Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Чи касе ҳозир ‎ аст дар муқобили ‎ овардани часади Хубайб биҳишт‎ро бихарад?

Куффори Қурайш дар тавтиаи ваҳшиёна бисёре аз асҳоб ‎и Расулуллоҳ ‎(с) ро ба қатл расониданд. Яке аз ҳамин азизон, шогирди мактаби муҳам‎мадӣ, ҳазрати ‎Хубайб бини Адӣ, буд. Вақте ‎ куффори Қурайш ӯро дастгир карданд, тасмим ба эъдом ва ба дор овехтани эшон гирифтанд, то бо ин кор дар дили аҳли Макка, ки қасди‎ пайвастан ба Муҳам‎мад ‎(с)ро доранд, эҷоди тарсу ваҳшат кунанд. Мушрикон ҳазрати ‎Хубайб (р) ро ба Танъим ва ӯро ба дор овехта ва чиҳил шабонарӯз ҷасадашро овехта бадор боқ‎ӣ ‎ гузоштанд. Аз он ҷое, ки мушрикон медонистанд мусалмонон тоби дидан ва шунидани чунин воқеаеро надоранд, хостанд ин қазия тулонӣ шавад. Барои ҳифозат аз ҷасади ҳазрати ‎Хубайб (р) бар рӯи дор атрофаш ҷамъи касире аз нигаҳбонҳоро гузошта буданд, то касе ҷуръат накунад ба он наздик шавад. Ҳангоме‎, ки Расули акрам (с) аз ин моҷаро иттилоъ ёфт бисёр нороҳат шуд ва фармуд: Эй асҳоб ‎! Чи касе ҳозир ‎ аст биҳишт ‎ро барои хеш омода кунад ва дар муқобил ҷасади Хубайбро ба Мадина биёварад? Ҳазрати ‎Зубайр (р) ҳам‎еша дар чунин корҳо пешгом буд, фармуд: “ Ё Расулаллоҳ‎ ‎ман ва ҳамразмам Миқдод барои ин маъмурият ҳозирем.” Паёмбар (с) аз иқдоми Зубайр (р) масрур гашт ва ин ду муборизи барои маъмурияти бисёр хатарнок ба сӯи Макка рикоб заданд. Дар бадави вуруд мушоҳида ‎карданд, ки гирди ҷасади ба дор овехтаи Хубайбро сарбозоне аз Қурайш иҳота карда, бо диққат атрофашро зери назаорат доранд. Билохира бо зиракии тамом шабона ҷасади ҳазрати ‎Хубайб (р)-ро поён оварда, ба аспи худ савор карданд ва босуръат аз Макка дур шуданд. Субҳдам афроди душман ба таъқиби Зубайр ва Миқдод пардохтанд ва онҳо‎ро дар хориҷи Макка мутаваққиф карданд. Ҳазарти ‎Зубайр (р), ки ҷасади солиму хушбӯи ҳазрати ‎Хубайбро ҳам‎л мекард, ба маҳзи ‎иттилоъ аз расидани афроди душман ҷасадро ба замин гузошт ва бо лаҳни ҳайбатнок ҳам‎чун Форуқи Аъзам (р) фармуд: « Оҳой қурайшиқо! Чи гуна ҷуръат кардед, ки моро таъқиб ‎кунед, магар намедонед ман Зубайр ибни Авом ва Миқдод ибни Асвад ду муборизи ҷонбаркафи Расулуллоҳ ‎ҳаст‎ем. Пас роҳи худро гирифта, баргаред, вагарна бо шумо ҳар‎б менамоем.”

Суханони оташини ҳазрати ‎Зубайр (р) сарбозони беимону иёши куффорро мутазалзил карда, бо сарафкандагии тамом аз ҷангидан мунсариф шуданд. Дар ин лаҳазот ‎ буд, ки замин ба амри худованди субҳон шикофта шуд ва ҷисми мубораки ҳазрати ‎Хубайбро билаъид[1]. Вақте ‎ ҳазрати ‎Зубайр (р) ва ҳазрати ‎Миқдод (р) назди Расули Акрам (с) омаданд ва гузориши воқеаро ироа карданд, паёмбар (с) фармуд: “ Ҳам‎ин ҳоло Ҷабраил ташриф оварда фармуд: Фариштагони осмону замин ба ин ду ёри фидокори ту ифтихор мекунанд.”[2]

Ин ҳам ‎ ‎ яке аз бузургтарин ифтихороти ҳазрати ‎Зубайр (р) ба ҳисоб меравад.


[1] Тафсили ин ҳикоятро дар китобҳои сират мутолиа кунед, Сирати Мустафо (с), Мавлоно Муҳаммадидриси Кондеҳлавӣ ва ғайра.

[2] Риёзун-назра ҷилди 2, саҳ. 237.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *