَامٍ بِنْتِ حَارِثَةَ بْنِ النُّعْمَانِ Z قَالَتْ وَمَا أَخَذْتُ ق وَالْقُرْآنِ الْمَجِيدِ إِلَّا عَنْ لِسَانِ رَسُولِ اللَّهِ y يَقْرَؤُهَا كُلَّ يَوْمِ جُمُعَةٍ عَلَى الْمِنْبَرِ إِذَا خَطَبَ النَّاسَ»

Тарҷума: «Умми Ҳишом духтари Ҳорис писари Нӯъмон мегӯяд: … Ва ман сураи «Қоф вал Қуръонил маҷид»-ро аз забони Расули Худо, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, омӯхтам. Эшон онро ҳар рӯзи ҷумъа дар минбар ҳангоми хондани хутба қироат мекарданд».

«Саҳеҳи Муслим», китоби «Ҷумъа», ҳадиси 1442

Ҳадиси 20:

Матни ҳадис:

«عَنْ أُمِّ عَطِيَّةَ رضى الله عنها قَالَتْ: أَمَرَنَا رَسُولُ اللَّهِ y أَنْ نُخْرِجَهُنَّ فِي الْفِطْرِ وَالْأَضْحَى الْعَوَاتِقَ وَالْحُيَّضَ وَذَوَاتِ الْخُدُورِ فَأَمَّا الْحُيَّضُ فَيَعْتَزِلْنَ الصَّلَاةَ وَيَشْهَدْنَ الْخَيْرَ وَدَعْوَةَ الْمُسْلِمِينَ قُلْتُ يَا رَسُولَ اللَّهِ y إِحْدَانَا لَا يَكُونُ لَهَا جِلْبَابٌ قَالَ لِتُلْبِسْهَا أُخْتُهَا مِنْ جِلْبَابِهَا»

Тарҷума: Умми Атийя, разиаллоҳу анҳо, мегӯяд: Рӯзҳои иди Рамазон ва иди Қурбон Паёмбари Худо, алайҳиссалом, мо — занҳои Мадина — ро дастур медоданд, ки дар намозгоҳ ҳозир шавем. Духтарҳои ҳанӯз ноболиғ ва ё тозаболиғ, дӯшизаҳои чодардор ва ҳатто занҳои ҳоизаро низ амр мекарданд, ки ба намозгоҳи ид бароянд. Занони ҳоиза намозро адо намекарданд, вале дар шунидани хутба ва мавъиза ва дуъои мусалмонон ҳамроҳ мешуданд. Боре пурсидам: Ё Расулуллоҳ, гоҳе яке аз мо чодару болопӯш надорад (пас чӣ гуна ба намозгоҳ барояд?) Ҳазрат, алайҳиссалом, фармуданд: Хоҳари диниаш бо чодари худ ӯро бипӯшонад (ва ё агар ду чодар дошта бошад, якеро ба хоҳари худ орият диҳад).

«Саҳеҳи Муслим», китоби «Салоту-л-идайн», ҳадиси 1475

«Саҳеҳи Бухорӣ», китоби «Салот», ҳадиси 338

Мулоҳизоте оид ба ҳадиси 20:

1. Мулло Алӣ Қорӣ Ал-Ҳанафӣ (ваф. 1014 ҳ.қ) дар «Мирқот»-шарҳи «Мишкот» аз Ал-Хаттобӣ дар ин боб овардааст:

Матн:

«قال الخطابي أمر جميع النساء بحضور المصلى يوم العيد لتصلي من ليس لها عذرٌ وتصل بركة الدعاء إلى من لها عذرٌ»

Тарҷума: Он Ҳазрат, алайҳиссалом, ҳамаи занонро ба ҳозир шудан дар намозгоҳи ид фармон доданд, то ҳар зане, ки ғайри маъзур аст, намоз бигузорад ва ҳар зане, ки маъзур, яъне ҳоиза аст, аз баракати дуъои намозгузорон бархӯрдор бигардад.

Мулло Алии Қорӣ. «Мирқоту-л-мафотеҳ шарҳи «Мишкоту-л-масобеҳ», ҷилди 3, саҳ. 483

2. Ибни Қудома дар китоби худ «Ал-муғнӣ» овардааст:

Матн:

«وقد روي عن أبي بكر Z وعلي Z أنهما قالا حق على كل ذات نطاق أن تخرج إلى العيدين. وكان ابن عمر Z يخرج من استطاع من أهله في العيدين»

Тарҷума: Ҳазрати Абубакр ва Алӣ, разияллоҳу анҳумо, мефармоянд: Бар зиммаи ҳар зани соҳибнитоқ (зани озод) ҳаққ ва зарур аст, ки дар рӯзҳои ид ба намозгоҳ барояд. Дар рӯзҳои иди Рамазон ва иди Қурбон Абдуллоҳ ибни Умар аз аҳли байти худ ҳар киро қодир буд, ба намозгоҳи ид мебароварданд.

Ибни Қудома. «Ал-муғнӣ», ҷилди 2, саҳ. 115-116

Бинобар ин ҳадисҳои саҳеҳ ва осори мавҷуда аз Паёмбар, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, ва асҳоби кироми ишон, ҳамаи аҳли ҳадис ва мазоҳиби чоргона рафтани занон ба намозҳои идро амри мустаҳабб гуфтаанд.

Муҳаддиси Деҳлавӣ дар китоби «Ҳуҷҷату-л-лоҳ-ил-болиға» дар ин маврид назари худро чунин баён мекунад:

Матн:

« (ولتكبروا الله على ما هداكم) يعني شكرا لما وفقكم للصيام. ولذلك سن الأضحية والجهر في بالتكبير أيام منى, واستحب ترك الحلق لمن قصد التضحية, وسن الصلاة والخطبة لئلا يكون شيء من اجتماعهم بغير ذكر الله وتنويه شعائر الدين, وضم معه مقصوا آخر من مقاصد الشريعة وهو أن كل ملة لا بد لها من عرضة يجتمع فيها أهلها لتظهر شوكتهم وتعلم كثرتهم ولذلك استحب خروج الجميع حتى الصبيان والنساء وذوات الخدور والحيض ويعتزلن المصلى ويشهدن دعوة المسلمين — ولذلك كان النبي y يخالف في الطريق ذهابا وإيابا ليطلع أهل كلتا الطريقين على شوكة المسلمين».

Тарҷума: « (Ва ба бузургӣ ёд кунед Худоро ба шукри он, ки роҳ намуд шуморо) яъне барои шукргузорӣ ба хотири он, ки Худованд муваффақ гардонд шуморо дар рӯза гирифтан. Ва ба хотири ин суннат кард қурбонӣ кардани мол ва баланд гуфтани такбирро дар рӯзҳои Мино (иди қурбон) ва мустаҳабб(некӯ) шумурд натарошидани мӯи сарро барои шахсе, ки нияти курбонӣ кардааст ва суннат кард намоз ва хутбаро то ин, ки ҷамъомади онҳо ғайри зикри Худо ва баланд кардани шиорҳои дин чизи дигаре набошад ва илова кард бо вай мақсади дигареро аз мақосиди шариат ва он мақсад ин аст, ки ҳар миллат(мазҳаб ё қавм) бояд майдони васеъе дошта бошанд, ки дар он ҷамъ шаванд барои ошкор шудани қуввату шавкаташон ва зоҳир шудани шумораи бузургашон ва ба хотири ин мустаҳабб кард баромадани ҳамаро (ба ин намозгоҳ ва ҷамъомад) ҳатто ки кӯдакон, занон, пиразанон, пирамардони гӯшанишин, духтарон ва занони ҳоиза ва дур бигиранд худро(занони ҳоиза) аз намоз хондан ва ширкат кунанд(занони ҳоиза) дар даъвату дуъои мусалмонҳо – ва барои ин Пайғамбар, алайҳиссалом, мухолифат мекарданд дар роҳи рафту омади намозгоҳ (яъне аз роҳе, ки ба намозгоҳ мерафтанд баъд аз намоз ба дигар роҳ бармегаштанд) то ин, ки бидонанд аҳли ҳарду роҳ қудрату касрати мусалмононро».

Шоҳ Валиюллоҳ ибни Абурраҳими Деҳлавӣ. «Ҳуҷҷату-л-лоҳ-ил-болиға», ҷилди 1, саҳ. 48

Ҳадиси 21:

Матни ҳадис:

«عَبْدِ اللَّهِ بْنِ يَزِيدَ عَنْ امْرَأَةٍ مِنْ بَنِي عَبْدِ الْأَشْهَلِ قَالَتْ: قُلْتُ يَا رَسُولَ اللَّهِ إِنَّ لَنَا طَرِيقًا إِلَى الْمَسْجِدِ مُنْتِنَةً فَكَيْفَ نَفْعَلُ إِذَا مُطِرْنَا قَالَ y أَلَيْسَ بَعْدَهَا طَرِيقٌ هِيَ أَطْيَبُ مِنْهَا؟ قَالَتْ قُلْتُ بَلَى قَالَ فَهَذِهِ بِهَذِهِ«

Тарҷума: Саҳобия зане аз қабилаи Абдулашҳал ривоят мекунад, ки Паёмбари Худоро савол кардам: Ё Расулаллоҳ, роҳе, ки мо аз он ба масҷид меравем, пур аз гил аст ва мо занҳо (ки домани дароз дорем ва эҳтимоли гилолуд шудани он вуҷуд дорад) махсусан, дар рӯзҳои боронӣ чӣ кор бикунем? Паёмбари Акрам, алайҳиссалом, пурсиданд, ки оё роҳи масҷиди Шумо ба ғайр аз он қисмате, ки касифу олуда аст, қисмати дигаре, ки беҳтар бошад, надорад? Гуфтам: Оре (яъне на ҳамаи он роҳ касифу наҷосатолуда аст, балки қисмати тозатаре низ дорад.). Он Ҳазрат фармуданд: Пас ин қисмати роҳ дар муқобили он қисмати роҳ, яъне он қисмат аз роҳ, ки касиф нест, домани олудаи шуморо аз нопокие, ки расидааст, пок месозад.

«Сунани Абудовуд», китоби «Таҳорат», ҳадиси 327

ва «Муснади Имом Аҳмад», ҳадиси 26181

Мулоҳизоте оид ба ҳадиси 21:

Ривояти ин зани мӯъмина, ки дар ҳадиси саҳеҳ омадааст, ба рушанӣ далолат бар ин дорад, ки дар он замон занон ҳатто дар ҳавои сарду боронӣ ҳам худро аз савоби ҷамоати масҷид маҳрум намекардаанд.

Ҳадиси 22:

Матни ҳадис:

«عَنْ أَسْمَاءَ بِنْتِ أَبِي بَكْرٍ رضى الله عنهما قَالَتْ: كَسَفَتْ الشَّمْسُ عَلَى عَهْدِ النَّبِيِّ y فَفَزِعَ فَأَخْطَأَ بِدِرْعٍ حَتَّى أُدْرِكَ بِرِدَائِهِ بَعْدَ ذَلِكَ. قَالَتْ فَقَضَيْتُ حَاجَتِي ثُمَّ جِئْتُ وَدَخَلْتُ الْمَسْجِدَ فَرَأَيْتُ رَسُولَ اللَّهِ y قَائِمًا فَقُمْتُ مَعَهُ. فَأَطَالَ الْقِيَامَ حَتَّى رَأَيْتُنِي أُرِيدُ أَنْ أَجْلِسَ ثُمَّ أَلْتَفِتُ إِلَى الْمَرْأَةِ الضَّعِيفَةِ فَأَقُولُ: هَذِهِ أَضْعَفُ مِنِّي فَأَقُومُ. فَرَكَعَ فَأَطَالَ الرُّكُوعَ ثُمَّ رَفَعَ رَأْسَهُ فَأَطَالَ الْقِيَامَ حَتَّى لَوْ أَنَّ رَجُلًا جَاءَ خُيِّلَ إِلَيْهِ أَنَّهُ لَمْ يَرْكَعْ»

Тарҷума: Асмо, духти Абубакри Сиддиқ(р), ривоят мекунанд: Рӯзе дар аҳди Расули Акрам, алайҳиссалом, гирифтани офтоб рӯй дод. Паёмбари Худо, алайҳиссалом, (ҳамин ки ин ҳодисаи коинотиро мушоҳида карданд) бо шитоб аз ҷои худ бархостанд ва аз ғояти суръату шитоб саҳван ба ҷои ридо куртае (аз они кадом нафаре аз аҳли байти худ)-ро гирифтанд (ва ба масҷид омаданд). Баъд аз хориҷ шудани ишон касе аз аҳли хона ридои муборакро ба ишон расонид.

Ман пас аз анҷоми корҳои худ ба масҷид омадам. Замоне ки дохили масҷид шудам, Паёмбари Худоро дар қиём, дар ҳолати қироати намоз, дарёфтам ва ба ишон иқтидо кардам. Он Ҳазрат, алайҳиссалом, қироати намозро фавқулода тӯлонӣ ва дароз карданд (дар баъзе ривоятҳо омада, ки сураи «Бақара» ва монанди «Бақара» қироат кардаанд), то ғояте, ки эҳсос намудам, ки майли ба замин нишастан дорам. Ногоҳ назарам ба пиразани заъифе афтод, ки дар намоз рост истодааст. Бо худ гуфтам: Ин пиразан аз ман заифтар аст (вале бо вуҷуди он дар намоз рост истодааст, пас чаро ман нишинам?) Банда бо мушоҳидаи ҳоли пиразан дар машаққати қиём сабр кардам. Саранҷом Расули Акрам, алайҳиссалом, аз қиём ба рукӯъ рафтанд ва рукӯъро низ хеле тӯлонӣ карданд. Баъд аз замони мадиде сар аз рукӯъ бардоштанд ва бо шеваи гузашта қавмаро (рост истодани байни рукӯъ ва саҷда) низ тӯлонӣ карданд. Қавмаи ишон то андозае тӯлонӣ буд, ки агар шахсе вориди масҷид мешуд, хаёл мекард, ки Паёмбари Акрам, алайҳиссалом, ҳанӯз рукӯъ накардаанд (ва дар қироати намозанд).

«Саҳеҳи Муслим», китоби «Кусуф», ҳадиси 1511

Хулоса, ҳадисҳои мазкур, ки ба таври дақиқ аз мӯътабартарин китобҳои исломӣ оварда шуданд, ба рӯшанӣ нишон медиҳанд, ки Пайғамбари ислом, алайҳиссалом, ба масҷид рафтани занонро лозим медонистаанд ва дар замони худ онро амалӣ ва манъкунандагони ин корро сахт сарзаниш кардаанд. Назари он кас дар ин масъала чунон равшан ва возеҳ аст, ки ҳеҷ ҷои баҳсу гумон боқӣ намегузоранд.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *